Оё таҷлили ҷашни наврӯз дар рамазон,эълони ҷанг бо Худо набуд?

Ислоҳ нет

Эмомалӣ Раҳмонов чаҳор рӯз аз 20 то 24-и март дар Амрико ва аз 29-и март то 1апрели соли ҷорӣ дар вилояти Суғд сафар дошт. Қарор бар ин буд, ки аз 25 то 29-ро дар Аврупо бигзаронад. Вале сафари Аврупояш кансел шуд. Натавонист, ки биравад. Ҳар касе, вай хоҳ мувофиқ аст ва ё хоҳ мухолиф ва ё мухолифи мухолифин ин вокуниши шадиди Паймони миллии Тоҷикистон буд, ки бо баргузории тазоҳуротҳо ва эъломи норизоиятӣ муваффақ шуд, ки Раҳмонов аз сафари аз қабл барномарезишуда ба Олмону Лондон сарфи назар кунад. Шак надошта бошед, ки Раҳмонов на танҳо нияти сафар ба ин ду кишвар, балки нақша ва барномаи ҳамоҳангшуда ва тарҳрезикарда дошт, ки ба ин ду кишвари аврупоӣ сафар карда ва дар бизнес –форумҳои омодакардаи сафоратҳои Тоҷикистон дар Олмон ва Лондон ширкат хоҳад кард. Барои онки сухани мо бедалел набошад ба ин ду хабари МИТ. Ховар, хабаргузории расмии Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунед:

  «Дар Берлин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ шуд».

Март 31, 2023 19:33

ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 март бо ибтикори муштараки Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ ва Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон конфронси байналмилалии сатҳи баланди «9-умин муколамаи Берлин-2023 оид ба гузариши энергетикӣ» баргузор гардид, ки дар он ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ карда шуд.  

 «Тоҷикистон ва Британияи Кабир 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 320 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расониданд».

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

“Шумо фикр мекунед, ин нишастҳо, ки барои баргузориашон сафоратҳои Тоҷикистон дар Олмон ва дар Бритониёи Кабир заҳматҳои зиёде кашидаанд, барои маҳз ва махсус дар ҳамин шабурӯзҳо баргузор намудан тасодуфӣ буд? Дар ҳоле, ки ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистону Бритониёи Кабир, масалан, дар соли гузашта ҳатто 8 миллион долларро ташкил намедиҳад, Раҳмонов дар имзои нишасте, ки дар он ба ҳаҷми 320 миллион доллар аснод имзо мешавад, иштирок намекунад? Пас, чаро ширкат накарду Хуҷанд омад?”

Оре, хоҳ қабул доред хоҳ не, Раҳмонов ба маҳзи мухолафати оппозитсиони тоҷик дар Аврупо натавонист дар нишастҳои баргузоршуда дар Олмону Лондон ширкат варзад, чун мухолифин ин бор ӯро бо тазоҳуроте пешвоз мегирифтанд, ки акси садои он кулли Тоҷикистонро фаро мегирифт ва халқи тоҷик шоҳиди он мешуд, ки Раҳмонов касеву хасе нест ва аз вай набояд тарсид, агарчи ин шабу рӯзҳо ӯ дар шабакаҳои телевизионӣ аз субҳ то вақти хоб ва ҳатто дар вақти хоб ҳам намоёну намудор аст.

   “Бори дигар таъкид ва таъйид мекунам, ки барномаҳои сафари Раҳмонов ба Аврупо кансел шуд. Бар ин шакку тардид надошта бошед. Вай барои сафар ба ин кишварҳои аврупоӣ сахт тайёрӣ дида буд ва мехост нишон диҳад, ки аврупоиҳо дар бораи мурооти ҳуқуқи башар «ҳамту» гап мезананд, манфиаташон блотар аст, аммо нашуд. “

Ин имкон надорад, ки аснод ба 320 миллион доллар байни Тоҷикистон ва Бритониё ба имзо бирасад вале дар он Раҳмонов ҳузур надошта бошад. Ҳоло ҳар касе мегуяд, ки Кабирӣ воҳима кард, аммо нашри ин хабарҳо дар МИТ. Ховар бори дигар гувоҳ аст ки Раҳмонов аз рафтан ба Аврупо туриду тарсид. Бале, дар ҳамагуна мубориза ва бархурдҳои аланӣ Раҳмонов шикаст хоҳад хӯрд. Чун саропо муҷассамаи дуруғ ва риё аст. Дурӯғ дар баробари рост шикаст хурда аст ва шикаст хоҳад хӯрд.

