Оё муъминон Аллоҳро рӯзи Қиёмат мебинанд?

Ислоҳ нет

Оё муъминон Аллоҳро рӯзи Қиёмат мебинанд?

Барои диданат ё Раб чашми дигарам бояд,

Ки ин чашме, ки ман дорам ҷамолатро намешояд.

Чанд нафар аз мо пурсидаанд, ки оё мо Аллоҳро дар рӯзи қиёмат мебинем? Аз чанд нафар шунидем, ки ҳатто дар рӯзи Қиёмат ҳам наметавон Аллоҳро дид. Аз мо хоҳиш карданд, ки ба ин масъала рушанӣ андозем, то ин шаккро аз зеҳни баъзеҳо дӯр созем.

Алҳамдулиллоҳи рабил оламин ва салоту ва салому ало набйино Муҳаммад ва ало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.

Ман худ низ аз навиштаҳои баъзе ноогоҳон ва мубтадиъон хондам,ки рӯйирост инкори руъят ё дидори ҷамоли Аллоҳро мекунанд.Саволҳои шумо маро водор кард, ки ба ин масъала посухи комил ва фарогир диҳам, то онҳое, ки инкори руъят менамоянд барояшон ин масъала равшан гардад.

Дар осор омадааст: Муъминон ҳангом, еки мушарраф мегарданд ба дидори Аллоҳ ба муҷарради дидани он ҷамоли беҳамто панҷоҳ ҳазор сол аз ҳуш мераванд, вале дар ин дунё имкони дидани он ҷамолро башар надорад.

Мехоҳам нахуст ин масъаларо аз дидори Аллоҳ дар дунё оғоз намоям ва қадам ба қадам пеш равем, то онҳое, ки инкори дидори Аллоҳ мекунанд ҳам огоҳ гарданд.

Дида нашудани Аллоҳ дар дунё аз дидгоҳи Қуръон.

Аллоҳ дар Қуръони карим ончи бо ҳазрати Мусо (а) гузашт чунин баён намудааст:

Чун Мусо ба миъодгоҳи (ваъдагоҳи) Мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт, гуфт: «Эй Парвардигори ман, худро бинамой, то дар Ту назар кунам». Гуфт: «Ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид (дар дунё). Ба он кӯҳ бингар. Агар ба ҷои худ қарор ёфт, ту низ Маро хоҳӣ дид». Чун Парвардигораш бар кӯҳ таҷаллӣ

(зуҳӯр) кард, кӯҳро ба замин яксон кард ва Мусо беҳӯш бияфтод. Чун ба ҳӯш омад, гуфт: «Ту покӣ, ба Ту бозгаштам (тавба кардам) ва ман нахустини муъминонам».

(Сураи Аъроф,ояти 143)

Чунонеки аз ин ояти қуръонӣ огоҳ гаштем ҳазрати Мусо (а) паёмбари улулазм аввалин паёмбарест қасди дидори Аллоҳро дар дунё намудааст. Вале бо ин ки бо Аллоҳ бидуни ҳомили ваҳй суҳбат мекард бардошту тоқати онро надошт, ки бар одитарин таҷаллӣ ва намудор шудан паёмбари улулазм беҳӯш гашт.

Ин ояти қуръонӣ посухи ниҳоӣ дар ин дунё мебошад.

Чашмҳо ӯро дарнамеёбанд ва Ӯ бинандагонро дармеёбад. Дақиқу огоҳ аст!

(Сураи Анъом,ояти 103)

Ин ду оят боризтарин далел дар ин бахш нисбати дида нашудани Аллоҳ дар дунё.

Дида нашудани Аллоҳ дар дунё аз дидгоҳи суннат.

