“Одам”-и Таҳмина, “одам”-и Рустам,инро медонистед?

Ислоҳ нет

 Касб ва масъулият нав дар Тоҷикистон

Маълумот ва ахборе, ки аз дохили ватан ба мо мерасад, сахт нигаронкунанда аст. Нигаронкунанда аз он ҷиҳат аст ки ҳукумати Раҳмонов ва оилаву авлоди вай ба ҷойи онки ба мушкилоти мардум расидагӣ кунанд, баракс, барои афроди қаллоб ва мардумфиреб шароит фароҳам овардаанд, ки халқро боз ҳам азобу азияти бештар диҳанд. Ин афроди қаллоб, ки бидуни шубҳа дар тамоми қаламрави мамлакат мавҷуданд, баъзеашон дар мақомот ва ҳукуматҳои маҳаллӣ масъулиятҳо доранд, баъзеашон вазифаи расмӣ надоранд аммо бо номи “посредник” ва ё “миёнарав” маъруфанд ва аз номи фарзандони Эмомалӣ Раҳмонов: Озода, Таҳмина, Рустам гӯиё кори мардумро “буд” мекунанд. Хулосаи гап ин аст ки ин “одамон”-и фарзандони Раҳмонов, хоҳ инки дар ҳақиқат бо онҳо шинос ҳастанд ва ё хоҳ аз номи онҳо дурӯғ мегӯянд ва мардумро гӯл мезананд, дар амал барои худ вазифаи ғайрирасмиеро сохта аз мардум пул мекунанд. Як намунаи хурди онро инҷо дар мисоли ноҳияи Деваштич-Ғончии пешина инҷо пешкашатон мекунем:

“Одам”-и Таҳмина*

Сатторов Азиз, мутаваллиди соли 1981. Корманди бахши литсензия дар вилояти Суғд. Худро дар ҳама ҷо одами Таҳмина* муаррифӣ кардаву аз номи Таҳмина гап мезанад. Кору касби ӯ “посредникӣ” аст. Бо фиребу найранг агар даҳ гӯянд сад, сад гӯянд ҳазори корафтодаҳоро мегирад.

Дар давоми “фаъолият”-аш соҳиби моликият:

а) Маркази савдо дар маркази ноҳия,ки бо баҳонаи китобхона гуфта гирифта дар онҷо ”Маркази савдо” и се ошёна бо монсарташ сохт. Табақаи аввал ҷой фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ,хурока. Табақаи дуввумин “Маркази савдо” ба Бонк иҷора дода аст.

б) якчанд қитъаи замини наздиҳавлигӣ, Масалан: Як заминаш дар шоҳроҳи Деваштич Истаравшан ҳудуди 7 гектор, ки собиқ  замини колхози Абдусамад Қодиров буд, ки Азиз аз худаш кард. Ду қитъаи замини назди ҳавлигӣ,ки ҳар кадомаш 7 сотихи мебошанд, дар пушти почтаи марказии ноҳияи Деваштич дар назди заправкаи Назаровҳо мавуҷд аст. Ду қитъаи замини назди ҳавлигӣ дар болои заводи хишт,ки инҳо ҳам 7 сотихи мебошанд.

в) як чанд гектар заминҳои обӣ ва боғҳо….

