Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз (1)

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Ман зодаи Масчоям. Навиштаҳои Шуморо дар бораи Масчо хонда ба шумо бовар кардам, ки ҳақиқат ва воқеиятро менависед. Мехоҳам дарди дили пур аз ғаму алами масчоиёнро бароятон нақл кунам, то Шумо расонаӣ кунед. Мардум бедор шавад ва сафедро аз сиёҳ фарқ кунад.Ман 86 сол дорам ва узви ҳеҷ ҳизби сиёсӣ набудам ва нестам,ончи менависам аз воқеиятҳое мебошад,ки дар тули умрам дар ин ноҳия дидаам.Агар хоҳед дарди воқеии мо масчиёнро донеду дарк кунед,то охир ин матлабро хонед.

Шумо, хуб медонед, ки мардуми моро аз куҳистон ба ин дашту биёбон оварданд. Нимаи дуввуми солҳои панҷоҳум,аниқтараш дар соли 1956 падару модар ва бобою бибиҳои моро зӯран ба дашти Дилварзин оварданд ва ман 21 сола будам. Мардуми мо дар ин дашти янтоқзору хористон зистан натавонист. Бозгаштанд ба Масчоҳи куҳӣ. Шӯравӣ хонаҳои мардуми Масчоро ба хок яксон кард, ки дигар мардум барнагарданд. Мардуми бечора ба тақдир тан дод, мутобиқ шуду обод кард ва зиндагии худро давом дод. Соли 1956 вақте ки мардумро ба ин чӯлу биёбони Дилварзин оварданд, шаҳраки Сайҳун ва Чорухдарону Табашар, Олтинтопкан то Спитамени имрӯза ҳамаи ин заминҳо дар ихтиёри Масчо буданд. Мардуми Хуҷанд бовариашон набуд, ки мардуми мо инҷоҳоро обод мекунанд. Баъди обод кардани мардум роҳбарони Хуҷанд бомурури замон, аз солҳои 1960 то солҳои 1970 ин заминҳоро ғасб карданд. Яъне имрӯза шаҳраки Сайҳун, Чорухдарон, Табошар ва Ҳамрободу Мирзоработ ва Олтинтопкан- ҳозира Зарнигорро ба ноҳияи Ғафуров доданд ва қисме дигарро ба ноҳияи Спитамен. Аҷибаш он аст ки тамоми куҳҳои Масчо, ки аз конҳои тилову нуқра бой ҳастанд ба Қайроқум гузоштанд. Ончизеро,ки ман гуфта истодаам, ҳамааш дуруст аст. Имрӯз бошад мардуми меҳнаткаши моро боз сарсон ва саргардон карда дар дохили худамон барои замин ҷанг андохта истодаанд: акоро бо додар, писарро бо падар ва хоҳарро бо апа. Пулҳояшонро хурда ва меҳри хешу табориро аз байн бурда истодаанд. Ин корро роҳбарони имрӯзаи вилояти Суғд карда истодаанд.

Ҳоло бармегардем ба давраи истиқлолият.То ҳамин имрӯз дар ноҳияи мо ягон навигарӣ нашудааст, ки ба фоидаи мардуми Масчо бошад. Дар беш аз 10 сол роҳбарии собиқ раиси вилояти Суғд Қосим Раҳбар ягон бор Президент ба ин ноҳия наомад. Барои он ки Қосимча мардуми Масчоро ганда медид. Барои мардуми ноҳияи мо беҳад номардии сахт кардааст. Дар давраи ҳокими вилоят будани Қосимча ҳокимҳои бо орият ва мардумдӯстору бовиҷдон дар Масчо кор мекарданд. Яке аз ин гуна ҳокимҳо Малик Қурбон мебошад. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ин ҳокими бо орияту ғамхор тамоми заминҳои гандумро ба мардум тақсим карда дод ва ҳатто дар ҳамон давраҳо милисаю прокурору амниятро намегузошт, ки мардумро озор диҳанд. Ин ҳокимро мешавад,ки як шахсияти таърихӣ гуфт. Дуюм ҳокими бо орият ва таърихдон Ҳасанов Сироҷ мебошад.Ӯ пеш аз ба ноҳия омадан дар ноҳияи Масчои куҳӣ раис буд. Дурушт гап мезад вале лаганбардору чоплусонро ганда медид ва ҳатто инхел инсонҳоро қабул ҳам намекард. Бо президент хеле дӯстии наздик доштанд. Рафту омади оилавӣ ҳам доштанд. Ҳатто дар як баромадаш Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки модари Эмомалӣ Сироҷро писархонд карда аст.

