Орзӯйи ҳамсари зебо
Молик орзу дошт то ҳамсари зебое чун булур сафед дошта бошад. То ӯро бубинад ва ҳама ҷамолу хислатҳои зебо дар ӯ вуҷуд дошта бошад. Ба амри тақдир Молик издивоҷ намуд ва вақте ба наздаш дохил гашт ва рӯймолашро, ки хоси ҳар наварус ҳаст аз ӯ бардошт. Як зани гандум чеҳраро дид, ки тамоман дар хаёлаш ва ончи дар дил мепарваронду орзӯ мекард набуд.Тибқи одат шаби аввали арусӣ бояд домод ва арус якҷо бо ҳам бошанд. Вале Молик бо шитоб аз назди арус хориҷ гашт ва аслан дигар ба арусаш таваҷҷӯҳе накард. Бо чунин вазъият чанд шабу рӯз гузашт. Арус ин ҳолатро дид ноумед аз раҳмати Аллоҳ нашуд ва ба назди шавҳараш омад ва чунин гуфт: “Эй Молик мумкин аст хайр ва некӣ дар бадие пинҳон шуда бошад”
Ин сухан ба Молик таъсир намуд ва арусашро пазируфт ва бо ӯ наздик шуд. Вале дар дил ва он чеҳрае мехост, то дар ҳамсараш бубинад ӯро ором намегузошт. Бори дигар Молик аз ҳамсараш канорагирӣ ва дуриро ихтиёр намуд, вале ин бор тамоман аз он хона ва сарзамине, ки зиндагонӣ мекард берун шуд. Ин дури на чанд рӯзу моҳ вале муддати бист солро дар бар гирифт. Молик ҳеҷ намедонист, ки ҳамсараш чи ҳол дошт оё ҳомила гашта буд ва ё на?
Пас аз гузашти бист сол ба хонаву кошонааш шаҳри Мадинаи мунаввара бозгашт, то бубинад чи хабар аст ва оё ҳамсараш ҳаст ва наздиконаш касе барҷо мондаанд.
Ҳангоме, ки вориди Мадинаи мунаввара гашт, хост қабл аз ҷустуҷӯ намозро дар масҷид бихонад ва сипас ончӣ дар назар дошт анҷом бидиҳад. Ҳангоме, ки вориди масҷид шуд дид ҷавоне машғули ҳалқаи дарсӣ аст. Ду ракаъат намоз гузорид ва дар он ҳалқаи дарсӣ нишаст, то каме истифода намояд.Он ҷавон хело хуб сӯҳбат мекард ва ҳама бо диққат ба ӯ гӯш медоданд.
Моликро тарз ва равиши суханрони ва баёни балиғи ин ҷавон хело зери таъсири худ қарор дод. Аз ҳозирин пурсид ин ҷавон ки ҳаст? Гуфтанд: Ин Имом Анас аст.
Молик гуфт: Писари ки ҳаст ин Анас?
Гуфтанд: Анас писари мардест бо номи Молик, ки бист сол қабл аз мадина ҳиҷрат намудааст ва дигар барнагаштааст.
Молики ҳаяҷонзада мунтазири он буд, то дарс ба поён расад ва ҳангоме, ки Анас дарсашро ба поён расонид дар ҳол ба наздаш рафт ва салом намуда чунин гуфт: Ман ҳоло бо ту ба хонаатон меравем ва ман дар назди дарвоза меистам ва ту дохили хона мешави ва ба модарат ончи мегӯям мерасони. Марде дар назди дарвозаи хонаи мо истодааст ва чунин мегуяд: “Мумкин аст хайр ва неки дар бадие пинҳон шуда бошад”
Анас ҳам ончи ба ӯ гуфта шуда буд онро ба модараш расонид.
Модараш ҳангоме, ки ин суханро шунид дар ҳол бо чеҳраи кушод ба писараш Анас гуфт: “Писарам бишитоб дарвозаро бикушо падарат омадааст пас аз чанд вақти набуданаш.”
