Ному насаб, хонадон, куния ва лақабҳову сифатҳои Абӯбакр (р)

Аввал: Ному насаб ва кунияву лақабҳои Абӯбакр (а) Ӯ Абдуллоҳ писари Усмон ибни Омир ибни Амр ибни Каъб ибни Саъд ибни Тайм ибни Мурра ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиби Қурашии Таймӣ аст.

Ному насаб, хонадон, куния ва лақабҳову сифатҳои Абӯбакр (р)

ЗИНДАГОНИИ АБӮБАКР (Р) ДАР ДАВРОНИ ҶОҲИЛИЯТ

Аввал: Ному насаб ва кунияву лақабҳои Абӯбакр (а)
Ӯ Абдуллоҳ писари Усмон ибни Омир ибни Амр ибни Каъб ибни Саъд ибни Тайм ибни Мурра ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиби Қурашии Таймӣ аст. Насаби ӯ дар пушти шашум, яъне Мурра ибни Каъб ба насаби Расули Худо (с) яке мешавад. Ва кунияаш Абӯбакр (а) аст. Абӯбакр (а) лақабҳои зиёде дорад, ки ҳар кадом ба манзалати воло ва азамати шаън ва муҳтараму муътабар буданаш далолат мекунад:

1. Атиқ

Расули акрам (с) ӯро ба ин лақаб номида, бад-ин мазмун фармуданд: «Ту атиқуллоҳ (бандаи озодшудаи Худо) аз оташ ҳастӣ». Абӯбакр (а) пас аз он Атиқ номида шуд. Дар ривояти Оиша (а) омадааст: Абӯбакр (а) ба ҳузури Паёмбари Худо (с) расид. Расули акрам (с) ба ӯ ба ин мазмун фармуданд: «Туро хушхабарӣ бод, ки ту атиқи Худо аз оташ ҳастӣ». Ва аз он рӯз, Абӯбакр (а) ба Атиқ номгузорӣ ва мулаққаб шуд. Албатта, муаррихон ва таърихнигорон далелҳои зиёде дар мавриди иллати ин лақаб нигоштаанд. Бархе гуфтаанд: Ӯ ба хотири зебоии чеҳрааш Атиқ номида шудааст. Иддае низ гуфтаанд: Номгузории ӯ ба Атиқ ба хотири ин буд, ки вай дорои дерина ва пешинаи зиёде дар хайру некӣ будааст. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки наҷобат ва ҷамоли симояш, сабаби ин лақабгузорӣ мебошад. Албатта, далели дигаре барои номгузории Абӯбакр (а) ба лақаби Атиқ овардаанд ва он, ин ки ҳеҷ яке аз фарзандони модари ҳазрати Абӯбакр (а) зинда намемонд. Замоне ки модараш ӯро ба дунё овард, рӯ ба Каъба дуо кард: «Худовандо! Ин бача атиқ ва раҳоибахшидаи Ту аз марг аст, пас ӯро ба ман бибахш ва бароям зиндааш бидор». Ба ҳар ҳол ҳеҷ монеъе барои ҷамъи байни ҳамаи ин далоил, вуҷуд надорад, чунки Абӯбакр (а) зебочеҳра ва некнажод буд ва деринагӣ ва пешинаи зиёде ҳам дар хайру некӣ дошт ва бино ба ишора ва фармудаи Расули Худо (с) атиқуллоҳ ва раҳоиёфта аз оташи ҷаҳаннам низ мебошад.

2. Сиддиқ

Расули Худо (с) ин лақабро бар Абӯбакр (а) ниҳодаанд. Дар ҳадиси Анас (а) омадааст: Расули Худо (с) бо ҳамроҳии Абӯбакр (а), Умар (а) ва Усмон (а) болои кӯҳи Уҳуд рафтанд. (Бар фарози кӯҳ буданд, ки кӯҳ ларзид) ва ононро такон дод. Расули акрам (с) бад-ин мазмун фармуданд: «Эй Уҳуд! Ором ва беҳаракат бош, ки бар фарози ту як паёмбар, як сиддиқ ва ду шаҳид ҳастанд».