قَامَ فِينَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِخَمْسِ كَلِمَاتٍ فَقَالَ: إِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ لَا يَنَامُ, وَلَا يَنْبَغِي لَهُ أَنْ يَنَامَ, يَخْفِضُ الْقِسْطَ وَيَرْفَعُهُ, يُرْفَعُ إِلَيْهِ عَمَلُ اللَّيْلِ قَبْلَ عَمَلِ النَّهَارِ, وَعَمَلُ النَّهَارِ قَبْلَ عَمَلِ اللَّيْلِ, حِجَابُهُ النُّورُ

Абумусо (раз) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) ривоят мекунад: Бархостанд Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи васаллам дар миёни мо ва панҷ чизро баён доштанд ва чунин гуфтанд: Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло хоб намекунад ва зарурате ҳам надорад, ки бихобад. Мебардорад мизон (тарозу)-ро (мебардорад он мизоне, ки бо он ризқҳои бандагонро мефарорад ба замин. Инро ташбеҳ ба он мизон кардаанд. Инчунин он ризқи бандагоне, ки онро каму зиёд менамояд дар ҳолатҳои гуногун) Боло меравад ба сӯи Ӯ амалҳои шаби (бандагон) қабл аз амалҳои рӯзашон. Амалҳои рӯзашон пеш аз амалҳои шабашон. Пардае миёни Ӯ ва (соири махлуқоташ вуҷуд дорад,ки он) аз нур. (ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Муслим).

Он парда ё ҳиҷобе миёни Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ва соири махлуқоташ мебошад он нур аст. Он нур ё дар ривояти дигар оташ монъи таҷаллии зоти поки ақдас мегардад, ин чашмони оддии башарӣ оҷизанд аз дидани Ӯ таъоло. Агар он бардошта шавад ҳама махлуқот аз нури Ӯ таъоло месузанд.(шарҳи имом Нававӣ )

Дар ҳадиси дигаре омадааст.

سَأَلْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: هَلْ رَأَيْتَ رَبَّكَ؟ قَالَ: نُورٌ أَنَّى أَرَاهُ

Абузар (раз) ривоят мекунад, ки аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) пурсидам : Оё шумо дидаед Парвардигоратонро?

Гуфтанд: Нуреро ман дидам.

(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Муслим ва имом Тирмизӣ)

Имом Нававӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадис чунин мефармояд: Яъне Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) нуреро дидаанд на чизи дигареро. Он зоте, ки нурро офаридааст худ боз медорад чашмҳои махлуқоташро аз диданаш ва албатта ин сифоти афъол аст.

Қозӣ Иёз (раҳ) дар ин бахш сухани ҳалкунандаеро гуфтааст, ки аксари уламои уммат ва Аҳли суннату ҷамоъат ба он ҳамфикранд.

Ин ривоят чизеро барои мо воқеъ намекунад ва ман онро усули намедонам ва ғайри имкон аст, ки зоти беҳамтои Аллоҳ нур бошад, зеро нур аз ҷумлаи аҷсом ё ҷисм ба шумор меравад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бениёз аст аз он ва ҳар чизи дигар.

Мумкин аст ин сухан барои баъзеҳо шаккеро эҷод кунад, зеро мо дар Қуръони карим ояте дорем ба ин маъно.

Худо нури осмонҳову замин аст. Масали нури Ӯ чун чароғдонест, ки дар он чароғе бошад, он чароғ даруни шишае ва он шиша чун ситорае дурахшанда.

Он аҳодисе, ки омадааст нисбати зоти Аллоҳ ба нӯр онҳо чунинанд. Яъне Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло соҳиби нӯр аст ва холиқу офаридаи он нӯрҳо, зеро нӯр дурахш ва шуълавар аст.

Инчунин гуфтаанд: Нӯр, яъне ҳидояткунандаи бошандагони замину осмонҳост.

Инчунин гуфтаанд: Нӯр, яъне мунавваркунандаи дилҳои муъминон аст.

Инчунин гуфтаанд: Нӯр, яъне соҳиб ва холиқ ва дороии нӯр ва зебогӣ.

Хулосаи ин бахши суннат ин аст, ки Расули акрам (саллоҳу алайҳи васаллам ) Аллоҳро дар дунё надидааст. Хуб меравем рӯй баҳси аслиямон, ки он дидори ҷамоли Аллоҳ дар охират аст.

Дидори муъминон Аллоҳро дар охират.

Муъмнон мебинанд дар охират ҷамоли беҳамтои Аллоҳро бо чашмони сарашон ва сухан мегӯяд бо муъминон ва муъминон ҳам бо Аллоҳ сухан мегӯянд.

