Номаи зиндоние, ки соли 2034 мебояд озод шавад

Ин нома ба “Ислоҳ” чуноне мебинед расидааст. Мо дигар ҳеҷ тасарруфе дар ин нома накардаем. Ончуноне ба “Ислоҳ” расидааст онро ба ҳамон шакл нашр менамоем. Агарчӣ хело тулонӣ аст вале мо чорае ҷуз нашри он намебинем. Ин номаро метавон эътирофи талх ва норозӣ аз ҳукми додгоҳ ва порагирию ноадолатӣ донист. Бо пурра хонадни ин шикоятнома хело чизҳоро метавонед фаҳмед.

  • Аз номи ҷабрдида ва маҳкумшуда Ҳасанов Ҳасан Адҳамиович, муҳлати ҷазо 26 сол. Саршавии ҷазо аз 26 майи соли 2018, охири ҷазо моҳи майи соли 2034 маҳкум воқеъ дар муассисаи ислоҳии С/1 СРИҶ ВАҶТ воқеъ дар ш. Ваҳдат

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки нисбати гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки ба куштор, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар ба миқдори махсусан калон машғул ҳастанд ва машғул буданд, чора андешед. Гурӯҳи номбурда тахминан дар соли 2007 таъсис ёфт,ки сардори он дар Тоҷикистон Зоҳидов Баҳравар,соли таваллудаш 1982 зодаи деҳаи Ворухи шаҳри Исфара мебошад. Вай дар ин кор бо ҳамроҳии падараш Зоҳидов Муллоносир буд ва  дар ШВКД-и шаҳри Исфара ҳамчун корманди оперативӣ кор мекард. Дар хориҷи кишвар сардори ин гурўҳ амаки Зоҳидов Баҳравар шаҳрванд Сангинов Мустақим мебошад. Кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд як қисми ночизи ҷиноятҳои Сангинов М.-ро ошкор намуда, ҳангоме, ки соли 2014 шарикаш дар мошини боркаш маводҳои мухаддирро ба  миқдори махсусан калон дастгир менамоянд, ўро фош намуда, ба муддати 14 сол бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум менамоянд. Роли Зоидов Баҳравар дар ин ҷиноятҳо аз он иборат буд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мамониат дар вилояти Суғд маводҳои нашъаовар ба миқдори махсусан калонро аз як нуқта ба нуқтаи дигар интиқол диҳад. Ғайр аз ин дар стансияи Роҳи оҳани шаҳри Исфара мебоист ашхосеро  пайдо мекард, ки вай ва ё онҳо маводи мухаддирро дар дохили 70-80 тонна маводи хушкмева ва ё дигар маҳсулоти кишоварзии  шаҳри Исфара пинҳон намуда ба Русия интиқол диҳад.

“Ба сари ҳар килограмми маводи мухаддир 3 ҳазор доллар ҳақгузорӣ карда мешуд.Инчунин, агар ашхосе дар иттиҳоди ҷиноятӣ кирдораш фош шавад, барои пешгирӣ аз боздошти дигар аъзои гурўҳ, пинҳон кардани онҳо, несту нобуд кардани изҳои ҷиноят, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур кардани ашхоси номбурда чораҳои дахлдор андешида, ҳамчунин қисми маблағҳои аз фуруши героини дар хориҷ ба дастомадаро бо дигар шарикони ҷиноят дар ҳудуди вилоят тақсим менамуданд.”

Сангинов Мустақим  маводди мухаддирро бо воситаи ҳаммаслаконаш аз стансияи Кемерова,Новосибирск,Барнаули Русия аз вагони поезд гирифта, бо воситаи автомашинаи Газел ва дигар мошинҳои боркаш ба шаҳри Новокузнецск бурда, дар анборҳои махсус пинҳон намуда, онро аз он ҷо ба савдо бароварда, маблағи аз фурӯш ба дастомадаро ба соҳибони бор, ки дар ҳудуди Русия қарор доштанд, тақсим менамуд. Иттиҳоди ҷиноятии номбурда ҳар моҳ 4 маротибагӣ ҳар ҳафтае аз 30 то 50 кг маводи сахттаъсири героинро дар як моҳ аз 120 то 200 кг ба Русия ба тариқи қочоқ равона менамуд. Яъне, дар як моҳ ҳаҷми гардиши маблағи ғайриқонунии иттиҳоди ҷиноятӣ то 4 млн. доллари амрикоиро ташкил медод, ки бо маблағи номбурда ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам берун аз кишвар тамоми тарҳҳои ҷиноятиро амалӣ намудан мумкин аст. Дар як сол гардиши иттиҳоди ҷиноятӣ то 48 млн. доллари амрикоӣ ва дар 7 соли гузашта, аз соли 2007 то 2014 гардиши он дар маҷмўъ 336 млн. долларро ташкил медод.

    “Баъди дастгир шудани Сангинов Мустақим фаъолияти иттиҳоди ҷиноятӣ қатъ шуд. Аъзои фаъоли ин иттиҳоди ҷиноятӣ дар қатори саркардаҳо Зоҳидов Баҳравар, Зоҳидов Муллоносир, Сангинов Мустақим, Бобоумаров Меҳроҷ,инчунин чунин шаҳрвандон буданд; Қаландаров Порсо, Шоманзилов Асадулло, Зоидов Бахтовар, Бобоев Беҳруз, Каримов Малҳам, Эминов Дилшод,Ҳомидов Исматулло, Бобоев Абдулаҳад,Бобоев Бунёд, Ҳомидов Бобоқасаб, Шодиев Зоир, Давронов Хусрав, Ҳусейнов Куҳониддин, Давронов Даврон, Авезов Қосим ва Мақсудов Азамат сокинони деҳаи Ворухи шаҳри Исфара бо ҳамроҳии корманди милиса бо номи Равшан мебошанд, ки бо ҳам муносибатҳои хешутаборӣ доранд.”

Ва дар дохили иттиҳоди ҷиноятӣ сарвари гурӯҳ Зоҳидов Баҳравар писархолаи худ Бобоумаров Меҳроҷро, ки то соли 2011 дар Прокуратураи вилояти Суғд кор менамуд, шомил намуда буд. Бобоумаров Меҳроҷ аз мақоми корманди прокуратура истифода бурда, бе мамониат ба интиқоли маводҳои мухаддир машғул шуда, ҳамчунин ба парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати аъзои гурӯҳ оғоз мешуданд, ба воситаи  шиносҳояш дар сохторҳои қудратӣ таъсир расонида, ба ин тариқ шароит муҳайё менамуд, ки ба ҷойи 7-8 нафар 1 нафарро маҳкум намоянд. Ӯро тахминан солҳои 2011-2012 барои гирифтани пора ба ҳабс гирифтанд ва бинобар баромадани ҳукми айбдоркунии судӣ аз сафи кормандони прокуратура пеш намуданд. Аммо касе шарикии ӯро дар ҷиноятҳои бо моддаҳои 200, 187 ва 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тафтиш накардааст.

“Нисбати аъзои гурӯҳи иттиҳоди ҷиноятӣ 7 парвандаи ҷиноятӣ дар ҳудуди Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз шуда буд, ки 9 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум шуданд. Аммо аз сабаби он ки парвандаҳо алоҳида тафтиш шуданд, ҳеҷ кас алоқамандии зичи ин парвандаҳоро тафтиш накарда, аломати асосии ҷиноят иттиҳоди ҷиноятиро, ки шакли мураккабтарини шарикӣ тибқи моддаи 36 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад, сарфи назар намуданд. Дар натиҷа ҷинояткорони хавфнок дар асл ба ҷойи ҷазоҳои одилона ва сазовор ҷазоҳои сабук гирифтанд.”

Чунончӣ, соли 2005 дар шаҳри Кемеровои Русия бо 2 кг маводи мухаддир Каримов Малҳам дастгир мешавад. Каримов Малҳам ҳамсинф ва ҳамсояи Зоҳидов Баҳравар мебошад. 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.Баъди озод шуданаш Тоҷикистон  омада, фаъолияти ҷиноятиашро дар сафи иттиҳодияи ҷиноятӣ давом медиҳад. Аммо ному насабашро ба дигар ному насаб иваз менамояд. Муносибати ў бо дигар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ чунин аст. Қаландаров Порсо амакписари ӯ, Бобоев Бунёд писархолаи ӯ, Бобоумаров Меҳроҷ бо  ӯ чи хешие дорад, ки ҳоло дақиқ дар хотир надорам. Азизов Осим ва Мақсудов Азамат бародарон буда, хеши наздики ў мебошанд, онҳо писархолаанд. Осим аз сабаби оне, ки аз Русия депорт шудааст, фамилияи Мақсудовро ба фамилияи Авезов иваз намудааст. Онҳо писари холаи Каримов Малҳам мебошанд.

“Соли 2012 аз стансияи Исфара ба миқдори 13-14 кг героин кормандони гумрук дарёфтанд. Аз ин миқдор 1 кг героин ба Каримов Малҳам тааллуқ дошт, аммо ӯро касе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашид. То ин лаҳза Зоҳидов Муллоносир падари сардори иттиҳоди ҷиноятӣ Зоҳидов Баҳраварро маҳкум намуданд.Ҳамчун интиқолдиҳандаи ин бор Ҳусейнов Қуҳониддинро низ маҳкум намуданд.”

Солҳои 2008-2009 дар сарҳади Рубцовскийи Русия кормандони ФСБ Русия аз рўи маълумот 18 вагони Тоҷикистонро, ки ба Русия рафта истода буд, манъ намуда, пурра тафтиш, азназаргузаронӣ намуда, кофтукоб намуданд. Дар натиҷа зиёда аз 10-12 кг героин меёбанд.Интиқолдиҳандаи ин мавод Эминов Дилшод буд.Зоҳидов Баҳравар сардори иттиҳоди ҷиноятӣ маълумоти мазкурро гирифта, дарҳол ба Эминов Дилшод хабар медиҳад ва ба ӯ шароиту имконият фароҳам меорад, ки аз Русия ба Тоҷикистон гурехта ояд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашавад. Дар дохили вагон бори меваи хушки меҳнаткашони шаҳри Исфара вуҷуд дошт.

“Барои он ки муддати дароз моли онҳоро дар ҳабс нигоҳ надоранд ва камтар зарари иқтисодӣ бинанд, онҳо тааллуқ доштани ин маводҳоро ба Зоҳидов Бахтовар додари Зоҳидов Баҳравар ва Бобоев Беҳруз, ки язнаи Зоҳидов Баҳравар мебошад, фош намуданд. Дар Русия Бобоев Беҳрӯз ва Зоҳидов Бахтовар ҳабс карда шуданд.Аз сабаби оне, ки дар рафти тафтишот Зоҳидов Беҳруз нишондодҳояшро нисбати Бобоев Беҳруз иваз намуд, баъди 7 моҳ Бобоев Беҳруз озод шуд. Зоҳидов Бахтовар 5-6 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Баъди озод шудан ӯ ному насаби худро ба дигар ному насаб иваз намуд.”

