Оё Додгоҳи олии Русия зораву таваллои Раҳмоновро дар мавриди ҲНИТ мепазирад?  

Ислоҳ нет

Эътирофи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба унвони ташкилоти террористӣ аз тарафи Русия чизе ҷуз аз муомила ва доду ситади сиёсӣ беш нест. Инки Русия далелу мадрак ва ваҷҳу бурҳоне дошта бошад, ки ҲНИТ дар қаламрави он даст ба иқдомоте задааст, ки мешавад амали террористӣ арзёбӣ кард, вуҷуд надорад. Агар як чунин амал ва ё аъмол содир шуда буд ва вуҷуд дошт, худи ҳамон лаҳза, дар айни вуқуи он мақомоти Русия дар тамоми олам эълон мекард. Гузашта аз ин Тоҷикистон  аз соли 2015 ба ин тараф бо иросоли ҷилд-ҷилд парванда ба Додситонӣ ва бақия ниҳодҳои қудратии ин кишвар талош кард, мутақоид созад, ки ҲНИТ созмони террористӣ аст ва бояд вориди листи созмонҳое бишавад, ки Русия террористӣ шинохтааст. Аммо Русия ин корро накард, зери бори иттиҳомоти дуруғии Раҳмонов нарафт. Дар ҳоле, ки барои мисол дар соли 2017-ду сол пас аз замони дархости Тоҷикистон додгоҳи вилоятии Маскав созмонеро бо номи «Муҷоҳидони ҷамоати Ат-Тавҳид вал-Ҷиҳод» дар таърихи 28.04.17 шомили он лист кард. Баракс Сергей Лавров-вазири умури хориҷӣ ва яке аз мансабдорони мавриди эътимоди Путин дар яке аз мусоҳабаҳояш бо хабарнигори «Коммерсант» дар ду соли қабл ишораҳое дошт, ки омодаанд миёни ҲНИТ ва Раҳмонов барои созишу оштӣ миёнравӣ кунанд, ончуноне дар ҷанги шаҳрванди солҳои 1992-1997 маҳз Русия буд, ки мусолаҳаи миёни ҲНИТ ба Раҳмоновро фароҳам кард. Дар ҳар ҳол, то ҳамин имрӯзҳо Русия,ба ҳайси як кишвари бонуфуз ва абарқудрат обрӯ ва ҳайсияти худро ҳифз кард, чун, чуноне гуфтем, ин Русия буд, ки аз оғоз то анҷоми раванди музокироти миёни ҲНИТ ва ҳукумати Раҳмонов нақши меҳварӣ бозидааст ва то ба сатҳи байнулмилалӣ аз миёнравии худ тафохур мекард.

Ҳоло акнун чи шудааст, ки Русия инчунин тағйири мавқеъ кардаву ҳатто ба эътибори байналмилалии худ пушти по мезанад? Русия, ки чуноне тазаккур додем, зомин ва кафили асосии Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ буд ва бо он шинохту ҳамкорие, ки бо ҲНИТ дошт, чаро имрӯз ба ин дархости Раҳмонов посухи мусбат медиҳад?

Ба ин саволи мо Устод Муҳиддин Кабирӣ дар барномаи №139 “Минбари муҳоҷир” посух додаанд метавонед онро бубинед.

Русия ва бахусус Путин ба хубӣ огоҳ аст ки ин ҳама иттиҳомоти Раҳмонов дар робита ба ҳаводиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон афсонае беш нестанд ва ин як бозии худи Раҳмонов буд, ки барои бақои қудрати оилавӣ ва интиқоли қудрат ташкил шудааст. ҲНИТ ҳеҷ рабту алоқае ба он надорад, чи расад бар он ки 26 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда бошад.

Муҳиддин Кабирӣ ҳам ин тасмими Русияро ба Бадахшон рабт надодаанд ва ба ҷанги Укроин рабт доданд.

Дуруст аст ки Русия ҳам мисли соири кишварҳои абарқудрат назири Чин ва Амрико бо ташкилоту созмонҳои исломӣ руи хуш нишон намедиҳад. Албатта, на танҳо бо гурӯҳу созмонҳои исломӣ, бо ҳар гурӯҳ ва ташкилоте, ки муқобил ва мухолифи режимҳои рӯ ба Русияанд, миёнаи хуб надорад. То ҳамин имрӯз ҳам на як касу ду кас, балки садҳо нафар аз мухолифини режими Раҳмоновро дастгир ва гоҳо дуздидаву ба Раҳмонов таслим кардааст. Боздошту истирдоди шаҳид Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва ё домулло Наимҷон Самиев аз аъзои аршади ҲНИТ аз мавридҳое ҳастанд, ки метавон ба унвони намуна тазаккур кард. Аммо, чунин маворид садҳо аст. Ин ба он маъност, ки то инки ба унвони созмони террористӣ эътироф ва эълон кунад ҳам Русия ҳамвора дархосту талаби Раҳмонов барои дастгир ва мустаради дигарандешону мухолифини режими Душанберо пазируфтаву иҷро кардааст ва аз инҷо буд, ки раҳбарияти дар ҳоли фирори ҲНИТ ҳеҷ гоҳ Русияро кишваре амну муносиб барои ҳузур ва фаъолият намедонад. Устод Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ  аз ҳамон рузҳои аввали ҳиҷрати дуввум бо сароҳат эълон карда буданд,ки дар Русия,ҳамчуноне дар Тоҷикистон, фаъолият намекунем ва аз аъзои худ ҳам талаб карда будем, ки дар Русия мондани онҳо дуруст нест ва дирӯз ҳам ин тасмими худро дуруст ва сари вақтӣ унвон карданд.

