ПМТ:Як соли талошҳо

Ислоҳ нет

                                                       

      Паймони Миллии Тоҷикистон- эътилофи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик бо ташкили як ҷаласаи васеъ бо ширкати меҳмонони зиёде аз кишварҳои Русия, Гурҷистон, Конодо, Фаронса, Ҳоланд, Олмон, Литва, Утриш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аз аввалин соли таъсисёбии худ,таҷлил ба амал овард. Дар оғози кори ҷаласа, Шоҳнаими Карим,узви Шурои ПМТ,ки гардонандагии онро бар ӯҳда дорад,ҳуззори маҷлисро бо ин санаи таърихӣ табрик кард ва меҳмонро хайрамақдам гуфт. Шоҳнаими Карим бо як муқаддимаи мухтасар аз фаъолияти ПМТ дар як соли ахир изҳори қаноатмандӣ кард. Тибқи барномаи кори ҷаласа он ба ду бахш,яке суханронии муассисони ПМТ ва меҳмонон ва бахши дуввум саволу ҷавоб бо раиси ПМТ ҷудо шудааст ва саволҳоро метавонанд аз толор ва аз беруни он тариқи онлайн ирсол намоянд.

 

  Алим Шерзамон, муовини раиси ПМТ аз нахустин суханронони ин ҷаласа буд,ки дар робита ба бурду бохти ПМТ  суҳбат кард. Ҷаноби Шерзамонов гуфт,ки тайи як соли фаъолияти худ ПМТ тавонист ба сифати як созмони сиёсӣ ба намояндагӣ аз мухолифин ба корҳои зиёд ва муфид даст бизанад. Ба гуфтаи ҷаноби Шерзамон ҳануз аз ҳамон рузи аввали таъсисиёбии худ ПМТ  ба таври фаъолона вориди саҳна ва майдони мубориза дар ҳама сатҳҳо гардидааст. Вай аз мавридҳои дидору мулоқоти ҳайатҳо ва роҳбарияти ПМТ бо масъулони баландпояи давлатҳо ва созмонҳо ва даъват ва ширкати ПМТ ба нишастҳои байналмилалӣ ёдовар шуд. Аз ҷумла ӯ гуфт,ки  дар соли гузашта дар ҳамин шабурузҳои ҳайати ПМТ дар нишасти солонаи  САҲА- ОБСЕ ширкати фаъолона дошта ва беш аз 30 суханронии аъзои он дар ин нишаст сурат гирифтааст. Муовини раиси ПМТ афзуд,ки ҳайати гуногуни ПМТ бо намояндагони баландмақоми 15 кишвари урупӣ вохуриҳо доир карда ва мушкилоти мавҷуда дар Тоҷикистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.

 

Вай гуфт,ки моҳи октябри  соли пешин ПМТ алайҳи режими Душанбе дар Олмон як тазоҳурот  доир карда ва ПМТ муваффақ шудааст,ки конфаронси таблиғотии режими Душанбе бар зидди мухолифин ва аз ҷумла ҲНИТ дар Истамбули Туркияро лағв бисозад. Ширкати ҳайати ПМТ дар ҳамоиши Бонни Олмон ва дидору мулоқот бо Рашид Ғанушӣ, аз масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тунис  ва сафари гуруҳе аз намояндаҳои ПМТ ба Норвеж ва дидору мулоқот бо мақомоти ин кишвар ва мулоқот бо  раиси “Кумитаи Ҳелсинки”- ро низ Шерзамон аз дастовардҳои боаҳамияти ПМТ давоми як соли фаъолияти худ ҳисобид. Аммо Алим Шерзамонов ширкат ва суханрониҳои мақомоти масъули ПМТ дар нишасти ахири Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женеваро барои ПМТ бисёр ҳам босамар ва манфиатовар арзёбӣ кард. Ҳамчунин  талошҳои ПМТ ҷиҳати раҳойии Шарофиддин Гадоев, яке аз аъзои аршади ин эътилоф аз чанги режими Душанбе, таъсиси Ҷоизаи ба номи марҳум Файзинисо Воҳида  ва ташкили шабакаи махсуси ПМТ дар Ютуб ва барқарори равобити мустақим бо сокинони Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва бақия ақсои ҷаҳонро муовини раиси ПМТ аз иқдомоти муассир дар як соли ахир хонд. Ҳамкориҳои аъзои ПМТ бо созмонҳои байналмилали ҳомии  ҳуқуқ ҷиҳати таҳияи аснод барои зиндониҳои сиёсӣ ва муваффақ шудан  бар исботи бегуноҳии Б.Ёров, М,Ҳайит, З. Сайид ва даҳҳо нафари дигар,ки ҳоло ҳам СММ,ҳам САҲУ ва ҳам Амрико озодии онҳоро барои режими Душанбе шарт гузоштаастро  Алим Шерзамонв  натиҷаи заҳамоти кори ПМТ ба қалам дод.

