Қирғизҳо гуфтанд, Раҳмонов сокит аст,ин сукути бе иллат нест

Ислоҳ нет

Қирғизистон иқрор мекунад, ки баҳси марзии ин кишвар бо Тоҷикистон  роҳи ҳали худро пайдо накардааст.

Руслан Қазоқбоев, сардораи Идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон дар як суҳбат бо РИА Новостии Русия гуфтааст, ки ду кишвар то кунун натавонистанд мушкили  таъйини хутути марз ва нишонагузорӣ дар онро ба бартараф созанд. Вазири хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки  «даст кашидан аз даъвоҳои ҳудудӣ»  як роҳи ҳал дар ин масъала аст, ки қирғизҳо бар он омодаанд.

   “Ҳамчунин вазири хориҷии Қирғизистон ин пешниҳодро матраҳ кардааст, ки дар сурати ҳал нашудани баҳси марзӣ бо Тоҷикистон  Русия метавонад байни ин ду кишвар миёнравӣ кунад.”

Тоҷикистон ба ин изҳори  назарҳои вазорати хориҷии Қирғизистон вокуниш накардааст. Вале ин нукта мусаллам аст, ки  ин Тоҷикистон аст ки бахши аъзами қаламраваш дар Исфараро қирғизҳо ишғол кардаанд. Аз ин рӯ розӣ шудан ба «даст кашидан аз даъвои ҳудудӣ» ин баробар ба ҷиноят ва хиёнати давлатӣ аст. Вале Эмомалӣ Раҳмонов ин ҷиноят ва хиёнатро солҳо пеш содир карда буд, ҳанӯз, ки ӯ худро Асосугзори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат эълон накарда ва шароити якумрӣ дар сари ҳокимият бозмондани худро фароҳам наоварда буд. Манзури мо вогузории  беш аз 110 километри мураббаъи қаламрави Тоҷикистон аз Вилояти худмухтори Бадахшони куҳӣ аст, ки Раҳмонов онро ба Хитой фурӯхт. Аҷаб нест, ки ин бор низ чунин амали шанеъро анҷом бидиҳад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Раҳмонов ва домодҳояш баъди баста шудани марз бо Қирғизистон аз як манбаи даромади калон маҳрум шудаанд. Дар ин бора каме поинтар мегӯем.

Ҳамчун миёнарав вориди баҳс кардани Русия аз тарафи Қирғизистон на як бору ду бор садо медиҳад. Шояд ҳам қирғизҳо амдан ин пешниҳодро доранд матраҳ мекунанд. Чун мавқеи Тоҷикистон дар ин бораро медонанд.

   “Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон ба шиддат ин пешниҳодро рад карда буд. Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия  дар як суҳбаташ ин пешниҳодро, ки Русия метавонад миёнарав барои ҳалли низоъу моҷарои марзӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон  бошад ва ба ҳукумати Тоҷикистон аз нақши ин кишвар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва миёнҷигиаш миёни ҳукумати Раҳмонов ва ҲНИТ ба унвони намуна гӯшрас карда буд, матраҳ кард. Аммо ҳукумати Тоҷикистон бо итоби  хашмолуд, ҳатто нота-ёддошти эътирозӣ ба Русия зада гуфта буд, ки баҳси марзӣ бо Қирғизистон  кори дохилии ду кишвари мустақил аст ва зарурати халонидани фуки кишвари саввум вуҷуд надорад.”

Аммо ҳоло шароит иваз шуд ва Толибон ба марзҳои Тоҷикистон  омаданд ва Русия  бор-бор дар ин авохир эълон кард, ки сарҳади Тоҷикистон сарҳади ҷанубии Русия ва ОДКБ аст. Аз ин ҷост ки силоҳу муҳиммот, мошинҳои заминиву ҳавоии ҷангӣ ба Тоҷикистон дода як посгоҳи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро бо пули худаш эҳдос мекунад. Артиши 201-и Русия ҳам дигарбора муҷаҳҳаз мешавад. Русия дар Тоҷикистон тамриноти низомӣ доир кард.

   “Ин ҳама гувоҳ ва шоҳиди айнӣ аст, ки Русия ба ҳеҷ ваҷҳ барои Тоҷикистон «кишвари саввум» набудааст ва ончики Кремл бигӯяд Эмомалӣ Раҳмонов ҳамонро иҷро хоҳад кард. Вагарна ҳеҷ гоҳ «Толибон» чанд соли пеш дар Тоҷикистон дафтари худро наметавонистанд бикшоянд  ва низ табобати ҷангиёни захмии онҳо дар беморхонаҳои вазорати дифои Тоҷикистон  сурат намегирифт. Афзун бар ин Русия тавассути Тоҷикистон ба Толибон кумакҳои моддиву низомӣ намерасонд.”

