Поёни тури Евро-Осиёи Раиса Махсумовна ва Ҷимии Идиев Ҳусайн

Ислоҳ нет

(бахши ҳаштум)

 Тибқи ваъда, мо таҳқиқоти худро дар бораи дуздону порахорони давлатӣ, ки ҳамагӣ аз афроди наздики Пешво ва аъзои оилаи вай ҳастанд ва ё афроде ҳастанд, ки сарпарастиашонро яке аз наздикон ва ё аъзои Оила бар уҳда дорад идома медиҳем. Инчунин дар Ин матлаб дар бораи таъсири ҳафт вижаматолиби нашр намудаамон хоҳем гуфт. Пас аз нашри онҳо қаҳрамонҳои доимиямон гилаҳо намудаанд, ки охир инхел буд чаро дигар хел шарҳ додеро ҳам мардона хоҳем гуфт.

Акунун мегузарем ба асли вижаматлаби имрӯзамон.

Шумо як маротиба нисбати ҷиноятхое, ки  қаҳрамонони вижа матолиби мо содир намудаанд, агар ин ҷиноятҳоро дар кишварҳои пешрафт намудаи олам  аз тарафи шаҳрвандонашон содир мешуд чи гӯна ҷазоҳоро ба онҳо мебароварданду ба кадом солҳо онҳоро маҳкум ба зиндон мекарданд, худатон хулосабарори  намояд.  Масалан як филми амрикоӣ бо номи “Лжец, Великий и Ужасный”– 2017,  ро тамошо кунед, ин аз рӯйи  фаьолияти корӣ  ва  зиндагии  як бонкдори амрикоӣ  рӯйи  навор  омадааст, аз воқеаҳои воқеи  (реальные событие) ба навор гирифта шудааст. Албатта пас  аз нигох кардани ин фильм одам ба хулосае меояд, ки фарқ надорад шумо чи қадар пул доред, ё ин ки чи қадар шиносу ҳамшаҳриву пуштибон доред, рафиқу ҳамнишини президентҳо ҳастед, ҳатман бояд дар назди қонун ҷавоб гӯед. Ин ҳамаро мехоҳем барои он бигӯем,ки чашми шумо ҳамватани гиромӣ боз шавад ва худатон хулосаи худро бароред. Нагӯед,ки мо иғво меандозем ва танқид мекунем.

Албатта ҳаҷм ва  дорогиҳои яке аз бонкҳои кучаки амрикоро бо “Точиксодиротбонк “ муқоиса кардан иштибоҳи фоҳиш аст. Аммо ҷиноят ҳарду як хел аст, қонунҳои ҷиноӣ ва граждани ҳам қариб як хел иншо ва ба тасвиб расонида шудаанд. Танҳо ҷазоҳо ва иҷроиши қонунҳо тамоман ноинсофона мебошанд. Масалан нигоҳ кунед Пиров Тоҷиддин  бо Хушаков Қурбон баъд аз ин қадар ҷиноятҳои вахиму бузург кайфу сафо карда гашта истодаанд, лекин Бернард Мейдофф, ки барои банкрот намудани бонк, 150 соли маҳкум ба зиндон шуд.  Бернард Мейдофф  соли 2021 дар синни 82-солагӣ дар зиндони ИМА  даргузашт, яке аз фарзандонаш ба  таҳқиру танқиди мардум тоб оварда натавониста,  худро дар яке аз хонаҳои қимматтарини Амрико худро ба дор овехт. Албатта худкуши гуноҳ аст, лекин виҷдонаш дигар нагузошт, ки бо муштариҳои бонки падараш рӯ ба руй шавад. Ин виҷдони як шахси ғайри мусалмон ва мумкин аст ҳатто пайрави ҳеҷ дину оине ҳам набуд. Акун як диққат диҳед ба  фарзандони қаҳрамонони вижа матолиби мо?  Комилан баракси он мебошанд ва боз худро мусалмон ва ҳатто ҳоҷӣ ва диндор мегӯянд.

