Облава: ин достони “Дев” ва “Аҷина”-ро мемонад

Ислоҳ нет

                              

    Ҷалби иҷборӣ ё ҳамон “облава” дар Тоҷикистон дар ҳоле идома дорад, ки волидони Исфандиёри Мирзоҳасан, сарбози 19 сола, аз ноҳияи Айнӣ, ки дар ҷараёни хидмат кушта гардид, ҷомаи мотами худро аз тан бадар накардаанд. Ва, ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст, намедонанд, писари ғӯрамаргу тармарги онҳо аз дасти кӣ ва чаро кушта шуд: -аз дасти командир ва ё кадом сарбози қаторӣ? Касе ҳам, ниҳоде ҳам ҳозир нашуд, ҳатто зарур ҳам надонист, тавзеҳ диҳад, ки чаро ӯ кушта ва ё худкушӣ кард? Гӯё як баррае,як бузғолае, як гӯсалае буд, ки аз ҷар париду кушта гардид.

 

     Волидони Исфандиёр танҳо  падару модаре нестанд, ки ҷигарбандашонро аз роҳи иҷбор –“облава” ба аскарӣ бурда ва аз он сӯ дар тобути оҳанӣ ҷисми беҷонашонро баргардонида бошанд.

 

    Аммо касеро, ниҳодеро, мақомотеро, барои мисол, комиссариати ҳарбии ноҳия, вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ё худи Раҳмон- президент, пешво ва сарфармондеҳи қувои низомиро парвое нест ва дар гумонашон ҳам намегузарад ва аслан аҳамият ҳам намедиҳад, балки кайҳост фаромуш сохта, ки падару модари Исфандиёр ва ё садҳо Исфандиёри дигар чи ҳолу чи рӯзгоре доранд. Ин падару модарони ҳам инак дар мотам нишаста, бо ҳазору як ранҷу озор, дар бесветиву хунукӣ, бо пули аз муҳоҷират ба даст омада ва бо ин умед, ки фардо дастгирашон хоҳад шуд, фарзандро бузург карданд, аммо зада-зада аскарӣ бурданду аз он тараф тобуташро оварданд…

 

  Инак, боз ҳам “гиру дор”,”бигиру бибар”, “иҳотагир” -яъне ҳамон “облава” бо суръат ва шиддату шамотати беш аз ҳарвақта идома дорад….

 

   “Облава”-ин калима имрӯз дар Тоҷикистон муродифи “дев”, -у“аҷина” “тоун”-у “вабо” шудааст. Ҷавонҳо бо шунидани он бо шарфаи пойи облавагирҳо  пинҳон мешаванд.Ҷавонони тоҷик, ки дар синну соли даъват ба аскарианд аз сайру гашт дар хиёбон, рафтан ба кори саҳро ё корхона ва ё ҳарҷое дигар, масалан ба аёдати падар ё модар ва ё хоҳараш дар бемористон ва ё ширкат дар тӯй ва ё ҷаноза иҷтиноб меварзанд, ба таҳлука меафтанд. Мабодо ба дасти “дев”, -у“аҷина” наафтанд.

 

 Як нафар аз кормандони мизи ҳарбӣ ҳикоят кард, ки падару модаре фарзанди беморашонро, ки гирифтори саръ аст, пинҳон мекунанд. Кормандони военкомат, бо чӣ роҳе ӯро қапида мебаранд.Аммо ин падару модар розӣ мешаванд, ки бо додани пул-ришва ӯро пас бигиранд.Мунтаҳо кор ҳамин тавр ҳам мешавад. Вале онҳо қисми зиёди пули “договор”-ро дода, дар пардохти қисми дигараш оҷизӣ мекашанд. Намеёбанд.  Шабе аз прокуратура меоянд, ин ҷавонро мебаранд ва барои саркашӣ аз хидмат “дело” мекушоянд. Корманди мизи ҳарбӣ гуфт, ки чанд бор ба ин волидон фаҳмонидам ва илтимос ҳам кардам, аммо нафаҳмиданд. Вай гуфт, ки наметавонад ба мардум бифаҳмонад, ки беҳуда зӯр назананд. Ё пул диҳанд, ё бимонанд фарзандонашонро, ки хидмат бираванд. Зеро аз ин кор то худи Президент огоҳанд. Ҳамин корманди “военкомат” гуфт барои ҷалби ҷавонон, муовини аввали раиси ноҳия, шуъбаи дохила, амният, идораи ҷамоат ва “участковий” масъуланд ва акнун, бигӯ гуфт ӯ, куҷо арз меравӣ ва ба кӣ арз мекунӣ?

