Обмӯрӣ аз боғ калон

 сафарҳои «корӣ»-и Раҳмонов ба манотиқи кишвар ба ҳамин мақоли мардумӣ мувофиқ меояд  

Кучае дар Панҷакентро, ки ба хотири сафари Эмомалӣ Раҳмонов бо як шитобу аҷала мумфарш карда буданд, баъди ҳамагӣ ду рӯз дигарбора харобу ҷазир шуд. Ва, хабаргузориҳо бо нашри аксу тасовире аз ин кучаи харобшуда ҳиҷ маҷоле барои инкори ин масхарабозӣ нагузоштанд.

Аммо оё ин танҳо ва ягона маврид аст, ки ба маҳзи сафари Раҳмонов ҳазорҳо, балки миллионҳо сомонии буҷа ва мардум барбоду ҳадар меравад? Ва, аз касе барои ин ҳама исрофкориҳо пурсида хоҳад шуд? То ҳамин ҳоло ҳиҷ иттиллову хабаре дарҷ нашудааст, ки бар фарзи мисол барои махориҷу масорифи барбодрафтаи сафарҳои Раҳмонов ба манотиқи кишвар касе ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад. Барои он аз касе пурсида нахоҳад шуд, ки ин ҳама маблағу пулҳои ҳангуфт ба маҳзи сафари Раҳмонов харҷ шудааст ва чи касе ҳозир аст масорифи барои Ҷаноби олӣ ва Пешвои миллат «списат»-шударо бозҷӯӣ кунад. Чунки бо ин кор, дурусттараш ҷиноят ба ҳадафи асосӣ -истиқболи пурзарқу барқи Раҳмонов расиданд. Дигараш муҳим нест. Ҳатто агар миллионҳо доллар ба дасти бод супурда шуда бошад ҳам. Вагарна аз ин гуна ҳаводис дар ҳамаи сафарҳои ба истилоҳ кории Раҳмонов борҳо рух додаасту руй медиҳад, аммо авзоъ ҳамон асту иваз шуданӣ ҳам нест. Чунки инро худи Раҳмонов мехоҳад. Мехоҳад, ки вайро ҳамин тавр, бодабдаба, бо карру фар, бо воҳимаи ҳарчи зиёд ва бошукуҳу шаҳомат пешвоз бигиранд ва ин ҳамаро он бегоҳ аз тамоми шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш бигзоранд. Дурӯғ ҳам бошад, нишон диҳад, ки вайро чи тавр бо гулу гулдаста, бо душизаҳову духтарони мактабхон ва зери пояш фаршу бо карнаю сурнай пешвоз мегиранд ва вай чи қадар маҳбубият дорад.

Бубинед, аз Канчочи Айнӣ, ки «Талко-голд»-и Ҳасан Асадуллозодаи бародарзанашро кушод то Дашти қозии Панҷекат, ки як фермаи гов ва 14 гектар замин чормағзу олуро ба истифода дод ҳамагӣ 40 километр ҳам нест бо чархбол омад. Ва, ҳайратовар ҳам ин аст ки чархболи Раҳмонов дар иҳотаи боз се чархболи дигар. Мегӯӣ, ки Раҳмонов ба кадом сангар ва ё ҷабҳаи ҷангӣ меомада бошад. Ҳоло чи ниёзе аст ки чархболи ӯро боз чанд чархболи дигар ҳамроҳӣ бикунад? Магар кадом таҳдиде ба амнияти ӯ вуҷуд дорад? Гузашта аз ин, аз Дашти қозӣ то Панҷакент 40 километри дигар. Аз онҷо то Панҷакент боз ҳам ҳамин чархболҳо баланд мешаванд ва Раҳмоновро аз фурудгоҳе,ки фақат барои ҳамин як сафар дар Дашти қозӣ сохтаанд, меоваранд ба фурудгоҳи Панҷакент. Ин чаҳор чархбол ин қадар маводди сухтро аз кадом ҳисоб сухтанд? Ва, чи зарурате ба ин ҳама харҷу исрофи сарсомовар.

