Панҷиҳо зери асорат ва истисмори оилаи “Пешво” (бахши дуввум)

Ислоҳ нет

Бидуни муқаддима шурӯъ мекунем ба фиғон ва доди ҷонкоҳи мардуми Панҷ. Агарчӣ тулонӣ аст вале ончи ба  “Ислоҳ” расидааст хело аз ин маълумотҳое тақдиматон менамоем бештар аст. 

Ман зодаи Тоҷикистон, аз ноҳияи Панҷ мебошам. Хурдсол будам, ки ҷанги соли 1992 сар шуд. Мардуми мо ҳам аз ин режим ва Раҳмонови золим сахт осеб дид. Падар, бародар ва тағоямро “вовчик” гуфта куштанд. Танҳо аз оилаи мо 6 нафар кушта шуд. Бовар кунед, баъди ҷанг то даҳмардаҳои Данғараву  Фархор дар мақомоти милисаи ноҳияи Панҷ омада кор карда истодаанд. Кор куҷо, фақат ба ғорати халқ машғуланд ва то тапаку лубию мошамонро бо зӯрӣ кашида мегирифтанд. Мардумро бо тӯҳмат куштанд. Муносибати онҳоро то ҳамин ҳоло бо оилаи Мирзо Зиёев мебинем. Ӯро ба қатл расониданд ва ҳама амволашро мусодира карданд. Аммо ҳанӯз ҳам дилашон хунук нашудааст. Ҳарчанд корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Панҷро, ҳанӯз вақте Мирзо Зиё зинда буд, гирифтанд. Онро Ҳасан Асадуллозода гирифта ба бародараш Ҳоҷӣ Раҳматулло додааст.

Ширкати «Исмоили Сомонӣ-Асри 21» дар ноҳияи Панҷ аз солҳои 2000 ворид шудааст.

Ҳасан Асадуллозода, раиси ин ширкат заводи пахтаи ноҳияи Панҷро бисёр мехост, ки аз они худ кунад. Он солҳо ин завод ба Зиёев Асо бародари Мирзо Зиёв (Ҷага) тааллуқ дошт. Он вақт аз Мирзо Ҷага метарсиданд. Заводро бо зӯр гирифта наметавонист.Роҳи дигарро барои гасби завод пеш гирифтанд. Зиёев Асоро бо духтарони фоҳиша ва сабукпо ва ноболиғ қапиданд. Чунки ин ҳамаро худашон аз пеш нақша кашида, тарҳрезӣ карда буданд. Дар даруни ҳамин завод сауна ва бассейн ҳаст. Кормандони амният ва милиса даромада бо камера Асоро, ки бараҳна буд, бо ҳамроҳии ин фоҳишаҳо навор мегиранд. Ин милиса ва амниятиҳо либосҳои ӯро гирифта мегӯянд, ки заводро нафурушӣ ин виде дар тамоми кишвар пахн мешавад. Асо барои такпушашро (трусӣ) пушидан сардори милиса 2.000долар мегирад, тоқа трусикашро медиҳад. То бинои шӯъба таги трусӣ мебаранд ва дар онҷо ба санадҳои хариду фурӯш имзо мегузорад. Пас аз ин ин авлоди яъҷуҷу маъҷуҷ роҳашон ба ноҳия ҳамвор шуд. Исмоили Сомонӣ Асри 21 омад. Ҳоло ҳоҷӣ Раҳматулло соҳиби ин завод асту Ҳамза раиси он. Одамҳои ҳоҷӣ Раҳматуллои хусурбачаи Президент дар кӯҳҳои Панҷ чанд ҳазор мол дорад. Вай қариб ҳамаи чарогоҳҳои ноҳияро аз худ кардааст ва дигаронро намемонад молҳои худро чаронанд.  Мардум аз дасти даҳмардаҳои лақайи ӯ ба дод омадаанд. Ҳамаи заминҳои собиқи колхозиро аз худ карда ба пахтакорӣ машғул аст. Ин ҳоҷӣ  Раҳматулло ҳамаи заминҳо ноҳияро гирифта ба дигарҳо иҷора медиҳад ва дар ин заминҳо иҷорагирон пахта мекоранд. Дар гузориши пешина дар бораи Ҳамза, директори заводи пахтаи ноҳия маълумот дода будем. Вай аз Чаппаев аст. Соли таваллудаш 1992. Солҳо барои ҳоҷӣ Раҳматулло ҳамчун шофер кор карда буд. Сипас, ӯро директори заводи пахта таъин кард. Мардуми Панҷ маҷбуранд ҳосили ҳатто аз нақша зиёди худро бурда маҳз ба ҳамин завод супоранд. Агар пахта 8 сомонӣ бошад  аммо дар завод 5 сомонӣ ҳақ ё музду қимат дода мешавад. Азбаски Ҳамза «довереный лицо»-и ҳоҷӣ Раҳматулло мебошад, касе дар ноҳия ба ӯ гап зада наметавонад. Чандин духтарҳои хонаро нодухтар кард ва ин як масалаи оддӣ ва ҷинояти ҳамешагии ӯст.

