Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №184

Ислоҳ нет

Аз дасти ин оилаи носерами гушна на тоҷирон рӯз доранд, на муҳоҷирон ва на ҳатто деҳқонҳо. Яке мабинӣ, ки фармон додааст, ки бояд ғалла фалон тонна истеҳсол карда шавад. Заминҳои пахтаву юнучқаву дигару дигарро чапа карда мардум ба кишти гандум ё ҷав водор карда мешавад ва ё мегуяд, ки картошка фалон тонна бояд истеҳсол шавад. Мебинӣ, ки заминҳои кишти дигарро чапа кардаву дар ҷойҳое, ки тамоман коридани картошка мумкин нест, ҳосил намедиҳад, картошка мекоранд.

  Дар мавриди маҳсулоти стратегии кишоварзии мамлакат-пахта ҳам айнан чунин ҳолат аст. Як сиёсати ғалату хато, балки ҷиноят дар ин арса содир шуда истодааст.

Солҳои пеш Тоҷикистон то 1000.000 тонна пахта руёнида буд. Ҳозир ин рақам то ду баробар кам шудааст. Мисли алюминий, ки ин оила дуздид, дуздид ва оқибат заводи бузурги алюминийро аз кор бекор кард.

Ҳозир соҳаи пахтакорӣ пурра набошад ҳам беш аз 90 дар 100 ба дасти Оилаи Раҳмонов аст. Барои ҳамин нархи хариди он аз деҳқон бениҳоят паст аст. Азбаски нархи он дар дасти ин Оила  ва паст аст, деҳқонҳо аз кишту кори он дилсард шудаанд. Инро муаллифи ин матлаб ҳам навиштааст, аммо ҷуръат накардааст,ки иллати асосиашро бигуяд:                                  

                                Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Ман дар сайти нашрияи СССР як мақолаеро бо номи «Пахтаи тоҷик қадр дорад» аз 09.10.2024 хонда ба муаллифи он Хушвақт Хошоков аз ноҳияи Дустӣ ташаккур гуфтам. Барои чӣ? Барои онки ба ин савол посух бигиред, инҷо худи ҳамон мақоларо ба шакли пуррааш пешниҳоди ҳамагон менамоям ва сипас фикрҳоямро мегуям:

«Дар ҳақиқат пахта дар давлати мо қиматашро гум кардааст. Дар ин бора 2 сол боз тавассути газетаи СССР мегӯему менависем, вале масъулони соҳа чаро посух намедиҳанд?

Тобистони имсола ҳарорати гармӣ аз 55 дараҷа гузашт. Табиист, ки ҳосили пахтаро гармсел дар ин давра нобуд кард. Ин ҳам бошад офати табиист. Давлат инро ба деҳқон ҷуброн мекунад ё не? Агар имкони ҷуброн набошад, ақаллан нархи пахтаро то дараҷаи соли 2022 боло бардоштан мумкин аст-ку? Соли 2022 мани муалифи ин сатрҳо 1 килограм пахтаамро 13 сомонӣ фурӯхтам, дар соли 2023 бошад 1 кг ба 5 сомонӣ баробар шуд. Ва ин дар сурате, ки нархи хароҷоти парвариши пахта ҳамон хел бе тағйир монд.

Сабабаш дар чист? Кӣ инро ба деҳқон мефаҳмонанд. О, пахта боигарии давлат буд ку! Имрӯз боигарии кист? Инро кӣ шарҳ медиҳад?

Савдогаре, ки пахтаро аз деҳкон бо нархи 5 сомонӣ мехарад фақат кунҷораашро 5 сомонӣ мефурӯшад. Нархаш, равғанаш, пасмондаи чигит (шелуха)-и инҳо куҷо шуданд? Ягон кас аз он муҳтарам соҳибкорон дар ин бобат мепурсида бошад? Умуман нархи харду фурӯши пахтаро кӣ танзим мекунад, ақаллан хаминашро мефаҳмидем.

