СИПАХСОЛОР АХМАДШОХИ МАСЪУД….

Ислоҳ нет

СИПАХСОЛОР АХМАДШОХИ МАСЪУД….
Аҳмадшоҳи Масъуд ба ривояти ҳамсараш

Ахиран китоби Сиддиқаи Масъуд, ҳамсари Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи маъруфи ҷиҳод алайҳи ишғоли Шӯравӣва муқовимат бар зидди Толибон дар Афғонистон, бо забони форсӣаз дасти чоп берун шуд. Ин китоб ҳанӯз соли 2007 бо ҳамдастии Шикебо Ҳошимӣва Марӣ-Франсуа Коламбинӣибтидо бо фаронсавӣнашр шуда буд.

Сиддиқа Масъуд дар ин китоби ёддоштҳо бардоштҳояш аз 13 соли зиндагӣбо ин фармондеҳи маъруфро, ки “Шери Панҷшер” лақаб дошт, ба риштаи тасвир даровардааст. Дар бораи қаҳрамониҳои низомиву фаъолиятҳои сиёсии Аҳмадшоҳи Масъуд китоби зиёде ба бозор даромадааст, вале то кунун дар бораи зиндагии хусусии ӯиттилои камтаре шунида шуда буд.
“ДАР БОРАИ ИШҚИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД”

“Дар бораи ишқи Аҳмадшоҳи Масъуд” – чунин аст унвони китоби хотироти ҳамсари ин фармондеҳи фақид Сиддиқаи Масъуд, ки феълан бо як писар ва панҷдухтараш дар Машҳади Эрон ба сар мебарад. Китобе марбут ба хусусиёти зиндагии Аҳмадшоҳи Масъуд дар муҳити хонаводаву дар ҳалқаи ёрони наздик ва ҳам хилвати ӯ. Чизе ки то ҳол дар борааш хеле кам гуфта шудааст.

“Дар бораи ишқи Аҳмадшоҳи Масъуд” хулосаи 13 соли ҳамсарии Сиддиқаи Масъуд бо Аҳмадшоҳ аст, ки барои онҳо 6 фарзанд – 1 писар ва 5 духтар –мева додааст .

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба шеваи зиндагии ин фармондеҳ, ки бештари умраш дар сангарҳои муқовимат ибтидо алайҳи нирӯҳои Шӯравиву сипас зидди чирикиҳои Гулбуддин Ҳикматёр ва дар солҳои поёнии умраш бар зидди Толибон сипарӣшудааст, Аҳмадшоҳи Масъуд низ метавонист ин мисраи Бозори Собирро ба худ ҳам нисбат диҳад, ки “Ман бистари ҳамсарӣнадидам умре.” Албатта, бо таҳрири андаке дар мисраи дуввуми ин байт, ки “дар болини ман тиру силоҳам монда.”

 

МАРДЕ ХУШЗАВҚ ВА ШЕФТА

Бо ин ҳама, Сиддиқаи Масъуд шавҳарашро марде хушзавқ ва шефтаи шеъру адабиёт тасвир мекунад: “Ӯмарде барҷаста, хушзавқ, фарҳехта, шефтаи шеъру адабиёт ва қаҳрамони ҷанг бар зидди Шӯравӣва муқовимат алайҳи Толибон буд, ки духтари сода ва бетаҷрибае мисли манро, ки дар он замон 17-сола будам, ба ҳамсарӣгирифт ва ба ӯишқ варзид.”
Аз шеърдониву шеърхонӣва шеърфаҳмии Аҳмадшоҳи Масъуд навори машҳуре низ дар дастҳост, ки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мечархад. Дар ин навор Аҳмадшоҳ барои ҳамсангаронаш, бо шумули Муҳаммадқасими Фаҳим, ки ҳолиё ноиби раисиҷумҳури Афғонистон аст, шеъреро тафсир мекунад.

