Оилаи носерами Раҳмонов, чӣ гӯна бонкҳоро “муфлис” ва ба коми худ фурӯ бурданд?

Ислоҳ нет

Ин хабар, ки Бонки миллӣ қарори қатъи фаъолияти «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агринвестбонк»-ро содир кард, бо дар гӯшаи хабарҳои «фаврӣ», «оҷил» ва «доғ»-и расонаҳо  қарор гирифт. Қатъи фаъолияти ин ду бонки бонуфуз ва дар низоми бонкии кишвар таъсиргузор шояд барои аксарият як тасмими ғайриоддӣ ба назар ояд. Аммо барои афроди огоҳ аз табиати инсонӣ ва сиёсати давлатдории Раҳмонов ин як ҳодисаи пешгӯишуда ва пешгӯӣшаванда буд.  

  Ҳанӯз дар ҳамон соли 2015, ки бо қарори Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҳукумати Тоҷикистон гӯиё барои дастгирӣ ба ин ду бонк 3.3 миллиард сомонӣ, чизе бештар аз ним миллиард доллар  ҷудо кард, маълум буд, ки ба пойи онҳо завлона зада шуд ва фотиҳаи онҳоро хонданд. Ин пулҳо дар асл ҷиҳати дастгирии бонкҳо дар шароити буҳронӣ набуданд, ин пулҳо амалан барои он дода шуда буданд, ки ихтиёроти ҳардуи ин бонкро бигиранд, дигар иҷозат ва имконият надиҳанд, ки ба таври мустақим пул дарёфт кунанд ва ё шарикону ҳамкорони навро ҷалб намоянд. Чунки шарти вогузории ин миқдори қарзи ҳукуматӣ ба ин ду бонк ин буд, ки тамоми  моликияти ин бонкҳо ба гарави ҳукумат гузошта мешавад. Маълум аст ки ҳукумат кӣ аст! Акнун ҳар амалиёти қарзиву пардохтӣ бо шарикони хориҷӣ бо иҷозат ва ризоияти Бонки миллӣ сурат мегирад. Бонки миллӣ, ки дигар дар зери итоати Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмонов қарор дорад. Аммо таййи ин ҳама муддат на инки мусоидат карданд, шароит доданд, ки сармоя ва пул аз муассисаҳои молиявии берунӣ ва ё давлатҳоро ин бонкҳо ҷалб намоянд, балки оддитарин ва кучактарин шароитро аз байн бурданд ва бо тамоми нерӯ ва зарфият онҳоро бадном карда ва муштариёни онҳоро ҳатто ба таври сунъӣ бар болои онҳо шӯрониданд. Беш аз ин муассисаҳои молиявии байналмилалиро тавре «гапзанон» карданд, аз ҷумла Сандуқи байналмиалии пулро, ки агар ҳукумати Тоҷикистон бихоҳад, ки  қарзу сармоя дарёфт намоед, бояд, ки «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро бубандад. Ҳалқа давра гардани ин ду бонки «низомсоз» ва «пардохтнопазир» рӯз ба рӯз тангтар карда мешавад.

    Ва ин ду бонк бо ҳазорҳо муштарӣ ва миллионҳо доллар пулу молу сармоя аз низоми бонкии кишвар берун карда шуданд. Балки маҳву нобуд шуданд, кушта гардиданд.

“Қотил ва ё киллере,ки ин ҳама молу сармоя ва ду муассисаи муҳимми арсаи молияи мамлакатро қурбонӣ ва туъмаи нафси бетаги худ кард, касе ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмонов ва домоди вай Ҷамолиддин Нуралиев, ки яке  раисии Ҳукумати Тоҷикистон ва дуввумӣ муовини аввали Бонки миллӣ мебошанд, нест.”