Ошкор шудани ҳодисаи номбурда зарбаи мудҳиш ба иттиҳодияи ҷиноятӣ буд, зеро аллакай кормандони Русия дарк намуданд, ки ба воситаи вагонҳо аз вилояти Суғд героин ба Русия интиқол шуда истодааст. Пеш аз ин ҳодиса Сарвар ном шахс сокини деҳаи Ворух, ки язнаи Бобоев Бунёд мебошад дар Русия солҳои 2007-2008 ошкор намуд, ки Зоҳидов Баҳравар бо падараш Зоҳидов Муллоносир бехабар меваи хушкро ба Русия мебаранду ба базор мебароранд. Пинҳонӣ дар халтаҳои онҳо героинро ҷой намуда, ба тариқи қочоқ ба Русия равона менамоянд. Ў барои пешгирии ин амалҳо сардори иттиҳодияи ҷиноятӣ Зоҳидов Баҳравар ва падари ў Зоҳидов Муллоносирро огоҳ менамояд,ки ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назананд.Обрўи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нарезонанд, ин корашон оқибате надорад.Сарвар ба воситаи самолёт Зоҳидов Муллоносирро аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар маҳаллаи Ворух ҷаласа  гузаронида, онҳоро муҳокима намуда, забонхаташонро мегиранд, ки дигар ба амалҳои номатлуб даст назананд. Бар замми ин барои зарари маънавии дидааш, ки номи неки ӯро ҳамчун соҳибкор паст намуданӣ буданд, аз Зоҳидов ў 3 млн. рубли русӣ мегирад, баъд маводҳои мухаддири Зоҳидовҳоро баргардонида медиҳанд. Сабаби дигараш дар он буд, ки Бобоев Бунёд хусурбачаи Сарвар, яъне додари зани Сарвар буд. Дар навбати худ Бобоев Бунёд апаи сардори иттиҳоди ҷиноятӣ Зоидов Баҳраварро ба занӣ гирифта буд. Зоидов Баҳравар язнаи худ Бобоев Бунёдро ба интиқоли маводҳои нашъаовар моилу ҷалб менамояд.

“Ҳодисаи номбурдаро ман аз Бобоев Беҳруз, ки язнаи дигари Зоидов Баҳравар мебошад, фаҳмида будам.Бобоев Беҳруз аз саркардагони иттиҳоди ҷиноятӣ Зоидов Баҳравар,Зоидов Муллоносир ва Сагинов Мустақим супориш мегирад, ки аз ягон шахс барои додани зарари маънавӣ 1,5 млн. рубли русӣ қарз гирад. Бобоев Беҳруз пеши ман омада ин маблағро ба муддати то як моҳ бо шарти дучанд баргардонидан пурсид. Вақте ки ман ба ў бовар накардам, зеро ягон тиҷорате нест, ки дар муддати кўтоҳ чунин фоида диҳад, ў маҷбур шуда, асли ҳодисаро нақл кард. Ман ба ӯ дар аввал бовар нанамудам, баъд ӯ бо воситаи телефон манро бо Зоидов Баҳравар пайваст намуд. Зоидов Баҳравар пурра ҳодисаи нангини бо ӯ рухдодаро нақл намуд ва хоҳиш кард 1,5 млн. рубли русӣ қарз диҳам. Ў кафили баргардонидани он мешавад. Ман бе ягон забонхат ба Бобоев Беҳруз қарз додам.”

Аммо дар Тоҷикистон ва Русия Бобоев Беҳруз аз ман мегурехт.Зоидов Баҳравар бошад фақат аз ман хоҳиш менамуд, ки сабр намоям. Баъд маълум шуд, ки Бобоев Беҳруз барои аз пули дошта фоидаи муфт гирифтан бо он героин харида, онро бо додараш Зоидов Баҳравар бо ному насаби Зоидов Бахтовар ба воситаи вагонҳо ба Русия равона намуда, ки минбаъд он борро кормандони ФСБ Россия ошкор карда гирифтанд. Пештар қайд карда будем, ки чи тавр Бобоев Беҳрузу Зоидов Бахтоварро ба ҳабс гирифтанд. Баъди аз ҳабс озод шудани Бобоев Беҳруз ў ба шаҳри Исфара омад. Ман ҳамеша мутассил ба хонаи ў рафта, 1,5 млн. рубли русии додаамро талаб менамудам. Маълум шуд, ки ў боз ба тариқи қочоқ героин ба миқдори махсусан калон равона намуда, аз ҳисоби фоидаи гирифтааш ба ман аз ҳисоби  қарзи умумии доштааш 500 ҳазор рубли русиро баргардонида дод. Ў аз ман хоҳиш намуд, ки ўро каме суроғу ташвиш надиҳам, то ки ду маротибаи дигар маблағҳои дар даст доштаашро ба гардиши хариду фуруши героин дарорад. Ба ҷои 1 млн. ў ба ман 1 млн. 400 ҳазор рубл медиҳад. Ман ночор маҷбур ризо шудам. Аммо дар самти Исфара боз борҳои онҳоро кормандони гумрук кофта ёфта мегиранд. Барои ин Каримов Олимро маҳкум менамоянд. Ў солҳои дароз нишаста, баъди татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” солҳои 2011 ва 2019 ба озодӣ мебарояд. Интиқолдиҳандаи ин бор Зоидов Баҳравар, Авезов Осим, Бобоев Беҳруз буданд. Зоидов Баҳравар шарики худ Авезов Осимро оиди фош намудани ҷиноят огоҳ намуда, ба воситаи мо ўро ҳамчун чўпон ба минтақаи Мастчоҳ мегурезонад. Баъдан ў ба воситаи шиносномаи ҷаълие, ки бо номи Авезов Осим тайёр намуда буданд, аз Душанбе ба шаҳри Красноярскии Русия парвоз мекунад.Баъди  8-9 сол Авезов Осим дар Русия дастгир шуда, ба вилояти Суғд оварда ва маҳкум карда мешавад. Нисбати номбурда низ қонунҳои ҶТ “Дар бораи авф” аз соли 2011 ва 2019 татбиқ карда мешавад. Ҳоло дар муассисаи ислоҳии ЯС С/23 СРИҶВАҶТ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Дере нагузашта соли 2011 Бобоумаров Меҳроҷ бо Зоидов Баҳравар аз сокинони шаҳри Чкаловск маводи героин ба миқдори 16 кг харида меоранд. Он як қисмашро аз ҳамсояи Тоиров Абдурабӣ ва дигар шахсон мехаранд. Дар харидан шахсан Қаландаров Порсо ва Бобоев Абдулаҳад иштирок доштем. Ҳар як килограмми героин 5300 доллар буд. Маводҳоро бо ёрии Бобоумаров Меҳроҷ ва Зоидов Баҳравар дар квартираи Зоидов Баҳравар мондем. Дар хонаи Зоидов Баҳравар тамоми ин маводҳоро ба шакли олои сиёҳ бо ҳаммаслаконам тайёр намудем. Он квартира ягон зан надошт. Зоидов Баҳравар онро барои арусбозиаш ва дигар корҳои ифлосаш истифода мебурд. Баъди тайёр шудани борҳо Бобоев Беҳруз ба Қаландаров Порсо мегӯяд, ки интиқолдиҳандагони бор перевозчик Ҳомидов Бобоҳасан ва писараш Ҳомидов Исматулло, ки дар Русия борро бояд қабул намоянд, тайёр ҳастанд. Порсо Қаландаров борро ба Ҳомидов Б. ба шаҳри Исфара месупорад. Ҳомидов Б. худаш танҳо ин борро дар анбори борҳои меваи хушк дар роҳи оҳани шаҳри Исфара бурда месупорад.Муддате нагузашта кормандони гумрук ин ҷиноятро фош ва Ҳомидов Б.-ро дастгир менамоянд. Ў худро ба нодонӣ мезанад, ки дар хусуси ҷиноят маълумоте надорад, мумкин писараш чизе донад. Дар ҳузури кормандони оперативӣ Ҳомидов Б. бо писараш Ҳомидов Исматулло занг мезанад. Ҳомидов Исматулло аз сўҳбати телефонии падараш дарк менамояд, ки падари ўро дастгир намудаанд. Бинобар ин бардурўғ мегўяд, ки дар хусуси маводҳо маълумоте надорад. Худи Бобоев Беҳруз ҷиноят содир карда бошад, ҷавобашро диҳад. Бобоев Беҳрузро дастгир мекунанд.

“Ҳангоми дастгиршавӣ ў автомашинаи шахсии ман ВАЗ-21010-ро меронд. Мошинро ҳабс менамоянд. Бо супориши Зоидов Баҳравар мо дар кўҳи Ворух пинҳон шудем. Шарики дигари ҷинояти мо шиноси Зоидов Баҳравар корманди  6 отдели вилояти Суғд зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо номи Равшан буд. Ў ҳоло корманди  6 отдели шаҳри Исфара мебошад. Шабона моро Зоидов Баҳравар шаҳри Қистакузи ноҳияи Б.Ғафуров бурд.”

Дар он ҷо ман, Порсо, Бобоев Абдулаҳад дар ошхонаи Тоиров Абдурабӣ тахминан 10 рўз пинҳон шудем. Зоидов Баҳравар бо прокурор Бобоумаров Меҳроҷ омад, аз мошин прокурор Бобоумаров Меҳроҷ берун намефаромад. Зоидов Баҳравар оиди рафти таҳқиқу тафтишот маълумот медод. Рўзе Зоидов Баҳравар гуфт, ки бо додани пул ин корро ҳал кардан мумкин аст. Аввал кормандони шаҳри Исфара, баъд кормандони ҳифзи ҳуқуқи  вилояти Суғдро харидан, пора додан лозим аст. Ман аз ҳудуди ошхонаи Тоиров Абдурабӣ ба ҳамсинфам Сафаров Аюбхон занг задам. Зоидов Баҳравар ду маротиба ба пеши ў рафта, аввал 5 ҳазор доллар, баъд 10 ҳазор доллар мегирад. Боқимонда пулро хешони Ҳомидов Исматулло амаку тағояш Содиқҷон ба ҳаҷми 1 млн. рубли русӣ ба дасти ману Каримов Малҳам медиҳад. Ман ин пулҳоро гирифта, аз тарси он ки Бобоев Беҳруз моро нафурўшад, маблағҳоро бурда ба Зоидов Баҳравар додем. Зоидов Баҳравар моро пеши муфаттиши прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд Тоҷибоев Наим равона намуд. Ў аз ман нишондод гирифт ва автомашинаи шахсии манро баргардонда дод. Ин нишондод дар парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд аст. Бобоев Беҳруз язнаи Зоидов Баҳравар муддати 19 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳомидов Исматулло ба кофтуков эълон карда шуд. Ў айни ҳол дар Русия қарор дорад.

