Номаи Далери Имомалӣ аз зиндон  ба “Пешво” буд ё ба ману ту ?    

Ислоҳ нет

  Нома задан ба Раҳмонов баробар аст ба нома задан ба як ғайринсон, ба як дарранда ва ба як ҷаллод. Нома задан ба ғайриинсон, ба дарранда ва ба як ҷаллод чи медиҳад?  Ҳеҷ! Аммо Далери Имомалӣ, ин хабарнигори зиндонӣ магар ҷое дигар барои муроҷиат дорад? Вай то ҳамин дирӯз ҳамроҳи дигар ҳамкорону ҳампешаҳояш буд ва медонад, ки Раҳмонов дар фикру андешаи ин тавр чизҳо нест. То ба ҳол ба кадоме аз ин намуна номаҳо посухе дода буд, ки ба ин нома посух бидиҳад.

Аммо ҳолу рӯзу вазъаш бад аст. Чунки бе ҳеҷ гуноҳе бояд даҳ сол дар зиндон бошад. Дар ҳоле, ки тамоми талошашро мекард, ки барои зану фарзанду падару модар як лаб нони бе миннат бибарад, ҳоло дигар сарбории онҳо мешавад. Барои ҳамин аст ки ночор қалама коғаз гирифтаву ба Раҳмонов нома навиштааст ва ҳам навиштааст, ки «нома аз фарзанд». Фикр мекунед ин «падари миллат» ва ин пешво эътино мекунад? Агар ин пешво эътино мекард, сияҳноманависон аз Хадамоти алоқа, яъне кормандони Бег Сабур, қудаи Эмомалӣ Раҳмонов бардуруғ наменавиштанд, ки Далери Имомалӣ аз шабакаи Ютуб 900.000 гонорар гирифтааст.

“Далери Имомалӣ нусхае аз номаашро ба унвони нашрияҳои чопи Душанбе ҳам ирсол кардааст, аммо ҳеҷ яке аз онҳо, ба истиснои «Азия плюс» ҳеҷ кадоме аз онҳо мунташир накарданд. Нахостанд, ки «дар бало» монанд, балки ин нашрияҳо, ки худро мустақил меноманд, барвақт ба филиали «фабрикаи ҷавоб»-и КДАМ бадал шудаанд.”

Аммо, мо бояд ба ин паёми Далери Имомалӣ мутаваҷҷеҳ бишавем, ки мегуяд ҳар аз гоҳе наворе бо сару калаи мо хабарнигорони зиндонӣ интишор шуд, ягон майда бовар накунед, чун ин ҳама сабту наворҳо таҳти шадидтарин таҳдиду шиканҷаву фишор рӯйи кор омадааст.

Далери Имомалӣ ва Завқибеки Сайидаминӣ, ки ӯ низ мегуяд ба додгоҳи таҷдиди назар ва ё ҳамон кассатсионӣ шикоят бурдааст, номаҳояшонро аслан ба мо навиштанд, чун медонанд, ки Раҳмонов дар фикри анҷоми корҳои бисёр бадтар аз ин аст.

 ” Мо бояд ба ҳар қимате шуда, ҳатто бар қимати ҷону омадан ва ё овардани Рустами Эмомалиро бигирем. Бояд мо ватанамонро, мардумамонро, зиндониёнамонро, ҳамин Далери Имомалӣ, Завқиеки Сайидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдуллои Ғурбатӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммад Султонов ва низ дигарҳоро наҷот диҳем, халос кунем. Мо бояд Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки бист сол мешавад дар зиндон аст, Зайд Сайид ,ки даҳ сол мешавад дар зиндон аст, Сайидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода ва даҳҳову садҳои дигарро, ки бидуни кадом гуноҳе заҷри завлонаву кунҷи зиндон мекашанд, наҷот бидиҳем.”

Аммо чи тавр? Тавраш ин аст ки мо бояд шикаста нашавем, нашиканем, қоим ва устувор бошем, идома бидиҳем, мунсариф нашавем. Садҳазор бор бигуем, ки шикаста нахоҳем шуд, мо мубориза ва муқовимат мекунем, гардан нафарорем, «сдаваться» накунем, бой надиҳем.