Албатта писари Хушаков Қурбон Раҳматович , ки ҳоло дар Фаронса зиндагӣ мекунаду якчанд сол пештар ду одамро бо мошин зада кушта буд, дуруст ҳам мегуяд:  «ҳалли проблемаи любой чиноятҳо  дар Тоҷикистон  ҳамаги панҷ дақиқа вақтро мегираду халос»  Манзур аз ин суханро ба фикрам ҳар Тоҷик ва Тоҷикистони хуб фаҳмид! Ин аст хулосаи  писари Хушаков Қурбон Раҳматович пас зери чархи мошин мондани ду ҷавони Тоҷик ва бо эътирофи худаш дар «панҷ минут ҳаллаш карданд» ва оромона озодона, зери ҳеҷ пайгарде нест, дар листи сиёҳ ҳам нест озодона хурда истироҳат карда гашта аст. Чаро чун,ки падараш ҷинояти одамкушияшро ҳал кардааст. Аммо агар ӯ писари шаҳрванди оддӣ мебуд ва он ҳодиса «несчастны случи»  ҳам мебуд ҳатман бо ҷазои сангини ҳама қисмҳои кодекси ҷиноӣ маҳкум ва сараш татбиқ мегашт.

Аммо дар Аврупо бошад кучактарин  қонунвайронкуни як дарди сари бузург аст, инҷо бо ду кило себу чукрии таги сангӣ ва бо ваъдаҳои дуруғини тиллоӣ кор ҳал намешавад. Дар аврупо вақте қоидаи роҳро вайрон куни ва он такрор шавад ҷазоят сангинтар ва бе ягон тардид шаҳодатномаи ронандагиятро мегиранду дубора дарс мехонӣ ва имтиҳон месупорӣ ва боз зери назорат бароят шаҳодатномаи ронандагӣ медиҳанд.  Давлате ки «пешво» дар давоми 30 сол гуё ҷонашро дар хатар гузошта шабу рӯз меҳнат кардааст, бо ду ҷумла бачаи Хушаков баҳои ҳақиқиашро додааст. Давлате, ки қонунҳои қабул намудааш  ба ҳама як хел татбиқ  намегардад, ва дар он фарқ миёни қишри ҳоким ва пулдору ашрофзода аз шаҳрванди одди дида мешавад ин давлат набуда ва қонун волият надорад. Воқеан дар давлати мо волоияти қонун аслан вуҷуд надорад. Қонун ин сухани «пешво», духтари пешво, писари пешво, домодҳои пешво, ҷиянҳои пешво ва қудову андаи ӯ мебошад.

Чи хеле дар урфият мегӯянд об аз боло лой аст.  Дар хотир оред даъватҳои Раҳмоновро оиди харидани саҳмияҳои ГЭС- и Роғун-1  дар охирхои соли 2009 ва аввалҳои соли 2010,бо  баҳонаи нишон додани  ҳисси ватандӯстӣ, (патриотизм) бо баҳонаи дар солҳои наздик халос шудани халқи Тоҷикистон аз буҳрони бе баркӣ, бо як ҳилаву найранг, бо як шайтонигариву дурӯғгӯйи, бо як фишороварӣ ба сари соҳибкорон, бо ваъдаҳои дивидендҳоро бо инсофона тақсим намудан,  зиёда аз 200 миллион доллар пули нақди мардумро чамъ намуда ба  Ориёнбонки  хусурбачааш Ҳасан Саъдуллоев гузошт.  Бо ин пулҳо Кабиров Шералӣ бо Муртазоқулов Ҷамшед ба Амрико  рафта бо пешпардохти  100%,ду ҳавопаймои “Боинг-737/900 ЕR харида омаданд, ки амрикоиҳо аз ин хари два пардохти пули ин навкисаҳо ҳайрон монданд. Чун,ки дар  даҳсолаҳои охир ширкати “Боинг” бо пешпардохти 100% ҳавопаймоҳои худро нафурӯхта буданд.  Дар тамоми дунё хариди ҳавопаймоҳо бо рохи лизинги ба роҳ монда шудаасту ҳатто Арабистони Сауди ё Амороти Муттаҳидаи Араб  ҳам  аваалан 10-15% пешпардохт ва боқимондааро  дар давоми 15-20 сол оҳиста -оҳиста пардохт менамоянд. Бо  ин қадар боигари ин кишварҳои ғанӣ ва сарватманд  ягон ҳавопайморо бо пули нақди 100% пешпардохт харидорӣ намекунад.

