Прокурори «бачакуш»

Ислоҳ нет

Фаррух Абдуқодирзода, додситони ноҳияи Фирдавсӣ кист?

Абдуқодиров Фаррух Комилҷонович, прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мебошад, ки ҳоло ному насаби худро ба ин шакл:-Абдуқодирзода Фаррух Комил тағйир кардааст. Соли 1975 дар Данғара ба дунё омадааст. Феълан дар пойтахти Тоҷикистон, дар қарибиҳои беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» зиндагӣ мекунад. Оиладор аст, соҳиби 6 фарзанд. Як писар дорад, ки Шафқат ном дорад. Боқии фарзандҳояш ҳамаааш духтаранд. Фаррух соли 2006 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро тамом мекунад. Карйераи ӯ ба унвони прокурор аз шаҳри Истиқлол шуруъ мешавад. Соли 2018 прокурори ин шаҳр таъин мешавад. Мушовири адлияи дараҷаи аввал аст.

Фаррух язнаи Суҳроб аст. Суҳроби Рамазон бачаи Каромат Рамазони дузд аз Данғара ва аз дӯстони наздики президент аз давраи кораш дар Данғара мебошад,ки солҳо муовини раиси «Тоҷикматлубот»-и Тоҷикистон буд.Фаррух шавҳари хоҳари калонии Суҳроб мебошад.Суҳроб Рамазон,сардори Раёсати кадрҳои ВКД-и Тоҷикистон аст.Хоҳари Суҳроб Бунафша ном дорад. (Яъне Фарух Комил домоди Каромат Рамазон мебошад.) Бародари Фаррух генерал Абдуқодирзода Ҷамшед Комил корманди баландмақоми Хадамоти Гумрук  аст, ки вай ҳам як фосиқи дигар мебошад. Ҷамшед домоди Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аст.Ҷамшед шавҳари хоҳари вазири дохилӣ ва боҷаи Шодӣ Ҳафиззода, сардори УБОП-и ВКД аст. Чуноне гуфтем бародари дигари Фаррух генерал дар Хадамоти Гумрук аст. Вай сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ дар Хадмоти Гумрук мебошад.

Бародари дигари Фаррух полковник Абдуқодирзода Ҷаъфар Комил – сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор буд ва моҳи майи имсол ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода омад.

Бубинед, ки инҳо чанд тарафа ба ҳам печидаву танидаанд ва аз дасти зулму ситами инҳо чи қадар инсонҳои бегуноҳ азобу азият мекашанд.

 Боз як тарафи дигари ин масъала он аст ки падари худи Фаррух Абдуқодиров Комил дӯсти наздики президент будаст. Панҷ сол пеш вафот кардааст. Падари Фаррух дар солҳои 2003-2008 раиси Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон будааст. Хоҳари Фаррух Зарина ном дорад.Зарина дугона ва ҳамсинфи Озода Раҳмонова аст.

Нуктаи ҷолиб инҷо аст ки Фаррух дар тамоми мақомот бо номи «мулло» машҳур аст.Ӯ бисёр дарундор муғамбир, кинагир ва камгапу изокаш аст.Вай тамоман намозашро тарк намекардааст.Фаъолияти кории худро аз муфаттиши додситонӣ дар кадом аз ноҳияҳои пойтахт шуруъ кардааст. Баъдан яку якбора ба тавассути шиносбозӣ, ӯро  ёрдамчии прокрори ноҳияи Сино таъин мекунанд. Ин таъинот ҳанӯз пеш аз вазири дохила шудани Рамазон Раҳимзода сурат мегирад. Фаррух чунон бесавод будааст, ки судяро аз адвокат фарқ намекардааст.

 Кадом нафаре ба ӯ «совет додааст», ки барои вазифа гирифтану ба мақомҳои баланд расидан ту бояд номзади илм бошӣ. Ва ӯ дар ҳол  аз пайи унвонҷуйӣ шуд ва дар мавзӯъи «Современные конфликтогенные проблемы и их особенности проявления в Центрально-азиатском регионе» дар соли 2019 рисолаи номзадӣ дифоъ кард ва номзади улуми ҳуқуқшиносӣ шуд.