Ягона соҳае, ки даромаднок буд, ин пахтакорӣ буд, аммо ин ҳам бошад бо ин нарху наво зараровар шуд. Акнун деҳқон заминро чи кор мекунад? Вазорати кишоварзӣ ва иқтисоддонҳо дар ин бора ягон чиз мегуфта бошанд? Манфиати деҳқонро кӣ ҳимоя мекунад?

Чи хеле, ки халқ мегӯяд: «Аҳволи мусибатзадаро мусибатзада медонад». Соҳибкороне, ки масъалаи хариду фурӯши пахтаро то ба ин ҳад поин овардаанд, дарк намекунанд, ки деҳқон дар чӣ аҳвол аст? Канӣ бародарию баробарӣ?

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Қурғонтеппа ҳастам. Солҳост, ки ба пахтакорӣ машғулам. Дар ҳақиқат ҳозир нархи хариди пахта бениҳоят паст аст. Мо, албатта, панҷ сомонӣ неву 7-то 8 сомонӣ мефурӯшем, вале ҳамин нарх ҳам бисёр ночиз аст. Чунки барои руёнидани ҳосил хароҷот зиёд аст.

Инҷо чи гуфтаниам. Ҳозир нархи хариди пахта дар Узбекистон аз деҳқонҳо баробари 20-25 сомонии худамон аст.

Муаллифи ин мақола гапҳои дуруст навиштааст. Аммо  чизи асосиро нагуфтааст. Пахтаро Ҳасан Асадуллозода ва бародаронаш дар Қурғонтеппаву Кулоб монополия кардаанд. Онҳо чи нархе гузоранд, тамом. Солҳои пеш мо ба Восеъ ба як бизнесмен буд бо номи Самариддин мебурдем, бо нархи баланд мехарид, ҳамчунин Орҷоникидзеобод-Ваҳдат мебурдем. Аммо ҳоло фақат харидор Ҳасан ва одамони вай аст. Барои ҳамин нархи паст мондагианд.

Дар ин мақола сурати вазири кишоварзиро ҳам чоп кардаанд. Охир ин Қурбон Ҳакимзодаи вазири кишоварзӣ чанд сол дар вилояти Хатлони мо раис буд. Аммо аз дасти вай ягон бало ҳам намеояд. Ҳатто дар назди ҳоҷи Амиру ҳоҷӣ Раҳматулло мисли барги бед меларзид.

Дар Хатлон ҳама чиз дар дасти Ҳасану авлодаш ва Зоиру авлодаш аст.

Ман намедонам, ки чашму дили инҳо кай сер мешуда бошад?

                                 Мастчоҳ

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номае дорам аз ноҳияи Мастчоҳ

  Бори дуюм аст ки ба «Ислоҳ» менависам. Ман сокини ноҳияи Мастчоҳ мебошам ва ин бор дар бораи яке аз мушкилоти муҳими ноҳия гап мезанам. Дар ноҳияи Мастчоҳ мутаассифона барқ тақрибан нест. Дар 24 соат 6 соат барқ дорему тамом. Вақте ки барқ хомӯш мешавад телефонҳо умуман кор намекунад, интернет ку умуман нест. Дар ноҳияи мо дар як ҳафта ду сӯхтор ба амал омад. Барқ набуд, оғилҳои мардум ҳама сӯхту нобуд шуд. Телефон кор намекард, ки МЧСро занг занем. Ҳатто аз бесветӣ об набуд, ки сухторро худамон хомӯш кунем. Воқеан ҳам ин хеле рӯзи сахт аст.

  Ноҳияи Мастчоҳ имсол нақшаи даъватро барзиёд иҷро кард. Аммо падарҳои онҳоеро, ки дар Русия ҳастанд бурда маҳкам карда аз онҳо пул мегиранд ва ин ҳолат тамоми сол идома дорад ва ҷавонони мо аз тарси хизмат ба ватан омада наметавонанд ва ҳар рӯз як ҷавони мастчоҳиро аз Русия депорт карда равон мекунанд ва ӯро аз фурудгоҳ рост ба хизмат мебаранд. Чандин нафарҳоро медонам, ки аз хизмат маъюб шуда омадаанд ва мутаассифона чандин нафари дигарро медонам, ки мурдааш омад ва шарт нест, ки номҳои онҳоро бигирам. Мо мардуми точик то кай сабр кунем. Косаи сабр он тараф истад, деги сабрам пур шуд. Ман умедворам, ки мардуми шарифи Мастчоҳ даст ба дасти якдигар дода коре анҷом диҳем.

