Оё тоҷирони бозори “Корвон” омодаанд ба домоди пешво бигӯянд “Баро!”?

Ислоҳ нет

 дасти харобиовари Раҳмон ва домоди вай ҳазорон тоҷики дигарро бекор мекунад.

 Аз оғози соли гузашта дар бузургтарин бозори Тоҷикистон –“Корвон” ба баҳонаи навсозӣ ва муосиру замонавӣ кардани он дар инҷо корҳое рафта истодааст, ки тамоман дар ягон меъёр намеғунҷад. Дуруст аст, ки ба Нуршед Машрабов, раиси “Корвон” Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе нақшаҳои миёншикан бор карда аст. Вай маҷбур аст хонаҳои атрофи бозорро бихарад ва тамоми маҳдудаи бозори Корвонро бо тагхонааш бозсозӣ кунад. Аммо савол пеш меояд, ки пас, саҳми язнаи Рустам дар ин навсозӣ чи андоза аст?

Танҳо дар самти пеши “Корвон +”  биноҳои замонавӣ бунёд мешаванд. Дар боқии қисматҳои бозор таҳхона ё зермағоза сохта намешавад ва табиист, ки маблағ ҳам масраф нахоҳад шуд. Тибқи хабарҳо танҳо боми тунукагии он, ки воқеан офтобногузар ва дар зимистону сардӣ азиятдиҳанда аст, бисёр вақт ( ҳангоми барфу борон) мечакад, иваз карда мешавад. Ва, шояд ба ҷои дӯконҳои одӣ ягон тунукагие ё контейнерчае ё ягон “ҳилаи дигаре” “придумать” мекардагистанд ва боз аз тамоми соҳибони дуконҳо, ки борҳо барои “таъмири дубора”-и дуконҳои худ ба соҳиббозор маблағҳо додаанд, ин дафъа аз меъёри муқарарӣ зиёдтар ва дар ин як соли ковидию буҳронию камсавдоӣ охирин дороии худро “бо ду дасти адаб” бароварда хоҳанд дод. (Ба гуфте ҳар соҳибкоре новобаста ба дороияш бояд сари ҳар як метри квадратӣ 1000$ бидиҳад. Худ ҳисоб кунед, ки соҳиби дӯкони 4×2=8×1000$ яъне 8000$ ба оилаи носерам пули “ҷанобона” бипардозад).

“Мо- тоҷирон на онгуна, ки “васфамон” мекунанд: “беинсоф”, “фиребгар”, “машеник”-у  “гаронфурӯш”-у “кучабозори” буда бошем, нестем; балки бахши зиёде аз тоҷирони Корвон +, ки мешиносем, кормандони собиқи маориф, ҳифзи ҳуқуқ, дипломдорҳои донишманду донишгоҳӣ, диндонону диндорон, занҳои поккору ҳалолкор, закотдиҳандагони содиқу амонатдорони бовафову ҳоҷиёни ҳалолхуру боинсоф, ҳам кам нестанд.”

Вале язнаи Рустам аз кулли тоҷирони Корвон + бояд дар ин соли барои Падарарусаш душвор доля бигирад. Фурсати хуб барояш даст дода аст, ҳам барои кисаи худ ва ҳам барои хусури носерамаш дар бадтарин сол ҳам маблағ “зарур” аст!

Молики Корвон+ дар асл ҳамон домоди обигармии Президент аст. Вале, ин қавми ҳама чизро ғораткарда, метарсанд, ки ашёи ғоратшударо мустақиман ба номи худ кунанд. Аз рӯзи мабодо метарсанд. Аз ин рӯ “барраҳои қурбонӣ” ва “чанголҳои гурбаӣ“-е барои соати (Х)- мабодо доранд.

Аммо ин қучқори қурбонӣ, кист, ки имрӯз “раиси бозори Корвон + “-аш меноманд?