Яке аз далелҳои мулаққаб шудани Абӯбакр (а) ба Сиддиқ ин аст, ки ӯ ҳамвора Расули акрам (с)-ро тасдиқ менамуд. Дар ин бора уммулмӯъминин Оиша (а) мегӯяд: Замоне ки Расули Худо (с) ба масҷиди Ақсо бурда шуд ва ба мардум аз исро ва меъроҷаш сухан гуфт. (Ин гуфта ончунон аҷиб буд, ки) иддае аз касоне, ки қаблан ба ӯ имон оварда буданд, муртад шуданд ва аз дин баргаштанд. Гурӯҳе назди Абӯбакр (а) рафтанд ва гуфтанд: Оё медонӣ, ки дӯст ва ёрат (яъне Паёмбар (с) чӣ гуфта ва ӯро чӣ шудааст? Ӯ гумон мекунад, ки ӯро ба як шаб ба масҷиди Ақсо бурдаанд? Абӯбакр (а) гуфт: Оё воқеан ӯ чунин гуфтаанд? Гуфтанд: Оре. Абӯбакр (а) фармуд: Агар Расули Худо (с) чунин фармудаанд, бегумон рост гуфтааст. Онҳо ба Абӯбакр (а) гуфтанд, ки ту воқеан ӯро тасдиқ мекунӣ, ки ба як шаб ба Байтулмуқаддас рафта, пеш аз субҳидам бозгаштааст?! Фармуд: Бале, ман ӯро дар он чи баидтар ва аҷибтар аст, низ тасдиқ мекунам, ман ӯро ба ин ки ба субҳе ё шоме хабар аз осмон меоварад тасдиқ кардаам. Ба ҳамин хотир Абӯбакр (а) мулаққаб ба Сиддиқ шуд.

Уммат бар ин иҷмоъ кардаанд, ки Абӯбакр (а) аз он ҷиҳат Сиддиқ лақаб гирифт, ки ҳамвора дар тасдиқи Расули Худо (с) шитоб намуд ва ҳаргиз аз ӯ ҳеҷ бадие дида нашуд.

Шоирон низ дар мадҳи Абӯбакр (а) шеър суруда ва ӯро ба Сиддиқ лақаб доданд. Абӯмиҳҷани Сақафӣ мегӯяд:

Тарҷумаи шеър: Ту (эй Абӯбакр (а), Сиддиқ номида шудаӣ ва ҳар муҳоҷири дигаре ғайр аз ту бидуни инкор ба исми худ номида мешавад. Бегумон ту дар пазириши ислом аз ҳамагон сабқат гирифтӣ ва Худои мутаол худаш шоҳид ва гувоҳ аст. Ту ҳамчунин дар соябон бо Расули акрам (с) ҳамнишин будӣ.

Асъамӣ (Абдулмалик ибни Қариби Боҳилӣ) низ чунин сурудааст:

Тарҷума: Ман бо тамоми вуҷудам Расули Худо (с) ва Абӯбакр (а) -ро дӯст медорам ва муҳаббати ононро аз самими қалбам дуруст ва сазовор медонам ва умедворам, ки фардои қиёмат ба хотири ин муҳаббат подоши нек биёбам.

3. Соҳиб

Лақаби Соҳиб (ёр ва рафиқу ҳамдил)-ро Худованди мутаол дар Қуръони карим бар Абӯбакр (а) ниҳодааст, чуноне ки Ӯ таъоло фармуда:

«Агар Паёмбарро ёрӣ накунед, Худованд (ӯро ёрӣ мекунад, ҳамон гуна ки қаблан) ӯро ёрӣ кард, он гоҳ, ки кофирон ӯро (аз Макка) берун карданд, дар ҳоле ки ӯ нафари дуввум аз ду тан буд. Ҳангоме ки он ду (Паёмбар ва Абӯбакр) дар ғор (ки Савр ном дорад) буданд, (Абӯбакр нороҳат буд, ки мабодо ба Паёмбар газанде аз сӯи мушрикон бирасад) дар ин ҳангом Паёмбар хитоб ба рафиқаш гуфт: ғам махӯр, ки Худо бо мо аст. Пас Худованд оромиши Худро бар ӯ нозил кард (ва Абӯбакр дар партави алтофи Илоҳӣ ором гирифт) ва Худованд паёмбарашро бо сипоҳиёне ёрӣ фармуд, ки шумо ононро надидед ва сухани кофирон (ва ширку тавтиаашон дар бораи қатли Паёмбар)-ро поён кашид (ва ноком намуд) ва дар ҳар ҳол калимаи Аллоҳ ва сухани (шариати) Илоҳӣ боло ва бартар аст ва Худованд боиззат ва ҳаким мебошад.»