Дигар маълум аст ки пасандозу пулҳои худро муштариҳои ин ду бонк дар хоби шабашон ҳам гирифта наметавонанд. Молу пулу дороиҳои ин бонкҳо низ дақиқан мисли сети мағозаи «Орима»-и Маъруф Орифов, ки Таҳмина Раҳмоноваю шавҳараш Зарифбек Давлатов тасарруф  ва худи Орифовро барои 8 сол зиндонӣ карданд, мисли ширкатҳои «Фароз» ва «Тоҷирон»-и Умаралӣ Қувватов, ки Шамсулло Соҳибов, домоди дигарии Эмомалӣ Раҳмонов ғасб карду худи ӯро дар Туркия куштанд, мисли корхонаи «Гулистон», меҳмонхонаи панҷситорадор, маркази 5 ошёнаи  «Пойтахт»– дар шафати варзишгоҳи «Спартак», бинои хуштарҳу замонавии «Соҳибкорон», корхонаи кимиёвии Ёвон, ки харида хусусӣ карда ва фаъол сохта буд ва низ даҳҳо манзилу мошини Зайд Сайид, ки ҳамаро Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов аз они худ карда ва худи ӯро барои наздик ба сӣ сол маҳкум ба зиндон карданд, силсилаи нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти «Умед-88»-дар саросари кишварро, ки ба Раҷабалӣ Одинаев-тааллуқ дошт, Шамсулло Соҳибов иҷборан тасарруф кард ва ахиран Раҷабалӣ Одинаев бо ҳазору як зулму зиллат дар маҳбас ҷон дод, талошак ва тарака мешаванд.Тамоми дороиву пулу сарвати ин бонкҳоро Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҷамолиддин Нуралиеви домодаш аз они худ мекунанд: миллионҳо-миллионҳо доллари ин бонкҳо ва муштариёни онҳоро хеле осону роҳат ғасбу ғанимат мегиранд.

    Инҷо ному насаби чунин тоҷирону соҳибкоронро,ки дороиҳои солҳи зиёд заразара ҷамъ оварда буданд,вале аъзои хонаводаи Раҳмонов-духтарону домодҳояш онҳоро тасарруф кардаро якеяке бинависем китоби чандҷилда мешавад. Вале ҳоло ҳамин ду номро ,ки тоза тамоми молу мулкашонро кашида гирифтанд: Муродалӣ Алимардон ва Тоҷиддин Пирзодаро инҷо зикр карда ва як каме парда аз рӯи асрори муфлис эълон кардани «Агроивестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» мебардорем.

Меравем суроғи асли матлаб:

    Тамоми мардуми Тоҷикистон ва махсусан коршиносони соҳа хуб медонанд, ки ин ду бонк то чанд соли пеш,то замоне, ки дар соли 2015 Ҷамолиддин Нуралиев аз вазорати молия ба Бонки миллӣ нагузашт бонкҳои асосӣ ба ҳисоб мерафтанд ва онҳоро «низомсоз» мегуфтанд ва вазни асосии соҳаи бонкдории кишварро рӯи китфонашон нигоҳ медоштанд. Ва,ин ду бонк кадом масъала ва мушкил надоштанд.

  «Агроинвестбонк»  дар ин авохир бо Росселхозбонки Русия ҳамкории зич ба роҳ монда дар ду, се транш қарзҳои бузурги боимтиёз ба даст оварда буд.

   «Тоҷиксодиротбонк» низ кораш дар равнақу ривоҷ қарор дошт ва нияти ифтитоҳи ғурфа ва ё Раёсати бонки исломиро дошт. Барои иҷрои ин амр аснодашро расмӣ кард, мутахассисонашро омӯзиш дод. Новобаста аз онки Бонки Рушди Тоҷикистон, як бонке, ки танҳо ном дошту кадом сармоя ва пуле надошт ва аз они Таҳмина Раҳмоноваи духтари Эмомалӣ Раҳмонов буд. Бо фишору шантаж ба раиси «Тоҷиксодиротбонк» ба беш аз 10 .000.000 доллар фурӯхтанд, ин бонк аз татбиқи нақшаҳояш даст накашид.

    Ҳардуи ин бонк барои сохтмони Роғун онгуна ки Зайд Сайид миллионҳо сомонӣ дод, доданд. Саҳмия хариданд, саҳмияе, ки акнун ба ҷуз аз латтапора чизе нест. Ҳам «Агроинвестбонк» ва ҳам «Тоҷиксодиротбонк» бо бонкҳои Чин ва бархе аз бонкҳои русиву арабӣ ҷиҳати бозпас додани қарзи додаи ҳукумат музокироти судманд анҷом доданд, аммо чуноне гуфтем, нагузоштанд. Кутоҳи сухан ин ки инҷо мақсад ва  нақша дигар буд.

  Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмонов  барои анҷоми миссияи махсус ба Бонки миллӣ оварда шуда буд, ки яке аз он низоми бонкии кишварро дар итоат ва ихтиёри комили Оила қарор додан аст. Бо гузаштаи чизе бештар аз 5 соли фаъолият дар Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев ба ин нақша ва барномаи стратегӣ Оила  ва Сардори он-Эмомалӣ Раҳмоновро расонд.”

