Панҷаи шуми “оила” бар Панҷ сояафкандааст 

Ислоҳ нет

Аввалин муроҷиати панҷиҳо ба «Ислоҳ.нет»

(бахши аввал)

Бародари арҷманд, Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Панҷ ва аз дохили ватан ба шумо ин номаро менависам. Барномаҳои шуморо аз соли 2019 тамошо мекардам. Вале аз ба шумо занг задан ё навиштан истиҳола мекардам. Аммо вақте  барномаҳои 82-83-юми шуморо тамошо кардам, ман дигар натавонистам боз ҳам сабр кунам,тарсро канор гузоштаму ба навиштан шурӯъ намудам. Ва, инак аз Панҷ бароятон менависам:

Шурӯъ  мекунем аз  қумондон Ҳаким Қаландаров  

Дар ҷ/д Нури Ваҳдат, дар деҳаи Ҳалқаёр. Дар инҷо маркази омӯзишии марзбонҳо (учебний сентр) амал мекунад. Марз бо Афғонистонро нигоҳ мекунад . Ҳаким  дар инҷо як заводи сангмайдакунӣ (шебен)дорад. Сангро аз дарёи Панҷ мегирад ва бо Камазҳояш меорад, симхори сарҳадро бурида аст. Дар он ҷо ду сарбоз шабонарузӣ бо навбат  нигоҳубин мекунанд. Ҳамаи коргарҳои заводи шебени Ҳаким  сарбозони ҳамин «учебний сентр» мебошанд.

Бо командири онҳо шартнома кардагӣ аст. Барои ин сарбозҳо фақат хурданӣ медиҳаду тамом. Кори дигаре , ки Ҳаким- қумандон мекунад, ин яқин ҷиноят аст, дар дарёи Панҷ, аз сарҳади Фархор то Қумсангир моҳиҳои дарёро бо қувваи барқ мекушад. Моҳиҳои калонашро гирифта майдаҳояшро намегирад, дар об мераванд. Ҳукумат,  амният, милиса ва прокурорро  харидааст. Дар пеши заводаш як ҷойи нишаст бо фаввора сохтагӣ аст. Ҳамаи мақомотро мебарад меҳмондориашон мекунад ва барои роҳбаронашон моҳӣ пора медиҳад. Ҳаким як мошини Прадои сиёҳ дорад. Бо суръати баланд онро меронад. Вақте ба тарафи заводаш меравад аз дохили деҳаи Вахиё мегузарад. Мардум маънаш мекунанд ва мегӯянд, ки  оҳиста рон, дар кӯча кудакҳоҳастанд. Аз мошин мефарояду  мардҳои калонсолро ҳақорату дашном медиҳад. Боз чангу хоки кӯчаро ба фалак бароварда ба роҳаш идома медиҳад. Шишаҳои мошинаш сиёҳ кардагӣ аммо ҳуҷҷат онро  ҳам надорад. Ягон ГАИ  ӯро манъ намекунад. ГАИҳои Панҷ аз ҳама ГАИҳои дигар ҷойҳо дида мурдахуртаранд. «Ставка»-и пасти пасташон 20сомонӣ. Аввалҳо як сумкаи қоғазӣ буд. Ҳоло ҳар бегоҳ як линча як линча пул мебаранд.

  ” Заводи пахтаи Панҷ аз Ҳасан-компанӣ аст. Раиси он Ҳамза ном дошт. Ҳамза аз деҳаи Партсъезди ҷ/д Заргари ноҳияи Бохтар аст. Вақте мавсими пахтачинӣ сар мешавад пости Панҷро барқарор мекунанд. Дар 18 гардиши бо ноҳияи Фархор  набояд ягон мошини пахта берун барояд.”