“Баъди он ки яке аз аъзоёни фаъоли иттиҳоди ҷиноятӣ Бобоев Беҳруз маҳкум шуд, Зоидов Баҳравар маро вазифадор намуд, ки барои он ки аъзои дигари дар озодӣ буда нотарсона кирдорҳои худро давом диҳанд, эҳсос намоянд, ки дар сурати ба маҳбас дар муддати тулонӣ маҳкум шуданашон дигар аъзои гурӯҳ худи онҳоро дар маҳбас ва дигар аъзоёни оилаашонро беҳтар аз худи онҳо нигоҳубину таъмин менамоянд, вазифадор намуд, ки ба таъминоти Бобоев Беҳрузу аҳли оилаи ў машғул шаванд. Худи Бобоев Беҳруз низ аз маҳбас занг зада, таъкид мекард, ки  ба муомилот баровардани маводҳои нашъаоварро зиёд намоянд, то ки манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии ў ва дигар талаботҳое, ки дар маҳбас аст, таъмин намоянд. Ман маҷбуран бе чуну чаро супоришҳои додаи Зоидов Баҳравар ва язнаи ў Бобоев Беҳрузро иҷро менамудам.”

Тахминан аввалҳои солҳои 2012 Бобоев Беҳруз аз муассисаи ислоҳӣ ба ман занг зада, маҷбур кард, ки ба бародари завҷааш Зоидов Баҳравар кўмаки ҷиноятӣ расонам, то ки ба миқдори махсусан калон ба тариқи кочоқ маводи мухаддирро ба Русия интиқол диҳад. Ҳамзамон Зоидов Баҳравар низ инро аз ман талаб менамуд. Маълум буд, ки Зоидов Баҳравар ва Бобоев Беҳруз бо ҳам дар тамоси телефонӣ якҷоя буда, аз рўи нақшаи ягона амал менамуданд, ки аз ҷиҳати психологӣ ба ман таъсир расонанд. Зоидов Баҳравар талаб дошт, ки ба шавҳари духтари холааш Ҳусейнов Қуҳониддин маводи мухаддир бурда, бо ў ҳамсуҳбат шавам дар хусуси тарзи усулу роҳҳои нави ба тариқи қочоқ равона намудани маводи мухаддир. Ҳангоми суҳбат Ҳусейнов маълум намуд, ки ў узви иттиҳоди ҷиноятӣ буда, чандин маротиба маводҳои мухаддирро хориҷи кишвар равона намудааст.Интиқоли ғайриқонунии ин маводҳо ба ў душворие надорад. Ў пурра ба боварии ман даромад. Ман чун ҳисобот гуфтугўи худро ба Зоидов Баҳравар расонидам. Аммо Зоидов Баҳравар бо сабаби ба ман номаълум гаштаю баргашта таъкид намуд, ки оиди сардори иттиҳоди ҷиноятӣ буданаш ба падару язнааш ҳарфе нагўям. Ман фармони ўро иҷро мекардам ва дар муносибатҳои дигар бо Ҳусейнов сухане дар хусуси Зоидов Баҳравар намегуфтам. Зоидов Баҳравар дар давоми ҳафта бо ҳамроҳии Эминов Дилшод ва Каримов Н.  8 кг героин ба ман дод. Тахминан 2-3 рўз пас 2 кг героини дигар бо ҳамроҳии Равшан ном корманди милиса ба ман Зоидов Баҳравар дод. Ҷамъ 10 кг героинро рўзи дигар бурда ба Ҳусейнов Қ. додам.

Ин мавод ба тариқи қочоқ дар муддати 10 рўз ба  вагонҳо ҷой карда мешуд ва баъди 4-5 рўзи ҷойгир карданашон ба Русия равона карда мешуд. Аммо каме вақт нагузашта Зоидов Баҳравар бо телефон хабар дод, ки кормандони гумрук дар истгоҳи роҳи оҳан маводҳоеро, ки Ҳусейнов Қ. бояд интиқол медод, ошкор карданд. Супориш дод, ки ин хабарро дарҳол ба Ҳусейнов Қ. расонам ва дар пинҳон намудани ў мусоидат намоям. Ў посух дод, ки тамоми маълумотҳоро оиди фаъолияти гуруҳе, ки ба таҳқиқу тафтиши ин қазия машғул мешаванд, ба воситаи милисаву прокурорҳои шинос ҷамъ оварда, шабона бо ман вомехурад. Ману Каримов Н. Ҳусейнов Қ.-ро ёфта, ўро ба ҷои бехатар ба марзи Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронидем, ки супоришҳои дигари Зоидов Баҳраварро интизор шавем. Зоидов Баҳравар тахминан соатҳои 21-22 бо ҳамроҳии Қаландаров Порсо ба пешам ба сарҳади Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон омада, талаб намуд, ки Ҳусейнов Қ. ба Русия гурезонда шавад ва барои хароҷотҳои ин пинҳонкориву рўйпуш намудани изҳои ҷиноят, душвор кардани кори таҳқиқоту тафтишот дар ошкор кардани пурраи ин ҷиноят 50 ҳазор рубли русӣ дод, ки ба дасти Ҳусейнов Қ. диҳам. Ман супоришҳои Зоидов Баҳраварро пурра иҷро намудам.

Бо супориши Зоидов Баҳравар як рўз чандин маротиба ба Ҳусейнов Қ. занг зада мепурсидам, аниқ менамудам, ки бо кадом роҳ, бо кадом самт, бо кадом воситаҳои нақлиёт чӣ тавр ў ба Русия гурехта рафта истодааст. Ва ҳамаи ин маълумотҳоро ба Зоидов Баҳравар мерасонидам. Баъди 2 шабонарўз Ҳусейнов Қ. маълум намуд, ки баъди 5 соат ба сарҳади Русия мерасад. Дар ҳамин маврид пеши ман кормандони прокуратура Бобоумаров Меҳроҷ ва Қаландаров Порсо омада, хабар доданд, боре ки мо бо воситаи  Ҳусейнов Қ. равона намуданӣ будем, ҳамагӣ 10 кг героин буда, аммо кормандони гумрук 13-14 кг героин ёфтаанд. Ин бор ба гурўҳи мо тааллуқ надошта, ба ягон гурўҳи дигар дахл дорад ва гурехтани Ҳусейнов Қ. маъное надорад. Хоҳиш кард, ки ба Ҳусейнов Қ. муроҷиат намуда, асли ҳодисаро муқаррар намоям. Ман ба Ҳусейнов Қ. занг зада, сабаб пурсидам, ки агар героини мо 10 кг бошад, пас бори изофа 3-4 кг дигар аз куҷо пайдо шудааст. Оё борҳои ёфта гирифташуда аз мо мебошанд ё аз дигар кас. Ҳусейнов Қ. гапҳои нофаҳмо, бемантиқ, бемаъно ва бесару нуг мегуфт. Ман фаҳмондам, ки аз дуруст ба саволҳо ҷавоб додан озодиву ояндаи ману ў ва гурўҳи иттиҳоди ҷиноятӣ вобаста аст. Ў чизеро аз ман пинҳон накунад, то ки мо дуруст муносибати худро ба бори ёфта муайян намоем. Ҳусейнов Қ. дар охир иқрор шуд, ки  ў 3 кг героини дигарро аз падари Зоидов Баҳравар шаҳрванд Зоидов Муллоносир гирифтааст. Ҳангоме, ки ман фаҳмидам, ки Зоидов Баҳравар ва падари ў Зоидов Муллоносир берун аз иттиҳоди ҷиноятӣ барои боз бештар ба даст овардани фоидаи муфт ва тақсим накардани ин фоида бо дигар аъзои гуруҳ алоҳида имкониятҳои иттиҳоди ҷиноятиро истифода бурда истодааст ва мавҷудияти иттиҳоди ҷиноятиро бо чунин кирдорҳо дар хатар гузошта истодааст ба Ҳусейнов Қ. фаҳмондам, ки муҳлати дароз аз мақомотҳои қудратӣ пинҳон шуда наметавонад. Дер ё зуд ўро дастгир мекунанд, то дастгир шуданаш ҳар як рўзи ў талх мегардад. Фақат фикри онро мекунад, ки кай ўро дастгир мекунанд.Ҳоло имкониятҳои молиявии иттиҳоди ҷиноятӣ хуб аст. Ба ҶТ ояд, ӯро ба мақомоти тафтишотӣ месупорам. Чи ёрие аз дастам барои сабук намудани ҷазои ў ояд, мерасонам.

Фақат ў бояд нақши манро дар ин ҷиноят пинҳон намояд, агар хоҳад саркардаҳои иттиҳоди ҷиноятӣ падару писар Зоидов Баҳравар ва Зоидов Муллоносирро фош намояд. Агар нахоҳад, пас ихтиёр дар дасти худи ўст. Ҳусенов Қ. аз ҷазо не, аз азобу шиканҷае, ки кормандони милиса, дигар кормандони қудратӣ  ҳангоми кушодани ҷиноят истифода мебаранд, тарсид ва шарт монд, ки агар ҳангоми супоридани ў нисбаташ азоб, шиканҷа, қувваи барқро истифода набаранд, ў тайёр аст, ки дар назди қонун ҷавоб диҳад ва манро фош нанамояд. Ман шарти гузоштаи ўро пазируфтам. Ба шиносам, ки дар Раёсати Агентии назорати маводҳои нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор менамуд, дар тамос шудам. Аз нақшаи омадани Ҳусейнов Қ. ба таҳқиқоту тафтишот ва қатъ мешудани кофтукоби Ҳусейнов Қ. ў  хурсанд шуд. Баъди якчанд рўз Ҳусейнов Қ. ҳозир шуд. Ўро ба мақомоти қудратӣ супурданд. Нисбати ў ягон гуна азобу шиканҷа истифода бурда нашуд. Аз суханони ҳамдеҳагонам  фаҳмидам, ки ў нисбати кирдорҳои ифлоси  ҷинояткоронаи падару писар саркардаҳои иттиҳодияҳои ҷиноятӣ Зоидов Баҳравар ва Зоидов Муллоносир нишондод дода истодааст. Кормандони Агентӣ дарҳол падару писар Зоҳидовҳоро дастгир карданд. Аммо  бо ваъдаи гирифтани 10 ҳазор доллар пора писари Зоҳидов Муллоносир корманди милиса Зоҳидов Баҳравар баъди 2 рўз озод карда шуд. Тамоми гуноҳро Зоҳидов Муллоносир ба души худ гирифт.

