Қорун ё Фиръавни Ҳоит аз “Пешво” карда ғосибу золимтар аст

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Аввалин нома ва эътирози  мардуми Ҳоит ба “Ислоҳ” мерасад.Агарчи афроди золиме чун Қаноатшо Лоиқзода раиси собиқи Рашт ва Нуралӣ Муродов раиси КДАМ и Рашт бароятон ошно мебошанд. Дақиқан дасти сиёҳ ва шуми ин ду сабаб гашт буд,ки ин Фиръавни Ҳоит,то имрӯз ҷавлон ва ситамро бар ин мардум раво дида истодааст. Метавон гуфт ҳама Ҳоитро “приватизация” ё “оккупировать” ва ё  “самозахват” кардааст.

Номаи мо ба “Ислоҳ.нет” барои он навишта ва равон мешавад, ки ҷое барои гуфтан ва шунавонидан надорем. Мо аз Аббосов Додарбег раиси ҷамоати деҳоти Ҳоит ин “фиръавн”-и маҳаллӣ ва тағои ӯ Ярхичиев Асҳоб гуфтанӣ ҳастем.

Барои мардуми куҳистон молдорӣ ва чорвопарварӣ василаи асосӣ ва муҳимми рӯзгузаронӣ ба шумор меравад. Беҳуда  нагуфтаанд, ки “мол дорӣ,ҳол дорӣ”. Аммо ин фиръавни маҳаллӣ тамоми чарогоҳҳои мардумро фурӯхт. Ва,  барои чаронидани гову молу бузи мардум,ки дучори мушкил ва дардисар шудаанд аслан парвое надоранд.

Албатта ӯ ин корро дар алоҳидагӣ накардааст. Ӯ ин корро-фурӯхтани чарогоҳҳо бо дастгирии Лоиқзода Қаноатшо, вақте дар ноҳия раис буд шурӯъ карда ва то ба ҳоло идома дода истодааст.

Ҷияни Ярхичиев Асҳоб Аббосов Додарбег муаллими забон ва адабиёт буд, ки Донишгоҳи Раштро ғоибона хондааст. Вай делои ҷиноятӣ дошт. Бо маслиҳати тағои Асҳобаш бо пардохти пул делои ҷиноятиро аз прокурори собиқи Рашт харид. Сипас ба вазифаи директори мактаби № 22 ҷамоати Ҳоит оварданаш ва пас аз 10 моҳи корӣ Аббосов Додарбек бо ёрдами тағояш вазифаи райиси ҷамоати деҳоти Ҳоитро ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ соҳиб шуд. Феълан директори ин мактаб Сайдғуфронов Зикрулло Алиҷонович,ки мутаваллиди соли 1990 аст. Ин вазифаро ҳам ба ӯ Лоиқзода Қаноатшо фурӯхта буд. Вақте Лоиқзода фаҳмид,ки ӯро пагоҳ аз кор мегиранд зуд омад ҷамоати Ҳоит ва Аббосов Додарбегро раиси ҷамоат таъин кард. Ва ҳамин тавр Ярхичиев Асҳоб ҷиянашро сари вазифа овард. Ин ду нафар 7дараи асосии ҷамоатро тасарруф кардаанд. Гову молу хару аспи мардумро роҳ намедиҳад. Садсолаҳо чунин гапу кор набуд инҷо. Мардум молу чорпояшоро дар инҷо мечаронд. Ҳоло инҷо молҳои бегонаҳоро, умдатан мардуми лақайро оварда дар ҳар як дара се то чаҳортоӣ рамаи онҳоро ҷойгир карда ва сари ҳар рама аз 8 то 10 сомонӣ мегирад. Номҳои дараҳои Ҳоит, ки ҳоло ӯ гирифтаву мардумро берун кардааст инҳоянд: Пурк, Шавр, Тутак, Бодомлуғ, Девнасур, Пиёзӣ ва Мазор. Ҳамаи ин дараҳоро  Ярхичиев Асҳоб ва Аббосов Додарбег ба номи язна, ҷиян ва бародар ҳуҷҷат карда гирифтанд. Меравад ҳуҷҷат карда меораду фардо эълон мекунаду фалон айлоқ аз они фалонӣ, фалон дараро фалони харид. Мефаҳмад.ки фалон ҷо ҳуҷҷат надорад даррав мераваду мегирад. Дар Ярхичи қалъа, дар Пуштаи беоб  ба номи хусураш ҳуҷҷат кард: ба номи бародараш, ба номи ҷиянаш, ба номи худаш. Дар ҳамин Ярхич аз 10 га зиёд замин дорад. Хусураш дар ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунад як корманди БДА будааст  вале дар ҷамоати деҳоти Ҳоит ба номи ӯ замин гирифтааст. Заминҳои мардумро гирифта ба тамоми авлодаш тақсим кардааст. Замини Киромиддин, замини Бурҳониддин, аз Илҳомиддин, аз Ҳайдаралӣ, аз Файзалӣ ва чандин нафари дигарро гирифт.

