Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №221

Ислоҳ нет

Данғара, дар бисёр мавридҳо истисно аст. Чунки аксарияти мансабдорони имрӯза аз ин ноҳия ҳастанд. Аммо ҳолу аҳволи мардуми Данғара, мардуми оддӣ айни мардуми дигар минтақаҳо аст. Чунки дар онҷо ҳам началники милиса, началники КГБ, раиси суду прокурор порагиру порахуранд.

Номаи зер, ки аз Данғара фиристода шудааст, аз кору кирдори прокурори ин ноҳия қисса мекунад, прокуроре, ки мисли ҳамтоёнаш як ришватхору як фасодзада аст:

                                Данғара

    Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Умедворам сиҳату саломат ҳастед. Агар ин номаи навиштаи маро чоп кунед бениҳоят ба мардум хизмат мекунед. Ман нисбати ноҳияи Данғара маълумоти аниқу дақиқ медиҳам, лекин илтимос нашр кунед.

  Прокурори ноҳияи Данғара аз соли 2022 то ин ҷониб Қодирзода Нодирҷон Толиб таваллудаш 1990, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов деҳаи Пушён, оиладор соҳиби 3 фарзанд. 

Аз вақти омаданаш ба Данғара худашро шогирди Юсуф Раҳмон муаррифӣ намуда мардуми ноҳияро бисёри бад ғам медиҳад. Шояд бори аввал ман дар бораи ин одам ба шумо маълумот дода истода бошам.

  Дар асл ин шогирд нею кошелёки Юсуф Раҳмон будааст. Акнун Юсуф Раҳмонро аз вазифа гирифтанд, ҳоло бубинем, ки вазъияти Нодирҷон чи мешуда бошад?

  Қодирзода Нодирҷон ба ҷони мардуми Данғара зулму ситами бисёр кард.

 Ин прокурор дар Себистон як ду духтари ноболиғи фоҳишаро одами худаш кардааст. Баччаҳои Данғараро ба воситаи он фоҳиша подстава карда дар аввал ҳамаро бо моддаҳои 138, 139, 141, 142 делои ҷиноӣ оғоз карда баъдан пулҳои калон аз онҳо мегираду баъзеашонро ҷавоб медихад баъзеи дигарашро ба суд  равон мекунад.  Аз 50 то 150 ҳазор сомонии мардуми камбағалро мегирад.Ин бачаҳои ба доми фоҳишадухтарони шиноси прокурор афтода баъзеашон дар хонаҳояшон нони хурдан надоранд. Аммо бечора падару модарони онҳо чи илоҷ кунанд, қарз гирифта оварда ба Нодирҷон прокурор медиҳанд. Рости гап бародар Муҳаммадиқбол ман падари яке аз ин одамҳои ба доми прокурор афтида мебошам. Аз вақти омаданаш ба ноҳияи Данғара қариб 15 фоиз мардуми районро шантаж ва подстава карда пулхояшонро гирифта баъзеи онҳоро бе гуноҳ суд кард.

  Ман дар бораи ин шахс ба шумо маълумоти аниқ додам. Дар таги пояш мошинҳои қимматбаҳо дорад. Нархи мошинҳояш аз 50 то 100 ҳазор доллар мебошад. Ҳозир бо мошини ренҷровери сиёҳ номерҳояш 0004 мегардад. Ростӣ ҳар рӯз мошинҳояро ба мисли наски иваз мекунад. Чунки пули бедардимиён аз мардуми камбағали ноҳияи Данғара гирифта истодааст. Мардуми Данғара безор аз ин одам шудаанд. Мо хуб медонем барканории ӯ ҳатто аз дасти Сиҷоуддин Саломзода ҳам намеояд. Аммо намедонем Ҳабибулло Воҳидзода генпрокурори нав аз дасташ коре меомада бошад?

Дар бораи Данғара боз чи гуфтаниам?

