Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ё бизнеси академик Раҳмонзода

БА ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН!

 

ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ» Ё БИЗНЕСИ АКАДЕМИК РАҲМОНЗОДА? 

Абдуҷаббор Раҳмонзода,ёрдамчии Президент ва Абдулло Раҳнаморо чӣ ба ҳам мепайвандад?

 

Баъди шинос шудан бо «Абдуҷаббор Раҳмонзода чи гуна академик шуд ва ӯ кист?» ба шахсияти ӯ боз комилтар ошно шудам. Дар бораи дуздиҳои ӯ шунида будам ва дар ин навиштаи пойгоҳи ИСЛОҲ ин амалҳои академик боз ошкор карда шуданд. Ман ҳам дар навбати худ як сол пеш шоҳиди як дуздии бешармонаи ин академик будам ва мехоҳам онро ба хонандагон пешкаш намоям.

Хурду калони ҷумҳурӣ медонанд, ки бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ва шеъразёдкунӣ соли гузашта дар ҷумҳурӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор гардид, ки тибқи талаботи Низомномаи он чанд марҳаларо дар бар мегирифт. Тавре медонем, аз ноҳия ва минтақа сар карда, ҷамъбасти он дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати беҳтарин ва фаъолтарин ҷавонону мактаббачагон баргузор шуд.

Бояд эътироф кард, ки озмун аз ҷониби иштирокчиён бо тайёрии хеле хуб ва рӯҳияи баланд ҷараён гирифт. Вале падидаи нохубе, ки ба чашми иштирокчиён мерасид, ин муносибати дағал ва бадзабонии ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода буд, ки касро дар ҳайрат меовард. Маълум буд, ки А.Раҳмонзода ким-чӣ хел ҳадафҳои ниҳонӣ дорад ва мехоҳад бо ҳар роҳе набошад, онро амалӣ гардонад. Аз ин рӯ, баъзе монеаҳое, ки пайдо мешуд, ӯро сахт асабӣ мекард.

Ҷолибаш ин буд, ки дар марҳилаи ҷамъбастии озмун ӯ фаъол гардида, озмунро амалан пурра ба дасти худ гирифт ва довталабонро худаш саволборон мекард. Аз ҷумла, донишҷӯдухтари курси сеюми факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (номаш дар хотирам намондаст), ки қобилияти фавқулодда зиёд доштанаш маълум буд, зери фишор ва гуфтори дағал қарор дод. Донишҷӯй бо як боварӣ ва ғурур ба ҳамаи саволҳои А.Раҳмонзода ҷавоб медод, вале А.Раҳмонзода ӯро як соати расо, то дами бемадор шудан ва дар саҳна аз ҳуш рафтанаш дағалона саволборон карда, таҳқиромез ба донишҷӯи бечора таъкид мекард, ки «ту бесаводӣ», «дониши ту нол аст» ва ғ. Бо вуҷуди ин духтари донишҷӯ таслим шудан намехост ва баъди ба худ омадан боз давом доданӣ шуд, вале А.Раҳмонзода ӯро «ту бесаводӣ» гуфта аз саҳна пеш кард.

Агар Дастгоҳи Президент ё ягон мақомоти аз Абдуҷаббор болотар бошад, агар хоҳанд, сабти «Фурӯғ…» бояд вуҷуд дошта бошад. Онро як бор нигоҳ кунанд, баъд мефаҳманд, ки ин академики ҷоҳил барои аз бозӣ баровардани ин донишҷӯдухтари Донишгоҳи миллӣ, ки шояд аз довталабони асосии озмун буд, чи тавр бераҳмӣ ва бевиҷдонӣ кардааст. Ҳамааш ошкор мешавад. Лекин мо боварӣ дорем, ки ин ба касе даркор нест ва худи А.Раҳмонзода низ ба ин кор роҳ намедиҳад ва «Фурӯғи…» имсоларо низ ҳамин хел ҷамъбаст мекунад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Низомномаи озмун А.Раҳмонзода ҳуқуқи дахолат кардан ба кори комиссия ва савол додан ба довталабонро надошт. Дигар ин ки А.Раҳмонзода ҳуқуқи ҳакамонро зери пой карда, ҷамъбасти озмунро бо таври субъективӣ ва мутобиқ ба хости худ ҳал кард, ки ин амали ӯ мазмуну моҳияти озмун ва шаффофияти онро пурра аз байн бурда, дағдағаи «Фурӯғи субҳи доноӣ»-ро як пул карда партофт.

