Оилаи Раҳмонов кони Шугновро чи гуна ғорат мекунанд?

Ислоҳ нет

Хоҳари шуҷаллоби ба доми қаллоб афтодаи Маҳмадзариф Шарифзода раиси “Тиллои тоҷик” ва ҷияни Зоир Соҳибов ба вазири дохилӣ ваъда додааст, ки агар пулҳояшро аз ин домоди дузд баргардонад то 300.000 доллар мукофот мегирад. Барои ҳамин Рамазон Раҳимзода ду ҳафта пеш ба Туркия сафар анҷом дода буд”..

    «Тиллои тоҷик» дар ноҳияи Ховалинг воқеъ аст ва бо номи кони «Шугнов» машҳур мебошад. Барои ин корхона солона аз бюҷети давлат 130-140 миллион сомонӣ ҷудо мешавад. Ин маблағ дар ихтиёри Маҳмадзариф Шарифзода, директори корхонаи махсус ва ё қазонии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик» қарор мегирад.Маҳмадзариф бо қарори Эмомалӣ Раҳмонов ба ин мақом дар 23январи соли 2017 таъйин шудааст. Дар худи корхона ӯро бо номи Зарифбек Соҳибов мешиносанд.

Зарифбек Соҳибов ва ё Маҳмадзариф Шарифзода кист?

Қабл аз онки Зарифбек ба ин мақом таъйин шавад раисии Кохи «Навруз»-и Душанберо бар уҳда дошт. Тамоми умури ин корхонаро амалан Фатҳулло Соҳибов-бародари Зарифбек пеш мебарад. Бояд инҷо шарҳ диҳем,ки Маҳмадзариф Шарифзода ҷияни Зоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов аст. Маҳмадзариф писари хоҳари калонии Зоир мебошад. Насаби Фатҳулло ҳам Соҳибов аст яъне бо номи падари модараш. Он солҳое, ки вай  дар корхонаи алюминийи тоҷик ба ҳайси муҳофизи оддӣ кор мекард. Пас, Маҳмадзариф насабашро ба Шарифзода иваз карда аст. Фатҳулло Соҳибов бародари нотанӣ ё угайи Маҳмадзариф аст. Яъне модар яки , падар ҷудо аз як модар вале аз ду падар. Муҳим ҳарду ҷиянҳои Зоир Соҳибованд.  Шариф бобои Маҳмадзариф- падари Зоир ва падари модари Маҳмадзариф ва Фатҳулло мебошад. Яъне Шариф ҳамон “Ҳоҷӣ Шариф”и бозори калонтарини Қурғонтеппа мебошад. Аммо дар “круг”-ҳо ва хонавода ҳама Маҳмадзарифро Зарифбек мегӯянд. Аз рӯйи изофаи номи Раҳмон бар изофаи ному насаб, инро ҳадс мезанем, ки номи падараш Раҳмон будааст ва ё барои боло рафтан насаби “Пешво”-ро барчасп задааст. (Ин шарҳҳо барои он аст то ин шахсро дақиқтар бишиносед.)

Фатҳулло Соҳибов мисли Зарифбек (Маҳмадзарифи бародараш) мухлиси ашадии бузкашӣ аст ва бузкашиҳои ноҳияи Ховалингро асосан вай ташкил ва роҳбарӣ мекунад. Тибқи ахбори мунташира дар расонаҳо «7-уми апрели соли ҷорӣ дар як мусобиқаи калони бузкашӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон, аспи Шарифзода Муҳамадзариф Раҳмон (Соҳибов), Директори Корхонаи махсус (қазонӣ)-и давлатии ҷумҳуриявии «Тилои Тоҷик» соҳиби шоҳҷоиза гардидааст. Мусобиқаи байналхалқии бузкашӣ дар ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанди ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ширкати човандозону паҳлавонони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон доир гардида, дар он зиёда аз 1600 човандоз ширкат доштанд. Бино ба маълумоти як намояндаи федератсияи пойга ва бузкашии мамлакат, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа беш аз 160 аспу човандоз намояндагӣ карданд. Аспи раиси корхонаи «Тиллои тоҷик” ва яке аз намояндагони оилаи Соҳибовҳо Зариф Соҳибов бо лақаби «Алмаз” дар ин мусобиқа соҳиби шоҳҷоиза: 2 шутур, 2 асп, 2 гов, 7 миллион сӯми ӯзбекӣ ва 1 гилем гардидааст. Моҳи декабри соли 2017 дар як мусобиқаи бузкашӣ дар Панҷакент, аспи Исмоил Соҳибов (дар бораи Исмоил ҳам каме поинтар хоҳем гуфт) бо номи «Геракл», намояндаи дигари оилаи Соҳибовҳо ва аспи Фатҳулло Соҳибов бо лақаби «Номуси Хатлон”соҳиби ҷоиза ва мукофотҳои зиёд гардида буданд».