Дар кабинети Сироҷ Ҳасан расми Эмомалӣ, модараш ва худи Ҳасан якҷоя меистод. Аммо ин ҳокими боору бономус дар ноҳия дер напоид. Барои он ки аввали рӯзи кориаш бо раиси вилоят Қосимча баҳс мекунад. Барои ҳамон заминҳои Масчо, ки дертар дар ихтиёри ноҳияи Бобоҷон Ғафур ва ноҳияи Спитамен гузашта буданд. Баъди ин баҳсҳо Қосимча плани гумкунии раиси ноҳияро бо КГБ мекашад. Гапи Қосимча ба президент намегузашт, зеро дар ҳақиқат Ҳасан Сироҷ бо Ҷаноб дӯстии зич дошт.

Қосимча бо ҳамроҳии амният ва дигар душманони мардуми ноҳия як шуда бар зидди раиси ноҳия корро сар карданд. Баъди чанд рӯзи баҳс раиси ноҳия соҳибкорҳои ноҳия ва мардони обрумандро ҷамъ кард ва ба онҳо ҳақиқати гапро фаҳмонд. Мардуми ҷамъомада бо ҳоким якҷоя ва ҳамфикр шуда ба хулосае омаданд, ки дар ҳақиқат ин заминҳо ба ноҳияи Масчо тааллуқ доранд. Мардум аз хоби ғафлат бедор шуд ва ба ин хулоса омаданд, ки бояд бо розигӣ имзои мардумро гирифта ба президент бирасонанд. Мактубе, ки аз мардуми ноҳия буд, бояд ҳоким бурда мерасонд. Аммо сад афсӯс, ки Қосимча бо ҳаммаслаконаш яъне бо КГБ раиси ноҳияро бад карданд. Гўё, ки раиси ноҳияи Масчо мардумашро бар зидди Ҷаноб мехезонда бошад. Баъди ин гапҳои амният дигар Ҷаноб ҳокими ноҳияро қабул накард ва ҳокими ноҳия дар пеши мардум руҳафтода шуд. Ин буд қиссаи писархонди модари президент. Дар оғози соли ҷорӣ дар сини 75 солагӣ аз олам гузаштанд Худо раҳматашон кунад ин пири хирадро.

Баъди Ҳасан Сироҷро аз вазифа гирифтан ба ноҳия раиси нав омад- собиқ вазири кишоварзӣ Турсунбой Раҳматов – зодаи шаҳри Конибодом. Қосимча ҳокими навро оварда заминҳои мавзеи Деҳисори Масчоро ба миқдори 2000 га ба муҳлати 25 сол ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иҷора дод ва болои масчоиҳо боз зулми навро бор кард. Он ду ҳоким монанди раҳматии Мӯсо дар тарихи Масчо монданд. Эмомалӣ ҳеҷ вақт як қавла ва мардвор дар гапу ваъдааш истодагӣ одам нест.

Аз соли 2008 то соли 2015 боз ба сари мардуми Масчо як прокурори ҳаромхуру маҳалгаро омад- Фирдавс Урунов. Вай пеш ҷонишини прокурори вилояти Суғд шуда кор мекардааст. Ӯ ба Масчо омаду бар сари халқи мо бало омад. Ба зулму ба порахурӣ сар кард. Азбаски медонист дар ноҳия заводу фабрика нест, корро бо Идораи андозу бо Кумитаи замин сар кард. Мардуми деҳкони бечораро барои пешпардохти андозҳо ҷаримаҳои ҳангуфт мебаст. Ҳатто мардуме, ки пешпардохт намекард, қарорҳои ғайриқонунӣ бароварда ба муҳлати 5 ё ки 10 шабонарӯз маҳкам мекард. Одамоне, ки қарзҳои калон дар назди андоз доранд аз онҳо пораҳои калон гирифта ва сардори Идораи андозро супориш медод, ки дигар ӯро ғам надиҳад. Ва чунин нафарҳоро “кришават” мекард.