Инҷо боз ҳамон олими ҷавон, доцент Кабиров Шералишоҳ бо схемаи откати 20%- ба киссаи худ масъаларо ҳал намуда буд ва акаи Ҳасани Аробакашро лох карда буд. Ҳасан он вақт хамчун пассажир ба самолет ҳамагӣ 3-4 маротиба нишаста буду ба  харидани самолет ақлаш рост намегирифту бечора тасавурашро ҳам надошт. Баъд аз каме маълумот пайдо намудан бо ину он бо ақлҳо суҳбат кардан муассиси ширкати  “Сомон Эйр”  фаҳмид ки бо  ин кадар маблагхо 5-6 ҳавопаймои лизингӣ харидан хам  мумкин будааст. Пас аз фаҳмидан аз ин тарзи харид Ҳасан Саъдуллоев бо ин шакли лизингӣ шаш ҳавопаймои дигар харида ба як чазираи офшорӣ бо номи Аруба самолетхоро ба кайд гузошт. (Аруба яке аз ҷазираҳоест тобеи давлати Ҳоланд (голандия) ва хело ҷазираи хурдест. Пойтахташ Оранестад ва аҳолии ин ҷазира 113 ҳазор аҳолӣ аст.)

Ин аст он маблағҳое,  ки  мову шумо ҳамчун ватандӯст саҳмияҳои Роғунро харидори намуда, муддати 12-13 сол , то имрӯз бе барқ умр басар мебарем. Аммо ваъдаи «пешво» нисбати дивидендҳоро интизорем. Асосан мақсади «пешво» ба мо маълум гашт, ки ӯ бо як “дилсузӣ” пулҳои мардумро аз сандуқҳояшон чамъ карда ба сандуқи Оила  гузошт. То мабодо хонаҳои моро дузд назанад, рафтораш мисли падарвор буд. Бале ҳамин тавр  «пешво» ҳар як 3-4 сол бо қиссаҳои ватандӯсти ва нангу номус доштани миллат, идҳои кадуву харбузаву тарбузаш сандуқҳои мардумро холӣ карда меистад. Албатта ин ба он хотир аст, ки мабодо мардум бой шуда маст нашаванд, офарин ба ин сиёсати пешгирифтаи «пешво» !!

Аҷобати кор дар он аст, ки муаллими мактаби миёна ё ин, ки кормандони ҷамоатҳо  500-600 сомонӣ маош мегиранд, маьлумоти олӣ ҳам доранд боз охирон пулҳояшонро ба хотири «ҳидоёт ва дастуру пешниҳодоти судманди пешво» дареғ намедоранд.  Боз миёни мардуми камбағал ва нодори кишвар ташвиқоту тарғибот мебаранд, ки пулҳоятонро супоред, надоред аз бачаҳоятон талаб кунед, то ки  аз Руссия пул  бифирстанд,то ин «пешниҳодоти пешвои миллат»ро амалӣ намоем. Ин муаллим ва раиси ҷамоат ва ин мардуми нодори бечора,  худаш бошад  бо гадои духтар шавҳар медиҳад ё писар зан медихад. Бовар кунед ҳайрон мемонем, ба номи Худо ғуломӣ ва ғуломдорӣ аз ин зиёд намешавад. Ин мардумро ин қадар ба як подаи рама мубаддал гардонидааст. Актери калон дар Тоҷикистони мо  худи «пешво» аст, ӯ бояд ҳатман унвони артисти  шоиста ё хизматнишондода ҳам бигирад дар баробари ин унвонҳое бар худаш барчасп задааст.

Аз мавзуъи асосиямон  каме дур шудем вале бовар кунед инҳо дардҳое мебошанд,ки ҳар рӯз ба мо мардум занг мезананду меноланд.  Агар мо нагӯем ин суханонро аз ҳеҷ куҷое намешунавед. Инҳо дардҳое мебошанд,ки ҷомеаи имрӯзи мо моло моли ин дарду ранҷҳост.

Дар маҷлисҳои паси пардагии қаҳрамонони матлаб чӣ мегузард?

Пиров Тоҷиддин  дар як ҷаласаашон изҳори норозигӣ намуда ба тарафи  Хушаков  Курбон Раҳматович гуфтааст: «яке аз  хатогии бузурги мо дар он буд, ки баъзе шахсони бо маводи мухаддир  кору бор доштаро мо ҳамчун партнер ва ҳам шарик ба бонк гирифтем,  баракаи кор хам париду зери танкиду саркуби «Ислох» ва макомотҳо ҳам шудем, ин ҳам бошад бо тавсияи ту буд.» Бале инро мегӯянд эътирофи талх ва бадтар аз гуноҳ.