   Умедворам дар ноҳияи Мастчоҳ дигарҳо низ маълумотҳои нисбатан муҳимро ба «Ислоҳ» мефиристанд.

                                             Кулоб 

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Кулобам. Дар вақти солҳои 92 дар Фронти халқӣ будам ва азоби мардуми тоҷикро медидам, барои ҳамин дигар намехоҳам ҷангро.

   Дар Кӯлоб мисли дигар минтақаҳо мардум рӯз надорад: бесветӣ, бекорӣ, налоги баланд, зулми милисаҳо, суду прокурор, ҷамоат, ҳукуматиҳо. Ман ба мардуми тоҷик гуфтаниам, ки фикр накунед мо кӯлобиҳо дар роҳату осонӣ зиндагӣ мекунем,не хато мекунед. Мо бо мардуми Тоҷикистон дар як қаиқ ҳастем. Ба Эмомтапак гуфтаниям, ки худат ҳамон сиёмкаи авваллин бор ба Кӯлоб омадагиатро бин, ки чи хел будӣ, ҳозир чи?

 Ин гуфтаи худат аст. Чи хеле ба кормандони дузду порахури мақомотат гуфта будӣ!

   Ту ақаллан ба фарзандони бародарони Фронти халқӣ, ки ту то ҳозир катагӣ бо фарзандонат, бо аҳлу авлодат Тоҷикистонро ғорат дорӣ, нафақа медодӣ дар ҳар як ҷашни ид ба оилаҳои онҳо ёрдам мекарӣ, накардӣ. Аммо ин хуб шуд. Чунки ту худатро нишон додӣ. Акнун мо кӯлобиҳо фаҳмидем, ки ту нокас будаӣ, мунофиқ будаӣ.

  Ба мардуми Кулоб  гуфтаниям сукут накунед, хезед ин нокаси шайтонро аз болои ин мардуми ҷабрдида яктарафа созем.

  Ман мефаҳмам. Ба мардуми Кулоб мегуянд, ки мухолифонро гӯш накунед, вайҳо душман ҳастанд. Не бародарҳо. Мо онҳоро гуш ҳам накунем ин гуфтаҳои онҳоро бо ду чашми сар дида истодаем, зулми ҳукумати ин касифро ку. Ин касиф фикр дорад мардуми Кулобро мурғ кардааст. Не бародарҳо. Дар Кулоби мо шерон бисёранд. Ту қумандонҳоро куштӣ, зиндонӣ кардӣ, аммо мардуми Кулобро наметавонӣ тарсондан. Мардум медонад, ки шикаста бошем ҳам лекин нарехтаем.

 Эй, ҳукуматиҳо, фаҳмида бошед! Мо кӯлобиҳо дар бари мардуми Тоҷикистон ҳастем ва мемонем. Мо бояд дигар фиреб нахурам. Ин Эмомтапакро бовар надорем. 

                                       Конибодом

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Нома аз ноҳияи Конибодом, ҷамоати Лоҳутӣ ба Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон. Ин нома аз номи истиқоматкундагони деҳаи Лоҳутӣ, Ҷаҳонзеб ва Санҷидзор мебошад. Мо ба шумо сарвари давлат ва падари миллат дарди дили ин халқи мазлуми бечораро расонданием.

Дарди дили ин халқи мазлуми бечораро ҳеҷ ки намепурсад:- на раиси ҷамоат гуш мекунад, на раиси ноҳия Тухтасун Абдусаломзода. Ин чи бедодгарӣ аст? Халқи   бечора чи хел зиндагӣ кунад? Об нест, ки бе об зиндагӣ кардан мушкил.