Як раиси хоҷагии деҳқонӣ беш аз 500 ҳазор сомонӣ дар назди андоз қарздор буд. Ин раис бо Фирдавс Урунов забон як карда кори худро давом дод. Номи ин раиси хоҷагӣ Ғулом мебошад. Ӯ дар хоҷагии деҳқонии Чинибой Эргашов беш аз 200 га замин дорад. Дар ҳеҷ куҷо ҳисобот намедиҳад. Ҳатто пули музди меҳнаткашонро надод. Деҳконҳо аз ноҳия саркарда то ҷумҳурӣ даъво ва шикоят карданд, аммо бе натиҷа монд. Барои онки ҳамаашро Ғулом бо ёрии “кришааш” Урунов ҳал кард. Мардум ба сардори Идораи андоз гуфтанд, ки барои чи ту моро маҷбур ба пешпардохти андоз мекунӣ, ҳол онки Ғулом дар назди андоз қарзи калон дорад, ту аз вай пулро намерӯёнӣ? Дар ҷавоб ӯ ба мардум гуфт, ки дар ҳакиқат шумо рост мегӯед. Барои он ки Ғулом “подкриша”-и Урунови прокурори ноҳия мегардад, аз ин рӯ ҳеҷ чиз гуфтан наметавонам. Ҳама медонист,ки Ғулом прокурори ноҳияро бо пора забонкӯтоҳ карда ва тамоми даромади заминҳоро бо Урунов хурда гашт ва то ҳозир дар назди андоз қарздор мебошад. Собиқ раиси Кумитаи замин бо прокурори ноҳия ҳамкорӣ накард. Вай рӯирост ба прокурор гуфт, виҷдонам намебардорад болои мардуми деҳкон бераҳмӣ кунам. Ин раиси кумитаи замин марди бо виҷдон ва бо орият буд. Аммо кам- кам “спиртной” менӯшид.

Вай Ниёзов Умарбег ном дорад. Баъде, ки Ниёзов пешниҳоди “ҳамкорӣ”-и прокурори ноҳияро рад кард Урунов Фирдавс ӯро чап қапид. Прокурор бо Зокиров Умед, ҷониши кумитаи замини ноҳия, ки заргӯш лақаб дорад ва монанди худи Урунов порахуру мансабталош аст “ҳамкорӣ”-ро сар кард. Ин ду барои онки Ниёзов Умарбег барои корҳояшон халал нарасонад тавассути судбозӣ дар Душанбе тавонистанд, ки ӯро аз кор бигиранд. Ва Зокиров, раиси кумитаи замин таъин шуд. Раиси ноҳия зид буд, ки Зокиров Умед ба ин вазифа ояд. Барои он ки ин бе маслиҳати раиси ноҳия ба ин вазифа омад ва дигараш ҳам инки Зокиров мутахассиси ин соҳа набуд. Ҳатто дар маҷлисҳои ноҳиявӣ раиси ноҳия Аҳмадзода Зокировро даъват намекард. Ӯро раиси кумитаи замин намеҳисобид. Прокурори ноҳия чун фаҳмид, ки мавқеи кориаш на он қадар ҳокими ноҳияро маъқул шуд дар пайи гумкунии ҳокими ноҳия баромад. Дере нагузашта Аҳмадзодаро аз раисии ноҳияи Масчо гирифтанд. Он солҳо дар кишвар лимити барқ ҳукмрон буд ва танҳо раисони ноҳия ва пулдорҳо бо барқи доимӣ таъмин буданд. Ҳамон рӯзе,ки раиси ноҳияро аз кор гирифтанд, прокурор ба идораи барқ дастур медиҳад,ки барқи манзили истиқоматии ҳамакнун собиқ раисро қатъ кунад.

Урунов барои чи ин корро кард? Барои он ки худашро ба мансабдорони ноҳия нишон диҳад ва сиёсаташро гузаронад, ки касе бо ман ҳамкорӣ накунад монанди Аҳмадзода мешавад. Албатат, чи хеле гуфтам ин ҳодисаи соли 2015 буд. Урунов ва Умед Зокиров, ки дигар кумитаи замини ноҳияро дар ихтиёр гирифта буд, заминҳои воҳидҳои кишоварзиро ба чапу рост фурӯхтан гирифтанд. Умед Зокиров таҳти ҳимояти прокурор ҳар коре хост анҷом дод. Заминҳои хоҷагиҳои деҳқониро ба наркобизнесҳо фурӯхт. Мардумро безамин кард. Кормандони кумитаи замини ноҳияро аз кор ронда ва ҷои онҳо нафарони худашро овард. Аз ҷумла Сафаров Ислому Ҷумъаев Фирдавсро ҳамчун заминсоз, Шавкатов Азимбойро ба вазифаи ҷонишини кумитаи замин ба кор гирифт. Солиев Шафқат, корманди кадастри ноҳия, Салимбоев Неъматбой, мутахасиси замин, Салимбоев Қаҳрамон, мутахассиси кадастри вилоят, Мулоҷонов мутахасис кадастри вилоят инҳо ҳамагӣ дар командаи Зокиров мебошанд ва то ҳозир кору фаъолият карда гаштаанд.