(Сураи Тавба, ояти 40)

Уламо бар ин фикранд, ки рафиқ ва ҳамроҳи дилсӯзи Паёмбар (с) дар сафари ҳиҷрат, Абӯбакр (а) будааст. Анас (а) мегӯяд, ки Абӯбакр (а) чунин гуфтааст: Ҳангоме ки дар ғори Савр будем, ба Паёмбар (с) гуфтам: Агар яке аз мушрикин ба поини пойҳояш бингарад, ҳатман моро мебинад! Паёмбар (с) бад-ин мазмун фармудааст: «Эй Абӯбакр! Гумони ту дар бораи ду нафар, ки саввумини онҳо Худост, чӣ мебошад?»
Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (а) мегӯяд: Яке аз бузургтарин маноқиб ва фазоили Абӯбакр (а) ин аст, ки Худованд дар ояти 40-уми сураи Тавба ӯро соҳиб ва ёри дилсӯзи Паёмбар (с) ёд фармуда, ки бидуни ҳеҷ тардиду ихтилоф, манзур аз соҳиб дар ин оят Абӯбакр (а) мебошад. Аҳодисе, ки ба ҳамроҳии Абӯбакр (а) бо Расули Худо (с) дар ғор далолат мекунад, машҳур ва бисёр аст ва каси дигаре ба ин фазилат даст наёфтааст.

4. Атқо

Худованди мутаол Абӯбакр (а) -ро дар Қуръон Атқо номидааст:

«Парҳезгортарини инсонҳо аз оташи ҳавлнок ба дур дошта хоҳад шуд.»

(Сураи Лайл, ояти17)

Албатта шарҳи бештари ин матлаб, ки Худованд Абӯбакр (а) -ро парҳезкортарини инсонҳо хондааст, дар баҳси фаъолиятҳои Абӯбакр (а) барои озодии бардагони мусалмононе, ки ба дасти мушрикон шиканҷа мешуданд, хоҳад омад.

5. Аввоҳ (нармдил ва касе ки Худоро бо тазаррӯъ ва зорӣ бихонад)

Абӯбакр (а) ба лақаби Аввоҳ (нармдил ва зорикунанда) номида шуда, ки ҳамин унвон далели худотарсии Абӯбакр (а) ва фурӯҳиштагии ӯ дар муқобили Худои мутаол аст. Иброҳими Нахаъӣ (а) мегӯяд: « Абӯбакр (а) аз он ҷиҳат ба лақаби Аввоҳ номида шуда, ки бисёр нармдил будааст».

Дуввум: Зодгоҳи Абӯбакр (а) ва хусусиятҳои зоҳирии ӯ

Дар мавриди ин ки Абӯбакр (а) пас аз Ому-л-фил ба дунё омадааст, уламо ихтилофе надоранд, аммо бар сари ин ки таваллуди Абӯбакр (а) чанд вақт пас аз Ому-л-фил будааст, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе гуфтаанд: Абӯбакр (а) се сол пас аз Ому-л-фил ба дунё омада ва иддае ду солу ним пас аз Ому-л-филро замони таваллуди Абӯбакр (а) медонанд. Бархе ҳам ду солу чанд моҳро бидуни таини адади моҳ мавқеъ ва замони таваллуди Абӯбакр (а) донистаанд. Ба ҳар ҳол, Абӯбакр (а) дар оғӯши падару модаре, ки дар миёни қавмашон дорои ҳурмату иззат буданд, ба хубӣ парвариш ёфт ва ҳамин боис шуд, то Абӯбакр (а) низ дар миёни қавмаш муҳтарам ва саромад бошад.

