Қирғизҳо 2 млн750 ҳазор $-и героини Зоирро гирифтанд ,тарси Рустам аз Имомхуяк

Ислоҳ нет

Ёдатон бошад дар як навишта гуфта будем, ки дар ноҳияи Панҷ байни Зоир (Зоир Соҳибов) ва Шоҳрух (Шоҳрух Сайид, сардори УУР-и МВД) чанде пештар як баҳсу даъво хеста буд ва дар онҷо ҳам сабаб героин буд. Ва, низ аз он ҳам гуфта будем, ки дар осоишгоҳи Зумрати Исфара як амбор-хранилишии махсус барои ҳифзу интиқол (перевалочний база) сохта шудааст, ки он аз они Зоир аст. Зоир ин осоишгоҳро садҳо маротиба аз арзиши аслияш поинтар харид.

“Ҳоло дар ин амбор аз қаровули одӣ то мудир ҳамагӣ наздикони Зоиранд ва мусаллаҳ мебошанд. Дар инҷо як майдони махсуси чархбол аст ки афғонҳо меомаданд. Инҳо ба баҳонаи истироҳат ва табобат вале дар асл барои тиҷорати  героин меомаданд. Аммо, ба назар мерасад Зоир дар дохил конкурентҳоро аз саҳна берун карда истодааст. “

Замоне буд, ки Мақсудов Имомалӣ мулаққаб бо Имомхуякро зарбаи сахт заданд. Заводи истеҳсоли кабел ва дигар бизнесҳояшро кашида гирифтанд. Аммо асоси тиҷорати Имомхуяк наркотика аст.

Имомхуяк ва Искандар Мақсудов ва Билол Мақсудови бародараш як умр бо қочоқи маводди мухаддир сарукор доранд. Билол Мақсудов  чандин сол дар ҳабс буд, тақрибан даҳ сол бештар, ҳозир аз зиндон баромадааст. Ҷароиме,ки Билол Мақсудов бо онҳо айбдор ва зиндонӣ карда шуда буд аз одамкушӣ, разбой, ғорат, қочоқи маводи мухаддир иборат буданд.

Ҳасан Асадуллозода дар аввал соҳаи «влиянияаш»-ро гирифтанӣ шуд. Ҳасан Асадуллозода ба ҳеҷ тоҷири дохилӣ ва хориҷӣ иҷозат надод ашёи хоме,ки аз он кабел истеҳсол мешавад ба Имомхуяк онро дастрас намоянд.Манъ кард. Имомхуяк муҳраҳояшро ба кор даровард ва корҳое кард, бо воситаи Маҳмадсаид Убайдуллоеву Мансур Умарову дигарҳо ва худро дар назди Ҷаноб сафед кард. 37 адад иншооти ҷашнӣ дар ҳамон минтақаи худ, дар ноҳияи Темурмалик Советский собиқ сохт,аммо аксараш дар рӯи коғаз. Аммо дар асл 10 иншоот сохт. Боқиро мешавад гуфт “изофанависӣ” кард ва ба сари Раҳмонов шира молид.

Хусумати Ҳасан бо Имомхуяк-Мақсудов Имомалӣ боқӣ монд

Масоҳати замини “Тоҷкабел”– и Имомхуяк,ки дар Якум Советский,дар рӯ ба рӯйи беморхонаи Якум Советский ва дар шафати зиндони №4 –и Душанбе қарор дорад,аз нигоҳи қимат хело пурарзиш аст.Дар гузашта дар ин корхона беш аз 1000 нафар кор мекард.Ба буҷаи шаҳри Душанбе фоидаи хубе ҳам ворез мекард. Аммо ҳоло дар “Тоҷкабел” ҳамагӣ 10  то 15 нафар аз наздикони Имомхуяк кору фаъолият мекунанд. Бояд инро низ зикр намоем, ки аз “Тоҷкабел” ба зиндони №4 чанд маротиба мавридҳои интиқоли маводи мухаддир ошкор шуда аст.Барои онки дар зиндон аз наздикони Имомхуяк мешиштанд ва тавассути онҳо ин бизнесро дар дохили зиндон ба роҳ монда буд.