Ноҳияи Данғара баъд аз марги Нуриддин Раҳмон, бародари Эмомалӣ Раҳмонов бесоҳиб шудааст. Вай чихеле набуд боз мардуми камбағалу бечораи ноҳияи Данғараро пуштибонӣ мекард. Ин хел прокурору раиси суду началники милиса ва раисҳоро дарав мегирифт.

  Ҳоло боз дар бораи раиси Суди ноҳияи Данғара Сунатуллозода Умед ва як бозингари рақами 1 раиси шаҳраки Данғара Шамсуллоев Раҷабалӣ Саломович «бо тахаллуси Раҷаби Қозӣ»  маълумотҳои хуб медиҳам.

  Ноҳияи Данғара чи қадар, ки гуӣ ҷазир шудааст, ҳеҷ кас парвои ин мардумро надорад.

 Бародар Муҳаммадиқбол, ман аз деҳаи Булёни ноҳияи Данғара ин номаро фиристодам. Бовар дорам, ки номаи Данғараро ҳатман Президент тамошо мекунад.  

                              Файзобод

 Ассалому алейкум бародари азизу меҳрубон Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо мардуми Файзобод сиҳатию саломатии шуморо аз даргоҳи Илоҳӣ хоҳонем. Мо мардуми деҳаи Қошкари ҷамоати Вашгирд аз шумо хоҳиш мекунем, ки номаи моро бихонед.

 Мардуми деҳаи мо 30 сол боз дар зери зулми Саторовҳо ва мақомоти ноҳия азоб мекашанд. Сатторов Абдуҷаббор аз рӯзе раиси ҷамоат таъин шуд ба зулму ғорати мардум сар кард. Заминҳое, ки барои хонасозӣ ҷудо шуда буданд, фурӯхт. Дар хонаҳое, ки се-чор оила зиндагӣ мекард ва онҳое, ки муҳтоҷи замин буданд, аз сабабе, ки пул надоштанд ба онҳо замин надоданд. Нархи замин 800-1000$ буд. Дар он вақт мардум ин пулро пайдо карда наметавонистанд. Ҳамаи домодҳо ва хешу таборашро аз дигар деҳаҳо оварда ба онҳо замин дод. Шахсоне, ки замин гирифтанд, то ҳол мегуянд, ки аз Сатторов Абдуҷаббор заминҳоро бо пул хариданд.

  Роҳи мошингарде, ки то деҳаи мо меояд дар ду тарафи он заминҳои обии деҳаи Лолагӣ ҷойгиранд, ки ҳамаи онро Сатторов Абдуҷаббор аз они худ кардааст ва онҳоро барои хуроки чорвояш истифода мебарад. Инчунин 100 гектар заминҳои деҳаи моро барои алафу хошоки гусфандҳояш аз худ кард, ин дар ҳоле, ки мардум як сотих замини обӣ надоранд, ки сабзавот кишт кунанду зиндагиашонро пеш баранд.  Сатторов бошад дар заминҳои обии деҳаи Лолагӣ барои молҳояш юнучқа мекорад.

 Дар деҳаи Лолагӣ фабрикаи мурғпарварӣ фаъолият мекунад. Ин фабрика аз они  Ҳакимов Акбар писари Дости Бурут мебошад. Попки фабрикаи мурғпарварӣ дар роҳи мошингарди деҳаи мо рехта мешавад. Аз буи бади поруи мурғ ва пашаи он аз ин роҳ гузар карда намешавад ва мардум ба ҳар гуна касал гирифтор шудаанд. Мардуми деҳаи мо чанд сол пеш шикоят карданд. Шикояти онҳоро ҳеҷ кас ба назар нагирифт. Ҳукуматдорон чора надиданд ва баракс мардумро аз КГБ тарсонданд, ки аз шикоят даст кашанд. Ба замми ин соли гузашта дар назди деҳаи мо барои партовҳо-мусор деҳаи Лолагӣ ҷой доданд. Ин буи баду пашаи мурғ кам буд, ки боз партовҳоро дар деҳаи мо ҷой карданд.

