Пас аз Исфара Амирзода. Р ба ғорати Ваҳдат гузашт

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Замони роҳбарии Қодиров Анвар ба ноҳия аксари мардуми Ваҳдат аз кору амали ӯ норизо буданд.

Лекин баъди Қодиров як хунхоре ба сари ҳокимият дар Ваҳдат омад, ки мардум аз нафаскашӣ монд.

Ин Раҳмоналӣ Амирзодаи хунхор рафиқ ва дӯсти наздики Раҳмонов ва «собутилник»-аш будааст. Хонаи Раҳмонов равуо доштааст, ҳамроҳаш арақ мезадааст ва барои корҳои ҳатто дигарҳо ҳам «через» мешудааст.

Барои мардуми Ваҳдат дидор ва мулоқот бо вай хеле душвор аст. Вай ки дар дуздиву ғорати мардум таҷрибаи калон дорад ва дар симои Раҳмонов пуштибон таҷрибаи Исфараро дар Ваҳдат хеле ҳам васеътар истифода кард. Яъне фурӯши замину талу пуштаву чарогоҳҳо. Раисони ҷамоатҳоро даъват карда ва дастур медиҳад, ки барои мардуми безамин бояд замин бидиҳем. Албатта, ин ба хотири фурӯши замин ва сумҷамъкунӣ аст. Раисони ҷамоат ҳам мунтазири ҳамин дастур аз мардуми хоҳишманд аз 4000 то 7000 доллар пул мегиранд. Мардум ҳам бо боварӣ пул додан мегиранд.Раисони ҷамоатҳо пулҳои ҷамъ кардаашонро бо ду дасти адаб бурда ба Амирови хунхор медиҳанд. Аз он вақт то имрӯз 6 сол гузашт ва 6 сол боз мардум мунтазири заминанд. Шахсан худи ман шоҳидам.

Қасам ба Худо аз деҳаи мо аз як одам 10.000 доллар ва аз ду нафар 5 ҳазор долларӣ гирифт раиси ҷамоат. Як рӯз дар разбор бо мардум раиси ҷамоат гиря намекунаду бас. 150 ҳазор доллар аз мардум барои замин қарздор шудааст. Аммо ин танҳо аз як ҷамоат.Аз ҷамоатҳои дигар ҳам на камтар аз ин пули халқро гирифта сарсону саргардон карда гаштааст. Раисони ҷамоатҳо дар назди халқ шармандаву даҳансӯхта.Раҳмоналӣ Амир барои онки худро дар назди Раҳмонов нишон диҳад, ки хеле коргар ва ободкор аст дар маркази ноҳия калонтарин майдони варзишӣ дар Тоҷикистонро ба сохтан шурӯъ кард. Кош ин корро намекард. Аз тамоми бозору магазинҳову, чойхонаву ресторану саунаву аптекаву мойкаву заправкаву замен маславу,пирожкиву морожниву самбусафурӯш ҳатто бовар мекунед аз ҳоҷиҳо сум ҷамъ карданд барои ин майдон. Ба замми ин ду сол мардум, асосан муаллимони мактабҳо ва талабаҳоро маҷбурӣ барои сохтмони он ба ҳашар мебурданд. Ҳар касе ҳам ки ҳашар мерафт нону обашро худаш мебурд. Як рӯзи саг ва ҳоли дар азоб.

Соҳибкори боқуввати шаҳри мо Абдуҳалим Қодиров аст. Раиси ширкати «Ёқут-2000». Аз заводи сементаш дар Ёвон 100 тон барои сохтмони ин стадион кӯмак мекунад. Дар он вақте буд, ки сохтумонҳояш маркази ноҳия дар авҷ буд.Ба болои ин ба Абдуҳалим фармон медиҳад, ки боз 200 тоннаи дигар семет равон мекунӣ. Дар он замон «криша»-и «Ёқут-2000» марҳум Нуриддини акаи Президент буд. Соҳибкор бо Раҳмоналӣ Амиров муноқиша мекунад ва аз сари қаҳр дар шоҳидии чанд нафар мегӯяд, « пули ҷудокардаи ҳукумат куҷост барои сохтмони стадион? Ман дигар як кило семент намедиҳам, аз дилам баровардам барои ободи шаҳрам- 100 тонна бас».

