Номаи адвокатҳои Конибодомӣ ба мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет”

Мо адвокатҳои шаҳри Конибодом аз корҳои ғайриқонунии Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода Илҳом Ҳамид бо аризаи дастаҷамъонаи худ ба мақомотҳои давлатӣ муроҷиат намудем. Аризаи мо баррасӣ шуд, лекин нисбати Раиси суд Саидзода И. кадом чорае андешида нашуд.

Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.  баъди сеюмин муроҷиати дастаҷамъонаи мо ба ҳамаи мақомотҳои давлатӣ, мо адвокатҳои шаҳри Конибодомро ба назди худ даъват намуда, ба мо таҳдид намуда талаб кад,ки аризаи навиштаамонро рад намоем, ва гӯем,ки мо аз болои Саидзода И.  навиштагӣ нестем. Гуфт, ки ба ман хаттӣ нависед”, агар нанависед,таҳдид намуд ӯ   ман ба ҳамаи шумо нишон медиҳам”. Ба назди мо кормандони ШВКД‑и шаҳри Конибодом, кормандони шўъбаи амнияти шаҳри Конибодом ва сарвари Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом омада нибати мо зӯроварӣ намуда ва суханҳои қабеҳ гуфта маҷбуран аризаи ҳамаи моро гирифтанд. Дар ариза навишта додем, ки аризаи дастаҷамъонаро мо навиштагӣ нестем, аз номи мо дигар нафар навиштааст ва ин имзоҳои мо нест.

Баъди ин кори ғайриқонунии раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. дар идораи Суди шаҳри Конибодом сӯхтор ба амал омада ду утоқи кории суд, утоқи кории судя Ғаффорзода А. ва утоқи кории ёрдамчии Раиси суд Ваҳҳобзода Ғ. Оташ гирифт. Дар утоқи кории судя Ғаффорзода А. парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ сўхта нобуд шуданд. Раиси суд Саидзода И.Х. ҳамаи адвокатҳоро ба назди худ даъват намуда, аз мо хоҳиш намуд ки барои аз нав барқарор кардани парвандаҳо ёрӣ диҳем ва ба мо ваъда дод, ки ҳамаи аризаатон аз ин рўз қабул шуда, ҳамаи онҳо қонеъ карда мешавад. Мо ёрии худро дода барои барқарор кардани парвандаҳо ёрдам додем. Ду парвандаи ҷиноятӣ ҳоло ҳам барқарор карда нашудааст. Лекин ба ваъдаи худ вафо накард. Баъди гузаштани ин корҳо Раиси суд аз мо барои ҳалли баҳси оилавӣ, ҷиноятӣ ва гражданӣ пул талаб намуданро оғоз кард. Ба назди мо ёрдамчии худро мефирсонад ва барои ҳалли масъала пул талаб менамояд.

Ҳамин чанд рӯзи пеш котибаи Раиси суди шаҳри Конибодомро барои гирифтани пора дастгир намудаанд ва он духтар 12 рўз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд маҳкам кард. Вале бо ёрии пуштибонҳои Раиси суд Саидзода И.Ҳ  нисбати котибаи Раиси суди шаҳри Конибодом Назирзода Сабрина Қосимӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашуд. Раиси суд Саидзода ба котибаи худ супориш додааст, ки аз аризадиҳанда 15000 доллар оварда ба судя Ҷуразода Ҳикматулло диҳад. Вақте ки ин корманди суд пулро мегирад кормандони коррупсияи ҷумҳурӣ дастгир мекунанд.  Дар моҳи декабри соли 2019 як корманди суди шаҳри Конибодом барои гирифтани пора дастгир карда шуда буд. Он ҳам бо супориши Раиси суд рафта буд.  Раиси суд Саидзода И. он духтарро низ аз дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ берун овард ва нисбати он корманд парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шуд. Судяҳои суди шаҳри Конибодом бо роҳбарии Раиси суд Саидзода Илҳом Ҳамид аз корафтодагон барои ҳалли масъала пул талаб менамоянд. Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. пуштибонҳои худро дорад.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Шоҳиён раиси суди шаҳри Конибодомро пуштибонӣ менамояд. Раиси суд Саидзода И. бо Раиси суди Оли Ш.Шоҳиён дар суди шаҳри Норак кор ва фаъолият намуда буданд. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Шоҳиён шогирди худ Саидзода Илҳом Ҳамидро аз ҳама тараф дастгирӣ мекунад, аз корҳои ғайриқонунии Раиси суди шаҳри Конибодом бохабар бошад ҳам, мисли талаб намудани пора ва гирифтани пора, се зан доштани он кадом чорае намеандешад. Раиси суди шаҳри Конибодом дар шаҳри Конибодом бо як духтар оиладор шуда ба ў як хона харида додааст. Оилаи дуюмаш дар шаҳри Хуҷанд мебошад ва аз ў ду фарзанд  дорад. Оилаи якумаш бошад дар зодгоҳаш дар ноҳияи Восеъ қарор дорад ва аз вай панҷ духтар дорад. Инро ҳама медонанд, лекин ягон мақомот нисбати Саидзода И. чора намеандешанд. Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. ба шаҳрвандон бар ивази пул телфонҳои одамонро деталисатсия карда медиҳад.  Ин ҳам яке аз корҳои ғайриқонунии Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И. мебошад. Аз шаҳрвандони корафтода аз 1000 сомонӣ то 50000 сомонӣ пул мегирад, барои ҳал намудани корҳояшон.Яъне барои аз адои ҷазо озод кардани онҳо пулҳои калон талаб карда мегирад. Бо ёрии котибаш Маҳкамов Меҳршод аз адвокатҳо ва шаҳрвандон пулро мегирад. Идораи судро ба як корхонаи бизнеси худ табдил додааст. Шаҳрвандони шаҳри Конибодом ва адвокатҳои Конибодом аз дасти Раиси суд Саидзода И. ба дод омадаанд.

Мо адвокатҳои шаҳри Конибодом се маротиба ба Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда будем. Лекин ягон чора дида нашуд. Мо ба чанд сомонаи Тоҷикистон ва берун аз он муроҷиат намудем вале ба чопи матлаби мо ҷавоби рад доданд.

Баъд ба сомонаи “Isloh.net”муроҷиат намудем, ки онро чоп намуд. Сипос аз шумо.

Ps: Пойгоҳи “isloh.net” ҳамеша дар хидмати ҳама қишрҳои ҷомеа ва мардуми шарифи кишвари азизамон ҳаст. То имрӯз ба ҳеҷ таҳдидгар ва зӯргӯе сари таслим фурӯд наовардааст. Расонаи мустақил бояд рисолати аслии хешро ба ваҳҷи аҳсан ва накӯ анҷом диҳад.  Расона, таҷассумгари ҳол ва вазъи кишвар ва миллат аст ва дар роҳи адолат ҳамеша пешгом бояд бошад.

Total
14
Shares
Матолиби ҳамсон