Аз инҷо буд, ки ин бор дар Хуҷанд мисли пешина ба назар намерасид. Як навъ «злой» аст. Албатта, ӯро мисли солҳои қабл дар фурудгоҳ бо рақсу арғушту дафу сурнай ва фарши қирмиз пешвоз гирифтанд. Духтарони атласу адрасбабар, толибаҳои мактабу донишҷӯҳои рӯзадор, бо даҳони баставу шиками гуруснаву ҳалқҳои хушкида дар пеши вай арғушт мерафтанд ва ин мусафеди пири бетавфиқи худоро, исломро фаромушкардаву пуштипозада аслан парвои онҳоро намекард. Тамошо мекарду тавре нишон медод, ки моҳи Рамазоне вуҷуд надорад, касе рӯза нагирифтааст, машаққати тоат накашида истодааст. Ва, ин габри аз дину оин баргаштаро доранд хурсанд мекунанд:

Фахри мо, Эмомалӣ Раҳмони мо, ояд ҳаме, ояд ҳаме,

   Аз Душанбе -пойтахти ин ватан, ояд ҳаме, ояд ҳаме,

   Қаҳрамони тоҷикон ояд ҳаме, ояд ҳаме.

   Эй Зафаробод ту хушнуд бош,

  Роҳбари соҳибқирон ояд ҳаме, ояд ҳаме.

«Роҳбари соҳибқирон» аз Душанбе пойтахти тоҷикон омадааст ба Хуҷанду навоҳии давру бари он чакар мезанад. Қайчи надорад аммо парда аз рӯи лавҳаи ёдгории корхонаҳое, ки тоза ба фаъолият шуруъ мекунанд ва ё навсозӣ шудаанд, мебардорад. Маълум аст ки ҳамин корро ҳатман анҷом медод ва Раҳмонов Раҳмонов намебуд агар ин навбат ин корро намекард. Чунки вай бояд нишон диҳад, ки чи гуна дар давлати вай корхонаҳои навбанав ба фаъолият сар карда истодаанду чи гуна вай ҷойҳои корӣ фароҳам мекунаду чи гуна вай ғамхори халқу миллат аст. Вай моҳият ва маънои раиси як давлат буданро, президенти як мамлакат буданро ҳам дар ҳамин гуна корҳо мебинад. Дар ҳоле, ки аз ин ҳама муассисаву корхонаву бунгоҳу дигару дигар шояд яке ду адад бо сармояи давлат сохта шуда бошад, дигар мобақӣ ҳамагӣ аз ҳисоби сармояи соҳибкорону бизнесменҳо аст ва кори Раҳмонов фақат ин аст ки чашмбандӣ кунад ва мардумро водор кунад, ки аз вай миннатдор бишаванд ва ба вай ташаккур кунанд, ки барояшон коргоҳу корхона  сохтааст, яъне Раҳмонов соҳиби сипосу илтифоти сунъӣ ва сохтаву дурӯғӣ бишавад:

 «Бо шарофати пешво соҳиби оби нушокӣ шудем», «бо дастгирии пешвои миллат ҳавзи моҳипарварӣ сохта шуд», «бо ғамхории падаронаи пешвои миллат соҳиби бунгоҳи тиббӣ шудем», «аз қудуми пурфайзи ҷаноби олӣ»,... «бо баракати сафари ҷаноби олӣ»

«дар натиҷаи таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайваста».

Ҳама медонанд, ки ин ҳама саҳнаҳо сохта ва дурӯғӣ аст ва Раҳмонов ба сохтмони ҳеҷ яке аз ин корхонаҷот рабтеву дахле надорад.

Вале аз ҳақ набигзарем, ки Раҳмонов ба сохтмони коргоҳи тавлиди собуну хокаи ҷомашӯӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дахл ва рабт дорад. Аввал як иқтибоси дигар аз МИТ.Ховар:

«ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар» /. 1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Озода Косметикс”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

“Корхонаи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардидааст. Масоҳати умумии корхона 5 гектарро ташкил медиҳад.”