Аз пушти ҳамин ҳаромгардиҳояш буд, ки сутунмуҳраашро дар Русия ҷарроҳӣ карданд. Ин номардҳо дар ҳаққи хеле аз мардуми Панҷ туҳмат зада бархеҳоро шинониданд. Мардуми Панҷ дар зери фишори доимии  мақомоти амнияту милисаанд. Як рӯз паспортсупорӣ рафтам. Маро барои гирифтани изи панҷа (отпечатка палтси) фиристоданд ба шуъбаи милиса. Онҷо як нафар нишаста аст. Одамони зиёде мунтазир. Як нафар-як нафар медароад ва отпечатка мегирад. Занҳову духтарҳо ҳам дар навбат зиёд буданд. Дасти занҳоро мегираду ин тарафу он тараф тоб медиҳад. Гуфтам намешавад, ки як нафар милисаи зан ҳам инҷо кор бикунад. Вай ба ин гапи ман медонед чӣ гуфт? Гуфт: «чӣ,наҳзатиӣ?! Ҳозир  мебарам маҳкамат мекунам. “мо дилмон софай». Ман гуфтамаш, ки соз гап зан. Ин кори ту ба ман маъқул нест, ки масалан модару хоҳари ман биёяд, ту дасташро қапиву инсуву он су тоб диҳӣ. Дили ман ҳам соф аст. Аммо ин кор аз мусалмонӣ нест. Сад афсус, ки мардуми мо ҳам аз ислому имонаш ва ҳам аз шарафу номусаш дур шуда истодааст.

Заводи пахтаи Панҷ 35 то 40 % буҷаи ноҳияро таъмин мекард. Аммо аз рӯзе, ки инҳо заводро гирифтанд ба бюҷети ноҳия як тин ҳам намесупоранд. На пули барқ, на экология, на об, на пожарний. Ин пулҳоро мардуми бечораву мазлуми ноҳия  месупоранд.

Ширкати «Исмоили Сомонӣ-Асри 21» дар асл як ширкати фиребгар ва қаллоб аст. Вай бо роҳи найрангу фиреб заминҳои пахтаи мардуми Панҷро аз они худ кард. Баъди аз байн рафтани колхозу совхозҳо чанд сол кишвар дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Вобаста ба иваз шудани низоми иқтисодӣ заминҳо ба шахсони алоҳида ва ё фермерҳову хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим шуданд. Ба ҳар навъ як навъ озодии истифодаи замин ба миён омада буд. Аммо мардум пул надоштанд. Ва, аз ин фурсати мусоид ширкати «Исмоили Сомонӣ-Асри 21» истифода карда бо кишоварзону воҳидҳои кишоварзӣ қарордод баста ба онҳо чигит (тухмӣ), маводди сӯзишворӣ, нуриҳои минералиро бо нархҳои ду се ва ранҷ баробар дастрас мекард. Заводи пахтаи мутааллиқ ба ин ширкат оҳиста-оҳиста  кишоварзону воҳидҳои кишварзиро  ба худ мутеъ карда ва оқибат қарздоронашон кард. Деҳқонҳо ҳосили пахтаро ба ин ширкат ва заводи вай бо як нархи ночиз, ки худи онҳо муқаррар кардаанд, мефурӯхт. Вақте дигар имконияти пардохти қарз намонд заминҳоро ин ширкат кашида гирифт. Хелеҳо дигар заминҳоро партофтанду аз кишту кор даст кашиданд. Чун диданд, ки касе кор карданӣ нест воҳидҳои кишоварзиро бо як қарор афв карда дубора деҳқонони бесаводу камбағалро сари замин оварданд. Албатта ин ҳолат на танҳо дар ноҳияи мо, дар тамоми кишвар ба вуҷуд оварда шуда буд. Дигар деҳқонон худашон дар замини худашон иҷоракор шуда буданд.

“Як раиси ҳанӯз аз давраи Иттиҳои Шуравӣ номдор доштем мо бо номи Зайтуна Қаландарова. Ӯро ба маблағи 500 ҳазор доллар «налог» бастанду қарздор карданду тамми чизу чораву  заминҳову техникаашро  кашида гирифтанд. Ин раиса дар солҳои ҷанг ба мардум сахт хизмат карда буд. Вай чанд сол намояндаи Эмомалӣ Раҳмонов дар ноҳия  буд. Корро барояш ба ҳадде вазнин карданд, ки аз мардум қарз ҷамъ карда ба онҳо супорид. Ва, то ҳоло қарз мекунад. Ҳам Ҳасан Асадуллозода ва ҳам Ҳамзаи директори заводи пахта ин корҳоро ташкил карда ин зани номдор ва пуртаҷрибаро ҳамин тавр азобу шиканҷа доданд. Як навбат Ҳамза камази пахтаи ин раисаро қапид. Бурду дар завод маҳкам кард. Рӯирост дӯғ мезанад, ки «гапзанта ме..м».

Бадбахтӣ дар он  ки Ҳамзаи як замон шофер ҳоло аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ чанд нафар хушомадгӯи кунлес ва шестерка дорад. Онҳо барои вай хабарҳоро мерасонанд. Вай чандин духтарони ҷавонро таҷовуз кард, мамарозаи худро дорад. Келинчакҳоеро, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд барои Ҳамза «туғрӣ» мекунад. ( номҳои 23 зан ва номи он мама роза дар Ислоҳ маҳфӯз аст. Ба хотири вайрон нашудани хонаҳо онҳоро ифшо намекунем.)

Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳияи мо омад. Аз фаррошони мактаб то санитаркаҳои бемоистонҳои ноҳия пул ҷамъ карданд, ки дар пеши пои вай гул бихаранду бигузоранд. Омаду рафти Эмомалӣ барои ноҳияи мо як зарари дигар бар сари  деҳқонҳо буд. Ҳатто  раисони  маҳаллаҳо мисли гадоҳо хона ба хона аз ҳар оила 10 то 20 сомонӣ ҷамъ карда ба ҷамоатҳо доданд. Омаду рафти Эмомалӣ ба кадом ноҳияе бошад, ҳамаи хароҷоташ аз ҳисоби халки деҳқону камбағал аст. Инро дар тамоми Тоҷикистон мардум медонад. Пулро бо роҳи зӯрӣ ва буқагӣ ҷамъ карда мегиранд.