Ман низ  новобаста аз кафолатҳое, ки ба ман Ҳусейнов дода буд, дар ҳуҷраи дар минтақаи Чумчуқарали шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии Қаландаров  Порсо, Бобуров Бунёд, Каримов Малҳам пинҳон будем. Аъзои дигари иттиҳоди ҷиноятӣ дар дигар минтақаҳо, хусусан дар минтақаи Ворух пинҳон будем. Баъде, ки Зоҳидов Баҳравар аз Агентӣ озод шуд, ҳамчун саркардаи иттиҳоди ҷиноятӣ боз ҳам обурўяш баланд шуд, яъне дида мешуд, ки қувваи пуле, ки аз гардиши героин ба даст меояд, аз даҳҳо қонуну фармону қоидаву низомномаву дастурамалу савгандҳои хурдаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ боло меистодааст. Баъди озод шудани Зоҳидов Баҳравар ў ба ман занг зад, овозаш хираву тира буд. Хоҳиш кард, ки бо ў вохўрам.Вохўрдем, ў тарсон буд. Маълум буд, ки нисбаташ шиканҷаро истифода бурдаанд.Ҳолати корро фаҳмонд,ки тамоми ҷиноятро падараш Зоҳидов Муллоносир ба дӯш гирифтааст. Бо ваъдаи додани 10 ҳазор доллар пора ўро озод кардаанд.  Ў дар даст 10 ҳазор доллар дошт. Хоҳиш кард, ки уро ба корманди Агентӣ бо номи Садриддин расонам. Дар пеши ман чандин маротиба Садриддин ба Зоидов Баҳравар занг зада мепурсид, ки пул тайёр аст ё не. Агар тайёр бошад дар куҷо ва чи тавр мерасонад. Зоидов Баҳравар ба ман супориш дод, ки метарсад. Худаш пулҳоро диҳад, мабоддо боз барои додани пул, яъне додани пора ба миқдори махсусан калон ўро дастгир накунанд. Супориш дод, ки рақами телефони манро  ба Садриддин медиҳад. Садриддин ба ман занг зада, пулро аз дасти ман гирад. Ман розигӣ додам. Зоидов Баҳравар 10 ҳазор долларро бо ҳамроҳии Бобоев Бунёд оварда ба ман дод. Садриддин дар суҳбати телефонӣ аниқ намуд, ки дар дасти ман 10 ҳазор доллар аст. Ҷойи мулоқотро таъин намуд. Ў бо шогирдаш дар мошини Мерседеси очкарики сиёҳ омад, мошин истод. Ман Садриддинро шинохтам. Ў низ манро шинохт, зеро як сол пеш бо кори Бобоев Беҳруз дар бинои Агентӣ манро пурсида буд. Ҳамчунин бо Бобоев Беҳруз манро рў ба рў намуд. Шогирди Садриддин пораро дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар аз дасти ман гирифта бурда, ба Садриддин дод. Чанбари мошин дар дасти Садриддин буд. Ҳангоми доду гирифти ин маблағ Зоидов Баҳравар, ки боз дастгир накунандаш пинҳон буд. Минбаъд бо гузашти 1-2 моҳ вобаста ба ин кор мо боз бо Садриддин зичтар наздик шудем. Ў медонист, ки мо ҳама аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ мебошем, ба мо фармон дод, ки мошини Мерседеси очкарики ўро ки дар асл 5, 5,5 ҳазор доллар арзиш дошт, ба маблағи 8-9 ҳазор доллар харем. Мо ки дар назди ин ҳомии қонун муттаҳам будем, бо дидани зарар мошине, ки арзиши 8-9 ҳазор долларро надошт, харидем. Мошинро ба номи сардори аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ Қаландаров Порсо расмӣ намудем. Омадани Ҳусейнов Қ. ба шаҳри Хучанд, ҳамкории ў бо кормандони Агентӣ барои Зоидов Баҳравар ногаҳонӣ ва нофаҳмо буд. Ў ҳеҷ намефаҳмид, ки чи Ҳусейновро водору маҷбур намуд, ки аз Русия аз куҷое, ки муддати дароз ёфтану дастгир кардан мушкил буд, дар як-ду рўз ба шаҳри Хуҷанд баргашта ояд.

Зоидов Баҳравар то ҳатто фикр карда наметавонист, ки ҳамаи ин амалҳоро ман нисбати ў ташкил намудам. Бо омадани Ҳусейнов Қ. ба шаҳри Хуҷанд ду омили дигар низ таъсир расонд. Якум, баъди гурехта рафтани ў шабу рўз кормандони Агентӣ ва дигар сохторҳо дар гирду атрофи хонаи онҳо ва наздиконашон камин гирифта буданд. Бо тамоми роҳу восита ба хешони Ҳусейнов таъсир мерасониданд, ки ў баргашта ояд. Мардуми Ворух аз ин амалҳои онҳо ба дод омада буданд. Омили дигар аз он иборат буд, ки додари Ҳусейнов Қ. дар шаҳри Екатеринбурги Русия буд. Вагоне, ки аз он героин ёфтанд, бояд бо маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Екатеринбург мерафт. Иттиҳоди ҷиноятӣ аллакай самти фаъолияти  худро ба тариқи васеъ густурда, ҳаматарафа ба шаҳри Екатеринбурги Русия вусъат дода буд. Ёфтани героин ба муддати номуайян то қарори тафтишот ҳаракати вагонро, ки аз рўи ҳуҷҷатҳо 70 тонна бор( дар асл  100-110 тонна)  боздошта буд. Ин боздошти вагон ба манфиати соҳибкорон набуд. Аз ин рӯ соҳибкорони суғдӣ ба додари Ҳусейнов К. фишор медоданд, ки Ҳусейнов К. ба тафтишот ҳозир шавад, вагарна худи додари ў месупоранд. Барои он ки аз барои Ҳусейнов К. додараш зарар набинад, Ҳусейнов К. гурез-гурез ва пинҳоншавиашро аз тарафи кормандони  Агентӣ қатъ кард ва худро омада ба кормандони Агентӣ супорид.

“Баъд аз охирин ҷинояти дар соли 2012 содиршуда ман оҳиста-оҳиста худро аз Зоидов Баҳравар дур мегирифтам.Эҳсос менамудам, ки дар сурати ошкор шудани ҳамкории ман бо кормандони Агентӣ ва супоридани Ҳусейнов ў манро ором намегузорад, ки гаштугузор намоям.Мехоҳад, ки боз самтҳои нави ҷинояти кочоқ равона намудани маводҳои мухаддирро таъсис диҳад.Мехоҳад,ки манро дар қочоқи героин истифода барад. Ман,ки дида истода будам, чи тавр аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои содиркардаашон дар маҳбас ба солҳои тулонӣ маҳбасӣ шудаанд, ихтиёран ва бебозгашт  аз иттиҳоди ҷиноятӣ баромадам. Зеро дарк мекардам, ки ин фаъолияти ҷиноятӣ оқибати хуб надорад.”

Соли 2014 саркардаи ин гуруҳ Сангинов Мустақим ва ронандаи вайро кормандони КДАМ ҶТ ҳангоме, ки бо супоришу маблағи ў героини зиёд дар мошини боркаше аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ҳаракат мекард,дастгир менамоянд. Ҳангоме, ки кормандони КДАМ ҶТ ронандаро пурсуҷу менамоянд  Сангинов Мустақим бехабар аз он ки ронандаро дастгир намуданд, беист ба ў занг мезанад, зеро дар автомашинаи боркаш маводе мавҷуд аст, ки он садҳо ҳазор доллар арзиш дорад. Ронанда дар ҳузури кормандони КДАМ ҶТ таҳти назорати онҳо бо Сангинов М. суҳбат менамояд. Сангинов М. оиди омадани героин пурсон мешавад. Ўро дар ҷойи муайяннамудаи муқарраршуда дастгир менамоянд. Сангинов М. 14 сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Баъди дастгиру маҳрум кардани Сангинов М. Зоидов Баҳравар дид, ки дигар манро ба кори иттиҳоди ҷиноятӣ моил карда наметавонад, аз ман хоҳиш намуд, ки барои нигоҳубину таъминоти падару язнааш, ки дар ҳабс мебошанд, ба ў қарз диҳам ва ваъда медод, ки дар сурати гирифтани қарз  онро дар муддати як моҳ баргардонда медиҳад. Шахсан ман ягон маротиба аз ў қарз нагирифта будам. Аммо Зоидов Баҳравар борҳо чунин қарз  гирифта буд ва онҳоро қисм-қисм бармегардонид. Ў пеш аз охирон маротиба 1 млн. 500 ҳазор рубли русӣ қарз гирифта буд, аммо ин маблағро натавонист баргардонад. Ба ҷои қисми ин маблағ, яъне 1 млн. 200 ҳазор рубл  заминеро, ки ғайриқонунӣ ғасб намуда будааст, ба тариқи фиреб ба ман дод.

Ҳангоми гирифтани он ман ба ҳуҷҷатҳои замин сарфаҳм намерафтам. Он замин оғил ва ду дар хонаи хокпуш дошт ва бояд ҳамчун фермаи чорво истифода бурда мешуд. Замин 0,31 сотих ҳаҷмаш буд. Онро бо як азоб сертификати хоҷагии деҳқонӣ намудам. Ҳангоме ки ман дида будам, ки аз Зоидов Баҳравар маблағи қарзро рўёнида намешавад, ночор маҷбур он қитъаи заминро бо иншоотҳояш гирифтам. Маротибаи охирон бо додани 1 млн. 100 ҳазор рубли русӣ қарз ба Зоидов Баҳравар аз ӯ ман забонхаташро гирифтам. Ҳоло ў 1 млн. 400 ҳазор рубли русӣ аз ман қарздор аст. Ўро огоҳ намудам, ки дигар ҳеҷ вақт бар ивази маблағи қарз додан ашё, мошин, ашёи ғайриманқул, замин намегирам. Фақат бо розӣ шудан ба ин шартҳо Зоидов Баҳравар аз ман 1 млн. 100 ҳазор рубл қарз гирифта тавонист. Аммо боз солҳои 2015 ва 2016 Зоидов Баҳравар бо ҳамроҳии язнааш Бобоев Беҳруз ва Сангинов М. аввал бо роҳи хубиву созиш, баъдан диданд, ки ин роҳҳо намешаванд, бо роҳи маҷбурӣ мехостанд, ки манро боз моил ба содир намудани ҷиноятҳои қочоқи маводи мухаддир намоянд, то ки ба онҳо кумаки худро расонам. Онҳо аз маҳбасхонаҳои вилояти Суғд занг зада кўшиш менамуданд, ки боз шарики ҷиноятии онҳо бошам. Бо ҳар баҳона канораҷўӣ менамудам, вақте ки онҳо диданд, ки барои содир намудани ҷиноят моил карда наметавонандам, онҳо манро ором гузоштанд.