“Ин дастнишондаи Оила аслан  аз Файзобод буда Оев Аҳрор ном дорад. Ҷонишинаш, ҷавони ҳузарбу тануманд Сӯҳроб ном дорад. Дар гирду бараш ҳам ҷавонони зиёде ба назар мерасанд, ки аз пасаш бо китфҳои дамидаву гарданҳои  ғафс, чун замони манғитиён курниш мекунанд. Ва ин “Раис” бо дӯғу пуписаву нописандӣ, дилхоҳ тоҷирро барои камтарин “камбудие” дар малаи омм, таҳқир мекунад. Ва барояш, ки бас бесавод аст, донистани моддаҳои 33 ва 36-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона ва “НОЛОЗИМ” аст. “

Масалан, бо баҳонаи ҳамин ниқоби тиббӣ, тоҷирони саҳван бениқоб омадаро руйирост таҳқир карда таҳдид мекунанд, ки “дафътон мекнм”.

Қисмати “оптовий”-и бозори Корвонро домоди Эмомалӣ Раҳмонов аз дасти Нуршед Машрабов, раиси ин бозор чанд соли пеш кашида гирифта буд. Он тарафи бозор,ки ба худи Нуршед тааллуқ дошт, баъди расонаӣ шудани вазъияташ дар “Ислоҳ.нет” ба нафъи соҳибкорон ислоҳ гашт.

Аммо, акнун, домоди президент дар ҳақи соҳибкорон ҷабри зиёд кардан дорад. Ягон пурсишеву саволеву ҳарфе бо соҳибкороне, ки қаблан бо нархҳои гуногун ин дӯконҳоро харида ва то ба ҳамин қарибиҳо кор мекарданд нест. Тамоми дӯконҳои соҳибкоронро бидуни пардохти ҳатто 1$ чаппа карда, ба ашхоси пулдор фурӯхта истодааст. Ва медонед бо кадом арзиш?1 метри квадратӣ дар тарафи гузаргоҳи асосӣ, дар роҳи главный ба маблағи 12.000$.  Дар дохили иморати навсохт бошад, як мағозаи 16 квадрата ба маблағи аз 40.000$ боло. Ва аммо ашхосе, ки соҳибдӯкон буданд, ҳатто камтарин имконияти соҳиб шудан ба дӯкони 4 квадратаро ҳам надоранд.

Қисми зиёди тоҷирон, ки сармояи кофӣ ва имконияти калони молӣ надоранд, тадриҷан аз дӯконҳояшон, ки дар ин шароити курунои ягона ва охирин василаи бихуру намурашон буд, маҳрум мешаванд.

Баъди навсозӣ ва замонавӣ кардан қасд доранд, ки тамоми тоҷиронро аз низоми патентӣ ба низоми шаҳодатномавӣ (ҶДММ)-и гузаронанд. Аз ин рӯ, дар сохтани мағозаҳову таҳхонаҳои бинои мазкур усули аз 10 квадратӣ бештар роҳандозӣ карда шуда аст ки дар ин ҳолат на ҳама тоҷирони иҷоранишину кампул имконияти хариди дубораи дӯкони худро доранд.

“Нархномаи квадрати “Корвон”-и Нуршед аз  “Корвон +”-и Оила хеле фарқ дорад. Нархи 1 метри квадратии Корвони Нуршед 1300$ то 1500$ аст. Аммо нархи Корвон + 1500$ барои зермағозаҳо ва 2000$ барои ошёнаи якуми бино, дар 1 метри квадратист.”

Характеристикаи биноҳои Корвон +и “раис” Оев Аҳрор:

Бозори Корвон+” аз боло ба поён дар самти рост қарор дошта, он дорои  10 даромадгоҳи асосӣ мебошад. Корҳои биносозӣ, аз поён ба боло, 6–7 моҳ қабл, пас аз шуюъи коронавирус, оғоз гашт. Ҳар марҳалаи сохтумони биноҳо, ки дар маҷмӯъ 4 иморати мустақилро фаро мегирад, 6 моҳ идома хоҳад кард. Сохтумон аллакай ба даромадгоҳи васати 6-ум расида аст.