  “Гуфта шуд, ки дар ин 14 гектар замини навбунёди боғи интенсивӣ, ки Раҳмонов лӯлаи обашро фаъол кард 500 кас бо ҷойи кор таъмин мешавад. Вале, инсоф диҳед, агар бо ҳар 14 гектар 500 кас бо ҷойи кору даромади хуб таъмин шавад,ин миллионҳо муҳоҷири корӣ чаро биравад Русия? Кӣ ба ин ҳисобу китоб бовар мекунад.”

Акнун як назаре биандозем, ки ҳадди ақал дар бист соли ахири сафарҳои «корӣ»-и Раҳмонов чи қадар ҷойҳои корӣ дар кишвар фароҳам шуд. Бовар кунед, ки агар ин арқомро ҷамъу зарб кунем, ҳоло бояд мужикҳову крестянҳои Русия бояд Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ биёянд. Аммо чуноне медонем, ҳама чиз комилан баракс аст ва ончики дар сафарҳои Раҳмонов «ҷои кору даромади хуб» месозанд, дар асл дуруғу воҳимае беш нестанд. Танҳо ҳамон либосҳое, ки дар маршировкаҳо духтарҳо пӯшиданд аз миллионҳо мегузарад.

Моҳи октябри соли 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ширкати Раҳмонов як коргоҳи дузандагӣ  ифтитоҳ карданд ва заданд таърифу тавсифро, ки он барои100 нафар ҷойи кор фароҳам меоварад ва ифтитоҳи он дар сояи раҳмату марҳамати сиёсатҳои ободкоронаву хирадмандонаи Пешво муяссар шудааст. Бо дастгирии Пешвои муаззам соҳибкор фалонӣ ин корхонаро сохт.

  ” Аммо баъди ҳамагӣ як рӯз, вақте хабарнигорон аз вазъи ин коргоҳ дидан карданд, онҷо касе набуд ва аз сад мошини дарздузӣ 2 ва 3 адад боқӣ монда буду халос. Се нафар аз хонумҳое, ки дар маросими ифтитоҳи он ширкат кардаанд, гуфтаанд, ки онҳо инҷо кор намекунанд. Аз ҳукумати ноҳия хостанд, ки чанд соати омадани президент тазоҳур кунанд, ки инҷо кор мекунанд.”

Ширкати «Ёқут-2000»-Абдуҳалим Қодири бизнесмен дар Ваҳдат барои 1000 дузанда коргоҳ сохту Раҳмонов онро ифтитоҳ кард, аммо баъди чанд ҳафта касеро дар онҷо пайдо накарданд.

Чойхонаи воҳиманоки «Харбуза»-и Муродалӣ Алимардонов, ки соли 2015 ба муносибати 3000-солагии Ҳисор сохтанду Раҳмонов лентаи рамзии онро бурид, низ феълан тамоман кор намекунад.

Метавон аз ин даст мисолҳои фаровонеро инҷо овард, ки дар ин сафарҳо ба мардум ҳиҷ натиҷаи хайре ва ҳиҷ баракате намерасад, балки ба сари миллионҳо –миллионҳои мардум об мерезанду халос.

   ” Ёдатон бошад мо дар бораи Наврӯзи соли 2020-и Хуҷанд, дуруст дар айни шуюъи коронавирус, ки бо ширкати Раҳмонов доир гашта буд як матлаби муфассал навишта будем. Онҷо зикр шуда буд, ки фақат барои дизайну декоратсияи саҳнаи он ҷашни наврузӣ 7 миллион доллар харҷ шудааст. Савол инҷо аст ки ин ҳама пулу маблағ аз ҳисоби кӣ аст ва чаро Раҳмонов ба ин ҳад исрофкорӣ мекунад?”

