Пахтаҳои «Музаффар-компания»-ро дар Мастчоҳ наркомафия оташ зад ё ?

Ислоҳ нет

Ислоҳ дар мавриди ҷиноятҳои мақомоти Мастчоҳ чандин матлаб нашр намудааст. Ба унвонии мо чанд моҳ пеш ин маълумот расида буд. Чанд фигурантҳои матлаб таҳқиқ ношуда боқӣ монда буданд. Рӯзи ҷумъа маълумот пурра шуд ва имрӯз онро тақдими шумо хонандагони гиромӣ менамоем.

Тирамоҳи имсол корхонаи коркарди пахтаи Масчоҳ оташ гирифт. Маҳалли ҷойгиршавии ин корхона бо номи совхозтехникум машхур буд. Он солҳо Халифаев Давлат, раис ва Мирзосамеъ Раҳимов сарагрономи совхозтехникум буданд. Тахминан дар солҳои 2002-2003 он тағйири ном ва Ассосиатсияи Рӯдакӣ ном гирифт. Мирзосамеъ Раҳимов раиси ин Ассосиатсия таъин шуд. Совхозтехникуми собиқ 6 мошинсаро (гараж) ва 2 фермаи гов дошт. Техникаи кишоварзиаш бошад, бешумор буд. Мантиқан амволи ин совхозтехникум ба мардуми инҷо тааллуқ дошт. Ва вақти тақсимот мебоист ба ҳама баробар мерасид. Аммо бо баҳонаи хусусисозӣ ва иқтисоди бозаргонӣ тақсимоти амволро тавре роҳандозӣ карданд, ки тамоми амволи совхозтехникуми сарватмандро фурӯхта вале ба мардум як тин ҳам надоданд. Дар совхозтехникум, ки 3 000 га замини обӣ дошт, 30 бригада амал мекард. Феълан дар заминаи ин бригадахо хоҷагиҳои хурду калони деҳқонӣ ташкил   шуданд. Мирзосамеъ Раҳимов, вақте раиси Ассосиатсия таъин шуд батадриҷ амволи онро фурӯхт. Дар яке аз гаражҳои он як осиёби барқии орд фаъолият мекард. Мирзосамеъ Раҳимов  ин ҳамаро бо кадом роҳҳое аз они худ кард. Ва корхонаи коркарди пахта сохт. Корхонаро ба номи писари хурдиаш гузошт: «Музаффар-компания».Акнун хоҷагиҳои деҳқонии гирду атроф: «Чинибой Эргашов», «Етумчуқӣ» ва «Ассосиятсияи Рӯдакӣ»- собиқ совхозтехникум ва дигарҳо пахтаашонро барои коркард ба инҷо меоварданд.

Деҳқонони пахтакори Масчоҳ асосан дар ҳамин хоҷагиҳои деҳқонӣ кору фаъолият мекунанд. Беш аз 30% пахтаи ноҳия дар ҳамин хоҷагиҳо рӯёнида мешавад. Раиси корхонаи коркарди пахтаи “Музаффар-компания”  Салим Мирзоев мебошад. То рӯзи оташ гирифтани корхона Салим Мирзоев  ба деҳқонон ёрдам мерасонд. Дар вақти киштукор чигит, пул, солярка, селитра ва ғайраҳоро ба мардум  дода тирамоҳ дар ивази маблағ аз мардум пахта мегирифт. Албатта бо  нархе, ки худаш муқаррар мекард. Ин намуди муомиларо дар ибтидои кораш ҷорӣ ва риоят мекард. Аммо баъде, ки мардумро ҷалб ва шумори «клиентҳо»-яш афзуд, фиребу найрангро сар кард. Ёрдами мерасонидагиашро бас кард. Пулмаст шуду ёру ошнобозиро сар кард. Раҳимов Мирзосамеъ 3 писар дорад: Салим Мирзоев раиси корхона, Музаффар корманди он ва Умар муфаттиши Ожонси коррупсия дар вилоят мебошад. Худи Мирзосамеъ Раҳимов  директории генералии корхонаи «Музаффар-компания» аст.