Зокиров то соли 2015 “под криша”-и Урунов, прокурори ноҳия кор мекард. Ҳоло “криша”-и нав ёфтаст. Собиқ раиси Кумитаи замини ҷумҳурӣ ва феълан раиси Маҷлиси намояндагон – Маҳмадтоири Зокирзода.

Ҳоло дар Масчо замин дар дасти деҳқон нест. Мо деҳконҳо аз ин беадолатиҳои Зокиров аз ҷонамон сер шудем. Соли 2015 раиси ноҳия нав шуд- Азиззода Ғайрат. Ҳамдеҳаи Зокиров Умед. Мутаассифона маълум шуд, ки боз бар сари меҳнаткашу деҳқони Масчо як ҳокими ҳаромхури бевиҷдони порахури беинсоф омадааст. Ғайрат дар оилаи деҳқон раиси колхоз ба дунё омадааст. Худи Ғайрат бошад дар солҳои 1994 то солҳои 1998 дар сарҳади бо Узбакистон бо тиҷорати наркотика ва контрабандаи бензину солярка машғул буд.

Ҳозир ҳам шайкаи ӯ бизнесашро чархонида истодаанд. Дар Фармонқӯрғон-сарҳади миёни Масчо ва Узбакистон. Дар инҷо як бинои қиморбозӣ дорад, монанди найт клуб, шабона кор мекунад ва стребтизерҳо ҳам ҳастанд ва намоиш медиҳанд. Бо роҳи шиносбозӣ ва пора ба кори давлатӣ даромад ва дар вилоят дар бахши истихроҷу коркарди маъодин масъулиятеро ба ӯҳда гирифт. Дертар ин вазифаро писари раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ гирифт ва Азиззода соли 2015 раиси ноҳия Масчо шуд. Ӯ таҳти ҳимояти Абдураҳмон Қодирӣ ва бо ҳамроҳии Умед Зокиров ба фурӯши заминҳои Масчо идома доданд. Ним сол гузашта буд, ки шарикони тиҷораташ дар наркотикро ба вазифаҳои давлатӣ овард. Яке аз онҳоро раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстон таъин кард. Ҷумъабой Тошев. Одами бесавод бе дипломи олӣ ва бидуни таҷрибаро соҳиби вазифа кард. Раиси ҷамоат бо порахурию пулҷамъкунӣ ва бо бизнеси наркотика овора буд ва ба арзу шикояти мардум аҳамият намедод. Аслан намедонист,ки чӣ ҷавоб диҳад. Азиззода ночор шуд,ки ӯро аз вазифа гирад. Ӯро вазифаи нав дод:-шӯъбаи дин ва танзими анъана.Ҳамзамон ҷияни худашро оварда дар ҷамоати Суғдиён ба вазифаи заминсози ҷамоат монд. Дигар комилан бо дилпурӣ ба заминфурушӣ идома дод. Дар рӯзҳои қабул ба шикояти деҳқонҳо аслан гӯш намедод ва кадоме,ки баҳс мекард бароварда пеш мекард. Вай як каме бо Урунов кор кард. Аммо Ғайрат мавқеи Уруновро танг кард ва Урунов аз ин ноҳия ба шаҳри Истаравшан ба кор гузашт. Дар онҷо як сол кор карда вале бо сабаби онки табаияти Русияро дошт аз кор ронда шуд. Писари донишҷӯяш ҳам дар ҳолати мастӣ дар дасти БДА афтод. Як чизи дигарро фаромуш накунам,ки дар вақте Урунов прокурори ноҳия буд мавридҳои говдуздӣ дар ноҳия беҳад зиёд шуда буд. Дертар мефаҳмем,ки Урунов бархе аз говдуздҳоро “кришават” мекардааст. Ҳар се моҳ мошинашро иваз мекард.Давоми 9 сол ҳар субҳ аз Хуҷанд Масчо ва бегоҳ баргашта мерафт. Як прокурори ноҳия ин қадар пулро аз куҷо меёфт?

