Озода ба КДАМ: “Як кор кунед ҲНИТ-ро бо Гурӯҳи 24 ҷанг андозед!”

Ислоҳ нет

Хонандаи гиромии  “Ислоҳ.нет”! Манбаи мо аз як нишасти махсуси амният маълумот ироа кард. Ин маълумот аз як ҷаласае навишта шудааст, ки мавзӯъ ва масъалаи асосии он мубориза ва шеваҳои муассири он бо оппозитсиони тоҷик ва гурӯҳҳои ҳаводор ба он аст.

Бинобар маълумоти расида дар ҷаласаи ахир чанд масъаларо муҳокима карданд. Ин маълумот барои огоҳ кардан ва ифшо кардани нақшаҳои КДАМ бар зидди мардум аст. Бихонед ва огоҳ бошеду ба гуфти Раҳмонов “Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед” Аммо натарседу ваҳшатзада набошед.  

Аз ҷумла:

Дастури раиси Дастгоҳи иҷроияи президент Озодаи Раҳмон  дар бораи сахттар кардани ҷазо барои ҳамкорӣ бо мухолифин ва бахусус бо ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 будааст. Гуфта шудааст, ки ин созмонҳо бар зидди ҳукумати имрӯза ҷанги иттилоотии шадидеро ба роҳ монда ва дар ин самт шаҳрвандони кишварро дар дохил ва хориҷ ба тарафи худ ҷалб карда истодаанд. Ин созмонҳо бо қарори Суди Олӣ ташкилотҳои террористӣ эълон шудаанд ва ҳамкорӣ ва алоқа бо онҳо  ва тарафдорӣ аз онҳо, масалан дар сомонаҳои интернетӣ ва обунашаваӣ дар сайтҳои онҳо  ва ё инки навору видеоҳои онҳоро тамошо кардан тибқи моддаҳои 187 ва 307 КМҶ Тоҷикистон бандубаст шуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Чунки онҳо хойинони миллатанд ва зиндагии орому осудаи шаҳрвандонро мехоҳанд ба хун оғушта кунанд. Тамошои  барномаҳои “isloh” “Минбари муҳоҷир” “Пайванд”  ва Гурӯҳи 24 ба хусус  барномаи“Ҳақ ва ботил” комилан манъ аст ва нафароне, ки риоя намекунанд бо модаҳои 187 ва 307 ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад.

“Таъкид карда шуд, ки ҳатто шумораи ингуна одамҳо аз миллион ҳам бештар бошад ҳам мушкил нест.Чунки ба мо шумора не, ба мо сифат даркор аст. Бо 5 миллион аҳолӣ ҳам метавонем давлати азизамонро пеш барем.”

Ислоҳ : Режим омодааст, ки чор миллион шаҳрванди кишварро бикушад,зиндонӣ кунад ва бадарғаю дарбадар кунад.Танҳо ин ҳукумати оилавии сохтаашонро ҳифз кунанд.

Ба идома хуб диққат диҳед!

Дар ин ҷо таъкид мешавад, ки шахсонеро ки айни хол дастгир кардаед баъди қарори суд онҳоро ба маҳбаси пӯшида (критий)-и Қурғонтеппа интиқол диҳед. Ин зиндон дар зери замин аст ва одаме, ки якум бор ҷиноят содир мекунад, ӯро набояд ба он зиндон баранд. Ин зиндон барои маҳбусоне ҳаст, ки мӯҳлати иҷрои ҷазоро ба охир набурда ва дар худи ҳамон маҳбас такроран даст ба ҷинояти сангин задаанд. Ва дуюмбора ба ӯ ҳукми судӣ медиҳанд, яъне барои афроди ислоҳнашавандааст. Тамоми қувваашонро барои маҳви физикии сокинони ба ҷон расидаи кишвар аз зулми ин режим сарф карданӣ ҳастанд.