Шоири маъруфи Афғонистон Латифи Пидром мегӯяд, то кунун ҳама пардохтҳо ба шахси Аҳмадшоҳи Масъуд рӯи фазилатҳои фармондеҳӣва амалкардҳои сиёсии ин Қаҳрамони миллии Афғонистон сурат гирифта, дар ҳоле ки барои ёрону дӯстон ӯяк инсони низ фавқулодда ба назар меомад: “Аз назари шахсӣ, ӯяк нафари бисёр мутавозин ва бисёр фурӯтан буд. Баробар бо ҳунарҳои низомӣӯяк алоқаманди шеъру адабиёту фарҳанг ҳам намудор мешуд. Дар ин соҳот ӯяк чеҳраи коимлан дигар дошт, ки ин чеҳраи фарҳангии қумандон Масъуд буд, ки аз ин зовия кам шинохта шудааст. Ёдам ҳаст, ки мо як бор бо ҷамъе аз Фархор меомадем ва дар тӯли роҳ сӯҳбат аз шеъри Бедил рафт. Ва тамом роҳро ӯбо мо сарфи қироату тафсири шеъри Бедил кард. Ӯзиёд китоб мехонд, чӣмутолиоти динӣва чӣмутолиоти адабияш хеле зиёд буд. Ва ҳамон рақам, ки мо чеҳраи низомии ӯро мешиносем, ба ҳамон қудрат чеҳраи инсонӣва фарҳангии Масъуд қобили дӯст доштан ҳаст ва ҳам дӯстдоштанист.”
САҲМИ МАСЪУД ДАР СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН

Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон дар сифати хислатҳои инсонии Аҳмадшоҳи Масъуд бештар аз нақши ӯдар таъмини сулҳи ин кишвар сӯҳбат мекунанд.

Саидамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Тоҷикистон, ки дар он солҳо ба хотири пешбурди раванди сулҳи тоҷикон бо Масъуд пайваста дар иртибот будааст, мегӯяд: “Аз наздик бо Аҳмадшоҳ соли 1993 шинос шудам, лекин ғоибона дар замони шӯравӣниз мо ҳамроҳи ӯкор мекардем ба хотири раҳоии асирони ҳарбӣ. Чандин дафъаҳо мукотиба доштем, бо намояндагони ӯвомехӯрдем, хоҳ дар Тоҷикистон ва хоҳ дар Афғонистон. Ва бо кумаки ӯчандин сарбози шӯравиро аз асорат берун ҳам овардем. Аммо хидмати бузургтарин Масъуд дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон буд. Раҳбарони кишвар ва шахсан худи ман нағз медонем, ки чӣҷонбозиҳое кард Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ақаллан дар ин ватани аслии тоҷикҳо сулҳу субот бошад. Ин хидматҳои Аҳмадшоҳро нафақат як ман, балкӣҳама мардуми тоҷик бояд ҳеҷгоҳ фаромӯш накунанд.”

 

Саиданвар Камолов, низ вазири собиқи амният ва фармондеҳи низ пешини нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, такяи Душанбе дар роҳи расидан ба сулҳ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама рӯи Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва раванди ҳодисот маълум кард, ки онҳо дар ин интихоби худ хато накардаанд.
Ӯмеафзояд, ки бидуни кумаки Аҳмадшоҳи Масъуд истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон метавонист хеле бештар тӯл бикашад: “Аҳмадшоҳи Масъуд дар як сӯҳбаташ қисса кард, ки онҳо ба Саиданвар Камолов корхонаи хонасозии Кобулро бо 20 ило 30 кило маводи мунфаҷира таркондаанд, вале акнун барои аз нав сохтанаш ба миллионҳо доллар сармоя рӯи ниёз доранд. Ва ӯгуфт, ки ба ҳеҷсурат, иштибоҳҳоеро, ки мо дар Афғонистон кардем, такрор накунед. Ва соли 1993, вақте раҳбари кишвар ЭмомалӣРаҳмон бо оқои Зуҳуров барои овардани 2 сарҳадбони рус ба Афғонистон рафт, ин аслан як баҳона буд. Мақсади асосӣмасъалаи истифода аз нерӯва нуфузи Масъуд барои расидан ба сулҳ буд. Аз рӯзи аввал мо ба ҳамин мард такя кардем ва ӯаз рӯзи аввал моро дастгирӣкард то ба охир.”
ДОСТОНИ ИШҚИ СИДДИҚА

Аммо баргардем ба ҳамсари Масъуд ва достони ишқи ӯбо ин фармондеҳи шаҳир. Сиддиқа низ ба мисли Аҳмадшоҳи Масъуд дар рустои Бозораки дараи Панҷшер дида ба дунё кушодааст. Ӯдухтари Хоҷа Тоҷиддин буд, ки ҳанӯз дар солҳои 70 ба сафи ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд пайваст ва ҳамеша дар канори ӯқарор дошт. Сиддиқаи Масъуд мегӯяд, китоби ӯталоши навиштани таърихи Афғонистон нест, балки ӯфақат мехоҳад достони ишқи худ бо бузургмардеро, ки Аҳмадшоҳ буд, таъриф кунад.
Ӯмегӯяд, Аҳмадшоҳи Масъуд вақте ба хостгориаш омад, ки 34 сол дошт, вале Сиддиқа дар он замон 17-сола будааст. Ба навиштаи ҳамсараш, Аҳмадшоҳи Масъуд таърифи ҳусни ӯро ибтидо аз ҳамсангарони ҷавонаш мешунавад, ки ӯро дар хоб пиндошта, таърифи зебоии духтари Хоҷа Тоҷиддинро мекунанд. Бо онки Аҳмадшоҳ он замон дар манзили ин ёри содиқаш ба сар мебурд, то он дам боре ҳам худ бо Сиддиқа рӯбарӯнашуда буд.