 

Дар ҳамин ҳол набуди иртибот бо ҷавонони тоҷик чи дар Урупо ва чи дар Русияро Алим Шерзамон аз камбуди кори ПМТ донист. Вай гуфт ҳам бо муҳоҷирин ва ҳам бо ҷавонони тоҷики муқими Урупо бояд дар амри мубориза ҳамкорӣ ва алоқаро ба роҳ монд. 

Темур Варқӣ,роҳбари департаменти иттилоти ПМТ яке дигар аз ширкатдорон ва суханрони ҷаласаи  мазкур гуфт,ки ташкили ПМТ дар рузи 9 сентябр тасодуфӣ набуда як амри воқеӣ ва қонунист. Зеро маҳз иттиҳоди пешинии неруҳои мухолиф: Растохез, ҲДТ, ҲНИТ ва Лаъли Бадахшон буданд,ки барои истиқлоли давлат  талош карданд ва ҳоло ин истиқлол аз тарафи гуруҳе,ки муқобили истиқлоли давлат буд, дуздида шудааст. Варқӣ вазъияти феълии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода гуфт,ки мутаассифона онҳое имруз қудратро қабза кардаанд,ки аҳамият ва моҳияти истиқлолро намефаҳманд. Онҳо  аз истиқлол танҳо барои бойшавӣ ва фурухтани маҳсулоти зер ва руи замин истифода карда истоданд.Вай гуфт вақте бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон бо пули як кишвари бегона  сохта мешавад, аз кадом истиқлол метавон суҳбат кард. Вай афзуд дар замони ҷанги шаҳрвандӣ шояд 1 миллион ё бештар тарки ватан карда буд, ҳоло ин шумора аз ду миллион болотар аст ва сокинони Тоҷикистон даста-даста, деҳа –деҳа барои кору зиндагӣ ба Русия куч мебанданд. Ҷаноби Варқӣ аз он ба шиддат интиқод кард,ки Раҳмон ва муқаррабони ӯ мисли Ҳукумов,ки дар кишварҳои урупоӣ биноҳои чандмиллион долларӣ харидаанд, аз пули дуздида аз халқ аст ва бо маблағе,ки Раҳмону хонаводааш дуздидаанд, мешуд як Роғуни дигаре бунёд кард. Барои то имрӯзи Роғун ҳам Раҳмон,ба гуфтаи Варқӣ, пули ду агрегати дигари онро дуздидааст. Темур Варқӣ гуфт,ки ҳоло кудаки модари тоҷик ба дунё наомада 300 доллар қарздор аст аммо Раҳмон ва аъзои оилаи вай барои ятимону камбағалон сару либос мепушонанд. Пурсида мешавад ин пулҳо аз куҷо?

 

Сипас Шоҳнаими Карим риштаи суханро ба Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва узви Шурои олии ПМТ дод. Шарофиддин Гадоев зимни суханронии худ ташкили ПМТ-ро барои кулли нерӯҳои ватандуст ва озодандеш бори дигар табрик кард. Вай афзуд,ки ташкили ПМТ шаҳодати он аст,ки фарзандони содиқ ва ҷонфидои ватан дар амри мубориза ба ҳеҷ ваҷҳ кутаҳ наомадаанд ва хаста нашудаанд.