Дар дасти мо даҳҳо номаҳое аз навоҳии кишвар мавҷуд аст, мегӯянд барои сафарҳои Раҳмонов аз хурд то бузурги ноҳия дар ташвишу изтироб мемонанд. Ду-се моҳ барои пешвози вай омодагӣ мегиранд. Ҳарому ҳалол биноҳои ниматамомро гӯиё ба итмом мерасонанд. Ҳеҷ комиссияе онҳоро қабул накардааст. Танҳо рангу бор мекунанд, пардоз медиҳанду бас. Намунаҳояшро, ки дар боло зикр кардем. Ҳамин ки Раҳмонов омаду рафт, тамом, ҳама чизро мебаранду ба соҳибонаш бармегардонанд. Ҳатто гилему фаршеро, ки Раҳмонов болои он роҳ меравад, раисони ноҳияҳо аз ҳамдигар қарз мегиранд.

“Аз аҳолӣ, аз бизнесменҳо, аз соҳибони дукону чойхонаву сартарошхонаву муаллиму талабаву духтуру санитарка пул ҷамъ мекунанду намоиши картошкаву сабзиву пиёзу кадуву боқилову харбузаву тарбуз ташкил мекунанду нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ҳама серуп пур аст. Аммо дар амал ин тавр нест. Аз як нафар деҳқони фалғарӣ кормандони ҷамоат ду тонна картошкаро барои намоиши пешвози Раҳмонов насия мегиранду мегуянд, ки сафари Ҷаноб тамом шуд, пулашро медиҳем. Вале сафари Ҷаноб ба анҷом расидау он деҳқони фалғарӣ натавониста, ки пули картошкаашро аз кормандони идораи ҷамоат бигирад. Ин аст як намунаи зарари сафарҳои Раҳмонов ба навоҳии кишвар.”

Тибқи маълумотҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» расид, чанде пеш дар як ҷаласаи пушидаи КДАМ масъалаи корхонаву иншоотҳои баъди сафари Раҳмонов аз кормондаро дар миён гузоштаанд. Акнун он тоҷироне, ки лентаи коргоҳашонро Раҳмонов буридаву фотиҳаи кор дода буд ва ҳоло фаъолият намекунанд, дар балои бад гирифтор хоҳанд шуд. Зеро ходимони КДАМ ва хабаркашҳои он чунин бинову коргоҳҳои аз корбозмондаро руихат карда истодаанд. Маълум аст ки ин соҳибкорон барои халос шуда аз чанголи КДАМ барои «фиреб»-и Пешвои миллат боз пули зиёдеро харҷ хоҳанд кард.

Танҳо чархболҳо нестанд, ки аз харҷи барзиёд ва сафарҳои аблаҳонаву аҳмақонаи Раҳмонов ҳикоят кунанд. Барои таъмини амнияти Раҳмонов як ҳафта пеш воҳидҳои махсуси мақомоти қудратӣ-милиса, амният, вазорати мудофиа, кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, БДА ба ноҳияҳо эъзом мешаванд. Даҳҳо мошини оташнишонӣ, садҳои афсару сарбоз бо мошинҳои ҳарбӣ, даҳҳо мошини «Ёрии таъҷилӣ» амнияти сафари Раҳмонов барои мисол дар Ашт ё Раштро таъмин мекунад.

Савол ин аст ки ин ҳама харҷу хароҷот барои як кишвари фақиртарин  дунё чи зарурат дорад ва ба хотири чӣ? Раҳмонов бо ин корҳояш чи гуфтан мехоҳад. Ин ҳама показуха барои чӣ?

Тамоми вазиру раис, ҳукумати марказӣ, вилоят, раисони ноҳияҳо ҷамъ мешаванд ба маҳалли сафари Раҳмонов ба Конибодом ва ё Панҷакент. Вакилони Маҷлиси намояндагону вилоят меоянд. Хулосааш чӣ? Раҳмонов коргоҳи дузандагиро ифтитоҳ мекунад. Раҳмонов бинои ҲХДТро ифтитоҳ мекунад. Раҳмонов туйхонаи сохтаи бизнесмени номиро мекушояд. Раҳмонов корхонаи калобаресӣ ва ё ҷуроббарорӣ ва ё заводи нон ва ё консерваро ва ё фермаи мурғу моҳӣ ва ё гову гусоларо мекушояд. Ҳамааш ҳамину тамом. Боз, чи хеле гуфтем, на ҳамаи онҳо ду моҳ кор мекунанд.