Чарогоҳҳо ва заводи пахтаи ноҳияи Панҷ дар дасти ширкати “Исмоили Сомонӣ-Асри 21”-и  Ҳасан (Ҳасан Асадуллозода-додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов) аст. Бо онҳо аз бинӣ боло гап задӣ капаат дуд кард. Бо тӯҳмат салафӣ ё Наҳзатӣ ё террорист мезананд. Бовар кунед аз имомхатиби ноҳия то муллоҳои деҳаҳоро амният ва милисаву суду прокурор буз гардонидаанд.

Пеш аз намозро сар кардан як соат дар ҳақи Эмомалӣ ва падару модараш ниёишу ситоиш мекунанд, баъд намози ҷумъаро сар мекунанд ва дар охири намоз боз дар ҳақи  Эмом-тапак дуъо медиҳанд. Кадом нафаре гапи имомхатибро рад кард, ӯро бо тӯҳматҳои бардурӯғ экстремист гуфта ба амниятиҳо мефурӯшад. Имомхатибҳо аз ҳар хайрияи намози ҷумъа то 800- 1000 сомонӣ бурда ба амниятиҳо “доля” медиҳанд. Ба монанди Муллоқурбони буз, писари сархатиби ноҳияи Панҷ. Агар туро бузӣ карданд-хабарат кашиданд, дигар дар дасти қасоб  меафтӣ.  Онҷо амниятиҳо ҳақоратро сар мекунанд: на занату на модарат, на дину ойин мемонад . Як даҳшат ва рэкети болои халқ аст. Ноҳияи моро “дойни корова-гови ҷӯшоӣ” кардагианд. Барои вазифаи раиси ноҳия ба кисаи Ҳасан 50.000$ доля медиҳӣ, ӯ “рекомендатсия” медиҳад. Боз ба сардори кадрҳо ва ба роҳбари Дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ, хулоса 250.000 доллар мешавад. Сипас раис меояд ва ғоратро сар мекунад. Замин, ферма, колхозу совхозҳо, кӯҳу пуштаҳоро фурӯхтаву пули додаашро меканад ва сипас боз дигараш меояд. Хулоса, ҳамин хел омадаву ҳақи ҳалқро дуздида мошинҳои хориҷӣ саворӣ карда гашта истодаанд.

Дар байни халқи худамон бузичаҳои амнияту милитсияро зиёд дорем. Барои мисол яке аз онҳо сардори пешинаи БДА-и ноҳияи Панҷ Айниддини варзобӣ бо тахаллуси бачаи Ҷалил Сагак. Ҳуҷҷати ронандаҳоро бо зӯрӣ аз дасташон гирифта, ҷаримаҳои бе асос карда, сахт пул кор мекунад. Барои онки ҳуҷҷати ронандагиро бозпас бигиред дар кабинеташ  навбат мешавад. Гоҳ рӯз мегӯянд, ки нест,имрӯз намешавад. Дар хонаи зани дуюмаш ва ё мегӯянд, ки пеши арусаш рафтагӣ, имрӯз намеояд. Боз маҷбуред, ки барои “посредник” чанд сомонӣ 20-30 сомонӣ илова ба “ҳақ”-и вай бидиҳед, ин ҳам агар аз даҳ ҳуҷҷати ронандагӣ кам набошад, сипас метавонед ҳуҷҷатҳоятонро бигиред. Нарушений доред надоред фарқ надорад. Дар боло доля дода як, ду, се сол  кор кард аммо боз кадом зӯре доляро бештар дод,ки Айниддинро бо ҳамин аз вазифа ронданд. Айниддин- бачаи Ҷалил сагак, кучуки Ҳасан компания буд. Вай бисёрии вақтҳо маст буд. Одамро одам намешуморад. Бисёр ҷавонҳоро бо роҳи бузиву тӯҳмат “подстава”  карда пул кор мекард.

Як нафар «нештатник»-и милиса -таксист- номаш аз ёдам рафт, ё Давлат буд ё Даврон аз Душанбе чор занро пасажир мегирад. 3 зан дар саршавии ноҳия мефароянд. Як зан ҷавони зебо будааст. Шавҳардор ва ҳомила ва бояд ба маркази ноҳия биравад. Таксисти нештатник  ӯро маҷбурӣ ба кӯҳ бурда таҷовуз мекунад. Он зан доду фиғон карда аз чанголи он нафар  халос мешавад. Кӯдаки дар шикамашбуда ба ҳалокат мерасад.

Ба хона рафта ба ҳодисаро нақл мекунад. Ба шавҳараш низ занг зада моҷароро баён месозад. Шавҳараш ӯро сар медиҳад. Ӯ ба мақомоти милитсия  шикоят  менависад, экспертиза  ҳамаро муайян мекунад. Бояд парванда  оғоз мекарданд вале он таксист ба сардори милиса 20 ҳазор доллар дода он занро маҷбур мекунанд, то аризаашро пас гирад ва корро «тишина» мекунанд. ( номи ин хонум ва шавҳараш дар Ислоҳ маҳфӯз аст)

Пеш аз ин як сардори милисаи дигар буд бо номи Фирӯз. Ҳоло дар Истаравшан аст. Дар мактаби деҳаи Сангвор як хонанда ноутбук меорад. Аммо чизе мешаваду  дар мактаб ноутбук гум мешавад. Ба шӯъбаи милиса муроҷиат мекунанд. Ҳама ҳамсинфонро ба шӯъба мебаранд, латукуб мекунанд ва якеаш «подозрителний» мебарояд ва ӯро маҷбур мекунанд аммо қоил намешавад. Мегуянд қоил нашавӣ таҷовузат мекунем. Ӯ мегуяд ман нагирифтаам. «Угаловник»-ҳо дар ғазаб омада ӯро таҷовуз мекунанд. Баъди чанде дуздро меёбанд ва дигаронро ҷавоб медиҳанд. Писари бечора ба хона омада номаи сиёҳашро навишта худро ба дор мекашад. Аз дасти зулми ин афрод чандин нафар  даст ба худкушӣ заданд.