Аммо барои нафароне, ки бо ин моддаҳо гунаҳгор карда мешаванд, зиндони нав сохта шудааст, ки дар шаҳри Ваҳдат, дар назди зиндони №6 воқеъ буда дорои низоми сахт аст. Ва дар онҷо метавон 5000 нафарро ҷойгир кард. Ва ба КДАМ фармон дода мешавад, ки бояд ҳамаи қувваҳояшро бар зидди ин афрод сафарбар кунанд. Ҳукумат барои ин мубориза боз 5 миллион доллар иловагӣ ҷудо кардааст.

 “КДАМ дар посух ба Дастгоҳи иҷроия гуфтааст, ки  бо бовари комил гуфтанием, ки дар камтарин фурсат ин гурӯҳҳои  ифротгароиро нест ва безарар мегардонем ва ҳатман дар ин ҷанги иттилоотӣ  ғолиб мебароем.”

Масъалаи дуввум

Озода  амниятро ба по хезондааст. Барои ҳамон маълумоте, ки чанд бор дар “Ислоҳ.ТВ” гӯшона зада шуд: алоқаи ғайримаъмулии Озода бо як афғон.

Ва ҳамин рӯз огоҳ карданд, ки мабодо агар дар прямой эфири “Ислоҳ” занг задед, дигар ҳар сухани носазо нагӯед, ки яке боз қаҳри Муҳаммадиқболро наорад. Ва агар аз сари қаҳр Муҳаммадиқбол  видеои Озодаро монад, медонед,ки чи гап мешавад? Озода барномаҳоро тамошо карда 100% ҳамон намёкҳоро дида ва сад фоиз шарманда шуданашро пешакӣ пай бурдааст. ( бояд зикр намоем, ки қазияи он алоқаи ғайри маъмулии Озода бо он шаҳрванди Афғонистон омода ба нашр аст)  Кӯтоҳи гап, беш аз 2 соат танҳо дар бораи Озода гап заданд ва ғами Озодаро хӯрда истодаанд, ки чи хел кунем Муҳаммадиқбол дигар номи Озодаро нагирад ва ягон маълумотро дар бораи ӯ тамоман ошкор насозад.

Вақте ки кормандони амният ҷамъ шуда маълумотҳои ҷамъовардаашонро ба маъмурият расониданд, маъмурият хулоса баровард, ки:

1) ҳамон шахсоне таъқиб ва дастгир шаванд, ки ба мухолифон маълумот медиҳанд,

 2) шахсоне, ки бо онҳо тамос мегиранд, масалан дар прямой эфир-пахши зинда,

3 ) шахсоне, ки таклиф мекунанд, ки шабакаҳои мухолифонро даромада тамошо кунед,

 4) шахсоне, ки аз ҳад зиёд ҳукумат ва Эмомалиро дашном мекунанд. Ва аз он сабаб, ки шумора тамошобинони шабакаҳои мухолифон зиёд шудаанд, алҳол ба он гуна шахсон кор нагиред.

Яке аз ба истилоҳ”минус” ва ё “фиаско”-и кори КДАМ (нақшаҳои бебарор) ин будааст, ки    то ҳол наметавонанд Кабириро несту нобуд кунанд.

“Шояд шумо ҳайрон бишавед ва бовар ҳам накунед, ки чи хел ҳукумат 5 миллион доллар ҷудо кардааст?”

