Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №218

Ислоҳ нет

Дар ҳоле, ки фазо ва муҳит обастани таҳаввулу тағйир ва руҳияи мардум инқилобист бархе аз навоҳии кишвар амсоли Обигарм, Файзобод, Шаҳристон, Спитамен, Панҷакент, Бохтар (Қурғонтеппа) Хуҷанд, Норак, Шаҳринав, Фархор, Восеъ, Кулоб пассив ва камфаъолият шуда истодаанд. Махсусан аз Исфара ва Мастчоҳ, ки қаблан фаъол буданд, номаҳо камтар расида истодааст.

  Даъвати мо аз ин мардум ин аст, ки бо мардум бипайвандед. «Ислоҳ» минбари шумо, минбари инқилоб, сангари муқовимат ва мубориза бо ин диктатор ва режими хонаводагии вай аст. Дар ин сангар дар канори мардум бошед, ҳамроҳӣ кунед. Ҳар навиштаи шумо зарба ба ҷони режим аст ва ҳар навиштаи шумо ҷони инҳоро мекоҳонад, пояҳои зулмату истибдоди Раҳмонов реза реза мешавад. Сухан бифканад минбару дорро, гуфтаанд. Феълан, то замони фаро расидани он рӯзи мавъуд, он рӯзи ҳуррият, он рӯзи растагорӣ ва он давраи чапа ва ба хок кашонидани Раҳмонови палид инҷо ҷабҳа ва сангари шумост. Сангар ва ҷабҳаи худро холӣ нагузоред.

          Ва ҳоло меравем ба мурури номаҳои мардум:

                         Нуробод

  Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол. Ман аз  Нуробод мебошам.

Манро кумитаи амнияти ноҳияи Нуробод барои даъвати писаронам ба хизмати ҳарбӣ ҳар призиви баҳорӣ ва тирамоҳӣ даъват мекарданд ва аз ман 3000(се ҳазор) сомонӣ мегирифтанд. Бовар кунед, безор шудам.

   Як амри маъруфро гуш кардам. Амри маъруф дар бораи шахсони порадиҳанда, шахси миёнарав ва шахси порагир буд. Вақте гуш кардам он домулло як ҳадиси расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи васаламро гуфт, ки шахси порадиҳанда, шахси пора гиранда, ва шахси миёнарав аст дар ин кор ҳар се  аҳли нор мебошанд.

Бовар кунед аз шунидани ин ҳадис қалбам ба ларза омад. То ба ҳозир ба суи худо тавба мекунам, ки ман чунин гуноҳи бузург кардам. Ман фикр кардам, ки дар ин дунё аз хизмат писарони худро бо пулу пора халос мекунем, пас фардо аз азоби Худо ҷонамонро наҷот дода наметавонем. Ҳозир бошад як писарам муддати як сол мешавад, ки дар адои хизмат мебошад. Ман аз тамоми волидон хоҳиш менамоям, ки монед писаронатон ба аскарӣ раванд, то ки муссалаҳ шаванд. Мақомотҳоро бо пулу пора омухта накунед. Ин мақомотҳои тоғутпараст аз ҳақи шумо мехуранд ва тоғути гандапирро муҳофизат ва тарафдорӣ мекунанд. Агар ҳамаи мову шумо ба як гап бошем мақомотҳоро грет накунем, пас кормандони мақомотҳо худашон тарки вазифа мекунанд. Ба инқилоб омодаем ин шо Аллоҳ.

Парвардигори меҳрубон ин ҳукумати золим,ин ҳукумати қотили миллат ва ин гандапири бадмурро бо авлоди гадояш ба хоки куча яксон гардон!

 Парвардигоро ин гандапирро, ки дар 92-миллион доллар самолёт харидааст ба он мақсаде, ки барои рӯзи инқилоб бо ҳамроҳии авлодаш дар он самалёт фирор намоянд, дар осмон нопадидашон гардон, омин!   

Худо мададгоратон мубориз!