Албатта, суол хоҳед дод, ки Раҳмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳҳои дигарро ҳам ифтитоҳ кард вале чаро рӯи ин корхона тамаркуз кардед? Барои онки ин корхона ба духтари Эмомалӣ Раҳмонов, Озода Раҳмонова-роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон тааллуқ дорад. Агар навори ҳамин коргоҳро бори дигар таваҷҷӯҳ фармоед мебинед, ки он душизае, ки ба гуфти шоир «ҷома чун пари товус бо ҳазорранг» дар паҳлуи Раҳмонов қадам мезаду «ишва чун гули раъно» мекард, дар қиёс бо бақия масъулони корхонаҳои дар ин сафари Раҳмонов бозшуда хеле ҳам роҳату сокиту чусту чолок буд ва бо Раҳмонов тавре суҳбат мекард, ки як «партнер по бизнес»-аш бошад? Ҳатто ҷомаи танаш ҳам аз сару либоси бақия фарқ мекард, гувоҳи одами наздик ва худӣ будани ӯ буд.

“Агар диққат дода бошед дар кашидани арғамчини ифтитоҳия ҳатто ресмонро чолокона аз Раҳмонов тезтар кашиду ҳатто Раҳмонов як гизала нигоҳе ҳам ба ӯ кард.  Вай одами  Озода аст. Бубинед, ки ҳама коргоҳу муассисаҳои ба пешвози ин сафар бозшударо бо зикри ному насаби сармоягузору мубтакиронаш муаррифӣ карданд, аммо аз исми «соҳибкор»-и соҳиби «Озода-косметикс» худдорӣ варзиданд. Вале, манобеи мо гуфтанд, ки ин корхона, ки сохтмонаш аз соли 2020 шуруъ шуда аст бо пули бюҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва вилояти Суғд сохта шудааст ва ҳеҷ соҳибкоре фулусе ҳам харҷ накардааст ва он 5 гектар замини зери сохтмони он ҳам бидуни пардохти ҳатто як дираме аз баланси ноҳия ба манфиати Озода Раҳмонова бароварда шудааст.”

Ин ба ин маъност, ки акнун Раҳмонов ва оилаи вай ба марҳалаи дигари ғасбҳои рейдерӣ даст зада истодаанд. Чунончи дар сафари қаблии Раҳмонов ба вилояти Суғд барои духтари дигараш Парвина Раҳмонова, келини Шералӣ Гул, вазири собиқи энергетика ва саноат ва зани Ашраф Гул, сафири Тоҷикистон дар Туркия корхонаи тавлиди доруи «Сифат-фарма»-ро ба кор дароварда буд. «Сифат-фарма» ҳам таҷҳизоти тавлидотии худро аз Ҳиндустон ворид карда буд. Раҳмонов ва аъзои оилаи вай аз чанд сол бад-ин сӯ мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Суғдро маҷбур карда истодаанд, ки ин гуна корхонаҷотро барои яке аз аъзои ин оила бисозанд. Ҳам замин, ҳам сохтмон ва ҳам таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ҳисоби бюҷети маҳаллӣ аст. Вале соҳиби он аз аъзои хонаводаи Раҳмонов хоҳад буд.

Раҳмонов дар вақти суханрониаш дар ҳузури мардум яке мегардаду мегӯяд, ки «ман назди шумо аз роҳи дур, аз хеле дуриҳо омадам». Аммо, чуноне ҳам гуфтем, эҳсос мешуд, ки бисёр ҳам нороҳат аст, аз чизе норозист, ва қиёфаву чеҳраи гирифтааш боз намешуд. Маълум буд, ки лағви сафари аврупоӣ барояш сахт асар кардааст. Нақшаву чорабиниҳои кашидаву омода шуда аз дасти мухолифин ва тазоҳуротҳои ғайримунтазираи онҳо барбод рафт ва ӯро аз роҳ гардонд ва вай ночор шуд аз Амрико чапасар ба ватан бозгардад.

“Вақте аз «трап»-и Боинги «Сомонайр»-и Ҳасани додарарӯсаш дар фурудгоҳи Хуҷанд пиёда шуд, чеҳраи гирифта дошт. Тамоми шабакаҳои моҳвораииТоҷикистон нишон доданду мо ҳам дидем, ки талош мекард, нишон диҳад, ки барои хурсандӣ ва барои ҷашну базм омадааст, аммо наметавонист нонамоён кунад. Аз инҷо буд, ки ҳеҷ парвое ҳам накард, моҳ, моҳи Рамазон асту дар нисфи рӯз густардани хон раво нест, чун мардуми тоҷик мусалмон аст ва боз кардани дастурхон, он хоҳ барои ятим аст ё хоҳ барои адиб таҳқири нангу номуси динии вай аст.”