Соли 2015-2017 Зоидов Баҳравар якҷоя бо модару хоҳараш барои вохўрии дарозмуддат бо падару язнааш ва амакаш Сангинов М. ба муассисаи ислоҳӣ меравад. Ӯ пештар низ ба чунин вохўриҳои дарозмуддат мерафт. Ҳусейнов Қ. дар маҳбас нишаста, худро ором аз Зоидов Баҳравар ҳис карда, кафолате ки ба ман дода буд,  манро ошкор наменамояд, вайрон намуда, ба язнааш шавҳари холадухтараш  тамоми ҳолати корро нисбатам нақл менамояд. Аз ҳамин лаҳза сар карда саркардагон ва аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ Зоидов Баҳравар, Бобоев Беҳруз, Сангинов Мустақим ва дигарон ҳолати аслии корро фаҳмида, нисбати ман чораҳо меандешанд, ки бо кадом роҳ манро ба маҳбас кашанд. Ҳамаи онҳо, ки имконияти озоди маҳбасхона даромаданро  доштанд, чандин маротиба дар беруну даруни маҳбас бо ҳам ҷамъ шуда, барои зарари моддиву маънавӣ  расонидан ба ман нақшаҳои риёкорона мекашанд. Онҳо аввал ба ман пешниҳод намуданд, ки ба тиҷорате машғул мешавем, ки ба ҷиноят алоқамандие надошта бошад.

Мисли ҷамъоварӣ ва фурӯши меваи тар ва хушк, овардан ва фуруши дарҳои байниҳуҷравӣ, тиҷорати автомашина ва ғайраҳо. Ман ба онҳо борҳо бо забонхат, баъдан бе забонхат барои амалиётҳо пул медодам. Ҳоло дар даст забонхати онҳоро дар ин хусус дорам, ки дилхоҳ вақт пешкаш карда метавонам. Барои маҳкуму ба дом андохтанам хоҳиш карданд, ки аз узви дигари иттиҳоди ҷиноятӣ Давронов Даврон, ки солҳои пеш  ҳамеша аъзои иттиҳодро бо пул барои харидани героин таъмин менамуд, барои тиҷорати мошин 50 ҳазор доллар қарз ба номам гирам. Зеро Давронов Даврон ба онҳо қарз намедиҳад. Зоидов Баҳравар ҷияни Давронов Даврон шаҳрванд Эминов Дилшодро барои он ҷалб намуда буд, ки миёнарави қарзгирии ман  шавад. Эминов Дилшод дар охир Давронов Давронро далолат кард, ки ба номи ман ин маблағро диҳад барои тиҷорати мошин. Давронов Даврон дар шоҳидии чандин ҳамдеҳагон бо навиштани забонхатам ин маблағи қарзро дод. Маблағҳои гирифтаро барои тиҷорат ба Зоидов Баҳравар ва Эминов Дилшод бе забонхат додам. Эминов Дилшод ба Русия рафта, аз онҳо мошин ба воситаи ронандаҳо равона менамуд. Ду-се маротиба ман мошинҳоро фурухта, маблағҳои онро аз нав барои вусъат додани тиҷорат бо Эминов Дилшод равона менамудам. Дигар аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ Шодиев Зоир аз бонк пули нақд гирифта, барои харидани дарҳои байниҳуҷравӣ машғул шуд. Ман фикр намекардам, ки онҳо маро фиреб медиҳанд.

Тахминан солҳои 2016-2017 Бобоев Беҳруз аз зиндон истода, бо воситаи телефон аз ман тамаъкорӣ менамуд, ки ба ў 15 ҳазор доллар диҳам, агар надиҳам оиди нақши ман дар иттиҳоди ҷиноятӣ ба мақомотҳо маълумот медиҳад. Ў бародари худ Бобоев Абдулаҳадро ба наздам барои тамаъи ин маблағ борҳо равон намуда буд. Ман ба Беҳруз ва Абдулаҳад мефаҳмонидам, ки чаро худи ман танҳо бояд 15 ҳазор доллар ба онҳо диҳам. Аъзои иттиҳоди ҷиноятии мо зиёда аз 10 нафар мебошанд. Ин маблағ байни ҳама баробар тақсим карда шавад. Аммо онҳо ба ин ризо намешуданд. Ман аз прокурор Бобоумаров мепурсидам, ки агар инҳо муқобили ман ариза нависанд чӣ мешавад, прокурор ором менамуд, ки ҳеҷ чиз намешавад. Аз мобайн 7-8 сол гузаштааст, муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан гузаштааст. Аз ин рў, ман такя ба суханони прокурор хатареро ҳис намекардам.

Чанде пас аз Русия бо кадом роҳе рақами телефони манро ёфта, Авезов Осим занг зад. Ў аз соли 2010 дар кофтуков қарор дошт. Авезов, Зоидов Баҳравар ва дигар аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ ўро маҷбур намуда истодаанд, ки ба ў 500 ҳазор ё 1 млн. рубли русӣ медиҳанд, то ки ба ҶТ омада, худро ба мақомоти милиса барои ҷиноятҳои содиркардааш супорад. Онҳо кўшиш менамоянд, ки ҷазои ўро сабук намоянд. Фақат аз ў хоҳиш доранд, ки нисбати ман Ҳасанов Ҳасан нишондод диҳад, то ки манро ба ҳабс гиранд. Суҳбати телефонии намудаи мо ҳоло дар хотираи телефони ман сабт шудааст, ки онро дилхоҳ вақт хешовандони мо ба мақомоти тафтишот пешниҳод карда метавонанд.

Охирҳои соли 2017 аввалҳои соли 2018 маҳкумшуда Сангинов Мустақим аз муассисаи ислоҳии вилояти Суғд занг зада, талаб намуд, ки кори зарур дорад. Прокурор Бобоумаров Меҳроҷро бо худ гирифта пеши ў оям. Бобоумаров Меҳроҷ бо сардори муассисаи ислоҳӣ шиносоии хуб дорад, бе ягон мамониат вохўрии моро ташкил карда метавонад. Ман дарҳол ба Бобоумаров занг задам, маълум шуд, ки аллакай пештар ба ў Сангинов занг зада, хоҳиши худро ба ў гуфтааст. Мо муассисаи ислоҳӣ рафтем, Сардор Файз ном шахс Бобоумаровро хеле хуб пешвоз гирифт ва ба мо иҷозат дод, ки бо ҳам 3-4 соат вохурем. Ин нақшаҳо пешакӣ тарҳрезӣ шуда буданд, аз ин рў вохўрии мо бо Сангинов ташкил карда шуд.

Сангинов М. доду фиғон кард, ки чаро маблағи талабкардаву тамаъкардаи язнааш Бобоевро намедиҳанд. Агар хоҳем сардор бо номи Файз иҷозат додааст, ки ба пеши мо Бобоев Б.-ро барои ҳалли ин масъала оранд. Аммо ман таклифи ўро рад намудам. Зеро медонистам, ки Бобоев Беҳруз боз тамаъи 15 ҳазор долларро менамояд ва ман таҳти фишори онҳо қарор мегирам. Мо хайрухуш намудем. Бобоумаров М. баъди баромадани мо боз манро ором намуд, ки аз шикояти Беҳруз наҳаросам. Ў бо воситаи шиносҳои бақувваташ ба ман кўмак мекунад, ки худи Бобоев Беҳрузро мутаҳҳам мекунад. Баъд ман ба пеши сардори иттиҳоди ҷиноятӣ Зоидов Баҳравар омада, аз рафтору шартҳои ноҷавонмардонаи язнааш ва амакаш, ки аз маҳбас аз ман тамаъ доранд, нақл кардам. Ў ба ҷои ҳимоя намуданам тунду тез бо ман суҳбат карда, тамаъ ва таъкид мекард, ки аз куҷое бошад маблағи 15 ҳазор долларро ёфта диҳам. Ман фаҳмондам, ки агар ў маблағи 1 млн. 100 ҳазор рубли русиро, ки ба муддати 1 моҳ қарз гирифта буд, бо гузашти 2 сол то ҳол надодааст, баргардонида диҳад, як қисми ин маблағи тамаъмекардаро диҳам. Аммо ў манро таҳқиру ҳақорат намуда, гуфт ки ягон сум намедиҳам. Ба куҷое, ки арз намоям, кардан гирам. Дар ҳама сохторҳои қудратӣ шиносҳои ў ҳастанд. Касе ўро ҷазо намедиҳад. Баъди оиди суҳбати охирини телефонии доштаам бо Авезов Осим гуфта, сабабҳои дасисакориву иғвогариашро нисбатам пурсидам.

Суҳбат дар пеши модари ў доир шуда буд. Ў ошкоро чизе, ки дар вуҷудаш дошт, изҳор кард, яъне ў ба ман ҷанг эълон намуд. Аммо суд бо он нишон дод, ки падараш аз паси кори ман дар зиндон нишастааст. Чаро Ҳусейнов Қ.-ро ҳидоят кардам, ки ба ҶТ ояд, чаро ўро ба кормандони Агентӣ супоридам. Ў аз ҳама корҳои ман хабардор аст, ў манро латукубу озор дод. Ман баъд нисбати Зоидов Баҳравар барои бо роҳи қаллобӣ аз дасти ман фиреб дода гирифтани маблағи 1 млн. 100 ҳазор рубли русӣ ариза ба прокуратураи шаҳри Исфара супоридам. Зоидов Баҳравар бошад, тамоми хешу табораш, зану мардро ба муқобили ман барои фишор додан муттаҳид намуда, амалиётҳои фаъолро нисбатам сар кард. Аммо прокуратура то охир кор набурда, пурсишҳо нагузаронид. Ман такроран ба милитсия бо ариза муроҷиат намудам, онҳо низ чорае наандешиданд. Аз он рўзҳо душмании мо авҷ мегирифт. Ман кўшиш кардам, ки тиҷоратамро бас кунам. Хостам, ки тамоми пулҳои дар дасти мардум доштаамро ҷамъ намоям, аммо ин корро то ба охир ба сомон расонида натавонистам.