Дар дохили “Тоҷкабел” Имомхуяк як қасри муҳташам барои худаш бунёд намуда онҷо зиндагонӣ мекунад.Биноҳои аз шуравӣ ба мерос мондаи“Тоҷкабел”-ро ба офисҳо, амборҳо, сехҳои истеҳсолии гуногун ба иҷора додаасту аз онҳо даромади хубе ба даст меоварад. Албатта аз ин даромади соф як дирам андоз ҳам ба буҷаи давлат намесупорад. Инчунин ҳеҷ мақомоти назоратӣ ҷуръати тафтиши “Тоҷкабел”-и Имомхуякро надоранд. Пас аз омадани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси мири шаҳри Душанбе қарор содир намуда буд,ки ҳама корхона ва заводҳои собиқи истеҳсолӣ бояд ба ҳолати аввалаи худ баргардонида шаванд ва ё дар ҳолати ғайр мусодира карда шаванд. Аммо чуноне мушоҳида мегардад мислие,ки зури Рустами Эмомалӣ ҳам ба Имомхуяк намерасад.

Вақташ омад, ки дар бозори бизнеси наркотик Зоир (Зоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов) ва одамҳояш пайдо шуданд. Лекин инҳо-Имомхуяк ва командааш, ки «куҳна» буданд, нахостанд бо Зоир ҳамкорӣ кунанд. Аз инҷо буд, ки Зоир чандин бор Имомхуякро пешпоӣ дод. Имомхуяк бисёр одами донову зирак аст. Вай корҳояшро худаш иҷро намекунад. Ба воситаи додараш Искандар Мақсудов ва ба воситаи бачааш Обид Мақсудов анҷом медиҳад: вербовату подстава мекунад, сум медиҳад, харидуфурӯш мекунад. Барои мисол дар фалон рейс як кило борро мефиристад, аммо тавре, ба воситаи одамҳояш, утечка мекунад-хабарро мерасонад ва он килои бору он «курйер» дастгир мешаванд вале бо худи ҳамон рейс ба камияш даҳ килои дигарро мегузаронад. Барои таваҷҷуҳи мақомотро ба бори яккилоӣ ҷазб ва ҷалб кардан, ҳавоси онҳоро аз бори асосӣ дур ва парт кардан хабар медиҳад, ки бор рафта истодааст. Аз ҳамон «круг»-и худаш ба ягон одам як кило медиҳаду боз ҳамон одамро  мефурӯшад. Вале бо ҳамон рейс бори асосӣ гузашта меравад. Информатсияро ба воситаи одамони худашон, ки дар система кор мекунанд ба ҷойи даркорӣ мерасонанд.

«Бор»-ҳои Имомхуяк дар Туркия, дар Русия ва дар Дубай мераванду тақсим мешаванд.

Ҳикояти задухӯрди Зоир Соҳибови домод бо Имомхуяк.