Корхонаи «Тилои тоҷик»  тибқи барномаи хусусии давлат мебоист ғайридавлатӣ карда мешуд. Аммо Раҳмонов аз фурӯши корхонаи “Тилои тоҷик” замоне даст кашид, ки пай бурд ин корхонаро метавонад бемалол мисли гови душоӣ бидушад. Ҳамчуноне, ки Талко-корхонаи алюминиюмро то ба муфлисӣ расонидан балъиду даркашиду дам рафт. Хабаргузориҳо навишта буданд, ки дар доираи “Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016” ,ки моҳи декабри 2013 қабул гардид, фурӯши корхонаи “Тилои тоҷик” низ пешбинӣ мешуд.

Аммо дар баҳори соли 2016 ҳукумат дар тасмимаш барои фурӯши ин корхона бознигарӣ ва аз фурӯши он худдорӣ мекунад. Корхонаи “Тилои тоҷик” дар солҳои шуравӣ солона зиёда аз 500 кг тилло истихроҷ мекард. Тибқи маълумоти дигар дар даврони иттиҳоди шуравӣ минтақа (участка) и 1 ва 2 буд аз 750 то 800 кг тилло ҳар минтақа месупорид. Инчунин “СТАРАТЕЛ” як корхонае бо номи “ПОМИР” буд, ки ин алоҳида буд ва беш аз як тонна тилло ба ҳукумат месупорид.

  ” Вақте Маҳмадзариф Шарифзода директори ин корхона таъин гардид, дигар он комилан ба як манбаъи даромади Оилаи Раҳмонов табдил ёфт. Раҳмонов ҳамасола аз бюҷети ҷумҳурӣ барои он миллионҳо сомонӣ ҷудо мекунад: «Бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ба Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии “Тиллои тоҷик” аз буҷети давлат 130,140 миллион сомонӣ ва ё аз ин бештар ҷудо гардидааст».

Коркарди тилои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тилои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон дониста мешавад. Дар замони Шӯравӣ тилои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт. Масъулон мегӯянд, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ Шугнов моли қумандонҳо буд ва онҳо аз фаъолияти худ дар ин мавзеъ ба касе ҳисобот намедоданд. Ҳамин имрӯз ҳам авзоъ ҳамин гуна аст.Бо ин фарқ, ки ба ҷойи қумандону боевикҳо ҳоло Раҳмонову оилааш онро фуру бурда истодаанд. Аммо танҳо ин коре нест,ки ин оилаи ҷинояткор барои балъидану чопидану дуздидани корхонаи тило анҷом дода бошанд.

  Маҳмадзариф, дар моҳи январи соли 2017 директори ин корхона таъин шуд ва шуруъ кард ба пеш кардани дигарҳо. Аллакай дар сентябри ҳамон сол бо мусоидат ва хоҳиши шахсии вай чандин корхонаҳоро аз литсензия маҳрум карданд. То омадани Маҳмадзариф дар Шугнов ҳашт корхонаи тило фаъолият мекарданд. Аммо бо омадани Маҳмадзариф корхонаҳои “Ганҷ”, “Исроил-2011”, “Абдулазиз” ва “Гули Мурод”  иҷозатнома гирифта натавонистанд ва фаъолияти худро пурра қатъ карданд. Ва худи ҳамон сол муҳлати муҷаввизи ду корхонаи дигар – “Помир” ва “Союз-зар” – низ ба итмом расида буд ва онҳо як бало карда «литсензия» гирифтанд. Аммо «Союз-зар» -ро муддате нагузашта Амриддин Нахшов,ҷияни Азизмои зани Эмомалӣ Раҳмонов бо ҳазору як ҳиллаву найранг кашида гирифт.

Маҳмадзариф ё Зарифбек инҷо омаду пулро, пули калонро дид. Соли шашум аст ки инҷо кор мекунад. Зарифбекро ба ин идора Зоир Соҳибови тағояш ва чуноне медонем домоди Эмомалӣ Раҳмонов ва падари Исмоил, нахустнабераи Раҳмонов ба ин корхона овардааст.Дуздиҳои корхона бар уҳдаи Фатҳулло Соҳибов, бародари Маҳмадзариф вогузор шудааст. Фатҳулло Соҳибов дар асл як муҳофизи оддӣ мебошад ва дар ин корхона ягон вазифаи расмӣ надорад. Аммо ҳама аз ген директор то фаррош ҳама ӯро гуш мекунанд. Ин корхонаро «режимний объект» мегуянд. Як одам аз амният инҷо ба ҳайси муовини директор кор мекунад. Номаш Сабзалӣ Қаҳҳоров. Ин одам бояд ду сол кор мекард, аз ду сол зиёд мумкин набуд. Аммо вай панҷ сол кор кард. Вале имсол худашро касал андохту кор набаромад. Нав ду -се моҳ шуд, ки нафари дигар омадааст.