Тахминан моҳи марти соли 2018 кормандони шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддири раёсати ВКД дар вилояти Суғд даъват намуданд. Баъди 2-3 рўз ман рафтам, корманди он аризаи Бобоев Б.-ро нисбати ман нишон дод. Ман суханҳои Бобоев Б.-ро нисбати худ туҳмат гуфтам. Далел овардам, ки соли 2011 вобаста ба ин ҷиноят манро пурсида буданд. Аз сабаби он ки дар он иштирок надоштам, қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман қатъ карда шудааст. Аммо корманди милиса ба ин суханҳо аҳамият надода, таҳдид кард, ки дар муддати кутоҳ ба ў оиди ягон гуруҳи ҷиноятӣ маълумот диҳам, то ки натиҷаи кории шуъбаи онҳо шавад. Вагарна аризаро барои баррасӣ  ба прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд равон менамояд. Бо ҳамин шартҳо маро озод намуд. Он корманд ба ман занг мезад, ки ҳамкории мо дар кадом ҳолат қарор дорад. Ман фаҳмонидам, ки оиди ягон нашъаҷаллоб ман маълумоте надорам. Чи коре, ки нисбати ман карданӣ бошад, онро кунад. Баъд пеши прокурор Бобоумаров Меҳроҷ рафтам, ҳодисаро нақл кардам. Вай ба дусташ ба  прокуратура занг зад, ки дар доираи дустони онҳо кор менамуд. Маълум намуд, ки шиносаш Қурбонализода Низом дар прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд  кор менамудааст, ба ў занг зад. Муфаттиш Қурбонализода Н. аз қазия огоҳ шуда, бо телефон кафолат дод, ки дигар ба пеши кормандони милисаи нақлиётӣ наравам. Ҳама корро худаш ҳал менамояд. Ман аз хизмати намудаи Бобоумаров Н. миннатдор будам. Он вақт Қурбонализода Н. гуфт, ки ягон хизмататро иҷро мекунам ва бепарво гаштан гирифтам. Тахминан, аз байн як моҳ гузашт, саломатиам бад шудан гирифт, ба табобат машғул шудам. Шарикони ҷиноятиам аз ин фурсат истифода бурда, бо воситаи шиносҳояшон дар сохторҳои қудратӣ ба нуқтаи кулминатсионии разолати худ, яъне ҳабс кардани ман шуруъ менамоянд. Дар маҳбасхонаи тафтишотии шаҳри Хуҷанд баъди каме аз беморӣ ба худ омадан эҳсос намудам, ки муфаттишам ҳамон Қурбонализода Низом мебошад, ки пештар кафолат дода буд,  ки аз ҳисоби дустиву ҳамкории доштааш бо прокурор Бобоумаров М. ба мақомоти милисаи нақлиётӣ наравам.

Пештар шаклу чеҳраи ўро ман надида будам, фақат бо телефон номашро бо овозаш медонистам. Ҳангоме, ки оиди суҳбати телефониамон ва дўсташ Бобоумаров М. пурсидам, ў худро ба нодонӣ мезад, ки гўё манро намешиносад. Нисбати ману Тоҳиров Абдурабӣ сокини шаҳри Хистеварзи н.Б.Ғафуров дар асоси аризаи Бобоев Беҳруз бо моддаи 200, қисми 4 ва моддаи 289, қисми 4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудем. Якчанд рўз пас барои ман прокурори Бобоумаров Меҳроҷ ҳимоятгар адвокат Зайниддинзода Исохуҷаро адвокат гирифт. Дар аввал ман хурсанд шудам, аммо баъд фаҳмидам, ки мақсади Бобоумаров М. пеш аз ҳама дар он будааст, ки бо ин восита ҳимояи маро суст намуда, ҳаракатҳои маро дар тафтишоту маҳбас зери назорат гирад. Аз ҳар қадаму амали иҷроменамудаам огоҳ бошад. Аз ҳама асосӣ пеши роҳи маро гирифта тавонад, то ки нисбати ў ва дигар аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ нишондод надиҳам. Ба адвокат оиди шиканҷаҳое, ки ба мо сардори маҳбасхонаи тафтишотӣ Боқизода Иззат расонд, маълумот додам. Чунончӣ, манро бераҳмона ва ваҳшиёна зада буданд, ки аз тарсу ваҳм бе ҳолу бемадор шудам. Ҳаммасалакам Тоҳиров А.-ро зада  чашмашро даронданд. Адвокат ором намуд, ки дар ҳузури ў дигар касе маро озор намедиҳад. Аммо ў оиди муносибатҳои мову Бобоумаров Меҳроҷ ва Қурбонализода Низом чизе ҷавоб дода натавонист, ки чаро бо хоҳиши Бобоумаров М. ба ҷои ба ман ёрӣ расонидан баръакс Қурбонализода Н. кор карда истодааст. Ман аз адвокат Исохуҷа талаб кардам, ки маротибаи дигар бе прокурор Бобоумаров М. ба пешам наояд, ўро қабул намекунам. Зеро ҳаёту мамоти ман, тақдирам ҳал шуда истодааст, донам, ки чӣ кор рафта истодааст.

Баъд Бобоумаров М. худаш танҳо бе адвокат назди ман даромад. Манро ором намуд, ки аз гуфтаву роҳҳои нишондодаи адвокат ва ў дур наравам, бо ҳамкории зич намоям. Парвандаро ба тафтишоти иловагӣ равона менамоянд. Ман аз шунидани ин суханҳо хеле хурсанду ором шуда, бовариам нисбати ў зиёдтар шуд. Бобоумаров М. таъкид кард, ки нисбати ягон узви иттиҳоди ҷиноятӣ, хусусан ў нишондоду маълумот надиҳам. Адвокати интихобнамудааш собиқ корманди прокуратура мебошад. Онҳо якҷоя дар прокуратураи вилояти Суғд кор намудаанд. Манро бо Тоҳиров А. рў ба рў намуданд, аз суханони Тоҳиров А. шунидам ва хулоса баровардам, ки Зоидов Б. ва Бобоев Б. шиносҳои кўҳнаи ў буда, аз рўи гуфтаи адвокат амал намуда, ҳамаи суханҳои ёддодаи ўро мегуфтам, ки Тоҳиров А.-ро намешиносам. Худро нисбати ў ҳамчун шахси бегона нишон додам.

Дар давоми тафтишот муфаттиш бо адвокатам ҳамшарикони манро нисбати ман ҷабрдида эътироф намуда, бо моддаи 247 КҶ ҶТ нисбатам парвандаи ҷиноятии нав кушоданд. Якеаш дар асоси аризаи Давронов Даврон буд, ки аз ў ман дар ҳақиқат 50 ҳазор доллар қарз гирифта будам. Он вақт боз 3 моҳи дигар муҳлат доштам, ки истифода барам.  Маблағҳои гирифта дар дасти ҷияни худи Давронов Даврон бо ному насаби Эминов Дилшод мебошад. Аммо онҳо барои он, ки тафтишот Эминов Дилшодро напурсад, ўро ба Русия гуселонданд. Давронов Даврон медонист, ки ман як мағоза, сартарошхона, дўкони гўштфурушӣ, сохтмони истгоҳ дар сари роҳ бунёд карда истода будам. Ў чандин маротиба ҳангоме, ки ман озод будам, хоҳиш дошт, ки онҳоро ба ў фурўшам, аммо вақти дар озодӣ будан ман ба ин розӣ набудам. Ҳоло бошад амволе, ки 100 ҳазор доллар арзиш доштанд, ў тамаъ дошт, ки бар ивази 50 ҳазор доллар гирад. Адвокат низ фишор медод, ки ба пешниҳоди ў ризо шавам. Мегуфт, ба озодӣ баромадан лозим аст, ин амволҳоро боз ёфта метавонед. Ман маҷбурӣ ризо шудам. Аз рўи диктаи онҳо ба номи прокурори нақлиёт баёноти розигӣ навиштам, то ки моддаи 247 КҶ ҶТ-ро аз ман бардоранд. Аммо боз рўзи дигар аризаи ҳамшарики дигарам пайдо мешавад, ки Давронов Хусрав даъво дорад, ки гўё ман 3 сол пеш автомашинаи Лексуси ўро фурўхта, маблағашро ба ў надода бошам. Аммо ман ҳеҷ гоҳ Давронов Х.-ро фиреб надода будам. Андалеб ном шахс барои тиҷорати дарҳои ҳуҷраҳои хонаҳо аз ман 38 ҳазор доллар гирифта буд. То ҳоло забонхати ў дар дасти ман аст, аммо Андалеб ўҳдадории гирифтаашро иҷро карда натавониста, аз Россия имкони равона намудани дарҳоро наёфта, бар ивази 30 ҳазор доллар мошини Лексусро пешниҳод намуд. Мошин ҳеҷ вақт ба Давронов Х. тааллуқ надошт ё ин ки расмӣ нашуда буд. Он ба додари ў Давронов Шоҳин тааллуқ дошт. Солҳои 2014-2015 Андалеб аз Русия истода, ин мошинро ба ман пешниҳод намуда буд. Андалеб мавқеи ҷойгиршавии мошинро дар вилояти Суғд ва дар сурати маъқул  шудани он аз тарафи Давронов Шоҳин аз қайдбарории онро гуфта буд. Ба харидори ёфтаи ман автомашинаи Лексус маъқул шуд. Бо супориши Андалеб шогирдаш Давронов Шоҳин ба номи харидор онро расмӣ намуд. Дар ин ҳолат ягон гуна ҳодисаи ҷиноят вуҷуд надорад, аммо адвокат ба ҷойи ҳимоя намудан,  фишор медод, ки барои халос шудан аз моддаи 247 КҶ ҶТ ба Давронов Х. ягон автомашина додан даркор аст. Баъди баромадан бе ҷалбу иштироки мақомоти қудратӣ ин қазияро ҳал кардан мумкин аст. Бо ин роҳи фиреб автомашинаи Прадое, ки ман доштам ба Давронов Х. дода шуд. Автомашинаи манро 17 ҳазор доллар нарх монданд. Автомашинаи Лексусро бошад 35 ҳазор доллар арзиш монданд. Боз ман 18 ҳазор доллари дигар аз Давронов Х. қарздор шудам. Манро гуфтанд, ки бо Андалеб баъд худам ҳисобу китоб намоям. Агар муносибати байни Андалебу Давроновҳо намебуд, пас  чаро то ҳабс шудани ман чаро 3 сол пеш ҳангоми дар озодӣ будан чунин ариза нисбатам пайдо нашуда буд.

Баъди ин нисбатам аризаи Зоидов Б. пайдо шуд. Ў тўҳмат менамуд, ҳангоме, ки падараш Зоидов Муллоносирро ба ҳабс гирифтанд, гўё ман ба хонаи модари ў рафта бошам ва аз модараш 40 ҳазор доллар талаб карда бошам, ки шавҳарашро озод менамоям. Гўё модараш аз ҳамсояву хоҳарзодаҳояш 10 ҳазор доллар ҷамъ карда ба ман дода бошаду ваъда карда бошад, ки боқимондаашро ба ман баъдтар медода бошад. Гўё, ки Зоидов Б. дар Хуҷанд буда, дар ин хусус маълумоте надошта, баъдан аз модараш фаҳмида, модарашро сарзаниш карда бошад. Баъдан гўё назди ман омада бошаду озодшавии падараш Зоидов Муллоносирро талаб карда бошад. Аммо ҳангоме, ки гўё ман аз ў 30 ҳазор доллар талаб карда бошам, ба ивазаш ў гўё замини фермаро ба ман дода бошад.

