Пушти ҳодисаи Хоруғ кӣ меистад?

Ё қатли Гулбиддин барои рӯпӯш намудани хиёнти СС.Ятимов ба Зоир ва оилаи “Пешво”  

Талоши тавассути нашри барномаи телевизионӣ як бори дигар ҷинояткор муаррифӣ кардани шаҳид Гулбиддин Зиёбеков аз тарафи КДАМ наметавонад Саймумин Ятимовро аз ҷавобгарӣ барои куштори барқасдонаи шаҳрванд ва дастури тиркушоӣ ба самти таҷаммӯи одамон наҷот диҳад. Шаҳид Гулбиддин Зиёбеков дар ин ҳодиса ба сифати «ангеза», «таҳрик» ва «тагдаргирон» истифода шудааст.

Суолҳое, ки ба онҳо  бояд посух пайдо намуд?

Куштори Гулбиддин Зиёбеков тавассути ходимони амниятӣ тибқи барномаи пешакӣ тарҳрезишуда сурат гирифтааст. Ин барнома аз сӯи СС. Ятимов таҳия ва ба иҷро дароварда шудааст. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва дар гузашта муовини Ятимов дар КДАМ ҳарчанд мегуяд, аз амалиёти боздошти Гулбиддин Зиёбеков бехабар буд ва дар сафари корӣ дар ноҳияи Мурғоб қарор дошт, мутмаин бошед, ки 100% бохабар буд. Балки овардани Алишер Мирзонаботи амниятӣ дар асл оғози татбиқи ин барнома буд. Ва ҳатто, як моҳ ҳам нагузашта Хоруғро ноором кардан ва як бори дигар хуни помириҳоро рехтан ва як бори дигар онҳоро бар муқобили Раҳмонов ба по хезониданд, ҳамагӣ тибқи нақша амалӣ шуд ва сафари Мирзонабот ба Мурғоб ҳам ҷузъе аз ин барнома буд,то баъдан бигӯяд, ки набуд ва бехабар буд. Масъалаи истифодаи туфанг аз сӯи шаҳид Гулбиддин, ки ҳоло комиссияи муштарак ба таҳқиқи вай шурӯъ кардааст, аз ҳамин ҳоло маълум аст, ки ба ҷое намерасад. Гулбиддин туфанг надошт. Агар медошт, ҳатман як нафар аз аъзои гурӯҳи барои дастгир кардани ӯ аҷиршуда захмӣ мешуд.

Кормандони амниятӣ, ки барои дастгир кардани ӯ ба манзили зисташ рафтанд, чаро ба тарафи вай 7 (?) тир заданд? Бо як тир ва ё ду тир метавонистанд, ки  маҷрӯҳ карда зинда ба даст оваранд. Нашри навори ҷойи ҳодиса ҳам нишон медиҳад, ки вай аввал захмӣ шудааст. Пас, суоли дигар пеш меояд, ки чаро боз тирҳои иловагӣ ба самти вай равон карданд? Тирҳое, ки тавассути онҳо Гулбиддин кушта гардид аз як силоҳ берун баромадаанд ва ё аз чанд силоҳ ва онҳоро ҳам таҳқиқ хоҳанд кард ё не? Агар ҳадаф боздошт ва ба ҷазо гирифтор кардани як нафар муттаҳам буд, чаро ӯро боздошт накарданду куштанд? Агар Гулбиддин дар даст туфанг дошт чаро ҳамаи тирҳои онро ба тарафи кормандони амният назад ва аз маҳалли ҳодиса ҳамагӣ се пистон ёфтаанду халос ва боқии тирҳо дар тирдон истодааст? Чаро вақте Гулбиддин ба самти пул гурехт ва гурехта ҳам тавонист, агар туфанг дошт, туфангашро бо худ набурд ва аз он истифода накард? Тирҳои аз туфанги Гулбиддин холишударо аз куҷо ёфтанд? Аз ҳудуди манзили зисташ ва ё аз наздикии пуле, ки дар он хуни ӯ рехтааст? Агар аз болои пул тири холишуда пайдо нашуда бошад, ин чунин маъно дорад, ки дар дасти вай силоҳ набуд. Хуллас, инҷо боз даҳҳо саволҳои беҷавоб аст, ки тасдиқ мекунад ҳадафи ин амалиёт на боздошт, балки куштани Гулбиддин буд. Бубинед, ки изи хуни рехта дар болои пул нишон медиҳад, ки Гулбиддини захмӣ хунрезон гурехта аст, чун лаккаҳои хун дар фосилаи чанд метрӣ мавҷуд аст. Пас, чаро нафари маҷрӯҳшударо боз тир заданд, агар ҳадаф маҳз куштан ва танҳо куштан набуд? Ё инки ӯро зада куштаанду ҷасадашро кашида бурдаанд.