  “Шугнов дар давраи шуравӣ ҳам хуб кор мекард. Агарчи он вақтҳо техникаи пуриқтидор набуд.Экскваторҳои имрӯза кори панҷ экскватори он солҳоро мекунанд. Камаш се баробари давраи шуравӣ тило мегиранд. Тилои ба даст омадаро асосан дар бозори сиёҳ мефурӯшанд. Агар дар давраи шуравӣ аз 500 то 750 кило тило ба даст меомад, ҳоло ҳисоб кунед, ки се баробар зиёд аст истихроҷ ва табъан,ки фурӯши он. Тилоро онҳо ба афғонҳо ва туркҳо мефурӯшанд.”

«Тилои тоҷик» иборат аз чаҳор участкаи 1,2,3 ва 4 аст вале мисли як коргоҳи хусусӣ мебошад. Корхонаи «Тилои тоҷик» дар ихтиёри вазорати саноат аст.

Маҳмадзариф Шарифзода-Зарифбек Соҳибов дар «Тилои тоҷик» боз ду коргоҳи хусусӣ ташкил кард. Бо номҳои Старател ва Хиргоҳдара. Ҳардуи ин конҳо,ки дар таркиби хоки худ тилои аз ҳад зиёд доранд ба худи Маҳмадзариф ва Исмоил, набераи Эмомалӣ ва писари Зоир Соҳибов мутааллиқ мебошанд. Тилои ин ду корхонаро якҷо мегиранд вале обу лойи он дар дасти Зоир аст. Воқеият ин аст ки «Тилои тоҷик» ва дигар участкаҳои кони тиллои Шугнов амалан аз тарафи Зоир- домоди Раҳмонов контрол мешавад. Тамоми ҳисобот дар дасти уст. Инҷо сарфаҳм рафтан душвор аст. Бо камтарин ҳисоб 600то 1000 кило ин ду коргоҳ  ҳардуяшон алоҳида дар давоми фаъолияташон тило гирифтанд.

Ҳоло дар участкаи чаҳорум боз як қитъаи нав кушоданд. Дашти асал ном дорад. Инҷоро се сол аст кор фармуда истодаанд. Худатон хулоса бароред,ки чи қадар тиллои давлатро ин оила ғорату тороҷ доранд.

Инҷоро беибо ва бо боварӣ метавон гуфт, ки хокаш тиллои холис аст. Дар як руз то сад кило тило ҳам  заданд яъне истихроҷ кардаанд. Онро рост оварда ба Эмомалӣ Раҳмонов туҳфа мекунанд. Туҳфа-пора! Барои рӯзи таваллудаш. Як навбат 70 кило ва навбати дуввум 95 кило. Дар карсонҳои хамиркунӣ ва патносҳои калон пур карда дар сандуқҳо ё бағоҷи Тойота –прадо гузошта бурда туҳфааш мекунанд.

Бозори А.Ҷомӣ аз Маҳмадзариф будааст

Маҳмадзариф ҳоло боз чашм ба бозорҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ духтааст. Ҳоло вай як бозори нав сохтааст ва боқии бозорҳоро қасд дорад ба бозори худаш кучонад. Барои мисол якеи ин бозорҳо аз они Азизулло Соҳибов, бародари Зоир Соҳибов буд, ки онро Маҳмадзариф гирифт .Манобеи мо мегуянд, ки дар асл ин бозорро ҳамин Маҳмадзариф гирифтааст. Маҳмадзариф аз Азизи тағояш мепурсад, ки ҳар  моҳ аз ин бозор чанд сум меёбӣ? Азиз мегуяд,ки 5 ҳазор.Зариф мегуяд, ки ман 6 ҳазорат медиҳам бигир ҳамон бозори куҳнаатро маҳкам кун, одамҳо бозори ман раванд. Азиз Соҳибов, ки раиси “Тоҷикматлубот”-и вилояти Хатлон мебошад дар тавозуни “Тоҷикматлубот”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозор дошт. Ин бозор аз солҳои пеш амал мекард. Дар ноҳия чаҳор бозор будааст, ки якеаш аз они ҳамин Азизулло Соҳибови герчик аст. Маҳмадзариф ба Азиз мегуяд, ки хоҳӣ нахоҳӣ ман ҳамаро мекучонам ба ин бозор. Ҳар моҳ 6 ҳазорат медиҳам бозоратро маҳкам кун. Ҳамин тавр Азиз бозорашро бар асоси ҳамин маслиҳат, ки Зарифбек (Маҳмадзариф) ҳар моҳ 6 000 медиҳад, мебандад.