Аллоҳ дар Қуръон мефармояд:

﴿وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَاضِرَةٌ * إِلَى رَبِّهَا نَاظِرَةٌ ٌ﴾

22. Дар он рӯз чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон,

23. ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд

(Сураи Қиёмат,оёти 22-23)

Чеҳраҳои зебову дурахшоне, ки дорои амалҳои шоиста дар дунё буданд.Чеҳраҳои пок мусаффо дӯстдоштанӣ ва устувор. Аммо дар муқобил кофирон қарор доранд, ки аз ин неъмати хело воло ва шоиста маҳруманд.Онҳо намебинанд магар он ҳолатеро, ки хоркунандаи эшон аст.

Нисбати онҳо Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло чунин мефармояд:

﴿كَلَّا إِنَّهُمْ عَنْ رَبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَمَحْجُوبُونَ﴾

На чунин аст (ки мепиндоранд), ҳаройна, онҳо дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд.

(Сураи Мутаффифин,ояти 15)

Дар тафсири муяассар чунин омадааст: Кофирон дар дунё чун муртакиби гуноҳ ва нофармонии Аллоҳро мекарданд. Имрӯз дигар он нест,ки дар дунё фикр мекарданд ва куфр меварзиданд. Имрӯз, (яъне рӯзи Қиёмат) дигар аз дидори ҷамоли беҳамтои Аллоҳ маҳруманд. Ин оят далолаткунандаи он аст, ки муъминон ба дидори Аллоҳ мушарраф мегарданд дар ҷаннат. Аммо кофирон бошанд бар хилофи муъминон ба тарафи оташи сӯзони ҷаҳаннам бурда мешаванд. Ин ҷазо ва подоши амалҳояшон, ки дар дунё анҷом доданд ва ин рӯзро дурӯғ пиндоштанд.

Агар ҳама неъматҳо ва хушиҳои ин дунё аз ту гирифта шуда бошанд ва ризои Аллоҳро ба даст оварда бошӣ дар рӯзи Қиёмат ба дидори Аллоҳ мушарраф гардӣ чӣ хушҳолӣ ва саъодатеро ба даст овардаӣ, ки он тавсифнашаванда ст.

Вале дар иваз агар ҳама хушиҳои дунёро ба даст оварда бошӣ дар беҳтарин хонаҳо ва ҳама нушу неъмати ин оламро доро бошӣ аз дидори Аллоҳ маҳрум гашта бошӣ чи бадбахтиеро ба даст овардаӣ, ки аз тавсифу баёни он хору оҷизем.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар мавриди лиқои худ чунин мефармояд:

﴿لِلَّذِينَ أَحْسَنُوا الْحُسْنَى وَزِيَادَةٌ﴾

Подоши онон, ки некӣ мекунанд, некист (ҷаннат) вачизе афзун бар он (дидори Худованд).

(Сураи Юунус,ояти 26)

Дар тафсири ин оят Ибни Касир (раҳ) чунин мегӯяд: Албатта хело тафсири тӯлоние намудаанд нисбати неъматҳое барои аҳли ҷаннат дода мешавад аз ҳур (занҳои биҳиштӣ) қасрҳои булурин, он чизҳое ки дар фикрашон нагузашта буд бо ризояти комили Аллоҳ аз муъминон.

Муҳмитарин мақтаъи барои мо зарур вожаи “Афзун” ё “ва зиёда” аст, ки дар оят омадааст, ки он мушарраф шудан ба дидори

ҷамоли Аллоҳ аст. Ҳама уламои салаф ва халафи уммати исломӣ ин вожаро чунин тафсир намудаанд.

Аз Абумусои Ашъарӣ (раз) ривоят аст аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам )чунин гуфтанд: Аллоҳ рӯзи қиёмат нидо кунандаеро мефиристад, то бо садои баланд нидо кунад, ки аввалу охирашон шунаванд. Эй аҳли ҷаннат, Аллоҳ барои шумо ваъдаи накӯӣ дода буд, инчунин “Афзун” ё “ва зиёда” -ро накӯияш ин ҷаннат буд ва “Афзун” ё “ва зиёда”-аш назар кардан ба чеҳраи беҳамтои Раҳмон азза в аҷаларо”(ин ҳадисро ибни Ҷарир ва Ибни Абуҳотам ривоят кардаанд).

Аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) тафсири ин оятро пурсиданд.

Чунин фармуданд : Накӯи ин ҷаннат аст. “Афзун” ё “ва зиёда”ин назар кардан ва мушарраф шудан ба дидори ҷамоли Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло.

То ин ҷо он чӣ Қуръон гуфтааст онро овардам ва ояҳоро тафсир намудам, то ҳеҷ шакке дар дидори ҷамоли Аллоҳ бо чашми сар барои муъминон дар қиёмат боқӣ намонад.

Суннат чӣ мегӯяд дар дидори Аллоҳ дар ҷаннат?

Суҳайб (раз) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) ривоят мекунад, ки чунин фармуданд: “Ҳангоме, ки дохил шуданд аҳли ҷаннат дар ҷаннат Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мегӯяд: Оё мехоҳед чизе бароятон биафзоям ? Мегӯянд: Оё рӯйҳои моро сафед накардӣ? Оё моро дохили ҷаннат накардӣ? Моро аз оташи ҷаҳаннам наҷот надодӣ? Сипас афзуданд Расули акрам (салаллаҳу алайҳи васаллам ) Ин ҳангом парда бардошта мешавад пас ҳеҷ чизе барои (аҳли ҷаннат) дӯстдоштатар нест барояшон аз назар кардан ба сӯйи (ҷамоли) Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло.Сипас Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи всалам) ин оятро тиловат карданд:

Подоши онон, ки некӣ мекунанд, некист (ҷаннат) ва чизе афзун бар он (дидори Худованд).

(Сураи Юунус, ояти 26)

(Ҳадис саҳеҳ аст ба ривояти имом Муслим ва имом Тирмизӣ)

Хонандаи гиромӣ, инро ҳаргиз фаромӯш накунед, ки ақида ҳаргиз ба даст намеояд, магар аз Қуръон ва суннат. Ҳеҷ касе набошад ончи қадру манзалат ва ҷойгоҳе дар ҷомеъа дошта бошад. Ҳар чи қадар саводу дониш ҳам дошта бошад наметавонад аз пеши худ чизе бигӯяд, ки он асл аз ин ду сарчашма надошта бошад он мардуд ва ғайри қобили пазириш аст, зеро, агар ақидаи инсон дуруст буд амалаш накӯ ва писандида мегардад. Агар ақидааш фосид буд, пас бидуни шакку тардиде амалаш фосид ва ғайри мақбул аст.

وعن جابر رضي الله عنه من حديثه, عن رسول الله صلى الله عليه وسلم:

((إن الله يتجلى للمؤمنين يضحك, أي يوم القيامة))

Аз Ҷобир (раз) ривоят аст, ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “ Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло намудор мегардад барои муъминон ва механдад дар рӯзи Қиёмат” (Ҳадиси мутафақун алайҳ Бухорӣ ва Муслим)

Ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки муъминон назар мекунанд ба рӯйи Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар рӯзи Қиёмат дар ҷаннат. Ин далолат бар ризо ва пазируфтани муъминон аз тарафи Аллоҳи зулҷалол аст. Ба ин диққат кунед масъалан касе дарвозаи хонаи шуморо зад ва шумо дарро боз кардед бо чеҳраи пур зи таббасум наздаш хориҷ шудед. Ин табасуми шумо далолат бар ризои шумо аз пешвоз гирифтани он шахс аст. Пас ханда ё табассуми Аллоҳ бар муъминон далолати ризои Ӯст. Аллоҳ моро аз ин тоифаи назар кунанда бар чеҳраи хандони Худ бигардон, омин.

Дар ҳадиси дигаре омадааст.

قال رسول الله صلى الله عليه وسلم( إنكم سترون ربكم كما ترون القمر لا تضامون في رؤيته ، فإن استطعتم أن لا تغلبوا على صلاة قبل طلوع الشمس وصلاة قبل غروب الشمس فافعلوا) رواه البخاري في كتاب التوحيد رقم 7434

Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (раз) ривоят аст, ки назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) будем, чунин фармуданд: “Шумо мебинед Парвардигоратонро чуноне ки мебинед моҳро, ҳеҷ ихтилофе намекунед дар диданаш, (яъне чунонеки ҳоло якҷо нишастаем ва моҳро мебинед ончунон мебинед Аллоҳро) Агар тавонед (дар вақтҳояш хоб ва кори дунё бар шумо) ғолиб наояд, то адо намоед намози субҳ ва намози асрро, пас анҷом бидиҳед. (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Бухорӣ).