Бахудо қасам, мақсади Раҳмонову дору дастааш ҳамин аст. Вай дар айни мусибат ва андуҳи миллат тую тамошо мекунад. Дар тамоми кишвар рӯзи парчам доир кард. Хабарҳо мерасад, ки ҳатто дар деҳаҳо талабаҳои мактабҳоро ба кучаҳо бароварда дар дасташон парчам ва портрети бузурги худашро дода парад гузаронд. Ин пирхар дар фикри нома ва дар фикри онки зану бачаи Далер ва ё Ғурбатӣ чи мехурад, чи рӯз дорад нест.

“Далери Имомалӣ менависад, ки ман дар тамоми умрам 900.000 нагирифтаам. Ин чи маъно дорад? Ва. чаро Далер ин гапро гуфт? Чунки дар айбномааш ҳамин гуна далели дуруғӣ овардаанд. Яъне ин дуруғе аст ки бар муқобили Далери Имомалӣ далели шайъӣ кардаанд.”

Далер мехоҳад бигуяд, ки эй, онҳое, ки дар озодиед, бубинед, ки барои онки маро «тюрма» кунанд, чи дуруғеро далел кардаанд?

Далели дигарашон ин аст ки бо кадоме аз Гурӯҳи 24 гап задааст. Магар гап задан, бигзор, террорист гуноҳ аст? Дар ҳоле, ки муҳтавои ин суҳбат маълум нест, ки чи буд? Шоядам Далери Имомалӣ гуфт, ки биёед, бас кунед, баргардед ба ватан? Аз тарафи дигар, бубинед, ки имрӯз худи Эмомалӣ Раҳмонов бо террористҳо, террористҳое, ки дар листи ООН террорист шинохта шудаанд, дар Русия террорист шинохта шудаанд, дар Амрико террорист шинохта шудаанд, доду гирифт дорад. Барқи мардуми тоҷикро гирифта ба ин террористҳо фурӯхта истодааст. Агар аз руи ин мантиқ нигоҳ  бикунем, пас ин Раҳмонов аст ки бо террористҳо ҳамкорӣ ва на танҳо ҳамкорӣ, ба онҳо кумак карда истодааст. Шамсулло Соҳибови домодаш садҳо ҳазор тона ангишт ба Толибҳо фурӯхт ва фурӯхта истодааст, чаро ӯ террорист нашуд?  Ҳол бо як –ду калом радду бадал кардани Далери Имомалӣ бо Гурӯҳи 24, ки ҳазорҳо километр аз Тоҷикистон фосила дорад, чи амали террористӣ анҷом дода шуд, ба амал омад? Албатта, ин ҳама масхараву мазоҳу дуруғ аст, ки барозанда ва муносиби як давлат нест, агарки дар воқеъ ин як давлати собит ва муҳкам ва бо ройу иродаи мардум сохта ва амал мекарда бошад. Азбаски аз одитарин садо, аз одитарин интиқод, аз одитарин ҳақиқат метарсад, мехоҳад бо саркуб, зиндонӣ кардан ва тарсонидан моро шиканад, яъне мардумро, миллатро зери по кунад.

“Аз инҷост ки мегуям бояд мо шикаста нашавем, нагузорем, ки ба мақсадаш бирасад, идома бидиҳем, мубориа ва муқовиматамонро, даст ба дасти ҳамдигар бидиҳем ва тамоми мухолифат, озурдагӣ ва ҳама қаҳрамонро бигзорем канор ва то замоне, ки ин пирхар аз қудрат наравад ба ин ҳама мунозиъа ва муноқишаҳои дохилӣ моратория эълон бикунем.”

Бовар кунед, номаи Далери Имомалӣ ин номаи як зиндонӣ нест, ин номаи тамоми зиндониҳо, ҳатто онҳое,  ки дар озодиянду бадтар аз зиндониҳо мурдамурда зиндагӣ мкунанду дилу ҷонашон, лавлав дар мегирад аст. Ин номаи тамоми миллат ва мардум ва ватан аст.