  Раиси ҷамоат писари С.Абдулваҳҳоб як шахси бе савод ва золим мебошад, ки дар ин кор саҳм дорад. Вай ҳам мисли падараш маккору ҳилагар порахур, мардумро ғуломи худ кардааст. Сатторов Абдулваҳҳоб аз бесаводӣ дар ягон маҷлис баромад намекунад, чунки ӯ саводе надорад. Ҳама ӯро бо лақаби каду мешиносанд, зеро ғайр аз каду чизеро намедонад.

 Саторов Абдуҷаббор мегуяд мардум барои мо арзише надоранд ва ҳамаи онҳо беақланд. Ман бошам худам шоҳу табъам вазир.

 Писари дуюми Абдуҷаббор Мирзошо тухми мурғи Файзобод ва Данғараро мефурушад. Вай бо директори комплекс мурғпарварии «Мармарӣ» Ҳакимов Зафар робитаи хуб дорад ва мегуяд, ки кришаи ман Рустами Эмомалӣ аст. Чунки Мармарӣ аз Рустам буда директораш Ҳакимов Зафар одами уст. Барои ҳамин Сатторовҳо мегуяд, ки мардуми ҷамоати Вишгирд барои мо ғуломанд.Барои он ки кришаи мо Рустами Эмомалӣ аст. Ва онҳо аз касе наметарсанд.

 Мо аз деҳаамон барои як маълумотнома се километр роҳ тай карда меравем, аммо раисро пайдо намекунем. Барои он ки хоҳад кор мекунад, нахоҳад не, мардумро аз КГБ метарсонад. Мегуяд ман КГБ, прокуратура, начальник милицияро бо гушти мурғ, тухми мурғ, гусфанд таъмин мекунам ва онҳо дӯстони мананд.

 Дар истгоҳи Лолагӣ ҷои тухм фурӯшии онҳо сохта шудааст. Истгоҳро ба нуқтаи тухмфурушӣ табдил додаанд. Ҳамаи мақомот омада аз онҷо тухм мегиранд. Барои онки ҳамаи мақомот аз онҳо муттаҳаманд. Шикояти мардумро намепазиранд. Раиси ноҳия бошад Каримзода Мансур аз солҳои пеш, ки ҷонишини раиси ноҳия буд дар ҳама корҳо ба онҳо роҳу восита нишон медод ва аз онҳо пора мегирифт ва ҳамин партовгоҳро дар деҳаи мо Каримзода Мансур бо Сатторов Абдуваҳҳоб иҷозат дод. Каримзода Мансур соли 2024 раиси ноҳия таъин шуд ва буҷули Сатторовҳо асп хест. Сатторовҳо мегуянд Э.Раҳмонов дар ҷумҳурӣ президент бошад, мо дар ҷамоати Вашгирд ва то он вақте Э.Раҳмон президент аст, мо ҳам президентем.

  Дар ҷамоати мо участковый ва уголовникҳо дар ҷони мардум задагианд. Касе, ки туй ё маърака дошта бошад, онҳо ҳозир мешаванд 2 қуттӣ тухм ё пулашро талаб мекунанд. Танзим барои чи бошад, намедонем. Ин муфтхурҳо давлати моро рӯз намедиҳанд. Ана ҳамин уголовник дар вақти начальники милиция нав кор омадан ба тамоми мағозаҳо рафта гуфт, ки барои начальники нав ду қуттӣ тухм диҳед набошад магазинатро маҳкам мекунем. Ва мо аз тарси онҳо пули ду қуттӣ тухмро додем.

