Қонуни Асосӣ, памперси Эмомалӣ ва подгузники Рустам

Ислоҳ нет

Бале, Қонуни асосии Тоҷикистон тавсиф ва сифоти дигар надорад ва дошта ҳам наметавонад. То соли 2016 Қонуни асосӣ барои Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун памперс хидмат кард. Аз соли 2016 бошад ба подгузники Рустам бадал ёфт. Магар мешавад Қонуни асосиро памперс ва подгузник гуфт? Санади муқаддаси миллат ва давлатро? Ин ишораҳои мо чиро дар назар дорад? Барои онки ҳарфи ҳавоӣ назада бошем ва  барои чунин иттиҳоми сангин далелу бурҳоне дошта бошем, муруре ба 28 соли фаъолияти он хоҳем кард.

Чаро памперси Эмомалӣ?

Қонуни асосии Тоҷикистон соли 1994, замоне, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва беш аз 1миллион аз ҳамватанонамон дар ҳоли фирору ҳиҷрат ба сар мебурд, қабул карда шуд. Дуруст аст, ки ин қонун мебоист пазируфта мешуд, чун то он замон Қонуни асосии Ҷумҳурии шӯравии сосиалистии Тоҷикистон амал мекард, ки як чунин мамлакате дигар дар рӯйи олам вуҷуд надошт. Аммо он замон бо қабули ин қонун дар Тоҷикистон дигарбора идораи раёсати ҷумҳурӣ ҷорӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси раиси ҷумҳурӣ интихоб шуд. Албатта, ҳамагон медонанд, ки дар он интихобот Абдумалик Абдуллоҷонов баранда шуда буд вале силоҳу боевикҳо ва муҳимтар аз ҳама Русия дар пушти Раҳмонов қарор дошт. Ва, Қонуни асосӣ ҳамзамон бо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар як рӯзу дар як соату дар як ҳамапурсӣ қабул гардид, ки ин ҳам як замина ва асос барои памперсу подгузник шудани он гардид. Хуб, ин мавзӯи баҳси дигар аст ва ҳатман дар матолиби равшан кунандаи он бар хоҳем гашт вале, на дар ин матлаб.

Дар соли 1999 баъди бозгашти Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид карда шуд ва тавассути як раъйпурсии умумихалқӣ ин тағйирот машруият ва ҳукми қонунӣ касб кард. Бар пояи ин тағйирот ду навбати панҷсолии раёсати як нафар ба унвони раиси ҷумҳурӣ ба як ҳафтсола поин оварда шуд. Акнун як нафар танҳо ва як маротиба метавонад дар муддати 7 сол раиси ҷумҳури Тоҷикистон бошад. Ҳарду ҷониби сулҳи Тоҷикистон –оппозитсия ва ҳукумат бар ин тағйирот тавофуқ карданд ва низ фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сатҳ ва чаҳорчуби Қонуни асосӣ ҳукми қонунӣ ва дахлнопазирӣ касб кард. Дар моддаи 28-и ин қонун ба фаъолияти аҳзоби динӣ ва даҳрӣ иҷозаи фаъолият дода шуд ва бо раъйи мардум мақоми он таъйид ва тасдиқ гардид.

Аммо дар соли 2003 ҳамагӣ баъди чаҳор соли қабули ин қонун Эмомалӣ Раҳмонов зери қавлаш зад ва Қонуни асосиро ба сифати як памперс иваз кард. Муҳимтарин нукот ва ё моддаҳои ин Қонун:-муҳлати раёсати ҷумҳурӣ ва синни номзад ба ин мақом ба манфиати шахсии Раҳмонов тағйир дода шуд. Як ҳафтсола ба ду ҳафтсола табдил дода шуд ва маҳдудияти сину сол барои довталаби курсии олии кишвар, ки 65 муқаррар шуда буд, аз байн бурда шуд. Яъне акнун Эмомалӣ Раҳмонов метавонист боз номзад бишавад, чун як ҳафтсола ба ду иваз шуд ва маҳдудияти синну солӣ ҳам аз қонун ҳазф гардид. Зеро дигар сину соли Раҳмонов аз 65 мегузашт ва ҳақ дошта наметавонист, ки раиси ҷумҳурӣ бишавад.