-Магар кори раиси ҷумҳурӣ ҳамин аст?

-Барои кушодани бинои ҲХДТ бояд чаҳор чархбол аз Душанбе Исфара ояд?

-Ҳамаи ҳукумат вакилони маҷлис, биёянд?

-Маблағ аз куҷо?

Ин тавр нест, ки раиси ҷумҳурӣ, сардори давлат биёяду бо мардум дидору мулоқоти озод анҷом диҳаду аз мушкил ва дарду доғи онҳо бипурсад. Ин тавр нест, ки мардум омадани ӯро мунтазир ва кадом умеде аз ин сафар дошта бошанд. Ин тавр нест! Ширкаткунандаҳои мулоқоти вай аз ҳаллоҷии мақомот гузаронида мешаванд. Ҳар нафаре ҳам ки суҳбат мекунад бо ҳамоҳангии қаблӣ ва муҳтавои суҳбаташ ҳам аз қабл маълум шуда аст. Яъне як навъ спектакл. Ҳама аз ситоишу сифоташ мегуянду кудакон ба ҷойи Ленинбобоҷони солҳои шуравӣ Раҳмонбобоҷон мегуянд. Дузандаҳои коргоҳҳои дузандагӣ аз Раҳмонов ташаккур мекунанд, ки ҷойи кор офарид, дар ҳоле, ки эълон мешавад, ки ин коргоҳ бо саъю сармояи фалон соҳибкор сохта шудааст. Воқеият ин аст ки мардум аз рангу рӯи вай, аз ҳафт маҳалли вай безоранд. Раҳмонов ба навоҳии кишвар ба унвони роҳбар ва сардори давлат сафар намекунад. Фикр мекунӣ, ки раиси ҷумҳурӣ не, як масхарабоз, як дорбоз, як артист меояду чанд барнома мегузораду консерт медиҳаду меравад. Чунки чизе ҳал намешавад. Чунки чизе иваз намешавад. Ҳамон духтарҳои атласу чаканпӯшу ҳамон лентабуриву ҳамон пардабардориву ҳамон майдони парчаму нишонсозӣ, ҳамон туалети махсуси Раҳмонов,ки рӯи дӯши чанд охранааш асту ҳамон намоиши трактори бо картошка сохтаву ҳамон растаи пиёзу сабзиву кадуву караму ҳамон тоқии бо навиштори «Маде ин Кулоб»-у ҳамон куртаи чакану тавлаку думраву ҳамон «эмомбобоҷон»-хониҳои кудакони яслиҳову ҳамон мусобиқаи пурхуртарин палавхур ва ҳамон Раҳмонови Ҷаноби оливу Пешвои миллат, ҳамон қурутови бо оличаву…хуллас саҳнаҳои ҳазорон бор дидаву азёдшудаву дилбазан.

Бовар кунед, ҳатто сухангӯй президент Абдуфаттоҳ Шарифзода аз сафарҳои Раҳмонов суди худ ва тиҷорати худро дорад. Мумкин аст савол кунед чӣ гуна тиҷорат ва суде метавонад дошта бошад? Қалам ё чуноне мегуем ручкае президент дар сафарҳояш имзо мегузораду, чизе менависад дар он сафараш ба ҳар ноҳия бренд аст. Ин ручкаро Абдуфаттоҳ Шарифзода худаш чанд мехарад онаш муҳим нест вале аз раиси ноҳия ва он коргоҳе онҷо мераваду онҷоро ифтитоҳ мекунад то 1800 доллар бояд ба ҷаноби сухангуй пардохт намояд. Боз вақте имзо гузошт ҳатман он ручкаро онҷо намегузорад бо худаш мегираду меравад. Дар мавриди ташкили мулоқотҳояш ҳам ставкаи махсус дорад,ки ин мулоқотҳо нархи худро доранд. Агар хоҳед мулоқот кунеду коратон ҳал шавад ин маблағ, агар танҳо мулоқот бошад ва худатон мутақоид кардан тавонед маблағаш камтар аз он. Албатта дар ин кор ҳатман Асадулло Раҳмон шомил аст. Тиҷоратҳо ва суди Асадулло Раҳмонов бошад таҷҳизоти рӯшноӣ ва ончи марбут ба он аст, бо мизу курсиҳои махсӯсе Президент дар онҳо менишинад. Инҳо пракат ҳастанд ва бо маблағи махсӯс ба Асадулло Раҳмон дода мешавад ва боз пас афроди махсӯс онҳоро ҷамъоварӣ карда мебаранд. Дар мавриди минбаре баромад мекунад боз як мусибати дигар ва маблағи ҳангуфти дигар аст.

