“Озодии баён”-радиои “Озодӣ”-"СС. Ятимов ва "Ислоҳ.нет"

4 декабри соли ҷорӣ радиои “Озодӣ” таҳти унвони “Ҳукумати Тоҷикистонро барои "таҳдиду бозпурсӣ"-и хеши яке аз мухолифин танқид карданд” гузоришеро дар робита ба баёнияи ахири Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Nor­we­gian Helsin­ki Com­mit­tee)  ба нашр расонд, ки аз даъвати наздикони Фатҳиддин Саидмуҳиддинов, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷики паноҳанда дар Аврупо ба Раёсати амнияти шаҳри Душанбе ва мавриди истинтоқ қарор гирифтани онҳо хабар медод. Дар баёнияи ин ду созмони ҳомии ҳуқуқи башар Тоҷикистон барои фишор ва азияти хонаводаи Саидмуҳиддинов мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Гузориши радиои “Озодӣ”, ки гуфтем бар пояи баёнияи ин созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон таҳия ва интишор шудааст, мисле, ки “ҳамаи гап”- ро гуфтаасту чизе аз “ҷузъиёт”- ро ҳам аз чашмаш науфтондааст, на резонидааст ва на чаконидааст. Аммо чи мегӯед, ки ҳам резонидааст ва ҳам чаконидааст ва ҳам бар ҷузъиёт қатъи назар кардааст. Аммо чӣ ҷузъиёте? Маълум нест, ки бо сарфи назар кардани ин “ҷузъиёт” “хидматгузорӣ” кардааст ва “хол” гирифтааст ва ё.. хуб ҳар чизе дигаре метавонед онро ҳисобед. Вале вақте ин “ҷузъиёт” ба унвони яке аз иттиҳомоти ворида ба ин “як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик”-и дар ғурбат дар матни ин баёния бо ҳуруфи хоно навишта шудааст, сарфи назар кардани он чӣ маъно дорад? Ин ҳам дар ҳоле аст, ки инҷо сухан аз озодии баён ва паёмадҳои бархоста аз истифодаи ин ҳуқуқ аз тарафи Фатҳиддин Саидмуҳиддинов моҳият ва муҳтавои асосии баёнияи ҳардуи ин созмони муътабари байналмилалӣ — Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Nor­we­gian Helsin­ki Com­mit­tee ) шудааст.

 

Миқрози таҳрири “Озодӣ” дақиқан болои ҳамин иттиҳом омадааст ва ангор дар “озодибудаҳо” бар ин натиҷа расидаанд, ки шояд масъулини ин ду созмон бо зикри номи пойгоҳи “Isloh.nеt” ва ман, Муҳаммадиқболи Садриддин, кори ғалате карда бошанд. Ба ин хотир беҳтар аст, ки матни баёнияи ин ду созмонро аз дидгоҳ ва бо таҳрири мувофиқ ба хӯрду завқи худ, ки билошак ба мақомоти тоҷик ва билхосса ба Саймумин Сатторович Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки исмаш дар матни ин баёния зикр шудааст, низ хуш хоҳад омад, ба хонанда пешниҳод кунем ва “ҷузъиёт”-ро паноҳ созем, сонсур кунем. Дар ғайри сурат чиро маҳз “мағз”-и ин баёния қайчӣ зада шуд? Фикр намекунам, ки агар омадани исми пойгоҳ ва номи бандаро “мағз” гуфтам худситоӣ карда бошам. Вале аз назари борикбини “Озодӣ” дур афтодани исми як пойгоҳи айни замон пуровоза ва пурбинанда ва як нафар ҳампеша ва як бурҳоне, ки ҷузъе аз иттиҳоми ворида ба ин фаъоли тоҷики муқими Аврупо шудааст ва муҳимтар аз ин ҳама, чуноне мутазаккир шудам дар матни баёнияи ин ду созмони байналмилалӣ зикр ёфтааст, тасодуфӣ бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки номи  “Isloh.nеt” дар чунин баёнияҳо ҳар бор зикр намешавад ва як ҳолати тоза ва ба ин ҳарфи тоза таваҷҷӯҳ накардан худ шубҳабарангез аст. Ҳатто инро намешавад бар надонистан ва ё кам донистани забони англисии ходимони “Озодӣ” марбут донист. Чун “ҷузъиёт”-и ҳазф ва сарфи назаршуда дар матни аслии ин баёнияро, агар англисиро ҳам надонӣ, наметавонӣ аз паҳлуяш бидуни як бори дигар хондан ва таваҷҷӯҳ накардан рад бишавӣ.

Дар баёнияи мазкури  Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Nor­we­gian Helsin­ki Com­mit­tee ) ишора мешавад, ки аз оғози бӯҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон  беш аз шаш сол мешавад.

Инчунин дар баёния зикр шудааст, ки аз тарафи КДАМ ба Фатҳиддин Саидмуҳиддинов се шарт гузошта буданд. Ин се шарт дар баёнияи ду созмон равшан зикр шудааст:

1. Бастани саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ютуб.

2.) Шахсан аз СС. Ятимов нома навишта талаби афв намуда бахшиш пурсад.

3.) Бо сармуҳаррири Пойгоҳи Ислоҳ.нет Муҳаммадиқболи Садриддин қатъи робита намояд. 

 

Таъкид мешавад, ки бисёре аз фаъолони сулҳҷӯ ва мухолифин аз тарси таъқиб ва барои ҳифзи ҷону амният дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Ишора ба ҲНИТ мешавад ва он ба унвони як ҳизби сулҳҷӯ зикр шудааст. Таъкид мешавад, ки режими Тоҷикистон ба озодии баён дар Аврупо ва дигар ҷойҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳамчунин аз СС. Ятимов ба унвони як масъули ҳаросафкани режими Тоҷикистон ёдоварӣ шудааст.

Албатта, мо ба тарзи таҳия ва пешниҳоду нашру пахши  гузориши “Озодӣ” коре надорем ва ин ҳаққи шумост. Аммо як баёнияи ду созмони муътабари байналмилалиро, ки мухтаси Тоҷикистон аст, ба ин ҳад паркандаву пароканда ва берӯҳу беҷон ва бо сарфи назар сохтани нукоти аслии он мунташир кардан, ҳар касеро ҳам ки бар матни ин баёния дастрасӣ дорад, ба шубҳа водор мекунад, ки шумо рисолати касбии худро доред иҷро мекунед ва ё ин ки кадом масъулият ва уҳдадориҳои дигареро ҳам ба гардан гирифтаед? Барои як расонае, ки дам аз ҳимояти озодии матбуот ва ҳуқуқи башар мезанад, чунин тарзи муносибат бо кор воқеан ҳам суолангез аст. Дар зимн бояд гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба ихтисори ин баёния шакке пайдо мешавад, ки шояд “Озодӣ” гузориши ахири Вазорати хориҷаи Амрикоро дар бораи Тоҷикистон пурра чоп накарда бошад ва мо тасмим гирифтем он гузоришро аз англисӣ  тарҷума ва пурра нашр кунем.

Бо ин вуҷуд, бароятон дар Рӯзи Ҳуқуқи башар пешравиҳо ва озодии комил мехоҳам.

Total
23
Shares
Related Posts