Оё исломситезии Раҳмонов ӯро дар қудрат нигоҳ медорад?

Ислоҳ нет

 

Сиёсатҳои зиддиисломии Эмомалӣ Раҳмонов,ки мукарраран аз тарафи Амрико мавриди интиқоди шадид қарор мегирад, шубҳа ва гумонҳоеро ба бор овардааст,ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мусалмон ҳаст ё не? Агар ки Раҳмонов дар воқеъ мусалмон буд ин ҳама танаффур ва бадбинии ошкоро бо дини мубини ислом чаро?

 

Бастани дари беш аз 2000 масҷид ба рӯи мусулмонон, эъмоли фишору маҳдудият дар тоату ибодат, манъи таълиму тадриси динӣ, мудохилаи мудовим дар умури мазҳабӣ ва анҷоми фароиз ва даҳҳо мавориди дигар,ки мунҷар ба тирагии фазои динӣ дар кишвар шудааст, боис шуда, ки Амрико Тоҷикистонро барои соли сеюм дар қатори даҳ кишвари маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ ҷойгоҳ бидиҳад. Агарчанде мушовирин ва мафкурсозони Раҳмонов арзёбӣ ва баҳои Амрикоро рад ва бар риоят шудан ва таъмин будани озодиҳои динӣ таъкид мекунанд,ҳамин моҷарои сатру рӯмоли Нилуфар Раҷабова ва бархӯрди ҳукумат кофист, гуфта бишавад, ки Амрико хеле кам гуфтааст.

 

Сиёсатҳои хашин ва хасмонаи Раҳмонов муқобили дини мубини ислом кайҳост,ки на танҳо тавассути мақомот ба иҷро дароварда шудаанд, бархе аз философони марксистро дубора қаламу коғаз ва минбар додааст,ки ошкоро ба муқаддасоти дину мазҳаби тоҷики мусалмон тохтутоз оваранд,таҳқир кунанд. Раҳмонов ва нафрати бараҳнаи вай бо ислом ин фалосифаи даҳрӣ ва аз реша душмани динро манбаи илҳом шуда ва руҳия бахшидааст, таҳрик додааст,ки дигар бидуни камтарин муроот ва хотирдорӣ аркон ва аҳкоми исломро ба боди тамасхур ва истеҳзо кашида номус ва нанги мусулмонони тоҷикро мавриди таарруз ва таҷовуз қарор медиҳанд. Дини ислом,ки 99 аз 100%-и ҷамъияти Тоҷикистон онро пайравӣ мекунад, тавассути навиштаҳои ин собиқ атеистони ҷанговар, ва албатта бо пуштибонии ошкорои Раҳмонов ва давлати зиддиисломии вай, бо зишттарин алфоз мазаммат ва накӯҳиш карда мешавад.Ин муаллифони дар зоту сиришти худ бехудо ва даҳрии ҷоҳил,ки шумори хеле андакашон бар бехудоии худ қоиланд, аркону аҳком ва қавонини исломро архаистӣ ва барои инсонҳо нолозим мешуморанд. Яке аз онҳо Исломиддин Шарифзода, корманди Академияи улуми кишвар аст,ки тайи чанд соли ахир дар муқобили ислому мусулмонӣ ҷабҳа дуруст кардааст. Дар як навиштаи ахираш аслу асоси исломро таҳти суол қарор додааст:

 

“Қонунҳои шариат,ки дар асри 6 тарроҳӣ шудаанд,ба воқеиёти ҷаҳони муосир ҷавобгӯ нестанд…….Онҳо мехоҳанд,ки мардуми имрӯзӣ бо ҳамон шакле зиндагӣ кунанд,ки гузаштагони 1400 сол пешашон мезистанд ва аз ҳамон қавонину муқаррароте риоя кунанд,ки хос бо ҷаҳонбинӣ ва фаҳми ҳазорон соли қабл аст”. “Фараж” 18 декабри соли 2019

