Номаи саркушода ба Президент Эмомалӣ Раҳмон

Ислоҳ нет

 

Номаи саркушодаи қирғизҳои Лахш ба Э. Раҳмон

 

Мо сокинони Ҷиргатоли пешина, ҳозира ноҳияи Лахш мебошем.Миллатамон Қирғиз аст. Дар ҳамин ноҳияи Лахш таваллуд шудаем. Бовар кунед, мо шояд бобоҳоямон ба кишт ва тиҷорати картошка машғул буданд. Зиндагӣ ва рӯзу рӯзгорашонро аз ҳамин ҳисоб пеш мебурданд. То ба мо ҳам ин бизнес омаду расид. Вале ба як чиз ҳайронем, ки имрӯз духтарҳои Раҳмонов Озода ва Таҳмина чашми гушнаашон ба ҳамин бизнеси бобогии мо- кори деҳқонии мо ҳам расид. Аз дасти мо 87% бизнеси картошкаро:- аз ман ва аз чандин одамҳои дигар ба баҳонае, ки ин заминҳоро барои захира намудани картошкаи армия истифода мекунанд,гирифтанд. Мо бо чандин саҳмиядорони дигари ин заминҳо чанд сол аст бо Озодаву Таҳмина ва чоплусони онҳо мубориза мебарем вале бе натиҷа. Моро чандин бор тариқи шуъбаи ВКД н.Лахш таҳдидҳои сахт ҳам карданд, ки нестатон мекунанд: “медонед,ки ин супориши Ҷаноб аст. Тем более шумо қирғиз ҳастен, хомуш бошен”.

 

 

  Мо чандин бор муноқиша кардем, нашуд. Мо қирғизҳоро мегӯянд,ки:-“шумо одам нестен, Худо гӯен,ки раҳтон додиян заминҳои Тоҷикистонда”.

 

   Мо дигар хаста шудем аз ин ҳолу аҳвол. 4- 5 соли ахир бисёр вазъиятамонро танг карда истодаанд. Мо ҷое,ки тавонем дардамонро расонем,нест. Чанд бор ба раиси ноҳия навистем, ба қабулаш даромадем, бе натиҷа. Чун раиси ноҳия номи Озода ва Таҳминаро мебинад дар шикояти мо знукаш мегирад. Маро як бародари тоҷик тавсия дод, ки ба ТВ. Ислоҳ нависам, то ба падари ин золимҳо расад, ки мо қирғиз ҳам бошем – шаҳрванди Тоҷикистонем. Мо мутобиқи конститутсияи Тоҷикистон баробари Таҳмина ва Озода ҳақ дорем дар ватани бобогиамон зиндагӣ кунем.

 

Мо мунтазир мемонем, ки баъди ин шикояти мо аз тариқи Ислоҳ.ТВ Раҳмонов ба духтарҳояш чи супориш медиҳад, зулмро бас мекунанд ва ё хайр. Баъд мо тасмим дорем, ки қирғизҳо якҷо шавем, даъво кунем ва ба Қирғизистон гузарем. Ҳамчун як автономия. Бовар кунед, ин заминҳоро чоплусҳои Озода ва Таҳмина,ки 1200 гектар дар маҷмӯъ аз ҳамаамон мебошанд ва  дар ҳамааш картошка кишт карда мешавад,аз дасти мо ба зӯри кашида гирифтанд ва гирифта истодаанд. Ман аз як чоплус аниқ кардам, ки ҳосили асосии ин картошка ба қисмҳои ҳарбӣ ва бо нархи ҳатто гарон аз нархи бозор фурӯхта мешудааст. Дар кору кишти ин заминҳо сарбозҳоро истифода карда истодаанд. Вале аз давлат пулро Озода ва Таҳмина мегирифтаанд. Сабзӣ, пиёз, карам ва дигар маводди ғизоиро дар н.Қумсангир,Ҷилликул,Ҷалолиддини балхӣ, Ҳисор,Турсунзода корида ва аз онҷо ба қисмҳои ҳарбӣ мефиристодаанд ва пули ҳамаи онҳоро Озода ва Таҳмина аз давлат чандкарата мегирифтаанд. Ҳамаи ин маълумотҳо дурустанд ва ман аз забони Зафар ном як чоплуси худашон шунидам. Имсол ба баъзеҳо, асосан ба духтурҳо дар давраи вирус Президент сабзӣ, картошка ва пиёз  гӯиё кӯмак кард аз номи худаш.Инҳо ҳамааш бо пул будаанд.

 

  Аз захираҳои Озода ва Таҳмина гирифта бо пули буҷа ба мардум тақсим кардааст. Ман ҳайрон шудам, ки ғайр аз як оила дар Тоҷикистон дигар одам соҳибкор нест, ки ҳама самти даромаду тиҷоратро дар ҷумҳурӣ оила гирифтааст. Вале мегӯянд,ки гушна серӣ надорад, ки рост будааст.

 

   Мо қирғизҳоро беҳад аҳволамонро танг карда истодааст. Махсусан дар ду се соли ахир хеле аз қирғизҳои ноҳияи мо тарки задгоҳи аҷдодиашон карда Қирғизистон кӯч бастанд. Моро ҳатто бо ҳодисаҳое,ки дар Исфара мегузарад, тарсонида истодаанд, ки гӯиё агар дар Исфара ягон кор шавад давлат ниқорашро аз мо мегирифтааст. Мо ба онҷо ва онҳо чи дахл дорем. Дар ин ноҳия сад пушти мо зиндагӣ карда омдааст. Мо аз Президент мехоҳем,ки лаҷоми духтарҳояшро гирад вагарна оқибаташ безеб. 1200 гектарро гирифтанд, басиаш намекунад боз аз дигар қирғизҳоро гирифта истодааст. Магар ин зулм нест. Магар мо-мардуми ҳамин ноҳия наметавонем,ки худамон кишту парвариш кунем? Метавонем, аз инҳо хубтар ва беҳтар метавонем,чун пушт ба пушт ҳаминкораем ва забони ин заминро мо хубтар медонем.

Боқӣ дар паноҳи Худо

Ҳоло дар арафаи интихобот қарор дорем.Раҳмонов мехоҳад боз Президент шавад.Аммо аз ҳодисаҳои Белорус бояд сабақ гирад.Хоҳиши мо аз ӯ ин аст ки заминҳои мардуми қирғизи ноҳияи Лахшро,ки базӯр аз дасти мо Озода ва Таҳмина гирифтаанд, баргардонад.

Мо итминони комил дорем,ки Ислоҳ.ТВ ин номаи саркушодаи моро нашр мекунад ва миллатчигӣ намекунад.

Сокинони қирғизтабори ноҳияи Лахш

Share This Article