Аз дасти ГАИ-ҳо як узбекбача худро ба дор овехт. Ӯро ГАИ-ҳои ноҳия чап қапида доим ҷарима мекардаанд, бечора шикояти худро навишта худро ба дор овехт. ГАИ-ҳо аз ин пости ноҳия ҳар бегоҳ як линга як сомонӣ мебурданд ва ба милисахона месупориданд. Чунки  милиса ва ГАИи ноҳия дар як бино ҷойгиранд. Ҳоло бошад як сомонаи қоғазӣ нест. барои ҳамин як сомонаи тангагӣ мегиранд. «Ставка» аз ҳар мошине, ки мебарояд ва ё медарояд, як сомонӣ аст. Агар дар ҳуҷҷатҳо ё дар мошин хатоӣ ёфтанд боз бисёртар мегиранд. Дар пости ноҳия штраф намекунанд, ҷои он фақат пул-пора мегиранд.  Ноҳияи Панҷ, ноҳияи ба истилоҳ «тупик» аст. Ду роҳи вурудӣ ва хуруҷӣ дорад. Аз як роҳаш ба самти Қумсангиру Колхозобод ва Қурғонтеппа меравӣ дуввум роҳ «повороти 18» -ба байни куҳҳо тарафи Фархор меравӣ. Дар ноҳия як кӯҳи баланд аст. Ин куҳ, куҳи шоҳи Аҳтамҷон  ном дорад. Таҳминаи Эмомалӣ Раҳмонов пистаи ҳамон куҳро тасарруф кардааст. Мардуми ноҳия асосан ба ҳамон посте, ки дар даромадгоҳи ноҳия  воқеъ аст убуру мурур мекунанд. Аз якуми октябр аст дар пости ҳамин даромадгоҳ  як мошини военкомати ноҳия  истодааст,ки дар дохили он кормандони комиссариати ҳарбӣ ва милисаҳо истодаанд. Ҳар мошине, ки аз ноҳия берун мебарояд, ГАИ-ҳо тафтиш ва кофтукоб мекунанд. Ҳар мусофири ҷавонро ҳатман мефароранд ва ба мошини худашон савор мекунанд ва ба военкомати ноҳия мебаранд. Донишҷӯ ё якка писар бошӣ ва ё хидмати сарбозиро ба ҷо оварда бошӣ  то овардани ҳуҷҷатҳо нигоҳ медоранд. Агар бинанд, ки як каме сусту бедабу даҳанӣ, суми бензин мекананд ва ё «обедпулӣ» мепурсанд.

Бузи дуюми Панҷ  Махсуми Халил аст, ки 3 зан дорад ва бо лаганбардорони гирдаш барои амнияту милиса  подхалимӣ ва фурӯшофурӯш карда мегарданд. Хоҷагии Қарокул парварии Панҷро бо роҳи фиребу шайтонгарӣ аз они худ кард. Як нафар хеле инсони хуб буд, Муҳаббати Сарҳад, молу мулки ӯро шапида гирифт. Аз Душанбе кормандони амният омада Муҳаббати Сарҳадро, ки хеле марди кордону хоксор буд, бо наркотик тӯҳмат зада зиндон карданд. Дар ҳақиқат дӯсти халқ буд. Бовар кунед дар давраҳои раисиаш Муҳаббати Сарҳад саршумори гӯсфанди қарокулиро хеле зиёд кард. Кори аз дасташ меомадагӣ барои халқро иҷро мекард. Кишти ғалларо тавре ба роҳ мемонд, ки 150-200 кас ҷойи кор меёфт. Аммо ҳамин мардро бо тӯҳмат, бо бузӣ, барои онки ҷойи корашро бигирад, фурӯхт.

“Махсуми Халил пеш аз онки ҷойи кори Муҳаббати Сарҳадро бигирад, масъули об ва насосҳо дар Идораи ҳолатҳои фавқуллода буд. Тамоми трубаҳои кӯҳу пуштаи ноҳияро ҳатто аз таги замин канда гирифту ҳамчун оҳанпора фурӯхт. Ин шахс аз нохуни пояш сар карда то мӯи сараш ба дуздӣ олуда шудааст. Агар  Худо нахоста пои гову моли мардум чарогоҳ даромад онҳоро бурда дар як амбор (склад) панҷ рӯз, шаш рӯз бе обу каҳ маҳкам карда аз мардум сари ҳар моле аз 100 то дусад сомонӣ ҷарима мебандад. Дашномҳои қабеҳ мекунад. Ҳамаро тарсонидагӣ аст, чунки бо милисаву амният кор мекунад. Ҷолиб инҷост, ки кормандони ГАИ-ро аслан писанд намекунад. Дар ягон аломати роҳ риоя намекунад. Агар хоҳад дар байни поласа мошинашро монда меравад. На танҳо байни поласа, дар ҳар куҷо,ки хост “парковка” мекунад. Ба Худо барои махсуми Халил корманди БДА  аломат ё знаки кирпич аслан вуҷуд надорад. Мошинаш,ки Лексуси сафед рақамҳои давлатияш 8607 СЕ,01 мебошад онро навстречний мемонад қандта хур гап зан ва пас аз он 25 сол бо як ҷурме худро дар зиндон мебини.”