Баъди ин муноқиша Раҳмоналӣ Амири шайтон дар назди Президент соҳибкорро сиёҳ мекунад, ки бечора то хол хонаҳои сохтаашро ҳуҷҷатгузорӣ карда ба мардум дода наметавонад ва то ҳол мардум дар ин хонаҳо бо шартнома зиндаги доранд. Чандин сол аст ки Рахмоналӣ Амирзода дар шаҳри Ваҳдат кор мекунад. Аммо дар шаҳр ягон ҷои обод намонд. Дар шаҳр биноҳои чор ошёнаи сохтаи солҳои шӯравӣ зиёд аст. Дар онҳо аҳолии зиёд зиндагӣ мекунад. Ин раиси порахӯри ҳаромкор саҳна ва масоҳати байни ин биноҳоро, ки барои бозии кӯдакона ва ё барои ворид шудани мошини сӯхторхомӯшкунӣ холӣ монда буданд ба соҳибкорони чун худаш беинсоф фурӯхта ва дар байни ин биноҳо биноҳои 6 ошёна бардошт. Ин амал ба ягон меъёри шаҳрдорӣ ҷавобгӯ нест. Мардуми бечора намедонад, ки ба куҷо муроҷиат кунад? Гӯиё мо мардуми Ваҳдат модари Ҷанобро кушта бошем,ки моро дар ягон мақоми давлатӣ ба кор намегирад. Намедонем барои чи?

Ба худо қасам акои Муҳаммадикқбол номерҳои мошинҳоямонро аз Душанбе мегирем, то ки камтар манъ кунанд. Дар ҳамаҷо ҳатто дар худи даруни ноҳия 08-ро бинанд тез манъ мекунанд. Модари ваҳдатӣ генерал ё вазир таваллуд намекунад. Ягон мансабдори баландмақоми ваҳдатиро мешиносед? Нест! Ҳатто дар ноҳияи худамон ба кор намегиранд. Ваҳдат монополияи Данғараву Мӯминобод шудааст. Ин гапҳои ман ягон ҷои маҳалчигӣ надорад, ҳақиқат аст, ҳақиқати талхи рӯзҳои мо аст. Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон имрӯз худаш маҳалчигист.Одамеро медонам дар шӯъбаи андози шаҳр кор мекард. Барои болотар баромадан худашро дар қайди Данғара мондааст. Ин дуруст ҳам сиёсати замони коммунистӣ буд, ки дар ҳар ноҳия ва шаҳр нафари дуввум рус буд ва дар даруни ноҳияҳо ҳам ҳатман як сардори мақомоти қудратӣ рус таъин мешуд. Ҳоло ин имтиёзро барои сокинони ноҳияи Данғара додаанд ва бархе аз ҷавонҳо ҳам моиланд, ки аз Данғара зан гиранд. Онҳо ба ноҳияҳо ва аз ҷумла Ваҳдат сумкоркунӣ меоянд. Милисаи «паспортний стол» номашро намедонам, подабон будаст. Дар муддати як сол соҳиби «Тойота-кемри»,ду зан ва 6 хона шудааст. Дар Суд, прократура, ГОСТстандарт, РОВД, амният, ҳукумати шаҳр, ҳатто дар пажарка ягон ваҳдатӣ кор намекард.

Кадом духтаре аз шавҳараш ҷудо ва ба суд муроҷиат мекунад он духтар то ба онҳо ҳамхоба нашавад. санади ҷудошавии ӯро намедиҳанд.

Ман бе далел ин суханро намегӯям, масалан хоҳари худам аз шавҳараш ҷудо шуд ва ҳангоми гирифтани ин аснод муроҷиат кард ба ӯ ин пешниҳодро карданд,ки тез коратро буд мекунем. Акнун худатон қазоват кунед,ки ман ба чи дард мубталоям ва барои чӣ ба шумо менависам. Як дӯстам дар амният кор мекунад. Мегӯяд ҳамаи кормандони шаҳри Вахдат як мафия ҳастанд. Масалан прокурор ба суд занг мезанад ва мегӯяд ягон духтари нозойидаи фасон муроҷиат кард, назди ман равон кун….. чунки ҳама бо якдигар шинос ва гоҳо хешу таборанд. Як раиси ҷамоат Абдулло Абдулвосиев алкаш шудагӣ. Вай дар фиреби раиси шаҳр хӯрд. Як ферма дошт халос шуд. Ҳоло аз мардум таги 200.000 долар қарздор шудагӣ, гурехта мегардад. Лекин ҳоло ҳам раис аст, дигар ягон одам ӯро бовар намекунад.