Боз дар идома Тоҷиддин Пиров чунин гуфтааст:  «Қурбон Хушаков аҷоиб характер дорад, ҳозир розӣ аст барои иқомаи доимӣ ё шаҳрвандии ягон давлати Аврупоро гирифтан розӣ аст  масҷидро монда ба гуши худ ҳалқа овехта ба танаи худ тату (татуировка)ҳам  бизанад. То ин ки ба максади худ бирасад. Ҳозир шаҳрвандии Русияро як аробакаши Тоҷик ҳам дорад»

Лекин худи  Пиров Тоҷиддин  хеле аз дунё  бо умеди шакаробу курутоб хуриаш кафо мондааст. Хушаков Қурбон Раҳматович бошад даҳҳо миллион пулҳоро бо ҳар схемаҳои шубханок  ҳамроҳи бо сохибкорони Эронӣ аз «Точиксодиротбонк»   берун кашида, шароит  ва зисту зиндагии фарзандон ва бизнесҳои худро барвакт рӯ ба роҳ ва танзим кардааст.

Ба гуфтаи худи Хушаков Қурбон Раҳматович “запасной аэродром”-и хуб ташкил намудааст. Аз аввали фаъолияти якчояашон  доимо “раис” Пиров Тоҷиддин  буд, вале Хушаков Қурбон мисли мори таги остин  маврид ва пайк меҷуст, ва доимо дар фикри мустақил шудан ё ин ки “раис” шудан буд. Албатта фикр мекунем вақташ ҳам қариб  расидааст, ки Пиров Тоҷиддин  акнун Хушаков Қурбонро “раис” гуфта дар берун интизор биистад. Аз рӯйи   маълумотҳои мо ва нақли наздикони Хушаков Қурбон  ин рӯзҳои бузург хело ва хело  наздик шудаанд. Албатта инро Тоҷиддин Пиров худаш ҳам эҳсос не балке бо чашмони сараш дида истодааст.

Ҳоло Хушаков Қурбон  бизнеси арматура ва сементи  сафедро бо Эрон шуруь кардаасту, якчанд маротиба ворид сохтааст ба Тоҷикистон. Аз рӯйи маълумотхои гирифтаи мо шарики бизнесиаш аз Эрон як хонум буда, шиносоии онҳо дар яке аз “сиға”– хонаҳои Теҳрон шурӯъ шуда будааст.  Он зан ба қавли худамон “доя” ё “Очаи Садбарг”– и он даргоҳ будаасту дар солҳои дарози “ҳамкории судманди мутақобила”  бо Хушаков  Қурбон муносибатҳои  танго танги дӯстона пайдо карда аст.  Холо бошад он зан, ки ному насаб  ва нусхаи  шиносномаашро мо аз манбаъи муътамади ба ҳардуямон , яъне ҳам Қурбон Хушаков ва «Ислоҳ» даст рас  намудем бо Хушаков бизнесро хуб ба рӯ ба роҳ намуда дар ҳоли инкишофёбӣ аст. Дар барномаи видеоии ин вижа матлаб боз пурратар бо ҳуҷҷатҳо  ва санаду мадорик тақдиматон менамоем.