Чи хеле гуфтам ҳоло корашон фақат заминфурӯшӣ аст.

Аббосов Додарбег дар он бари сел дар Ҳоити 2 замини бачаи акаи Маҳмадро фурӯхт. Боғи ҳамин шахсро гирифта тақсим кард. Асҳоб Ярхичиев дар ҳамон деҳаи худаш замини Аҳлиев Баҳриддин ва бачаҳои ӯро ҳам гирифта фурӯхт. Аз они акаи Азимҷонро ҳам гирифта бо зӯрӣ фурӯхт. Ҳамин тирамоҳ аз Ярхичи қалъа Аббосов Додарбег  замини акаи Айниддинро фурӯхт. Замини таги насоси деҳаи Ярхичи миёнаро аз акаи Қамардин гирифту ба ҷияни худаш дод. Дар ин замин ният дорад, ки ҳамин баҳор ба зани сеюмаш хона кунад.Ҳамсари сеюмаш духтари ҷавон аз Ҷамоати Ясман деҳоти Ҳисорак мебошад, ки ба наздикӣ бо ӯ издивоҷ намуда аст.

Имзои раиси ҷамоат барои замин  7–8 ҳазор сомонӣ аст.

Солҳои пеш Асҳоб аз номи Шукурҷон Зуҳур гап мезад, ҳозир бошад  аз номи Нуралии сиёҳ гап мезанад. Барои Нуралии сиёз, бузи куҳӣ, кабк, моҳӣ, картошка, себ,муруд, асал, бузу гӯсфанд, маскаву чакка мебарад. Айни замон заминҳои корами халқи камбағали Ярхичи қалъа ва Ярхичи миёнаро ҳамроҳ бо ҷиянаш Аббосов Додарбег,ки раиси ҷамоат аст ҳуҷҷат сохта фурӯхта истодааст. Дар ин кори онҳо заминсози ҷамоат Шомаҳмадов Раҳматулло Идибекович ҳам  шарик аст. Халқи камбағал пеши раиси ҷамоат меояд, ки заминҳоямонро ҳуҷҷат кунем маълумотнома намедиҳад ва  имзо намегузорад. Абдухалилов Сайдисмон, нафари масъул оид ба ҳуҷҷатгузории  заминҳо пулро аз мардум гирифтааст, ки ҳуҷҷат сохта медиҳад вале мардумро фиреб карда гаштааст. Феълан Сайдисмон Абдухалилов дар маркази ноҳияи Рашт  кору фаолият мекунад. Кораш миёнарави барои заминфурӯшӣ. Ҳоло ошкоро ба фурӯши заминҳои наздиҳавлигӣ сар карданд. Дар фурӯхтани заминҳои наздиҳавлигӣ шӯъбаи амнияти ноҳия ҳам бо ӯ сад дарсад шарик аст. Ин ду корманди амният дар Ҳоит,ки ҷавонони то 35 сола мебошанд. Аз ҳама амалҳои ғайри қонунии Додарбек ва Асҳоб ва Саидисмон хуб огоҳанд. Аммо Нуралӣ сиёҳ миёнашон истодаасту доля хур аст.