 

Пурсиш ин аст ки худи муаллиф бо кадом қоида ва қавонин ба сар мебарад. Магар фарзандонашро хатна накарда аст? Магар духтараш ва ё писарашро бидуни никоҳ хонадор кардааст? Магар зану модару духтараш ва ё ҳамин келинаш дар пеши ӯ бо шортӣ ва… нишаста чой мехуранд? Ғизои дастурхони ӯ аз гӯшти хук таҳия шудааст ва занаш гуфт,ки ин бегоҳ се кило аз гӯшти хук биёр, кабоб пазам? Магар омода ҳаст, ки ҷанозаашро бидуни салот ва бидуни шустан ва бидуни кафан дар гӯр баранд? “Қонуну муқаррароти 1400 сол пеш….яъне чӣ?”

 

Ҳамин ҳоло ҳам мисли 1400 соли пеш забҳи мусалмонӣ ҷорист, ҳамин ҳоло ҳам мисли 1400 сол пеш фарзанди бидуни никоҳ валадуззино ҳисоб мешавад, ҳамин ҳоло ҳам мисли 1400 соли пеш ҳаром аз ҳалол ва ҳалол аз ҳаром фарқ карда мешавад, ҳамин ҳоло ҳам ҳукми маҳорим ва ё никоҳраво аз никоҳнораво фарқ дорад ва ҳазору як қоидаву қонуни шариат,ки ҳоло ҷорист,шаҳодати он аст ки инҷо мардум мусулмон аст. Ин чи бади дорад, чи бадӣ кардааст?

 

Ин ҳама тохтанҳо,ин ҳама таҳқирҳо ва ин ҳама исломҳаросиву исломситезиҳо маҳсули сиёсатҳои динситезӣ ва мазҳабу ойинзудоии Раҳмонов аст,ки дорад дар байни мардум аз тарафи як даста ба ном фалосифаи худобаргашта тарвиҷ ва таблиғ карда мешавад. Ҳамин муаллиф дар идома навиштааст,ки

 

“ Бештари рӯҳониёни ин кишварҳо тавассути усули чандинасраи худбегонасоз мардумро аз азоби охират,дӯзах,биҳишт,рӯзи қиёмат ва ҳаросафканиҳои динӣ тарсонида, дар ҳолати шок ва бетарафӣ нигоҳ медоранд”.

 

Инҷо дигар ҳарфе барои шиносонидани ин ва дигар муаллифони даҳрӣ лозим нест. Ин мардака бо инки худ нафаҳмида истодааст,ки “усули чандинасраи худбегонасоз” як таъбири ғайриилмӣ ва ғайримантиқӣ аст, чун “худбегонасоз” ба ҳеҷ ваҷҳ “чандинасра” намешавад, дигар дар воқеъ вуҷуд ва асли исломро, рӯзи қиёмат ва дӯзаху биҳиштро таҳти суол қарор додааст.Пурсишам ин аст ки ин гуна муаллифҳо ва ё олимҳо чаро бар фарзи мисол ҳамин панҷ-даҳ соли қабл ба ин ғилзату шиддату танаффур алайҳи ислом наменавиштанд. Чунки сиёсати давлат ба ин андоза ошкоро бар зидди давлат набуд ва ин муаллифони исломситез дар сатҳи давлат истиқбол ва пазироӣ намешуданд. Аз инҷо аст ки онҳо бар муқаддасоти миллати мусулмон ҳуҷум кардаанд.Танҳо ин муаллиф нест,ки бар зидди ислом ва айнан мисли атеистони ҷанговар менависад. Хеле зиёданд ва мааласаф фазо ва муҳити илмӣ ва расонаӣ дар кишвар таҳти шуо ва назорати ҳамин идда дорад хафа мешавад.