Аз рӯйи  маълумотҳои ба дасти мо расида, Хушаков Қурбон аз Лондон бо хамсараш Раиса Махсумовна (номи аслияшон Алқосимбӣ), ки онхо дар мавриди шинос намудани дӯстони аврупои ҳамин тавр як номи ҳозиразамон бо маслиҳати хамдигар  ба ӯ мондаанд, воқеан номи зебо, дар хакикат янгамулло  “Раиса” хам хастанд, баъд аз мақолаҳо ва наворҳои Голивудии «Ислох», дигар  бечора Хушаков Қурбон Раҳматович  аз ҳуқуқи танхо сайругашт кардан пурра  махрум гаштаасту доимо бояд якчоя бо Раиса Махсумовна  сафар кунанд ва дар гуфтушунидҳо низ якҷоя бояд подручка бошанд. Хушаков Қурбон худаш мулло аст,  албатта ягон ривояте пайдо карда бошанд барои ин ҳамроҳии пурбаракаташон. Дар ин сафар ё тури аврупоӣ Хушаков Қурбон ва Раиса Махсумовна ба Фаронса ташриф оварданд   як ду рӯз назди писарашон буданд. Чаро ба мо тамос нагирифтанд,ки як меҳмондории хубашон мекардем ва як интервию ҳам мегирифтем ва ин ҳамаро шарҳ медоданд ва воқеан ин қаҳрамонони «Ислоҳ» набояд ҳамин хел омада бе самар бар гарданд. Сипас ҷанобон аз Фаронса  ба Олмон рафта аз аҳволи парники гулҳо хабар гирифтанд. Дар инҷо кори муҳимме пеш омад, ки бояд ба Голландия рафта баъзе тухмиҳои гулро фаврӣ бояд бо худ ба Тоҷикистон бубуаранд. Албатта ҳамин тавр ҳам намуданд, ҳоло бошад аз рӯйи  нақшаи Раиса Махсумовна бояд ба Туркия парвоз кунанд ва сипас ба Тоҷикистон  баргарданд, албатта агар нақшахои Раиса Махсумовна  тағир наёбад. Чун, ки дар Тоҷикистон гармои шадид ҳукмфармост ва тибқи маълумоти охири расида ба «Ислоҳ» вазири дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода ва як қатор мақомоти вазорати дохила ду ҳафта пеш дар Туркия буданд ва вазир баргашту ҳамроҳони вазир дар Туркия буданд, то дирӯз. Албатта бояд инро низ бигӯем, ки ҷаноби сафири кабири кишвар Ашраф Гулов оғози ҳафта ба Душанбе баргашта аст. Мисле «пешво» пас аз ончи бо Ҷамолиддин Нуралиев гузашт сахт нигарон будааст. Мисле маҷлиси оилавии зери тадобири шадиди амниятӣ қарор будааст доир гардад.

Хамин тавр турнеи Хушаков Қурбон  бо хамсараш Раиса Махсумовна давом дорад, дар ҳақиқат шоистаи таҳсину офарин ҳам ҳаст, ки ба тамоми давлатҳои аврупои кору тиҷорат дорад,  вақте  харҷ аз киссаи бечора муштариёни саргардони бонк намебуд, онро фахри миллат ҳам мегуфтем хато намекардем. Аммо афсус,ки масорифи ин сафарҳо пулҳои мардуми сарсону саргардони муштариёни «Точиксодиротбонк» аст.

Аз вижаи матлаби  гузашта Давлатали Саидов  хафагӣ намудааст, ки парики ман сиёх буд, дар видео чаро зард омадааст, мумкин аст  бо парики Ҷамолиддин  Нуралиев иваз шуда бошад. Ба наздики дар як мақолаи радиои озодӣ ҳисоботи охирони компанияи итолявӣ нашр гардид, ки дар он алакай қимати тендер аз 3,9 миллиард доллар ба 8,2 миллиард расидааст, ана инро “Дуздии Аср” ном гузорем  мешавад. Нақшаи  ҳамаи ин  махинацияҳои пулкоркуниро махз Давлатали Саидов  бо Ҷамолиддин  Нуралиев  кашидаанд, намедонем ин  ҳисобу китобҳои дар ақл чой намегирифта аз ҳисоби нодонӣ, бесаводӣ бошад ё  ин ки нафси калон доштани  аъзоёни Оила?!

Боз қайд менамоем, ки номумкин аст, ки ширкат бо қимати 3,9 миллиард доллар ғолиби тендер шаваду дар вақти сохтумон нарх 2-3 маротиба боло равад, ин маблағи  ду сола бюджети Тоҷикистон аст.

Савол ба миён меояд, ки кучоянд он   вакилони ба ном мардумӣ, кани он ба ном «ҳизбҳои сиёсӣ» ва вакилони ба гуфтаи худашон «оппозиционӣ», дар охир кани он ба ном сарвазир?! Маком ва нуфузи сарвазири дар Тоҷикистон  камтар  аз вазиру раисони вилояту раисони кумитаҳо аст, ин вазифаро бояд барҳам дод. Аслан ягон ричаги ҳокимият дар даст надорад, ғайр аз химояи бизнесхои домодҳову хешу таборони худ.