Ёдатон бошад, Раҳмонов дар соли 2019 ҳам, ки дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷумла кишварҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон аз шиюъи барқосои коронавирус чорабинӣ ва маъракаҳои пуриздиҳомро манъ карданд, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дода буд, дар Хуҷанд базми Наврӯз бо беш аз 25000 доир ва сабабгори асосии густариши ковид-19 дар қаламрави кишвар шуд. Он замон расонаҳо навишта буданд, ки танҳо барои дизайни саҳнаҳои наврӯзгоҳи онрӯзаи Хуҷанд беш аз 7 миллион доллар масраф шуда буд. Аммо аз юмн ва пайи қадами шуми Раҳмонов он Наврӯз оғози қурбонигирҳои Ковид-19 шуда буд, агарчи Раҳмонов ва дастгоҳи таблиғотии вай дар аввал то чанд муддат вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистонро пинҳон дошта буданд.

Ҳоло акнун дар моҳи мубораки Рамазон дар Хуҷанд дорад мастиву аластии наврузӣ мекунад ва ин бодпаймои сияҳмаст бубинед чи мегуяд: « Мо 24 солаем». Ин чиро дар назар дорад, чи гуфтанӣ аст?

-мумкин аст 24 сола гуфта аз соли 1999 пас аз имзои созишномаи сулҳ,ки президент шудро гуфтани бошад?

-мумкин аст 24 сол аст хоҷааш Путин аст ва бо ӯ 24 сол аст кор дорад ?

-мумкин аст Сомонаш 24 сол шуд онро дар назар дорад?

Намедонад ин гардан балони газӣ чӣ мегуяд, чун дар сараш ҳуш надорад. Пиён аст, тамом. Шумо ба тарзи гуфтораш нигоҳ кунед. Калима ба ҷумла ва ҷумла ба калимаро пайвастан наметавонад. Даҳонаш хушк аст. «Сушняк» қапидааст:

Раҳмонов ба ҳадде аз худ рафтааст, ки худро болотар аз Худову пайғамбар мегирад. Дар Рамазон, дар рӯзи равшан дастурхон кушодааст. На динаш монду на ислом на чизе дигар, ин дар шумори 500умин мусалмони роҳбари таъсиргузор қароргирифтаро бубинеду каф занед:

«Кумак кардӣ ку, на ҳаҷ рав на ҷойи дигар».

“Э, худозадаи аз худобаргашта! Ҳаҷ ин фарз аст. Бо кумаку бо хайр адо намешаваду аз сари мусалмон соқит намешавад ва агар имкону шароит доштиву нарафтӣ, фардо ҷавоб пас хоҳӣ дод. Ту чи дорӣ мардумро аблаҳу аҳмақ фарз мекунӣ?”

Ту беҳтар буд ба Қофлонбой Раҷаббой Аҳмадзодаи раиси вилояти Суғд мегуфтӣ, ки акси модаратро аз фарози осмон фуруд овардан дар саҳнаи Наврузгоҳ чи маъно дорад? Мисли ҳамон аҷузаи филми Аладдин, ки болои ҷоруб нишаставу парвоз дорад буд, майрами гурсухта? Болои сари мардум овезону намоён кардани тасвири Майрами гурсухта чи маъно дошт?

Ва ё шояд ҳоло Раҳмонов худро дар воқеъ Исо пайғамбар ҳисобидааст, ки чанд соли пеш Ато Мирхоҷа, бале ҳамин нафаре, ки ҳоло дар рикоби Раҳмонов дар Хуҷанд асту моҳи Рамазон нагуфта сари дастурхон шиштааст, бовар карда бошад:

Дили ин Марями бузургтабор.

Мазҳари офтоби Раҳмон шуд,

Модари покдомане, ки сипас,

Моми Доҳии Тоҷикистон шуд.

Ҳеҷ кас он замон намедонист,

Ки чиҳил сол пеш ҳамчу валӣ

Марям Исии нав таваллуд кард,

Номи некаш ниҳод Эмом Алӣ!

Хуб, ин моми доҳии Тоҷикистон будааст, ки яке лингу лавардонашро паҳну тунук кардаву аз болои саҳанаи Наврузгоҳ фуруд омад, аммо акси Раҳмонову Рустамро чи мегуфта бошанд, ки онро ҳам дар як тоблуи бузург тасвир кардаанд.