Дар давоми ду соли кориаш. Аббосов Додарбег ду мошини гаронарзиши хориҷӣ Тойота ва Хонда ҷип ва чаҳор зан гирифт ва бевабозиаш беҳисоб.

Феълан ҳафт дараи Ҷамоати Ҳоит ҷарогоҳи гусфандони даҳмардаҳои Лақайҳо мебошанд. Асҳоб Ярхичиев  тағои раиси ҷамоат бо даҳмардаҳои Лақаиҳо шартнома менамояд,ки аз даҳ то 15 ҳазор сомонӣ мегирад аз он чупон ва гусфандонашонро мегузорад дар он дара барои чаридан. Масалан дар як дара се рамаи гусфандро агар иҷозат диҳад ин мешавад 45 ҳазор сомонӣ. Акнун инро ба 45х7=315,000 ҳазор сомонӣ мешавад,ки ин як даромади соф ва бе андоз мебошад, ки ба кисаи Асҳоб Ярхичиев медарояд. Соли гузашта ҳангоме,ки сокинони Ҳоит ба дараи Девнасур аспҳои худашонро барои чаро бароварданд мисли ҳама солҳо .Лақаиҳои пул дода ба Асҳоб ҳама аспҳои мардумро фароварданд ва иҷозат барояшон надоданд,ки мо пул додагӣ ҳастем ва шумо ҳаққи чаронидан дар ин дараро надоред. Ин ҳафт дара  масоҳати 6,600 (шаш ҳазору шашсад) га ро ташкил медиҳанд ва шахсӣ дар номи ин оила мебошанд. Аз инҷост,ки ин оиларо Қоруни Ҳоит меноманд.

Махсусан дар мавсими гусели сарбозҳо ба хидмат Аббосов Додарбег хуни халро мехурад. Агар нақшаи ҷамоати Ҳоит 6 ё 8 ҷавон бошад, ӯ ба тамоми ҷавонҳои синни даъват “доля” мебандад. Ба замми ин боз дар ҷойи 8 нафар ҳатман 18–20 нафарро бурда барои дигар ҷамоат ва ё ҳатто дигар ноҳия мефурӯшад. Нафаре, ки хизмат намеравад аз ӯ 5000 сомонӣ рӯйи рост талаб мекунад. Рӯирост мегӯяд,ки агар “бти ҷонат халос набоша мерай”. Пулро ду даста мегирад. Боз як бизнеси дигар раиси ҷамоат ин ҷавонҳое, ки оила баргузор кардан мехоҳанд, мебошад. Онҳо барои баргузории тӯй иҷозатгирӣ меоянд. Паспорти онҳоро мегирад ва мегӯяд,ки баъди тӯй набояд гурезӣ, хизмат бояд равӣ ё 5000 сомонӣ медиҳиву чор тарафат қибла.“ мн хамихел рафтор менум, мн аз ҳич кас наметарсум, кадмеда арз мене бкне”

 Раиси ҷамоат дар як маҷлис дар ҳузури мардум Займудинов Илҳом, як сокини ҷамоатро барои бачааш Назриддин дар рӯяш бо китоб мезанад, ки “бачата бгу биёя ай Москва хизмат брава”. Ин ҳодиса чунин мешавад. Ӯ падарҳоро ҷамъ карда ҷаласа баргузор мекунад ва мегӯяд писаронатонро аз Русия оварда ба хизмат фиристед. Илҳом Займудинов мегӯяд,ки   фарзанди ман аз 18 боло аст,гапи маро гӯш намекунад. Худатон занг занед, гапатонро бигирад, ояд, равад ба хизмат. Ҳуқуқ дар дасти худаш.

  “Ту чаро ин хел гап мезанӣ гуфта китобро дар рӯи ин марди калонсоли боло аз шастсола  мепартояд.”