“Раиси (дастнишондаи домоди президент) дар бозори ЧДММ “Корвон+” инсони хеле бад аст. Касе камтарин эътироз кунад, бо ҳамроҳии амниятиҳои бешумор ба дӯконаш рафта, ӯро таҳдид мекунад: “ай и бозор дафъат мекнм; фаҳмиди. Кчое рави ягон кас ба додт намераса”!!. Ва дигар суханаш ин аст: “Рута сиёх накы, чи рута сиёҳ дори?!”.

 Мардуми тоҷири ин самт, ки дар сӯхтори соли 2013 бузургтарин эътирозро ба роҳ монда, ва аз ҷониби Маҳмадсайид Убайдуллоев дастгирӣ ёфт буданд, ин дафъа сахттарин ҷаврро дида истодаанд. Яъне, дӯконҳояшон бидуни ҳеҷ пардохте чапа гашта, худашон бо бору амволашон, аз бозор берун бароварда шуда истодаанд.

Аммо, ин ҳама, ки сахттарин зарба ба иқтисоди онон аст, нафареро ҳам ҷуръат намедиҳад, ки назди ин ин раисча рафта эътироз кунад.

“Гап дар инҷост, ки ҳама дӯконҳои навсохтро ба наздикони худашон фурӯхта истодаанд ва бозори яклухтфурӯширо пурра гирифтанд. Инҷо мо пушти кор чисту кист намедонем, аммо мегӯянд, ки ин бозорро оқибат кадоме аз домодҳои президент тамоман аз они худ карданӣ аст. Инаш ҳам дарди бахайр. Аммо ҳоло мақсад доранд тамом “опотвик”-ҳоро ва чаканафурӯшиҳоро ҳам аз одамони худашон монанд ва онҳо пули ҳамин домодро бояд бичархонанд. Барои ҳамин бояд дар даруни бозор одами “бегона” боқӣ намемондааст ва ҳама аз они ҳамонҳо мешудааст. Худованд инҳоро кай сер мекарда бошад?”

Феълан инҷо ҳама чиз буҳронӣ аст. Соҳибкоронро, ки тамоми ин муддат дар инҷо кор карда ва боиси ободии ин бозор шуда буданд аз камтарин иттилоот маҳрум месозанд. Дар маҷлисҳо ваъдаашон додаанд, ки бароятон дар таҳхонаи бинои нав албатта ҷой медиҳем ва ҳама хомӯшона дар интизори анҷомёбии корҳо дар подвал буданд. Вале вақте мераванд, ки дар онҷо ҷобаҷо шаванд аммо дӯконҳои подвал соҳибдор ва соҳибони дуконҳои подвал инҳоро аз онҷо меронанд ва мегӯянд,ки “ин “точка”-ҷойҳоро мо кайҳо харидаем. Барои шумо инҷо ҷой нест.” Ва бечораҳо дар ҳайрат монданд, ки ин 6 моҳи тахрибу азнавсозӣ инҳоро раиси “Корвон плюс” фиреби маҳз дода буда аст.

Ва имрӯз боз маълумот расид, ки тамоми бинову гирду атрофи онро, ки “горячые линии” меноманд, мардуми Хуҷанд харидорӣ намудаанд. Дар инҷо бадтарин кор рафта истодааст. Бозорро тамоман инсонҳои наву тағадору бегона забт карда истодаанд. Бештари лақайҳову узбакҳову хуҷандихову ургутиҳо алакай ҷобаҷо шуда истодаанд,намехоҳем миллатчигӣ кунем онҳо ҳам шаҳрвандони кишваранд,ба Худо аламамон мекунад моро фаҳмед охир. Ростӣ, мардуми куҳистонии тоҷик, ки дар инҷо фаъолият доранд, аксаран “бетаға” ва кампуланд. 80% -и онҳоро ба ҳошия ва зовияҳо ронда истодаанд ва онҳо маҷбур бозор мекунанд. Корвон замоне сабаби ризқи аксари мардуми тоҷику узбек буд. Ҳоло инҷо низ ба дасти аҳриманони оила афтода, “отчистка” рафта истода аст.Аммо бояд ин Узбекҳо донанд онҳоро ҳам фиреб мекунанд ва мо гуфтему шумо ҳам шунидед!.