Ба ин омор диққат диҳед

Инҷо дар бораи ҳиллаву найранги ин корхона каме маълумот бояд бидиҳем. Фарз кардем, ки шумо 100 тонна пахта овардед. Ба шумо мегӯянд, ки 100 тонна пахтаи шумо 33% нах 50-55% чигит дорад. Боқии он партов-яъне чангу чирку ғубор аст. Ва ҳамин маъулмотро ҳам ба мардум ва ҳам ба идораи андоз медиҳанд. Ҳоло ба ин тарафи масъала аҳамият диҳед.

“Дар давраи шӯравӣ чунин ҳисобот медоданд, ки дар 100 тонна пахта 33% нах,50-57% чигит пух 1%, улюк 2-3% ва 5%угар-чангу ғубор мавҷуд аст. Яъне фарқиятро бубинед. дар давраи шӯравӣ пух-улюкро нишон медоданд ва угарро-5% мегуфтанд, ки ҳамин тавр ҳам ҳаст. Ҳар қадар, ки нахро бештар нишон диҳанд, ҳаҷми чигит ҳамон қадар кам мешавад. Аммо ҳоло ва  дар бораи пух-улюк гап намеравад. Корхонаҳои ҳозира ҳамааш моли Хитой ҳастанд. Онҳо дар 100 тонна на камтар аз 38% нах медиҳанду чигит 55% медиҳад. Пух-улюк нишон дода намешавад. Онро гарду чанг мешуморанд. Анна акнун шумо ба як чиз мутаваҷҷеҳ шавед. Агар аз ҳар сад тонна 33% фоиз нишон диҳанд, аммо дар асл 38% аст, фарқият 3 тоннаро ташкил медиҳад. Яъне аз ҳаво ва тамоман муфт 3 тонна нахи пахта фоида ба даст меоранду 5 тонна чигит. Пух-улюкашон бошад беҳисоб.”

Корхонаҳои коркарди пахта даромади хеле зиёд доранд. Имсол “Музаффар-компания” 7000 тонна пахта қабул кард. Ҳоло агар аз рӯи 33% ҳисоб кунем 2122 тонна ва агар аз рӯи 35% нах ҳосил мешавад. Дар инҷо чигит ва пух-улюкро ба ҳисоб намегирем. Ҳисоб кунед, ин корхона ки чи қадар фоида ба даст оварда ва ё меоварад. Аз ин 7000 тонна байни 33 ва 35% нахи тоза ба даст меорад. Лозими зикр аст  ки ин корхонаро ду нафар Мирзосамеъ Раҳимов ва хусурбачааш Ҷумъабой Сангинов шарикӣ сохта буданд. Ҷумъабой Сангинов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон, ва муовини пешини раиси вилояти Суғд мебошад. Онҳо ду кас чаҳор сол якҷоя кор карданд. Аммо баъдан байнашон барои пул ҷангу ҷангол шуду кори шарикиро қатъ карданд. Хонуми Ҷумъабой Сангинов аз Данғара аст. Тибқи маълумотҳо байни Мирзосамеъ Раҳимов  ва Ҷумъабой Сангинов барои тақсими 50 ба 50 низоъ сар мезанад. Зеро Мирзосамеъ  розӣ намешавад. Аммо дар асл сабаби ҷудошавии онҳо Ҳасанов Абдувваҳҳоби, наркобарон ва вакили маҷлиси ноҳиявӣ аз ҲХДТ мебошад.