  “Эмомалӣ Раҳмонов ин ҳама тағйиротро, чуноне ҳам гуфтем танҳо ва танҳо барои шахси худаш анҷом дод. Барои он ин тағйиротро ба амал овард, ки дигар дар муқобилаш неруеро, ки бо вай дасту панҷа нарм карда битавонад, намедид. Дунё дар дасташ афтод ва ҳар коре бихоҳад, ҳамонро иҷро мекунад.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони ядрои асосии оппозитсиони тоҷик дигар мусаллаҳ набуд ва ҳаққи истифода аз силоҳро надошт. Дар ҳоле, ки рақиби он Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони ҳукумат ва ҳукуматдор ин ҳақро дошт ва силоҳу артишу вазорати дохиливу амнияту прокуратура, мунтаҳо, ҳамачиро дошт.

“Мутаассифона аз сангинтарин иштибоҳоти Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсиони Тоҷик ба ҳангоми имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ҳамин буд, ки ояндаи сарнавишти худро ҳатто барои панҷ соли баъди натавонист пешгӯӣ бикунад ва барои пешгирӣ аз хатароти эҳтимолӣ барномаҳое дошта бошад. Боқӣ мондани рақиби мусаллаҳ дар қудрат ба ҳеҷ ваҷҳ имкон намедод ва намедиҳад, ки ояндае дошта бошӣ. Оппозитсион бо ин иштибоҳи худ, на танҳо худ, балки тарафдорони худро, ки ними зиёди аҳолии Тоҷикистонро ташкил мекард, ба даҳони аждаҳо андохт ва бадтар аз ин раванди сохтмони давлат ва идораи онро ба дасти афрод ва қабилаву қавме гузошт, ки ба ҳиҷ ваҷҳ омодагиашро надошт ва ба ҷуз аз нафси аммора ақлу шуураш бештар қад намедод.”

Ҳоло дигар ин суҳбатҳо чизеро иваз намекунад. Аммо, ончуноне мебинем, бо онки Раҳмонов Қонуни асосиро ба унвони як памперс ё чуноне телевизионҳои тоҷик реклом мекунанд, як уребча истифода карданро шуруъ кард, ба ҳарифони худ изну амон надод, балки баракс тамоми талошашро кард, ки ҳокимияти худро таҳким ва тақвият бахшад.

Раҳмонов Қонуни асосиро ба таги худаш туғрӣ ва мувофиқ кард ва сипас шуруъ кард ба зӯри бозу нишон додан. Шахсиятҳои маърӯфи кишварро аз байн бурд ва ё зиндонӣ кард: Ёқуб Салимов, Муҳаммадрузӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев ва аз Ҳизби наҳзати исломӣ Шамсиддини Шамсиддин, Муллоқосим Раҳимов гирифту зиндонӣ кард. Сипас аҳзоби оппозитсионии демократу сосиалистиро дудаста карду мутафарриқ сохт.