“Бубинед, ҳоло, билфарзе, агар Далери Имомалӣ 900.000 ҳам гирифт, масалан ба Раҳмонов чӣ? Ин пулро аз ҷайби кӣ гирифт? Пули мардум аст ки аз роҳи Душанбне-Хуҷанд чид? Пули лабораторияҳои Фароз аст? Пули справкаҳои синфҳои якум аст, ки даҳҳо миллионро ташкил медиҳад? Пули кӣ аст?  Пули онҳо нест ку? Пули бюҷети Тоҷикистон нест, ку, ки биравад ба Фонди Раҳмонов,  ба Фонди пешво, ки бигираду бидуздад. Ҳамин тавр не?”

Пуле, ки Далер ҳалол кор кард, пуле, ки, бале, Далер ҳалол кор кард. Пас, Далер чаро ин пулро нагирад? Бигзор 900.000 неву 90 ҳазор  бошад. Магар ҳаҷми ҳақи қалами Ютубро  Далер муқаррар кард, ки барои ман ҳамин қадар бидиҳед? Ин Ютуб, ки на танҳо ба Далер, ба ҳама, ба ҳазорҳо ва миллионҳои дигар ҳам медиҳад, ку?

  Дар куҷои дунё суроғ доред, ки барои пули Ютуб зиндонӣ бикунанд?

Дар куҷои дунё дидаед, ки барои гап задан, ҳато бигзор,бо террорист ва он ҳам бо телефон ва дар масофаи беш аз 4.000 км, зиндонӣ кунанд? Магар барои гумону хиёл, барои шакку шубҳа, барои як суҳбати телефонӣ нафар бояд зиндон бишавад? Ва, он ҳам барои 10 сол!!!

 Далер чи гуноҳ кард?

Магар бо як мухолиф суҳбат кардан ҷиноят ба ҳисб меравад? Ҳоло, ин шумоед, ки Гуруҳи 24ро террорист шинохтаед, аммо дар куҷо амали террорисӣ анҷом доданд, куҷоро тарконданд? Охир, ин як дуруғи худи Раҳмонов нест? Боз барои дуруғ бигиру инсонҳоро барои онки бо дуруғ суҳбат кардааст, зиндонӣ кун. Дар воқеъ ин чи давлатеву чи давлатдориву чи сиёсате аст? Ва, он ҳам чи суде, суд пушти дарҳои баста.

Далер мегуяд ҳар ончи аз ман ва аз дигарҳои чун мани зиндонӣ мешунаведу шунавидед, бовар накунед. Зеро муфаттишҳо заданду куфтанду сабт карданд.

Э, мардум! Чаро бояд ҳамнавъи мо, бародари мо, хоҳари мо, падари мо шиканҷа ва зиндонӣ шавад?

Э, мардум, охир бас будагист. Бас нест магар?

Мо бояд дасти ҳам бигирем. Бархезем, қиём кунем. Мо бояд худамонро муҳофизат кунем, наҷот диҳем. Мо бояд аз ин зулумот берун оем.

Сабру тоқат ҳам ҳадде дорад.
Чун Раҳмонов ва дору дастааш ҳарф ҳолашон намешавад.

“Мутмаинан Рустам бадтар ва сахттар ва зишттар ва даҳшатноктар хоҳад кард. Вай, ки ҳатто газидани мурчаро ҳис накардааст, вай, ки серу пур калон шудааст, вай, ки аллакай дасташ ба дуздӣ рост шудааст, вай, ки дигар ҳазорҳо духтари маъсумро нодухтар кардааст фардо агар раиси ҷумҳур шуд бо ин мардум чи кор мекунад? Мо, набояд гузорем, ки Раҳмонов ба ин мақсади нопокаш бирасад.”

Номаи Далери Имомалӣ ин як номаи одӣ нест, дард аст, сузи ҷон аст, даъват ба инсофу адл аст. Дидему дида истодаем, ки садоҳоро дар гулу дар ҳалқу комамон шикаст, худамонро шикаста истодааст, хонаамонро сухту сухта истодааст.

 Э, мардум чаро мо аз як бепадари валадуззино метарсем?

Бахудо қасам, ҳоле мо дорем ҳатто ҳайвонҳо дар ҷангал надоранд. Охир, мо одам нестем?

