Проректори “пе…л”и Донишкадаи забонҳоро шиносед!

Ислоҳ нет

Ман як омӯзгори собиқадори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошам. Давоми 27 соли фаъолияти омузгорӣ бо 5 ректор кор кардам. Вале тӯли ин ҳама муддат ду соли ахири кор дар ин донишкада маро ҷиддан ба ташвиш овардааст. Зеро ҳоло инҷо на таълимасту на тарбияву на илм. Ҳамаи самтҳо ба нестӣ рафта истодааст. Дар бораи роҳбарияти донишкада гуфтаниҳои зиёд ҳам дораму аммо муҳимтар аз ҳама мехоҳам дар бораи як вирусе, ки аз куруно ҳам хатарноктар дар ин донишгоҳ аст, гап занам. Мехоҳам ҳарфу дарди омӯзгорони бечораро бигуям, то ки ба гуши вазири маориф ва Президент бирасад.

   “Қаюмов Абдулмаин Муминовиҷ зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон буда аз соли 2015 барои даст заданаш ба амалҳои ҷиноии коррупсионӣ ва педофилӣ-бачабозӣ  аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ронда шуда буд, пешаш карда буданд. Соли 2016 бо роҳи воситабозӣ ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба вазифаи муовини декан оид ба таълим дигарбора омад. Вазифаи асосии ин замдекан фақат аз донишҷӯён бо роҳи фишору таҳдид сум кандану вазифаи дигараш гурӯҳи бачабозиро зиёд кардан миёни донишҷӯён аст. Марҳамат КДАМ  як тафтиш кунед ва худатон хулосаатонро бароред.”

Бо роҳи коррупсионӣ ба ректор сумро ҷамъ карда медиҳаду декани факултети забонҳои Осиё таъин мегардад. Қаюмов Абдулмаин Мумин ба яке аз кормандони вазорати маориф ва илм аз донишҷуён сумро ҷамъ карда медиҳад ва ӯ дар риштаи педагогика аз тани Абдулмаин рисолаи номзадӣ менависад ва Абдулмаин дар педагогика номзади илм бояд шавад. Феълан исми он касро зикр намекунем инҷо, аммо ҳатман пас аз тамом шудани рисолаи номзадӣ ҳатман исми он устодро ҳатман зикр мекунем. Ба худо,ки заррае саводу маърифат надорад. Фақат аз номи мансабдорон донишҷӯёнро метарсонаду мегуяд, ки «агар кора буд накунед подставитатон мекунам бо маводи мухадир». Дар замони деканияш фақат маҳалбозӣ карда бачаҳои помириро ҷудо карда ба дигар бачаҳо мешуронду аз стипендияи донишҷӯӣ маҳрум мекард. Помириҳоро сахт бад мебинад.

  “Кадом бачае маъқулаш мешуд ӯро барои амалҳои шаҳвонии худаш ба худаш наздик карда ба квартирааш мебурд. Ҳоло дар дасти мо 11 исми ин донишҷӯён вуҷуд дорад. Агар Вазорати Маориф ва илм ягон чора набинад ҳатман ҳама номҳои он донишҷӯёнро расонаӣ мекунем. Чандин донишҷӯ байни донишҷӯёни дигар корҳои кардаашонро бо ӯ мегуфтанду масхара ҳам мекарданд.”

Қаюмов Абдулмаин гуфтааст, ки мансаби муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методиро бар ивази 80 ҳазор сомонии ришва ба муовини вазири собиқи маориф Қодирзода Диловар ба даст овардааст. Диловар Қодирзода моҳи феврали соли ҷорӣ аз мақомаш барканор карда шуд. Ба ҷойи ӯ Хайрзода Ш. Қ. таъин карда шуд, мисле бо Хайрзода забон наёфт дигар. Ҳоло ҷой ин кришаҳои вазорати маорифашро кришаҳо дар  дастгоҳи президент гирифтаанд. Бо ифтихор мегӯяд кришаҳои ман болотар аз вазорати маорифанд.  Аз рӯзе, ки муовини ректор шудааст, бачаҳои Бадахширо,ки аслан нагз намебинад, барояшон рӯз нест. Ошкоро мегӯяд,ки сиёсати ҳукумат дар муқобили бадахшониҳо тағйир кардааст ва ман ин сиёсатро пеш мегирам.