Чизи дигар ин аст ки ин кормандони мақомот аз чашми вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода дур, дар ин ҷамоати мо чи корҳои номаъқулӣ ба болои халқи бечора раво дида истодаанд. Чи кор кунем? Дардамонро кӣ гуш мекунад? Мо маҷбурем ба воситаи «Ислоҳ. нет» дарди дили худро ба шумо сарвари давлат расонем. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ шумо аз халқ хафа нашавед, ки бо «Ислоҳ.нет» алоқа мекунад. Халқ аз маҷбурӣ менависад дардашро, шумо як бор гуш кунед, фаҳмед, як бор тафтиш кунед.

Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Конибодом чанд нафар милисаҳои ғайриқонунӣ дорад. Дар куҷои қонун навишта шудааст, ки либоси милисаро ғайриқонунӣ бипушиву даст ба қаллобӣ занӣ?Дар ноҳияи мо хато намешавад гуям, ки 80% милисаҳо дузд ва барои кисаи сардори милиса кор мекунанд. Ин милисаҳо дар ягон ҷо хондагӣ не. Ақалан хизмат кардагӣ не. Танҳо корашон дуздию ғоратгарӣ бо либоси низомӣ. Ҳатто аз хонаҳои мардум медузданд. Ин милисаҳои ҷамоати Лоҳутӣ бо дуздон ҳамкории зич доранд. Инҳо рӯзона ҳама ҷоро давр мезананд. Молҳои дар саҳро бударо шабона мекушанд. Вақте соҳиби мол шикоят кард, барои ёфтани мол пул мегирад. Баъди чанд вақт аз куҷое,ки худашон молро куштагӣ ва гушташро фурӯхтабуданд пусташро гӯиё пайдо карда акт мекунад, тамом. Акнун худатон хулоса намоед,ки кормандони ВКД худашон молро медузданд мекушанд гушташро мефурӯшанд. Барои кофтани он моли гумшуда боз аз соҳиби он мол пул мегиранд,ки он молро мо мекобем. Тасаввур кунед як молро дубор мефурӯшанд. Ҳам ба қасобҳо ва ҳам ба соҳиби мол. Соф соҳиби мол аз нони даҳони кудаконаш маҳрум мешавад.

Муҳтарам Сарвари давлат, Пешвои муаззами милат Эмомалӣ Раҳмон! Ин нома барои шумо буд.Аз ман хафа нашавед, ки ба «Ислоҳ» навиштам. Чунки ин номаи маро газетаҳои шумо чоп намекунанд.

                                    Ҷиргатол

Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин

 Нома аз ноҳияи Ҷиргатол. Ман бист сол шуд дар Қирғизистон зиндагӣ дорам. Ман мохи сентябри соли ҷорӣ тавассути Узбекистон ба Тоҷикистон рафтам- хешу таборҳоро хабаргирӣ. Сарҳад расидаму кино сар шуд. Дар таможенный даҳ ҳазор соми қирғизиамро гирифтанд. Ҷиргатол расидам. Пагоҳаш се милитсия хабар ёфта омада отдел бурда боз даҳ ҳазор сомамро барои временний учет гуфта гирифтанд. Аммо аламовараш ин ки куча баромадан ва хонаи хеши табор рафтан намешавад. Хешу таборам аз меҳмонӣ омаданӣ ман метарсанд.

  Дар Ватан ҳама буз, ҳама чоплус ва ҳама тарсончак шудаанд. Ба масҷид рафтан метарсанд. Дар қишлоқ ягон мошини бегона дарояд ҳама метарсанду баҷо мешаванд. Ватан-зодгоҳи ман ҷамоати Янгишаҳри Ҷиргатол аст. Мардум ба бозор рафтан метарсанд. Бозор дар дасти як нафаре бо номи  Сайнеъмон Абдусаломов будааст. Нархҳои бозор бисёр ҳам гарон аст. Дар бари ин бозор бозори Шоҳ-командир ҳаст. Мардум ба бозори Шоҳкомандир раванд аз Сайнеъмон метарсанд. Бузи Сайнеъмон Раҳмиддин Қосимов. Раҳмиддин Қосимов даҳ сол мешавад, ки раиси ҷамоати Янгишаҳр аст.