Дар шарҳи ин ҳадис муҳаддисин чунин мегӯянд: Дар дидани муъминин Аллоҳро рӯзи Қиёмат ҳеҷ шакку тардиде вуҷуд надорад.Чунонеки якҷо нишастаед ва моҳро ҳама якҷо мебинед ва дар дидани он ҳеҷ шакке намекунед, зеро ҳама якҷоя онро мебинед ва касе наметавонад дар он ҷамъ бигӯяд нест ва ман намебинам онро.Чаро Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) барои адои ин ду намоз таъкид карданд, зеро субҳ вақти хоб аст сахт аст бедор шудан ва аср вақти фориғ шудан аз кор аст ва инсон гоҳо хаста мебошад ва танбалӣ мекунад дар адои он. Аз ин сабаб таъкид намуданд дар адои ин ду намоз. Инчунин адои ин ду намоз сабаби дидори ҷамоли Аллоҳ дар рӯзи Қиёмат мешудааст. Пас дар адои ин ду намоз ҳаргиз набояд кӯтоҳӣ намуд, агар бо ҷамоъат адо гарданд нуран ало нур мешавад.

Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) мегӯяд: Аҳодиси руъят аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) аз сӣ саҳоба ривоят шудаанд, ки кибори асҳоб онҳоро ривоят намудаанд.

Шайх Абдуллоҳ Ғунаймон мегӯяд: Аҳодиси дидани муъминон Аллоҳро дар рӯзи Қиёмат хеле зиёд аст, ки ба тавотур ривоят шудаанд аз Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам. Ҳама онҳоро бидуни ҳеҷ шакку тардиде қабул мекунанд.

Намехоҳам ақволи имомҳои Аҳли Суннатро зикр намоям дар ин масъала, зеро масъала хеле равшан ва возеҳ аст, ки дигар ҳеҷ шакку тардиде дар дидани Аллоҳ барои муъминон дар рӯзи Қиёмат вуҷуд надорад.

Оё Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Аллоҳро дар дунё дида аст?

Дар ин масъала ягона чизе вуҷуд дорад қавли Абдуллоҳ Ибни Аббос ва Каъб (раз) аст, ки онро Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (раз) рад кардааст.

Шаъбӣ мегӯяд: Мулоқот намуд Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) Каъбро дар Арафа ҳангоми ҳаҷ. Аз ӯ чизе пурсид қабл аз посух додан такбир гуфт, ки аз садои баландаш кӯҳҳо садояшро баргардониданд (эхо акси садо шуд) Ибни Аббос (раз) гуфт: Ман аз фарзандони Бани Ҳошим мебошам. Каъб гуфт: Аллоҳ тақсим намудааст дидорашро ва сухан гуфтанашро миёни Муҳаммад (с) ва Мусо (а). Ду маротиба бо Мусо (а) сухан гуфтааст ва ду маротиба бо Муҳаммад (с) дидор намуда аст.

Дар ин ҷо Масруқ ҳам нишаста буд пас аз шунидани гуфтугӯи ин ду назди Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (раз) дохил мешавад ва мепурсад: Оё Муҳаммад (с) Аллоҳро дидааст?

Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (раз) мегӯяд: Ба таҳқиқ сухане гуфтӣ, ки мӯи баданамро рост кард (яъне аз хавф)

Масруқ мегӯяд гуфтам: Ором бошед модар. Ва ин оятро тиловат кардам

﴿لَقَدْ رَأَى مِنْ آيَاتِ رَبِّهِ الْكُبْرَى﴾

“Албатта, порае аз оёти бузурги Парвардигорашро бидид.”