Дар шаҳри Ваҳдат ягон ҷой намонд. Ҳамаро фурӯхтанд. Ҳоло даст ба «садик»-боғча задаанд. Масалан як боғчаи пушти 6ум отдели куҳнагиро, ки аз Союз мондааст, 300.000 доллар ба фурӯш гузоштанианд. Ҳоло дар фурӯш аст. Замини калон дорад,марҳамат коррупсия,прокуратура санҷед агар дурӯғ бошад расман рад кунед.Бозори марказии шаҳр стоянка-истгоҳи мошинҳо дошт. Як соҳибкоре аз Муъминобод ё Данғара, шояд аз авлодҳояшон бошад, ки ин таваққуфгоҳро гирифт. Аз 70 адад мағоза бештар сохта ва як қисми онро аз 50.000 доллар боло фурӯхт ва як қисмашро иҷрора додааст, ки ҳар моҳ аз 6000 сомонӣ бештар пул мегирад. Дар инҷо ягон зарра барои даромадани мошини пожар роҳ мондагӣ нест. Оқибаташ бахайр шавад. Агар дида бошед идораи Оташнишонӣ (Пожарний охрана) дар маркази ноҳия, дар як ҷойи муносиб ҷойгир шудааст.

Соли гузашта Пешво ба Ваҳдат омад. Дар яке аз ҷамоатҳо як соҳибкори хокпоши косалеси онҳо дар Газпром кор мекардааст. Раҳмонов падарау модари ӯро хезонда аҳсан гуфт. Аммо ин мактаб бо ҳашар бунёд шуд. Шахсан падари ман чандин рӯз дар ин ҳашар иштирок кард. Хулосаи гап ин аст ки гӯиё ин мактаб аз ҷониби ин соҳибкор сохта шудааст ва барои ҳамин соҳибкор Пажаркаро «план» кашидааст. Бо раиси шаҳр маслиҳат карда ҳоло аз 6-ум отдели пешина боло дар роҳи хуруҷии ноҳия ба тарафи Файзобод як бинои баландошёна сохта истодааст ва поёни ин биноро ба Идораи оташнишонии шаҳр табдил карданист. Аммо дар асл ва ҳадаф замини «Пожарка»-ро, ки хеле калон аст,аз они худ карда бино сохтанист. Вақте ман аз Ваҳдат ба Русия парвоз мекардам ин бино дар ҳолати сохтмон қарор дошт. Ошёнаи якуми ин бино 4 бокс дорад. Вале дар як ноҳияи калон Идораи оташнишонӣ ҳамагӣ барои чаҳор мошин сарой- гараж дораду тамом. Ва ин гараж ҳам дар шафати биноҳои истиқоматӣ қарор дорад, дар ҳоле,ки пеш аз сохтмони ин биноҳо масоҳати гараж ба худаш мувофиқ буд.

Писарамакам дар синфи 7 мехонад. Ӯ баъди дарс дар майдон шаҳр машқ мекунад. Соли гузашта барои омадани Пешв бо кӯдакҳо маҷлис доир карда чи тавр пешвоз гирифтанро мефаҳмонанд. Дар ҷаласа Раҳмоналӣ Амирзода иштирок карда вақти суханронӣ мегӯяд:

«Хизмате, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи мардум кардааст пайғамбари Худо кардагӣ нест…. “

Чунин суханони ширкгӯйи Раҳмоналӣ Амирзода аз сокинони ноҳияи Исфара ҳам бароямон расида буданд. Масалан Амирзода дар як маҷлис Ба сокинони Исфара гуфта будааст:

“Шумо аҳмақед ба биҳишту дузах бовар мекунед ва худро азоб медиҳед, биҳишту дузахе вуҷуд надорад ин бофтаи муллоҳо аст ба он бовар накунед”.

Поёни бахши аввали Ваҳдат,идома дорад…

Ps: Сокинони Ваҳдат медонем шумо дар вазъияти хело баде қарор доред ва ҳолатон вахиму тоқатфарсо аст. Аз касе натарсед ба унвонии Ислоҳ нависед ва ҳар ҷинояте аз ин мақомдорони ноҳияатон медонед ва шоҳиди он будед бароямон нависед. Шахсияти шумо комилан махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Муҳим дар зулму фишори мақомоти хирасари Раҳмонов сархам накунед, шумо ҷасуртарин мардуми кишвар будед ва умедворам руҳияаатонро нашикастаанд ин золимон.

Share This Article