Инҳо чи коре дилашон хоҳад карда истодаанд. Таҳқир, туҳмат, задан, куштан, зиндонӣ кардан. Барои озмоишу санҷиши тоқату таҳаммули мо ҳама корро карданд. 

40 сол муаллим аст, категорияи олӣ дорад, ду баст кор мекунад, 1800 сомонӣ маоши моҳиёнааш аст.

Дар ҳоле, ки бубинед Рустаму Заринаву Таҳминаву Озодаву Фирузаву Исмоилу Сомонӣ чи кор карда истодаанд. Завод,  фабрика, бозор самолет, банк, артиши шахсӣ. Аз куҷо? Исмоил ҳоло спонсори дзюдои Тоҷикистон шуд. Аз кадом пул? Бале,100% дуздии бюҷет, ғорати тоҷирон, тасарруфи амволи дигарҳо, ришвату пора аст.

Раҳмонов мегуяд миллиону анд миллион ангиштсанг (кумур) истихроҷ ва содирот намудааст. Вале нагуфт, ки аз ин ҳама чи миқдор  бюҷет даромад гирифт ва ё Шамсулло ва ё Бег Сабур? Нагуфт, ки ҳоло як кг ангишт якуним сомонӣ шудааст, дар ҳоле, ки он солҳо «копейка» буд, чунки Шамсуллои домоди Раҳмонов нагирифта буд, аз они давлат буд. Ҳоло давлат ва моликияти мардумро дуздида истодааст.

“Мо, амалан ба ғулом, ба гладиаторҳо мубаддал шудаем. Худамон ба худамон мегуему менависем. Тамом. Раҳмонов ҳамаро задагӣ. Аз вай инсофу адл талабидан аз гови нар шир ва аз хурус тухм ва аз биёбон барф хостан аст.  Зеро чоплусони тардомане ба мисли Абдулло Раҳнамо дигар хел замзама мекунанд. Онҳо Раҳмоновро ҷанобу пешвову асосгузору мегуморнад ва ҳар ғалати вайро айни ҳақиқат ҷилва медиҳанд. Абдулло Роҳнамо ва Ато Мирхоҷа ва лесаконе чун онҳо мегуянд, ки пешво кори шумо дуруст аст. Намегуянд, ки пешво кори нодуруст кардӣ. Ин беномусон ҳатто як бор ҳам шуда эътироз не, ҳамин тавр, дар омади гап, вақте аз пешво мадҳу ситоиш мекунанд, ин тарафи кори пешворо намегуянд, намебинанд, фаромуш мекунанд. Дар ҳоле, ки инҷо ҷонҳо дард мекунад, инҷо сарҳо кубида мешавад.”

Пешво мехоҳад, ки на танҳо ин журналистон, балки ҳама тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамин тавр бошад. Дамбадарун, сокит, тарсхурда, Гуфт, ку дар кори давлат қуш шудӣ, тамом.  Бояд тамоми Тоҷикистон кубида бишавад, куфта шуда бошад, қима, реза бошад. Пешво барояд болои ҳама даст алвонҷ диҳад, кун ҷунбонад,..хуллас рақсу бозӣ кунад. Роҳнамо ҳам гуяд, ки пешво ину он кард, пешво моро сохт, воҳиди сиёсиву фарҳангиамон кард. Хулоса,  ба гуфтаи Роҳнамо ва роҳнамоҳо пешво баъди ҳазор сол ҳама тоҷикҳоро кард. Вале ҳанузам муродаш ҳосил нашудааст, бояд идома диҳад. Мехоҳад, ки минбаъд писараш кунад. Гуйу майдону эстафатеро, байрақро якҷо бо абдуллороҳнамоҳо, атомирхоҷаҳо ва амсолҳум биспорад ба Рустам.

Ва, ин Рустам ҳам, дидем, ки ба номаи Аҳмади Иброҳим барои раҳоии Шоҳида Мамадҷонова ақалан «плюнут» накард.

Барои ҳамин мегуям, ки на пешво, на Рустам ба номаҳои мо, агар аз даруни гур ҳам нависем, ҷавоб намедиҳад.