 

Дар кишвар арҷаҳият ба атеизми ҷанговар дода шудааст. Устодони марксистӣ ва коммунисми илмӣ,ки ҳоло дигар кордашон даста ёфтааст дигарбора ба шариати ноби ислом ва гузаштаи мо ҳамлавар шуданд. Ин гурӯҳ дар ҳавои сиёсатҳои Раҳмонов болу пар кушода бо ҳарҷи бештар сиёяҳ ва бадном кардани дини муқаддаси ислом талош доранд мусалмонии кишварро дар дохили худ ва ё худ ба худ муқобил бигузоранд. Як тоҷики мусулмон вақте ҳамчунин навиштаҳоро мутолиа мекунад,новобаста аз онки ӯ чи кора аст, гаранг ва гиҷ мешавад.Нахустин суоле,ки сари забони ӯ меояд ин аст ки мусалмонии ман, ки зиёне ба ман нарасонидааст, ба ту чи дахле дорад ва чаро ин ҳарфҳоро мезанӣ? Ӯ, табиист барои худ ба ин натиҷа мерасад,ки ин ва дигар мунтақидони ислом ба хотири сиёсати рӯз ва касби ризои Раҳмонов алайҳи муқаддасоти худ қалам гирифтаанд.

 

Раҳмонов сиёсати сӯзандаи давлатиро дар қиболи ислом созанда ба роҳ андохтааст. Ислом дар барномаҳои давлатӣ дар мақому ҷойгоҳи бадкорону бадандешон ва душманон ҷой дода шудааст.Ба назар мерасад,ки Раҳмонов ба хотири дарёфти пуштибонии абарқудратҳои олам, ба ислом дар мухолафат аст. Барои ҳамин ҳарчи бештар мекӯшад,ки исломро мунзавӣ ва аз зиндагии тоҷикҳо берун ва ба ҳошия биронад. Барои шумо ва ман мояи тааҷҷуб нахоҳад буд,ки чаро давлат ба сатру ҳиҷоб,ки асрҳои аср як либоси маъмулии тоҷикӣ буд имрӯз проблема шудааст ва ҳамин тавр чи фарқ мекунад,ки фарзандони мардуми мусулмон зарариёти динии худро дар назди волидон аз бар кунанд ва ё як кӯдак биравад ва дар масҷид намоз бигзорад ва ҳалолу ҳаромро фаҳмад.Ин ҳама чи хатаре ва чи таҳдиде буда метавонад, ки асрҳои аср идома дорад? Қоидаи зиддимусалмониро ҷорӣ мекунад,аммо андеша намекунад,ки ин ҷамъият иборат аз мусалмонҳост.

 

Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳурии пешинииТоҷикистон ба суол дар мавриди онки ба худо бовар дорӣ, гуфта буд,ки ман атеистам. Мунофиқӣ накарда буд. Вале Раҳмонов зоҳиран бисмиллоҳ мегӯяд моҳам фарзанди мусулмонем мегуяд. Сари қабри ҳазрати Амирҷон дуо мехонад,чанд карат ҳоҷӣ шудааст, аммо гуфтору рафтору кирдораш тавре аст, ки эҳсос мешавад тамоми халқи Тоҷикистон арақхӯр шавад, тамоми халқи Тоҷикистон аз намоз рӯ гардонад, тамоми халқи Тоҷикистон масҷид наравад, вай бисёр ҳам хушҳол мешаваду розӣ. Ҳеҷ намехоҳад,ки як имом-хатиби донишманд ва босавод дар масоҷид фаъолият дошта бошад.Бо роҳи фишору зӯри давлат ҷавонҳоро аз донишгоҳҳои кишварҳои мусалмонӣ ба ватан овард. Барои Раҳмонов чи зарур аст ки масҷидро манъ ва ба ҷойи он дискотека ташкил кунад. Магар масҷид маҳалли тарбияти террорист аст?