Шарофиддин Гадоев вазъи иқтисодӣ ва ба хусус тиҷорат ва тоҷиронро  дар кишвар асафбор арзёбӣ намуд. Аз ҷумла ӯ гуфт:

  “Иқтисод ва сарватҳои табиии кишвар комилан аз ҷониби  хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ғасб шуда танҳо ба манфиати онҳо ва хешовандонашон хизмат мекунад. Қариб тамоми соҳибкорони мустақил моликияташон аз ҷониби домоду духтарони Эмомалӣ Раҳмон  ғасб карда шуда ва худи онҳоро ё ба зиндон афканданд ё куштанд ва ё аз дасти ин хонаводаи Заҳҳок аз Ватани хеш фирор карданд”.

Дар идомаи суханронии худ ҷаноби Гадоев афзуд:

“Сатҳи саводноки ва маърифати ҷомеъаи Тоҷикистон рӯз то рӯз паст мегардад. Ҷомеъаи мо аз назари дастрасӣ ба саводи муосир ва технология, то рафт қафо монда ба тадриҷ дар ҳошияаи тамаддуни ҷахонӣ ҷой мегирад. Дар аксарият омору ҷадвалхои ҷахонии рушд номи Тоҷикистони азизи мо  дар радаҳои охирин қарор мегирад, ва кишвари мо дар рӯйхати 4-умин  кишварҳои камбизоати ҷаҳон карор дорад, ки ин барои мо фарзандони ин сарзамин хиҷолатовар ҳаст. Чунин вазият ҳаргиз сазовори як кишвари дорои сарватҳои ғании табиӣ, имкониятҳои васеъ ва як миллати дорои таъриху тамаддуни бузург нест”

 

Шарофиддин Гадоев,узви Шурои Олии Паймони Миллии Тоҷикистон дар ин нишаст бо сароҳат баён дошт,ки ин эътилоф барои дастёбӣ ба қудрат боз ҳам садо баланд хоҳад кард ва ин ҳақи мусаллами ҳар тоҷику тоҷикистони аст,ки барои қудрат талош бикунад. Вай илова кард,ки мо қудратро аз дасти роҳзанҳо ва авбошҳо,ки 27 сол аст халқро ғорат мекунад хоҳем гирифт:

“Мо мехоҳем, ки қудратро аз дасти як гуруҳи роҳзану авбоши бемаърифат, ки ҳокимияти  мардумро ғасб карда 27 сол аст, ки бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба қатлу куштор ва зӯроварӣ ҳокимият мекунанд  ва миллати моро ба як миллати тарсу, гадо, бечораву   муҳоҷир табдил додаанд ва боз мехоҳанд миллати моро як умр ғуломи бегонагон кунанд, гирифта ба мардуми шарифамон баргардонем. Мо мехоҳем, ки дар  Тоҷикистони азизамон  адолат тантана кунад. Аз кишоварзу муаллим ва муҳандис табиб сар карда то вазиру вакилу президент дар наздик қонун баробар  бошанд, то ки волоияти қонун таъмин гардад. Мо мехоҳам озоди баён ва тамоми озодиҳои диниву мазҳабӣ пура таъмин гардад. Шароит барои бавуҷуд овардан ва мустаҳкам кардани институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон муҳайё карда шавад. Интихоботҳои озоду шаффофи демократӣ баргузор гардад, додгоҳҳои мустақил ва одил дошта бошем”.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ  ва узви Шурои олии Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ташаккур аз Шоҳнаими Карим,гардонандаи ҷаласа,ки зимоми суҳбатро ба ӯ дод гуфт,ки режими Раҳмон ва дастгоҳҳои таблиғии он бар ин бовар буданд,ки бо аз саҳнаи кишвар рондани озодандешон ва нерӯҳои оппозитсионӣ дигар кори  онҳоро тамом кардаанд ва онҳо маҳву нобуд мешаванд. Аммо ташкили ПМТ ва як соли фаъолияти босамари он ният ва нақшаҳои бадхоҳонаи онҳоро нақше бар об кард. ПМТдавоми ин як соли фаъолият кореро анҷом дода,ки  воқкан ҳам қобили ситоиш ва тамҷид аст. Вай аз ҷумла афзуд:

  “Режими Душанбе  тамоми талошашро карда буд,ки нерӯҳои сиёсии мухолиф ва дигарандешро бемаҷол ва бемадор карда комилан нобуд созад. Дуруст аст ки ҳоло ин режими заҳҳокии раҳмоновӣ  тавонистааст  бо тарс додани мардум, шиканҷа кардани мардум ва ба муҳлатҳои зиёд зиндон кардани озодагон дар Тоҷикистон фазои сиёсиро таҳти контрол бигирад. Аммо ташкили ПМТ ва инсиҷоми ҳаракат ва қувваҳои сиёсии мухолиф нақшаи  асосии режим – маҳор ва маҳви оппозитсион ва гунгу лол ва сокит кардани онро бар сифр баробар кард, ки ин яке аз ҳадафҳои ПМТ буд”.

 

Дар ҷое дигар аз суханрониии худ Илҳомҷон Ёқубов гуфт,ки  барои ҳамкорӣ ва барқарории иртиботот бо муҳоҷирони корӣ, ки дар асл онҳо ҳам гурезаанд нақша ва барномаҳо бояд таҳия бишавад:

  “Инҷо мехоҳам як нуктаро махсус ишора бикунам,ки бояд бо ҳар роҳу василае иртбот ва алоқа бо мардуми дохил, муҳоҷирон  ва онҳоеро,ки ҳамкорӣ кардан мехоҳандро густариш бидиҳем. Ҳоло барои ин кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ,ки мушоҳида мешавад, аксарияти онҳо нисбати мо назари некбинона доранд ҳамкории зичро ба роҳ бимонем. Ҷудо аз онки ҳар кадоме аз созмонҳои таркибии ПМТ фаъолиятҳои худро доранд зарур аст,ки нақша ва лоиҳаҳои мушаххас барои  наздикшавӣ бо мардум ва ҷомеа ва посух гуфтан ба хостаҳои онҳоро пайдо бикунем. Режим, бо онки беш аз пеш золимтар, фосидтар ва дуздтар мешавад ин худ  роҳ ва шароитро барои ошкор кардани чеҳраи воқеии он фароҳам месозад”.

  Масъалаи дигаре,ки раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар суханрониаш ба он ишорат кард  интихоботҳои қрибулвуқуъ дар Тоҷикистон аст:

 “Дар соли меомада, дар Тоҷикистон ду маъракаи муҳимми сиёсӣ ҳам интихоботи парлумонӣ ва ҳам раёсати ҷумҳурӣ доир хоҳад шуд. Мо, ба унвони як нерӯи сиёсии муташаккил,ки дар ин муддат Худоро шукр тавонистаем, умедҳои нимҷоншуда ва мурдаро дар дили мардум ва ҳаводоронамон зинда ва бедор бисозем ҳақиқатҳои ин интихоботро ошкоротар ва пайваста баён созем”.

Шоҳнаими Карим, муҷрии ҷаласаи  ҷашнии Паймони миллӣ риштаи суханро ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ дод.

  Муҳиддин Кабирӣ қабл аз поёни қисмати аввали таҷлил аз солгарди ПМТ тақрибан 38 дақиқа суҳбат кард.Ӯдар оғоз ҳозиринро бо 28умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик кард.Раиси ПМТ гуфт,ки Паймон миллӣ ду паём дорад.

Паёми аввал: Мо сад дарсад дар чорчуби тамоми орзуҳо ва ормонҳое,ки миллати тоҷик дар тули таърих чӣ дар гузаштаҳо ва чӣ имрӯз барои расидан ба истиқлол ва ҳифзи он заҳмат кашидааст ва талош кардааст,кор хоҳем кард.