Мо, мутмаинем,  агар Эмомалӣ Раҳмонов ба Прокуратураи генералӣ дастури қотеъи тафтиши беғаразонаву холисонаи ин ҳодисаи нангинро дода бошад, ҳақиқати талхи он, омилини он ва иллати асосии сар задании он рӯшан мешавад.

Дар пасманзари ҳодисоти Бадахшон

Ҳоло биёед, ба ин паҳлуи ин ҳодиса мароқ зоҳир намоем. Бар фарзе Гулбиддин гуноҳ кардааст, қонунро шикастааст ва бояд дар назди он ҷавоб бидиҳад. Аммо чаро раиси КДАМ-и Тоҷикистон ин нафари гумонбар ба гуноҳро, яъне гумонбарро, бигзор айбдоршавандаро, бидуни ҳукми додгоҳ «ҷинояткор» эълон кард. Беш аз ин, гуфт, ки «ба ҷазояш расид». Магар раиси КДАМ ҳақ дорад, ки бидуни мурофиаву муҳокима як нафарро ҷинояткор ҳукм кунад? Дар Тоҷикистон ҳукми қатл бекор карда шудааст. Бар асоси кадом қонун раиси КДАМ ҳукм содир мекунад, ки «ба ҷазояш расид»? Чаро ин ҳама ихтиёротро раиси КДАМ-и Тоҷикистон дорад, ки ҳам ҷинояткор меҳисобад ва ҳам ҳукми ҷазояшро содир мекунад? Инки мегӯяд Гулбиддин ба  « ҷазояш расид», ба кӣ мегӯяд? Ба бадахшониҳо ва ё ба мардуми Тоҷикистон ва ё ба раиси ҷумҳурии он?  Чаро барои дастгир кардани як нафари муттаҳам на ходимони милиса, балки амниятиҳо мераванд? Чаро ин ҳодиса маҳз ҳоло ва дар замони роҳбарии Мирзонаботи амниятӣ ва муовини пешини Ятимов сурат гирифт. Инҷо таги коса ягон нимкоса ҳаст? Бале, нимкоса ҳаст. Ва, ҳеҷ асрору розе пинҳон намемонад. Ҳамчуноне, ки рози фирори 25 маҳбус аз зиндони амният дар соли 2010 ошкор шуд ва мисли ошӯби дастисохти Ҳоҷӣ Ҳалим, ки низ ошкор шудааст. Аммо, ин бор чи пушти саҳна аст ва муҳимтар аз ин, барои иҷрои он Ятимов мустақилона ва беҳтар аст бигӯем, ки худсарона амал кардааст? Дар ин бора каме поинтар хоҳем гуфт. Вале ҳоло….

Чаро ҳоло боз бо сохтани як барномаи вижа барои Гулбиддин «айбнома» ташкил ва навори онро дар шабакаҳои маҷозӣ ҳам нашр кард? Чаро Ятимов бо тамоми вуҷуд талош дорад, ки Гулбиддини ҳам акнун зери хокро ҷинояткор бишиносонад ва исбот кунад, ки амалиёти боздошти вай қонунӣ буд? Дуруст аст, ки Ятимов ҳанӯз аз амалиёти густардаи муқобили мардуми Бадахшон дар соли 2012 бо ин мардум душмании ошкоро ва кинаи шутурӣ дорад. Махсусан барои вай то ҳоло дар озодӣ қарор доштани лидерони ғайрасмии ин мардум бисёр ҳам аламовар аст. Аммо, манобеи мо, аз дохили Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин бор асли ҳодиса,иллати асосӣ чизи дигар аст.