Қонунҳое, чун қонуни озодии виҷдон, танзими анъана ва ғайра қабул кард, ки дасти ӯро болои мардум ва контрол дарозу мустаҳкам мекард. Масҷидҳоро баст. Роҳҳоро пулакӣ кард. Ба овардани хешу табору аъзои оилааш дар ҳукумат сар кард. Ба ғасби рейдерӣ ва роҳҳои бойшавӣ руй овард. «Ориёнбонк»-ро гирифт. Шуруъ кард ба додани имтиёзҳо ба наздикони худ. Суистифода аз мақому мансаби давлат кори маъмулӣ шуд. Замини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба Хитой фурӯхт, ба рағми Қонуни асосӣ, ки тамомияти арзиро тазмин ва кафолат додааст. Дид, ки касе лому мим намегуяд, ҳеҷ чиз намешавад, дар муқобилаш касе нест, ки гап занад, сар боло кунад, ҳар коре кунад, онро дуруст ва мувофиқи матлаб медонанд ва аз вай ба унвони як абарраис ва супермен иштибоҳе сар намезанад, ҳар коре мекунад ба нафъи миллат ва ватану давлат аст шуруъ кард ба лашкаркашӣ ва ниқоргирӣ аз мардуми Ғарм ва Бадахшон. Оташи ҷангро болои мардуми бесилоҳи ин манотиқ на як бору ду бор шуълавар кард. Дигар шуд Ҷаноби олӣ.

  “Роҳбарони асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон устодони шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро заҳрнок карду кушт. Мирзо Зиёевро ҳам ҳамин тавр ноҷавонмардона кушт. Дигар на ба Достиев  ва на ба Убайдуллоеву дигараш ниёз надорад. Интихоботҳои вакилони Маҷлис ва президентиро гузаронд. Бо як масхара. ООНу ОБСЕ ҳама дунёро қоил кард. Аз байни 5 нафар ва бо касби аксарияти оро навдуанд гузашт.”

Мунтаҳо дигар омад-омад тамоми домодҳояшро ба бизнесу пул расонду духтарҳояшро ба ҳукумату постҳои ҳукуматӣ ва Рустами наркомани як соат аскарӣ нарафтаро рутбаи генералӣ доду овард раиси гумруку раиси Агентии коррупсия гузошт. Акнун вай аз ҳеҷ чизеву ҳеҷ гурӯҳе ибову бим надошт. Тамоми молу ашёву сарвати ин мардумро аз они худ   ва ба чапу рост ба фурӯхтан сар кард. Ба чизҳое даст ёфт, ки тамоми умри худашу бобояшу бобокалонашу ҳафту ҳашту даҳу сездаҳ пушташ надошт.

Яке аз саволҳои дустдошташ ҳамин будаст:

«Чи дорӣ? Кор кардӣ чӣ дорӣ? ….Як бор ба худатон нигоҳ кунед чи доштеду чи доред, кӣ будеду чӣ шудед…»

“Агар, барои мисол дар солҳои  1992-1994 у 1995 тамоми ҳушу ёдаш ба хурдани таоми лазиз ва занҳои хушлибос банд буд, масалан ба журналисти телевизион, батадриҷ дигар шуд, ба ҳадде, ки ҳоло қасд дорад на танҳо суратҳисобҳои оффшорӣ, рамаҳои бузу гуспанду подаи гову заминҳои ангуру…хулоса бонку бозору таксиҳову бизнесу ба ирс бигзорад, балки мехоҳад ҳукумат ва давлатро ба бачаҳояш бисупорад.”

Соли 2015 ба як туҳмат ва хиёнати бузург Ҳизби наҳзати исломиро басту аз кишвар ронд ва худи ҳамон сол қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдатро қабул карду бо баҳонаи он дигарбора ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кард ва ин бор 35 ро ба 30 ва ду ҳафтсолаи муҳлати риёсати ҷумҳурӣ барои Асосгузорро лағв кард ва маҳдудияти ҳузури худ дар қудратро доимӣ намуд.

    “Акнун памперс ба подгузник бадал шуд. Памперси Эмомалӣ шуд подгузники Рустам. Рустамро оварду Убайдуллоеро сур кард. Рустам бояд президент шавад. Барои ҳамин маҳдудияти синну солии номзад ба ин мақомро аз 35 ба 30 иваз кард, чун Рустам мебоист қабл аз онки 35 сола бишавад, ба курси раёсати ҷумҳурӣ менишаст.”