Агар қапиданд рост завод мебаранд, тоҳатто пули пахтаашро намедиҳанд. Як Участкаи 50-солагии Тоҷикистон буд, ки онро номгардон карда Эмомалӣ Раҳмон ном карданд. Онҷо узбекҳо зиндагӣ мекунанд, бечораҳо на ҳол доранд на рӯз. Онҳоро он қадар азобе медиҳанд, ки то бас гуфтан. Заминҳои юнучқаашонро чапагардон карда пахта корониданд. Мисли солҳои шӯравӣ. Ранги ғулом кор мефармоянд. Дар мавсими пахта раиси завод фармон медиҳад. Кормандони Идораи  сухторхомушкунӣ  тамоми ноҳияра хона ба хона мегарданд, ба баҳонаи онки дар зиддисухтор омода ҳастанд ё не? Агар дар хонаҳои мардум пахтаи насупорида ёфтанд тамом. Ҷарима мекунанд, пахтаашонро мусодира мекунанд, пул намедиҳанд. Ҳатто агар он одам нақшаи супориданро иҷро карда бошад ҳам фарқ надорад. Ё агар бисёр одамигарӣ карданд бо он нархи чанд баробар кам худашон мехаранд.

Чуноне дар Сомонаи “Бомдод” дар мавриди ин қазия омадааст:

Чанд рӯз боз даҳҳо сокинони норозӣ дар ноҳияи Панҷ бо шикоят дар назди дари нозироти андози ноҳяи вилояти Хатлон ҷамъ мешаванд. Чуноне омадааст дар хабар. Ин сокинон танҳо баъди аз онҳо талаби супоридани андоз кардани кормандони нозироти андоз хабар ёфтанд,ки мақомоти маҳаллӣ ба хотири иҷрои нақшаи солона тавассути хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаи пахтаи ҶДММ “Зам-Зам” бо номи ҳар кадоми онҳо аз 500 кило,то 4 тонна пахта навиштаанд.Бархе аз сокинон имсол дар заминҳои худ аслан пахта накиштаанд ва бархеи дигар мегӯянд,ҳосили пахтаи худро ҳанӯз насупоридаанд ва ҳосилашон низ баробари он рақаме нест,ки мақомот дар ҳисоботи худ навиштаанд ва ҳоло мақомот андоз бар асоси ин ҳосиле,ки фақат дар рӯи қоғаз вуҷуд дорад,аз онҳо талаби супурдани андоз доранд.

Бубинед зулм то куҷо расидааст: Дар нозироти андоз ба деҳқонон гуфтаанд,ки бар асоси санадҳое,ки дастрас кардаанд, онҳо бояд барои ҳар тоннаи пахтае,ки ба номашон навишта шудааст, 225 сомонӣ андоз супоранд.

Бубинед чи гӯна зулмро ниҳодина кардаанд дар Панҷ: Аз як тонна 225 сомонӣ аз ду тонна 450 сомонӣ вале агар чор тонна бошад бояд 900 сомонӣ андоз супоред. Танҳо аз ҷамоати Озодагон ба номи 1365 нафар аз ду то чор тонна навиштаанд. Яъне ҳисоботи бар дурӯғи корхонаи пахтаро бубинеду худатон қазоват кунед. Дар ҳоле имсол аслан пахта накорида буданд. Як деҳқон гуфтааст дар 30 сотих пахта коридааст вале ба номаш ду тона пахта навиштаанд. Дар ҳоле ду тонна пахтаро ҳатто аз як гектар ҷамъовардан амри маҳол аст.

“Акнун ҳоло ин ҳама шайтанат ва дурӯғ дар ин ноҳия вуҷуд дорад , раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер чаро омори бардурӯғро ба марказ медиҳад? Магар раиси Вилояти Хатлон  ҷаноби Қурбон Ҳакимзода ин сару садоҳоро намефаҳмида бошад? Чуноне оморҳои бардурӯғи Муъминободро дар мавриди картошка кашф карда будед, Панҷро ҳам назорат кунед.  “Ислоҳ” ин масалаи оморҳои бар дурӯғро дунбол мекунад ва муйро аз хамир ҷудо мекунад.”

Пистаи Панҷ дар панҷаи Таҳмина духтари Раҳмонов

Пистаи Панҷ хеле босифат ва бомазза аст. Онро як нафар бо номи шоҳи  Аҳтамҷон (одами Таҳмина  Раҳмонова-духтари Эмомалӣ Раҳмонов) забт карда гирифтааст.