  «Обмӯрӣ аз боғ калон», ки тоҷикҳо мегӯянд ҳамин аст. Миллионҳо сомонӣ барои сафари Раҳмонов харҷ мешавад, ки биёяду як боғи интенсивӣ бикушояд. Магар то Раҳмонов дар Тоҷикистон боғ набуд? Агар Раҳмонов лентаи бинои фермаи говҳои алоро накушояд он говҳо шир намедиҳанд? Бояд ва ҳатман Раҳмонов лента бурад ва ё латтаи рамзӣ бардорад. Ҳоло агар Раҳмонов ин корро кард, чи хоҳад шуд? Говҳо дугонагӣ мезоянд? Раҳмонов, ки худаш сердухтар аст.

Раҳмонов ба Рашт сафари корӣ анҷом медиҳаду дар намоишгоҳи маҳсулоти кишварзии ғармиҳо тарбузу харбузаи Мирзочулро мебаранд. Раҳмонов моҳи март Дарвоз мераваду помидору бодиринги Тошкандро онҷо виставка мекунад. Раҳмонов Ашт меравад дар пеши оҳангарҳои ба намоишгоҳ омадаи онҳо тавақи қурутов ва оталахурӣ мегузоранд. Бо ин дурӯғҳо, бо ин саҳнаҳои аблаҳона ва аҳмақона киро фиреб медиҳед? Магар Раҳмонов то ҳамин ҳад аҳмақу аблаҳ аст?

Хулосаи ин сафарҳо ин аст ки нишон диҳанд Раҳмонов Тоҷикистонро серу пур кардааст, пешравӣ шуда истодааст, ба ятимони кулл либос мепушонад, ҷуфтҳои нодору камбағалро туй ва хатнасур доир мекунад. Яъне дар Тоҷикистон фақат як кас аст ва ин як кас бояд розӣ ва қонеъ ва хурсанд бошад.

Се моҳ тамоми як ноҳия давутоз мекунад, ташвиш мекашад, ки Раҳмоновро ба дараҷаи олӣ пешвоз гирад, харҷ кунад. Як нафар аз кормандони дастгоҳи ҳукумати як ноҳия мегӯяд, ки онҳо аз кулобиҳо чи каманд, ки танҳо барои гулу гулдастаҳои пеши мизи Раҳмонов 100.000 доллар ба тоҷирони гули Тошканд пул доданд. Бовар кунед, агар пулҳои сафарҳои Раҳмонов дар бист соли ахирро ба ҳисоб гирем, мешавад як Роғуни дигар сохт. Нигаҳдории Раҳмонов барои халқ ва давлати Тоҷикистон солтосол гаронтар шуда истодааст. Ба навиштаи расонаҳои интернетӣ дар кучаи дубора ба харобӣ рӯ овардаи Панҷакент ҳам бинои додситонӣ ва ҳам бинои додгоҳи ин шаҳр ҷойгир аст. Акнун, ки додситониву додгоҳ ногузир ба фиреби Раҳмонов шуда бошанд, чаро як бизнесмени «дастбахайр»,ки водораш карданд, хому хатала иншоотро рангу бор занад, фиреб надиҳад. Ин спектаклҳои сохта ва бофтаи дурӯғ, то ба кай идома мекунад ? Ба андешаи ман то он рӯзе ин мард дар қудрат қарор дорад он идома меёбад. Чаро ? Чун, ки ӯ ин исрофкорию худнамоишдиҳиро дӯст медорад.

Total
7
Shares
Related Posts