 Охири соли 2015 буд. «Пири кор»-бобои Зоир 25 кило бори тозаро ба воситаи як одам дар Русия «остановка» мекунанд. Бояд ин бор Туркия ё Дубай биравад. Аз ин нақша, бо кадом тариқе Имомхуяк дарак меёбад. Имомхуяк нақша мекашад, ки бояд борро гирад. Дар Москва бор гум мешавад. Албата мушкил буд ҳамаи нақшаҳои Зоирро фаҳмидан, ки бор аз куҷо ба куҷо меравад. Аммо пул ҳамаи дарҳои бастаро мекушояд. Аз яке аз наздикони Зоир малумотро бо нархи хуб дастрас намуданд. Бор бояд ба Русия рафта дар онҷо дар дохилаш шакару дигар чи якчо мекарданд, ки зиёдтар шавад ва баъд ба Дубай равона мегашт. Мақсудов Искандар бародари Имомхуяк, ки дар Дубай қарор дошт ва дар кофтукоб буд интизори ҳали нақша буд. Ҳамин тавр рӯзи равон кардани 25 кило героин расид. Онро ба Русия равон намуданд. То замоне, ки борро бояд равон мекарданд, Максудов Обид писари Имомхуяк он нафарро, ки дар Русия борро қабул мекарду баъд ба Дубай равон мекард, ёфта ӯро бо додани маблағи калон ба тарафи худаш кашид. Мақсудов Обид борро ба воситаи нафари дар Москва гирифта пинҳон мекунад. Зоир  дар Душанбе кофтукоби нафари дар ин кор дастдоштаро сар мекунад. Муайян мекунанд, ки дар ин кор Имомхуяк, Искандари бародари Имомхуяк даст дорад ва Обид писари Имомхуякро ҷӯстуҷӯ мекунанд. Обид дар Дубай буд. Маҷбур мешавад Душанбе ояд. Пас аз омаданаш ба Душанбе рост ба қабули Зарифбеку Зоир ба кохи Наврӯз меравад. Дар кохи Наврузи Душанбе «разбор» мешавад. Дар қафои ин кох Зоир офис дошт. Зарифбеку Зоиру ҳама одамҳои боло. (Зарифбек Давлатов, шавҳари дуюми Таҳмина –духтари Эмомалӣ Раҳмонов) Спрос мекунанд. Обидро фарёд мекунанд. Имомхуяк тавре мекунад, ки барои ин кор чандин бачаҳои боқувват подстава мешаванд, ки гӯё онҳо карда бошанд.

  “Зоир Соҳибов ба Обид мегуяд, ки борро одами ту гум кард. Биё, пулро биёру востановит куну баргарон бидеҳ. Обид мегуяд,ки ман пул надорам.Ман нагирифтам,гуфта худро «полний» қафо мекашад. Гап дар сари онки барои Обид ин якум ходкааш нест. Ин одам практикааш зиёд аст,психологияаш хуб ва таҷрибаи зиёд дорад, беҳад сағираи гург аст. Бераҳмтарин инсон ҳам аст. Обид Мақсудов, бачаи Имомхуяк мебошад. Сари бисёр одамҳоро хурда аст.”

Қисса кутоҳ мегуяд, ки маро вақт бидиҳед. Ҷавобаш медиҳанд, мебарояд ба Азимов Зафар занг мезанад. Кличкаи Зафар бедняк буд. Азимов Зафар аз шогирдҳои Зоир аст. Зафари домсоз. Баъдтар Обид ӯро кушт. Барои ҳамин «срок» гирифт. Бародарр калонии Зафар Ҷамшед ном дорад. Ҷамшед домоди бародари Имомхуяк мебошад. Хуллас, Зафарро занг мезанад. Мегӯяд хешу таборем, биё ҳамин масъаларо ҳал кун. Ту шогирди онҳоӣ, гапи туро гуш мекунанд. Зоиру Зарифбек туро гуш мекунанд. Зафар беднияк ба Обиди писари Имомхуяк дурушт ҷавоб медиҳад ва мегуяд, «ки ман зани турову зани отаатро фалон мекунам. Ду рӯз пас акаи Зарифбек аз куҷое меояд ман туро фалону беҳмадон мекунам. Карочи бигиру биёбу востановит кун.»

Ин мард барои чи ин гапро мегӯяд?

Барои онки бародари ҳамин Зафар, ки домоди Имомхуяк аст барои бознагардонидани қарз туҳмат мекунанд. Гуё 200 ҳазор доллари бачаи Имомхуякро пас надодааст гуфта хеле кашокаш мекунанд, аммо зурашон ба Ҷамшеди бародари Зафар беднияк намерасад.

Бародари Имомхуякро Қурбонмилиса мегӯянд. Онҳо ду бародар байни худ мисли сагу пишаканд .Қисса кутоҳ, ки Зафар ҳамин хусуматро дар дарунаш нигоҳ дошта будааст.    Барои ҳамин вақте Обид занг мезанад вай Обидро дашном медиҳад: «Мо очаи шуморо фалон мекунем. Он давре гузашт, ки шумо мардумро дағдаға мекардед.»