Раиси ҷамоат Аббосов Додарбег таваллудаш 1990 аст.  Ӯ як ҷавонеро,ки Ҳавлоев Киромиддин ном дорад, меқапад ва телефонашро аз дасташ мегирад. Мегӯяд,ки имсол хизмат меравӣ. Раис телефонамро деҳ, мегӯяд. Мегӯяд намедиҳам. Вақти хизмат меоӣ телефонатро мегирӣ. Мегӯяд,ки бидеҳ ман хидмат меравам. Мегӯяд, ки не паспортатро оварда ба дастам ҳамчун залог бидеҳ. Паспортро оварда медиҳад.Телефонашро мегирад.

Ҳоҷӣ Шараф (бародари Раҳими ғармӣ) ба одамони камбизоат ва бевазанҳо хайр кард. Онҳоро пешакӣ номнавис карданд. Дар конвертҳо 500 сомонӣ. Одамони Ҳоҷӣ Шараф омаданд барои тақсими хайрияашон. Онҳоро Аббосов Додарбег баровард ошёнаи дуввум ба утоқи кории худаш. Тақсим кардани конвертҳоро сар карданд. Раис паспорти одамҳои дар рӯихатбударо дида ба ошёнаи як  ба кабинети Абдухалилов Ҳикматулло  котиби раиси ҷамоат мефиристад. Албатта ин кор аз назари Ҳоҷӣ Шараф ва ҳамроҳонаш паноҳӣ анҷом мешавад. Дар ошёнаи 1 конвертҳоро боз карда 300 сомониашро мегиранду ба одамҳо 200 сомонӣ медиҳанд. Раис ба одамҳо мегӯяд, ки ин пулҳоро барои тунукаи зали варзишӣ  харҷ мекунем. Беваву бечораҳои омада зиқ баргашта мераванд вале аз шарму изои онки раис ҳамдеҳаашон аст ба одамони ҳоҷӣ Шараф намегӯянд, ки нисф зиёди пулҳоро дуздиданд. Назрвалӣ Маҳмадов пулро мегираду намедиҳад мегурезад. Ӯро то хонааш рафта  аз хонаааш пулро кашида гирифтанд. ”Раис мегӯяд, ки  Назрвалиро бген сумро диҳад, агар надод проблемаш мешавад.”  бечора аз тарс, ки боз замин  ё ягон чиро баҳона мекунанд, бароварда дар ҳол додааст.

Вақте идораи ҷамоат омадӣ Шодии ронандааш телефонатро мегирад,тафтишат мекунад, сипас иҷозат медиҳад, ки назди ӯ бидароӣ. Сабабаш дар он аст,ки мабодо шахси дохилшаванда садои ин  Фиръавнро,ки ҳамеша асабӣ аст ва аз мардум рӯй рост пул талаб мекунад сабт накунанд.

Боз як араби сарватманд  ба номи шайх Рашид бин  Муҳаммад тавассути афродаш барои мардуми камбизоати инҷо як миқдор кӯмак кардааст. Чанд нафар аз афроди ӯ мераванд ба мактаби№22 ва ба талабаҳо сарулибос (форма) ва хонандаҳои то синфи 4 дар халтачаҳо ширинӣ тақсим мекунанд. Онҳоро ба навор мегиранд. Раиси ҷамоат сардори бахши танзим Умедҷон Шарифов ва Зикрулло Сайғуфронов, директори мактабро дастур медиҳад,ки ҳама чизро аз дасти талабаҳо гашта бигиранд. Ҳамин тариқ ҳам сарулибос ва ҳам халтачаҳоро пас мегиранд. Хулоса, қисми зиёди кумакҳоро аз дасти талабҳо мегиранду як кам  тақсим мекунанд. Ин арабҳои омада ба ҷамоат рафта ба бевазанҳо мошинҳои дарздӯзӣ тақсим карда боз ҳам ба навор мегиранд. Баъди рафтани ин арабҳо Аббосов Додарбег аз дасти бевазанҳо ҳамаи мошинҳои дарздӯзии арабҳо додаро мегираду мегӯяд,ки артел рост мекунем. Баъд шуморо даъват мекунем, омада кор мекунед. Аммо ин кор ҳам як фиреб буду тамом. Мошинаҳоро куҷое бурда пинҳон кардааст ва чанд нафар гуфтаанд мошинаҳоро фурӯхтааст.