 

Чорсаду бистмиллион сомонӣ фоидаи солона аз “облава”

 

  Он корманд афзуд: ин як бизнеси бузург ва калон аст, ки аз тарафи мақомот харҷе надорад.Комиссариатҳои ҳарбӣ, ҳар кадоме муваззафанд, ки ба сари ҳар даъватшаванда як миқдори муайяни маблағ ба вазорати мудофиа ва вазири мудофиа ба Сарфармондеҳи олӣ( саҳм ва ё ҳамон “доля”)- ро бисупорад. Барои мисол агар дар кишвар 600 то 700 ҳазор ҷавони синни даъват бошад:- бо арзонтарин баҳо барои ҳар кадоме аз ҷавони даъватшаванда 200 то 300 сомонӣ,дар баъзе манотиқ боло ва поён- ин чи миқдор маблағ хоҳад шуд. Маблағе, ки дар сол ду бор бояд ба кисаи Сарфармондеҳ биравад.Ба ҳисоби миёна солона 45 миллон долари амрикоӣ аз ҷавони ин миллат ва ё падару модари ӯ меситонанд.Акнун онро ба 25 сол зарб занед ва худатон қазоват кунед,ки беш аз миллард долар ситонидаанд.Боварнакунед худатон онро зарбу тақсим кунед ва хулосаатонро мебароред.

 

Якмиллиону шашсадҳазор долар доляи пешво барои ҳаҷ

 

  Ҳамчуноне аз сари ҳар як ҳоҷӣ, ки солтосол ҳаҷпулӣ гаронтар мешавад, масалан, имсол дар назар аст, ки 8 ҳазор бираванд, дусаддолларӣ “доля”-и худи Раҳмон будааст. Танҳо аз ҳамин ҳисоб ба ҷайби ӯ чи миқдор доллар ворез мешавад? Марҳамат якмиллиону шашсадҳазор долар бояд ба “пешво” барои адои маносики ҳаҷ доля бидиҳед. Дар мавриди навбатпарак,коратон тезтар шавад ва маболиғеки кормандони кумитаи дин ва миёндароҳо барои ин мегиранд чизе намегуям.

 

    Умри барҳадаррафтаи беш аз ниммиллион сарбоз

 

Ин ҷавон ҳам, ки ҳоло “облава” мешавад, ба хубӣ огоҳ аст, ки мо дар ҷаҳони капитализм ба сар мебарем. Тоҷикистон ҳам капиталисту монополисту бизнесмени худро дорад. Ва бояд ин тоифа як фисад, дарсадӣ, фоизи муайянеро аз аҳолии кишвар ташкил бидиҳанд. Аммо маълум аст, ки чунин нест, ҳеҷ, дарсадӣ ҳам инҷо ҷустан нашояд. Чунки ҳам капиталист, ҳам монополист ва ҳам бизнесмен Раҳмону фарзандонаш-Рустам, Озода, Таҳмина, Рухшона,Заррина, Парвина ва келину домодҳо ва қудоҳояш ба шумули Бег Сабур, Шарифбеки Давлатбег ва Ҳоҷӣ Шарифу Шамсуллову Зоҳиру Ҷамоллиддину Ашрафу Рамзу боз ҳам аз ҳамин тухмаанд. Ҳоло ки давлатро, буҷҷаро, капиталу бизнесу монополияҳоро доранд ва олигарху олигаполиянд,бе онки аз худ харҷе бикунанд.

 

Бачаҳои миллат бираванд дар аскарии онҳо адои вазифа кунанд. Яъне онҳоро “охранят” кунанд. Ройгон, бепул, бо шиками гушна, формаи куҳнаву фарсуда. Ва, боз бояд зарбу шатм бишаванд, азият бикашанд, кушта бишаванд, ба ҳолати худкушӣ оварандашон? Ҳамту, маҷҷонӣ, бидуни онки чизе ба дасташон ояд,баҳрае бигиранд, як нафъи ҳатто буни сӯзан дошта бошанд, ду сол аз умрашонро барои ҳамин оила ва капиталисту монополисту бизнесменҳояш ройгон бубахшанд.