                                         Душанбе

Ассалому алайкум бародари муборизи ҷонбаркаф Муҳаммадиқболи Садриддин! Чанд мақола ва наворҳои беҳтарини шуморо хонда ман ҳам илҳомам ба ҷуш омад ва хостам баъзе аз фикру мулоҳизаҳоямро нависам. Бигзор ин навиштаҳои маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва ё бихоҳед, дар шакли алоҳида нашр намоед. Ман дар Душанбеям. Дар тарафи маҳаллаи маъруф ба Гипрозем зиндагӣ мекунам. Солҳои пеш бо ному насаби худам барои нашрияҳои Душанбе менавиштам. Худам муаллим ҳастам. Ҳоло навиштанро қатъ кардам. Аз газетаҳо дилам монд. Чунки ҳамаашон фақат Раҳмонов мегуянд. Аммо аз одитарин мушкилоти мардум наменависанд. Чи расад ба интиқоди Раҳмонов ва сиёсатҳои вай, ки боиси хориву зиллати мардум шудааст.

Бовар кунед, ки то Раҳмонов мардуми тоҷик тамоман дигар буд. Ин омаду оҳиста-оҳиста ғурур ва шаҳомати тоҷикро аз байн бурд. Ҳозир миллат ва мардуми тоҷик ба ғуломи хонаводаи Раҳмонов бадал шудааст. Аммо Раҳмонов бояд ҳодисаҳо ва махсусан сарнавишти бадфарҷоми мисли худаш роҳбаронеро, ки курсиро раҳо карданӣ набуданд ва оқибат аз тарафи халқ сарнагун шуданд, пеши назар оварад ва андеша намояд.

 Башор Асад чи шуд?Дур намеравем  Нурсултон Назарбоев чи шуд? Тамоми молу моликияташ давлатӣ ва духтару домодҳои миллиардераш овораву як қисмашон зиндонӣ шуданд. Гулнора Каримова духтари Ислом Каримов чӣ шуд? Ба наздикӣ пулҳои дар Шветсария доштаашро ба ҳукумати Узбекистон,ки беш аз 180 млн доллар будааст месупоранд. Чунки аз ҳисоби мардум навардиданду ҷамъ карданд ва оқибаташон чунин шуд.

Ман ба ин ба ном зиёиҳои имрӯза гуфтаниам, ки Шумо Раҳмоновро кур карда истодаед, бояд ростро нависед ва чашмонашро кушоед. Ин корҳое, ки шумо мекунед воқеъӣ нестанд. Шумо зур зада чиро нишон доданиед? Чиро исбот карданиед? Исбот карданиед, ки Раҳмонов зур аст. Агар Раҳмонов зур буд, ҳоло мардум свет доштанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо свет доштем. Раҳмонов Рустамро оварду баъди омадани он ҳатто дар пойтахт светмурӣ сар шуд.

Ба назари ман Шумо зиёиёни тамаллуқпеша тараканед, шумо магаси гирди шириниед.  Хиёнати шумо бадтар аз худи хоин аст. Агар Раҳмонов хоин аст шумо хиёнаткоред. Фақат Раҳмонов мегуеду ҳамду сано мехонед. Ин қадар ҳам набудагист. Ҳама чизатон фалшивий, ҳама чизатон сохта, ҳама чизатон ҷаълӣ ва ҳама чизатон дуруғ. Се даҳа аст, ки  як мушмурдаро, як гурбаи касали дилнокашро таърифу тавсиф карда қаҳрамону ҷанобу пешво мехонед ва ин пешвои дуруғӣ аз ин гапҳои шумо болу пар бароварда акнун мехоҳад, ки дар ҷойи худаш Рустами наркомани баччаашро орад. Вой бар ҳоли Шумо!