Бо ин пешниҳодҳо Қирғизистон  нишон доданӣ аст, ки  як зарра ҳам гузашт карданӣ нест,балки  қаламравҳои ишғолии худро пас намегардонад.

Моҳи гузашта, баъди як низоъи дигар дар 9-июл Қамчибек Тошиев, раиси КДАм ва роҳбари ҳайати музокиротии Қирғизистон ҳам тақрибан ҳамин ҳарфҳоро зада ва ишорат бар он карда буд, ки мавқеи ҷонибҳо барои ҳалли ин баҳс аз ҳамдигар фосилаи зиёд дорад. Вай мулоқоти раисони ҷумҳури ҳарду кишвар дар Душанберо ҳам бенатиҷа  хонд.

   «Тасмими ниҳоӣ дар бораи минтақаҳои баҳсии марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон вуҷуд надорад. Эмомалӣ Раҳмонов ва Содир Ҷаборов дар асоси ҳуҷҷатҳо ва харитаҳо дар суҳбати 5-6 соатаашон масъалаи марзиро як ба як баррасӣ карданд. Аммо ҳанӯз пешрафте дида намешавад»-гуфта буд Тошиев.

Раиси ҳайати музокиротии Қирғизистон дар суҳбатҳои қаблиаш борҳо ба гурӯҳҳои қочоқбари маводди сухт ва низ  маводди мухаддир  суҳбат карда ва гуфта буд, ки ин гурӯҳҳо муштаракан дар ҳарду кишвар амал мекунанд.

Ин паҳлуи масъаларо «Ислоҳ.нет» на як бору ду бор навишта буд, ки наздикон ва аъзои хонаводаи Раҳмонов яке аз омилони асосии то ба имрӯз ҳалношуда боқӣ мондани баҳси марзӣ байни ду кишвар ҳастанд.

Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов солҳои зиёд аз Қирғизистон ба Тоҷикистон маводди сӯхт: бензину соляркаву газ ворид мекард. Вақте сарҳад ноором ва чанд нафар дар ду тараф кушта шуд, «Фароз»-ширкати машғул ба ин кори Шамсулло эълон кард, ки аз бозори маводди сӯхт хориҷ шуд. Гап дар сари он аст ки Қирғизистон ба ҳайси кишвари узи ЕВРАЗЕС аз Русия бо нархи арзон маводди сӯхт мегирад. Ҳамин ҳадди ақал як баробар арзон будани маводди сӯхт боис шуд, ки мошинҳои 40 тоннаи «Фароз» ва пештар «Тоҷирон»-и Шамсулло аз Қирғизистон солона ҳазорон тонна ба таври қочоқӣ ворид кунад.

Хелеҳо аз ин вазият огоҳ буданд вале гумонашон ин буд, ки ин маҳсулот қонунӣ дохили Тоҷикистон мешавад. Аммо ҳоло комилан ошкор шуд, ки дар воқеъ Шамсулло ба таври дуздӣ ворид мекардааст.

Хабаргузории «Фергана» менависад:

«наздикони вазири умури дохилии Қирғизистон дар қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон гумонбар мешаванд. Дар байни соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар деҳаи Аркаи сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар интиқоли маводи сӯхт ба Тоҷикистон гумонбар мешаванд, хеши вазири корҳои дохилии Қирғизистон Улан Ниёзбеков низ ҳаст. Хабаргузории Фарғона иттилоъ медиҳад, ки нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Арка таваҷҷӯҳро пас аз задухӯрдҳо дар сарҳад дар баҳори соли 2021 ҷалб карданд: Он гоҳ маълум шуд, ки дар деҳае, ки каме бештар аз 4000 нафар зиндагӣ мекунанд, тақрибан 20 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мавҷуд буд,ки ҳама дар ҷараёни муноқишаи сарҳадӣ сӯхтаанд».

Маълум нест, ки ин нуқтаҳои фурӯш, ки ҳамагӣ барои Шамсулло Соҳибов хидмат мекард ва ҳатто гуфта мешавад бо пули Шамсулло  сохта шуда буданд, аз тарафи кӣ ба оташ кашонида шуд: аз тарафи тоҷикҳо ва ё қирғизҳо.Чунки дар ҳарду тараф ҳам қочоқбарони маводди сӯхт манфиатдор буданд, ки асрор ифшо нашвад. Чуноне гуфтем  қаблан раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) Камчибек Тошиев гуфта буд, ки сӯзишворӣ аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Арка ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Ба гуфтаи Тошиев, талошҳои шашмоҳаи кормандони КДАМ барои боздоштани қочоқ натиҷа надод, он танҳо пас аз муноқиша дар марз қатъ шуд.