“Аҳзобро мутафарриқ, шахсиятҳоро зиндонӣ кард ва кушт, нашрияҳор баст, журналистонро водор кард ба тарки кишвар, ҳоло акнун террористнавозӣ дораду дар зиндонҳо ҳам кушту дунёро барои худаш тахлия ва роҳат кард. Акнун бояд почакҳояшро дароз кунад, дигар роҳат пул ҷамъ мекунад. Ва афроде амсоли Далери Имомалӣ ва бақия ва дар умум ҳар касе аз мо пашаҳоем садоямон ба гушаш ғингғинг аст ва бояд пачақ кунад.”

Эй,мардум, Шумо ин номаро саҳлу сода нагиред. Ин нома аз умқи ҷони як бародари мову шумо, ки то дирӯз талош мекард як зарра ҳам шуда аз дарди мову шумо бикоҳад, нома аз нафаре, ки дуздӣ накард, нома аз як нафаре, ки саъй кард ҳалолу дуруст луқма ба даст оварад, омадааст. Вай бо ҳазорон умеду бо ҳазорон интизорӣ навиштааст. Вай, ки оппозитсия нест, вай, ки рақиби сиёсӣ нест, вай, ки талоше барои ҳатто бригадир шудан накардааст, чаро бояд 10 сол дар зиндон бошад?

  “Раҳмонову дору дастааш, ба шумули ҳамин абдуллороҳнамоҳо сиёсати тарсу ваҳшатро мехоҳанд дар қалбу руҳи мо ва мардуми мо ҷойгир кунанд, то шикаста бишавем. Мо бояд бигуем, ки на. Мо шикаста намешавем, шикаста нашудаем, мо ниқору қасоси далерҳоро, ғурбатиҳоро,  сайидаминиву улфатхонумҳоро хоҳем гирифт. Мо иҷоза ва имконият нахоҳем дод, ки Раҳмонов Рустамро оварад. Мо тоҷикем, тоҷики сарбаланду саркаш ва мағрур.”

Номаи Далери Имомалӣ бояд моро ба таҳрик ва ҷунбиш оварад…

Ва,ин аст номаи Далери Имомалӣ, ки Азия плюс ва бархе дигар аз нашароти электронӣ  интишор кардаастро пешниҳодатон мекунем:

Дуруд ба Шумо. Аз маркази Душанбе, “Тавқифгоҳи тафтишотии 9/1 СРИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Ман “маҳкумшуда” бо моддаҳои 259 қисми 2, 346 қисми 2, 307 иловаи 3 қисми 2 Бобоиев Далер (Далер Имомалӣ).

Ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур аз санаи 17-уми октябри соли 2022, ки нисбати ман 10 (даҳ) соли маҳрум аз озодиро татбиқ намудааст, эътироф  намекунам. Зеро рафти тафтишот ва суд аз дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд иборат буд. Талош мекунам дар шакли кутоҳ ба Шумо бирасонам.

Умедворам муҳтарам Президент, ки Шумо ҳамеша ҷонибдори ошкорбаёнӣ ҳақ гуфтан ва озодии ВАО ҳастед, ба ин парвандаи сохта таваҷҷуҳ мекунед.

Моддаи 307 иловаи 3 қисми 2, ки ҷонибдорӣ, ҳамрайъӣ ва иштироки фаъол дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар кишварро манъ мекунад, аз ҷониби муфаттишони ноҳияи Шоҳмансур ба ман татбиқ шудааст, пурра туҳмат мебошад.

Тамоми баҳси ин модда сари ҳамагӣ 10 (даҳ) ҷумлае меравад, ки дар мессенҷер суҳбати катбӣ шудааст. Ин суҳбат аз тарафи ман бо як блогери фаъол сурат гирифтааст, ки то замони тафтишот ман намедонистам, ки ӯ аъзои гуруҳи мамнуи “24” аст. Зеро дар рафти суҳбати мо умуман аз ин гуруҳ чизе ёд нашудааст. Дар акси саҳифаи ӯ низ ягон нишона аз ин гуруҳ набуд. Мазмуни асосии суҳбати мо сари он аст, ки асри 21 асри технолоҷӣ аст ва бояд ҳама гуна эътирозу шикоят ва гирдиҳамоӣ дар интернет бошад. Мардумро дигар кӯча даъват накунем.