“Ман ба тафтишот фаҳмонидам, ки замини фермаро Зоидов Баҳравар ба ҷои қарзи пешинааш ба ман додааст. Сертификати замини барои хоҷагии деҳқонии онро соли 2016 гирифтаам. Он қитъаи замин ҳангоми гирифтанам ҳуҷҷате надошт, ҳоло ў аз ман 1 млн. 400 ҳазор рубли русии дигар қарздор аст. Чаро вақте, ки дар озодӣ будам чунин аризаҳо 6 сол пеш пайдо нашудаанд. Аммо тафтишот ба ин далелҳои сафедкунандаи бегуноҳии ман диққат намекард. Ман тамоми тўҳмату бўҳтони Зоидов Баҳравар ва модарашро рад намудам. Ба муфаттиш Қурбонализода Низом далели дигари доштаам сабти суҳбат доштани ману Зоидов Б.-ро гуфтам. Ман эҳсос мекардам, ки муфаттишу адвокат маро фиреб дода истодаанд.”

Вақте ки рўзи дигар адвокат танҳо омад, тамоми ҷиноятҳои иттиҳоди ҷиноятиро ба ў гуфтам. Гуфтам, ки тайёр ҳастам бо мақомоти қудратӣ, ки холисона тафтишот барад, ҳамкорӣ намоям, то ки фаъолияти иттиҳоди ҷиноятиро қатъ намояд. Аммо адвокат манро метарсонд, ки корат вазнин мешавад, бо моддаи 106, қисми 2 КҶ ҶТ нисбатат боз парвандаи ҷиноятӣ мекушоянд. Ў умедвор менамуд, ки парванда ба тафтишоти иловагӣ бармегардад. Аз дигар тараф метарсад, ки агар ошкор намоям, баъди маҳкум намуданам барои иҷрои ҷазо ба маҳбасхонаи шаҳри Хуҷанд, ки роҳбараш Файз мебошад, манро интиқол медиҳанд. Ў манро ором намегузорад. Зеро шахсоне, ки бо мақомотҳо кор менамоянд, хело бад мебинад. Аз бародари ман барои иҷро намудани кор, яъне додани пора ба шахсони мутасаддӣ ба адвокат Исохуҷа 10 ҳазор доллар, ба прокурор Бобоумаров М. 5 ҳазор доллар гирифта буданд. Ҳамаи ин маблағҳоро бародарам қарз гирифта буд. Онҳо фишор медоданд, ки агар аз нақшаи кашидаи онҳо дур шавам, пас пули додаамон месузад, ўро касе баргардонида намедиҳад.

“Дар мурофиаи судӣ адвокат Исохуҷа манро фиреб намуд, ки барои осон шудани кор як қисми ҷинояти содирнакардаро бо моддаи 247 КҶ ҶТ ба душ гирам. Моддаи 200 КҶ ҶТ-ро ба тафтишоти иловагӣ бармегардонанд ва манро аз суд озод менамоянд. Дар суд фақат муқобилият нисбати Зоидов Б. ва модараш намудам. Сабтҳои мавҷударо пешниҳод намудам, аммо судя Бобоҷонзода аз Суди шаҳри Исфара ба ягон далел диққат намекард. Манро ғайриқонунӣ 21 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Муддати 1 солу 6 моҳ дар маҳбасхонаи тафтишотӣ будам, ба ягон муассисаи ислоҳӣ барои ҷазо маро интиқол надода буданд. Шароитҳо дар маҳбасхонаи тафтишотӣ хело вазнин мебошанд, он ба саломатии шахс зарари манфӣ мерасонад. Муфаттиш Қурбонализода Н. назди ман омада, хабар дод, ки Авезов Осимро аз Русия дастгир карда оварданд, ў нисбати шумо барои ҷиноятҳои нав нишондод дода истодааст. Нисбататон аз нав тафтиш намуда, муҳлати ҷазоятонро зиёдтар менамоянд. Ман оташин шуда гуфтам, ки бо адвокати ёфтаатон маро фиреб додед, тамоми молу амволамро кашида гирифтед, 21 сол аз озодӣ маҳрумам намудед. Ҳоло ҳам аз таъқиб намудани ман даст намекашед?”

Пурра тамоми корҳои иттиҳоди ҷиноятӣ, иштирокчиёни онҳоро, саркардаҳояшонро фош намудам. Талаб намудам, ки нисбати онҳо парванда оғоз карда шавад ва онҳо дастгир карда шаванд. Ў тамоми гуфтаҳои маро навишт, боз ба муфаттиш оиди он, ки чи тавр пештар Авезов О.-ро дар Русия фишор ва ваъда дода истода буданд, ки барои тўҳмати ман кор намояд, нақл намудам. Оиди мавҷуд будани сабти овози ману Авезов Осим маълумот додам. Дигар муфаттиш Қурбонализода Н. пайдо нашуд. Шунидам, ки тафтиш бе ман рафта, парвандаро ба суд супориданд. Маълум мешавад, ки зиёда аз 10 нафар ҷинояткорон, аъзоён ва саркардагони иттиҳоди ҷиноятӣ маблағ гирифта нисбати касе чора наандешиданд. Дар маҳбасхонаи тафтишотӣ суди Авезов О.-ро гузарониданд. Манро ҳамчун шоҳид бо ў рў ба рў намуданд. Ман ҳайрон шудам, ки кадом мавқеро ишғол намоям, чӣ гўям. Бо нишондоди он ки чизеро надидааму чизеро намедонам дигар нишондод надодам, пурсиши ман 3 дақиқа ҳам тул накашид.

“Аз рўи шунидам Авезов О.-ро 13 сол маҳкум намуданд. Авезов О. писари амакдухтари Бобоев Беҳруз мебошад. Ҳангоме, ки дар муассисаи ЯС С/13 СРИҶ ВАҶТ ба табобат машғул будам, 06.06.2020 аз прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд муфаттише бо номи Абдулмаҷид омада хабар дод, ки дар асоси нишондодҳои додаи Авезов О. нисбатам бо моддаи 200, қисми 4 ва моддаи 338 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Ба муфаттиши нав фаҳмонидам, ки вобаста ба ҳамаи ин ҳолатҳо ман пештар ба муфаттиш Қурбонализода Н. нишондод дода будам. Манро бо Авезов О. рў ба рў намуда буданд. Чаро аз нав манро таъқибу фишор намуда истодаанд. Муфаттиш Абдулмаҷид ба прокуратураи нақлиётии Тоҷикистон як зина боло ба кор гузаштааст. Худи ў маводҳоро талаб намуда, парвандаи ҷиноятиро оғоз намудааст. Аз суханони муфаттиш фаҳмидам, ки бо моддаи 338 КҶ ҶТ ҷавобгарии ҷиноятиро барои тасарруфи ғайриқонунии қитъаи замин пешбинӣ менамояд.”

Воқеан ман сохтмони мағоза ва истгоҳ доштам. Он барои халқ буд, онро ба бинои мағоза ҳамроҳ карданд. Баъдан фаҳмидам, ки ҷойи истгоҳ аз нақшаи ба ман ҷудошуда ғайриқонунӣ зиёд мебошад. Аммо дар ин ҳолат ман ягон манфиати шахсӣ надоштам, ҳама барои ободии давлату манфиатҳои халқ буд. Тафтишот бе иштироки адвокат гузашт. Муфаттиш манро ором мекард, ки ҳамааш хуб мешавад. Ман дар ҷойҳое, ки ў дар протокол нишон медод, имзо мегузоштам. Талаб кардам, ки маро бо Авезов О.-ро рў ба рў намоянд. Муфаттиш дархостамро қабул намуда, гуфт ки дар вилояти Суғд ҳангоме, ки манро ба муоинаи тиббии муассисаи тиббии шаҳри Ваҳдат мебаранд, ҳатман бо Авезов Осим рў ба рў менамоянд. Аммо ин гуна амалиёти тафтишотӣ гузаронида нашуд, фақат баъди 4-5 моҳ ҳангоме, ки манро Суди шаҳри Исфара бурданд, бо талаби Авезов О.-ро ба ман рў ба рў намуданд. Авезов О. тўҳмат менамуд, ки сарчашмаи бори ёфташуда гўё ман мебошам. Дар асл ин борҳои ёфташуда сарчашмааш ба Шоманзилов Асадулло тааллуқ дорад, ки онро ба Бобоев Беҳруз додааст. Бобоев Беҳруз бошад, ўро ба Авезов дода буд. Дар иттиҳоди ҷиноятӣ Шоманзилов А. ҳақ надошт бевосита бо Авезов О. доду гирифт намояд. Шахсони интиқолдиҳандаи бори мухаддир бояд пинҳон мемонданд, ки дар сурати дастгиршавӣ касе занҷири ҷиноии мавҷуда кушода нашавад, пайваст кардани он осон бошад.

“Дар суд то ҳатто Авезов қисман нишондод дод, ки барои ба Русия гурехта рафтан ба ў Шоманзилов А. барои пинҳон шудани ў дар пинҳонкорӣ кору зиндагӣ кардан 5 ҳазор доллар дода буд. Муносибати ман бо маводи мухаддири ёфтшуда чунин буд. Бобоев Б. ва Зоидов Б. аз ҳисоби 1.5 млн. рубли русӣ қарзгирифтаашон фақат 500 ҳазори онро дода буданд. Вақте ки 1 млн. рубли русӣ дода натавонистанд, тамоми мўҳлатҳои додаам гузашт. Онҳо пешниҳод менамуданд, ки ба ҷои маблағ аз ҳисоби наркотикҳои равонменамудаашон 2 кг ба ман тааллуқ дорад, агар ки онро бомуваффақият фурушанд, пас ба ҷои 1 млн. рубли русӣ  ба ман 1,5 млн. рубли русӣ барзиёд маблағ дода мешавад. Ба ин ман розӣ шудам, вагарна ман на он маводи мухаддирро дидаам, онро бо даст нагирифтаам. Дар куҷо он нигоҳ дошта шуда буд, чи тавр муҳофизат мешуд, маълумоте надоштам. Ин маротиба дар Суди шаҳри Исфара манро ба муддати 26 сол аз озодӣ маҳрум намуданд ва нисбати амалҳои тафтишот ваҷҳҳои манро насанҷида, нисбати прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд таъиноти хусусӣ бароварда шуд. Дар асоси таъиноти хусусие, ки матни онро надидаам, ба суд бо дархостам равона накарду бо мактубам ҷавоб дод, ки гўё суд ҳуқуқи ин таъинотро ба ман додан надорад, бояд муфаттиш чазои интизомӣ мегирифт. Парванда аз истеҳсолоти  ў гирифта, ба дигар шахс дода мешуд ё ин ки суд умуман дар ин  шакл маҳкумкуниамро надошт. Зеро вай аввал тамоми ваҷҳҳоро месанҷиданд, баъд шариконамро бо ҳамроҳии ман бояд маҳкум менамоянд.”