Бовар кунед, ки ҳам дар соли 2019 ва ҳам дар имсол дар Хуҷанду навоҳии атрофи он Навруз на миллӣ буд на байналмилалӣ.Наврӯз наврузи оилавӣ буд, оилаи Раҳмонов. Наврӯзи олилави Раҳмонов бо пули халқи вилояти Суғд.Ва,ин аст натиҷаи бо нтхунҳояш кандани нақби гарданаҳои Анзобу Шаҳристон. Ва натиҷа «Сифат-фарма» ва натиҷа «Сомон-сохтмон» ва натиҷа «Озода –косметикс» ва натиҷа тасоҳуби Панҷшанбе-бозор аз тарафи Ҳасан Асадуллозода ва садҳову ҳазорҳо корхонаҳои аз ҷониби Раҳмонову оилаи гушнапурзӯри вай, ки дар Суғд ғасбу тасоҳуб шудаанд.

  “Мухолифати алании мухолифин дар Олмон ӯро сахт тарс дод. Вай тарсид, ки бо тазоҳурот рубарӯ мешавад ва эҳтимолан дар дохил ҳам такрор шавад. Аз ин ҷо буд, ки нороҳат буд ва аламашро аз арақ гирифт. Вақте аз трапи Боинги Ҳасан дар фурудгоҳи Хуҷанд мефаромад пиён буд, суп-сурх мисли лаблабу буд. Лаб ба лабаш намепайваст. Як гапҳое мезад, ки тамоман ба одами соқу солим монанд набуд.”

Раҳмонов  ҳатто як маротиба ҳам аз моҳи шарифи Рамазон ёдовар нашуд. Баракс, тавре рафтору амал кард, ки вай бо моҳи мубораки Рамазон ҳеҷ алоқаву иртибот надорад. Нагуфт, ки густардани дастурхон  дар ин моҳи муборак ин таҳқири мусалмонони Тоҷикистон аст. Нагуфт, ки дар моҳи шарифи Рамазон оростани зиёфат ҷурми бузург аст ва Худоро ва халқи худоро хуш намеояд. Коре кард, ки ҳатто дар замони шуравӣ, ки як давлати даҳрӣ ва бехудо буд, сурат нагирифтабуд. Ба таври оммавӣ таҳқир намудани дини мо аз тарафи раиси ҷумҳуриамонро чи тавр мешавад таҳаммул ва қабул кард. Ба ҳарими пайғамбар ва Худо дорад дастдарозӣ карда истодааст. Рақсу арғуштандозии духтарони ба балоғатрасидаи рӯзадор бас набуд, ки боз «публично» зиёфат дода ва аз тамоми шабакаҳои ватанӣ онро дар ақсои олам паҳну мунташир карда истодааст. Яъне Раҳмонов гуфтанӣ аст ки вай рӯзаву рамазони исломро признават ва писанд намекунад? Яъне вай гуфтанӣ аст ки Президент асту аз бандагӣ ба Худо даст кашидааст?

Натиҷаи ин ҳама поймол намудани Раҳмонов ба ҳарими Илоҳӣ чӣ паёмадҳое пас аз ин густохи сурат гирифт?

Обхезиҳо дар Вилояти Суғд ва Хуҷанд,ки ҳама шоҳиди он боришот ва селҳо,ки зироатҳо ва полезҳои деҳқононро шуста бурд. Ин аз густохии ин пирбузбалаи аҳмақ бар алайҳи шаъоир ва фароизи Аллоҳ буд,ки бе даранг ҳама онро бо чашмони худ дар ин моҳи мубораки рамазон шоҳидаш будем. Агар ин гарданбалони газӣ бо ҳамин минвол идома додан гирад мусибатҳои дигаре бо аблаҳиҳои ин бехирад мардуми моро домангир хоҳад буд.

P.S Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ.нет» дар ин лаҳзаҳо, ки ба ин навишта нуқта мегузоштам хабари дигаре расид,ки нишон медиҳад ин оилаи носерам ва гушнапурзур боз ба як ҷинояти дигари сангинтаре даст задааст, ки бо анҷоми он мардум ва миллати тоҷик дучори азият ва азоби навбатӣ хоҳад шуд.

МБТИ-иро «Фароз» гирифтааст. Ҳамчуноне, ки ҳақи додани номер (рақамҳои давлатӣ ба мошин) ва права (ҳуқуқи ронандагӣ)-ро гирифта буд. Ва, акнун мардум дигарбора ва бо пули зиёд барои манзили зисту дигар амволи ғайриманқулашон санад хоҳанд сохт ва ин хоҳад шуд ба як бизнеси навбатии миллирадӣ (бовар кунед миллиардӣ)-и ин оила.

Наврӯзатон бо гарданбалонигазии пирбузбалаи аблаҳи муҳориб бо Аллоҳ номуборак бод!!

Share This Article