Бародар Муҳаммадиқбол! Махсусан навиштаи охиратон, ки дар бораи ҳодисаи зиндони Ваҳдат буд маро ба андеша водор кард. Чаро?  Чунки ду нафар аз ҳамсояҳои ман, яке писар ва яке бародараш дар зиндон буданд, ва вай сахт мунтазири амнистия буд. Ва мегуфтанд, ки ин шо Аллоҳ Раҳмонов афв қабул мекардааст ва онҳо то ноябри соли гузашта мебароянд. Бори охир соли 2021 амнистия карда буд ва маъмуалан ҳар се сол фармони афв медод. Аммо имсол надод. Дар ҳақиқат амнистия барои он дода нашуд, ки тарсид, ки  касоне мебароянд, ки мумкин барои интихоботи вай проблема кунанд. Масалан 307иҳо ё Муҳаммадрузӣ Искандаров, ки муҳлати адои ҳукмаш ба охир расида истодааст. Ман ба шумо мувофиқам, ки ошуби зиндони Ваҳдат кори худи Раҳмонов аст, кори касе дигар нест. На Ятимов ва на Мансур Умаров беиҷозати вай ин корро намекунанд. Баракс ман фикр дорам, ки ин ошубро ҳарсеи ҳаминҳо ба амал бароварданд. Секаса карданд. Раҳмонов аз ҳодисаҳои Сурия сахт тарсидааст. Ин як амри воқеӣ аст. Чунки Сурия аз тарафи Русия ва Эрон кидат шуд. Ду кишваре, ки Раҳмонов ба онҳо такя мекунад. Ҳоли Башор Асад ҳоли саг аст. Раҳмонов дида истодааст, ки ояндааш чи хоҳад шуд. Дар зиндон ҳама чиз подконтрол аст, идора мешавад. Ин як кори тамоман сохта ва дуруғӣ аст ки 9 нафар бихезанду бо оҳану корд ба тарафи кормандони мусаллаҳи зиндон ҳамла кунанд ва кор то ба онҷо бикашад, ки спетснази МВД ҷалб шавад чи расад бо воҳидҳои вижаи худи вазорати адлия. Бубинед нуҳ маҳбус мехезанд соати 15. Худи ҳамин фактро як каме дар борааш андеша кунед. Имкон надорад аз байни нуҳ нафар ҳади ақал се нафар нагуянд ки муқобили афроди мусаллаҳ бо корд чи гуна мехезем. Ҳамаи ин нуҳ нафар аблаҳу беақл не ку. Чи гуна мегурезанд? Амдан ва махсус чунин сабабро эълон мекуанд ки мардум сраза пай барад, ки ҳукумат дуруғ гуфта истодааст ва ҳукумат мақсадаш задан аст ва Раҳмонов ба любой кор қодир аст ҳатто ба дуруғ туҳмат. 

Ҳам Мансур Умаров ва ҳам СС Ятимов сагҳои вафодоранд. Колхозник умний шудагӣ ва махсусан бо ФСБ сахт часпонидагӣ аст ва маълумотҳоро гирифтан мегирад. Камбуд надорад.

Раҳмонов дуздидан мегирад, қатлу куштору зиндон кардан мегирад, саркуб мекунад, вале аз ин тарафи кор бехабар аст ки хашму ғазаби мардум қабат дар қабат ҷамъ ва фарбеҳ мешавад. На фақат Раҳмонов фарбеҳ ва ба корди қассоб наздик мешавад, хашму ғазаби мардум ҳам беш аз пеш барои гирифтани чакушу теғу корд сахттар мешавад.

Раҳмонов бо ин тамомхоҳӣ-тоталитаризм ва диктотурӣ-худкомагие, ки пеша кардааст, айни Башор Асад ва дигар диктаторҳо мешавад.

 Бародар Муҳаммадиқбол! Агар ин навишта маъқулатон шуд, чоп кунед ва ман ҳам кушиш мекунам, ки навиштан барои шуморо барои «Номаҳо аз ноҳияҳо»ро идома диҳам. Ман ҳамин барномаатонро писандидам. Чунки ба воситаи он аз вазъу ҳоли тамоми минтақаҳои кишвар бохабар мешавам.

 .                                    Нуробод 

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол ва бародарони мубориз, ман аз дехаи Сари Қош ҷамоати деҳоти Хумдон мебошам.

Бародар Муҳаммадиқбол, ман номаҳои 208 ва 209-ро гуш карда бениҳоят шод шудам. Тамоми мардуми деҳа ин номаҳои нашр гардидаро на кам аз чор маротибагӣ тамошо кардаанд ва дар ҳақи нависандаи он номаҳо дуои хайр мекунанд ва мегуянд, ки аз ин деҳаи мо ҳам шерони нар пайдо мешудааст. Бисёр дуои хайр мекунанд дар ҳақи шумо муборизони роҳи ҳақ.