 Аммо вай дар додситонии ноҳияи Сино «обутоб» ёфтааст. Аризаҳоеро, ки ба нишонии ӯ меомаданд, ҳатто нахонда дело боз мекард. Аввалҳо аз пули калон гирифтан ибо мекард, метарсид. 200 ё 300 доллар гирифта парванда мекушод, ноҳақ ва ё ғайриқонунӣ ҳам бошад, пулро асос қарор медод. Яке аз милисаҳои шинос гуфт, ки шеф, яъне Фаррух ставкаашро баланд бардошта 500 доллар кардааст. Гуфтааст, ки ман 200 доллар мегирам.100-аш ташкилӣ, 200 доллари дигар ба Эшонқулови прокурори калон медиҳам, нисбати одаме, ки ӯ бегуноҳ бошад. Агар гунаҳкор бошад, эҳҳе, ставкааш баланд ба андозаи ҷинояти анҷом додааш мешавад. Боз ҳангоми дар суд иштирок кардан сари ҳар соле, ки кам карда мешавад 1000 доллар. Баъдан Фаррухи «мулло» корашро давом додан мегирифт, ки вазири дохилӣ Рамазон Раҳимзода мешавад. Ба гуфти худи ӯ хешашон будааст. Дар ҳангоми дар прокуратураи Синои шаҳр кор карданаш бо як духтар бо номи Мадина шинос мешавад. Ин «мулло» чунон ошиқ мешавад, ки ақлу ҳушашро аз даст медиҳад, Мадина орому қарорро аз вай мегирад. Фаррух дигар зану фарзандашро тамоман фаромӯш месозад ва аз ғами ишқи ин духтар ҳар шаб ба хонааш масту аласт шуда меояд ва дигар бо занаш Бунафша умуман зиндагии якҷоя намекунад, ба тарафаш намеравад. Бунафша ба шубҳа меафтад, ки бо шавҳари ӯ чи шудааст. Вай коре карда аз «корҳои» ин «мулло»-прокурори ошиқ огох шуда ба хусураш шикоят мекунад. Падари Фаррух дар ғазаб шуда мошинашро аз дасташ гирифта аз хона пешаш мекунад. Ин дарди бахайр. Суҳроби хусурбачааш ҳам дарак меёбаду як рӯз прокуратураи Сино, ҷойи кори Фаррух рафта ӯро мурданак лату куб мекунад. Аммо ин прокурори ошиқ дастбардор намешавад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Фаррух шароб дар дасташ дар гирди хонаи Мадина тоб хурда мегардад. Аз любови худ ба Мадина қиссаҳо карда ваъда ва гарантияи 100% медиҳад, ки «аз баҳри ҳама, зану фарзанду ҷойи кор мегузарам ва бо ту мемонам».

Ба хулосае меоянд, ки ҷиҳати аз ин роҳ баровардани Фаррух ба ӯ вазифаи калоне пайдо карда диҳанд.Барои хариди вазифа ба Фаррух ба назди Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ одам равон мекунанд. Яъне модари Фаррух пешдаро шуда ба қудояш Рамазон Раҳим муроҷиат мекунад ва маслиҳат мешавад, ки Фаррухро муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ таъин кунанд. Фаррухи бесаводи беақл ва аллакай алкаш шуда аз ин хабар огоҳ шуда аз ишқи худ бо Мадина фаромуш карда ба ин пешниҳод розӣ мешавад.