Дар вижаҳои гузашта як гурӯх одамонро мо бо хоҳиши  худашон ному насаб  ва маблағхои супоридаашон ба «Тоҷиксодиротбонк» ро нашр карда будем, бовар кунед ба сари 3-4 нафари онҳо фаврӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ омада зери пурсишу фишор баёнотҳо гирифтанд, ки шумо барои чӣ ба «Ислох» муроҷиат намудед,  магар дигар газетаву сайтхо дар Тоҷикистон набуданд?!

Аз як тараф хурсанд шудем, ки ба доди ин мардуми бечора   мақомот    эьтибор дод, лекин дар мавриди саволи муштариён, “пулҳоямонро аз куҷо ва кай мегирем” гуфтанд, бонк муфлис шуд, ҳама аз рӯйи шартнома ба  пункти  “форс-мажор” афтиден, аҷоиб давлату давлатдорӣ ва қонунҳои ғалатие дорад ин ҷаннати сохтаи пешво.

Хурсандиовараш дар он аст, ки даҳҳо нафари дигар пас аз нашри мақолаҳо  ва наворҳо муроҷиат намуданд, ки номҳои онҳоро ҳатман нависем, ва розӣ ҳастанд ба ҳамагуна кормандони ҳукумати суҳбат кунанд, маълум аст, ки халқ хеле аз ҷонаш сер шудааст аз ин ноадолатихои дар кишвар ҳукмфармо.

Идиев Ҳусейни Тоҷикматлуботро фаромӯш накардаем

Мо дар ин вижа исми Идиев Ҳусейнро ҳуқуқи нагирифтан надорем, барои он ки Идиев Ҳусейн бисёр асабӣ ва руҳафтода шудаасту такрор ба такрор ҳақорату дашном намуда мегуфтааст:  «ман ба ки бадӣ кардам, ки маро вақтҳои охир дар «Ислох» менависанд», мисли девона аз ҳама хавф мебурдааст ва ба наздиконаш гуфтааст: «касе тарафи ман нигоҳ кунад фикр мекунам ана ҳамин одам нисбати ман ба «Ислоҳ» маълумот навишта  фиристода аст. Вагарна «Ислоҳ» аз куҷо медонад аз дохили ман?».

Идиев Ҳусейн  бо одамфурӯшиву хушомад ва шайтонгари сохиби даҳҳо миллион доллар ва соҳиби вазифаву ду се зан ва 4-5 ба гуфтаи худаш “арусак” шудаасту  мехоҳад оромона давраи пири ронад. Аммо афсус ки ҳаёт як ранг намемонад, ту бо кадом роҳ ба ин мақом расидиву ин маблағҳоро ҷамъ кардию ғундоштӣ? Мо ба ту мегуем, бо роҳҳои одамфурӯшӣ, хаёти одамонро шикастан, даҳҳо нафаронро хонавайрон сохтан, аз номи Ҳасани дахмарда ба сари мардум зулму ситам намудан, амволҳои мардумро бо ҳар роҳи қаллобӣ ғасб намудан, духтарони мардумро таҷовуз кардан, ана ин аст як қисми роҳи ба максади имрӯза расидаи ту.  Ту барои расидан ва наздик шудан ба Ҳасани даҳмарда наздиктарин ашхоси худро фурӯхтӣ, то ба ин ҷоҳо расӣ. Аммо умр кутоҳ аст ва ҳама амалкарди ту пеши ин мардум ва Аллоҳ сабт аст ва ҳатман ҷавоб хоҳи гуфт.