Вале, дар ҳар сурат чаро баъди гузашти 7сол аз замони дархости Раҳмонов барои террористӣ эътироф кардани ҲНИТ Путин «лаббайк» зад? Инро бояд бо сароҳат ва қотеъият изҳор дорам, ки Русия ҳарчи тасмиме мегирад, марбути худаш хоҳад буд. ҲНИТ дар салтанати комунистони сурх, дар айни авҷи сиёсатҳои динситезонаи Шуравӣ фаъолият кард, мароҳили мухталиферо, аз фаъолиятҳои махфӣ бигир то муборизаи машрӯъ то тақсими қудрат пеш рафт, пас нагашт. Ҳоло ҳам ин корро хоҳад кард. Пас намегардад. Аммо нигаронии мо аз дигар самт аст. Агар ҲНИТ дар Русия террористӣ шинохта шуд, кӣ кафолат медиҳад, ки худи Раҳмонов «бозӣ»- намекунад. Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Ҳабиб Сангинов  ва чандин низомиҳои худи Русияро худ кушту бори оппозитсия кард. Кӣ медонад, ки фардо воҳидҳои низомии пойгоҳи 201-ро дар Тоҷикистон бомбит намекунад, то боз ҳам мусаллаҳтар ва боз ҳам бештар Раҳмонро «караулит»кунад? Ва, Раҳмонов гуяд, ки ин кори террористони наҳзатӣ аст. Чун Русия низ ҲНИТ-ро террористӣ эълон кардааст. Ва ё айни ин ҷиноятҳоро дар шаҳрҳои Русия ба роҳ монад, ҳамчуноне дар Бадахшон карду бар гардани Наҳзат зад.

Ҳамакнун маълум мешавад,ки яке аз масъалаҳое, ки Путину Раҳмонов дар Душанбе дар сафари ахири Путин баррасӣ карданду ба мувофақа расиданд, ҳамин масъалаи ҲНИТ ҳам будааст. Гап дар инҷост ки дар воқеъ имрӯз Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ мунзавӣ шудааст. Таҳримоти ҷорикардаи Амрико ва Аврупову дигар кишварҳо, ки боз барои ним соли дигар тамдид шуд, Русияро муҳтоҷ ва бечора кардааст. Яқин аст, ки барои давр задани ин таҳримҳо, ки беш аз пеш ҳоли Русияро хароб карда истодааст, ба Тоҷикистон ниёз пайдо кардааст. Раҳмонов ҳам бо истифода аз фурсат бо Путин «торг» кард. Раҳмонов ба хубӣ медонад, ки сарҳадоти Тоҷикистон дар самти Афғонистонро ҳатмани ҳатман русҳо ҳимоят мекунанд. Ӯро танҳо намегузоранд, агарчи ҷеғу фарёд мекашад, ки Толибон  дохил хоҳанд шуд, аммо инро нек медонад, ки ин як ҳарфи бепоя аст. Вале, барои вай дохилиро бояд комилан таҳти тасаллут дошта бошад, ки ҳиҷ касе ҷуръати сар боло карданро надошта бошад. Шумо аз ташвишҳои рӯзафзуни Раҳмонов аз нуфузи шабакаҳои иҷтимоӣ, ва инки онҳоро ба манбаи таҳдид ва хатар шинохтааст, хуб огоҳӣ доред. Дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ба ин нукта махсус таъкид кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд хатари ҷиддӣ эҷод кунанд.

Бидуни шак иртиботи дар ҳоли афзоиши муҳоҷирини тоҷик дар Русия бо шабака ва барномаҳои расонаҳои озодандеш ва оппозитсионӣ, ки аз кишварҳои Аврупо мунташир мешаванд, Путинро ба террористӣ шинохтани ҲНИТ таҳрик додааст. Раҳмонов тамоми ин  солҳо лаҳзае ҳам барои бадному даҳшатафкан шиносонидани ин шабака ва расонаҳо тағофул ва танаффус накардааст. Ва баста-баста парвандаҳоро бо забонҳои инглисиву   фаронсавиву олмонӣ ба ҳукуматҳои ин кишварҳо фиристодааст. Аммо дар инҷо ки ҳуқуқи инсон рияот мешавад ва озодии матбуот рукни асосии низомҳои ҳоким дар ин кишварҳост. Вале, ҳоло, ки равобити Русия бо Аврупо дар бадтарин вазъ қарор дорад, Раҳмонови фурсатталаб аз ин баҳра мебарад.