Шакли зоҳирии Абӯбакр (а) -ро чунин баён кардаанд: Чеҳраи сафед ва ҷисми наҳифу лоғар дошт. Қайс ибни Абӯҳозим мегӯяд: Абӯбакр (а) шахси лоғарандом ва сафед буд, ки гӯшти кам бар бадан дошт. Сиратнигорон вижагиҳои зоҳирии Абӯбакрро аз забони ровиён чунин гуфтаанд: Вай сафеди омехта ба зардӣ буд, қаду қомати нек ва лоғар ва чеҳраи устухонӣ, бо гунаҳои пурнишот дошт, шалвораш ба камар банд намешуд ва пушташ андаке хамида ва гунааш шодобу камгӯшт буд, чашмони фурурафтае дошт ва биниаш аз васат баромада ва дорои сӯрохҳои хурде буд. Соқҳои борике дошт ва бо вуҷуде, ки ронҳояш камгӯшт буд, аммо маҳкам ва чобук ба назар мерасид. Пешониаш баланд ва кашида ва ангуштонаш устухонӣ ва якнавохт буд. Ӯ ришашро бо ҳино ва катм (усма) ранг мекард.

Саввум: Хонаводаи Абӯбакр (а)

Падараш Усмон ибни Омир ибни Амр ва бо кунияи Абӯқаҳофа буд, ки дар фатҳи Макка мусалмон шуд. Абӯбакр (а) падарашро дар фатҳи Макка ба назди Паёмбар (с) бурд. Расули Худо (с) бад-ин мазмун фармуданд: «Эй Абӯбакр! Чаро пирамардро нагузоштӣ, ки мо ба наздаш биравем?» Абӯбакр (а) гуфт: «Сазовор буд, ки ӯ ба ҳузури шумо биёяд». Абӯқаҳофа (а) дар он рӯз мусалмон шуд ва бо Расули Худо (с) байъат кард.

Ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) мусалмон шудани Абӯқаҳофаро ба Абӯбакр (а) табрик гуфтанд ва ба Абӯбакр (а) дастур доданд: «Мӯйҳояшро тағйир диҳед (ва хизоб кунед), ки сари Абӯқаҳофа монанди гиёҳи дармана сафед шудааст. Дар ин фармудаи Расули Худо (с) як суннат ва дарси бузург дар бораи эҳтиром гузоштан ба бузургон вуҷуд дорад, ки худи Паёмбари акрам (с) низ бад-ин мазмун тасреҳ кардаанд, ки: «Касе, ки ба бузургони мо эҳтиром нагузорад ва ба кӯчакҳо меҳру шафқат наварзад, аз мо нест».

Модари Абӯбакр (а) Салмо духтари Сахр ибни Амр ибни Каъб ибни Саъд ибни Тайм бо кунияи Уммулхайр аст, ки аз мусалмонони нахустин ба шумор меравад ва моҷарои мусалмон шуданаш дар сафаҳоти баъдӣ хоҳад буд.

Абӯбакр (а) чаҳор ҳамсар дошта, ки аз онон дорои се писар ва се духтар шудааст. Ҳамсарони Абӯбакр (а) инҳоянд:

1. Қатила духтари Абдулазиз ибни Асад ибни Ҷобир ибни Молик

Дар бораи мусалмон шудани Қатила ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ӯ модари Абдуллоҳ ва Асмо аст. Абӯбакр (а) пеш аз зуҳури ислом, Қатиларо талоқ дод. Як бор Қатила ба Мадина рафт ва барои духтараш Асмо бинти Абӯбакр (а) ҳадоёе аз қабили кашк ва равған бурд, аммо Асмо (а) ҳадяи модарашро напазируфт ва ҳатто иҷозаи вуруд ба хонаашро надод ва шахсеро ба назди хоҳараш уммулмӯъминин Оиша (а) фиристод, то аз Расули Худо (с) бипурсад, ки оё метавонад ҳадяи модари номусалмонашро бипазирад? Паёмбари акрам (с) бад-ин мазмун фармудаанд: «Ӯро ба хонааш бубарад ва ҳадяҳояшро бипазирад». Худованди мутаол низ ин оятро нозил фармуд:
«Худо шуморо манъ намекунад аз ин ки некӣ ва бахшиш кунед ба касоне, ки ба сабаби дин бо шумо наҷангида ва шуморо аз шаҳру диёратон берун накардаанд. Худованд некӯкоронро дӯст медорад».
(Сураи Мумтаҳина, ояти 8)