Домоди Соҳибовҳо ҳам аз кишвар фирор кард

Аммо чанд вақт мешавад, ки табъи Маҳмадзариф Шарифзода гирифтааст, ҳолати хуб надорад. Ҳодиса ин тавр аст ки Маҳмадзариф ҳам мисли Зоири тағояш як хоҳари шӯбуро ё ки шуҷалоб дорад. Вай аз се шу баромада як соли пеш ба як бачаҳаки кулобӣ ба шавҳар мебарояд. Ба дугонаҳояш таъриф мекардааст,ки “иш,хеле хубай. Ҳар шаб кор мекунад, дам намегирад. Ман розиюм, ӯ ғармиёш намешидан”. Хуллас, ин кулобӣ дар асл як дуздбача будааст. Вай як сол дар хонаи ин хоҳари шуҷалоби Маҳмадзариф  беҳад сахт “кор” мекунад. Азбаски дасти чап дошта аст буи пулро зуд мефаҳмад. Дар ин муддат ба бовари ҳамсараш, хоҳари аз се шу ҷудошудаи Маҳмадзариф медарояд. Ба гуфти худашон “дар даверия даромадагӣ” буд. Як вақт ин домоди кулобӣ калиди сейфро ба даст меораду 4 миллион доллари ин беваи чандшуяи ҷияни Зоир ва домоди Зарифбеки раиси “Тиллои тоҷик”-ро гирифта ҳуй мехурад. Онҳо суроғ мекунанд, пай мегиранд ва из мекованду меёбанд, ки дар Туркия баҷо шудааст.

Ду ҳафта пеш тамоми аҳли оилаи Маҳмадзариф, аз ҷумла худи Маҳмадзариф,Зайнулло ва он беваи ба фиреби кулобибачаро хурда,модари Шамсулло бо ҳама хоҳарҳо ҳамагӣ ба баҳонаи истироҳат ба Анталияи Туркия мераванд ва гуё адреси эҳтимолии вайро пайдо мекунанд. (Зимнан ба ҷуз аз Маҳмадзоир ва Шамсулло дигар ҳамаи Соҳибовҳо, нару мода ба кофтукоби домоди кулобӣ мепардозанд) Ва, азбаски бидуни мақомот намешавад ин масъаларо ҳал кард, сафари оҷилии Рамазон Раҳимзода, вазири дохилиро ба воситаи Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия созмондеҳӣ мекунанд. Иллати сафари вазири дохилӣ ҳамин домодковӣ ва пулҳоро аз дасти вай гирифтан буда аст. Рамазон Раҳимзода бо як ҳайати опреҳояш ба Туркия парвоз мекунад вале ҳеҷ натиҷае надодааст. Хоҳари шуҷаллоби ба доми қаллоб афтодаи Маҳмадзариф ба вазири дохилӣ ваъда додааст, ки агар пулҳояшро аз ин домоди дузд баргардонад то 300.000 доллар мукофот мегирад. Аммо хоҳиш ҳам карда будааст,ки як кор кунед ҳеҷ кас хабардор нашавад, ма сахт дӯстш медорм. Барои ҳамин Рамазон Раҳимзода чанд рӯзи пеш ба Туркия сафар анҷом дода буд. Худи вазир баргашт вале опреҳояш то се рӯзи пеш дар Туркия буданд.

Амриддин Нахшов кист ва чи тавр соҳиби коргоҳи тиллошӯии хусусӣ дар Шугнов шуд?

