Номаи доди додрасҳои Тоҷикистон ба Э.Раҳмонов

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон

Номаи доди додрасҳои Тоҷикистон

 

Муҳтарам Президент, ноадолатиҳое, ки дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ меояд мо як гурӯҳ судяҳои  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор кард ба Шумо  муроҷиат намоем. Намехоҳем мактуби кушодаи мо боиси озурдахотирии Шумо гардад, вале танҳо Шумо  метавонед ба ин мушкилии пешомада ҳусни хотима гузоред.

Шумо пайваста дар баромаду вохуриҳои худ дар мавриди сиёсати кадрӣ сухан ронда, аз дастгирии ҳамешагии кадрҳо таъкид менамоед.

Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат баъди аз ҷониби Шумо ба ин мақом таъин гардиданаш фазои носолимеро дар ин мақом ба вуҷуд оварда, боиси ташвиши зиёди рӯҳӣ ва маънавии кормандони пуртаҷрибаи ин шохаи ҳокимият гардидааст.

Хабарҳое, ки имрӯзҳо оиди кирдорҳои муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат ба гуш мерасад, асоси воқеӣ дошта, бо далелҳо тасдиқ шуда, айни ҳақиқатанд.

Ҳамзамон, аз Шумо хоҳишмандем, ки вақте ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти  давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ  нафареро таъйин мешаванд, ҳолатҳои мавҷуд будани маълумоти бадномкунанда, алалхусус доғи судӣ доштани наздикони онҳо дуруст санҷида шавад. Мақомоти махсус, ки хулосаҳои худро дар бораи кадрҳо ироа медиҳанд, муваззафанд дар ин самт холисона бархурд намоянд.

Бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Ш.  номзадии судяи ҳамин суд Лутфуллозода Шавкат ба мансаби Муовини Якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд ва аз ҷониби Шумо 11  июни соли 2019 ин шахс ба мансаби муовини якуми Раис таъин гардид.

Ҳол он  ки додари Лутфуллозода Шавкат барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаи 247 қисми 3 бандҳои “б,в” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми суди шаҳри Истаравшан маҳкум шудааст.

Ба ин нигоҳ накарда, Лутфуллозода Шавкат ба воситаи суиистифода аз мансаби худ, тавассути зинаи Суди вилояти Суғд ҳукми қонунӣ ва асосноки суди шаҳри Истаравшанро бекор карда, парвандаи ҷиноятиро нисбати додараш такроран барои баррасӣ ба ҳайати дигар судя, ба Суди шаҳри Истаравшан фиристода, аз ваколатҳои мансабияш истифода намуда, ба суди шаҳри Истаравшан фишор оварда, парвандаи ҷиноятиро нисбати додараш қатъ намуд.

Лутфуллозода Шавкат ба ин қонеъ нагардида, дар миёни кормандон бо ифтихор мегуяд, ки дар ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиносҳо дорад ва ӯро касе чизе гуфта наметавонад.

Ба ҷинояти содир намуда ва доғи суди доштани додари Лутфуллозода Шавкат нигоҳ накарда, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Ш. бо маслиҳати пешаки номзадии ӯро ба мансаби Муовини Якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.  Ба гуфтаи худи Муовини Якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат новобаста аз ҷиноятҳои содир намудаи хешовандони наздикаш, мақомоти давлатӣ номзадии онҳоро ба мансабҳои роҳбарикунанда, дастгирӣ ва нисбаташон хулосаҳои мусбат додаанд.

Лутфуллозода Ш. дар шаҳри Истаравшан нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ ва мағозаҳои шахсӣ дорад.  Ҳамаи ин мағозаҳоро додари ҷинояткораш, духтари ў ва домодаш идора мекунанд.  Лутфуллозода Ш. бо домодҳояш  бозори марказии Истаравшанро идора мекунанд. Ў  аз мансаби худ суиистифода намуда нуқтаи фурӯши сўзишвориро, ки дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшан воқеъ аст  аз соҳибкори истаравшанӣ кашида гирифт. Дар моддаи 90 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст  « Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.»