Қаюмов Абдулмаин тамоман бесавод аст.  Тамоми ҳуҷатнигориҳояшро Фатҳуллоев Қутбиддин (аз Тавилдара) анҷом медиҳад « то ки бимонама кор кунам». Боварам кунед тамоман навиштаву хондан наметавонад ва ягон мақолаву китоб ва дастурамале худаш надорад. Ягон маротиба дар аудитория ҳатто даромада ба донишҷӯҳо дарс надодааст. Ҳайронам, ки чаро ҳамин хел бесаводҳову бачабозҳоро дар системаи маориф роҳ медиҳанд. Ҳоло бошад аз номи мушовири Президент оид ба рушди чомеа Насриддинзода Эмомалӣ гап мезанаду мегӯяд:

«ма бо Насриддинзода Эмомалӣ, ёрдамчии Президент оид ба робита бо ҷомеа 70 ҳазор долар медиҳам Насридинзода Эмомалӣ ба Асадулло Раҳмонзода-ёрдамчии Президент оид ба кадр-Сумбулоғо медиҳад, маро ректори Донишкадаи забонҳо таъин менамояд. Ман габзанро фалон мекунам, ман аку одами дастгоҳ шудам ва Насрдинзода Эмомалӣ мегуяд,ки мо бояд як каманда бошему нагузорем, ки сари мансабҳо бегонаҳо биёянд.»

Қаюмов Абдулмаин аз пушти суми донишҷӯҳо ба тиҷорат ҳам машғул аст. Дар шаҳри Душанбе ду- се мағоза ва ду дорухонаи шахсӣ дорад.

Соли 2019 бо арабҳо барои сум шуда тамоми ҳамкориро раво донист ва чандин маротиба ҳам сафири Арабистони Саъудиро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват кард. Муҳаммад Баюмии мисрӣ, ки бо иттиҳоми узвият дар ҷамоати “Ихвонул муслимин” ба 23 сол зиндон маҳкум шуда буд ва санаи 16.09.2022  ба шакли нофаҳмо дар зиндон вафот намуд. Қаюмов Абдулмаин бародари ҷониаш буду аз пушти пули ӯ хело ҷилва ҳам кард. (Дар ин масала хело ҳуҷҷату далелҳо дорем вале боз ҳам интизори иқдоми вазорати маориф ва илм каме меистем. Ислоҳ)

Омадани Президент ба донишкадаро Қаюмов Абдумаин манбаи даромад кард. Аз ҳар як омӯзгор 2 ҳазор сомонӣ маҷбурӣ гирифт. Касе, ки надод, туҳмат карда аз кор пешаш кард. Чандбор аст мегуяд:

«ҳар вақте ки Насриддинзода Эмомалӣ барои дидани бино меомад, ман барояш конверти сум медодам як сарша мешакиду, хурсанд мерафт.  Охир то 70 ҳазорро гирифтан дилашро ёфтам, аку мара ректор мемонад.»

Наход, ки дар ҷумҳурӣ дигар кадре набошад, ки як бесаводу бачабозро ректори чунин даргоҳи илму маърифат монанд. Ояндаи ин миллату фарзандони мардум чи мешуда бошад бо ин роҳбарони бесаводу бачабоз. Қаюмов Абдулмаин ягон забони хориҷиро намедонад, ҳатто бо забони худаш ҳам бо нутқи бурро гап задаву навишта наметавонад. Фақат аз номи Президент гап мезанаду аз номи Насриддинов Эмомалӣ. Мегуяд,ки ман ба Вазорати маориф доля медиҳам, чи гапе шавад маро пешакӣ огоҳ мекунанд ва касеро ман сиёҳ кунам маро гуш мекунанд. Аз рӯзе,ки ин бесаводу бемаърифат ба ин Донишкада омадааст, ҳолати криминаливу коррупсия дар ин донишкада ҳукмфармо шудааст. Аз вазири маориф ва илм ҷаноби Саидзода Раҳим Ҳамро хоҳиш менамоем,ки чунин ифлоси ради маъракаро нагузорад,ки дар инҷо бимонад ва дар ҷойи вай кадри босаводу бо таҷриба ва як каме калонсолро таъин намояд. Мо намедонем вазири маориф ва илм метавониста бошанд бо кадрҳое аз тарафи дастгоҳи президент бо додани пора таъин мешаванд метавониста бошанд коре кунанд? . Охир ин дар салоҳияти вазири маориф ва илм аст, на дастгоҳи президентӣ!