Зафар ҳамин тавр ҳақорату дашном медиҳад. Обид ва Зафар вохурӣ таъин мекунанд дар битонкаи Душанбе

    ” Ин бача (Обид) ба дараҷае наққошу пешбин аст ки барои иҷрои ин кор (пеш аз кидат кардани бор) уже ҳамаи ходу контрходҳояшро бо отааш (падараш) пешакӣ тайёр мекунад.  Чи хел мекунад, куҷо мегурезад, чи кор мекунад. Қисса кутоҳ гапоҳояшон мегурезад ва дар ҳамон вохурӣ Зафарро мекушад. Кордча мезанад, Зафар мегурезад, аз думаш сур мекунад. Ин фармони қатлро Искандар Мақсудов, бо тахаллуси раис ба Обид дода буд. Падар ва амакӣ фармон медиҳанд, ки бикушад. Зафар бедняк бо тани маҷруҳ ва хуншор фирор мекунад. Зафарро то Қараболо меоранд, вале бар асари хунрезии зиёд ҷон медиҳад.”

Зафар бачаи хуб буд, дар муқоиса бо окруженияшон хуб буд. Обид мегурезад меравад. Пешакӣ падараш ҷою макони пинҳон шуданашро омода кардагӣ аст. Дар якҷо баҷо мешавад. Баъд худашро аз кадом баландӣ ба замин мепартояд ва пояшро мешиканад, барои онки бояд ягон сабаб бошад, ки рост шуъба набаранд, бемористон баранд ва то замоне дар бемористон аст тавонанд, ки ҳамаи «хвост»-ҳоро бибуранд.

Ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух медиҳад. Дар ин ноҳия Умеди Раҳмон прокурори ноҳия аст. Умеди Раҳмон, писари Нуриддини бародари трактористи Эмлмалӣ Раҳмонов аст . Гап берун мебаряд. Маълум мешавад,ки гап сари наркотик рафта истодааст. Зоир принсип мемонад, ки бачаро меёбеду мекушед ва мо бизнесро кашида мегирем: «ин к….очаҳоро полний қир мекунем».

Имомхуяк дар ҳалли ин қазия  чи кор мекунад?

 Имомхуяк бисёр шахси муғамбир ва маккор аст. Мегуяд,ки ин ҷангу даъво аз пушти наркотик нест, ин ҷанг аз пушти қарзе, ки акаи Зафар бедняк дар пеши мо дошт аз ҳамон бархостагӣ аст. Ин ҷанг аз пушти ҳамон гуфта гапро тоб медиҳад. Дар ҳоле ҳеҷ далеле барои ин гуфтааш Имомхуяк надошт. Хуллас, ҳамаро бо воситаи пул мехарад,т авассути Мансур Умаров. Бачаро худаш оварда месупорад, бачаи худашро. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нашр шуда буд, ки директори заводи кабел бачаи худашро оварда ба мақомот супорид. Чунки аллакай болову поёнро харида дилпур шуда буд. Аммо Зоир «зуб тачит» карда истодааст. Вақте ки Обид дар госпитал аст Зоир наметавонад, ки ӯро ягон кор кунад.

Сипас вақти саволу ҷавоб дар тафтишот Имомхуяк бачаашро ёд медиҳад, ки ҳодисаро айнан нақл кунад ва номи ҳамаро ифшо созад. Делоро прокуратураи шаҳр мебарад. Дар парванда номи Зарифбек, номи Зоир ва чанд нафари дигарро зикр мекунад.

Савол инҷост ки чаро ин корро карданд?