Соли 2015 ба Масчо прокурори нав омад- Изатуллозода Акобир Курбон, бо лақаби “хромой”.Мардум хурсанд шуданд,ки акнун адолат барқарор мешавад. Овоза карданд,ки прокурор қудои президент аст. Ҷиянаш гӯё зани Рустами Эмомалӣ будааст. Аммо ин хурсандӣ дер давом накард. Пеш аз омадан ба Масчо дар Прокуратураи генералӣ дар вазифаи сардори қисми хоҷагӣ кор карда ба гулу гулзоркунии гирду атрофи Прокуратураи Генералӣ вобаст будааст. Як писари ӯ низ дар Прокуратураи Генералӣ ва дуввумаш дар прокуратураи Данғара куратори шӯъбаи умури дохила шуда кор мекардаанд. Тибқи хабарҳо 3 то зан дорад. Зани якумаш аз Қурғонтеппа будааст. Ба номи ӯ зиёда аз 5 га замини боғи деҳқонои Қурғанро ба занаш гирифта додааст. Зани дуюмаш аз ноҳияи Ваҳдат ва сеюм занаш аз шаҳри Норак будааст. Ҳоҷии дукарата. Гоҳо худашро аз Ғарму Норак ва гоҳе ҳам аз Ваҳдат ва Данғара мегирифтааст. Давоми се моҳ бо обу ҳавои ноҳия омӯхта шуда ба командаи Зокиров Умед, раиси кумитаи замин ва раиси ноҳия Ғайрат Азиззода пайваст ва ҷои холишудаи прокурори собиқро дар миёни порахӯрон пур кард. Барои ӯ 3 вақт обу ғизояшро дар кабинети кориаш омода мекунанд. Ҷойи хоб фароҳам кардаанд дар бинои прокуратура. Ҳаррӯзи шанбе Хуҷанд рафта ва рӯзи душанбе мебиёяд. Ин командаи ҳаромхурон аз заминҳои наздиҳавлигӣ фурӯхтанро сар карданд. Заминҳои назди ҳавлигиеро, ки президент соли 2017 дар роҳи Чаноқ ва Душанбе кушода дод ва он маҳалларо Меҳробод ном гузошта буд, дигар барои мардуми ниёзманд тамоман дастнорас шуд. Зокиров Умед, раиси кумитаи замини ноҳия ба номи одамони мурдагӣ ва хешу таборҳои худаш ва ба номи хешу табори раиси ноҳия Азиззода Ғайрат ва ба номи хешу табори ҷонишини якуми раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода ва ба номи хешу табори Сафаров Исломи заминсозу хешу табори Ҷумъаев Фирдавси заминсоз ва хешу табори Солеҳзодаи Шавкат ва ҳамин тавр хешу наздикони раисону заминсозони ҷамоатҳо тақсим карда дод. Мардуми оддӣ ду даст болои сар чизе аз дасташ намеояд. Ҳамин шабу саҳар ҳам 6 га заминро фурӯхт. Мардум бо тамоми далелҳо то Душанбе муроҷиат карданд, чизе нашуд. Чунки тамоми онҳо ба “доля” шариканд. Прокурори ноҳия бошад мардумро сиёсат карда рӯирост мегӯяд, ки агар ман нахоҳам ба додатон на Худованд мерасаду на президент.