“Абдувваҳҳоб Ҳасанов бо писари Мирзосамеъ ҳамсинфанд. Абдувваҳҳоб Ҳасанов бо пулҳои ҳаромаш сари писари Мирзосамеъро гаранг карда ба бизнеси онҳо «қӯш» шуда бозии ҳароми худро сар мекунад. Абдувваҳҳоб Ҳасанов одами кайфӣ аст. Вай Умар ва Салимро ҳам як бало карда дар кайф мешинонад ва онҳоро қарздор мекунад. Ҳамин тавр пул пешниҳод карда Ҷумъабой Сангиновро аз байн мебарорад. Аммо аз ин корҳо худи Мирзосамеъ, падари Умар ва Салим дарак надорад. Имсол дар мавсими пахта танҳо мардуми пулдор, яъне соҳибкорон ва каму беш деҳқонон дар ин корхона пахтаи худро барои коркард карда ва барои захира дар инҷо монданд, то ки бо мусоид шудани нарх бифурӯшанд. Соҳибкорон барои ҳар тонна ба деҳқонон аз 10.000 то 11.000 сомонӣ ҳақгузорӣ карданд, яъне хариданд. Ин пахтаҳо дар корхона амбор шуданд. Худи Абдувваҳҳоб Ҳасанов бо кӯмаки Умар ва Салим 500 тонна харида захира намуд. Ҳамин тавр дар корхона 7000 тонна пахта коркард карда шуд.”

Шаби 24 ба 25 декабри соли 2021 корхонаи мазкур оташ гирифт. Амборҳои нах комилан ба коми сӯхтор рафт. Хабари ин сӯхтор дар тамоми расонаҳо тасвир гардид. Тамоми мардум барои нишондани оташ ба корхона омада кӯмак намуданд. Худи ҳамон рӯз аз сӯхтаву хокистар шудани 2000 тонна нахи пахта хабарҳо ба нашр расиданд. Аммо то ба имрӯз ягон нафар аз масъулони корхона воқеияти ҳаҷми зарарро ба мардум нагуфтааст. Агар шумо дар яке аз наворҳои Ютуб дида бошед ба ном як соҳибкор худро соҳибмулки ин корхона муаррифӣ карда дар кори наворбардории хабарнигор монеа эҷод мекунад. Дар асл ин нафар соҳибмулки корхона нест. Ин ҳамон қаҳрамони барномаҳои Шумо Абдувваҳҳоб Ҳасанов мебошад. Вай дар байни милисаҳои бо либоси мулкӣ, ки яке аз онҳо худро деҳқон мешиносонад, бо ин журналист ба баҳс мепардозад. Лекин ин нафар деҳқон набуд, як милиса аз шайкаи Абдувваҳҳоб Ҳасанов аст. Абдувваҳҳоб Ҳасанов мардумро ором карда мегуфт, ки шумо ором бошед, тамоми зарари расидаро пурра пардохт мекунам, ба журналистҳо ҳам гап назанед. Аммо бо гузашти се моҳ аз ин ҳодиса мардуми боваркарда ба Абдувваҳҳоб Ҳасанов дар чорроҳа ҳайрону музтар мондаанд. Идораи оташнишонӣ хостанд, ки хулосаи фавқулодда диҳанд. Аммо Мирзосамеъ Раҳимов розӣ нашуд. Вай хулосаҳоро дар назди мардум бароварда онро нокофӣ ва нодуруст баровард. Ба хулоса омаданд, ки корхонаро қасдан оташ задаанд. Ва ин хулосаро тасдиқ намуданд. Аммо болои нахҳо бензин рехта аз кӯча шишаи бензинро ба дохил партофтанд, яъне санҷиданд. Маълум шуд,ки бо ин тарз имкон надорад, ки сӯхтор ба амал ояд.

М.Раҳимов : “пули пахтаҳои сухтаро аз мо намегиред”

Инҷо мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба тарафи дигари масъала бикашам. Як кип-тойи нах аз 200 то 250 кг мебошад, ки сахт «пресс» кардагӣ аст. Имкон надорад, ки сӯхтор дохили ин тойҳо бишавад. Боло-болои онҳо месӯзад вале дохилаш намедарояд. Шабе, ки корхона оташ гирифт худи раиси он Салим Мирзоев навбатдор буд. Аммо дар ҷойи кораш қарор надошт. Баъди занги кормандонаш ба маҳалли ҳодиса меояд. Корхона бо камераҳои муосири сабт муҷаҳҳаз аст. Он пахтаҳоеро, ки наҷот дода шуданд, дубора коркард мешаванд ва ба мардум тақсим карда медиҳанд.