Сайнеъмон вес заминҳои қирғизҳоро заминфурушӣ мумкин нест гуфта кашида мегирифтааст. Бовар кунед қирғизи тоҷикистон хонаашро партофта кучида истодааст. Миллати ман қирғиз аст. Хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро зудтар чоп кунед, то ба гуши мақомоти болоӣ бирасад. Дар ин ҳолу аҳволе, ки қирғизҳо дар инҷо доранд, ягон бало сар мезанад.

Бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз соли 2019 ҳама барномаҳои туро тамошо мекунам. Ҳамаи навиштаҳоятон дуруст аст.

  Ман бисёр навиштанӣ ҳастам. Аммо дигарҳо фикр мекунанд қирғизҳо байни тоҷикҳо шур медозанд. Вале ин тавр нест. Дилам ҳам ба ҳаммиллатонам ва ҳам ба тоҷикҳои ҳамватанам месузад. Чунки инҳо сахт дар азоб ҳастанд.

Мо дар Қирғизистон озод ҳастем. Дар Ҷиргатол мардумро ба ғулому канизак табдил додаанд. Мардум бояд худашон худашонро наҷот диҳанд.

                                    Турсунзода

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман дар бораи шахсе гап мезанам, ки ҳам қаллоб асту ҳам қотил ва ба ҳама корҳои пасттарин даст дорад. Номи ин шахс Тоҳиров Убайдулло мебошад.

Вай солҳои пеш, замони шуравӣ карате тамрин мекард. Падараш муаллим буд. Мегуфтанд, ки муаллим Тоҳир шахсе оромтабиат ва инсони хуб буд. Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад. Ин муаллим Тоҳиров серфарзанд буд. Аммо чи хеле ки фарзандҳояш мисли худаш набаромаданд. Дар бораи ҳамаи онҳо гап занем гап бисёр мешавад. Ман дар бораи яке аз ҷинояткоронашон гап мезанам. Яъне Тоҳиров Убайдулло. Ин шахс мошенник аст.

 Солҳои ҷанг, соли 1992 ба мардуми ҳамсояқишлоқ ғармитаборҳо даромада гуруҳ-гуруҳ мардони онҳоро ба адир бурда ба қатл мерасонад, бо камаз зинда-зинда бурда чапа мекунад. Он солҳо мо хурд будем. Худаш мегуфт,ки бо табар ғармиҳоро зада реза карда мекуштам гуфта мефахрид ва боз рафта зану духтаронашонро таҷовуз мекрадам. Гуё кори хуб крада бошад. Дар ҳамсоягии худаш як ғармӣ буд, ҳамсояи наздик. Ӯро чандин бор фиреб карда куштанӣ буд. Дар ниҳоят яке аз рӯзҳо бо фиреб аз хонааш бароварда бо чи ваъдае ба куҷое бурда билохира ӯро ба  қатл расонд.

 Ҷои куштагиашро худаш медонад. Чанд сол пеш писари ҳамон ҳамсоя Убайдуллоро мегуяд, ки « Ака падари мана ҳавай вақт дар хона шумо бурда будед ку, бади вай падарам наомад, чокадед гуҷо шуд падарам, бо шумо рафта буд?. Убайдулло дар аввал намедонам гуфта ба кала намегирифт. Аммо оқибати кор ба кала гирифта ҷояшро гуфт- ҷои қатлу қабрашро. Лекин гуфт, ки «ман падари туя накуштам, дигарҳо куштанд. Ман хело зора кардам, ки накушанд, аммо манро гуш накарданд». Писари ҳамсоя Эшонов Зафар ном дорад. Убайдулло падари ҳамин Эшонов Зафарро ба қатл расонд.

 Эй, бо фикр накунед, ки ин мактубро Эшонов Зафар навишта аст. Зафар ин дилу гурдаро  аслан надорад. Лекин ба мисли ҷабрдида пурсуҷу кунед дар бораи падараш баъд мефаҳмед, ки ин гаҳо дуруғ ё ки рост. Аммо ба мисли Шукрулло участковий пулро гирифта делоро нест накунед, зери назорат ҳастед, мебинем. Мо ин гуруҳи калони тоҷиккушонро меёбем, ё ки не вақт нишон медиҳад.