Гап дар сари он аст ки Имомхуяк пай бурда буд, Зоир ва Зарифбек нақша доштанд, ки Обидро бикушанд. Вақте баёнот-показание дод, ки онҳо соҳибони боранд, Зоиру Зарифбек онро хондаву фаҳмида дигар аз қасди куштор даст бардоштанд. Онҳо хонданду қафо заданд. Яъне ин бозии Имомхуяк буд, ки Зоирро имкон надод писарашро бикушад.

Вале баъдан боз дар рафти тафтишот нишондодҳоро дигар карданд. Агар ягон камбағал мешуд, баъди додани нишондод онро дигар намекарданд. Аммо чун инҷо Зоиру Зарифбек -домодҳои президент мебошанд, нишондодҳоро дигар карданду гапро аз наркотик ба қарз тобиданд, яъне сабаби куштор қарз шуд. Қарзе, ки дар ҳеҷ ҷо нест. Хуллас Зоирро ду бор бе вазелин шакиданд.

Дар парванда нишон доданд, ки Обид Зафарро як кордча задааст. Дар асл ду кордча зада буд. Бо як кордча қисми ду моддаи 104 мешавад, ки ҷазо сабук аст вале ин модда то ҳукми абадро пешбинӣ мекунад. Дар суд-медэкспертиза ҳамаро тағйир доданд. Як кордчаашро нишон надоданд. Обид Мақсудов  ҳукми абад мегирифт. Тарве санадҳоро омода карданд, ки гуё  Зафар Азимов  Обидро «доводит» кардааст, занашро модарашро ҳақорат додааст. Прокуратураи шаҳр делоро бурд, бисёр нофаҳмиҳо шуд дар парвандаи ин одам. Имомхуякро дар аввал сахт ҷуқиданд, аммо натавонистанд. Тавассути шиносҳояш кор кард. Ҳамин тавр Обиди писари Имомхуяк 23 сол гирифт. Искандари амакаш сол нагирифт. Вале дертар барои табодули долларҳои фалшивий зиндон шуд.

Дар мавриди писари дигари Имомхуяк соли 2012 як хабар дар “Озодӣ” низ нашр шуда буд.

“Сайёд Мақсудов, писари Имомалӣ Мақсудов, собиқ раиси “Тоҷиккабел” ва аз афроди соҳибнуфӯзи Тоҷикистон бо ҷурми нофармонӣ ба қонун 5 рӯз аз озодӣ маҳрум шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Мақсудов дар шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои Рӯдакӣ – Миршакар бо автомашинаи шахсиаш – «Порше Кайён» ҳаракати роҳро дағалона вайрон карда, ба фармони кормандони БДА итоат накардааст.

Вай афзуд, кормандони воҳиди махсуси БДА ӯро боздошт карда, аз рӯи моддаи 479, қисми 1, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, яъне итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милиса парвандаи ӯро ба додгоҳ ирсол карданд ва додгоҳ ӯро ба панҷ рӯз аз озодӣ маҳрум кард.”

Дар ин байн боз хеле корҳои дигаре ҳам шуд.

“Искандар Мақсудов як наркобизнеси калон бо лақаби Туркменро кушт. Мурдаашро дертар ёфтанд.”

Аммо ҳоло наркобарони асосии Тоҷикистон Зоир Соҳибов аст. Тиҷорати наркотики Зоир дигар ба масъалаҳои давлатӣ ва амнияти миллӣ таҳдид карда истодааст.Тибқи маълумотҳои расида феълан дар боздоштгоҳҳои Уш ва Бишкек беш аз 100 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттҳоми қочоқи маводди мухаддир ба сар мебаранд.Ин нафарон дар як соли ахир ба даст афтодаанд. Гуфта мешавад, ки аксарияти ин нафарони боздоштшуда дар баёнотҳои худ эътироф кардаанд, ки героини Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмоновро ҳамл мекарданд ва ба ҳангоми сипари шудани марзи Тоҷикистон онҳоро худи марзбонҳо ва одамони Зоир гусел кардаанд. Камтарин миқдори героини бурдаи ин нафарон 30 кг будааст. Нафароне ҳастанд, ки бо 250-300 кило ба даст афтодаанд.