Вале ба муҷарради шунидани таърифи зебоии духтар, Аҳмадшоҳи Масъуд хеле зуд иқдом ба хостгории ӯмекунад: “Вай вақте аз вуҷуди ман бохабар шуд, чанд бор ҳангоми рафтан ба утоқаш бидуни инки дар бизанад, вориди хона шуд. Ҳатман маро зебо дида буд, ки як шаб азмашро ҷазм кард ва падару модарамро ба назди худ хонд ва бидуни ҳеҷмуқаддимае хостаашро баён кард. Аммо ҷавоби падарам, ки марде худраъй ва каме хунсард буд, ин буд ки : “Ин ғайримумкин аст. Ӯхеле ҷавон аст ва шумо ба зани пухтатаре ниёз хоҳед дошт, то дар зиндагӣҳамдӯши шумо бошад. Аммо ӯпосух дод, ки беҳтарин роҳи кумак ба ман ин аст ки ҳамсарам навъи зиндагии маро бипазирад.”

АВВАЛИН МУЛОҚОТ БО МАСЪУД

Билохира маслиҳат ин шуд, ки Аҳмадшоҳи Масъудро бо Сиддиқа рӯбарӯкунанд. Як шаб модари Сиддиқа хабараш дод, ки Масъуд мехоҳад бо ӯмулоқот кунад. Сиддиқа дар китобаш мегӯяд, бо шунидани ин хабар то субҳ нахобид ва фардояш ҳам бо хиҷолату шарми зиёде вориди утоқи Аҳмадшоҳ шуд: “Дар ҳоле ки сартопо либоси сабзранге бар тан доштам ва ба модарам часпида будам, ларзон вориди утоқ шудам ва он қадар хиҷолат мекашидам, ки бо садои бисёр оҳиста ба ӯсалом кардам. Ва ӯбо меҳрубонӣва мулоимати фаровон гуфт, ки чӣқадар аз издивоҷбо ман хушҳол аст.”

Аммо ба далоили амниятӣтӯйи арӯсии Аҳмадшоҳи Масъуд бо Сиддиқа ба гунаи махфӣва хеле хоксорона барпо шуд. Сиддиқаи Масъуд мегӯяд, на ӯву на шавҳараш то ин издивоҷчизе аз зиндагии муштараки занушавҳарӣнамедонистанд: “ Ман 17 сол доштам ва ӯ34 сол, ки мо зану шавҳар шудем ва барои аввалин бор дар зиндагӣхудро дар канори марди бегонае меёфтам. Он шаб мисли шабҳое баъд чизе байни мо нагузашт, шавҳарам сабр кард, то ҳамдигарро беҳтар бишносем. Ман духтари бисёр ҷавоне будам ва ба навъе чашму гӯши баста бузург шуда будам, мо дар дараи дурафтодае, бидуни радио ва телевизион, иқомат доштем. Ман ҳеҷдӯсте надоштам ва ҳеҷчиз аз зиндагии муштарак намедонистам… Шавҳарам низ қабл аз ман занеро ламс накарда буд, ӯаз замони навҷавонияш махфиёна зиндагӣмекард ва дар дунёи он рӯз занон ё ғоиб буданд ваё махфӣнигаҳ дошта мешуданд. Хеле кам иттифоқ меуфтод, ки ӯба як доктор ё як хабарнигори хориҷӣдаст бидиҳад. Пас аз ин ҷиҳат мисли ҳам будем ва ҳама чизро бо ҳам кашф кардем. “
ПАРИИ МАСЪУД

Сиддиқаи Масъуд мегӯяд, ки шавҳараш бо меҳрубонӣӯро ҳамеша бо исмҳои Парӣ, Паригул ё Паримоҳрӯз хитоб мекард. Аммо барояш тавсияҳову шартҳое ҳам гузошта буд, ки баъдан мояи ҳарфу ҳадиси фаровоне пиромуни шеваи хонаводадории Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам шуд.