Геологразведка муайян мекунад, ки дар кадом қисмате аз кон захоири тилло чи миқдор аст. Шугнов, мисли соири конҳо аз қисматҳо, ки блок мегуянд, иборат аст. Онҷо,яъне ба ҳангоми кашф ва муайян кардани захира ҳисоби васатро мегиранд. Агар фарз кардем нишон бидиҳад, ки 100 килло тило дорад ҳисоб кунед,ки амалан 300 кило баҳузур дорад. Чун дастгоҳ он қадар дақиқ маълум намекунад ва мушаххасозии захираи қисматҳои Шуғнов дар даврони шуравӣ сурат гирифтааст. Маҳалли кори Амриддин блоки 29 ном дорад. Ҳамчунин блокҳои 29-30-31 ҳамагӣ аз Амриддинанд.Азбаски техникаи муосир ва заруриро дар ихтиёр дорад, хеле сахт кор мекунад. Ҳамаи се-чаҳор заводи коркардро гирифта аз они худ кардааст. Бар фарзе 200грамм бигирад, 30 граммаш барои хароҷот равад, боқии он ба ҷайби Амриддин меравад. Воқиан ин ғорати ошкорои кон ва контора аст. Амриддин намедуздад, ғорат мекунад.Чи хеле форад.Вай ягон санаду мадрак тартиб намедиҳад. Инҷо бесоҳибӣ аст. Соҳибаш Амриддин аст. Дар ҳоле,ки ин кону маъдани он ба ҳамаи миллат, ҳадди ақал ба мардуми Ховалинг тааллуқ дорад. Дуруст аст ки имрӯз ҳам як қисмат аз аҳолии атроф дар инҷо ба таври инфиродӣ тиллошуӣ мекунанд. Аммо онҳо дигар дар ҷойҳое кор мекунанд, ки Зарифбек ва Амриддин рухсат диҳанд. Дар матлаби қаблиамон гуфта будем, ки ин кон ва ин корхона,ки номи «Союз-зар» -ро дошт аз они як сокини маҳаллӣ Шарифов Ҷурахони шугновӣ буд. Аз мардуми Ёхсу.Аз он одам Амриддин корхонаро шапиду гирифт. Тамоми техникаву мошинолоти он одамро ҳам бепул кашиду гирифт.

Амриддин вақте корро сар кард аз Хитой спонсор овард, аз Русия овард.Ҳамин тавр аз чанд ҷо сарпарастонро овард. Аммо бо онҳо тавре муомила кард, ки сухтанду рафтанд, доду войкунон.Чунки пушташ ба Азизмову шавҳараш-Эмомалӣ Раҳмонв гарм буд ва онҳо ӯро ҳимоят карданд. Азизмо холаи Амриддин ва Эмомалӣ Раҳмонов боҷаи падари Амриддин мебошанд. Обруи кишвар, обруи давлатро дар назди сарпарастҳо ва умуман сармоягузорони хориҷи резониданд. Ин аз дасти ҳаминҳо аст ки саромояи хориҷӣ ба кишвар намеояд. Амриддин номи «Союз-зар» бо номи «Нахш»  иваз кард. Номи корхонаро дигар карду боз спонсор кофт. Боз як хитоии дигар омад. Гуфтем,ки як хитоӣ-сармоягузори  қаблиро кидат кард. Вай миллионҳо доллар зарар диду ду даста сарашро қапида баромада рафт. Амриддин тавассути Азизмои холааш литсензияи Ҷурахон Шарифов яъне молики корхонаи «Союз-зар» -ро бекор кард. Худи Амриддин ҳеҷ кореро балад нест, ноли нол аст. Аммо мушовирҳо дорад. Онҳо аз тани вай корро пеш мебаранд.

 “Ҷурахон Шарифов ба тамоми инстантсияҳои мақомот, додситонӣ, суд муроҷиат кард. Аммо ягон собун сарашро нашуст. Мегуянд «ин корхонаи ту аст аммо аз дастамон чизе намеояд».Як судя гуфтааст, ки бисёр даводав накун, бефоида, ҳатто агар аз руи ҳақиқат ҳам қарор барорем иҷро намешавад». Онҷо 5-10 мошинҳои боркаши садҳо ҳазор долларӣ, вагон-меҳмонхона, вагонҳои зиёди ҷойи хоб, ошхона, зарфу зуруф, чи қадар қисмҳои эҳтиётии захирашудаи Ҷурахонро Амриддин муфту ройгон гирифт. Оҳанҳои даркориашро гирифт боқимонадаашро, ки шояд садҳо тонна кам набуд оҳанпора карду фурӯхт.”

Хитоии дуввум зан буд. Вай барои ҳамкорӣ бо Нахшов омад. Ин зан вақте омад, хеле чизҳо харида овард. Вай дар блоки 31-32 кор кард. Вақте омад дид Нахшов ҳамон «Союз-зар»-ро тағйири ном кардааст. Вай дигар роҳи бозгашт надошт. Аллакай хароҷот кард, завод овард 10-15то хова оварду чаҳор-панҷ адад погрузчик, дуто экскватор. Ҳамаи чиз овард, аммо дид, ки боз ҳамон корхона аст. Вале дигар ҷои «задний ход» надошт. Каме кор кард ҳамроҳаш. Вақте маҳсулот коркард мешуд ва тилло ба даст меомад, Амриддин меомад аз дасташ мегирифту дар кисааш мезаду мерафт. 100 грамм ё 50 грамм медиҳаду боқиашро мебарад. Ин зан ҳам чандин ҷо рафт, даводав кард, аммон нашуд. Вай ҳам партофту рафт.Ҳамаи техникаҳо дар дасти Нахшов Амриддин монд.