Паёми дуввум: Ин аст ки мо ёдамон наравад,ки дар паси ин идеяҳо ва ҳаракатҳо инсонҳои зиндае вуҷуд доштанд ва ҳоло ҳам дорад.Ин миллат барои расидан ба истиқлолият даҳҳо ҳазорашро аз даст додааст.Мо андаки онҳоро мешиносем. Бояд заҳматҳои гузаштагони худро арҷ гузорем ва қаҳрамонони имрӯзаи ин миллат,ки ҳоло дар зиндонҳо ҳастанд,ки аз гузаштагон камтар барои ин миллат заҳмат накашиданд хуб бидонем ва арҷ гузорем.

 

Ҷаноби Кабирӣ аз Муҳаммадалии Ҳайит ёдовар шуд,ки ӯ яке аз намоди барҷастаи истиқлолхоҳони ин миллат аст. Агар бузургтар аз гузаштагон ҳам набошад вале метавонам бигуям яке аз бузургони ин миллат дар ин росто аст. Агар Муҳаммадалӣ Ҳайит наҳзатӣ намебуд, муовини Кабирӣ намебуд,агар Бузургмеҳр Ёров адвокати наҳзатиҳо ва тоҷик намебуд ва аз ягон миллати дигар мебуд алакай қаҳрамони тамоми сайёра шуда буданд.Шумо киро дар таърих дидаед,ки мисли Муҳаммадалии Ҳайт таҳти шиканҷа омода нашудааст бар алайҳи бародарон ва хоҳарони худаш як туҳматеро раво бинад ва сухан гуяд.Агарчи мо иҷозат дода будем дар октябри соли 2015 ҳар бародаре,ки мехоҳад озод гардад ҳама туҳматҳоро бар сари мо гузорад ва озод шавад.Аз ин касе истифода кард, истифода карду озод шуд ва ё сабукӣ ба ӯ дода шуд. Аммо Муҳаммадалии Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ ва дигар бузургон ҳатто имрӯз ба қимати ҷонашон ҳам шуд ин иҷозати моро қабул накарданд.

 

  Бузурмеҳр Ёров ягона вакиле буд, ки медонист зиндонӣ мешавад ҳама чизро аз даст медиҳад, аммо барои анҷоми рисолати вакилияш барои эҳтироми он касбаш даст ба ин кор зад.Пас қаҳрамон кӣ аст дигар? Он қаҳрамонҳои пеш аз исломӣ,пас аз исломӣ,даврони шуравӣ магар аз инҳо бештар қаҳрамонӣ карда буданд? Агар ПМТ ба кишвар баргашт аввалин кораш шояд ин бошад,ки  ин бузургмардонро қаҳрамони миллӣ эълон мекунад ва агар мо натавонистем ин васият ба наслҳои ояндаи миллат аст ки ин масъулиятро бар душ бигиранду анҷом бидиҳанд.(Мо талош мекунем,ки матни суханронии мукаммали М. Кабирӣ,раиси ПМТро дар сайт ҷойгир бисозем)

 

Ва, ба ҳамин тартиб ҷаласаи таҷлил ва бахшида ба яксолагии ташкилёбии ПМТ дар Варшаваи Лаҳистон анҷом шуд. Аммо нуктае,ки моро бори дигар бар дурустии роҳи муборизаамон мутмаин мекунад ин аст,ки инҷо чанд нафар нест, инҷо зарфиятҳои зиф ҷамъ наомадаанд, инҷо ҳамон неруе дар ҳоли идомаи мубориза ва талош аст ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ садҳо ҳазор ҷонибдор ва пайрав дорад…..

 

Метавонед дар дигар шабакаҳои иҷтимои моро ҳамроҳи намоед:

Facebook: https://www.facebook.com/Muhammadiqbo…

Facebook: https://www.facebook.com/wasatiyat

Instagram: https://www.instagram.com/isloh_tv/

website: http://isloh.net/

Telegrama: https://t.me/islohnet

шумораи,вотсап,вайбер,имо,телеграми мо: +33 7 67 69 67 83

 

 

 

Share This Article