Тибқи Конститутсияи ҶТ ман ҳуқуқ ба маълумот ва шикоят дорам. Аммо дар муассисаи ислоҳӣ нусхаи ҷавоби мактубҳое, ки барои ман меоянд, дода намешавад. Ба ягон ҷое муроҷиат намоям, нусхаи мактубҳоро талаб менамоянд. Додани нусхаи таъиноти хусусиро қонун манъ накардааст. Суди шаҳри Исфара нусхаи таъминотро барои он намедиҳад, ки бо ин роҳ пеши ошкоршавии иттиҳоди ҷиноятиро гирад. Вагарна суде, ки таъминоти хусусиро чи тавре, ки аз матни ҳукми судӣ дида мешавад, баровардааст. Пас чаро боз бояд тарсад, ки нусхаи онро ба ман диҳад.

Ман аз суд пурсон мешавам, ки натиҷаи иҷроиши таъиноти хусусӣ дар кадом ҳолат аст. Суд ҷавоб дода наметавонад. Чунин мактуб ба Прокуратураи генералии ҶТ ва прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд равона менамоям. Моҳи июни соли 2021 мактуб меояд, ки дар доираи як парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи муфаттиш Турсунов ваҷҳҳо санҷида мешаванд. Аммо инак моҳи октябр даромадааст. Ягон маротиба на муфаттиш, на прокурор ба пеши ман барои пурсиш наомадаанд. Аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ озодона дар ҶТ ва Русия гашта, ҷиноятҳояшонро давом дода истодаанд. Муроҷиатам то ҳатто ба прокуратураи назорати  қонун дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Сафарзода М. низ натиҷаи мусбат надод. Ҳарчанд, ки ду корманди ў барои иҷроиши супориши прокурор омада буданд, аммо натавонистанд, ки нусхаи ҳуҷҷатҳои лозимаро аз парвандаи шахсиам нусхабардорӣ карда диҳанд. Дида мешавад, ки иттиҳоди ҷиноятӣ дар ин сохторҳо одамони худро дорад, ки ҳар як қадами манро назорат намуда истодаанд. Онҳо ҳатто барои ҷисман несту нобуд кардани ман ба Сардори муассисаи ислоҳии С/23 СРИҶ ВАҶТ бо номи Файз нақшаи ҷиноятӣ кашида буданд. Мехостанд, ки бо ин роҳ баъди гирифтани амволҳоям маро кушанд. Ба ин тариқ мехостанд шахсе ки онҳоро фош менамояд ва муқобилашон шоҳидӣ медиҳад, нобуд намоянд. Аммо аз сабаби он, ки аз золимии сардори муассиса Файз дар зиндон шуриш шуд, нақшаи кашидаашонро амалӣ карда натавонистанд. Файз дастгир шуд ва барои як қатор кирдорҳояш маҳкум карда шуд. Як қатор ҷиноятҳое, ки Ҳусейнов Қ. бо Зоидов Муллоносир содир карданд, ошкор нашудаанд, дар қайди давлатӣ гирифта нашудаанд. Дигар ҳамшарикони ҷиноятии онҳо дар озодӣ мебошанд.

Вобаста ба ҷиноятҳои дар соли 2012 содиршуда умуман ягон парвандаи ҷиноятӣ кушода нашудааст. Онҳо боз чунин ҷиноятҳоро содир намуда истодаанд. Айни ҳол аз дар зиндон буданам истифода бурда, Давронов Д. ва Зоидов Б. бо падараш тамоми молу амволамро ғайриқонунӣ бо роҳи дуздӣ, таҳдиду ғорат аз худ карда, фурухта истодаанд. Аз мағоза бо ин роҳи ғоратгарӣ Давронов Д. плитаҳо, арматурҳо ва ғайраро фурухта истодааст. Аз заминҳои фермае, ки ба хоҷагии деҳқонии 0,31 сотих тааллуқ дорад, лулаҳои насос ва тамоми тахтавориву тунукаҳои нержавикаву арматуру уголникҳоро ғорат намуда, фурухтаанд. Касе бо моддаи 250, 244, 247 КҶ ҶТ нисбати онҳо новобаста аз аризаҳои навиштаам, чорае намеандешанд. То ҳатто барои пурсиш ҳам дар ин хусус намеоянд, яъне иттиҳоди ҷиноятӣ дар ин нуқта низ таъсиррасонии худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дида истодааст. Қайд намуданиям ҳангоме, ки Бобоев Беҳруз аз ман пул тамаъ менамуд барои ҷинояте, ки моддаи 250, қисми 4 КҶ ҶТ нишон медиҳад, аз ман аввало 5 ҳазор доллар, баъд 1000 доллар боз қисм-қисм бо доллар ва пули русӣ, ҷамъ дар умум 15 ҳазор доллар гирифт, ки онро аз номи ў бо супориши ў писари амааш Қаландаров Порсо гирифта буд. Аммо новобаста аз ин маблағҳои дода, новобаста аз некиҳое, ки ман дар хусуси аҳли оилаи ў менамудам боз 15 ҳазор доллари амрикоӣ бо ҳамроҳии Сангинов М. талаб дошт. Зикр менамоям, ки ҳанўз соли 2007 бо чунин роҳи тамаъ ҷиноят Сангинов М.  автомашинаи шахсиаш тамғаи Нива Шевролетро, ки арзишаш 15 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад бо роҳи зуриву фишор мегирад. Хусусияти иттиҳоди ҷиноятӣ дар он аст, ки саркардаи иттиҳоди ҷиноятӣ барои фош накардани кирдорҳои худ бо истифода аз шиносҳои доштаашон дар иттиҳоди ҷиноятӣ ҷиноятҳои худро пинҳон медоранд, ки онро мисли ман ба души шахсе гузоштанӣ мешаванд, ки онро фош намуданӣ мешаванд. Иттиҳоди ҷиноятии мазкур дар ҳудуди Русия, инчунин куштори шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои надодани арзиши боре, ки 500 ҳазор доллар дорад, содир намудааст. Дар муроҷиати мазкур агар паҳлуҳои ин кушторро, ки бо супориши саркардаҳои иттиҳоди ҷиноятӣ  ба вуҷуд омадааст, ошкор намоям он боз вақти зиёди дигареро мегирад.

Дар дохили иттиҳоди ҷиноятӣ қонунҳои ҷиноятӣ мавҷуд буд, ки мақсадаш дар иттиҳоди ҷиноятӣ тартибу интизоми қатъӣ бошад. Шоманзилов Асадулло яке аз паҳнкардагони сарчашмаи маводи  мухаддир буда, ӯ ҳамеша маводҳоро ба Бобоев Беҳруз барои интиқол додан ба Русия мебурд. Баъдан Шоманзилов Асаддуло дарк менамояд, ки маводҳои мухаддири додаи ӯро Бобоев Б. минбаъд ба Авезов Осим барои интиқоли ғайриқонунӣ медиҳад. Ӯ ин фурсати муносибро истифода бурда,  Авезов О.-ро ба он моил менамояд, ки аз ҳар бори гирифтааш аз Бобоев Б. 3-4 кг-ро бозпас ба ӯ бо нархи арзон диҳад. Ҳангоми ошкор шудани камбудӣ аз сабаби роҳи дуру пинҳони интиқолдиҳӣ мебошад, касе дарк карда наметавонад, ки он аз тарафи кӣ, кай ва чӣ тавр гирифта  шудааст. Ҳамчунин соҳиби бор имкону ҳуқуқи ба мақомотҳо дар хусуси дуздидани онҳо муроҷиат намуданро надоранд. Ин ҳодисаҳо пайи ҳам такрор мешуданд. Дар байни аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ кинаю адоват, душманӣ, ҳисси нобоварӣ нисбати якдигар зиёд шудан мегирифт, ки касе бори бо азобу машаққат овардаи ӯро мегирифтааст. Қарор шуд, ки шахсро ошкор менамоянд, ҷазои мудҳиш медиҳанд. Дар натиҷаи таҳқиқот ва фишорҳо Авезов Осим барои он ки нисбати ӯ чорае наандешанд, Шоманзилов Асадуллоро фош менамояд. Бобоев Б. бо ҳаммаслаконаш тахминан солҳои 2011 хонаи Шоманзилов Асадуллоро пурра месӯзонанд. Шоманзилов Асадулло ва Авезов О.-ро лату куб менамоянд, азобу шиканҷа медиҳанд. Сухтори содиршуда ҳамзамон имкон дошт, ки ба ҳаёту саломативу амволи шахсиву давлатӣ зиён расонад.

Аъзои иттиҳоди ҷиноятии номбурда ба воситаи маблағҳои бо роҳи ҷиноятӣ ба даст овардаашон амволҳои калон ба миқдори махсусан калон мисли корхонаҳо, хонаҳо, бӯстонсароҳо, мошинҳо ва дигар амволҳоро дар ҳудуди Русия ба дигар давлатҳо хариданд.

Агар ба корманди КДАМ ҶТ умуман ошкору фош кардани ин иттиҳоди ҷиноятӣ лозим бошад, дар сурати эҳсос кардани он, ки воқеан мехоҳанд иттиҳоди ҷиноятиро барҳам диҳанд, маълумот медиҳам. Дар сурате, ки агар ин барои давлату ҳукумати Президенту мақомотҳои он нолозим бошад, пас баъди 4-5 рўзи гирифтани муроҷиатнома онро ба суди мардумӣ медиҳам, ки аз расонаву воситаҳои ахбори омма оиди фаъолияти иттиҳоди ҷиноятӣ маълумот дошта бошанд. Ва аз онҳо канораҷўӣ намоянд, ба доми онҳо нағалтанд. Аз рўи қонун бояд аъзою саркардагони иттиҳоди ҷиноятӣ дастгир шуда, ҳамаи мо бо аломати квалификатсионии содирнамоии ҷиноят дар иттиҳоди ҷиноятӣ маҳкум карда шавем. Судҳо бояд вобаста ба роли ҳар якеамон ба мо ҷазои сазовор таъин намояд. Амволҳое, ки аз ман ғайриқонунӣ кашида шуданд, ба аҳли оилаам баргардонида дода шавад. Маълумотҳои марбутаро оиди дар маҳбас ҷойгир шуданам аз оилаам Тағоева Бодомхон Сайфиддиновна, ки рақами телефони мобилиаш 989185102 мебошад, гирифта метавонед. Инчунин аз адвокатам Шоев Сорбон телефони мобилиаш 935997705 метавонед маълумотҳои лозимаро ба даст оред.

Бо эҳтиром, ҷабрдида, маҳкумшуда Ҳасанов Ҳасан

Ps: Номаи зиндонӣ нашр шуд ва афроде дар ин нома аз онҳо ном гирифта шудааст агр аксҳои и н афродро дошта бошед ба “Ислоҳ” фиристед,то дар навор аз онҳо истифода шавад. Агар аксҳо аз 50% ба Ислоҳ расанд ин нома тариқи навор дар “ИСЛОҲ ТВ” нашр мегардад. Агарчӣ хело тулонӣ аст вале онро навор мекунем. Дар сурати дастрас нашудани аксҳои персонажҳо аз он сарфи назар хоҳем кард ва моро маъзур доред.

 

Total
26
Shares
Related Posts