Вазъи муҳити зисти минтақа аз дасти ин тиллокобҳои оила дар хатари ҷиддӣ аст

Ҳозир як ҷинояти вазнине, ки Амриддин ва Маҳмадзариф Шарифзода ва Зоир Соҳибов ва ҳама онҳое чор корхона фаолят дорад содир карда истодаанд ин аст ки экология-муҳити зист, махсусан рудхонаи Ёхсуро хароб ва ба манбаи заҳри одамкуш табдил дода истодааст. Тамоми партови корхона ба дарёи Ёхсу мерезад. Мардуми поёноб заҳр истеъмол мекунанд. Кулоб ,Восеъ,Фархор хоку сангу шағал пур шуд. Ин кор тамоман мумкин нест.Партовро бояд бераҳа ва дар як ҷое резанд, ки об набарад, дар об наёмезад. Ин аз давраи шуравӣ ҳамин тавр буд, ки заминеро,ки дар болояш хок шуста мешавад, аз нав тоза мекарданд.Дар давраи ҷанги дохилӣ солярка қиммат буд. Агар як БеЛаз хокоро дар Ёхсу мерехт ба ҷавобгарӣ мекашиданд. Имрузҳо Кулоб, Восеъ ва Фархор ҳамаашон дар зери хатар ҳастанд.Як сел ояд,ё оби Ёхсу баланд шавад.тамом, ҳамаи ин хоку шағалу реги заҳролуд ҳама ҷоро пахш мекунад ва як фоҷиаи ҷиддии зистмуҳитӣ ба бор меорад. Инҳо қуму сангу шағали партови тиллоро дар руди Ёхсу рехта истодаанд. Касе намепурсад,ки ту чаро барои фоидаи худат шуда ҷони ҳазорҳо инсонро таҳти хатар мегузорӣ!

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимурод Элмуродов рӯзи 31 марти соли 2009 ба вазифаи директори Корхонаи махсуси давлатии «Тиллои тоҷик» (Шуғнов) таъин гардид. А.Элмуродов қабл аз ин дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ кор мекард. Аммо манобеъ мегуянд,ки дар пушти ин таъинот Холмуъмин Сафаров,язнаи Эмомалӣ Раҳмонов меистод. Элмуродов амакбачаи Холмуъмин Сафаров, раиси Идораи хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва язнаи Эмомалӣ Раҳмонов буд. Худи Холмуъмин Сафаров дар назди масҷиди муқобили автовокзали Душанбе дар соли 2012 кушта шуд.Он вақт ин ҳодисаро бори души нафарҳое карданд,ки Холмуъмин аз онҳо барои курсии раиси «Тиллои тоҷик» чорсаду панҷоҳ ҳазор доллар ришват гирифта аммо натавонист иҷро кунад. Дар ҳақиқат Холмуъмин ва наздиконаш хеле ҷон мекананд, ки корхонаро бигиранд, аммо наметавонанд. Язнаро худи ҳамин-худиҳо ташкил карда куштанд,то аз конкурент халос шаванд. Зимнан хонуми Холмуъмин, Қурбонбий-хоҳари Эмомалӣ Раҳмонов соли 2020 бо короно гузашта шуд. Писаронаш ҷоғи вазири тандурустиро шикаста буданд,а гар фаромуш накарда бошед.

  “Аммо Элмуродов Алимурод обод мекард, нормаи давлатиро саривақт ва бидуни ғиром месупорид. Баъди вай Арабзода омад. Аз Данғара. Зиёд кор накард. 10 марти соли 2015 бо қарори № 138-и Эмомалӣ Раҳмонов Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ аз вазифаи директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик» озод карда мешавад.
Рехтани хоки партов дар рудхонаро ҳамин Арабзода сар карда буд. Дар як сол миллионер шуда рафт, дигар муҳити зисту экология ба ӯ чӣ? “

Дар ҳеҷ яке аз мақомот ягон кас ревизияи корхонаи тиллошуии «Тиллои тоҷик» ро ба кала намегирад.6-7 сол шуд, ки як сағирача меояд, менависад,менависаду меравад. Ягон кас онҳоро тафтиш ва санҷиш намекунад.