Раҳмонов сахт дар биму ҳарос аст, ки муҳоҷирин-омилони асосии суботи иҷтимоӣ ва амнияти таҳти таъсири ин шабака ва расонаҳо қарор гирифтаанд. Ва, тарсаш ин аст ки мо онҳоро таҳорати ботинӣ медиҳем-омода барои тағйироти низоми диктотурии вай ва хонаводаи фосидаш мекунем. Бале, мо ин корро карда истодаем ва идома хоҳем дод. Зеро  дигар намешавад пинҳон кард, ки Раҳмонов кишварро ба як корхонаи хусусӣ бадал кардааст. Мо, ончизеро, ки ҳаст мегуем ва муҳоҷирон ва мардуми кишвар ҳам шоҳиданд, ки мо чизи набударо намегуем. Ман бовар дорам, ки Раҳмонов дар суҳбати хусусиаш бо Путин ҳамин тазоҳуроти барои раҳоии Иззат Амон дар намози ҷумъа баргузорнамудаи муҳоҷиронро бори души Наҳзат кард, ҳамчуноне ҳаводиси Бадахшонро ба пойи Наҳзат печонд ва низ аз Арсалони Толибон ҳам гуфт, то ҳарчи бештар Путинро аз ҲНИТ битарсонад. Албатта, аз сарусадоҳо дар бораи қаноти ҷангии мухолифин ҳам бо изофаи ҳазору як дуруғ ҳисобот дод.

Аммо, чуноне ҳамагон шоҳидему медонем шароит ва авзоъ тавре рақам хурда, ки Путин ва Русия муҳтоҷ шудаанд ва ҳар нозу нузи Раҳмоновро имрӯз қабул хоҳанд кард.  Чун аз ин террористӣ эълон кардани ҲНИТ чизе намебозанд агарчи ҳамин чанде пештар буд, ки Лавров дигаргуна месароид. Инзиво ва таҳримоти байналмилалӣ кори Русияро кард.

Аз тарафи дигар ба назар мерасад тамоми талошҳои Путин барои ба даст овардани дили Толибон самараи дилхоҳ надод ва ҳамоно Толибон Покистон ва Амрикоро тарҷеҳ медиҳанд. Аз ин ҷиҳат аст ки Путин таҳти афсуну афсонаҳои Раҳмонов як чунин тасмимро, ки террористӣ эълон кунад, гирифта истодааст.

Аммо Путин як нукта ва омили муҳимро сарфи назар кард. Инки мардуми тоҷик аз Раҳмонов ва режими вай хаста шудааст. На танҳо мардуми одӣ ва муҳоҷирон, соҳибкорон, тоҷирон, аҳли илму адаб ва ҳатто мансабдорони сатҳи васат ва аз васат болотар, ки бо чашмони худ мебинанд пулу молу сарвати давлатро танҳо як оила хурда истодааст, аз Раҳмонов ва ҳукумати вай то пойи ҷон безор шудаанд. Марҳамат аз ҳамонҳое дар ДУМА бо ӯ ҳастанд он тоҷиктаборон як бор пурсад ва сипас ин иқдомро амалӣ намояд.

Путин ин тарафи масъаларо дида наметавонад, ки дар чунин шароити тоқатшикан ҳар неруи мухолиф, ҳоло чи расад ба ҲНИТ, ки ҷойгоҳу мақоми хоси худро дорад, метавонад боиси аз байн бурдани ин режим ва мутаффиқи ҳар созмону гурӯҳи дигаре шавад ва бо онҳо ҳамкорӣ кунад.Ҳамчуноне, ки худи Русия барои ҳифзи манфиатҳои худаш бо Толибон ҳамкорӣ мекунад, новобаста ба онки ин ташкилотро террористӣ шинохтааст.

Хеле аз зӯрҳову сумдорҳо буданд, ки чархи осиёбро дар нуги ангушташон метобиданд, масалан ҳамин Саддам Ҳусейн ва Муаммар Қаззофӣ, ки мардум дар як они воҳид ба зерашон овард.

Ҳоло агар Игор Краснов, Додситони кулли Русия хабари омодагии кишвараш барои эътирофи ҲНИТ ба унвони созмони террористиро ба додгоҳи олии кишвараш расонида бошад. Чӣ уъҷубае мешавад? Оё ҲНИТ  ба Раҳмонов сар хам мекунанду таслимаш мешаванд? Ё ҳокимияти 30 солаи Раҳмонов тамдид ва ё баргаи тамдиди ҳукми ӯ ва сулолаву оилааш мегардад? Владимир Квачков, афсари собиқи ГРУ-падари идеологии Раҳмонов надорад, ки бо гузашти чанд соле ҳама сирҳоро худаш фош кард, ки Раҳмоновро ба маҳзи номусалмониаш ва водкаву салахуриаш сари қудрат оварданд. ҲНИТ  ҳеҷ гоҳ террорист набуд ва зери ҳеҷ фишоре ҳам мисли Раҳмонови феълан ҳокими террорист дар Тоҷикистон террорист нахоҳад шуд! Мо дар амал нишон хоҳем дод аз ин пас,ки ҷуз аз муборизаи силмӣ ва орми бе хушунат чизе намехоҳем. Мубориза идома хоҳад дошт.

Share This Article