Сиддиқаи Масъуд мегӯяд, ки шавҳараш моил набуд, ки ӯҳатто бо бародаронаш рӯбарӯшавад. Ҳарчанд дар хонаводаи онҳо чунин расм набуд, вале Масъуд ҳатто аёдати хоҳари худашро ба ҳамсараш иҷозат намедод, ки мабодо писари баркамоли хоҳараш рӯи ҳамсари ӯро бубинад:“Аҳмадшоҳ мегуфт: Дӯст дорам ки ҳамсарамро ҳеҷмарди бегонае набинад ва танҳо касе бошам ки сурати ӯро назорра мекунам. Ман он қадар аз издивоҷбо ту ба худ меболам, ки туро фақат барои худам мехоҳам. Қабул мекунӣ? Баъдҳо навиштанд, ки Масъуд занашро мунзавеъ кардааст, ки ин дурӯғе беш набуд. Чӣдар Афғонистон ва чӣдар Тоҷикистон ҳамеша озодии амал доштаам, аммо ҳақиқат дорад, ки ман ҳаргиз мардонеро, ки дар хориҷаз хонаводаи худам буданд, надидам ва ҳеҷбародари шавҳарамро низ.”

 

БАРХӮРД БО ФАРЗАНДОН

Аммо меафзояд ӯ, Масъуд, ин сипаҳсолори саркаш ва қумандони ғайюр дар муносибат бо фарзандон “меҳрубонтарин бобои дунё” ба назар меомад: “Вақте ӯвасати шаб аз роҳ мерасид ва духтараш Насринро медид, ки канори ман хобида, мебӯсид ва аз хоб бедор мекард ва ба маҳзи ин ки Насрин падарашро мебӯсид, бедалел механдид. Ин лабханд дили ҳаяҷонзадаи қумандони ҷангро ки дар зиндагии шазсиаш меҳрубонтарин бобои дунё буд, зуб мекард… Ӯбисёре аз ҷаласоти муҳими худро дар ҳоле ки Насрин дар бағалаш хоб буд, бо шими тар тарк мекард.”

Вақте авзоъ дар Афғонистон барои нирӯҳои Масъуд танг шуд ва ӯибтидо Кобул ва ба дунбол шаҳрҳои муҳими шимоли кишварашро ба Толибон бохт, мақомоти Тоҷикистон дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе барои хонаводаи ӯманзиле ҷудо карданд, ки барои чандин сол паноҳгоҳи занону фарзандони ин сипоҳсолор шуд. Фарзандони Масъуд тайи муддати зиндагиашон дар пойтахти Тоҷикистон ба мактабе мерафтанд, ки дар назди сафорати Эрон амал мекард ва бо хати форсӣтаълим медод.

Саиданвар Камолов, вазири собиқи амният ва фармондеҳи собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, аз он рӯзҳо чунин қисса мекунад: “Соли 1995 ман вазири амният будам ва масъалаи ҳифзу амнияти онҳо бар дӯши мо гузошта шуда буд. Ин корро кормандони мо анҷом медоданд. Якум бор ӯро соли 1995 баровардем. Бори дуввум соли 1997, вақте Саидамир Зуҳуровро гаравгон гирифтанд, овардемаш, ки Ризвон Содирову нафаронашро ба раҳоии гаравгонҳо моил кунад. Дафъаи дигар ҳамроҳи Зуҳуров сафараш ба Самарқандро ташкил кардем. Чун мегуфт, аз Даҳбеди Самарақанд аст, бурдемаш он ҷо, ду рӯз меҳмондориаш карданд. Ва вақте дар Панҷшер каме оромӣшуд, аҳли хонаводаашро аз Душанбе гирифта, ба Панҷшер бурд.”
МЕРОСИ МАСЪУД

Ҳанӯз дар зиндагии Аҳмадшоҳи Масъуд дар бораи дороии бузурге, ки гӯё хонаводаи Масъуд дар солҳои ҷиҳод бахусус аз роҳи қочоқи сангҳои қиматбаҳои дараи Панҷшер ҷамъ овардааст, зиёд сӯҳбат мешуд. Аммо вақте қабл аз намози ҷанозааш мероси Масъудро тарака карданд, ки иборат аз ҳамагӣ7 ило 8 ҳазор доллари амрикоӣбудааст, ки аз ӯба фарзандонаш монд.