Наркотарафик

Чанде пеш (30 октябри соли ҷорӣ) дар гузаргоҳи «Ойбек»-и вилояти Тошканд аз тарафи  кормандони боҷхонаи Раёсати боҷхона ё гумруки ин вилоят аз махфигоҳи як мошини боркаши тамғаи Мерседес-бенз-и мутааллиқ ба шаҳрванди Тоҷикистон беш аз 155 килограмм маводи мухаддир ошкор ва мусодира карда шуд. Ин мошин ба Русия ангур интиқол мекард. Аз махфигоҳе, ки дар зери фарши ин мошин ошкор карданд бастаҳои пластикии зарду сурху сабз пайдо гардид. Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора ҳикоят мекард, аз ҳушёриву кордонии кормандони гумруки Ӯзбакистон ҳикоят мекард ва дар он дида мешуд, ки чи гуна моли мошинро берун оварда (моли мошин калоба буд)   сипас тахтаҳои фарши онро мекананд ва «бор» ошкор мешавад.

Аммо, ин бори аввал набуд, ки дар гузаргоҳҳои Ӯзбакистон дар соли ҷорӣ аз интиқоли миқдори бузурги маводди мухаддир аз мошинҳои Тоҷикистон ҷилавгирӣ ба амал меояд.

 “25 августи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи «Сариосиё»-и вилояти Сурхондарёи Узбакистон кормандони гумруки ин кишвар аз махфигоҳи мошини боркаши Мерседес-бенз ҳудуди 100 кило маводди мухаддирро ошкор ва мусодира мекунанд.ки 85 килои онро ҳероин ташкил медиҳад. Ҳам махфигоҳи мошин- дар зери фарши он ва ҳам тарзи ҷобаҷокунӣ ва низ зарфҳое, ки дар дохили онҳо ин мавод ҷокорӣ шудааст, бо мошини дигар айни ҳаманд ва маълум аст, ки соҳиби онҳо як нафар ва ё як гурӯҳ аст.”

Тибқи маълумоти ба мо расида ин «бор»-ҳо ба Зоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов тааллуқ доштааст ва ба маҳзи «наводка»-и СС. Ятимов ба Ӯзбакистон онҳоро дастгир ва мусодира кардаанд. Дар ҳар сурат Зоир дақиқ мекунад, ки ин «кор»-и СС. Ятимов аст ва мераваду ба хусураш мегӯяд, ки вазъият ҳамин тавр аст ва ӯро бояд «дафъ» кард,ки сахт помех дода истодааст дар ин тиҷоратамон.

  “Моҳи октябри соли ҷорӣ аз боздошти Азизи «домсоз» ва мусодираи ним тонна-500 кило маводди мухаддир низ хабарҳо мунташир шуданд. Сипас додгоҳ ӯро ба сӣ соли зиндон бо мусодираи амвол ҳукм кард. Гуфта мешавад, ки ин бор низ ба Зоир Соҳибови домод тааллуқ доштааст ва ин навбат Ятимов онро тавассути кормандони УВД «ташкил» мекунад. Чунки мехост ба муқобили Зоир вазорати дохилиро ҳам бишӯронад, то худаш дар ин амалиётҳо танҳо набошад. Дар ин амалиёт Зафари домсоз, ки аслан ҳеҷ иртиботе надошт СС. Ятимов ба кормандони УВД иттилоъ медиҳад,ки пул коркардани бошед ӯро печонед. Кормандони УВД дақиқан Зафарро мепечонанду аз ӯ панҷ миллион доллар мекананду раҳояш мекунанд.”