(Сураи Наҷм,ояти 18)

Уммул муъминин Оишаи Сиддиқа (раз) чунин гуфт: Куҷо мебаранд туро, ( яъне фаҳмат аз ин оят,он чи мепиндори нест) Ба таҳқиқ, ки он Ҷибрил (а) буд, ки туро хабар кардааст,ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Парвардигорашро дидааст ё пинҳон кардааст чизеро,ки Аллоҳ ба он амраш намудааст ё медонад он панҷ умури ғайбиётро? Сипас ин оятро тиловат намуданд:

“Албатта, Худост, ки медонад, ки қиёмат чӣ вақт меояд. Ӯст, ки борон меборонад ва аз он чӣ дар шикамҳои занҳои ҳомила аст, огоҳ аст. Ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чӣ чиз ба даст хоҳад

овард ва касе намедонад, ки дар кадом замин хоҳад мурд. ҳароина, Худо донову огоҳ аст!” (Сураи Луқмон, ояти 34)

Ба дурустие, ки шахсе чунин суханонро мегӯяд ӯ ифтиро намуда аст, (яъне бигӯяд ин панҷ чизро медонад). Вале Ҷибрил (а) -ро дидаанд ва ба сурати аслии худаш ду маротиба ӯро дидааст. Як маротиба дар Сидратулмунтаҳо як маротиба дар Ҷиёд.Ҷибрил (а) -ро шашсад бол (пар) аст, ки уфуқро мепӯшонад.

(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Бухорӣ ва муслим мутафақун алайҳи ва имом Тирмизӣ дар саҳеҳаш)

Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (раз) рад кардаанд, инки Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам ) Аллоҳро дар дунё дида бошанд. Ончи онро таъйид намудаанд ин дидори Ҷибрил (а) буд, ки дар боло онро хондед.

Ончи инҷо гузашт аз ҳадиси Ибни Аббос (раз) ва Уммул муъминин Оишаи Сиддиқа (раз) ин ҷо таноқузе вуҷуд надорад. Танҳо инро уламо чунин шарҳ намудаанд.

Ҳадисе,ки омадааст нисбати дидани Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) ин дар хобашон буд ва на дар бедорияшон. Инчунин он дар сафари меъроҷ ҳам набуд, балки дар Мадинаи мунаввара буд он шабе, ки дар намози субҳ дар хоб мемонанд ва сипас асҳобро аз он хобашон нақл мекунанд, ки Аллоҳро дидаанд дар хобашон.

Аз Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) баъзеҳо далел меоваранд, ки гуфта бошанд, ки Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам ), бале дидаанд Аллоҳро ва он ҳақ аст ва дидани Анбиё ҳақ аст. Ин қавли имом дидани бо чашм дар бедориашон набуда, балки он дар хобашон аст. Ду ривояте ҳаст, ки гуё имом Аҳмад (раҳ) гуфта бошанд: Муҳаммад (салллалоҳу алайҳи васаллам) дар бедориашон Аллоҳро дида бошанд. Ин фаҳми ғалати ровӣ аз имом аст ва манзурашон хоби Ҳазрат аст на бедориашон. Он дидори дар хоб ва бо чашми дилашон буд на бо чашми сар ва дар бедориашон.

Чӣ касоне Аллоҳро дар рӯзи қиёмат мебинанд? 
То ин ҷо аз Қуръон ва суннат ва ақволи муфассирин ва муҳаддисин ва аймаи Аҳли Суннат ва Ҷамоъат собит кардем, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро дар рӯзи Қиёмат муъминон мебинанд.Он дидане, ки лоиқи зоти Аллоҳ аст ва парда ҳатман бидуни ҳеҷ тардиде бардошта мешавад.

Баъзе уламо нисбати дидори Аллоҳ чунин мегӯянд:

قال بعض العلماء أن الكفار يرونه في موقف القيامة، ثم يحتجب عنهم.

Кофирон ҳам мебинанд дар арасоти қиёмат Аллоҳро, сипас парда дубора кашида мешавад.

وقال آخرون: لا يراه إلا المؤمنون والمنافقون كما جاء في الحديث الآخر، حينما يتجلى للمؤمنين والمنافقين فيسجد المؤمنون والمنافقون لا يستطيعون السجود.