  Мақомот раиси маҳаллаи деҳаи Сари-Қош Асоев Баҳриддинро пас аз шунидани ин номаҳо даъват карда сахт танбеҳ доданд, ки эй занфалон ту чаро дар группаи ватсапи баччаҳои деҳа аз номи мақомотҳо гап задӣ? Гуё аз раёсати ноҳияи Рашт омаданд болои ту фишор оварданду супориш доданд, ки аз мардуми деҳа пул ҷамъ кунед ва ба мактаб стол ва стул харед. Ба ба ӯ сахт таъкид карданд, ки ту мақомотҳоро паст задӣ, чунки садоҳои ту нашр шудаанд. Ба ӯ гуфтанд, ки бори дигар дар группаи ватсапи баччаҳои деҳа садо мегузорӣ, ҳолатро бад мекунем ва ба ӯ гуфтанд, ки «даракашро биёв ин одам, ки ҳаст маълумотҳои пурра ба Ислоҳ мерасонад». Маълум, ки сахт парешон шудаанд аз мақомотҳои ба шумо мерасида. Баъди нашри он номаҳо раиси маҳалла ва дигар бузҳо дар кучаҳо кам ба чашм мерасанд. Ин суханчинҳои шарманда аз одамони бегуноҳ ин корро дида истодаанд. Эй, ҷанобони бузҳо шумо кур ҳастед. Аллоҳи меҳрубон шуморо кур кардааст. Ин шо Аллоҳ хору залил мешавед, баъд мемуред. Касоне, ки криша доред,шумо ҳам огоҳ бошед!.

Беҳтараш аз деҳа баромада равед бе номусҳо. Худо ёру мададгор бародарони муборизи ман омин.

 Эзоҳ аз Ислоҳ: Вақте ба дасти мо аз бузҳо менависанд, мо онро боз аз чанд нафари дигари сокини он деҳа пурсида мушаххас ва диқи карда баъдан чоп мекунем, то мабодое туҳмат ба он ашхос нашвад, чуноне мебинед ин ҳама номаҳо аз тасдиқи номаҳои гузаштаи мо мебошанд.

                                        Норак

   Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Норак ҳастам. Ман як хабари кутоҳ дорам. Феълан дар дохили ватан мебошам. Барои ҳамин ному насабамро пинҳон медорам. Чанд вақт аст ки ҳисобкунакҳо- счётчикҳои барқиро маҷбурӣ иваз карда истодаанд. Ин ҳисобкунакҳо як, ду маротиба зиёд пул кор мекардааст. Барқ лимит аст, аммо ҳамон хел ҳам моҳе 300-400 сомонӣ кор карда истодааст. Дар ҳоле, ки бисёрии вақт алову газ истифода мебарем.

Ман мехоҳам бо истифода аз минбари «Ислоҳ» мардумро огоҳ кунед, ки аз тарафи барқчиён фиребу найрангкорӣ зиёд аст

                                            Рашт

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домуллои ширинсухан Муҳаммадикбол.

Ман собиқ команди Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Рашт ҳастам.

Ман ҳамаи барномаҳои шуморо гуш мекунам. 

Ман маълумот дорам оиди протокол пур кардани ГАИҳо. Масалан чихел?  Ҳар як корманди БДА маҷбур аст ҳаррӯз 6-(шаш) адад протокол супорад. Ҳади ақал 4-(чор)протокол бояд супорад. Ва боз аз ронандагон ба ҳар роҳу восита бояд пул гирад ва ҳар бегоҳ ба началники БДА ба камаш 100 сомонӣ диҳад. Аз чунин беадолатӣ ва зулму ситам болои ронандагон виҷдони мусалмониям маро азоб дод. Ман худам аризаамро супоридаму корро бас кардам. Аммо бояд гуям, ки ин корҳо бо амру супориши мақомоти болоӣ мебошад.

 Давраҳои шуравӣ агар корманди БДА дар як моҳ протокол намесупорид, яъне ягон ронандаро протокол пур намекард, ӯро унвон медоданд, ки минтақае, ки ту назорат мекунӣ тинҷ аст. Ман ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамаи ин протоколҳо маблағашон ба куҷо меравад. Кормандони БДА хату савод надоранд, ба Худо қасам, аломатҳои манъкунандаро аз аломатҳои огоҳкунанда фарқ намекунанд.