 Ин ҳангом Мадина ба пеши Фаррух омада мегуяд, ки бордор-ҳомила шудааст. Фаррухро ток мезанад.Чун мебинад, ки Мадина аз бача даст кашиданӣ нест, номаълум аз пайи несту нобуд кардани ҳамл мешавад. Мадина пай мебарад, ки Фаррух «нито» кор карда истодааст. Бо ашки шашқатор мегуяд, охир ту ба ман доим ваъдаи муҳаббати якумра медодӣ, бароят хонаи алоҳида мегирам мегуфтӣ, чизе хостӣ аз ман гирифтӣ, ҳоло чи шуд? Фаррух ба ӯ боз ваъда медиҳад ва қасам мехурад, ки ҳамааш тибқи гуфтаи вай пеш меравад, аммо «ту тоқат кун, вазифаро гирам бо ту мемонам»  гуфта ба гуши духтар макарон овезон мекунад.

 Мадина боз бовар мекунад ва розӣ мешавад. Таблеткаҳои овардаи Фаррух барои сиқти ҷанинро мехураду бо дастури духтур дар хона мунтазир мешавад, то ки дар ҳоҷатхона тифл биафтад. Баъди чанд соати истеъмоли ин таблеткаҳо, қарибиҳои бегоҳ исқоти ҳамл ба амал меояд. Вақте Мадинаро дарди сахт гирифтаасту ба ҳоҷатхона даромадааст, тифл аз баданаш ҷудо шуда ба ҳоҷатхона меафтад. Мадина аз ҷой хеста нигоҳ кардааст, ки кудак дасту пой дорад, ҳатто ҷинсаш намудор аст. Камтар нигоҳ карда гиря карда хостааст оби туалетро бикашад, аммо дилаш нашуда ба дасташ целофан кашида тифлро аз онҷо гирифта дар як латта печонида давида ба назди Фаррух, ки дар ҷойи кораш дар басти шабона дежурный будааст,меравад.

 Мадина бо тарсу ваҳшат ва гирякунон латтаи печондагӣ дар даст ба Фаррух мегуяд, ки «ма натонистум кудака дар ҳоҷатхона партофта. Биё дар замин шушта гураш кунем. Фаррух, ки аз тарс дарақ- дарақ меларзид, рангу руяш паридагӣ, дастпохурда, хеле вақт сигарет кашида фикр карда гуфтааст, ки «гир кудака аз пушти ман биё». Ҳардуяшон ба боғи наздиҳавлигии прокуратураи Сино мераванд. Фаррух бехи як дарахти хурморо чуқур канда  гур мекунад. Чанде мегузараду дигар бо Мадина вохуриро қатъ мекунад. Танҳо пул медодааст ва мегуфтааст,ки вазифа гирам, то вақте зиндаам нигоҳу бинат мекунам.

    Фаррухро бо дастгирии Озода Раҳмон ба тавассути Заринаи хоҳараш ва Раҳим Рамазон қудояшон муовини прокурори Фирдавси таъин мекунанд. Баъди як сол бошад ӯро дар Табошар (Истиқлол)-и вилояти Суғд прокурор мемонанд. Дар инҷо чор-панҷ сол кор кард ва пули зиёде ба даст овард. Чанд хона хариду мошини Прадоро ҳам аз он тараф овард.

  Баъд аз Истиқлол яку якбора прокурори Фирдавсӣ таъин шуд. Аз Истиқлол на танҳо бой шуда баргашт, балки сахт фарбеҳ ҳам шуд.

 Мегуянд, ки баъде ба прокуратураи Фирдавсӣ омад, ғуруру такаббури Фаррухро фил бардошта наметавонист. То омадани ӯ корафтодаҳо метавонистанд, ки вориди бинои доситонӣ бишаванд.

   Ҳоло ҳатто пашша ба дарвозаи прокуратура наздик шуда наметавонад. Фақат касоне рост ворид мешаван, ки ҳатман шинос  ё хешу табораш ҳастанд.

 Дар Прокуратураи генералӣ гуфтанд, ки аз болои Фаррух бисёр касон шикоят кардаанд. Дар онҷо медонанд, ки вай ҳамаро ҷазир карда гаштааст. Аммо онҷо медонанд, ки вай ва бародарону хоҳараш чанд тарафа бо вазирҳо ва духтари Раҳмонов Озода робитаҳои наздик доранд. Умуман бо ӯ гап зада намешудааст.