Аз ҳисоби бараву гусфанди хоҷагӣ ҳамаро пора дода муттаҳам кардагӣ аст. Ман нохоста дар яке аз маъракаҳояшон иштирок кардам. Барракушиву арақхӯрӣ дар Каратови Панҷ. Инҷо яке аз кашарҳояшон ҷойгир аст. Раиси суд, прокурор,  амният сардори милитсия ва кормандони ин идораҳо хеле бисёр буданд. Шояд бовар намекунед, вале  рӯйи дастурхон аз анвои ғизо пур. Арақу коняку вискиву пиво ва чандин навъи гӯшт. Як даста ҳофизҳо, як гурӯҳ ошпазҳо, ва чандин нафар арус-сабукпоҳо, ки аз Душанбе оварда буданд. Аз қаҳқаҳаву хандаашон кӯҳ мегирист.

Махсуми Халил бошад бо ҳамроҳи лаганбардоронаш дар хизмат  ва подхалимии “меҳмонҳояш”машғул.  Як хоҷагии калони қарокулпарварии ноҳияро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то прокурору суду милисаву амният дуздидаву ғорат карданд. Пушти мошини ҳар кадоме аз онҳо яктоӣ гусфандро кушта ҷой карданд. Махсуми Халил хоҷагии қарокулпарварии Панҷро бо ширкати «Исмоили сомонӣ-асри 21»-и Ҳасан Асадуллозодаи бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов монополия  кардааст.  Афроде, ки ӯро мешиносанд, ҳама ҳарфҳои чопшуда дар бораи ӯро тасдиқ мекунанд. Ин мӯсафед ба сину солаш нигоҳ накарда зани саввум гирифт, ки соли таваллуди он зан 1998 аст.(ному насаб ва духтари кӣ буданаш ва чӣ гӯна бо ӯ издивоҷ карданаш дар Ислоҳ маҳфӯз аст,агар хоҳиш дошта бошад Махсуми Халил онро нашр хоҳем кард)  Ин кори шахсии ӯст, гап надорам. Вале кадом духтари соли таваллуди 98 мехоҳад бо ин гуна марди пир зиндагӣ кунад? Ин махсуми баднафси дар асл дузд як чанд вақт пештар бо судяи суди ноҳияи Панҷ Сайдаҳмад Зайдуллозода  ҷангу ҷангҷол карда ва корашон ба прокурору милиса афтод. Ҷангҷоли онҳо дар саҳифаҳои матбуот ҳам чоп шуд. Ба навиштаи расонаҳо Сайдаҳмад Зайдуллозода гуфтааст: « ба хотири ҷилавгирӣ аз даргириҳои бештар ва аз байн бурдани хусумату нофаҳмиҳои минбаъда   бо директори совхози қароқулпарварии “Панҷ”-и ноҳия Абдулҳаев Абдухалил (махсуми Халил) оштӣ шудем. Пайвандону наздиконам ва баъзе ашхоси алоҳида дар ин давом борҳо омодагиашонро барои ҷавоб гардонидан ба кирдори ноҷавонмардонаи Абдухалил Адбулҳаев иброз доштанд, аммо ман ҳар замон бо зорию зӯрӣ монеи тасмимгириҳояшон шудам. Илова бар ин, Абдулҳаев ба аъмоли номуносибаш иқрор шуд ва дар ҳузури раиси ноҳия прокурор ва раиси суд аз ман бахшиш пурсид. Оини ҷавонмардӣ он аст, ки дасти бо умеди бахшиш ба сӯят дарозшударо ноумед нагардонӣ».

Махсуми Халил ҳам ба  нашрия  «Фараж» гуфтааст: « Якҷоя шиштем, маслиҳат кардем. Якдигарфаҳмӣ кардем. Агар сухани Худову расулро гӯш  кунем, бояд ҳамдигарро бибахшем. Мо ҳам салому алейк кардем, дасти якдигарро фишурдем ва бо ҳамин ба нофаҳмӣ нуқта гузоштем, — гуфтааст Абдулҳаев. (махсуми Халил)

Директори совхози қароқулпарварии “Панҷ”-и ноҳияи Панҷ Абдухалил Абдулҳаев (махсуми Халил)низ дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” бахшиши якдигар ва муросо бо судя Зайдуллозодаро тасдиқ кард ва гуфт, “ байни худамон ҳал кардем, дигар ягон проблема нест”.

Аммо, бинобар маълумоти ба мо расида муқобили махсуми Халил дело кушоду буданд вале  бо фишори Ҳасан ва ҳоҷӣ Раҳматулло судя Сайдаҳмад Зайдулло, ки ӯро махсуми Халил  пас аз як садамаи нақлиётӣ, дар маҳзари ом дашному ҳақорат дода, латукӯб карда буд, аз даъво даст кашидааст. Чунки махсуми Халил ин дуро ҳамеша бо гӯшти гусфанди қарокулӣ таъмин мекунад.

«Фараж»  дар бораи хусмати махсуми Халил ва судяи Сайидаҳмад Зайдуллозода аз қавли судяи мазкур чунин навиштааст: «Хусумати директори совхози қароқулпарварии “Панҷ”-и ноҳияи Панҷ Абдулҳаев А. нисбат ба ман, ҳамчун судя, пас аз он сар зад, ки моҳи марти соли равон номбурда, бо дахолат ба кори судя, аз ман талаб карда буд, то аз баррасии як парванда вобаста ба баҳси замини наздиҳавлигии ду сокини ҷамоати деҳоти “Озодагон” даст кашам, аммо ман талаби ӯро рад карда, рӯзи 9-уми март, тавассути суди сайёр, бо намояндагони идораи заминсозӣ ва кормандони милисаи ноҳия ба ҷои баҳсӣ рафтем ва даъворо дар ҷояш ҳал кардем. Он рӯз ҳам Абдулҳаев А. пас ҷавоби рад шуниданаш, маро таҳдид карда, суханони қабеҳ гуфта буд. Баҳс чунин буд, ки нафари бо як оилаи маъюб дар ҳамсоягӣ зиндагидошта, чанд метр замини маъюбонро забт ва онро аз худ карда будааст ва Абдулҳаев тарафи шахси забткорро гирифта, мехост, ки ин масъаларо ман дар суд баррасӣ накунам».