Шикоятҳо аз Файзобод бисёранд, намедонем ба кӣ муроҷиат кунем. Мо мардуми Қошкарии Шахтакиён дар зулми Сатторов Абдуваҳҳоб, раиси ҷамоати Вашгирд собиқ номи нав ҷамоати Баҳор ном монданд. Мардуми Лолагӣ бисёр маълумот доранд вале шубҳа мекунад. Вале мо дуртарем. Ду километр. Вале мардуми Лолагиро бо мафия худашон ҷалб кардаанд, ки аз болои ин ҳаромхурҳо шикоят накунанд. Боз аз Шумо хоҳиш менамоем, ин номаи моро хонед, то ки мардум аз хоб бедор шаванд ва ҳақиқат руи об барояд. Худованд нигаҳбони Шумо.

                   Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.Ман ин навбат як мақоларо аз СССР ва яктои дигарро аз «Ҷумҳурият» пешкаши хонандагони муҳтарами «Ислоҳ» мекунам.

 Фикр мекунам, ки бо ин корҳо ба шумо ёрдам мерасонам. Намедонам ёрӣ меҳисобед ё не? Ва, аз Худо мехоҳам, ки ҳамаи моро, махсусан муборизини роҳи ҳақро ҷиҳати сарнагун кардани ин режими хуношоми як оилаву як авлод ба мақсудамон бирасонад.

Вақте дар сайти нашрияи «Ҷумҳурият» чашмам ба ин навишта расид, гуфтам бигирам ва ба шумо бифиристам. Ин ду навишта аз мушкилоти шаҳри Душанбе мегуянд. Маълум аст ки аз ноуҳдабароии Рустам аст, ки чунин мушкилиҳо домангири шаҳр ва шаҳриён мешаванд.

 Шумо як бор фикр кунед, ки нафаре, ки дар тамоми умраш як соат дар истеҳсолот коре накардааст чи гуна метавонад пойтахт як мамлкатаро идора кунад? Дар аввал ин навиштаи СССРро мутолиа фармоед, ки ба чунин зайл аст:

  «Сармеъмор: Домсози мо ку!?» 19.02.2025

Салом СССР! Мо 1 гурӯҳ сокинони 1 бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи Навбаҳор 3-и н.Синои пойтахт тавассути газетаи мардумӣ мехоҳем ба Сармеъмори пойтахт, ба сардори Сарраёсати меъморӣ ва сохтмони ш.Душанбе Самӣ Азизиён муроҷиат намоем, ки ба мушкилоти шаҳрвандон ин Сарраёсат расидагӣ намояд.

Бояд гуфт, ки бинои мо ба ширкати сохтмонии «Рустамиён» – соҳибкор Ҷамолиддин Рустамов дахл дошта, қарор буд солҳои 2018-2019 ба истифода дода шавад. Аммо бо гузашти 5 сол то ба ҳол бино барои гузаштан аз комиссияи давлатӣ пешбарӣ нашуда, проблемаҳои зиёд дорад.

Аз ҷумла: лифтҳо насб ва даромадгоҳи бино – подъезд таъмир нашудааст, қубурҳои обу ташноб низ ба пуррагӣ насб нашуда, ҳолати берунии бино – фасад дар вазъи табоҳ қарор дорад. Инчунин тагхонаи бино ба манзили истиқоматӣ табдил дода шуда, хатҳои барқ низ мушкил доранд. Ҳолати муҳити зист низ нохуб аст.

Новобаста аз зангҳои пай дар пайи мо масъулин ва «домсоз»-ро наметавонем пайдо кунем, то ҳамаи ин проблемаҳоро бартараф намояд. Умеди охирини мо СССР аст!

Сокинони бинои нави истиқоматӣ,

маҳаллаи Навбаҳори н.Синои ш.Душанбе

(аризаи сокинон бо имзоҳо дар идора маҳфуз аст)

Ва акнун ба навиштаи «Ҷумҳурият» таваҷҷуҳ кунед. Дар ин навишта аз мушкилоти роҳҳои зери заминӣ ё подземкаҳои пойтахт шикоят мешавад. Ин навишта ба қалами хабарнигори ин нашрия Руҳафзо Муродова нашр шудааст ва зери ин унвон:

«Гузаргоҳҳои зеризаминӣ. Ногуфтаҳое, ки бояд гуфт!»