“Мирзосамеъ Раҳимов ба мардуми зиёндида гуфта истодааст, ки 14.6%-и зиёнро бармегардонад. Агар тафтишот гунаҳкоронро ёфт боқии зарарро аз онҳо мегиред. Мардум 86%-и зиёнро бояд аз ҷинояткори номаълум талаб кунад. Гап дар инҷо аст, ки вақте бо корхона шартнома мебандед, дар он таъкид мешавад, ки дар ҳолатҳои фавқулодда-ҳодисаҳо ва офатҳои табиӣ корхона ҷавобгар намешавад. Барои мисол дар ҳолатҳои селхезӣ, заминҷунбӣ, раъду барқ, ки ҳаводиси табиист, корхона зиёнро пардохт намекунад. Аммо оташ ва сӯхтор ва дигар ҳодисаҳо корхона ҷавоб медиҳад ва пурра зиёнро ба муштариҳояш бармегардонад.”

Лекин айни ҳол ин ҳолатҳоро ҳеҷ кас ба инобат намегирад. Мо барои худамон ба воситаи мутахассисон маълум кардем, ки дохили кип-тойи нах  танҳо бо роҳи «порох» задан оташ мегирад, яъне оташ дар даруни нах медарояд. Барои ҷойгир кардани порох вақт даркор аст ва ин вақтро дар дохили корхонаи муҷаҳҳаз бо камераҳо танҳо кормандони он дошта метавонанд. Барои ҳамин яке аз кормандони корхона ҳатман дар сӯхтори корхонаи «Музаффар-компания» даст дорад. Ин нафар порохро на кам аз 1 кг дар тойи нахҳо чошида сипас «маргансовка» -и тозаро аз болояш ҳамроҳ намудааст ва порох ва маргансовка реаксия дода ин оташсӯзӣ ба амал омадааст. Шумо агар ба ҳамон наворҳои нашршуда ҳам таваҷҷӯҳ фармоед, нури ин оташ аз дурӣ мисли тиру камон-камони Ҳасан Ҳусейн шафақ медиҳад манзур радуга аст. Шафақи анвори оташ, ба гуфтаи мутахассис ба чунин натиҷа меорад, ки он кори дасти корманди худи ин корхона аст. Далели дигар ин аст ки камераҳои назоратии он маҳз дар ҳамон лаҳзаҳо «шах»   шудааст, ки шубаҳанок мебошад. Ва,далели дигар дар бораи бо порох даргирондани корхона ин аст, ки яке аз муфаттишони милисаи ноҳия Имомзода Имом (Муминов Имом) аз рӯзи аввал ба ин хулоса омада буд, ки  сӯхтор амали барқасдона аст ва бо роҳи истифодаи порох сурат гирифтааст ва камераҳоро ҳам амдан «шах» кардаанд. Ва ба эҳтимоли зиёд яке аз кормандони завод ба ин кор даст дорад. Аммо ин хулосаи муфаттиши милиса ба намояндаи прокуратура ва идораи оташнишонӣ (пожарний) ва баъди ин Имомзодаро аз кор гирифтанд. Ва,дигар дар ягонҷо аз ин далелҳои овардаи муфаттиши милиса ёд накарданд. Иллат ва сабаб бояд дигар комилан равшан шуда бошад.