Бар асоси маълумоти ба «Ислоҳ»  расида феълан  махсуми Халил аз чопи  маълумот дар борааш дар «Ислоҳ» сахт ба тарс афтода ва барои ёфтан нафари ин маълумотҳоро ба мо расонида ҷоиза таъин кардааст. 10 сар гӯсфанди қарокулӣ!! Ҳоло сахт кофтукоб карда истодааст. Дуздони калони ин хоҷагӣ дар Душанбеанд. Ман таксӣ мезанам. Ба бағоҷи мошини ман аз бозори ноҳия майда-чуйда бор карда бурданд. Ман ҳафтае як ё ду бор аз ин хоҷагӣ ду ё се гӯсфанди куштаву пӯст кардаро оварда ба хонаҳои калонҳо дар Душанбе мерасонам. Вақтҳое ки ҳаво гарм бошад корро худо зад. Барои фалон вазир ва ё прокурор гусфанди куштаро шабошаб бояд таъҷилан бурда расонӣ, “клиент” намегирӣ, то инки гушти гусфанд бӯ нагирад. Ман 100% медонам, ки тамоми ҳисоботе, ки Махсуми Халил медиҳад, дурӯғ аст, ҳамааш изофанависӣ. Вай ҳақи мардумро хӯрда истодааст. Ҳам хуни халқро хӯрда истодааст ва ҳам каттагариву савлат мекунад.

“Махсуми Халил дар асл яке аз шахсони хело дузди ҳаромхӯр аст. Ӯро танҳо шахсони лаганбардораш дифоъ мекунанд. Махсуми Халил заминҳои  гирду атрофи совхозро бо сардори кумитаи идораи замини ноҳия Шарипов Сайнуридин Ҷабборович фурӯхт. Дуздиҳои Махсуми Халил аз давраҳои МЧС то ҳанӯз давом дорад. Ҳар гоҳе номи Муҳаббати Сарҳад ба ёдам меояд дилам решреш мешавад. Махсуми Халил бо фитнаву дасиса ва туҳмат ҷойи ӯро гирифт. «Подстава»-аш кард. Ман бовар дорам, ки Муҳаббати Сарҳадро баргардонанд бо ҳамин риши сафедаш саршумори моли майдаро зиёд мекунад ва ба сокинони гирду атрофаш ҷой кор таъмин мекунад.  Аз рӯзе, ки махсуми Халил  ба вазифа омад, кӯҳу саҳро хушкиду малахзор шуд. Дар ҳоле, ки дар давраи Муҳаббати Сарҳад мардум аз ҳама чиз бениёз буданд. Амборҳо пури гандуму ҷав буд. Пахта ҳам ҳосили хуб медод.”

Мутаассифона дар байни мо мардум бузҳо ва лаганбардорҳо  хело зиёд шудаанд,  ба мисли Ҳоҷӣ Зикр .Имрӯзҳо  Раиси ноҳияи Зарифхуҷа Шоҳиён  деҳаи Эмом Машрабовро дар як ҳолати вазнин қарор додааст. Худораҳматии Эмом  Машрабов марди ҳақ ва дӯсти халқ буд. Руз мешуд Эмом Машраб  бо мардуми деҳқону фақиру маъюбон буд, саҳро ба саҳроҳо  бо мардуми ғалладараву пахтачин буд. Аммо Зарифхуҷа Шоҳиён бо писару ҷияну  хешу табораш дар ҷонамон задааст.

  “Ҳоҷӣ Зикр доғи судӣ дошт. Чаро  ва чи тавр ӯ раиси Ҷамоат интихоб шуд. Зарифхӯҷа Шоҳиён бар ивази чанд ҳазор доллар ин  ин вазифаро ба ӯ фурӯхта бошад? Чаро ягон мақомот на Прокурор, на милисаву амният ва на суд ин ҳамаро намебинад? То ҳол аз тарафи ягон мақомот  тафтишаш накардаанд.  Барои як справкаи танзим аз 250 сомонӣ то 300- 350 сомонӣ месупорем. Барои як шаҳодатномаи таваллуд то 500 сомонӣ. Ба Аллоҳ  қасам аз ман то 120$ доллар ҳам гирифтаанд. Ин ҷамоати хизматрасонӣ неву балки  штаби гургони гурусна шудааст.”

Камтар шарм кунед. Ҳамсоя, апа, хоҳар ва бародарони худатро дуздӣ мекунӣ, изо намекашӣ Камази картошкаи помош омад, куҷо шуд, касе намедонад, ва дигар помошҳо  куҷо меравед? Эй, Ҳоҷӣ Зикр??

Дар баромадгоҳи Панҷ як пост аст. Ҳар даромаду баромад 1 сомонӣ месупорем. Як рӯз то 500 -700 мошин аз ин пост мегузарад. Ҳатман ин пулро месупорӣ. Дар ин ноҳия коррупсия роҳбар ва роҳи асосӣ аст. Тамоми корро бе пора буд карда намешавад. Андоз, милиса, амният, прокурор, суд, худи коррупсия ҳамагӣ порахӯру порагир.

Пештар Шоев Зариф Ташрипович, раиси ноҳия буд. Зодаи ноҳияи Панҷ. Бузи № 1 ба ҳисоб мерафт, ягон майда раҳм надошт. Заминҳои хоҷагиҳоро, ки аз андоз қарздоранд ба зӯрӣ мегирифт. Ва ё инки ба ихтиёри “Исмоили Сомонӣ- Асри 21” -и Ҳасан Асадулло гирифта медод. Сад афсӯс, ки мардум хеле ҳам тарсидагӣ аст. Албатта баъди суханрониҳои шумо хеле бедору ҳушёр шуданд. Вале ҳанӯз ҳам бояд мардумро дастгирӣ кардан даркор!