Агар фарҳои мошин, масалан поворотник, ё ки стоп кор накунад, дарав протокол тартиб медиҳанд. Ягон намуди қонун нест барои кор накардани поворотник ё ки лампочкаҳои қафои мошин, ронандагонро тарс дода 20-(бист) сомонӣ мегиранд.

Ман ба ҳамаи мақомот гуфтаниям, ки болои мардум зулму ситам накунед, аз Аллоҳи меҳрубон битарсед. Наход, ки аз мардум бо роҳҳои ҳаром пул гиреду зану фарзандонатонро хуронед. Ин амалҳои шумо ба қонунҳои диниву дунявӣ рост намеояд.

Эй, Раҳмонов куҷоро нигоҳ мекунӣ, Худо лаънатат кунад. Мардум ба дод омадаанд, рӯзе аланга бархезад, ҷонатро куҷо мебарӣ? Худо ҳофиз бародарони мубориз.

                                    Волгоград 

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман чанд вақт шуд, ки дигар барои шумо ягон чиз нафиристодам. Асосан аз газетаи «СССР» мақолаҳоро гирифта ба шумо мефиристодам. Дар ин мулки ғарибӣ дигар коре аз дастам барнамеояд. Вале чандин нафарро ба тамошои барномаҳои «Ислоҳ» ҷалб кардам ва онҳо ҳозир мухлисони доимии шумо шудаанд ва чанд нафарашон гуфтанд, ки чандин каси дигарро онҳо ба тамошои «Ислоҳ» ҷалб намудаанд. Бемуҳобот гуфта метавонам, ки фақат дар Волгоград ҳазорҳо тамошобин ва тарафдор доред.

Ин бор барои ман як навиште дар СССР ҷолиб тофт, ки ин навишат ба қалами Ато Мирхоҷа тааллуқ дорад ва дар сайти ин нашрия ба таърихи 29.01.2025 ба ин зайл чоп шудааст, ки онро айнан бо сарлавҳа ва зикри ному насаби муаллиф нусхабардорӣ карда ба шумо мефиристам ва сипас фикрҳоямро дар борааш менависам:

                                                 ДУРӮЯГӢ

Дар маҷлиси рӯзи 17 январ Пешвои миллат аз дурӯягии хидматчиёни давлатӣ, аз ҷумла муносибаташон бо хурофот гуфт ва мисол овард, ки маҳз ҳамин вазъ боиси сар задани ҷангишаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд. Пешвоямон сад дар сад рост мегӯяд...

Соли гузашта бо 1 гурӯҳ нависандагон ба шаҳри Хоруғ рафтем. Дар кӯчаҳои он занону духтарони сатрпӯшро дида, ҳайрон шудем. Чизе, ки ҳеҷ гоҳ на танҳо дар Хоруғ, балки тамоми Бадахшон вуҷуд надошт!

Аз одамон сабаби ҳолро пурсидам. Ҷавобашон маро ҳайрон сохт:

 Инҳо занону духтарони кормандони мақомоти қудратианд, ки ҳоло дар шаҳри Хоруғ бисёранд.

  Шумо ба инҳо намефаҳмонед, ки занони Бадахшонро ҳам гирифтори ин таассуб насозанд? -пурсидам аз онҳо.

Шахс пузханде заду гуфт: – Ба кӣ гӯем?  Ба шавҳарони  ҳамин занон, ки ҳифзи тартибот дар дасти худи онҳост?

Ато Мирхоҷа,

шоир ва нависанда

   Устод Муҳаммадиқбол! Ман баъди қироати ин навишта пурсуҷу карда фаҳмидам, ки ин Ато Мирхоҷа худаш бадахшонӣ будаасту ҳоло муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Фаҳмидам, ки ҳамон байтҳои масхараомези Путину Трампу Си Ҷинпин пайёми Раҳмоновро шишта гуш мекарданд ба ҳамин тааллуқ доштааст.

Ман чи гуфтаниам? Ин навиштаи Ато Мирхоҷа намунаи рушани тамаллуқ ва хушомадгуӣ аст. Тамаллуқ ба наҳву навъ ва навбати худ. Ато Мирхоҷа мисли буз ба Эмомалӣ Раҳмонов хабар мекашад, ки милисаву амнияту прокурорҳои фиристодаат пеши ту як гап мезананд аммо дар ҷову маҳалли корашон рафтори дигар доранд. Яъне дар пеши ту аз сари занҳои дигарон сатру ҳиҷоб бармедоранд, аммо сатру ҳиҷоби занҳои худашон дар сарашон аст.