“Ба наздики Эмомалӣ Раҳмонов, бачаи Майрами гурсухта Ховалинг омад. Баъди барномаи «Ислоҳ» дар бораи Амриддин ва ҷиноятҳояш як каме ба давуғеҷ уфтоданд. Се -чор бор аз прокуратураи вилоят тафтишгарон омаданд. Ҳамин баҳор ҳам омаданд. Аммо чанд сумашон доданд, ки яке паси дигар баромада рафтанд.”

Ҳоло наздиктарин одам, шарики боэътимоди Амриддин дар корхона нафаре бо номи Ханҷар аст. Ханҷар амакбачаи Амриддин мебошад. Дасти рост ва «регуровшик»-у «распредител»-и корҳо аст. Зарифбек, раиси корхонаи «Тиллои тоҷик» аст ва ин корхона давлатӣ мебошад. Амриддин Нахшов,раиси корхонаи хусусии тиллошуии «Нахш» аст.Вале инҳо он қадар дарунбадарун шудагианд, ки ҳисбашон гум аст. Гоҳо тиллоҳоро Зарифбек-Маҳмадзариф Шарифзода тавассути харидорони Амриддин обу лой мекунад, гоҳи дигар баракс. Маҳмадзариф Шарифзода писари апаи Зоир Соҳибов мебошад. Фатҳулло Соҳибов ҳам писари апаи Зоир Соҳибов аст вале модарашон яку падарҳояшон ҷудоянд.

Амриддин: “ма Рустамам задагиюм”

Амриддин ҳам аспбоз буд. Вале дар як бузкашӣ Рустамро (писархолааш) дашном мекунад. Рашкаш меояд, ки ки ба аспи Рустам кумак мекунанд. Мегуянд ин  аспи Рустам аст нақапед. Амриддин дар кайфи бузкашӣ мегӯяд:  “ман фалон кадагиюм аспи коме боша”  Рустам ҳозир Амриддинро аз бузкашӣ суд кардааст. Амриддин ҳамаи аспҳои барои бузкашиашро фурӯхт.Ин дуғу дағдағаи Амриддин дар кадом бузкашие мешавад,ки «съемка» мекунанду ба Рустам нишон медиҳанд дашноми Амриддинро. Дар Фархор шуда буд. Рустам мегуяд,ки «дуввум бор туро дар бузкашиҳо набинам» ва баъди ҳамин гуштоби Рустам меравад. Агар на 20-30 то аспи бузӣ дошт.Дар ягон маърака касеро гапзанӣ намемонд,човандозҳоро мезад лат мекард,мастиаш аз ҳад гузашта буд.Ҳамин тавр байни худашон заданду оқибат аз ин маъракаҳо ронда шуд.

Вақте Раҳмонов Ховалинг омад супориш дода, ки равед Шугновро ҳисобу китоб ва маълумотнома пешниҳод кунед,то бифаҳмем тилло куҷо меравад. Инҳо ҳамаашон тарсида буданд. Аммо Озода миёндаро шуду чи хеле фаҳмонду чи коре кард, ин масъала, ки сахт мерафт, хомуш шуд,чизе нашуд. Гап дар он аст ки ноҳияи Ховалинг ҳиҷ чиз надорад ба ғайр аз Шугнов. Тавре ташкил карданд, ки рафт хонаҳои мардум,отала нишон доданду қурутобу шакаров, тамом. Раҳмонове,ки супориш дода мунтазири маълумотнома буд ҳатто номи Шугновро ба забон наовард. Озода кори худро кард. Ҳатто дар вақти рафтани Раҳмонов ба Ховалинг Зарифбеки Шарифзода раиси корхонаи “Тиллои Тоҷик”, Амриддин, ки Ховалингро ҳаминҳо мехуранд аслан набуданд. Барои он,ки масраф мешавад дар омадани Раҳмонов мардуми бечора боз бо ҳамон нодорияшон Раҳмоновро пешвоз гирифтанд. Аммо Зоир Соҳибов ва Исмоили писараш дар Ховалинг иштирок дошт . Аммо инҳо аслан як дирам масраф намекунанд.

“Саймумин Ятимов,раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ низ дар ин корхона   «доля»-и худро мегиранд. Инҷо миллионҳо-миллионҳо доллар дар гардиш аст.Тасаввур кунед,се тонна тилло!!”