Як мошини пахтаҳои дуздидашуда оташ гирифт

Баъди оташсӯзӣ дар корхонаи «Музаффар-компания» як мошини фураи шаҳрванди Тоҷикистонро дар сарҳади Қазоқистон, ки ба самти Русия мерафт бо беш аз 11 тонна нахи пахта ба оташ заданд. Тибқи маълумоти расида ин мошини пахта ба Абдувваҳҳоб Ҳасанов тааллуқ доштааст. Гуфта мешавад, ки ҳоло як гурӯҳи ғайриқонунии пахтафурӯшон дар вилояти Суғд ташкил шудааст. Онҳо «мимо» Ҳасан Асадуллозода ва оилаи Раҳмонов, ки тиҷорати пахта дар Тоҷикистонро монополия кардаанд, бизнеси худро ба роҳ мондаанд. Дар ин гурӯҳ кормандони амнияту андозу гумрук ҳам шомиланд ва гӯиё Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой ва Абдувваҳҳоб Ҳасанов дар пушти саҳнаи ин гурӯҳанд. Ин пахта тавассути Русия бо роҳи обӣ ба Туркия бурда мешудааст. Абдувваҳҳоб Ҳасанов ин пахтаҳоро барои «перекритийи» героин ба Русия ва Туркия мебурдааст. Дар даруни кипҳо героини зиёд ҷойгир карда мешудааст. Нафари асосие, ки ин наркотикҳоро мефурӯшад Абдувваҳҳоб Ҳасанов мебошад. Чунки вай дар ФСБ-и Русия «криша»-и боқувват дорад.

“Ва, далели асосии дигар ин аст, ки ҳамин пахтаи оташгирифта дар сарҳади Қазоқистон ба гумони зиёд аз ҳамон пахтаҳои пеш аз оташсӯзӣ дуздидашуда аз «Музаффар-компания» мебошад. «Музаффар-компания» баъди оташсӯзӣ то чанд муддат ҳақ надошт, ки пахта фурӯшад.”

Сӯхтор дар ин корхона кори Абдувваҳҳоб Ҳасанов мебошад. Ва дар ин ҳодиса худи Салим ва Умар Раҳимовҳо «қӯш»-анд. Ва гӯиё Мирзосамеъи падари онҳо бехабар мебошад. Ҳоло аз ин кор онҳо чи фоида мебинанд? Дар амал Салим ва Умар, ду бародар фиреб мехуранд. Фоидаи бисёрро Абдувваҳҳоб Ҳасанов ба даст меоварад. Аз рӯи маълумотҳои мо Абдувааҳҳоб Салим ва Умарро якунм миллион доллар қарздор карда ва роҳи тиҷорати навро ба инҳо нишон дода боз ҳам бештар ба қарз ғӯтавар мекунад. Хуллас, нақшаи Абдувваҳҳоб Ҳасанов ин аст ки Мирзосамеъ ва бачаҳояш Салим ва Умарро ба қарз нишонад, писаронашро дар героин ва баъдан онро ба нархи арзон мегирад. Абдувваҳҳоб Ҳасанов дар чунин корҳо таҷрибаи бой дорад. Ҳарчи тиҷорате, ки Абдувваҳҳоб Ҳасанов дорад бо чунин роҳҳо, бо роҳҳои «подстава» ба даст овардааст. Ин корҳоро дар Русия ба воситаи ФСБ ва дар Тоҷикистон бо воситаи КДАМ мекунад. Ҳамин ҳоло ҳам қасди вай тиҷорати Салим ва Умар Мирзоевро гирифтан аст. Яқин аст ки Шумо ва  хонандагону бинандагони шумо дар тааҷҷуб хоҳед шуд, ки чаро онҳо корхонаи худро ба оташ мекашанд ва боваратон ҳам намеояд. Онҳо пешакӣ зиёда аз 500-тона нахи пахтаро шабона дуздида обу лой карданд. Сипас корхонаро оташ заданд. Чизи дигар. Агар мошинҳои оташнишонӣ сӯхторро бо пена хомӯш мекарданд   талафот  кам мешуд ва ҳақиқат рӯи об мебаромад. Инҳо сӯхторро бо об сокит карданд. Яъне амалан болои шӯъла ва забонаҳои оташ равған рехтанд. Дар болои равғани даргирифта об рехтан номумкин аст. Ягона роҳаш истифодаи пена буд.