 

 

Ва, шумо ин 2 солро, ба 20 ҳазор ва ин шумораро ба 27сол зарб бизанед,онгаҳ бароятон рӯшан хоҳад шуд, ки барои ҳифозат аз ин режим ин миллати мазлум чи қадар аз соли умри гарони худро ба ройгон додааст.

 

 Дар ҳоле, ки бар ивази ин ҳама сол, манзилаш бидуни барқ  ва сард аст, маоши падару модараш, нафақаи бобову бибиаш, адами ҷойи кор, дастнорас будани нарху наво-мушкилоте, ки дар дигар аз қисматҳои дунё вуҷуд надорад ва ё ниҳоят кам аст, ҳамеша гиребон ва домангиранд.

 

  Дар чунин вазъу дар чунин шароит як бачаи тоҷик барои чи биравад ба артиш? Ӯ ба муҳофизати кӣ хоҳад рафт ? Кадом давлатро ҳимоя хоҳад кард? Давлатеро, ки аз як хонавода таркиб ёфтааст? Давлатеро, ки  дар он ҷойи кор надорад, дар он маош надорад, дар он барқ надорад, дар он манзилаш сард аст ва бадтар аз ин  қути лоямуташро, нони рӯи хонашро, падару бародар, амаку тағо, писарамуву писархолаҳояш, ҳатто хоҳару модар дар Русия ба даст меоваранд, мардикоранду муҳоҷиранд, ҳамин ҳолату ҳамин шароитро ҳифзу ҳимоят бикунад? Давлатеро, ки барои ин ҷавони навхат ҳеҷ гармӣ ва дилхушӣ, ҳеҷ умеде ба ояндаро намедиҳад ва нахоҳад додро бояд посбонӣ кунад?   

 

  Аз тарафи дигар ҷавони навхат ҳамин давлати ноқонунӣ ва номашрӯъро аз таҳоҷуми киҳо бояд бираҳонад. Давлатеро, ки на ӯ интихоб кардааст на падару модараш, на писарамӯву писархолааш на хешу табораш?

 

    Ду соли умри худро, намедонад барои чӣ ва барои кӣ, беҳуда бигзаронад? Барои мисол Рустами Эмомалӣ, ки армия нарафта ҳоло рутбаи генералӣ дорад? Масалан ӯ “дедовшина”, “салага”, “черпак” ва аз ингуна жаргонҳои аскарӣ умуман огоҳ нест. Қарор мебарорад, ки ҷавонони синни сарбозӣ ба қайд гирифта шаванд ва аз муоинаи тиббӣ бигзаранд.Аммо дар фикри он нест, ки як ҷавоне, ки тоза вориди роҳи зиндагӣ мешавад, чаро бояд хидмати сарбозӣ биравад.Дар ҳоле, ки аз ин сарбозӣ барои ӯ ҳеҷ манфиате нест? Барои мисол ҳоло Сомон, бародари Рустами Эмомалӣ омода ҳаст, ки биравад ба аскарӣ?

 

    Худи Ӯ бо ин ҳама бепӯстурӯӣ, ки пӯсти рӯву пӯсти пушташ як шудааст, ғафсиву фарбеҳии лабу лунҷаш баробари фарбеҳии пушташ шудааст, бидуни онки шарм дошта бошад, ба ҳадде аз худ рафтааст, маст шудааст, ки ошкоро ба Рустам мегӯяд, “ту сер”. Бале, медонад, ки Рустам сер аст. Рустам сер аст дар баробари кӣ? Кӣ гушна аст?Мардуми тоҷик. Хуб, ҳоло ки агар сер бошӣ, чаро гушнаҳоро ҷабру зулм дорӣ, ки бираванд дар армияи ту хидмат кунанд?

 

  Ин ҷавон хуб ҳам медонад, ки баъди аскарӣ ҷое барои рафтан надорад,меравад мардикорӣ.Пеши падар, бобо, бародар, ако. Бояд кор кунад, то нон биёбад.То гушна намонад, танаш пӯшида бошад. Пас, чаро ду сол пештар наравад мардикорӣ, то пештар зиндагиашро сару сомоне диҳад? Аслан ин чӣ сохту чӣ давлатдорӣ аст? Ин ҷавонҳои гушна, ки обу дона, либосу кафши поҳояшон аз заҳмати муздурии падару модараш аз Русия таъмин аст бо чи фикре, бо чи андешае, биравад аскарӣ? Ин ҳам дар ҳоле, ки дар хидмати сарбозӣ шаттаву шаллоқ мехурад, гушна мемонад, мутмаин нест, ки зинда бархоҳад гашт ё хайр. Чун на як бору ду бор сарбозонро барои саркӯбимардуми Бадахшон ва Ғарм бурдаву садҳо нафарро дами тир кардааст.