Ин оят дар Тафсири Мунир, чунин маънидод шудааст, ки: «Худованд шуморо аз некӣ ва эҳсон ба куффоре аз қабили занону заифон, ки бо шумо наҷангидаанд, бознамедорад ва аз пайванди хешовандӣ, паноҳ додани паноҳанда ва пазироӣ аз касоне, ки шуморо аз диёратон берун накардаанд, манъ намекунад. Ҳамин тавр, Худои мутаол шуморо манъ намекунад аз ин ки дар робитаҳои худ бо чунин кофирон адолатро риоя намоед ва ҳуқуқу амонатҳояшонро ба онон диҳед ё ба қарордодҳои миёни худ ва онон вафо кунед ва бидуни каму кост, қимати ончиро аз онон мехаред, бипардозед.

2. Умми Румон духтари Омир ибни Уваймар

Ӯ аз қабилаи Бани Канона ибни Хузайма аст, ки шавҳараш Ҳорис ибни Сахбараро дар Макка аз даст дод ва пас аз он ба издивоҷи Абӯбакр (а) даромад. Ӯ дар мусалмон шудан пешинаи зиёд дорад. Бо Расули Худо (с) байъат кард ва ба Мадина ҳиҷрат намуд. Умми Румон, модари Абдурраҳмон ва Оиша (а) мебошад ва дар соли шашуми ҳиҷрӣ дар Мадинаи Мунаввара даргузашт.

3. Асмо духтари Умайс ибни Маъбад ибни Ҳорис

Ӯ аз нахустин занони муҳоҷир аст ва деринаи зиёде дар мусалмон шудан дорад ва пеш аз паноҳ бурдани мусалмонон ба Дору-л-Арқам мусалмон шуд ва бо Расули акрам (с) байъат намуд. Вай модари Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (а) аст ва бо ҳамроҳи шавҳари қаблиаш, яъне Ҷафар ибни Абӯтолиб (а) ба Ҳабаша ҳиҷрат кард. Сипас ҳамроҳи Ҷаъфар ба Мадина ҳиҷрат намуд. Шавҳараш Ҷаъфар (а) дар ҷанги Мута ба шаҳодат расид. Пас аз он Абӯбакр (а) бо ӯ издивоҷ кард, ки дорои писаре бо номи Муҳаммад шуданд. Саҳобагоне чун Умар, Абӯмусо, Абдуллоҳ ибни Аббос ва Уммулфазл (а) аз ӯ ривоят кардаанд. Ӯ хешовандонашро бисёр икром ва пазироӣ менамуд, ки аз он даста метавон ишора кард ба Расулуллоҳ (с), Ҳамза ва Аббос (р).

4. Ҳабиба духтари Хориҷа ибни Зайд ибни Абӯзоҳир

Ҳабиба (а) аз ансор ва хазарҷӣ аст. Ӯ аз Абӯбакр (а) бордор шуд, ки пас аз вафоти Абӯбакр (а) духтаре бо номи Уммикулсум ба дунё омад. Абӯбакр (а) дар Сунҳ (хонаҳои Бани Ҳорис дар атрофи Мадина) бо ӯ сукунат мекард.

Идома дорад

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Аз Исро ва Меъроҷ чиро метавон омӯхт ?

Мақолаи қаблӣ аз қиссаи Исро ва Меъроҷро нақл мекард. Дар мақолаи навбатӣ бошад таҳлили кӯтоҳе дар мавриди ин сафар мекунем, то дар ин чӣ ҳикмати Илоҳӣ нуҳуфта аст.
Идома

Исро ва Меъроҷ

Нахуст ба тамоми хонандагони гиромӣ ба осмон рафтани Расули арам (с) ки дар сирати мутаҳари он Ҳазрат (с) ва Қуръони карим ба номи “Исро ва меъроҷ” ёд шудааст ин муъҷазаи охирон паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с)