Бархе дигар мегӯянд: Намебинанд Аллоҳро магар муъминҳо ва мунофиқон.Чунонеки омадааст дар ҳадиси дигаре. Ҳангоме, ки ҷилвагар ё намудор мегардад Аллоҳ барои муъминон ва мунофиқон. Дар ин ҳолат саҷда мекунанд муъминон, вале мунофиқон наметавонанд саҷда кард, (яъне вақте пушташон мисли чуб сахт мегардад ва парда дубора барқарор мегардад ва маҳрум мегарданд аз дидор)

وقال آخرون: إن الرؤية خاصة بالمؤمنين في الموقف، وفي الجنة، نعم.

Бархе дигар мегӯянд: Дидори Аллоҳ хос барои муъминон аст дар арасоти қиёмат ва дар ҷаннат (на барои кофирон ва мунофиқон)

الموقف فيه اختلاف، خلاف مشهور، حديث الصحيحين واضح في رؤية المنافقين وأنه حينما يتجلى، وأنه يراه المؤمنون والمنافقون هذا قول قوي

Хулосаи ин бахш ин аст, ки ихтилофи машҳур аст дар ин масъала аз ҳадисе дар саҳеҳайн (Бухорӣ ва Муслим),ки возеҳ аст ин ки мунофиқон ҳам мебинанд Аллоҳро он ҳам он ҳангоме, ки намудор мешавад.Мебинанд Аллоҳро муъминон ва мунофиқон ин қавл ҳам қавӣ аст.

Хуб муҳим дидори абадӣ ва ҳамешагие, ки насиби муъминон мегардад дар ҷаннат хоси муъминон аст. Агар мунофиқон ва кофирон як маротиба бубинанд ҳам дигар аз он барои ҳамеша маҳруманд. Он

дидор ҳам барои он аст, ки то бидонанд, ки Аллоҳ вуҷуд дорад ва ончи ваъда кард онро таҳаққуқ намуд. Бо забони омиёна барои сӯхтан як маротиба бубинанд ва дар фироқаш бисӯзанд.

Имомони Аҳли Суннат чӣ мегӯянд?

قال الإمام أبو حنيفة رحمه الله : والله تعالى يرى في الآخرة ويراه المؤمنون وهم في الجنة بأعين رؤوسهم بلا تشبيه ولا كيفية ولا يكون بينه وبين خلقه مسافة.الفقه الأكبر ص 55

Имом Абуҳанифа (раҳ) мегӯяд: Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро дида мешавад дар рӯзи Қиёмат ва мебинанд Аллоҳро муъминон ва дар ҳоле, ки онҳо дар ҷаннат ҳастанд. Бо чашми сар мебинанд Аллоҳро бидуни ташбеҳ ва чигунагие.Миёни Аллоҳ ва миёни офаридаҳояш ҳеҷ масофае нест. (Фиқҳи акбар, саҳ. 55)

وعن عبد الله بن وهب قال: قال مالك رحمه الله : «الناس ينظرون إلى الله تعالى يوم القيامة بأعينهم

البغوى في شرح السنة – باب رؤية الله 15/229

Абдуллоҳ ибни Ваҳб мегӯяд: Имом Молик (раҳ) чунин фармуданд: Мардумон нигоҳ мекунанд ба сӯйи Аллоҳ таъоло рӯзи Қиёмат бо чашмҳояшон. (Бағавӣ дар шарҳи Суннат боби руъяти Аллоҳ, ҷ.15, саҳ.229)

Имом Шофеъӣ (раҳ) мегӯяд: Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро номҳо ва сифоти волоест чуноне ки омадааст дар китоби ҷовидонааш Қуръон ва хабар намудааст паёмбарашро, то бирасонад ба умматаш, ки Муъминон мебинанд Аллоҳро рӯзи Қиёмат чуноне ки мебинанд возеҳу равшан моҳи шаби чаҳордаҳро (Чаро моҳи шаби чаҳордаҳ, зеро он вақти пур шудани моҳ аст дар диданаш ҳеҷ шаке нест).

Қавли Имом Аҳмад ибни Ҳанбалро ҷустуҷӯ накардам, вале ҳатман эшон ҳам бар ин ақида ҳастанд. Ҳар куҷое назари Имом Шофеъиро хондам ҳатман медонам назари Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ҳам ҳамон аст, зеро Шофеъиро устоди худ медонистанд.