Бачаи амаки Аббосов Додарбек Шаҳбоз Аббосов сардухтури беморхонаи Ҳоит аст. Ӯдар давраи карантинаи коронавирус одамҳоро намонд бистарӣ кунанд. Ӯро аз кор гирифтанд. Вале боз 10.000 сомонӣ дода дар вазифааш барқарор карданд Гӯё барои ин кор Нуралӣ Муродов, мулаққаб ба Нуралии сиёҳ,собиқ сардори амнияти ноҳияро через кардаанд. Як ҷиянашро,ки маълумоти олӣ надорад,дурустараш писари тағои дигараш Ислом Ярхичиев яъне бародари бузурги Асҳобро,ки  нав мактаби миёнаро тамом кардааст, Ярхичиев Аъламбег, таваллудаш соли 2000, директори мактаби шумораи 93 деҳаи Беги Сиёҳ таъинаш намуда аст. Дар ин мактаб тақрибан 150 талаба ва толиба,то синфи 9 таҳсил мекунанд.Акнун худатон хулоса намоед,ки ин 150 нафар чи меомӯзанд?  Ӯ ҳам як қаллоби хело гузарои  дигар аст.

Мегӯяд, ки тунукаи боми мактабро бояд иваз кунем. Бояд ҳар талаба як халта картошка оварад. Хонае ҳаст, ки 5 талаба дорад, бояд 5 халта картошка биёрад. Картошкаро ҷамъ кардану ҳамон тирамоҳ 11.000 сомонӣ фурӯхт. Бар ивазаш ҳамагӣ 11 адад тунукаро ба маблағи 2500 сомонӣ овардааст ва 8500 сомон ба кисааш задааст. Ҳатто ҳамон тунукаҳои “корношоям”-и аз боми мактабро ҳам гирифта ба хонааш бурдааст.Ҳамин тавр он 11.000 сомониро ҳам обу лой кард.

Як ҳодиса дигар. Як нафар араб ангишт садақа мекунад барои камбизоатҳо. Аммо дар чойхонаи боло,ки мудираш   Ибрҳимов Насриддин на ба одамоне, ки камбағалу муҳтоҷ, балки ба хешу табори худ масалан,ҷиянаш бачаи раиси пешина ангишт навиштааст.

Имомхатиб Давлатов Мулло Зайриддин аст. То ду сол пеш дар масҷид амри маъруф буд.  Ҳоло дар масҷид амри маъруф гуфтанӣ гап нест. Рӯзҳои ҷумъа мебаранд амният,чун Ҳоит кумитаи дин надорад,то варақи хутбаро ба ӯ диҳанд. Аз онҷо ҳарчизеро барояш дастур диҳанд ин ду шогирди Нуралӣ сиёҳ ним соат қабл аз намози ҷумъа ҳамонро мехонад. ”Бачаҳоро роҳшонро бигиред,террорист нашванд экстремист нашаван,бояд шукри Ҷаноби олӣ,пешвои муаззамро кунем” ва ҳамин гуна гапҳо.

Кришаи заминсоз як нафар бо номи Мақсад,муовини прокурор будааст. Ҳар гапе шавад аз номи он прокурор гап мезанад.

Инро ҳам бигӯям,ки Ярхичиев Асҳоб, ҳатто як ҷоеро,ки мардум аз онҷо рег мегиранд, ҳамонро ҳам ҳуҷҷат карда гирифтааст. Сангобро ҳуҷҷат кардааст.

Аввали баҳори соли гузашта як дамба сохтанд. Онро асосан дуланистҳо ва соҳибкорҳо бунёд намуданд. Иброҳим Ярхчиев аз деҳаи Беги Сиёҳ яъне боз ҳам тағои Додарбег  соҳибкор барои сохти дамба пул дод. Ба хотири он ки об роҳро хароб накунад. Аммо раиси ҷамоат пули тағои худашро ғорат карду ба ҷайби худ зад. Ва хароҷоти дамбаро ба сари халқ партофт. Ба сари ҳар оила 50 сомонӣ андоз баст. Гуфт роҳи зери Ҳоитро Сурхоб шуста истодааст бояд ин пулро бидиҳед. Муҳим пулро ҷамъ карду дамба рост нашуд ва об онро бурд.