Раҳмонов ту пешвои муаззами миллат ку, ғамхори миллат ку! Канӣ исбот кун пешвогиатро. 
Ин Убайдулло зиди давлати Тоҷикистон ҷанг кардааст. Бо гуруҳи Ибод Бойматов ва Маҳмуд Худойбердиев  ва яке аз боевикҳои онҳо буд. Агар пушти ин моҷароҳоро кобӣ як историяи калон хобида аст.

 Соле, ки Маҳмуд Худойбердӣ аз Душанбе Регар омадагӣ буд 97 ё 98 буд. Ин Убайдулло дар даст автомат дар байни одамони Маҳмуд буд. Ҳамроҳи вай Хушбахт Назаров буд. Чунон лашкари калон буд, ки 4 соат гузаштанд бо техникаву пиёдагард. Хато накунам аз 5 ҳазор зиёд пиёдагард буданд. Аз маҳаллаи мо, яъне Зарнисор бо Мҳҳмуд Худойбердӣ зиёд буданд. Ман дутоашро дидам-Тоҳиров Убайдулло ва Назаров Хушбахт. Назаров Хушбахт ҳам ба мисли Убайдулло дар қатлу куштори бисёр тоҷикҳо даст дорад. Тоҳиров Убайдулло ду сол шуд, ки ҳаҷи умра кард. Дар шаҳри Митишии Маскави Русия бо писарҳояш чи тиҷорате дорад. Корҳояш хуб аст. Даромади хуб дорад. Дар бораи мошенникиаш гап занем хеле зиёд аст. Ин пеш ду писар дошт. Писари калониаш, вақте хурдсол буд, ҳангоми оббозӣ ғарқ ва ҳалок мешавад. Ҳамон вақт хуб дар ёд надорам, бачаҳое, ки бо писари ғарқшудаи ин буданд, он бачаҳоро хело ғам дода буд: «бачема куштетон гуфта».Милисабозиҳо карда пули зиёди падару модари онҳоро гирифт, туҳмат кард. Беҳад ҳаромхури беинсоф, ҳақимардумхур аст.

 Бародар чи гуфтанӣ ҳастам? Рости гап ин гуна шахсон дар ҷамъияти мо бисёранд, ки дар қатлу куштору таҷовузу ғорат дар ҳамон солҳои ҷаг даст доштанду ҳозир калонсол шудаанд. Онҳо дар байни худ як гапҳо мегуянд, ки дар ҳайрат мезанӣ. Сиру асрори инҳоро кобиву ёбӣ амният ҳайрон мешавад.

Ҳаминро фаҳмидам, ки шахсе, ки бо тиҷорати ҳалол кор кунад, тез ин гуна пулдору бодавлат намешавад. Аз даҳони чандин инсонҳо фаҳмидам, ки инҳо дар Тоҷикистон бо доруву алафҳои маводи мухадир даст доранд. Ва ҳамин маводҳоро ба Маскав ҳам мебаранд ва онҷо савдо мекунанд.

Чи хеле, ки шумо дар барномаи №130-и «Номаҳо..» гуфтед Зоҳидов Хушназар бачаи калони амаки Хушича ин Убайдулло Тоҳирову Назаров Хушбахт ва Зоҳидов Хушназар 3 каса алаф дуд мекарданд ва боз чизи дигар монанд ба сақичи сиёҳро майда карда  бо сигарет омехта карда мекашиданд ва баъд  ранги ҷиннӣ мешуданд. Хушназар дар ин корҳо таҷрибаи бой дорад.

 Давлати дунгур ту гузарондӣ! Чаро масъалаи Хушназарро надидӣ? Ту хушру мешиносӣ ин Хушназарро. 

Хуб оянда номаҳои дигарро ҳам аз мо интизор бош! Мо акнун ҷой гуфтани ҳақиқатҳоро пайдо намудем ва аз он истифодаи хуб мекунем.

Share This Article