Бо ин вуҷуд ки Муродалӣ Алимардон ва Тоҷиддин Пирзода тамоми дастуру хоҳишоти Оила ва аъзои онро иҷро ва бароварда мекарданд, аммо ин ду барои Оила «чужой» ба ҳисоб мерафтанд. Муродалӣ Алимардон барои онки Эмомалӣ Раҳмонов, ки беш аз 800 млн.доллар грант ва кредитҳои МВФ-Сандуқи байналмилалии пулро  обу лой карда Тоҷикистонро чандин сол дар арсаи байналмилалӣ шарманда карда буд, сафед созад, чи асноди дурӯғине таҳия накард. Ҳамин ки иҷборан Бонки Рушди Тоҷикистони Таҳмина Раҳмоноваро бо фишор ба Пирзода фурӯхтанд,ин як «жест»-и мардона аз сӯи ин бонкири муваффақ буд. Вале, чи хеле гуфтем, ки ин ду  «чужой» буданд, «чужой» монданд ва набоядам дар низоми бонкдорӣ ва молу пули ҳукумати Оила нақшу нуфуз дошта бошанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки дигар кадрҳои худи Оила метавонанд,ки корҳоро дар ин арса пеш баранд. Масалан ҳоло Заррина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов муовини раиси «Ориёнбонк» аст. Дигар Ҳасан Асадуллозода миссияаш ба охир расид ва давр даври духтару домодҳои Раҳмонов аст.

   “Дар ҳар сурат аз соли 2015 то соли 2021 ба тӯл анҷомидани қатъи фаъолияти ин ду бонк на ба хотири ҳифзи онҳо ва ғамхорӣ дар ҳақи муштариёни онҳо балки барои он буд, ки дар ин фурсат бонкҳои аъзои Оила ҷойгузин мешуданд ва арса холӣ намешуд.”

«Ислоҳ.нет» дар соли гузашта пешбинӣ карда буд, ки ин ду бонк ҳатман баста мешаванд, ва инки гӯиё ҳукумат ба Сандуқи байналмилалии пул барои бастани ин бонкҳо посухи рад дода бошад, дар асл як кашолкорӣ буду халос,то инки Раҳмонов бидуни дарди сар интихоботи раёсати ҷумҳурии худро доир кунад, чун муштариёни ин бонкҳо ҳазорон, ҳазорон нафар ҳастанд.

 «Ислоҳ.нет» як соли пеш чунини навишта буд,ки инҷо айнан оварда мешавад:

«Аммо, ончуноне ҳам ки ишораҳо кардем аз бозори бонкӣ ва тиҷорати пул берун кардани бонкҳое назири “Фононбонк”, ”Тоҷпромбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”  бо кадом буҳрони иқтисодӣ марбут нестанд. Ва ё ин баҳонаҳо, ки онҳо қобилияти пардохт ва ё ҷалби пасандозҳо бо баҳраҳои таъйиншуда ва ҳамин тавр зарфияти қарз додан ба муштариҳоро аз даст дода бошанд, дурӯғи маҳз аст. Ин муассисаҳои устувору мӯҳками молиявиро барои он аз по афканданд, ки мисли арсаҳои дигар, низоми бонкии кишвар ҳам дар зери тасарруфи мустақими Раҳмонов ва Оила қарор бигирад. Ҷои ин бонкҳоро филфавр бонкҳои домодҳои Раҳмонов “Спитаменбонк”, “Коммерсбонк”, “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, “Тавҳидбонк” гирифтанд ва дар як муддати хеле кутоҳ бозор ва низоми бонкӣ дар кишварро забт ва тасаллут карданд. Ҳамакнун низоми бонки кишвар ҳам бар манфиати Раҳмонов ва Оилаи вай кор мекунад.

“Спитаменбонк” дар соли 2009 ҳамчун ташкилоти хурди қарзӣ сабти ном шуд. Дар соли 2014 ба бонк табдил ёфт. Ҳама медонанд, ки соҳиби ин бонк Ҷамолиддин Нуралиев аст ва сармояи оинномавии он аз пули ғоратшуда аз роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд ба даст омадааст. Ташкили ин бонк дуруст як сол қабл аз таъйини Ҷамолиддин Нуралиев ба мақоми муовини аввали Бонки миллӣ иттифоқ афтода буд ва аз онҷо ки натавонист дар низоми бонкӣ қомат афрозад, бонкҳои дигарро аз бозор берун кард.