24 феврал 2025, Душанбе

Имрӯзҳо бо афзоиши тамбашавии нақлиёт ва кӯшиши ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳ, чанде аз роҳҳои пиёдагарди пойтахт баста шуданд. Аз ҷумла, баъзе аз роҳҳои пиёдагарди назди маркази савдои “Гулистон”. Ин иқдом, албатта, ба хотири кам намудани тамбашавӣ ва таъмини равуои мардум ба роҳравҳои зеризаминӣ аст. Метавон гуфт, ки ин амал тавонистааст то андозае ҷараёни ҳаракати нақлиётро ба танзим дарорад. Аммо масъалаи мавриди назар он аст, ки оё роҳравҳои зеризаминӣ ба талаботи бехатариву гигиенӣ ҷавобгӯянд?
Аввалин мушкиле, ки ҳангоми ворид шудан ба аксари зерроҳравҳои пойтахт ба мушоҳида мерасад, шароити ғайрисанитарии онҳо мебошад. Деворҳои намкашида, фаршҳои ифлос ва бӯи ғализи нохушоянд, ки ҳангоми гузаштан аз ин роҳҳо эҳсос мешавад, барои пиёдагардон на танҳо нороҳатии зиёдро эҷод месозад, балки ба саломатии онҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Илова бар ин, ҳолати техникии зерроҳравҳо низ нигаронкунанда аст. Зинапояҳои фарсуда ва лағжанда, ки борҳо боиси афтидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандон шудаанд, ҳангоми боришоти шадид ё дар фасли зимистон, хатари осеб диданро боз ҳам бештар мегардонанд.
Яке аз мушкилоти дигари ҷиддии зерроҳравҳо набудани шароит барои гузариши гурӯҳҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Шахсони дорои маъюбият ва пиронсолон наметавонанд аз ин роҳҳо истифода баранд, зеро аксарияти онҳо пандус (ҷойи махсус барои ҳаракати аробачаи маъюбӣ) ва дигар инфрасохтори заруриро надоранд. Пиёдагардон, ки бояд аз ин роҳҳо истифода кунанд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин вазъият дар якчанд зерроҳравҳои пойтахт, аз ҷумла дар роҳи зеризаминии назди ҶДММ «Нассоҷии тоҷик» низ, ба мушоҳида расид. Пас, суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна ин зерроҳравҳо метавонанд ҳамчун роҳи бехатар барои пиёдагардон хидмат кунанд, дар ҳоле ки худ ба манбаи хатар табдил ёфтаанд? Ё чаро масъулин пеш аз бастани роҳҳои рӯизаминӣ вазъи зерроҳравҳоро ба назар намегиранд? 
Барои ҳалли ин мушкилот, бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Пеш аз ҳама, тозаву озода нигоҳ доштани зерроҳравҳо ва таъмини онҳо бо рӯшноӣ зарур аст. Илова бар ин, бояд зинапояҳои фарсуда таъмир ва пандусҳо барои шахсони дорои маъюбият насб ё аз нав карда шаванд. Дар акси ҳол, чунин ҳолат на танҳо мушкилоти нақлиётро ҳал намекунад, балки боиси нороҳатии шаҳрвандон ва эҷоди мушкилоти бештар  мегардад.  

Ҳам дар навиштаи СССР ва ҳам дар «Ҷумҳурият» чуноне мебинед, аз проблемаи Душанбе гуфта мешавад. Албатта, агар матбуот озод буд ва агар хабарнигорон ҷръат ва ҷасорат доштанд ва рисолати касбии худро иҷро мекарданд, мустақим ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат мекарданд ва кору фаъолияти вай, балки ноуҳдабароии вайро ба баҳсу чолиш мекашиданд. Аммо ҳамин қадар ҳам, ки тавонистаанд бигуянд аҳсан ва як ҷаҳон ташаккур ба эшон.  