Дар ҳақиқат дар таги ҳар як дарахти писта дар мавсими ҷамъоварӣ 2 корманди ОМОН  хоб мекунад. Тамоми истиқоматкунандаҳо  ҷамоати мо аз ин ҳолат бохабаранд. Мардум бо онҳо шартнома мебанданд ва мераванду  дар куҳу талу теппаи он писта мечинанд. Хӯрду хурок аз ҳисоби худи мардум. Мечинанду меоваранду месупоранд. Агар ягон кас беиҷозат равад, ӯро ҳатто мепарронанд. Омонсҳоро барои ҳамин овардагианд. Ду нафарро паррониданд. Дар тарафи «Первоймай» бошад мардум  ба кӯҳ мераванду бо «лесник»ҳо  гапзанон мекунанд. Боз бо шахси бо  инсофтараш  50 ба 50, бо беинсофи баднафсаш бошад 70 ба30 писта  мечинанд.

Як қисми кӯҳҳои Панҷро аз тарафи маҳаллаи Мирзоянс ва мақарри марзбонҳо соли  2016 Раҳматуллои Асадулло (даҳмарда) бародари Азизмоҳи зани Эмомалӣ Раҳмонов гирифта ба ҳисоби ноҳияи  Ҷалолиддини Румӣ  пештара Колхозобод гузаронд. (дар мавриди Раҳматуллои хусурбачаи Раҳмоно маълумотҳои зиёде расидаанд,онҳоро низ нашр хоҳем намуд “Ислоҳ”) Ин авлоди гушначашми Эмомалӣ Раҳмонов, бахусус  хусурбачаҳояш аз куҳҳои Панҷ фоидаи калон мегиранд. Аввал инки пистаи инҷоро аз они худ кардаанд ва дуввум чарогоҳҳоро. Чарогоҳҳоро ҳар сол ба даҳмардаҳо мефурӯшанд. Аммо даҳмарда ҳақ надорад, ки писта чинад.

Панҷаи  шуми Шамсулло Соҳибоҳ домоди Раҳмонов дар Панҷ

Ширкати «Фароз»-и домоди Раҳмонов афғонҳоро оварда дар куҳҳои Панҷ сар додааст ва онҳо шираи ров-яъне ҳамон шираи  камолро ҷамъоварӣ мекунанд. Солҳои пеш ҳамин ки ба пояи кӯҳ наздик мешудӣ, шираи ров пешат фаровон буд, ҳоло ба ҳадде канданду нобуд карданд, ки кӯҳ мебароӣ ,7-8 километр меравӣ баъд ров-шираи камолро мебинӣ. Ҳоло ҳам афғонҳо ин гиёҳи доруиро кофта истодаанд. Аммо халқ шоҳид аст, ки дигар ровро решааш намонд. Гӯиё гуфта бошанд, ҳоло ҳамаашро ҷамъоварӣ кунем, сипас дубора мекорем. Аммо решаи ров шояд садсолаҳо буд, ки дар ин куҳҳо мерӯид ва баҷо буд. Ҳоло солбасол рӯ ба нестшавӣ аст. Чунки ширкати «Фароз» онро бераҳмона нобуд мекунад.

Таҳмина Раҳмонова рамаҳои мардумро бо зурӣ дар Панҷ аз худ кард

Ба фикрам 2018 ё 2019 буд. Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов кадомеро, ки дар куҳҳои Панҷ рамаи бузу гусфанди бисёр дошт, хонасалот кард: рамаҳои онҳоро гирифт ва ба гӯшҳояшон «бирка» зад. Ҳамаи ин рамаҳоро аз они худ кард. Ин ҷабру зулм ҳатто дар давраи Чингиз нашудааст. Рамабонҳо дигар даҳмардаҳои Таҳмина шуданд. Хеле аз чупонҳо аз тарси онки молашонро Таҳмина кашида нагирад, оварданду ба сокинони деҳаҳои гирду атроф арзон-арзон фурӯхтанд. Вагарна Таҳмина гирифта дар гӯшҳояшон нишона (бирка) мезаду аз худ мекард.

Ҳолати вахими Руҳониён ва муллоҳо дар Панҷ

Дар мавриди онки ҳоло муллоҳоро, чи гуна қисме аз онҳоро «буз» кардагианд. Дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати Панҷ як   масҷиди ҷумъахонӣ ҳаст. Имомхатиби ин масҷид аз деҳаи Вахиёст, Номаш Мулломаҳмадшариф. 100% хабаркаши КГБ аст.