Пас маълум гашт дидори Аллоҳро имомони чоргонаи Аҳли Суннат бидуни шак ва тардид қабул доранд.

Онҳое, ки инкори дидори Аллоҳ мекунанд киҳо ҳастанд?

Хонандаи нуктасанҷу тезҳӯш то ин ҷо ба таври мудаллал исбот кардем, ки дидори Аллоҳ дар ҷаннат барои муъминон ҳақ буда. Ҳатто қавлҳоеро низ овардем, ки ҳатто кофиру мунофиқ таҷаллии Аллоҳро ҳангоми парда бардошта шудан мебинанд.

Пас чӣ касоне, то ин дараҷа гумроҳ ва аз роҳи ҳақ Қуръон ва суннат дуранд, ки ин ҳама оятҳои возеҳу равшан ва аҳодиси ошкору мутавотир ва қудсиро нодида мегиранд ва ин дидорро инкор мекунанд. Барои тӯлонӣ нашудани мақола намехоҳам ин ҳама далеле дар боло гуфтам онҳоро бо дидгоҳи ғалати онҳо, ки бар оёт ва аҳодис дорам баён кунам. Зеро он чи то инҷо овардам ин бехирадони гумроҳ ҳама чизи дигарро тавҷеҳу тавзеҳу ташреҳ мекунанд,ки гумроҳии ошкор аст. Ба таври кӯтоҳ асомии он гурӯҳҳро ва мазоҳибро баён медорам, то фақад онҳоро бишносед, ки киҳо ҳастанд. То вақте гуфтанд Аллоҳ дида намешавад дар ҳол онҳоро шиносед ва бидуни ҳеҷ баҳсе онҳоро бо суханонашон гузоред ва фиреби суханпардозиашон нашавед.

1. Мазҳаби шиъаи имомия: Аллоҳ на дар дунё дида мешавад ва на дар охират. Аллоҳро тавсиф ба макон ва замон карда намешавад. Инчунин ишорат набояд кард (ангушти саббоба ё ишоратиеки мегуем ваҳдонияти Аллоҳро набояд бо ангушт анҷом дод). Шахсе муътақид бошад, ки Аллоҳ ба осмони дунё фурӯд меояд, ба аҳли ҷаннат мисли моҳи шаби чордаҳ намудор мегардад ва ӯро мебинанд ва чизҳои дигар…Касе чунин ақида дошта бошад ӯ кофир аст ба Аллоҳ (китоби ақоиди имомия саҳ. 58 )

2) Мазҳаби муътазила: Ин мазҳаб ҳам инкори дидори Аллоҳ мекунанд ва ончи дар Қуръон дар мавриди дидори Аллоҳ омадааст ҳамаро ба дидан не, балки ба илм таъвил намудаанд. Хуб ҳама ончи овардам онҳоро ба илм таъвил ё иваз кунед бубинед чӣ мешавад.

Зайдияҳо ҳам инкори дидори Аллоҳро мекунанд.

Ибозиҳо (хавориҷ) онҳо ҳам мункири дидори Аллоҳанд.

Марҷииҳо ҳам мункирони дидори Аллоҳанд.

Инҳо аз мазоҳиби машҳур буданд, пас аз он баъзе нависандагони гумроҳе низ ҳастанд, ки инро инкор намуданд.

Хонандаи гиромӣ, акнун шинохтед инкоркунандагонро вақте сухан гуфт ва инкор намуд чизе аз он шахс напазир ва касе набошад ӯро бигузор ва аз ӯ дур шав!

Ҳукми шахсе, ки дидори Аллоҳро инкор мекунад назди Аҳли Суннат ва Ҷамоъат чист?

Мункири ҳар масъалае, ки он дар Қуръон омадааст хориҷ шудан аз дин аст валлоҳу аъламу биссавоб.

Дар охир аз Аллоҳ талаб дорем, то моро ба дидораш мушарраф бигардонад.Онҳое, ки мункир дидоранд ҳидояташон намояд, то ба ҷони худ ҷабр нанамоянд ва аз ҳақ рӯгардон набошанд.

Умед аст аз ин посухи банда истифода бурда бошед. Дар ҳаққи мо дуоҳои холисонаи хуро дареғ надоред.

Share This Article