 Дар воқеъ шаҳр, баъди омадани Рустам комилан ба ҳам зада шудааст. Як каме барфи ногаҳонӣ борад ва борони зиёдтар бирезад дар кучаҳои пойхта гашта намешавад. Аммо як чунин ношуди ноуҳдабарои нолоиқро Раҳмонов талош дорад ба курсии раиси ҷумҳуриамон бишинонад. Э.войи миллат ва э.войи тоҷик!                                                                   

     Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Солҳои тулонӣ дар умури муассисаҳои ислоҳӣ, яъне тюрмаҳо адои вазифа кардам. Худам милиса будам. Аммо дар зиндони Ваҳдат кор мекардам. Зиндонҳо қаблан дар ихтиёри вазорати дохила буд.

  Чанд сол аст ки дигар кор намекунам. Ба нафақа баромадаам. Бо нафақаи Русия зиндагӣ мекунам.

Ман ин Садриддин Шарипов, сардори зиндони Ваҳдатро хуб мешиносам.Бо вай кор кардаам. Ин одам рутбаи полковникӣ дорад. Пештар дар УИД-Раёсати умури зиндонҳо ба ҳайси сардори Раёсати фаврӣ кор мекард ва аз одамҳои Зорро-Иззатулло Шарипов буд. Бисёр ҳам харобу лоғар буд, ки ҳатто шим дар пушташ намеистод. Тасмаи шимашро мебаст, пушти он рахрах менамуд, мисли сохти аккордеон-як асбоби мусиқӣ. Барои ҳамин вайро аккордеон лақаб дода буданд. Солҳои 2008-2010 дар Раёсат фаъолият мекард. Аз Московский аст.

Як вақт нафарони Алӣ бедакиро қапида оварданд. Соли 2011 буд, агар хато накунам. Онҳоро оварданд СИЗО.

   Ин Садриддин Шарипов ва прокурори надзор аз Додситонӣ ҳар моҳ як бор дар СИЗОҳо ва зиндонҳо «обход» мегузаронанд. Яъне инҳо аз марказ, аз вазорату аз Прокуратураи генералӣ меоянд ва ҳолати маҳбусҳо ва муассисаҳоро тафтиш мекунанд, интизом, тартиботро мебинанд ва агар зиндоние ё маҳкумшуда ё маҳкумшавандае шикоят дорад бояд бипурсанд ва расидагӣ кунанд.

 Вақте онҳо вориди СИЗО шуданд, ки дар долони дароз, продол, чанде аз алибедакиҳои ғармиро дубаку афсарҳо зада истода буданд ва садои доду вой, вағу чиғир ба фалак дакка мехурд.

Аммо ин ду нафар Садриддин Шарипов ва прокурори надзор камера ба камераи СИЗО даромада аз маҳбусҳо суол пурсида истодаанд, ки ягон арзу шикоят нест, ҳамааш хуб аст, касе ғам намедиҳад?

   Азбаски траптрапи мушту лағадкубӣ баландтар мешавад, прокурор ба Садриддин Шарипов мегуяд, ки бубин чи гап аст?

Садриддин мегардад мегуяд, ки «э ҳамун ғармиҳоро задестанд. Хубшон мекнан. Протиф ҷаноб хестагиан ку. Хай мон задан бигиранд». Ва сари муе эътибор надода боз камера ба камера гаштанро идома медиҳад.

 мегуяд. Ин прокурор надзор ҳам як чмо буд.

Ҳар моҳ меояд макарону шакару биринҷу орд аз ҳисоби СИЗО барояш медиҳанду меравад. Боз сари ҳар маҳбус 10 сомонӣ ҷамъ мекунанд барои прокурори надзор. Масалан дар як камера 20 кас бошад 200 сомонӣ мешавад. Барои он  бисткасӣ аст ки дар замин руи фарши сементӣ ҳам хоб мераванд. Ҷой танг аст.