“Ин принсипҳову шартҳое, ки барои хариди дӯкони нав ба соҳибкорон гузоштаанд, барои он аст ки 80% соҳибкорони кампул бояд тарки инҷоро кунанд. Бозор аз унсурҳои “нохудӣ” “тоза” шавад. Ва миллионҳо доллар дар ин соли сахт ва шароити душвор аз ҳисоби тахриби дуконҳо ва таҷдиду бозфурӯшии онҳо ба кисаи домоди аждар хоҳад рафт,”

Дар оғози биносозӣ дар ин бозор нархҳо дигар буданд.Вале баъди онки мардуми зиёде (инсонҳои ғайрикорвонӣ) омада бо маблағҳои гароне мағозаҳои ошёнаи якуми бинои марҳалаи аввалро хариданду чашмони ҳарисашон барқ зад, берун аз бинои асосӣ, дар самти пушти он низ сохтани дукончаҳои 2×2, 3×2- ро “придумать” карданд. Аз сабаби дар роҳи асосии одамгузар қарор доштани ин “мағозачаҳако” ва “бозоргузар” буданашон, ҳар метри квадратии он бо маблағи 11.000$, алакай ба фурӯш рафтанд. (Дар ҳоле, ки бояд соҳибони асосии ин дуконҳо бояд дар онҷо ҷо ба ҷо мешуданд, ки нашуданд).

Аммо 60–70 дарсади тоҷирон, ки ду даҳсола “соҳибмулк”-у “бозорободгар” буданд, имрӯз ягона манбаъи ризқёбии худро, дар бадтарин соли бӯҳронӣ аз даст доданд; чун имконияти хариди дубораи дӯконҳои замоне “шахси”-и худро аз даст доданд. Ҳамаи тоҷирони “Корвонплюс” аз ин вазъияти ба амал омада ба шиддат ибрози нигаронӣ мекунанд. Вале сокиту хомушанд. Домоди Раҳмонов ҷойи кори онҳоро гирифта ва барои дигарҳо фурӯхта истодааст.

“Қисми дигари тоҷироне,ки тӯли ин солҳо барои ёфтани ризқи фарзандони худ, дар кишваре, ки мардумонаш зери  ду бало: коронавирусу диктатураи ғосиб қарор доранд, аз ин “бозсозии бозор” ва ситами домоди Раҳмонов ба сутӯҳ омадаанд, ба бемориҳои равонӣ ва ғамбеморӣ гирифтор гаштаанд. Аз ҳама намуди тазйиқу фишори равонии бадтарин, ба гумонам, ҳамин фишори пай дар пай ва тороҷи доимист, ки миллатеро  афгор мекунаду қобилияти коркуниро аз ӯ мегирад  ва умедашро барои оянда дар дилаш хафа мекунад. Ин гуна миллат бемор аст. Миллати захмхурдаи мағлуб аст.”

Вале, дар ин сардию соли буҳронӣ  ва фишори иқтисодӣ рӯи мо тоҷирон, як чиз моро маҷбур ба пардохти маблағ ба ин “соҳибмулкон” месозад, ин ҳам бошад набудани ҷои кории дигар, имконияте ғайр аз ончи ки дар Корвон худи мо солҳо қабл таҳия кардаем, ва фарзандонамон, ки ниёз ба хӯрдану пӯшидану зинда мондан доранд! Вагарна, дар ин бозори ғуломӣ, на ҳар касе тоқати “кор барои домоди Раҳмоновро“-ро дорад!