 

  Ҳадаф аз доштани артиш барои як давлат чӣ аст? Чанд соле пеш дар як расона фикре садо дода буд, ки бояд вазорати дифоъ ва артиши миллиро барҳам зад.  Артише, ки намои зоҳирӣ дорад ва коре ҳам аз дасташ сохта нест чӣ зарурат дорад? Артиши миллии Тоҷикистон дар баробари кадом таҳдид ва хатароти берунӣ хоҳад истод? Аз ноҳия ва зовияи кадоме аз кишварҳои ҳамсоя хавфу таҳдид ҳаст? Қирғизистон, Ӯзбакистон, Чин ва ё Афғонистон? Ин кишварҳо, ки Тоҷикистон дар иҳотаи онҳо қарор дорад барои Тоҷикистон таҳдид мекунанд?  Мо, ки даъвои забту ишғол надорем ҳамсояҳоямон ҳам.Афғонистон ва ҳатто Толибон фикр накунам, ки ҳамла оранд. Чин агар бихоҳад, мо агар ҷамъи артишамонро ду баробар кунем, ҳам  чизе аз дастамон намеояд. Дигар инки пойгоҳи низомӣ ва дивизияи 201-и Русия  нақши артишро ифо хоҳад кард. Вагарна чи даркор аст он? Аз тарафи дигар артише, ки асокир ва афсарони нимсеру нимгушна дорад, либоси дуруст дар бар надорад, дар моҳу сол як бор ҳам “учебка” намеравад, асокире, ки мӯза дар пой надорад, асокире ки туфангро аз камон тафовут намедиҳад, чи артише аст?Барои мисол ҳамин ҳодисаи ахир дар Исфара. Артиш натавонист марзро ҳимоя кунад. Артише, ки дар он сарбозаш, дили нохоҳам, ғайрихтиёр ва аз роҳи иҷбор адои хидмат дорад, ба чи коре қодир буда метавонад?

 

   Сад войю вовайлои тоҷики бечора,ки дар шаҳрҳои Русия дар дасти милисаи рус “облава” мешавад,дар ватани худ дар дасти “военкомат”.

 

   Пешниҳод ва тавсияи ман ин аст ки ҷавонони тоҷик пайи кори худ бишаванд, нараванд ба сарбозӣ. Сарбози ҳукумате, ки шуморо, падару модари шуморо, хешу табори шуморо ошкоро “гушна” гуфта таъна мезанад, ва наздикону бачаашро, ки як дақиқа ҳам дар аскарӣ набуданд “сер” мегӯяд ва рутбаи генералӣ медиҳад, ҳам таҳқир ва ҳам нанг аст.

 

 Исфандиёри Мирзоҳасан ва куштори мармузи ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Ҳазорҳо ҳазор аз атбои Тоҷикистон бо маҳкум кардани ин фоҷиаи мудҳиш аз мақомоти кишвар ва аз ҷумла худи Раҳмон талаб карданд, номаи боз навиштанд,ки муҷримон ва омилини ин куштор ошкор ва муҷозот бишаванд. Аммо аз санг садо меояду аз онҳо не. Девори лаҳад шуданд, гунгу кар шуданд. Вале ҳоло боз маърака роҳ андохтаву “облава” мекунанд.

 

Аз ҳама наздикони он ғурамаргонеки дар хидмати аскарӣ ва ё қисмҳои ҳарбӣ кушташудаанд бахшиш мепурсам,ки номҳои онҳоро зикр накардам.Иллати адами зикри асомии он ҷавонон ин зиёдбудани адади онҳост,ки агар зикр намоем садҳо мақола лозим меояд.Дар ин мавсим агар ҳар ҷавоне аз ин “облава” ва ин ҳолат ранҷ мебарад,дарди дили худро нависад “Пойгоҳи Ислоҳ” дар мадди аввал онро нашр менамояд.Чун хуб медонем шумо ҷавонони миллат дар чи ранҷу азоб ва ҳолати бади равонӣ дар ин сезони “облава” қарор доред.

 

 

Share This Article