Акнун фаҳмидед, ки чаро дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 Қонуни асосиро иваз кард. Қонуни асосиро барои худаш ва хонаводааш иваз кард. Дигар тамоми гапҳояш дуруғ аст. Ба унвони як айёр ва як қаллоби сиёсӣ тамоми ин ҳама муддат сари мардум шира молидааст, фиреб кардааст. Оре як ҳамин Раҳмонов 10 миллионро аҳмақу аблаҳ карда гаштааст.

  “Баъд шурӯъ кард ба балъидан, чопидан, дуздидан, тасарруф, ғорат ва яғмо. Фароз,IRS-ширкати пулчинак, Ориёнбонк, Спитаменбонк,  Бонки байналмилалии Тоҷикистон, Коммерсбонк,  Душанбе сити, Сиёма- мол, Мармарӣ, Авесто-групп,  Сомонайр, Боингҳо, терминалҳо дар ҳама нуқоти марзии кишвр, талону номеру права, ғасб шуд,  медсправка ғасб шуд, лабораторияҳо ғасб шуд, Сифат-фарма, Садбаргу Фаровону Корвон тасарруф шуд, бензину солркаву газ ғасб шуд…..хулоса ҳеҷ чизе намонд. Чунки Қонуни асосиро памперс карду ба таги худаш туғрӣ карду ҳамачизро балъиду мебалъад. Халқ, ин халқи ҷафокашида ҳамоно муҳоҷиру дарбадару овораву сарсону саргардон.”

Нимаро гуреза, нимаро муҳоҷир, нимаро зиндон, нимаро нимсеру нимгурусна, қисмеро саги посбон, қисмеро чоплусу қисмеро «фабрика»  ва  “Авангард” у ав ав гард карда ҳамаро зада гаштааст. Ба маънои комилу томи калима, ҳамин корро карда истодааст. Аслан сабақеву дарсе аз сарнавишти Нурсултон Назарбоев нагирифт ва намегирад. Худро тофтаи ҷудобофта медонад.

Ҳукумат оилавӣ, роҳ пулакӣ шуд, бонкҳо оилавӣ, бизнес хусусӣ ва давлатро «частний компания» кард.

Маълум нест, ки имсол, соли дигар ва ё солҳои дигар, аммо агар зинда бошад, намурад, яқинан бидуни ҷангу хунрезӣ аз қудрат нахоҳад рафт. Диктотурҳои ваҳшатноктар аз Раҳмонов аз сафҳаи офоқ барчида шуданд, Раҳмонов наметавонад истисно бошад.   Тавассути наздикони худаш, тавассути неруҳои дохилӣ ва ё хориҷӣ маҳву несту нобуд карда мешавад, ҳеҷ набошад малакулмавт суроғашро хоҳад гирифт. Вале то он замон хеле вақт аст ки бояд бигзаронему ӯро бо ин ҳама оилаву алулаку булулакаш тоқат кунем.

Ин шабурӯзҳо дар сараш танҳо як фикр дорад ва дар даруни руъёву хиёлоташ дар парвоз аст. Рустамро ба курсии худаш бинишонад ва худро дар сандалии Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат ва ҳамакаса Якуму Дуввуму Севвуму Чаҳоруму ва….ғайраҳову ҳоказоҳои ин мардум ва ин миллат бишаванд ва шом пойи Шабакаи аввалу Сафинаву Ҷаҳоннамову Шаҳнавоз шаванду лентабуриҳову якҷоя дасту по бардоштанҳову сумкаи сиёҳи дасти яке аз ҷондорҳоро бубинаду лесолесиву қарсоқарсҳоро бубинад ва лаззат бибарад:  «Тоҷикистон аз манӣ».

Беҳтар аз ин намешавад. Биҳишти рӯйи замин инҷо набошад пас куҷо бошад?

Қонуни асосӣ, чи қонуни хубе ҳастӣ. Бихезаму ба муносибатат паёми табрикотӣ диҳам.

Share This Article