Хонандаи гиромӣ ба суханони ин зани саҳобия хуб андеша кун хоссатан занҳои гиромӣ.
Нагуфт ин падари ту ҳаст пас аз онки моро бист сол партофтану аҳмият надодан бар гаштааст. Инчунин ҳаргиз дар ин муддати бист сол бореҳам дар назди писараш Анас падарашро ба бади ёд накардааст.
Ин вохурӣ миёни падар ва писар ва аруси ҷавоне, ки бист сол дар интизори шавҳар буд, хело гарм ва самими буд, пас аз набудани ин ду даҳа аз ҳаёти онҳо.
Нисбати ин қисса инчунин ривоятеҳам ҳаст, ки Молик ҳангоме, ки ҳамсараш мусалмон мешавад бо қавмаш аз онҳо меравад ба Шом ва дигар бар намегардад. Модараш Умми Салим бинти Малҳон холааш Умми Ҳаром (раз) аст.
Бале хонандаи гиромӣ ин Анас медонед кадом Анас аст? Анас ибни Молик (раз) хидматгори Расули акрам (с) аст.
Ҳамон Анас ибни Молике, ки даҳ сол Расули акрам (с) ро хидмат намудааст. Чун дар даҳ солаги дар тарбияи Расули акрам (с) қарор гирифта буд тарбияи он ҳазратро гирифта ва дар радифи ровиёне, ки аз Расули акрам (с) ҳадис ривоят кардаанд дар мақоми сеюм қарор мегирад, пас аз Абдуллоҳ ибни Умар (раз) ва Абуҳурайра (раз), Анас ибни Молик (раз) 2286 ҳадис ривоят намудаанд, ки Имом Бухорӣ ва Имом Муслим ҳадисҳои мутафақун алайҳи ҳарду аз Ӯ 180 ҳадис ривоят намудаанд. Бухорӣ ба танҳои аз ӯ 80 ҳадис ривоят намуда ва Муслим 90 ҳадис ривоят кардаанд. Аз Анас ибни Молик (раз) 285 саҳобӣ ва тобеъин ривояти ҳадис намудаанд. Ин аз ҷойгоҳи воло ва аз тарбияи ёфтани хубаш дар назди Расули акрам (с) далолат мекунад.
Анас ибни Молик (раз) ро модараш барои хидмат намудан ба Расули акрам (с) бахшиданд умрашон даҳ сол буд. Аз он ҳазрат (с) модарашон хостанд, то дар ҳаққи ӯ дуъо кунанд ва Расули акрам (с) дар ҳақи ӯ дуъо намуданд.
Мегуянд Анас (раз) 103 сол умр дидааст ва баъзе бештар аз он ҳам мегуянд. Беш аз сад фарзанд доштанд ва боғе доштаанд, ки дар сол ду маротиба ҳосил мегирифтааст. Хангоми вафоти Расули акрам (с) бист сола буданд. Ин ҳама аз баракоти дуъои Расули акрам (с) ба ӯ буд.
Собити Ал-Банонӣ аз Абуҳурайра (раз) ривоят мекунад: “Ман надидам шахсеро, ки намозаш шабоҳати хело зиёд дошта бошад бо Расули акрам (с) аз Ибни Умми Салим яъне Анас ибни Молик (раз)”
Анас ибни Сирин мегуяд: Анас ибни Молик (раз) шахсе буд, ки намози некӯ мегузошт чӣ дар ҳазар ва чӣ дар сафар.
Ансорӣ аз падараш аз Самома ривоят мекунад: “Анас Ибни Молик (раз) чунон қиёми шаб (шаб зиндадорӣ) менамуданд, ки қадамҳояшон аз истодани зиёд дар намоз хун мебастанду сурх мегаштанд”
Аллоҳ Анас ибни Молик (раз) ро раҳмат кунад ва аз Ӯ рози ва хушнуд бошад. Моро пайрави ин шогирди мадрасаи Муҳаммад(с) иноят фармояд омин.