Корвонро солҳо шуд медӯшанд; бо роҳи таҳдиду фишор, шантажу “ёфтани борҳои зараровар” аз соҳибкорон хело ҳам пул канданд. Амниятиҳо, пожарка, налог, милиса –ҳамагӣ- Корвонро як  мероси падарияшон медонанд. Кай вақте маблағ лозим шуд, чи  , Соли нав, чи Наврӯз, чи Истиқлол, хариди таҷҳизоту мебел барои кабинети раисон, аз тоҷирон “озодона” пул меситонанд! Корвониён- дигар он корвониёни ғаюри соли 2013 нестанд, ки пас аз сӯхтор барои ҳақи худ Муҳаммадсаид Убайдуллоевро ба “зону дароварда” ва то дами ВКД юриш бурданд. Ҳукумати ғосиби Эмомалӣ Раҳмонов он замон хобҳои ҳавлноке медид, ки садои наърамонанди анбӯҳи тоҷирон яксадо мегуфтанд; ” Баро!” Чунки тоҷирон хуб дониста буданд, ки ин сӯхторро қасдан ва барои онки ин қисмати бозорро домоди Раҳмонов бигирад, ташкил карда буданд. То ба ҳол ташкилкунанда ва иҷрочиёни он сӯхтор, ки боиси миллионҳо зарар дидани тоҷирон шуд, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

“Мо хуб медонем, ки ин ҳукумати тарсу, ки тамоми органҳои ҳифзи МИЛЛАТро барои ҳимояи худ сафарбар карда аст, аз нидои “Баро!” сахт метарсад. Аз ин рӯ, мисли морҳои шабгарду даруни ботлоқ, дар соярӯшанҳо мепалмосанд, мебалъанд; бесадо ва якто-якто.” 

Бозори моро, ки тӯли зиёда аз 20 сол обод карда будему соҳибаш қаблан дигар кас буд, дар соли 2013 ҳамагӣ дороии бо арақи пешонӣ ҷамъкардаамонро оташ заданд- танҳо ба ин хотир, ки домоди Эмомалӣ Раҳмонов “соҳиббозор” шавад, он замон буд, ки асири ин хонадони носерам шудем. Оре, аз ҳамон вақт амниятиҳо пайхас карда буданд, ки корвониёнро бояд ҷиддан “сархам” ва “ғуломи коргари хоҷа” сохт.

Сароғоз сатрпушҳоро “очистка” карданд, ришҳоро “ба тартиб” дароварданд, дар баданамон либоси “ғуломӣ”-и кабуд кашиданд. Ин масхараро ҳам кабул кардем. Ва ҳар соле 1 ё ду бор ин либоси “кабуд”-и пастсифатро аз рӯи либосҳои шинаму зебову дилчаспамон аз субҳ то охири кор мепӯшем. Медонам, ин латтаи ғуломӣ, ки дар баъзе аз мароҳили таърихӣ дар гӯшаву канори олам аз сӯи ғолибону ғосибон ба миллатҳои мағлубу дигаркеш ба мисли “футаву зунору аломати фарқкунанда” маҷбур ба пӯшидан мекарданд, моро ҳам ҳамин гуна водор карданд. Ва ҳар рӯз мешунавем аз баландгӯякҳо, бор-бор огоҳамон мекунанду таҳдид, ки “дар ҳолати риоя накардани сару либоси ягона ва ба тан накардани нишонаи сарисинагӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 рӯз дуконҳоятон мӯҳргузорӣ шуда, ба миқдори аз 700 то 1200 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ мешавед”! 

 Тӯли зиёда аз 3 сол аст  ки ин ҷумалот дар гӯши мо чун садои дрелл каррас мекунад. Ва аз ҳама дардовараш ин ҷумлаи онон аст  ки ҳатто вақти навиштани ин матлаб дар гӯшам садо медод: ” барои фарқ намудани соҳибкорон аз харидорон”, магар соҳибкор аз харидор чаро фарқ дошта бошад?

Ё дурушттар карда гӯем, ин гуна мешавад: “барои фарқ намудани “ғуломон аз озодагон, пӯшидани кабудлаттаи зиштсифат, ҳатмист”.

 Тоҷирони  муҳтарами баҷонрасида! Ҳамаамон медонем, ки ҳатто, ҳамон либосҳои “фарқкунанда”-амонро ҳам бепул намедиҳанд! Онро бори 5-ум аст, ки мехарем!