Дар ин идомаи ин гузоришаш хабаргузории «Фарғона» навиштааст:

«Сокинони деҳа ба хабарнигорон гуфтанд, ки садҳо мошини боркаш бо сӯзишворӣ мунтазам ва озодона марзи Тоҷикистонро убур мекарданд. Онҳо борҳо дар бораи ҳолатҳои сершумори қочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додаанд, аммо ҳамагӣ ду маротиба чунин далел дар Феҳристи ягонаи ҷиноятҳо ва  ҳуқуқвайронкуниҳо сабт шудааст. Сокинони Арка гуфтаанд, 45-50-100 мошини боркаш ба деҳа меоянд, онҳо бо роҳи қочоқ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Асосан тоҷикон бо ин кор машғул буданд.»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон низ на як бору ду бор дар суҳбатҳояш роҷеъ ба баҳси марзӣ бо Қирғизистон гуфта буд, ки иллати асосии ҳалношуда боқӣ мондани ин баҳс тиҷорати аъзои хонаводаи Раҳмон аст.

Зоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов марзи Қирғизистон дар Исфараро ҳамчун нуқтаи тронзитӣ барои интиқоли маводди мухаддир истифода мекардааст ва ҳамин Зоир аз ин нуқтаи марзӣ барои содироти молу маҳсулоте,ки аз Чин ворид мекард низ истифода мекардааст. Гуфта мешавад, ки баъд аз онки осоишгоҳи «Зумрат» дар Исфараро гирифт, меҳмонони ӯ аз Афғонистон ва Русия дар онҷо зиёд шуданд ва яке аз «склад»-и ин осоишгоҳ ҳамчун амбори маводди мухаддир истифода мешудааст ва дар пиромани он афроде мусаллаҳ меистодаанд.

Манобеи мувассақ аз КДАМ, ки марз  таҳти назорати онҳост ин хабарро низ доданд, ки Зоир барои даҳҳо тоҷири қирғизу русу қазоқ аз Хитой бор меовардааст. Борҳое, ки «растаможка» намешаванд тавассути Қирғизистон ба берун содир карда мешаванд.

Домоди дигарии Раҳмон Зарифбек Давлатов, ки ширкати «Таҷеро»  аз они ӯст, анвои хурокворӣ аз қабили шоколаду печениву конфету дигар чизҳои истеҳсоли Русияро аз Қирғизистон ба таври қочоқӣ мегирифт ва дар Тоҷикистон «реализоват» мекард. Ба маҳзи ҳамин даромадҳои оилаи Раҳмонов буд, ки баҳси марзӣ то кунун ҳал намешавад. Ва беш аз пеш қирғизҳо  дар ин маврид тоҷиконро таҳқир ва хору залил мекунанд.

Ҳоло беш аз як моҳ аст, ки дар яке аз ҷойҳои табиии табобатӣ-Қуммазор, ки то ҳамин акнун аз они Исфара маҳсуб меёфт, қирғизҳо иҷозат намедиҳанд, ки мардуми тоҷик рафта дар онҷо дам бигиранд ва табобат кунанд.

Агарчанде оби даҳани Эмомалӣ Раҳмонову домодҳояш ба марзи Қирғизистон шорида истодааст, аммо воқеияти  имрӯзи кишвар ин аст ки нархи газ ба ҳадде боло рафт, ки дар ҳеҷ гӯшаи дунё назир надорад.

Раҳмонов бояд ба дарки ин масъала бирасад, ки қирғизҳо мисли пешина ба ӯ ва домодҳояш онгуна шароитро нахоҳанд дод. Зеро Русия реэкспорти маводди сӯхт ба кишвари саввумро барои Қирғизистон манъ кард, агарчанде воридоти Раҳмонову хонаводааш ҳама қочоқӣ буд.

Посухи Эмомалӣ Раҳмонов ба ин ду пешниҳоди ҷониби Қирғизистон чӣ хоҳад буд, баъид аст  ки эълон бишавад, ҳамчуноне мавқеашро на дар баробари Толибон ва на дар барои Аҳмад Масъуд иброз надоштааст. Чунки ҳам дар баробари Қирғизистон  ва ҳам дар баробари Толибону Ҷабҳаи шимол забонкутоҳ  аст.

Ps: Таҳқиқоти “Ислоҳ” дар қазияи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад. Аз сокинони марзӣ тақозо мешавад ҳар амалкарди оилаи Раҳмоновро дар марз мебинанд ба мо ирсол намоед. Мо бидуни далел чизе намегуем ва наменависем. Барои ҳалли ин мушкилот бояд ҳама миллат якҷо муборизаи худро идома диҳем. Мо интизори маълумотҳои шумо ҳастем!

Share This Article