  Азбаски “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” сармояи бузург ва муҳимтар аз он шаҳрвандони зиёдеро ҷалб карда буданд, мисли “Тоҷпромбонк”ва “Фононбонк” зуд муфлис эълон нашуданд. Аммо роҳбарияти ин бонкҳоро ба ҳадде гирифтору вобаста карданд, ки натавонистанд ҳатто аз хатти кашидаи Ҷамолиддин ва падарарӯсаш Эмомалӣ Раҳмонов по берун ниҳанд. Сухан аз он меравад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо имзои Эмомалӣ Раҳмонов дар декабри соли 2016 барои гӯё дастгирии бонкҳои ба мушкилӣ дучоршуда беш аз 3 миллиард сомонӣ қарз дод. Ҳайратовар он аст, ки ҳанӯз дар соли 2017 “Тоҷиксодиротбонк” 65% қарзҳои муштариёнро баргардонида буд. Аммо ҳоло бар ивази қарзи додаи ҳукумат тамоми моликияти ин бонк ба ихтиёр ва ё мушаххастар бигӯем ба гарави ҳукумат ва боз ҳам ошкортар бигӯем таҳти тасарруфи Ҷамолиддин Нуралиев ва Эмомалӣ Раҳмонов қарор гирифтааст. Ҳамин тавр ҳадафи асосии Ҷамолиддин Нуралиев ва падарарӯси ӯ -забту тасарруфи низоми бонкӣ дар кишвар татбиқ шуд ва ҳам «Агроинвестбонк»,ки  “Тоҷиксодиротбонк” ва молу мулки ӯ, ки шояд аз 150–200 миллион доллар бештар бошад, дар ихтиёри ҳукумат, яъне Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҷамолиддин Нуралиев гузаштааст».

Хонандаи тезҳуш ва закӣ бояд дарк карда бошад,ки таҳлили як сола қабли мо чӣ гӯна дақиқ ва дуруст баромад.

 Ҳамакнун, ки бонкҳои аъзои Оила арсаро таҳти контрол гирифтанд ин ду бонкро ҳам тамом карданд.

Дар баёнияҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 май содир кард гуфта мешавад, ки идораи ин бонкҳо ба дӯши «мудири махсус» гузошта мешавад, то инки дороиҳои онҳоро фурӯхта боқии пасандозҳои мардумро пас бидиҳанд.

 Аз ҳамин ҳоло бо сад дарсад боварӣ мегӯем, ки муштариҳои ин ду бонк ҳам мисли «Тоҷпромбонк» сарсону саргардон мешаванду халос. Ваё як ашёи 1000 сомониро садҳазор нарх мемонанду мегӯянд, ки «марҳамат бигиред, вагарна аз ҳамин ҳам мемонед». Аммо ин миллионҳо-миллионҳо пулу сармояву пасандозҳои халқи бечораро Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҷамолиддин Нуралиев ба чоҳи нафси бетаги худ мерезанд. Вагарна «Тоҷиксодиротбонк» ҳанӯз дар соли 2017 эълон карда буд, ки 65% қарзу пасандози муштариҳояшро бозпас додааст.

Ҷамолиддин Нуралиев ва Эмомалаӣ Раҳмонов, домод ва хусур ҳам аз ҳисоби се миллиард сомонӣ қарзи ба ин бонкҳо дода ҳукумати «кор» мекунанд ва ҳам аз фурӯши дороиҳои ин ду бонк.

 Ин эҳтимолро ҳам наметавон мустасно донист, ки Муродалӣ Алимардон ва Тоҷиддин Пирзода низ дар паҳлуи Ҷамшед Зиёев, раиси «Тоҷпромбонк» дар паси панҷара қарор бигиранд ва як лимонади 5 сомониро ба 50 сомонӣ бихаранд….

Ps: Хонандагони гиромии “Ислоҳ.нет” ончи тақдиматон намудем пас аз таҳлилу баррасии вазъияти вахими бонкҳои кишвар дар қиболи муштариёни овораашон буд. Агарчӣ дар сафар қарор дорем вале ин вазъияти вахим ва ғорату тороҷи ин яғмобарон оромамон нагузошт,то чизе нагӯем. Дар охир инро мегӯям,ки чашми носерами ин оиларо ҷуз хоки лаҳад чизе сар намкунад, Аллоҳ ба миллат сабр диҳад,ки ин ҳамаро таҳаммул доранду дастҳо пеши бар “бале пешвои миллат” гуфта вале дар дохилашон ҳазорҳо нафрин ба ин дуздони Оила мекунанд.

Share This Article