Қиссае,ки воқеияти ҳоли тоҷирони Корвон аст

Мо тоҷирон, мисли ҳамон қиссае гаштаем, ки шоҳе ба мардум ситам карду ситам карду касе садо набаровард. Шоҳ дар ҳайрат омаду гуфт, ҳамагиро дар майдоне гирд оваред, бошад, ки аҳаде садо баланд кунад. Ҳамагӣ, амри “Ҷаноби олӣ”-ро пазируфта, шитобиданд ба майдон. Шоҳ садо дод; ҳама нархҳои озуқаро гарон кардем, садое набаровардед! Ҳамагӣ роҳҳоро пулакӣ кардем, пул додед ки медиҳед! Ҳамагӣ васоили рӯзгоратонро гаронарзиш кардему мехаред. Ва инро ба назар гирифта, имрӯз супориш медиҳам, ки фардо ҳамагӣ шуморо дар ҳамин майдон ба дор мезанем! 

Ҳама тоҷирон сокит гаштанд. Шоҳ бисёр диранг кард; садое нест. Билохира нафаре даст боло кард, шоҳ иҷозати гап задан дод, бигӯ бишнавам, магар эътирозе дорӣ дар баробари “прикази ман ҷаноби олӣ”?! 

Бечора даступо ларзон бо садои “пурмуҳаббате” ба “Ҷаноби Олӣ”  хитоб кард:

Ҷаноб, мебахшед, ҳамон бандҳоеро, ки моро бо онҳо ҳалқовез мекунед, онҳоро худамон фардо аз хонаҳоямон биёрем, ё худатон доред?!

Ҷаноби олӣ дар посухи ин тоҷир мегӯяд: Ман барои ҳамаи шумо пул надорам банд харам,маълум аст,ки худатон бояд он бандҳоро имрӯз аз домодам харед. Дирӯз чанд контенер банд аз Хитой оварда аст. Агар ҳамаашро харед боз фардо фикр мекунем,ки чикор бояд кунем.

Тоҷир: мумкин аст моро афв кунед?
Ҷаноб: Ҳоло бояд бо Юсуф Раҳмон ва Озода фикр кунем дар хуроки шом, натиҷаашро фардо тавассути фармонам огоҳ мегардед.

Тоҷир: илтимос ҷаноби олӣ аввал фикр кунед пас аз он шароб нӯшед,ки мабодо фармони баде содир накунед.

Ҷаноб: ин тоҷирро ҳозир ба дор овезед,ки бисёр гап зад,то дигарошда дарс шавад.

Ҳама бо либосҳои кабуди ғуломият баргаштанд ба сари точкаҳояшон.”

Тоҷирони гиромие, ки инро мехонед, магар ҳар рӯз ҳамаамон ҳаминро ба ҳамдигар намегӯем: “Точкаҳомона бо медода бошанд, ё пулам бтем дар куҷое хдшона фора да ҳамунҷа ҷомон мекарда бошанд“? 

Ҳатто ҳамин ибораи ҷомон мекарда бошан” ҳам фалсафае дорад.

Мо бечоранолӣ намекунем,балки ҳаққи худамонро талаб дорем, даст аз зулму ситам бардоред!

Ps:  Тоҷирони гиромӣ “Ислоҳ” вазъияти сангини шуморо ва ончи навиштед бо ашки чашм ва гулӯйи гирифта омода намудем. Ислоҳ ҳамеша омода аст ҳама он мушкилоте доред ба мо нависед,то онҳоро расонаӣ кунем ва каме ҳам бошад аз ҳолати сангини шумо олам бо хабар гардад.  Агар он соли 2013 “Баро!”и гуфтагиятонро амалӣ мекардед,имрӯз дар ин ҳолати сангин қарор надоштед. Аммо бидонед ва огоҳ бошед, ки боз ҳам “Баро!”нагӯед ва ором либоси кабуди ғуломиятро бар тан кунед,рӯзатон ва рӯзгори оилаҳоятон хуб намешавад.Чуноне дар боло гуфтед мо гуфтем шумо шунидед.Мо мегӯем инро ва шумо ҳам шунидед!

Share This Article