Дар он соле, ки  муллоҳои худотарсро аз хатибӣ гирифтанд ҳамин беимонро имомхатиб монданд. Мардум тамоман аз ӯ розӣ нест. Ҳатто писари худаш аз қафояш намоз намехонад. Дар аввалин намози ҷумъааш ба ҳайси имомхатиб давлатҳои исломии Эрону  Афғонистонро паст зад.  Дар минбари паёмбарамон  Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам)  шишт ва ҷойи мавъиза матни омодакарда -коғази аз тарафи ҳукумат додагиро хонд. Баъд давлатҳои исломиро паст зад. Гуфт, ки ман дар Афғонистон гуреза будам. Дар як сартарошхона кор мекардам. Як афғон омад гуфт, ки муйи сарамро кам кун. Ман кам кардам. Гуфт, ки пашми зери нофамро ҳам  кам кун, ки маро қаҳр кард. Якто задам, ки  дар руи замин дароз кашид. Инро ҳам бигӯям, ки аз соле, ки ҳамин одам  хатиби ин масҷид шудааст, пули сандуқи хайрияро бурда ба амният медиҳад ва ё худаш мехурад. Масҷиди ҷомеъ дар деҳаи Файзод ҷойгир аст.

Дар дохили масҷид дарахтҳои калони чанор вуҷуд доштанд. Гуфт, ки дар берун  навес мекунем  ва ҳамаи дарахтҳоро бурид. Аз  байн чанд рӯз гузашт. Омада гуфт, ки экология барои буридани дарахтҳо штрафамон кард, амният ҳам гуфт туро, ки иҷозат дод дарахтҳоро бибурӣ?

Дарахтҳо 5 то буданд. Хеле дарахтҳои калону ғафсу тануманд буданд. Аммо вай ин дарахтҳоро бурида коре накард, фурӯхт

Пули онҳоро куҷо кард, касе намедонад. Ба касе ҳам нагуфт.

Боз як ҳодисаи дигар, ки ҳамин сол рух дод. Як зан хонаи мулло Маҳмадшариф барои дуохонӣ меояд. Мулло бо вай ҳар хел корҳои номашрӯъ мекунад. Нохост зани худи мулло медарояд ва муллоро дар болои он зан меқапад. Занаш муллоро зери мушту лагад мегирад ва аз хона сур мекунад. Ин кор овоза шуда аст дар ҳама ноҳия.

  “Мардуми Первоймай ҳама фаҳмид. Мардуми намозхон рафта аз болояш  ариза навиштанд, ки ин фосиқро аз имомхатибӣ бигиред. Лекин амният аз хатибӣ нагирифт. Чун,ки ба ин мақомот ҳамин хел муллоҳо лозиманд,на муллоҳои воқеъӣ ва ҳақиқатгӯ. Ҳатто масҷиди ҷомеъ рафта мардуми Файзободро гуфт, ки маро дар ҳамин масҷид ҷой бидиҳед, зиндагӣ кунам. Мардум иҷозат надоданд, аммо ҳоло ҳам дар вазифа аст. Шармандавор гаштааст.”

Говдуздии писар ва ҷияни Шоҳиён дар Панҷ бе муҷозот боқӣ мондааст

Як ҳодисаи дигарро дар ин ноҳия мехоҳам ҳикоят кунам. Гап дар бораи ҳодисаи говдуздӣ меравад. Дар ин бора он вақт баъзе аз расонаҳо навишта буданд

Як гурӯҳ говдуздҳоро милисаҳо ошкор карданд. Онҳо чорвои мардуми ҷамоати Озодагонро дуздида буданд. Аз ҳама аҷоиботи ин дуздӣ дар он буд, ки дузди асосӣ писари раиси ноҳия буд. Номаш Сунатуло, писари раиси ноҳия Зарифхӯҷаи Шоҳиён. Як дузди дигар Шоев Қосим Азизович, писари бародари раиси ноҳия аст. Ҳам писар ва ҳам додарзодаи раиси ноҳия узви асосии ин гурӯҳи говдуздон буданд. Дуздони дигар  Донаев Комрон, писархолаи Қосим Шоев аз шаҳраки Панҷ, Некрӯзи Рустам ва Зоҳир Ҷӯрабековро, ки дар кумитаи замини ноҳияи Панҷ ба ҳайси котиб кор мекардааст ва дар ин гуруҳи дуздон нақши ронандаро иҷро мекардаааст, дастгир ва бозпурсӣ кардаанд. Аксари ин бозпурсишудаҳо дар деҳаи Имом Машрабови ҷамоати Озодагон зиндагӣ мекунанд. Раиси ноҳия бо фарзандону хешовандонаш низ аз ҳамин деҳаи Имом Машрабов мебошад.