Латифи Пидром, ки солҳо дар канори Масъуд будааст, сарусадоҳо дар бораи кадом сарвати бузурги дар он солҳо ҷамъкардаи Аҳмадшоҳ ваё кадоме аз бародарони ӯро радд мекунад ва мегӯяд: “Агар фармондеҳ Масъуд мехост сарвату дороӣдошта бошад, мусалламан имконоти фаровоне ҳам дошт, ки барои худ кохҳову қасрҳо бисозад. Вале ҳамон як хонаи то имрӯз тармимношудаи падариаш буд, ки дар Панҷшер дар ҳамон хона зиндагӣмекард. Дигар на дар Кобул ва дар ҳеҷкуҷои дигари Афғонистон манзиле хусусӣнадошт. Вақте дар Ҷабулсироҷзиндагӣмекард, як хонаи бисёр оддӣбуд, ки дар паҳлуяш хонаҳои одамони оддӣҳатто аз он беҳтар буд. Дар Кобул ҳам дар манозиле, ки аз давлат буд, меомаду мерафт. Ҳеҷгоҳ дунболи ин масоил набуд ва ӯмеросе ҳаму пуле ҳам надошт. Меросаш ҳамон як хонаи падарист ва ҳама Панҷшер медонад, ки он замину боғи зиёде ҳам надорад. Ҳамон як хона дар Ҷангалак дошт, ки аз падарашон монда буд. Ӯмероси чандон зиёде надошт, ки миёни фарзандонаш тақсим бикунад.”

Аммо, меафзояд Латифи Пидром, барои фарзандони Масъуд мероси бузургтаре монда, ки номи баланди падари онҳост.

Зимнан дар интихоботи як сол пеши раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки тақрибан ҳамаи номзадҳо аз номи Масъуд ба манзури ҷалби орои бештари мардум истифода бурданд, Аҳмад, фарзанди аввали Аҳмадшоҳи Масъуд дар канори доктор Абдуллоҳ, аз ёрони собиқи падараш ва рақиби аслии раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай дар ин интихобот, зоҳир шуд.
ОХИРИН ДИДОР

Сиддиқаи Масъуд аз охирин дидори худ бо шавҳараш ҳам қисса мекунад, ки он рӯз аҳли хонавода ибтидо дар боғ бо якдигар ҳамроҳ акси зиёд гирифтаанд, ки тавре баъдан маълум шуд, охирин акси муштараки онҳо бо Масъуд будааст:“Поёни тобистон буд ва поёни зиндагии Масъуд. Шаб шуд ва барояш ангур овардам. Онро болаззат хӯрд ва гуфт: Як хӯшаи дигар бароям биор, ки шояд ин охирин боре бошад, ки аз он мехӯрам. Вақти рафтан, замоне ки аз зинаҳо пойин мерафт, нигоҳашро аз ман барнамедошт ва ба оромӣаз пиллаҳои зина, ки аз миёни боғ мегузашт, пойин рафту рӯи ҳар пиллазина рӯяшро ба тарафи ман мечархонд бори дигар бо нигоҳҳоямон аз ҳам худоҳофизӣкардем.”
Саидамир Зуҳуров, вазири собиқи амнияти Тоҷикистон, аз камшумор афроде дар Душанбе, ки бо Масъуд ба ҷуз аз равобити кориву сиёсӣмуносиботи наздики хонаводаӣҳам дошт, мегӯяд, вақте хабари марги ӯрасид, ҳамроҳ бо аҳли оилааш дар гиря шуданд: “Ман ҳоло ҳам агар каме бикобанд диламро, гиря мекунам. Чунки Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша ҳамроҳи ман чи фикру ақидае ки дошт, маслиҳат мекард, маслиҳат мепурсид, ҳарчанд мӯҳтоҷи маслиҳати ман ҳам набуд. Ва аз сабаби онки ба хонаи ман рафтуомад дошт, натанҳо ман, балкӣтамоми фарзандонам ва оилаам ҳам ба марги ӯгиристанд.”

Аммо ҳамсар ва фарзандони Масъуд баъд аз қатли ӯ тайи чандин рӯз аз маргаш хабар надоштаанд ва онҳоро ҳатто бехабар аз асли моҷаро ба Душанбе мебаранд. Феълан Сиддиқаи Масъуд ба далели таҳсили фарзандон бо писари 21 солааш Аҳмад ва 5 духтараш – Фотима, Марям, Оиша ва Зӯҳраву Насрин, ки мутаносибан имрӯз 18, 17, 15, 14 ва 12 сол доранд, дар Машҳади Эрон ба сар мебарад. Дар манзиле, ба гуфтаи Латифи Пидром, хеле хоксорона ва он ҳам кироя.
Мирзои Салимпур

Share This Article