Ӯ аз субҳ то шом дар назди маркази савдояш истода бо шариконаш, ки онҳоро бар ивази маблағ бо ҷои кор таьмин намудааст, ба ҷамъ намудани маълумот ва “подстава”-и халқи одӣ машғул аст.   Як коргари гурӯҳаш Додоҷонов Ботур  Орипович соли таваллудаш 1982, коргари литсензияи автомобилҳо аст. Падари Додоҷонов Ботур бо номи Додоҷонов  Ориф барои таҷовуз ба номус доғи судӣ дорад, ҷияни Азиз  Ашӯров Сӯҳроб, коргари идораи андоз ба ғорати мардум машғул аст. Сӯҳроб ҳамчунин ҳафт моҳ пештар духтари сокини Файзободи ноҳияи Деваштич,ки Ҳошим ном дорад ва соли таваллудаш тақрибан 2005 буд яъне ноболиғ буд яъне 15 сола ӯро медуздад ва ба номусаш таҷовуз мекунад. Ин духтарро дар ҷустуҷӯ қарор медиҳанд ва тақрибан ду моҳ дар Хуҷанд ӯро пинҳон мекунад ва мебинад вазъият хароб аст,духтари ноболиғро ба Деваштич ба хонаи падараш Ҳошим меораду мегӯяд ман духтаратонро гирифтам,ҳоло ин ноболиғ ҳамсари дуввуми Ашуров Сӯҳроб ин корманди Андоз аст. Як ҷияни дигариаш Ашӯров Фирдавс  сармуҳосиби беморхонаи марказии Деваштич,ки маблағи беморхонаро ба мисли маблағи ҷайби худаш истифода мебарад. Сатторов Манучеҳр як ҷияни дигари Азиз, ки собиқ корманди гумрук буд ва бо пора дастгир шуда буд ӯро аз кор хориҷ карданд.Сипас Азиз ӯро дар “Салиби сурх”и ноҳия ба кор монд ва метавон гуфт “Салиби сурх” дар ноҳия дар дасти ин оила аст ва тақрибан 18 сол аст дар идораи ин оила қарор дорад ва ҳама кӯмакҳоро мефурӯшанд вале ба мардуми ноҳия намедиҳанд.

Худи Азиз худро одами Таҳмина муаррифӣ намуда барои тамоми корҳо аз гирифтани шиносномаи тоҷикиву хориҷӣ, то ҷудо кардани замини назди ҳавлигӣ, муомила бо милиса, суд, прокурор, адвокат, комитети замин, экология, хулоса  дар ҳама кор байни корафтода ва мақомот “миёнаравӣ”“посредникӣ” мекунад. Барои “буд” кардани баъзе корҳо 1500 доллар барои баъзе корҳои дигар то 15.000 доллар нарх мегузорад. Масалан агар кор судӣ бошад, бо маводди мухаддир ё ягон ҷинояти вазнин, масалан салафӣ ва ё террорист айбдор шуда бошад, ин барои Азиз тӯй аст. Чунки манбаи даромад мешавад. Худи нафари ба мушкилпечида ва дасту пояш басташуда намедонад, ки пойҳояш чи тавр ӯро ба хонаи Азиз бурдааст. Азиз рӯи хуш нишон медиҳад, мегӯяд, ки зиқ нашав, “ба сари мардбача ҳарчи меояд” худатро ба даст гир, бачаатро, ё падаратро ва ё ҷиянатро ва ё..хулоса нафаре, ки дигар 100% мешинад, бовар мекунонад, ки озод месозад. Ва, ин мушкилгирифторшуда аз назди мушкилосонкун, ки гуфт аввал “як разведка” кунад бо дили пур, ки фалонӣ шиносҳои зӯр дорад, берун мешавад ва дар пайи ҷамъ овардани маблағ. Вале Азиз аз ҳамин назди Маркази савдояш ба ҳеҷ идорае тоб намехурад. Бегоҳӣ ва ё як рӯз пас ин дучори мушкилшуда меравад. Азиз мегӯяд, ки “одами даркориро дид”. Вале солу замон маълум. ”Ҳаромхӯрҳо” медонанд, ки ман бо Таҳмина алоқаи наздик дорам, барои ҳамин маблағи камтар мегӯянд. Хулоса, додан даркор. Ва, дигар бо ҳамин тамом. Протсес пошёл, зиндагӣ сар шуд. Мемакад, мемакаду вале он нафар ҳукми зиндонаш содир мешавад. Тамом, вассалом. Шумо раведу пул суроғ кунеду рӯзатонро бинед. Чи хел аз одами Таҳмина, ки барои худи Таҳмина кор мекунад, шумо пул мегиред. Вай ҳам бо суд, ҳам бо прокурор ва ҳам бо милисаву налогу ғайраву ғайра мешинаду мехезад ва ин дар Деваштич, ки як ҷойи майда аст зуд овоза мешавад ва мардум ин ҳамаро дида гумон мекунанд, ки ӯ дар ҳақиқат агар пушташ Таҳмина набуд, чаро ин ҳама мақомот, ки нав ҳам мешаванд бо ӯ шиносу рафиқанд ва бо вуҷуди онки медонанд мардумро фиреб дода гаштааст, коре ба кораш намегиранд…Акнун,ки Сатторов Азиз  пулдори вазнин шудааст нафси тагашро ҳам сар дода ду оиларо аз ҳам пошид. Ба номуси Азимова Мадина таҷовуз мекунад, ки шавҳараш ӯро талоқ кард. Хонавода вайрон шуд, кудакҳо зиндаятим шуданд.Феълан Азимова Мадина айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Питер ду кудакаш дар Деваштич бе модар.