Бародари генерали Фаррух, ки Ҷамшед ном дораду дар Гумрук сардори Раёсат аст ва соли пеш рутбаи генералӣ ҳам гирифт, ба ҳадде бехуд шудагиаст, ки ҳатто кисаҳои кормандонашро мекофтааст.

Тақдири Мадина чи шуд, намедонам. Шавҳар кард, фарзанд наёфт. Дигар фарзандор нашуд. Чунки исқоти ҳамл (аборт) ба ин духтар зарар карда будааст. Мадина аз тарси Суҳроби Рамазон, ки хусурбачаи Фаррух мебошад, аз тарси   Рамазон Раҳимзода, ки қудояшон мебошад ва аз тарси Озода Раҳмон, ки ҳамсинф ва дугонаи Зарринаи хоҳари Фаррух аст ва аз тарси худи Эмомалӣ Раҳмонов, ки дӯст ва ҳамшаҳри падари Фаррух мебошад, ягонҷо шикоят карда натавонист.

  Фаррух кудакро дар таги дарархти хурмо дар прократураи Сино гуронида дигар ба ақибаш нигоҳ накарда аз паи кори худ шуд. Ва, дар ҳол ҷойи корашро иваз карда ба прокуратураи Фирдавсӣ гузашт. Инки аз ин ҳодиса зани Фаррух бохабар шуд ё не, чизе гуфта наметавонам, аммо инки  Суҳроб Рамазон Фаррухро рафта дар ҷойи кораш лату куб кардааст, сад дар сад дуруст аст.

 Чуноне гуфтем падари Фаррух ходими давлатӣ буд. Айни ҳол дар Лучоб гуронида шудааст. Вай бо президент ҳамсоя будаанд

  Фаррух Комил, ҳоло прокурори ноҳияи Фирдавсӣ аст. Мушовири адлияи дараҷаи 2 мебошад. Дар масъалаи ноҳақӣ ва порахурияш ман дақиқ дар боло гуфтам, ки ҳамааш  аз забони Мадина буд. Чунки ӯ на як бору ду бор дида ва шунидааст,ки чи гуна дар “ставка”-и оғоз кардани парванда ва ё соли маҳкумшударо кам кардан ё зиёд кардан даст доштааст.

    Боз мегуфтааст, ки маблағи зиёди пораро ба шефаш Эшонкулов медиҳад. Эшонқулов айни ҳол дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад.

 Фаррух аслан ҷура надорад. Танҳо бо ҳамкоронаш рафту омад мекунад, ки он ҳам бошад доим танқидаш мекунанду аз бесаводию ноҳақиаш шикоят мекунанд. Мегуянд ҳамаи корашро худамон мекунем.Ӯ ғайри сигор кашию гулҳои кабинеташро об додан дигар коре надорад.

 Зери пояш мошини Прадо ва бо номерои крутой буд. Айни ҳол намедонем бо кадом мошин мегардад, вале аниқ сад дар сад мошини ӯ Прадо аст. Айни ҳол Фаррух бисёр фарбеҳ  ва касалӣ шудааст. Гуфтанд,ки дастонаш меларзидааст.

 Дар назди Мадина занашро бисёр танқид карда паст мезадааст, ки Бунафшаи занам дандонҳояш тиллоӣ асту сахт бу мекунад, аз ӯ бадам меояд, аммо маҷбур ба хотири фарзандон тоқат дорам.

Ин буд қиссаи прокурори ноҳияи Фирдавсии Душанбе, нафаре, ки бояд ҳомии ҳуқуқ ва муҳофизи қонун ва қонуният бошад, худаш қотил ва бачакуш аст. Агар шумо ҳам чизе дар мавриди Фаррух Комил чизе барои гуфтан дошта бошед марҳамат ба “Ислоҳ” фиристед,то дар бахшҳои дигар онро нашр намоем.

Share This Article