Як иштирокчӣ аз шаҳри Кӯлоб бо рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ гуфт, ки то вақте ҳамин Абдуҷаббори ҳаромхӯр дар ин ҷо бошад, ман дигар дар ягон «Фурӯғ…» иштирок намекунам ва як мисра шеър ҳам азёд намекунам. Бозиҳои бешарафонаи ёрдамчии Президент оид ба илму маориф А.Раҳмонзода барои касе пинҳон намонд, барои ҳама ошкор шуд.

Лекин ӯ худаш шоҳу таъбаш вазир аст. Медонад, ки касе ӯро назорат намекунад ва ҳар чӣ хоҳад кардан мегирад.

Ғаразҳои шахсии А.Раҳмонзода ҳангоми баромадҳои фарзандони Абдуллои Раҳнамо (онҳо се нафар буданд) пурра ошкор гардиданд. Ӯ ба онҳо бо лаҳни хеле нарм муносибат намуда, саволҳои хеле одӣ, аз ҷумла «5 ғазали дӯстдоштаатонро гӯед» ва ба ҳамин монанд саволҳо медод, ки ин муносибати ӯ аз мадди назари иштирокчиён ва ҳакамон пинҳон намонд. Ӯ бо чунин рафтор ва муносибат ошкоро ин се нафарро дастгирӣ намуда, бе ягон заҳмат се ҷойи аввал, аз ҷумла шоҳҷоизаро низ ба аҳли як оила сазовор донист. Чунин ҷамъбасти озмун ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Чи тавр аз байни 9 млн аҳолии Тоҷикистон дар шеърдонӣ се ҷойи аввал ва инчунин, шоҳҷоиза насиби як оила шавад. Фаразан, фарзандони А.Раҳнамо бигузор ҳамаашон нобиға бошанд, вале наход дар як ҷумҳурии калон касе ба онҳо баробар пайдо нашуд. Ин натиҷаи ҷамъбасти А.Раҳмонзода аст, на аз ҳакамон. Чунин меъёри баҳогузориро Абдуҷаббори ҷоҳил аз куҷо ёфта бошад. Ин, албатта, беадолатӣ ва дағалона поймол сохтани шартҳои озмун мебошад, ки аз ҷониби А.Раҳмонзода амалӣ гардид. Ин ҷо бори дигар исбот шуд, ки агар ихтиёр дар дасти А.Раҳмонзода бошад, ӯ ба ҳама гуна аблаҳӣ ва ҷоҳилӣ қодир аст. Ӯ тамоми умр ҳамаро фиреб додааст. Бо фиребу найранг ба ин мақому мартаба расидааст. Бовар кунед, он қадаре ки А.Раҳмонзода Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти онро фиреб додааст ва хиёнатҳое ки кардааст, ягон оппозитсия чунин накардааст.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии А.Раҳмонзода аз иштирок ва назорати ҷараёни «Фурӯғи субҳи доноӣ» аз худ намудани маблағҳои ин озмун будааст. Ӯ гӯё дар бозори Саховат «чалловда биё бачча!» мегуфта бошад, дар рафти озмун чандин бор бо овози баланд даъват намуд, ки «нафароне ки мехоҳанд сазовори ҷойҳои аввал бошанд, вале аз гирифтани маблағ даст мекашанд, ба мо муроҷиат кунанд, мо ёрдам мекунем». Аҷоиб. Аз барои Худо ин чи аблаҳист! «Агар касе аз гирифтани маблағ даст кашад, мо ёрдам мекунем!»??? Ин даъвати ӯ тааҷҷубовар буд. Ҳадафи озмун чи мешавад, вақте ки кас моҳҳо заҳмат мекашад, вале аз гирифтани мукофот даст мекашад. Ва, баъдан маблағҳои таъйиншуда куҷо мераванд??? Онҳоро кӣ мегирад??? Албатта, А.Раҳмонзода!!!

Таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон дод, ки А.Раҳмонзода барвақт нақшаи аз ин озмун кашида гирифтани ҳаққи худашро тарҳрезӣ намуда будааст. Аҷибаш ин ки ба даъватҳои академик Абдуҷаббор харидор пайдо шуд ва довталабоне пайдо шуданд, аз баҳри мукофотпулӣ гузаштанд. Тибқи маслиҳати пешакӣ А.Раҳмонзода се ҷойи аввал ва шоҳҷоизаро ба фарзандони А.Раҳнамо гирифта дод ва маблағҳои барои ин ҷойҳо муайяншударо аз худ намуд. Зеро ки А.Раҳнамо бо чунин маблағ ниёз надорад ва барои ӯ ишғоли ҷойҳои аввал ва номи баланди ин мукофотҳо муҳимтар буд.

Мувофиқи маълумотҳои ба мо расида, ӯ бо ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илму маориф Абдуҷаббор Раҳмонзода муносибати наздик дошта, имрӯз дар сатҳи Ҳукумат ӯро аслан, А.Раҳмонзода «крышавать» мекунад. А.Раҳнамо литсейи шахсӣ дорад, ки он аслан моликияти Зайд Саидов мебошад. Ҷияну набераҳои А.Раҳмонзода дар ин литсей ройгон таҳсил мекунанд ва ба таври имтиёзнок дарсҳои иловагӣ мегиранд ва барои ҳамин А.Раҳмонзода аз ӯ пуштибонӣ мекунад.

Агар хонандаи закӣ таваҷҷӯҳ кунад, пай мебарад, ки вақтҳои охир академик Абдуҷаббор Раҳмонзода мақолаҳо ва китобҳое нашр мекунад, хусусан чанд мақола дар сомонаи АМИТ «Ховар», ки на аз ҷиҳати услуб ва на аз ҷиҳати сатҳу сифати илмӣ наметавонанд маҳсули зеҳни худи ӯ бошанд. Ин мақолаҳо, китобҳо ва лоиҳаҳои суханронии ӯ сад дар сад маҳсули қалами Абдулло Раҳнамо мебошанд, ки ба хотири аз ҷониби ёрдамчии Президент А.Раҳмонзода «крышавать» шуданаш таҳия мешаванд. Масалан:

— китоби нави ӯ «ҲАЁТ, АДАБИЁТ, ВОҚЕИЯТ»;

— «ДАР СИРИШТИ ДАРДМАНДАМ ШЕЪРИ МАН ЧУН ШЕЪРИ ЛОИҚ НОТАМОМ АСТ…». Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи ашъори шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ ;

ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОӢ. Суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат;

МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ МИНТАҚА ВА ҶАҲОН БАЛАНД МЕРАВАД. Мулоҳизаҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм.

Яъне миёни А.Раҳмонзода ва А.Раҳнамо додугирифт вуҷуд дорад ва ҷамъбасти озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҳам давоми ҳамин муносибатҳо мебошад.

Чи хеле ки маълум аст, дар пеш даври навбатии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» истодааст. А.Раҳмонзода ин озмунро ба бизнеси худаш табдил додааст ва ба хубӣ онро аз ин даст доданӣ нест. Такрор шудани ҳамин хел муносибат аз ҷониби каси дигар не, аз ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода боиси дилсардии иштирокчиёни озмун, поймол шудани адлу инсоф ва паст шудани обрӯйи Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон хоҳад гашт.

Вализода Назар, коршинос махсус барои “Ислоҳ нет”

Total
29
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

Хари Раҳмонов аз лой гузашт

Ҳаял накард, ҷасаласаи савгандро гузаронду дафъатан “свет”-ро кушту Тоҷикистонро боз ҳам ба ҳолу аҳволе баргардонд, ки тӯли ин…
Идома

Зодрӯзи манфуртарин фарди торих

Арзи таслияти Муҳаммадиқболи Садриддин,сардабири пойгоҳи таҳлиливу сиёсии “Ислоҳ.нет” ба Президент ва мардуми шарифи Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таваллуди…