Дар ҳақиқат ноҳияи Панҷро аз ҳар ҷиҳат ғорат карданду дороиву моликияти мардуми онро ба яғмо бурданд. Ҳатто худи Зарифхуҷа Шоҳиён, раиси имрӯзаи ноҳияи Панҷ иқрор мекунад, ки « қисми зиёди кӯдакистонҳо дар ноҳияи Панҷ дар давраи таҷдиди колхозу совхозҳо фурӯхта шудаанд. Имрӯз ба ҷойи онҳо хонаҳои шахсӣ бунёд гардида, дар сурати гирифтани ин хонаҳо ва ба ҳолати аввал баргардонидани кӯдакистонҳо бояд маблағи онро пардохт намуд».

Мо мардуми Панҷ ҳамаи ҳамватанон ва мардуми худро дустмедорем. Аммо милисаву амнияту дигару дигараш мардуми моро азият ва азоб медиҳанд, то ҳама сархаму карахту ғуломвор зиндагӣ бикунем. Мо Панҷу Кӯлоб, Данғара Помиру Хуҷанд, Исфараву Балҷувон Ёвону Қурғонтеппа Колхозобод  якҷоя дар Русия кор ва фаъолият дорем. Наход, агар мо бар зидди ин режими золим садо баланд кунем, мардуми бошарафи Кӯлоб ё Данғара хезанду моро кушанд. Моро сахт тарс дода истодаанд. Бовар кунед муаллиму  муаллимаҳоро даҳмардаву  канизи дари хонаҳои худ кардаанд. То фарзандонашон ба ғорати мардум машғуланд.

  “Шарипов Сайнуридин Ҷабборович аз моҳи майи соли 2010 дар мансаби раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Панҷ кор мекунад. Тамоми ин муддат бар ивази пулу пора ба тақсимоти ғайри қонунӣ заминҳои обиву лалмӣ ва кӯҳҳой ноҳия бо ҳамроҳи раиси  ноҳия ва суду прокурор  ва афроде  мисли Махсуми Халил машғул аст. Ин ҳама мансабдорони давлатро бо пули заминҳои халқ муттаҳам карда чи коре бихоҳад мекунад. “

Як нуктаи дигарро дар бораи ноҳияи Панҷ ногуфта наметавонем. Албатта, дар ин бора дигар расонаҳо ҳам навишта буданд. Гап дар бораи он меравад, ки мардуми моро мақомоти Идораи андози ноҳия ба ҷон расонидаанд. Онҳо аз мо барои се соли баъдӣ андоз ситонидан мехоҳанд.  Мо маҷбур шуда будем, ки дар назди бинои ҳукумати ноҳия рафта иллати ин корро бипурсем. Ин андозро онҳо андоз барои пенсия гуфта ҳатто аз онҳое, ки фавтидаанд, пул гирифтанд. Ба ҷуз ин ҳар вақте ягон сафари Раҳмонов аз ноҳия шавад ва 1 ҷашне масалан мисли Наврӯз доир кунанд. Аз омузгору пизишку талабаҳо ва боз беморхонаҳо алоҳидаву мактабҳо алоҳида пул мегиранд. Масалан аз муаллиму духтур ҳақи якрӯзаи корашро медоранд ва аз хонандаҳоки дар ноҳияи ҳудуди 25.000 аст аз 3 то 5 сомонӣ мегиранд. Воқеан ин як даҳшат аст. Аммо ҳамин даҳшат моро иҳота кардааст.

Дар деҳаи Озодагони ноҳия Панҷ  як бузи чоплуси Эмомалӣ ҳаст бо номи Ҳоҷӣ Маҳмадёр Шашаев. Вай дар вилояти Твери Русия бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад. Тиҷорат мекунад. Вай бачаҳои моро дар онҷо азобу азият дода барои сохтмону корҳои ҳукумати ноҳия маҷбур пул мегирад. Агар надошта бошиву надиҳӣ туро душмани халқ ҳукм мекунад,капаат месӯзад.

Нафари дигар Ҳоҷӣ Солеҳи  Рамазон аст. Ӯ ҳам дар Русия аст. Барои мактаб, детсад, болнитса, масҷид, роҳ гуфта аз муҳоҷирҳо ба зӯрӣ пул канда истодаанд. Ин ду нафар ба воситаи Ватсап группа ташкил кардаву ҳар рӯз 200 рубл “андоз”муқаррар кардаанд ва бояд бисупорӣ. Ё дар як моҳ бояд 5000 рубл. Беш аз ду сол аст ки ин корро идома медиҳанд. Ягон бор аз забони онҳо нашунидаем, ки шукри Худо гӯянд. Аз ин пулҳо ба ягон ятиму бечора бидиҳанд. Фақат барои сохтмон, барои фалон ҷашн, барои 30 солагии Истиқлолият. Тобистони соли ҷорӣ аз муҳоҷирони дар Русия буда пул ҷамъ карданд. Ҳоҷӣ Маҳмадёр, Ҳоҷӣ Солеҳи Рамазон ва Неъматов Ҳамзаалӣ. Инҳо ин навбат гуфтаанд,ки ин пулҳо барои кадом бинои бахшида ба 30-солагӣ будаасту лентаи онро худи Эмомалӣ Раҳмонов мебуридааст ва он бояд саривақт сохта шавад.