 

Масалан барои Раҳмонов чи зарар мерасонад, ки кӯдакону наврасон дар назди волидон таълими динӣ бигиранд, коре,ки пушт ба пушт кардаем. Ҳоло барои чи ҳамаи ин маҳдудиятҳоро дар роҳи ислом ҷорӣ мекунад? Чаро бо ислом хуб нест, нафрат дорад? Ба хотири чӣ? Ончиро ки дар тану ҷони ин мардум сиришта ва омезиш ёфтааст,дар рагҳо ва дар шарёни онҳо ҷорист, бо он зиндагӣ мекунанд ва бо он нафас мекашанд, магар мешавад берун андохт,мамнуъ эълон кард. Раҳмонов,ки ин ҳамаро медонад.Аммо боз ҳам барои чи зидди ислом мубориза мебарад.Иллат ва далели душмании Раҳмонов бо дини ислом чӣ аст? Чаро талоши Раҳмонов бар бехудо кардан аст, чаро аз дин дур карданро мехоҳанд? Чаро мехоҳанд ки мардум мусалмон набошад. Аз онки номуси динӣ таҳқир карда мешавад ва шараф ва ғайрати исломӣ дар ҷомеъа ҷариҳадор мешавад, Раҳмонов чи манфиат мебинад?

 

Ҳатто садҳазор зан сатр пушид, магар давлат исломӣ мешавад? Раҳмонов бо беобрӯ кардани ислом чи мехоҳад? Ё инки сатри ҳама занҳои кишварро ба зури гиред,оё ҳама бедин мегарданд? Дар воқеъ ба таври табиӣ ин суол халқ мешавад,ки Раҳмонов мусалмон ҳаст ё не?

 

Як мусалмон,ки аз мурооти аҳкоми дини худ дур аст чаро дигарҳоро водор мекунад,ки мисли ӯ бишаванд? Шояд барои он сатру ҳиҷобро бад мебинад,ки сокинони манзилаш хуш надоранд?Агар Раҳмонов мусалмон аст чаро ин ҳама мухолфат бо ислм дорад ва аз урфи мусулмонӣ ба ваҳшат меояд ва воҳима зераш мекунад?Аз тарафи дигар як номуслмон то куҷо ҳақ дорад,ки ҷамъияти мусалмонҳоро раис бишавад?

 

Инҷо ду иқтибос меоварам. Яке аз Муродулло Давлатов, раиси пешини Кумитаи дини Тоҷикистон ва аз муаллифони барномаҳои алайҳи исломии Раҳмонов ва дуввум аз Файзулло Баротзода, раиси феълии Маркази исломии назди президенти Тоҷикистон.

Муродулло Давлатов,дар як суханрониаш,ки ахиран ифшо шуд,сиёсати Раҳмоновро чунин бепарда тавзеҳ кардааст:

 

“Мо бояд коре кунем,ки дин дар чашми мардум беобрӯ шавад.Коре кунем,ки дар сари минбар одамони бесавод ва муттаҳам бошанд,ки ҳукумат лаҷоми онҳоро дар даст дорад. Имом-хатибе,ки мустақил аст,савод дорад, маҳбубият дорад ва пеши мақомот муттаҳам нест,ӯ барои мо хатарнок аст, ӯро бояд аз минбар дур кард.”

 

Ин сӯҳбатҳои чанд соли пеш аст,инчунин Муҳиддин Кабириҳам дар як суҳбаташон ба тафсил ин гуфтаро баён карда буд.

 

Аммо Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон баъди чанд сол,дар моҳи октябри соли ҷорӣ ин сиёсатро чунин натиҷабардорӣ кардааст:

 

“Ба назари мо ҳоло раванди динзадагӣ ва шефтаи масҷиду меҳроб будан дар ҷомеаи мо тамоюли пастравӣ дорад”.