Маҳз ҳамин мантиқи суҳбат гуё ба гуфти коршиносони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров К. ва Махатов Ботир муҳтавои ифротгароӣ доштааст. Агар ман медонистам, ки ҳамсуҳбати мо Вайсиддин Одинаев аъзои “24” аст, ҳеҷ гоҳ суҳбати катбӣ намекардам. Ин суҳбат ҳамагӣ як маротиба аст.

Дар кадом асос ҳукми суд маро аъзои ин гуруҳ  донистааст, намедонам. Ман ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизбу ҳаракат набудам ва намешавам. Далели суд барои аъзои гуруҳи мамнуи “24” будани ман ягон ҳуҷҷат, аснод, факте нест, танҳо ҳамагӣ як суҳбати 10 (даҳ) ҷумлагӣ, ки дар замима пешниҳод мекунам.

Муҳтарам президент ва аҳли ВАО чанд далели мантиқие, ки ман аъзои ин гурӯҳи ифротӣ нестам:

  1. Чаро ман, ки агар аъзои ин гурӯҳ бошам, то ҳол аз кишвар берун нашудам. Дар ҳоле ман ҳар сол як то се маротиба ба сафарҳои эҷодӣ берун аз кишвар мерафтам.
  2. Агар ман аъзои ин гурӯҳ мешудам, чаро ин сӯҳбати катбиро тоза накардам?
  3. Агар ман аъзои ин гурӯҳ мешудам, чаро телефон ва саҳифаҳои иҷтимоиямро дигар накардам?
  4. Дар куҷои ин сӯҳбати мо ҳамраъйии ин гурӯҳ аст?

Ман ҳеч гоҳ ҷонибдори ин ва чунин гурӯҳҳои сиёсӣ нестам. Зеро позитсияи ман ба мушкилот ва иҷтимои кишварамон чун рӯзноманигор аст. Танҳо аз ҳамин сӯҳбати 10 (даҳ) ҷумлагӣ ман 7 (ҳафт) сол аз озодӣ маҳрум шудам.

Баҳси моддаи 259 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пурра сохта ва тӯҳмат мебошад. Тибқи санади сохтаи Хадамоти алоқа, ки аз ягон барномаи компютерӣ ё шабакаи интернетӣ истифода нашудаасту танҳо ҳавоӣ зарбу тақсим шудааст, гӯё ман беш аз 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомонӣ кор кардаам. Асли воқеа, ки худи барномаи Ютуб инро пешниҳод мекунад, ман ҳамагӣ 8 600 (ҳашт ҳазору шашсад) доллари амрикоӣ кор кардаам. Саҳифаи зарбу тақсими Хадамоти алоқа ва пешниҳоди Ютубро замима мекунам.

5.Муҳтарам президент ва аҳли ВАО чанд далели мантиқие, ки ман миллионер нестам!

1. Агар ман ин 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомониро аз Ютуб кор карда бошам, тавассути кадом бонк онро дастрас кардаам? Ё аз дасти кӣ гирифтаам?

2. Оё муҳтарам муфаттиш ва суд ба далелҳои ҳавоии Хадамоти алоқа бовар карда, чаро аз хизмати IT-технолог истифода набурданд?

3.Ин миллионро агар ман гирифта бошам, куҷо сарф кардам? Хона, мошин, сарват – чизе надорам!

Ман бо даъвати Кумитаи андоз, ки 04-уми июн ба ман расидааст, санаи 14-уми июн дар Хадамоти алоқаи ш. Ҳисор ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта ва омода будам аз 8600 доллар андоз супорам.

5. Қисми 2-и моддаи 259 зарар бояд бо 128 ҳазор сомонӣ бошад, аммо зарар чи, ки умуман фоидаи ман то ин ҳад маблағ намерасад.