“Воқеият ин аст ки мо мардуми Панҷро ҳам дар дохил ва ҳам дар Русия ба мурғи тухмовар, ба инкубатор, ба гови ҷушоӣ табдил кардаанд. Ин бадбахтҳо, ки бо ҳамин ҳиллаву найрангҳо зиндагӣ доранд боз  бар зидди “Ислоҳ.нет” ва онҳое, ки барномаҳои онро тамошо мекунанд, гап мезананд. Гуфта истодаанд, ки террористро тамошо накунед. Вале инҷо ҳама фаҳмид, ки Шумо гапи ҳақро зада истодаед.”

Ҳоли Модарони мо мардуми Панҷ дар ҳақиқат’ чунин аст. Мо муҳочирон аз ҳолати дохил будаҳо бадтар аст. Дар як вагон 10 нафар болои якдигар хобем,  хона ё вагонҳоямон пур аз клапиву таракану бӯй мардаки яндигар гирифтааст вале гунг шудем,на ҳаққу ҳуқуқи худамонро медонем,агар донем ҳам тарсу ваҳшати ин золимон хомӯшамон нигоҳ доштааст. 30 сол мешавад ки дар муҳоҷират ҳастем.  Чандсоли дигар дар муҳоҷират мемонем дар деҳаҳоямон баъди хатми мактаб ҳама Россия фирор мекунанд. Аллоҳ шоҳид аст аз як оила то 4.5.6 нафар болои якдигар дар Русия дар изтироб ва ваҳшати ҳам мақомоти Тоҷикистон ва Русия зиндагонӣ дорем .Бояд Мардум шиносанд ин гурӯҳҳои ғоратгару дуздонро

“Аз Руссия 20 ҳазор сомонӣ равон кардаам ки Лойлуқай хонаамро берун бароранд ягон ёрдам нашуд ва набуд. Хешу таборони Махсуми Халил Гирифтанду мо не ва дигар Ҷамоатҳониз ба мисли мо буд.”

Боз ин Лаънати Маорифи Панҷ Асомуддинзода Шарофиддинро намегӯед, ҳаминқадар хашми зиёд дорам. Манро ба ҷурми Салафи  ки қариб дар даҳони шағолҳо Партояд лек пул додаму чонамро харидам бегуноҳ будам ба Худо Қасам. Бахудо аз дасти ин Лаънати чи иншоотҳои дар мактабҳои миёнаро дузди дорад агар дуздиашро гуфтед, капат дуд мекунанд хело маҷруҳ аст дилам сахт дард дорад аз ин нохалафи буз.

Кумитаи Замин Шарипов Сайнуридин ҳам хело бедодгариҳо дорад дар Панҷ, бетараф набошед хеле хап кардем,ҳой мардуми ҷабрдида ва аз заминҳо маҳрум шуда нависед, бетараф набошед, то  дуздҳо ва ғоратгаронро мардум хуб шиносанд.

Ва дар охир як чизи дигарро мехоҳам бигӯям ва он ҳам дар мавриди гурезаҳои афғон. Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат дар сарҳади Афғонистон ҷой дорад. Моҳи август, ки Толибон  Афғонистонро гирифтанд, мардуми деҳа  саҳар  аз хоб бедор мешаванд, дар қабристони деҳа чанд тан афғонҳоро дида ба амнияти ноҳия хабар медиҳанд. Амният меояд мебинад, ки гурезаанд ба амнияти вилоят занг мезанад, амнияти вилоят ба амнияти ҷумҳурӣ занг мезанад. Амнияти ҷумҳурӣ мегӯяд, ки аз кадом роҳе омадаанд ба ҳамон роҳ баргардонед бираванд. Яке аз онҳо дар паспортний столи  Афғонистон кор мекардааст. Мардони калонсол буданд. Зор-зор гиря мекарданд. Мегӯянд, ки моро ба Афғонистон барнагардонед, ки моро онҷо мекушанд. Аммо ҳамон хеле,ки сарҳадро гузашта буданд ҳамон хел  баргардониданд.

Ноҳияи Панҷ 29-уми августи соли 1930 бо номи ноҳияи Саройкамар дар бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар солҳои 1931-1936 ин ноҳия Ба уманобод ва дар солҳои 1936-1963 Кировобод номида мешуд. Ноҳияи Панҷ яке аз ноҳияҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ аст, ки дар ҷануби вилояти Хатлон ҷойгир аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Панҷ аст, ки 117 км ҷанубтар аз шаҳри Бохтар ҷойгир аст. Аз ин шаҳр то Душанбе 206 км роҳ аст. Ноҳияи Панҷ бо масофаи 880,6 километри мураббаъ дар дараи рӯди Панҷ ва марз бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар шимол бо ноҳияи Румӣ, дар шарқ бо ноҳияи Фархор, дар ғарб бо ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳамсоя буда ва дар ҷануб бо ноҳияҳои Имомсоҳиб ва Арчи вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаммарз мебошад. Бар асоси тақсимоти маъмурӣ, ноҳияи Панҷ 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат дорад: Панҷ (шаҳрак), Кабут Сайфиддинов, Меҳвар, Намуна, Озодагон, Нури Ваҳдат.

Поёни бахши дуввум,идома дорад бо “Ислоҳ” бошед ва панҷ ҷамоати ноҳия Панҷ ва шаҳраки он ҳарчи доред фиристед,то дардатон расонаи шавад. Бубинем “Пешво” чуноне гуфта буд шуморо дӯст медорам дар гуфтааш содиқ аст ва ё мисли дигар ваъдаҳо ва суханонаш дурӯғ гуфтааст. Агар ислоҳи вазъ дида шуд шуморо дӯст медоштааст. Аммо боз ҳам караки андохту тағйироте сурат нагирифту лаҷоми духтару, хусурбачаю, намояндаҳои ғоратгарашро барначиду ҷамъ накард, пас……

Share This Article