Дар моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дузанӣ ё серзанӣ ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё инки маҳдуд кардан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.   Муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат дар шаҳри Хуҷанд бо як адвокатзан, пинҳонӣ оила барпо намудааст.  Ў аз ин адвокатзан соҳиби ду фарзанд шуда,  таъмини оилаи пинҳонияш ба дўши судяҳои Суди вилояти Суғд аст.Агар ҷаноби олӣ чораҳои зарурӣ наандешед,маҷбур мешавем ҳама зиндагонии паси пардагии Лутфуллозода Шавкатро ба Ислоҳ мефиристем,он вақт ин ниҳод шармандатар мегардад ва мо ҳам кормандони ин ниҳодем ва инро намехоҳем.  Дар нишасти матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи июли ҳамин сол дар Суди Олӣ гузаронида шуда буд, яке аз хабарнигорон ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳиён суоле дод, ки дар байни судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳои дузана ҳаст ё на? Ба ин суол Шермуҳаммад Шоҳиён посух надода, ба хабарнигорон гуфт, ки ба суоли шумо  Лутфуллозода Ш. посух медиҳад. Лекин дар ин замон Лутфуллозода Ш. ба тарсу ҳарос омода нимкола посух дод. Ин аз он далолат медиҳад, ки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди зани дуввум доштани муовинаш хабардор аст. Мутаасифона чунин ҳолатҳо рӯҳияи дигар кормандонро шикаста, боиси ифодаёбии духурагии қонун мегардад.

Мақомоти дахлдор, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳангоми пешниҳоди (хулоса) маълумотҳои нисбати ин нафаронро дар мавриди ҷой доштан ё надоштани маълумотҳои иснодоваранда чи гуна тафтиш намудаву санҷида бошанд?

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки Қонун барои ҳама як набудааст. Ба унвонии мисол, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додозода А. ки то ҳол дар ин мансаб фаъолият дорад. Писари Додозода А. барои содир намудани ҷиноят доғи судӣ дорад. Корманде, ки писараш барои содир намудани ҷиноят доғи судӣ дорад, чӣ гуна метавонад дар мақомоте, ки шохаи ҳокимияти давлатист, кору фаъолият намояд?

Мувофиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судӣ яке аз шохаҳои асоси ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар мансабҳои судягӣ, алалхусус дар сатҳи роҳбарияти ин шохаи ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият доштани чунин нафарон ба монанди Лутфуллозода Шавкат ва Додозода Абдуманнон, ки аслан ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ба обрӯ ва нуфузи ин мақомот иснод оварда, боварии мардумро ба давлату ҳукумат ва суд коста мегардонад.

Агар дар пешбарӣ ва таъини намудани кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти судӣ ҷой доштан ё надоштани маълумотҳои иснодоваранда (маҳкум шудан, доғи судӣ доштани хешовандони наздик) монеагӣ эҷод накунад, пас чаро, ки собиқ судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарбеков Уро. барои аз ҷониби писари ӯ содир гардидани ҷиноят дар соли 2009  аз мақоми судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуданд.

Ё ин ки мисоли рӯшани дигар, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Буриев .А, ки зиёда аз 25 сол собиқаи кории касбӣ дошт, ҳангоми фаъолияти меҳнатии судягиаш ду ва ё се парвандаи ҷиноятиро барои ба тафтиши иловагӣ баргардонидан  Прокуратураи генералии ҶТ барои ин амалаш нисбати Буриев А маълумотномаи (хулосаи) манфӣ пешниҳод намуда бо ҳамин барои дубора ба вазифаи судягӣ интихоб нагардидан сабаб шуд? Оё ҳамин аст адолат ва санҷиши беғаразона?

Чунин мисолҳо кам нестанд, вале адолат бояд дар мадди аввал бошад.

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандем масъалаи мазкурро дар ҷаласаи навбатии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намоед.

Бо эҳтироми зиёд ба Шумо,

Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ps: Ба иттилоӣ хонандагон мерасонем, ки маълумотҳо дар мавриди Лутфуллозода Шавкат ва Додозода Абдуманнонро ба Ислоҳ фиристед, то мардум ва ҳукуматро аз амалҳои пасипардагии ин ду бо хабар намоем. Агар аз Шермуҳаммад Шоҳиёни аспбозҳам маълумот дошта бошед лутфан ирсол намоед. Ислоҳ ба хотири ислоҳи ҷомеа ва расонидани доди мазлумон таъсис ёфта аст.

Total
51
Shares
Related Posts
Идома

ДУШМАНОНИ ХОНАИ ХУДО ДАР МАСЧО

Ба номи Худои Бахшояндаи меҳрубон. وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَاجِدَ اللَّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَىٰ فِي خَرَابِهَا…