Оилаи дуввуми вайронкардааш аз акаи Фарҳод аст. Ин одам автозаправка дошт ва собиқ аз шаҳри Қурғонтеппа дар солҳои нооромӣ ба Деваштич омада инҷо сукунатро ихтиёр намуда буданд. Ба номуси занаш дастдарозӣ намуда онҳоро низ хонавайрон сохт ва се тифл зинда ятим мондааст. Хулоса, ҳамин як нафар қаллоби мардумфиреб шудааст “одам”-и Таҳминаи  Деваштич.

                              

   “Одам”-и Рустам*

Исми ин одам, ки “одам”-и Рустам аст Нуруллоев Фаррух мебошад. Сардори Идораи молияи ҳукумати ноҳияи Деваштич.Ба ин Фаррух зури ягон ҳокими ноҳия намерасад,чунки ӯ “Одам”и Рустам аст.  Фаррух оилаи як сокини ин ноҳия Сорбонро хароб кард. Бо зани вай ишқварзӣ карда ҳомила намуд ва ҳамин тавр ин оила аз ҳам ҷудо шуд. Аксарияти коргарони дар ҳукумати ноҳия аз фаррошу қаровули даромадгоҳ ва то мудири шӯъба тавассути ӯ соҳиби ҷойи кор мешаванд. Фаррош барои гирифтани ҷойи кор ба ӯ 1500 сомонӣ медиҳаду мудири шӯъба бошад   2000 доллар. Як шарики ҷурму ҷиноятҳои Нуруллоев Фаррух Нуруллоев Лоиқ, коргари идора андоз ва ҷиянаш мебошад. Корманди дигари идораи андоз Облоқулов Ғайрат аст ки ин ҳам аз хешовандони наздикаш мебошад. Нуруллоева Зарина, ҷияни сеюмиаш коргари ҳукумати ноҳия  ва шавҳари ӯ Комилов Шероз, сардори  идораи андоз мебошад. Метавон гуфт андози ноҳияи Деваштич аз соли 2000 ум ба ин тараф дар дасти ӯ мебошад. Пули буҷети ноҳия дар дасташон аст. Корашон  ғорати мардум. Ин ғоратгарии онҳо ҳам ошкоро аст ҳам пинҳонӣ. Тамоми нуқтаҳои тиҷоративу истеҳсолӣ масалан воҳидҳои кишоварзиро барои напардохтан ва ё дер пардохтани пули андоз ҷаримаҳо баста асноди тақаллубӣ сохта пули онҳоро мегиранд тавассути “валютчикҳо” дар бозор тиҷорат мекунанд. Нуруллоев Фаррух дар як моҳ як автомашинаи хориҷӣ иваз мекунад. Зани дуюмаш  Фарзона Қодирова соли таваллудаш 1992 буда ва яке аз маъшуқаҳои бешумораш Дилфуза Икромова соли таваллудаш 1983  аст. Дар Душанбе чанд хона дорад, дар Хуҷанд ва дар худи ноҳия якчанд хонаҳои боҳашамат ва автомашинаҳои хориҷӣ. Писараш Хушрӯз Нуруллоев дар вазорати молияи ҷумҳурӣ кор мекунад ва аъзои “Авангард” аст. Нуруллоев Фаррух дар ҳама ҷо худро рафиқи наздик ва “одам”-и Рустам муаррифӣ мекунад ва мардуми Ғончиро  бо “Одами” Рустам будан истисмор ва тороҷ дорад. Мустафоқулзода Вафоҷон раиси ҷавонони ҳукумати ноҳияи Деваштич,ки ҷавоҳироти тиллогини амаки худаш Шараф Мустфоқуловро бо ҳамроҳии Раҳимов Муҳсин  ва Исмоилов якҷо медузданд. Ҳарсе ҳамроҳони Вафоҷонро зиндон мекунанд ва дар боздоштгоҳи муваққатии Истаравшан ҳафт моҳи мешинананд вале  падари Вафо Мустафоқулов Ҳамроқул писараш Вафоро ба Русия мегурезонад. Пас аз дуруст шудани корҳо вафо ба Деваштич бармегардад ва Раиси ҷавонон таъин мегардад. Дар ҳоле ӯ шаҳрвандии Русияро гирифта буд ҳангоми дар тҷустуҷӯ қарор доштанаш. Ана раиси ҷавонони режими Раҳмоновро бубинеду хулоса кунед.