Баҳси моддаи 346 қисми 2 низ, ки гӯё ман хабари бардурӯғ оид ба фаъолияти муовини раиси н. Шоҳмансур расонида бошам, пур аз духӯрагиҳо аст. Даъвогар Тоҳир Қаюмов ба ҳодисаи як сол пеш рух дода, нав аризаи шикоятӣ навишт. Дар ҳоле, ки баҳс баъди шикояти шифоии Қаюмов дар идораи амнияти ш. Душанбе ҳалшуда ба ҳисоб мерафт ва видеои мазкурро ман аз саҳифаам тоза кардаам.

Ин модда низ нисбати ман сохта аст.

  1. Агар ман дар видеоям хабари бардурӯғ расонида бошам, он видео аз тарафи сокинони кӯчаи Шодии н. Шоҳмансур сабт шудааст на ман.
  2. Ман ҷаноби Қаюмовро таҳқир карда бошам барои ин хатоям ман аз Қаюмов узр пурсидам ва видео ҳануз як сол пеш, моҳи сентябри 2021 аз саҳифаи ман пок шудааст.
  3. Чаро дар вақти ҳодиса сентябри 2021, ки ба қабули худи Қаюмов Т. рафта будам, барои шарҳи воқеа эшон маро ба ҳузур напазируфтанд?

Рафти суд низ духӯрагиҳои зиёд дошт, ки ҳоло муфассал чанд ҳолатро шарҳ медиҳам.

  1. Матни ҳукми судӣ пурра аз парвандаи тафтишотӣ нусха шудааст.
  2. Нишондоди шоҳидон, ки пур аз духурагӣ буд, дар ҳукми суд умуман оварда нашудааст.
  3. Чаро ҷараёни суди мо дар ҳузури ВАО нагузашт?
  4. Чаро то вақти суд қариб 3 моҳ нагузоштанд, ки мо наздиконамонро бубинем?
  5. Чаро далелҳои мо пешоварда дар ҷараёни суд ба инобат гирифта нашуд?
  6. Магар ману дигар ҳамкасбонам аз террористӣ дар ДОИШ иштирок карда Парвиз Саидраҳмонов хавфноктарем, ки суди ӯ дар толори суд гузашту аз мо дар дохили тавқифгоҳ?

Аз ҳамаи Шумо, муҳтарам аҳли ВАО ва Президенти кишвар хоҳиш мекунам, ки ба қазияи ман ва дигар ҳамкасбонам бетаваҷҷуҳ набошед. Мо қурбонии бозиҳои як гуруҳи тоҷирон шудем. Шахсан ман, ки то ин вақт 28 ҷоизаву 3 диплом аз дохил ва хориҷи кишвар дар умри 35-солаам дорам, камтарин хизмат барои Ватан аст.

Зинда бод сулҳу субот ва оромиш дар дунё ва Тоҷикистон. “Ватан дигарай”.

Далери Имомалӣ 18.11.2022 сол  

PS: Бо иштироки ман ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода агар ягон видео нашр шавад, пешакӣ хабар мекунам ба ягон ҷумлаи он бовар накунед. Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) аз тарафи капитан бори аввал сабт шудааст.

Бори  дуввум боз бо иштироки ҳамин капитан, ки худашро корманди (контр-разведка) ба ман муаррифӣ карда буд, сабт такрор шуд.

Дар ошхонаи “Тавқифгоҳи тафтишотӣ”-идома ёфт. Ин навбат шояд иштироки Нусратулло Маҳмудзода буд, ки рафти сабт дашном накарданд. Умуман ба ягон ҷумлаи ман дар он навор хоҳиш бовар накунед, чун матн пешакӣ чоп шуда буд.

Хоҳиш, се фарзанди маро зинда ятим накунед!

Хоҳиш, мо нафарони эҷодкорро дар муассисаҳои ислоҳӣ баробари (дузд, қаллоб, одамкуш) набаред!

Хоҳиш, ҷурми 307-ро кам кунед(м), ки аксарият инҷо ҷавони зери 40-солаанд.

Хоҳиш, хатои сиёсии солҳои 30-юми асри 20-ро такрор накунем!

Хоҳиш, агар ҳақиқат ҳаст, марҳилаи баъдии судиро бо ҳузури ВАО гузаронед.  

Share This Article