Хуллас, масъалаи барканории Ятимов дар Оила комилан ҳал мешавад, чун Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон ҳам ӯро бад мебинанд ва мусаввадаи фармони ӯро омода мекунанд. Агарчӣ СС. Ятимов ба Озода наздику ба Рустам на онқадар наздик аст. Аммо инҷо масалаи манофеъи умумии оила вуҷуд дорад ва инҷо бояд муттаҳидона амал намоянд. Дар акси ҳол ,на ба Озода мемонаду на ба Рустам,аз сари ҳамаашон сабил мемонад.  Дар масалаи тиҷоратҳои калонҳаҷми маводи мухаддири Зоир ,ки пеш СС. Ятимов аз онҳо долияи худашро дошт ҳама кор рӯ ба роҳ буд. Ин тиҷорат, ки қаблан тавассути Қирғизистон ва базаи он Зумрад ба давлатҳои муштаракулманофеъ сурат мегирифт феълан масдуд аст. “Ислоҳ” дар ин масала барномаи махсӯсе тақдиматон намуда буд. Феълан роҳи Узбекистон дар интиқоли маводи мухаддир фаол буд,то он рӯзе,ки СС.Ятимов ҳаққи худро дошт. Тибқи маълумоти расида Зоир танҳо ду маротиба бе огоҳии СС.Ятимов ин корро карда будааст ва дафъаи сеюм роҳаш масдуд шуд.

“Азбаски СС. Ятимов устоди моҳири тавтиаву иғвову шӯрандозӣ мебошад, қазияи Бадахшонро ташкил мекунад. Вай бо як парвандаи ғафсу воҳиманок Раҳмонро мутақоид мекунад, ки Ёдгор Файзовро бояд ҳарчи зудтар бигирад ва Мирзонаботро дар ҷояш бигузорад, чун Файзов дар сар фикрҳои дигар доштааст. Бо Мирзонабот ҳодисаи куштори Гулбиддинро нақша мекашад. Вазифаи асосии Мирзонабот ба вуҷуд овардани хашму ғазаби сокинон ва «нагнетат» кардани «обстановка» буд, ки кард. Дигар он тарафашро ӯ хуб медонист, ки помириҳо ҳатмани ҳатман тазоҳурот мекунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд.”

СС. Ятимов бо ин тавтиа тавонист, ки то чанд муддати дигар курсии худро ҳифз намояд. Аммо, як чиз аз ҳамин ҳоло ошкор аст, ки вай тамоми талошашро барои он равона мекунад, ки нишон диҳад амалиёти куштори Гулбиддин Зиёбеков ва ноорому бесубот кардани Бадахшон кадом нақшае набуд ва кормандони амният кори худашонро анҷом дода буданд ва ин гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва худи сокинони Бадахшонанд, ки даст ба гирдиҳамоӣ задаанд.

Аммо ҳоло Додситони кулл, ки одами Зоир Соҳибов аст метавонад воқеияти амалиёти куштори Гулбиддин дар Хоруғ ва сабабу сабабгори он дар ҳукумати Тоҷикистонро муайян кунад.

Дар охир, ин нуктаро бароятон бигӯям, ки нафаре, ки ин маълумотро расонд, гуфт нашри барномаи махсус тавассути телевизиони Бадахшон аз тарафи Ятимов асосан барои Эмомалӣ Раҳмонов ташкил шудааст, то вайро бовар кунонад, ки ӯ содиқона дар хидмат аст. Аммо гуфт аз асли воқеа  Раҳмонов ҳам  ба таври хаттӣ огоҳ карда шудааст.

Total
57
Shares
Related Posts
Идома

Номаи саркушода ба Президент Эмомалӣ Раҳмон

Дар ин ноҳия сад пушти мо зиндагӣ карда омдааст. Мо аз Президент мехоҳем,ки лаҷоми духтарҳояшро гирад вагарна оқибаташ безеб. 1200 гектарро гирифтанд, басиаш намекунад боз аз дигар қирғизҳоро гирифта истодааст. Магар ин зулм нест.