Албатта онҳо аз ҳисоби участкаҳои давлатӣ яъне «Тиллои тоҷик» доля мегиранд. Раиси ШВКД Сайидшо ва раиси КДАМ  ва прокурори ноҳия сӣ-чил погрузчикро ҳамаруза ва ҳамчунин сокинони маҳаллиро кор мефармояд, аммо ягон санаду ҳисобу китобе надорад.Ҳар моҳ то 60-100.000 сомонӣ погрузчикҳо мегиранд. Боз мардум бо каланду белу зоғнул яъне дастӣ кор мекунанд. Вақте пурсидем ин чихел кор ҳаст ? Посух чунин буд. Ҳамин раисони мақомоти қудратро пул медиҳанд, то дар қади дарё таги табақи конро кор кунанд ва медиҳанд, то кор кунанд. Масалан раиси ШВКД-ро 5000 ҳазор медиҳад як погрузчик ва 10 рӯз тилло мекобад. Ҳаминхел як погрузчики дигар раиси КДАМ ро ва кор ҳамин аст.

Солҳои пеш Амриддин як дастнигари падараш буд.Ҳозир на Дубай мондаасту на Истанбул на Маскав.Хонву қасру замин. Дар Балҷувону Кангурт кашару замину ҳар чизе буд харид.

“Аз Дубай бизнеси мошинро ба роҳ мондааст. Ландкрузери 300 меорад. Ҳар рафтанаш 15 -20 то.Мошинҳояш ранги наски иваз мешаванд. Бо кадом шайхи араби Дубай ҳам пинҳонӣ доду гирифт дорад. Мегуянд,ки он шайх одами давлатӣ будааст. Ва, бисёр ҳам ба тилло ҳарис будааст.”

Ҳама дағдағаву такаббури Амриддин Нахшов аз пушти Азизмо ва Ҳасан аст. Ёдатон бошад бо одамҳои Шамсулло соли гузашта ҷанг шуда буд. Рафт хонаи Ҳасани тағояш баҷо шуд. Танҳо баъд аз онки Раҳмонов дахолат кард, Амриддин аз «махфигоҳ»-аш берун шуду гуё «доброволно» худро таслими милиса кард. Аммо танҳо Амриддин- муҷрими асосӣ бо ҷарима озод шуду панҷ нафари ҳамроҳонаш зиндон шуданд.

  “Камтар кораш ақиб занад мегуяд «меравам холама мегуям корам ҳал мешад».Албатта ин холаву тағо ҳам бенасиб намемонанд. Ба онҳо ҳам бурда медиҳанд. Як бародари Амриддин бо номи Файзиддин дар сементзаводи Душанбе муовин аст. Дар бораи кору кирдори Файзиддин дар оянда як матлаби муфассал нашр мекунем. “

Нуктаи муҳим ин аст ки дар дуздиҳои Амриддин Озода ҳам шарик асту Рустам ҳам, Азизмо ҳам. Бовар кунед, ки ҳамаашон шариканд. Инҷо-дар ин кон, ки ҳам барои сокинони ноҳия ва ҳам барои ғанисозии бюҷети ноҳия ва ҷумҳурӣ ҳиссаи калон дошт-гургони дупо, балки галаи гургон омадаанду тохтутоз доранд. Солона ҳамагӣ 15-20 кило ба давлат месупорад, албатта худи пагоҳ пулашро   мегирад. Инчунин Зарифбек Шарифзода ва ҳама соҳибони конҳои Шугнов ба оила доляи худро месупоранд ва дигар ҳар коре хоҳанд мекунанд озоданд. Баъди омадани Зарифбек ва Амриддин дигар ҳама чиз ошкоро сурат мгирад. Ин дигар дуздӣ нест, ки гуӣ пинҳону пушида мебаранд. Руирост ва дар пеши чашми ҳама ва намоишкорона мебаранд. КГБ, Прокурор, милиса, агентӣ, хуллас ҳамаашон медонанд. Ин раиси ноҳияву раиси вилоят, на инки медонанд, дастҳо пеши баранд дар пеши Зарифбек ва Амриддин. Чун гаҳ-гоҳе харҷи ноҳия ва вилоятро қисман медиҳанд. Масалан агар Раҳмонов ба ин тарафҳо сафар кунад, дар «расход»-аш саҳм мегузоранд. Вале ягонтои инҳо дилёб намешаванд, ки тарафи кон нигоҳ кунад. Касе намедонад, ки Амриддин налог месупорад, пули барқ месупорад. Ҳар коре ва ҳар хеле бихоҳад, ба гуфти худашон «тов» медиҳанд.

Таҳқиқоти “Ислоҳ” дар мавриди оилаи Соҳибовҳо ва ғоратгариҳои ин оила давом дорад…..

Share This Article