Аз як вилояти Свердловски Русия дар давоми 4-5 рӯз 62 нафарро дастгир кардаанд, дар Москва 180, дар Санкт-Петербург 80, дар Қазон 46, Дар Красноярск 39, дар Самара 130 кас боздошт шудааст. Агар ҳамаи онҳоро номбар кунам аз ҳазор мегузарад. Агар 30фоизи онҳоро хойин эълон ва ба Тоҷикистон равон кунанд, медонед, ки чи қадар харҷ мешавад? Барои истирдод (экстрадитсия)-и ҳар як шахс на кам аз 40.000 рубл. Дигар ин ки ҳар як корманди аниятро дар Русия бо квартира ва хурду хуроку мошин таъмин мекунанд, ки барои  ҳар як нафар дар як моҳ 100 рубл харҷ  мешавад. Аммо корманди баланд рутба бошад дар меҳмонхонаҳо 5 ситора меистанд, ки масрафи як шабонарӯзаш   50ҳазор рубл аст. Корашон ҳам арӯсбозиву сауна ба сауна гаштан ва ҳама хароҷоти ин сафар ҳам аз ҳисоби бюҷети давлатӣ аст. Барои як шабонарӯз ба 15 000 рубл мошин прокат мегиранд. Барои ҳамин ҳоло инҳо барои онки мухолифинро торумор ва бемадору беқувва бисозанд, аз ҳеҷ як бало рӯ наметобанд. Аммо ин ҳама омор ҳаргиз муборизон ва озодихоҳонро ба ҳарос намеоварад. Чун,ки мо хуб медонем,ки режими Раҳмонов қодир аз ин бадтарҳо ҳаст ва мо онро хуб медонем.

Бовар кунед,ки ин ҳукумат дар Русия як корҳое карда истодааст, ки Чингиз дар ҳақи душманонаш накарда буд. Амниятиҳо ва ё милисаҳои тоҷик ба ҳангоми дастгир ва истирдоди шаҳрвандон ҳамроҳи ҳамтоёни  руси худ туфангҳо дар миён бастагӣ он қадар он бечораҳоро мезаннаду дашному ҳақорат медиҳанд,ки русҳо даст ба гиребон бурда аз чунин ваҳшоният изҳори норозигӣ мекунанд. Як намуд мезаннаду ба мошин бор мекунанд, ки ҳайвонро он хел азоб намедиҳанд. Феълан болои як лоиҳа-нақшаи дигар майна об карда истодаанд. Нақша аз он иборат аст ки чи гуна бояд наҳзатихоро бо Гурӯҳи 24 ҷанг андозанд. Ва дар як талаби нақша чунин омадааст, ки муқобили онҳо ранги методҳои худашон мубориза  бурдан даркор аст. Барои мисол гӯиё мухолифин дар ҳамаи кор С.С Ятимовро гунаҳгор карда дигар мақомдорон аз он ҷумла Рустамро бар зидаш шур андохта истода бошанд.

КДАМ  ҳам  ҳамин нақшаро кашида истодааст, ки чихел мухолифонро байни ҳамдигарашон ҷанг андозад. Ва гӯиё ин ҷангро алакай мухолифон сар кардаанд. Масалан Сулаймон Давлатов бар зидди Шарофиддин Гадоев мавқеъ гирифтааст ва ҷавоб додааст. Ҳоло бинед,ки Шарофиддин ҳатман бояд ҷавоб гардонад. Ин чизро ҳам бояд махсус ишора кунам,ки ҳоло кормандони амният дар байни мардум як қисмаш худашонро наҳзатӣ гирифта як қисми дигараш худро Гурӯҳи 24 ва бо ҳамдигар ҷангу занозанӣ  ташкил карда “тарафдорон”-ро маълум мекунанд ва боз баъд дар шабакаҳои интернетӣ ин тараф ба он тараф ҷавоб медиҳад-яъне бо ҳам баҳсу даъво мекунанд ва бо ҳамин роҳ обрӯи мухолифинро бурданианд.

Ps: Аммо бо сароҳат мегӯем,ки мухолифон ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод ва мо ҳаммамон хуб медонем,ки аҳриман ва душмани ин миллат ва мардуми азизи мо кӣ ҳаст. Мо ӯро хуб шинохтаему огоҳона ва бо дирояту ҷиддият муборизаи қонунии худамонро ба шакли мусолиматомез идома хоҳем дод. Аллоҳ моро аз ҳама фитнаҳо ва дасисаҳои ин хоинони миллат ва мардум дар ҳифзу инояти хеш нигоҳ дорад омин.

Share This Article