Яъне Ато Мирхоҷа ба Раҳмонов гуфтанӣ аст ки занҳои мо бадахшониҳо ҳамеша сарлуч буданд, акнун дар пайравӣ аз занҳои мақомоти фиристодаи ту, ки ҳамагӣ аз ҳаммаҳалҳои худат иборатанд сатру ҳиҷоб мегиранд. Хафа нашав, фарҳанги сатру ҳиҷобро ба Помир ҳаммаҳалҳои зердасти худат оварданд.

Аз тарафи дигар бузии Ато Мирхоҷа аз болои мардуми худаш ба Раҳмонов аст, ки ҳарчи қадар ту сатру ҳиҷобро фарҳанги бегона мехонӣ, аммо дар Помир онро реклама мекунанд ва ҳеҷ бадахшие, ҳатто Алишер Мирзонаботи кегебешник, ки раиси вилоят мондаӣ эрод намегирад, чи расад ба занҳои хоруғӣ.

Дар инҷо Ато Мирхоҷа худро дар сифати як саги бугир ба Раҳмонов нишон дода истодааст, ки чи гуна вафодори вай ва сиёсатҳояш аст.

 Охир ту чи кор дорӣ, ки кӣ чи мепушад? Сарулибоси як шахс ба ту чи дахл дорад. Магар барои пушидани либоси як нафар нафари дигар бояд тасмим бигирад? Агар сарулибоси занҳои мақомот дар Бадахшон лучу бараҳна бошад, чи мешавад ва агар пушидаву мастур бошад чи мешавад?

Вале як нуктаи ҷолиб дорад ин навишта. Мегуяд, ки ин хурофот аст. Вой бар ҳоли чунин шоиру нависанда, ки фарзи худоро, ҳукми шаръиро аз хурофот ва таассуб фарқ карда наметавонад. Ва боз аз пешвояш зикр мекунад, ки ҷанги шаҳрвандӣ натиҷаи хурофт буд.

Э, марги ту барин шоир. Мур ба ин ҳолат. Ту барои Раҳмонов аз болои қудратиҳое, ки худаш таъин кардааст, бузӣ карда истодаӣ.

Ҳайфи ту,туф бар ту!

Нуктаи ҷолиби дигар ин навишта он аст ки мегуяд: «Инҳо занону духтарони кормандони мақомоти қудратианд, ки ҳоло дар шаҳри Хоруғ бисёранд.»

Ба калимаи «бисёр» мутаваҷҷеҳ бишавед. Мирхоҷа, маълум нест, хоста ё нохоста тасдиқ кардааст, ки дигар ҳама қудратиҳо, ҳади ақал бисёриашон омадаанд, ҳаммаҳалҳои худи Раҳмонованд, ки зуд бегона буданашон маълум мешавад, чун муҳаҷҷаба ва сатрпушанд ва ҳамин «бисёрӣ»-и онҳо таваҷҷуҳи Мирхоҷаро ҷалб кардааст.

Инҷо Ато Мирхоҷа дуруст мегуяд, ки қудратиҳои Раҳмонов дар ҳақиқат на фақат дар Хоруғ дар тамоми ноҳияҳои кишвар бисёрианд, ки зуд ба чашм мехуранд. Чунки ҳам барои Хоруғ ва ҳам барои дигар ноҳияҳо «бегона»-анд ва ҳамин бегонагиашон аст, ки дидан замон ташхисашон мекунед, ки омадаҳо ва ба гуфти мардуми хуҷандӣ сойкелдиҳо.

Ҳамин сойкелдиҳо ҳатто ба ҳамин Ато Мирхоҷаи тамаллуқкор нафораманд ва нафоридаанд ва вай роҳи чораро ба фурӯхтани онҳо аз ин роҳ пайдо кардааст, то Раҳмонов онҳоро аз Хоруғ берун барад вагарна онҳо занҳои бадахширо бо вируси хурофот заразит мекунанд.

Бори дигар ҳайф бар ту Мирхоҷа ва туф бар ту!

Share This Article