Акобир Иззатуллозода баъди 3 соли кориаш бо ин командаи Зокиров ва Азиззода Ғайрат муросо накард. Раиси ноҳия фаҳмид, ки доирааш танг мешавад ба қарорфурӯшӣ сар кард. Албатта пештар ҳам имзояш нарх дошт. Вале баъди ин нархи имзояш аз 1000 ба 3000 боло рафт. Масалан барои иҷозаи сохтмони мағоза, заправка ва ё ҳар чизе дигар нархҳо то 3000 шуд. Аммо агар ягон территорияи ҷангҷолӣ бошад то 10.000 доллар боло рафт нархи як қарор ё имзои расии ноҳия. Прокурор аз ин кор бохабар шуда 150 қарори раиси ноҳияро бекор кард ва дар навбати худ ӯ ба бизнес сар кард.1000 то 2000 доллар гирифта қарорҳои раиси ноҳияро бекор мекунад ва иҷроиши ин қарорҳо дар контроли худи прокурор мебошад. Кадом қароре, ки прокурор пулашро гирифта бекор кард иҷроишаш як рӯзам тул намекашад, дафъатан иҷро мешавад ва қароре, ки дар асоси қонун ва бе пул бекор шуда бошад иҷроишаш 10 сол ҳам гузарад иҷро намешавад. Аз ин ҳолат аз вилоят сар карда то ҷумҳурӣ бохабар ҳастанд, аммо чуноне Иззатуллозодаи Акобир мегӯяд, агар ҳақ ҳам бошӣ камтар “доля” додан даркор вале агар агар ноҳақ бошӣ панҷ баробар зиёдтар. Яъне агар шумо ноҳақеду аз он нафаре,ки даъвояш ҳақ аст 5 баробар бештар доля диҳед шуморо ҳақ мебароранд. Хулоса инҷо як ҳолати тамоман печида аст,раиси ноҳия қарорро мефурӯшад.Прокурор пул мегираду қарорро бекор мекунад. Вале боз худи ҳамин прокурор қарори бекор кардаашро ба бизнес табдил медиҳад.Пул диҳӣ дуруст мебарорад ва касе агар бештар пул диҳад ба ӯ қарорро медиҳад. Мардум ва деҳқонҳои бечора дар бадари идораҳо сарсону саргардон.

Ҳамон маблағе,ки барои ободии ноҳия ба рӯзи ҷашни Ваҳдат аз буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят ҷудо шуда буд ин пулҳоро пешакӣ раиси вилоят Раҷабой Аҳмадзода ва раиси ноҳия Азиззодаи Ғайрат обу лой карда буданд. Бо дастгирии раиси вилоят Азиззода Ғайрат, вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Ӯро халқи Масчо интихоб накардааст. Ҳатто дар соли 2015 ҳам маблағҳои барои ҷашни Истиқлолият ҷудокардаро Абдураҳмон Қодирӣ ва Азиззода Ғайрат ба манфиати худ сарф карда мардум ва соҳибкоронро маҷбур карданд, ки ҳарому ҳалол як ҳайкали Сомонӣ сохта диҳанд. Роҳу роҳравҳо баъди як моҳ ҳамагӣ фурӯ рафтанд. Барои беш аз 40 километр то Спитамен пулро ҷудо карданд аммо боз ҳам аз халқ пул гирифтаанд. Агарчанде дар он шабу саҳар, ки президент дар ин ҷалса иштирок дошт аз телевизионҳо воҳима карданд,ки 40 километр аз ҳисоби бюҷет мумфарш шуд, дурӯғи рӯирост буд.

Абдураҳмон Қодирӣ барои Азиззодаи Ғайрат барои якҷоя ин пулҳоро обу лой кардан як мошини Лексуси 470 рангаш сафедро туҳфа кард. Қодирӣ аз пулҳои барои ин роҳ ҷудошуда дар Хуҷанд коргоҳи тавлиди мум сохт ва роҳбарии онро ба зимаи писари наркоманаш гузошт. Барои фаъолияти ин коргоҳ хеле пулҳоро бо баҳонаи ободсозии роҳҳо аз ҳисоби давлат гузаронд. Азиззода Ғайрат духтарашро дар яке аз донишгоҳҳои Ташканди Ӯзбекистон дар факултети дизайнерӣ дохил кард ва ҳар саҳар бо мошини хидматӣ то сарҳади Ойбек оварда гусел мекард. Дар он тарафи сарҳад мошини дигар ӯро гирифта то Тошканд мебарад. Оё як ҳокими ноҳия аз пули музди меҳнаташ инкорро кардан метавонад? Албата не .Танҳо ҳокими ҳаромхури порахур метавонад. Баъзеҳо мегӯянд,ки равуои ҳамарӯзаи духтари Ғайрат Азиззода ба Тошкандро шарикони наркомафияаш ташкил мекарданд.

Поёни қисмати аввали “Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз”,қисмати дуввуми он дар ҳолати омода шудан қарор дорад, рӯзҳои наздик тақдиматон менамоем.Агар мардуми ғаюри Масчо аксҳои ашхоси дар матлаб зикр шударо бароямон ирсол кунанд наворашро ҳам омода ва тақдиматон менамоем.

Share This Article