  “Аммо имрӯз худи Мирзосамеъ Раҳимов ба хусурбачаи худаш гумонбар мебошад. Яъне ба Ҷумъабой Сангинов «подозрении» дорад. Аммо ин гурӯҳи пахтадузд аввал нахро пешакӣ дуздидаву фурӯхтанд ва дар ҷои нах тойҳои улюкро монда сипас корхонаро оташ заданд. Дар асл он пахтаҳое, ки дар гирифтанд онҳо тойҳои улюк буданд. Ва он тойҳои нимасӯз волокно-нах буданд.”

 «Мафия»-и пахтадуздон зиёда аз 2-сол аст, ки пахта ва нахи пилаи вилояти Суғдро пинҳонӣ аз оилаи Раҳмонов дуздида ба хориҷа фурӯхта истодаанд. Зимнан, инро ҳам бояд бигӯем, ки чанд соли ахир ҳамаи нахи пила-абрешимро оилаи Раҳмонов ба Хитой содир мекунад. Раҳмонов дар Хитой корхонаи пиларесӣ дорад. Агар муфаттишон бихоҳанд, ки ҳақиқат ошкор шавад бояд Абдувваҳҳоб Ҳасановро бо командаш «конкретно» саволу ҷавоб кунанд. Чаро Абдувваҳҳоб Ҳасанов барои сабти ҳолати сӯхтор ва сӯҳбат бо шоҳидони ин ҳодиса ба кори журналистон монеъа эҷод кард? Ва, ба кори журналистон чаро он милисаҳои бо либоси мулкӣ монеа эҷод карданд? Ба ин милисаҳо Абдувваҳҳоб Ҳасанов супориш дода буд, то ин корро кунанд. Боварии комил дорем деҳқононе, ки дар рӯзи аввали ҳодиса бо тавсияи Абдувваҳҳоб Ҳасанов хомӯширо пеша карданд, баъдан  овози худро баланд мекунанд, аммо он вақт дер шудааст.

Инро бояд дар охир зикр намоем,ки ар пайи ин оташсӯзӣ ҳудуди 700 тонна пахтаи тайёр ба коми оташ рафта, ба кормандони мақомоти сӯхторнишонӣ муяссар шудааст, ки беш аз 400 тонна пахтаро аз коми оташ наҷод диҳанд.

Ҳаҷми хисороти расида аз сӯхтор дар анбори пахтаи ширкати “Музаффар компания”  ҳудуди 140 миллион сомонӣ (беш аз $12 млн) ҳисоб шудааст.

Ps: “Ислоҳ” ба раиси ноҳияи Мастчоҳ ҷаноби Аъзам Ализода, ки чанд моҳ аст ба ин мақом нишаста аст. Ин ҳодиса дақиқан пас аз интисоби ӯ ба ин мақом сурат гирифтааст, ин ҳодисаро ҷиддӣ бубинанд. Деҳқонони бечораро сарсону саргардон ва ҳоли бадашонро аз ин бадтар накунанд. Зарари дидаи онҳоро комилан ҷуброн кунанд. Ба Раҷаббой Аҳмадзода ҳушдор медиҳем аз ҳамкорӣ бо “наркомафия” даст кашанд ва танҳо дар фикри кисаи худ набошанду ба мушкилоти сокинони навоҳии зери саитари худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Фикр накунад,ки бо пешниҳоди кардаи чоплусонааш барои унвони  дукарата “қаҳрамон”ӣ додани пешвояш ҳама ҷиноятҳои ӯ нодида гирифта мешаванд. Маълумотҳои хело хатарнок ва ё махсӯсан хатарнокаш ба “Ислоҳ” расидаанд ва дар ҳолати бе таъсир мондани ин ҳолатҳои рух дода ҳатман онҳоро тақдими миллат хоҳем кард. Боварии дорам пас аз нашри онҳо дигар курсии сарвазириро дар хобаш мебинанд. Мо гуфтему шумо шунидед!

Share This Article