Ана,ҳамин аст моҳият ва фалсафаи сиёсати давлатии Раҳмонов дар баробари дини мубини ислом. Дар ҳоле ки кулли кишвар мусулмон аст, мешавад бо сиёсат ва барномаҳое инчунонӣ мудириятро идома дод ва меросӣ кард? Тамоми тоҷикон, ки мусалмонанд барои ҳокимияти Раҳмонов ба маҳзи онки пайрав ва уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-анд хатар ва таҳдид шинохта шуданд. Оё ин як ҷомеъае намешавад,ки дам кардааст, дар ҳоли буғӣ шудан ва дар ҳолати кафидан ва таркиш аст. Магар мешавад,ки тӯдаҳои миллиониро як гурӯҳаки номусулмон идора бикунад? Гумони онро надорад,ки сабру таҳаммули мусалмонон барои ин тоифаи кӯчак ба сар намеояд?

 

Майк Помпео,сардори Идораи сиёсати хориҷии Амрико,ки гузориши солонаи ин кишвар дар робита ба сатҳи озодиҳои динӣ дар ҷаҳонро муаррифӣ мекард,Раҳмонов ва режими вайро бар он муттаҳам кардааст,ки ба “баҳонаи мубриза бо ифротгароӣ” Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро,ки як созмони муътадили динист, баст ва ҳоло қасд дорад роҳбарияти феълии онро,ки дар хориҷ аз кишвар аст ба Тоҷикистон истирдод кунад.

 

Баҳс дар атрофи сӯҳбатҳои ҷаноби Помпеоро барои баъд мавқуф мегузорем.Аммо ҳарфе,ки бигӯем ин аст ки инак ҲНИТ соли панҷум мешавад,ки дар кишвар амал намекунад, руҳониёни муътабар мунзавӣ шудаанд, “тамоюли пастравии динзадагӣ” дар ҷомеа ба вуҷуд омадааст,аммо чаро боз ҳам фишору тааддӣ болои ислом ва мусулмонҳои тоҷик идома дорад?

Посухи ин савол ҳам пеши мо ҳаст ва ҳам пеши мардуми мусулмони тоҷик.Аз аввали бар сари вазифа омадани Раҳмонов муқобили дини ислом буд.Балки ҳанӯз ноомада муқобили ислом будед ва шуморо ба маҳзи муқобили ислом буданатон хоҷагонатон бар сари қудрат оварда буданд.Аммо бозӣ бо эҳсосот ва номуси динӣ хатаровар ва марговар аст.

 

Дар охир хулосаи мо ин аст,ки ҳар ҳукумате идеология ва ақидае дорад ва онро дунбол мекунад.Метавонад он динӣ бошад,миллӣ бошад,бехудоӣ бошад.Аммо режимеки Раҳмонов ва ҳампаймононаш дар кишвар сохтаанд аслан ягон идеологияро дунбол намекунад.Ончи ин режим дунбол мекунад онро худашонҳам намедонанд.Танҳо идеологияи “Пешвои муаззам” ва ба ҷавонон меомӯзонанд,ки бигуед: “мо пайравони пешвои муаззами миллатем” Агар пурсед пешвоятон чӣ ақида,дин ва ҳадафе дорад? Посухашон ин аст: ту хоини миллат ҳасти,ки чунин саволе аз мо мекунӣ.Мехоҳед боз нотенҷӣ шавад ва Тоҷикистон мисли Афғонистон шавад ва ё солҳои 1992-1997-ро мехоҳед? Инҷост,ки дигар касе намехоҳад пурсад ва сарашро аз тан ҷудо бубинад ва ё барои солҳои тулонӣ зиндонӣ шавад.

Бор худоё, шумо дар воқеъ чи мехоҳед?

PS : Ҳоло қазияи Нилуфар Раҷабова,мисли онки дубора ба дасти тафтишот рафтааст. Ку,бубинем,ки ин бор қонун муроот мешавад ва ё боз ҳам танаффур ва бадбинии исломӣ таъсиргузор хоҳад буд.

Share This Article