Як нафари дигаре, ки ба сари мардуми Ғончӣ сияҳлой молид ва молида истодааст Нуриддин, раиси кумитаи замин бо бародараш Бобур аз шогирдони Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд  аст. Ноҳияи мо куҳистонӣ аст ва инҷо замини кам дорад. Аммо кори раиси Кумитаи замин  иборат аст аз заминфурушӣ. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро чанд бор бо маблағ ва “наличка” дастгир карданд, аммо чизе нашуд. Чунки ӯро Раҷаббой Аҳмадзода “кришават” мекунад. Ӯ ҳам аз номи Рустам гап мезанад. Аз занҳои чандин нафар аз муҳоҷирони корӣ, ки дар Русияанд ҳазор-ҳазор доллар гирифта,ки барояшон замини наздиҳавлигӣ дуруст мекунад, аммо на замин додаасту на пулҳояшонро пас медиҳад. Ӯ ин пулҳоро тавассути Хиромон Саъдуллоева ва Дилфӯза Айюбова ном занҳо, ки барои ӯ миёнаравӣ мекунанд гирифтааст. Ин занҳо баъд аз онки аз рафтан ба пеши Хиромон ва Дилфӯза хаста мешаванд назди худи Нуриддин мераванд. Ӯ мегуфтааст, ки агар бихоҳед соҳиби қитъаи замин шавед бояд “хидмат” кунед, яъне бо ӯ ҳамхоба шавед. Пас аз пул додан ба Нуриддин ва барои гирифтани сертификати замин  бо номатон арзишаш бо ӯ ҳамхоба шудан будааст. Муҳоҷирони гиромӣ аслан ба назди Нуриддин ҳамсарҳоятонро нафиристед, ки номи бист зан дар дасти мо қарор дорад, ки ҳамаашон шавҳардор ва маҷбуран бо ӯ ин амали номашрӯъро анҷом додаанд ва сипас сертификати заминашонро аз ӯ гирифтаанд. Нуриддин аз Узбекқишлоқи Деваштич мебошад ва бо чунин ҷиноятҳои хашин дар Деваштич машғул аст.  Чандин нафарҳоро бо ҳамин гапҳои беасосу боасос ва ҳатто туҳмат аз шавҳарҳояшон ҷудо кард….Дар мавриди Нуриддин чанд номаи дигар ҳам расидааст ва агар шумо ҳам шикояте дошта бошед ба Ислоҳ нависед,то як барномаи муфассал намоем.

Таҳмина*-Таҳмина Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикстон,

Рустами Эмомалӣ*-раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳри Душанбе, писари Эмомалӣ Раҳмон.

Ps: Хонандаи азиз, дар ин номаи расида исми чанд нафаре дигар аз ин ноҳия ҳам буд, ки ба гуфтаи муаллифон ба айни чунин корҳо машғуланд. Яъне ба “миёнаравӣ” ва ба “одам” –и фалонӣ будан.

Мо аз Шумо хоҳиш дорем ки дар бораи чунин ашхос ва кору амали онҳо ба  мо бинависед, то маълум шавад,ки дар пушти ин касби навпайдошуда кӣ меистад ва чаро мақомот ҷилавӣ чунин нафаронро намегиранд? Ва оё рост аст ки ин гуна шахсҳо як қисме аз “даромад”-и худро ба боло медиҳанд ё не?

Мунтазири “Одам” ҳои “оила” дар дигар ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар ҳастем. Натарсед,то ин “Одам” ҳоро пайдо ва кашф накунем,ҳеҷ тағйротеро интизор набошед!

Share This Article