 Дар тюрма ва СИЗОҳои Тоҷикистон ҳама чиз фақат бо пул ҳал мешавад.

Масалан форточкаи дари камераро барои онки дубак барои як соат кушояд бояд 5 сомонӣ ҷамъ карда диҳанд. Тобистон бисёр ҳам гарм мешавад ва зиндониҳо аз шиддати буву тафи бадани худ ва инки ҳоҷатхона дар даруни камера аст нафас кашида наметавонанд. Барои ҳамин форточкаро бояд кушоянд то шамол дарояд, сквозняк шавад, каме ҳам бошад, ҳаво дарояд.

 Уро сардори спетсзона-зиндони милисаҳо монданд. Дертар сардори СИЗО таъин шуд. Ва аз онҷо сардори зиндони Ваҳдат таъин шуд. Ва ҳамин тавр фарбеҳ шуду кун кард, шимаш меистодагӣ шуд. Баъде, ки сардори спетсзона шуд, сумро дид. Дар онҷо милисаҳо чанд бор аз болояш шикоят карданд. Онҷо прокурорҳо, милисаҳо, кгбеҳои пешина мешинанд. Дар онҷо камтар одамгариро фаҳмид, вагарна беҳад золим буд. Фақат ҳақорату дашном мекард. Онҷо кто ест кторо фаҳмид.

Як ҳодисаи воқеиро инҷо нақл мекунам

Вақте началники СИЗО буд модари Ёқуб Салим даргузашт. Пеши Ёқуб меояд, аммо душок намекунад, ки гап занад.  Инсу он су мегардад, ин су онсу тоб мехурад. Ёқуб мегуяд, ки чи гап аст, гап зан, чи гап аст?

Мегуяд, ки кампир камтар касали вазнин шудагӣ-очаат, вагарна модари Ёқуб вафот кардааст. Ёқуб мегуяд срочно Зорроро бигу инҷо биёяд. Тез занг зан, биёяд.

Зорро аз Ёқуб метарсидааст.

Зуд худашро мерасонад.

 Ёқуб мегуяд, ки занг зану «да каллағфс яъне ба президент» бигу, ки ман бояд дар ҷанозаи модарам бояд бошам. Зорро мегуяд, ки акаи Ёқуб ман прямой занг зада наметавонам. Ёқуб мегуяд, ки тез занг бизан ба Мурод. Муродро занг мезанад, мегуяд, ки «бдро пеши президент, бгу, ки ма ҷанозаи очамда бояд равам». Мурод мегуяд, ки «як минут бестен ман ҷавобша мегум».

Чанд лаҳза пас занг мезанаду мегуяд, ки иҷозат надод. Ёқуб ҳамон телефони Зороро мегирад дар девор мезанад, тит мешавад.

Мегуяд ин номард осколкаҳое, ки ба ин мерасид то ҳозира дар пушти ман аст. Номард намегузорад, ки дар ҷанозаи модарам иштирок кунам.

Барои он аккордеон мегуфтанд Садриддин Шариповро, ки тасмаашро мебаст, қафои шимаш ранги аккордеон қабатқабат ва рах-рах овезон мешуд, албатта, аз харобиву лоғарӣ. Кунаш чуби хушку қоқ барин буд.

Зиндониҳоро сахт ғам медодааст. Барои ҳамин задаанд. Вай ягон маърака намерафт, на туй на азо. Ба маъракаҳои хешу таборонаш ҳам  зиёд намешинад. Чунки ҳар соат дар зиндон пул кор мекунад. Ҳамонҷо хоб меравад, ҳатто хонааш гоҳ-гоҳ меравад.

Гуфтанд, ки беморхона афтодаасту бинтпеч хоб аст, Аллоҳ ҷонашро ситонад ин мардумозори нокасро омин.

Конибодом

Ассалому алайкум акои Муҳаммадиқболи Садриддин умедворам хубу саломат ҳастед.

Илтимос ҳамин хабар ё маълумоти Конибодомро қадри тавоноӣ тезтар дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед.