“Соли таваллуди Қаюмов Абдумаин 13.01.1978 аст. Насаби ӯ Ҷумахонович будааст, иваз кардааст бо Муминович. Дар ҳар як семестри имтиҳонӣ 1000 нафарро меғалтонад, ки барояш сум диҳанд. Имтиҳонҳоро бизнес кардагӣ аст. Аз ҳар донишҷӯйи шуъбаи ғоибона ду ҳазор сомонӣ мегираду мегӯяд: “шумо имтиҳон насупорен ҳам мешавад”

Муаллимҳоро мегуяд, ки шумо дарсҳоятонро диҳед, ба имтиҳонҳо коратон набошад. Дар ҳар факултет 4 -5 нафар донишҷӯ нестанд дар дарсҳо, дар хориҷанд аммо номашон рафта истодааст. «Одам»-ҳои ҳамин бесаводанд.  Ҳар яки онҳо ҳар моҳ 1 ҳазор сомонӣ медиҳандаш. Донишҷӯён ба дод омадигианд аз дасти ин ҳаромхурҳо. Системаи имтиҳонсупориро Аллоҳ шоҳид аст системаи тиҷорат кардааст.

Аммо кори аз ҳама баде, ки дар ин Донишкада дар ин ду соли ахир ҷараён дорад ин донишкадаро ба филиал ва ё  шуъбаи «фермаи ҷавоб» табдил додани муовини ректор аст. Ҳоло дар ин донишкада бештар «буз» тайёр карда истодаанд. Шоди Ҳафиззода, сардори УБОП-и вазорати корҳои дохилӣ яке аз кураторони ин ферма аст. Ва ин аксеро ҳам,ки мебинед, далели гуфтаи мост, ки ба Доро Суҳробӣ, сухангуи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода «Сипоснома» и бузӣ дод. Мо дар ин робита таҳқиқоти худро идома медиҳем ва ҳатман матлаби алоҳида тақдим менамоем.

Бовар кунед ҳазорон сипос ба “Ислоҳ” ки дардҳои воқеиро менависеду барнома мекунед, то ҳама аз он дардҳои хранический огоҳ гарданд. Масалан ончи дар мавриди Ректори Донишгоҳи Омӯзгорӣ ИБОДУЛЛОЗОДА АҲЛИДДИН ИБОДУЛЛО навишта будед. Асадулло Раҳмон занг зада хело даъво карда будааст. Ошкоро Асадулло Раҳмон гуфтааст ба ректор, ки шармандаамон карден бо ин ахлоқу кирдоратон. Аз устодони Донишгоҳи Омӯзгорӣ мешунавем каме тағйирот эҳсос мешавад. Умедворем бо нашри ин матлаб дар Донишкадаи забонҳои мо ҳам беҳбудӣ мешудагист. Дигар мо хуб фаҳмидем,ки ба куҷо нависем ва роҳи ҳалли ин ҳама ноадолатӣ ин “Ислоҳ” аст ва ҳатман ҳар ноадолатие дидем ба шумо менависем. Чун,ки ҳеҷ ниҳоде дар кишвар одилона кор намекунанд ва хоссатан ончи марбут ба соҳаи маориф аст дардҳои мо устодон аслан шунида ва ба онҳо расидагӣ намешавад.

Ps: Умедворем ин шикояти устоди донишкадаро нахуст кришаи Қаюмов Абдумаин ҷаноби Насриддинов Эмомалӣ “ёрдамчии Президент оид ба робита бо ҷомеа” , ки пора гирифта ин махлуқро ба ин даргоҳи илм гузоштааст худаш онро ислоҳ мекунад. Ё инки боз мехоҳад 80 ҳазор доллар гирифта тавассути Асадулло Раҳмонов Ректор гузорад хуб андеша кунад.  Дар ғайри он мо шурӯъ мекунем ба корҳои паси пардагии худи ҷаноби кришаи ин бе маърифат. Мо инҷо вазири маориф ва илмро гунаҳкор карданӣ нестем, чунки ин кори муовини собиқи вазири маориф ва феълан дастгоҳи президент ва Насриддинов Эмомалӣ аст.Тавассути  Асадулло Раҳмонов мехоҳад ӯро ҳимояту болотар таъин намояд.  “Ислоҳ” вазъиятро ҳатман назорат мекунад, агар натиҷаи дилхоҳ ба ин шикоятро надидем, пас мегузарем ба ифшокориҳои бештару бештар.

Устодони гиромии ҳама донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар дар умум шумо аслан натарсед, нависед ба “Ислоҳ” мо номаҳои шуморо дар мадди аввал мегузорему ба он расидагӣ менамоем. Масалан феълан беш аз 30 матлаб омода ба нашр аст дар “Ислоҳ” . Аммо ҳамаро канор гузоштему ин шикоятро нахуст тақдим менамоем. Соҳаи таълиму тарбия ва илму маориф дар мо дар ҷойгоҳи волое меистаду қарор дорад. “Ислоҳ” дар хидмати шумо ва барои некӯаҳволии шумо таъсис ёфта ва хидмату фаолият менамояд.

Share This Article