  “Албатта, имкон надорад, ки як нафар ин миқдори бузургро ба танҳоӣ аз марз бигзаронад ва аз шаҳрвандони қирғиз ҳам ҳамдаст доштаанд. Вале ин 120 нафар, ки бар фарзе 30 килоӣ бурда ва ҳоло ба даст афтода бошанд,як муҳосаба кунед,ки ин чи миқдор героин аст?”

Гуфта мешавад, ки як иллати фишори мақомоти Қирғизистон махсусан Қамчибек Тошиев болои Раҳмонов ҳамин миқдори бузурги героини мусодирашудаи Зоир дар Қирғизистон аст.

Чанде пеш, хабаре ба нашр расид, ки дар Қирғизистон аз қочоқи наздик ба 3 миллион доллар (2 млн.750.000 доллар) ҷилавгирӣ шудааст. Қирғизистон тавзеҳ надодааст, ки ин пул ба кӣ мутааллиқ аст аммо дар изҳороти Кумтаи марзбонии Қирғизистон омдааст:

« 15 октябри соли 2022 дар деҳаи Қарабеки ноҳияи Бодканд як мошин тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақами давлатиаш O9240AG таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Т.А.М., соли таваллудаш 1981, зодаи деҳаи Қарабекро, ки ба мақомоти Қирғизистон ҳамчун нафари дахил дар фаъолиятҳои қочоқӣ маълум буд, манъ кардаанд. Ҳангоми кофтукоби мошин дар қисмати бордони он 6 халтаи полиэтилении ба шакли хишт скотчпечшударо пайдо карда, аз дохили ин халтаҳо 2 миллиону 750 ҳазор доллареро, ки ин шаҳрванд мехостааст ба таври қочоқӣ аз Тоҷикистон ворид кунад, пайдо кардаанд. Дар чорчӯби ҷорабиниҳои фаврию тафтишотӣ 4 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони даст доштан дар ин қочоқи бузург дастгир кардаанд.

Деҳаи Қарабеки ноҳияи Бодканд аз се тараф бо рустоҳои тоҷикнишини ҷамоатҳои Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз мебошад».

 Бинобар маълумотҳои дарёфтӣ ин пули Зоир Соҳибов будааст, ки барои қочоқбарони маводди мухаддир нигаронида шудааст.

Мақомоти амниятии Қирғизистон ҳама нишондодҳои афроди боздоштшуда ва низ ҳаҷми героини мусодирашударо дар як навори видеӣ ҳам ба Раҳмонов ва ҳам ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия фиристодаанд. Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон баъд аз онки Раҳмонв намоишкорона ба ӯ салом накард, ин наворҳоро дастраси Путин ва Раҳмонов кардааст.

“Мақомоти қирғиз ба Зоир лақаби Пабло Эскобар часпонида ва парвандааш ҳам бо ҳамин номи Эскобари тоҷикӣ гузошта шудааст. Дар ҳақиқат Зоир ба як мушкилаи байнидавлатӣ барои Қирғизистон ва Тоҷикистон табдил шудааст. Шояд, боваратон наояд, аммо аз чанд вақт аст ки сарнавишти тиҷоратҳои бархе аз домодҳои Раҳмонов ва махсусан Зоир ва Шамсулло Соҳибовҳо ба яке аз масоили доғ ва асосӣ дар баҳси марз миёни ду кишвар шудааст.”

Мо,ба дурустии ин хабар,ки феълан дар ИВС, СИЗО ва зиндонҳои Уш ва Бишкеку Бодканд беш аз 100 нафар (гуфта мешавад 120-125 кас) аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд, шакку шубҳа надорем. Бархе аз ному насаби онҳо пеши мо маҳфуз аст. Аксарияти онҳо зодагони собиқ вилояти Кулобанд. Онҳо киҳоянд ва бо Зоир Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов чи алоқа доранд бо мусоид шудани фурсат дар ин масъала ҳатман хоҳем навишт.

Share This Article