Бо каме аз ҳаёти Идиев Ҳусайн матлабро ба поён мерасонем

Ҳоло як лаҳзаи кутоҳаки ҳаёти ҷавонии Идиев Ҳусайнро ба ёд меорем. Ҷавонии Идиев Ҳусайн дар ноҳияи Восеъ, қишлоқи Коммунизм, аз рӯйи нақли ҳамсинфонаш гузаштааст. Дар ҳақиқат чавони пеши қишлоқ будааст. Дар солҳои 1980-1983 аз ҳама сару либоси базеб, спортивный костюм “Adidas“, красовкаи Adidasдар дасташ доимо магнитофони “Весна 202″  дар болои хари хеле орову торо дода, бо номи “Ҷими”, дар гардани хар як қатор зангулачаҳои зард дар офтоб ҷило  медоданду зангула мезаданд, бо як  фахр ва ҳавобаландӣ мисли ҳозира   ду тарафи қишлоқ аз саҳар , то бегоҳ магнитофонро бо овози баланд гузошта  мерафтасту меомадааст. Ҳайрон шудем, ки номи харро  барои чи “Ҷими” гузоштааст, хамсухбати «Ислоҳ» нақл кард, ки кинофильми Ҳиндӣ бо номи  “Танцор диско”  нав баромада буду дар тамоми ҷой суруди “Ҷими-Ҷими” муд  ва хонда мешуд.  Магнитофони Ҳусейн доимо дар дасташ, дар  болои хар бо овози баланд фақат ҳамин сурудро  рӯзе мумкин садҳо ё ҳазорҳо маротиба мехондааст, хар аз зиёд гуш кардани ин суруд гоҳо аз бисёр шунидани ин шеъру мусиқӣ ба завқ омада якчанд маротиба гуё рақс кардааст, ба ҳамин хотир номи харро “Чими” монда будааст.  Идиев Ҳусайн аз ҷавонӣ “соҳибкор” ҳам будааст, бо хари худ баъзе ҷойҳо истода магнитофонро баланд дар ягон майдонча мувофиқи талаби муштариҳо мемондааст, мардум то ки рақсу бози намоянд.  Сипас мувофиқи маслиҳат ба ӯ  пул ё лимонад медода будаанд. Касоне ки қишлоқи Коммунизм, Правда ва Тугараки  Восеъро бидонанд мефаҳманд, ки он ҷо зиёдтар ҷугиҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо имрӯз аз он рӯзҳои гузаштаашро бо имрӯзаш якбор қиёс мекарда бошад? Хари Ҷимияшро бо ҷипҳои гаронарзиш иваз карда аст. Агар ин пулҳо бо роҳи ҳалол ба даст меовард ҳеҷ кас эътирозе надошт. Аммо ин пулҳо аз буҷаи кишвар ва хуни ҷигари ин мардуми мазлуми кишвар аст.

Ҳусайн Идиев ба гуфтаи мардуми қишлоқ аз хурдсоли  хуни савдогарӣ доштааст. Албатта пулҳои калон талаботашон ҳам калон аст, шартҳояшон ҳам душвор аст. Инчунин ҷавоб гуфтанаш ҳам вазмину душвортар. Мо ҳоло аз ин дунёяш гап мезанем.

Аммо Идиев Ҳусайн мақсад гузошта будааст, ки бояд ба ҳамин қуллаҳо бирасам, фарқ надорад бо мардӣ ё номардӣ ва  воқеан ҳамин тавр хам шуд. Аллоҳ оқибаташро бахайр гардонад.  Ба Идиев Ҳусайн шояд ҳаёт ва охирҳои рӯзҳои зиндагии дусту , бародараш ва ҳаммаслакаш оиди чиноятҳои  Вадудов Мадиёр дарсе шавад ва каме шабҳо фикр ҳам кунаду ба худ ояд. Тибқи маълумоти охире ба «Ислоҳ» расида Ҳасан Саъдуллоев ба ёрдамчияш супориш дода будааст,ки аз пушти ҳамин Ҳусейн наззоратро хубтар кунад. Албатта мо натавонистем фаҳмида манзур аз наззоратро хубтар кунад ба кадом мақсад бошад? Аммо мо ҳаминро медонем,ки Ҳусайн бо Ҳасан аз он солҳоест,ки Ҳасан ба Душанбе омада буд мебошад. Хело аз сиру асрори ӯро медонад, чизҳоеро медонад,ки барои Ҳасан як шармандагӣ аст. Ҳоло дигар ӯ муовини «пешво» ва тағаи Рустам ва олигархи бузурги кишвар аст. Ончи Ҳусайн Идиев медонад барои Ҳасан Саъдуллоев хушоянд нест. Хулоса пас аз Мадиёр Вадудов аз ин куҳна афроди боқимонда ҳамин Ҳусайн Идиев ҳаст ва се нафари дигар,ки асомии онҳоро низ пурра дар вижаҳои баъди хоҳем гуфт.

Бале хонандаи гиромии «Ислоҳ» дар вижаматолиби  оянда ин шо Аллоҳ аз  саргузаштҳои қахрамонҳои манфиии «Ислоҳ» маълумотҳои ҷолибу хонадание тақдими шумо менамоем.

Поёни вижаматлаби ҳаштум, бо «Ислоҳ» бошед, то бештар огоҳ гардед…

Share This Article