“Аммо ягон нафар аз ин гурӯҳи говдуздҳо, ки қариб сӣ сар говҳоро дуздидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуданд, баракс ҳоло ҳам барои мисол Зоҳир Ҷӯрабеков, ки вазифаи ронандаи дастаи дуздонро иҷро мекард, ҳоло оромона ба ҳайси котиб дар кумитаи замини ноҳияи Панҷ кор карда истодааст. Барои он инҳоро ба ҷавобгарӣ накашиданд, ки писар ва дигар хешу табори раиси ноҳия мебошанд. Милисаҳо гӯё ин қазияро фаромӯш карданд. Инҷо боз ҳам бар мегардад ба ҳамон тақдими акси модари Раҳмонов дар Сангвор,ки Шоҳиён ба Раҳмонов тақдим кард ва дигар ҳаркоре мекунад мушкил нест. Аҷаб давлатдор ва давлатдорие дорем. Бо як акс ба “Пешво” дигар дахлнопазир ҳам мешавед. “

Тарҷумаи ҳоли кутоҳи раиси ноҳияи Панҷ:

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раиси ин ноҳия ва намояндаи Президент дар Панҷ 5 майи соли 1964 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омада ва соли 1987 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи обёрӣ (мелиоратор) хатм кардааст. Зарифхӯҷа Шоҳиён аз соли 2016 то 2019 раиси ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) буд. Хабаргузориҳо ёдоварӣ мекунанд, ки дар тобистони соли 2019 зимни боздиди президент Эмомалӣ Раҳмон аз Сангвор ба ӯ як портрети модарашро туҳфа карданд, ки президентро сахт ба риққат овард ва ӯ ашк рехта, аз он афсӯс хурд, ки дар вақташ ба сабаби надоштани шароит ба хидмати волидони худ дуруст расида натавонист. Ба навиштаи «Бомдод»   «Эмомалӣ Раҳмон ин туҳфаи Зарифхӯҷа Шоҳиёнро дар ёд гирифт ва баъди чанд рӯзи баргаштанаш аз сафари Сангвор Шоҳиёнро раиси ноҳияи хеле бузургтару муҳимтари Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таъйин кард.

Инро ҳам бояд бигӯям,ки сардори милисаи ноҳияи Панҷ то чанд моҳи пеш Шамсулло Ҷобиров, ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев буд, ки хелеҳоро бар ивази маблағ «кришават» мекард. Аммо ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст иллати  куштори Меҳроншо Ҷумъаев, афсари калони милиса ва нозири минтақаӣ дар ин ноҳия,ки дар дохили бинои шуъбаи корҳои дохилӣ  бо тири Калашников кушта шуд, маълум нашудааст.

Ҳоло ба ҷой ӯ Полковник Баҳром Шокирзода таъин шудааст ва дар мавриди Баҳром Шокирзода чанд маълумоти ҷиноӣ расидааст,ки рӯй онҳо кор дорем.

Дар мавриди ҷиноятҳои муташакил дар ноҳияи Панҷ,ки Прокурори ин ноҳия Холиқзода Абдулфайз Ғафор онҳоро роҳбарӣ мекунад низ маълумотҳо расидаанд. Ҳатман дар мавриди ӯ ва дигар мақомоти ноҳияи Панҷ матолибе нашр менамоем.

Поёни бахши аввал,бахшҳои дигари моро дунбол кунед ва дар навиштани маълумотҳои ҷиноятӣ аз мақомдорони Панҷ таваққуф накунед. Худатон натоиҷи номаҳои навиштаатонро бо чашми худ мебинед. Чуне,ки сокинони ноҳияҳои дигари кишвар дидаанд.

Share This Article