Ислоҳ ҳамеша пешсаф ва пешбар бошед!

Аз он бесару сомоние ки дар шӯъбачаи милитсияи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ шаҳри Конибодом шудаистодааст донае аз ангурро гуфтаниям. Нозири минтақавии ин шӯъбачаи милитсия лейтенанти милиса Ансор Иноятзода бо кличкаи Пақана бо амалҳое ки зидди мардуми ин ҷамоат мекунад тамоман ҳадду канори ҳама бадиҳо, разилиҳоро гузаронид. Аслан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд амну салоҳ, тинҷӣ ва ороми дар минтақаи худро аз ҳама чизи мӯътабар донанд. Лекин ин касифи нав ба мансаб расидаи нони сериро дар ин ҷамоат дида, ҳаматарафа ба мардуми ин ҷамоат зулму ситами ошкоро мекунад.

1.Бо занҳои аз шавҳарашон ҷудо шуда алоқаи маҳрамона дорад. Ин муомила дар тамоми ҳудуди ҷамоат ва на танҳо як зан анҷом медиҳад.

2. Бо заноне ки шавҳардор ҳастанду шавҳарҳояшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд бо онҳо низ алоқаи маҳрамона дорад. Боз ин бадбахт бо амалҳои касифонаи худ байни дигар кормандон лоф мезанад ва мардум ҳама аз тарсу ҳарос ҳеҷ як сухан намезананд.

3. Аз охирин мағозаҳое, ки каму беш вуҷуди ҳастӣ мекунанд аз ҳамааш «доля» мегирад.

4. Дар вақти рафти тафтишоти кушторҳои охирин дар ноҳия аз фурсат истифода бурда чандин бачаҳои деҳаро аз сараш обӣ ҷӯш рехт. Гунаҳкор дигар кас- ба сабаби он азият дода, маблағи ҳангуфт аз он бегуноҳон гирифт.

5. Бачаҳое ки бо автобус ё мошини боркаш ба Россия мераванд аз онҳо низ барои кришават кардан маблағ меситонад.

6. Вақте ки нав ба кор омада буд як Опел астраи шалақи шайдо дошт, ҳозир бошад чанд мошини тамғаи Мерседес ва ҳамаи мошинҳояш бо рақамҳои давлатии якхела. Барои як нозири минтақави дар як вақти кутоҳ инқадар каруфар аз куҷо?

7. Дар ин шуъбача боз шуъбаи шиносномадиҳи ҳам фаъолият мекунад, ки Ансор Иноятзода миёнарав шуда аз он маблағи аслие ки ба буҷаи давлатӣ супорида мешавад алоҳидаги барзиёд гирифта кори одамонро ба қавли худ осон мекунад. Коррупсия дар авҷи аълои худ расидагӣ ҳаст.

Дар гузашта чандин маротиба дар ҳаққи бадкориҳои ин касиф мактубҳо равон карда буданд лекин ҳеҷ тағйир наёфт.

-Аз ин лиҳоз аз шумо шермардони ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам ба равиши кори ин касифи бадбахт ягон чора андешед то ба ҷои ин як корманди ҳифзи ҳуқуқи «мард»и ҳақиқӣ ба вазифа ояд. Ин ягон иғво нест балки ҳақиқат аст худ медонед. Агар Шумо ин коро накунед мо мардуми оддӣ инро аз ӯҳдааш намебароем.

– Ва дар навбат аз сардори раёсати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаноби генерал-майор Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло эҳтиромона хоҳиш мекунем чунин кормандони беахлоқу номи кормандони милиса шаъну шарафи онҳоро паст кунандаро аз сафи милиса ронда шавад. Охир худатон ҷаноби генерал аз Конибодом ба Вилоят гузаштед ҳамаро хуб медонед. Ё зури шумо ҳам ба ин Ансор Иноятзода намерасад? Натиҷаашро интизорем!

 

Share This Article