Аммо ҳоло Иброҳим Ярхчиев  низ мисли Додарбеги ҷиянаш дар сохтмони мактаб пули араби сармоягузорро хӯрда истодааст.

Раиси ҷамоат нафаронашро ба хонаҳои мардум фиристода ва гуфт ба дари хонаҳо номер мечаспонем, ҳар ҳавлӣ бояд 15 сомонӣ бидиҳад. Барои як тунука, ки ҳатто ним ваҷаб андоза надорад. Барои обуна ба газетаи Ғарм аз ҳар оила аз 70с омонӣ, баъдан 50 сомонӣ ва ниҳоятан 30 сомонӣ гирифтанд. Як нафар рафтааст, ки дар ҳуҷҷати заминаш имзо гузорад гуфтаст, ки ба се шумора дар се ҳазор сомонӣ обуна мешаваӣ, ҳуҷҷатро имзо мекунам раву дар заминат хонаатро бисоз. Аммо он бечора гуфтааст ман аз баҳри сохтмони хона тамоман гузаштам ва хона намесозам.

Арабҳо дар Ҳоит мактаб сохта истодаанд. Тағои ҳамин раиси ҷамоатИброҳим Ярхичиев кори инҷоро чи хеле ба бозӣ гирифтааст. Арабҳо дар Нимич беморхона бунёд мекарданд, ҳама чиз аз худашон буд. Мардумро кор фармуда пулашонро медоданд.Ҳозир Иброҳим Ярхичиев тамоман дигар хел кор карда истодааст. Пагрузчикҳоро водор карда истодааст,ки катлаванро бо ҳашар бикананд. Дуланистҳо бояд аз шаҳр хиштро 2500 сомонӣ оваранд. Хиштро арабҳо то ба Нимич ба ронандаҳо 4500 сомонӣ ҳақ медоданд. Аммо ҳоло Иброҳим дуланистҳоро маҷбур дорад, ки 2500 сомонӣ оваранд. Мақсад як қисми харҷотатон,масалан пули сӯзишворӣ ҳамчун ҳашар барои сохтани мактаб. Аммо ба эҳтимоли зиёд фарқияти ин пулро ба ҷайби худаш мезанад. Як зал гӯиё кушод. Аммо талабаҳои мактабро маҷбур кард, ки 5 лингчаи картошка биёранд. Мардум онро бо ҳашар сохтанд, тармиму таъмирашро ҳам мардум карданд. Онро касе ба ҷуз аз мардум насохтааст. Дуруст аст,ки сементблок ва сементашро Иброҳим Ярхичиев тағояш дастрас кард. Иброҳим барои ҳуҷҷат шарик намешуд. Аммо барои бунёди мактаб мудохила карда истодааст. Дар он мактаб ҷавонҳо аз Нимич кор мекунанд. Иброҳим рафтаасту ба онҳо гуфтааст,ки шумо ҳоло маро намешиносед, баъдтар хоҳед шинохт.

Асҳоб баъзе аз заминҳоро ба ду кас фурӯхтааст. Ҳоло байни чандин нафар болои замин ҷанг рафта истодааст. Раҳматуллои заминсоз, Додарбеги раиси ҷамоат якҷо бо Асҳоб аҳволи мардумро бисёр бад карда истодаанд. Асҳоб меояд мегӯяд, ки фалон сомонӣ барои ҷамоат бояд бидиҳӣ. Агар надодӣ рӯихат мекунад ва пагоҳ заминсоз омада заминатро чен мекунад ё участковий меояду налоги заминро тафтиш мекунад, ё ки шаҳодатномаҳои кӯдаконатро мепурсад. Мақсад аз тафтиш ин аст,ки бо баҳонае вориди ҳавлият шаванд ва заминатро чен кунанду иштибоҳе ёбанд. Ана пас аз он аз ин ғоратгарон халос шаведу бубинем.

Поёни бахши аввал,давом дорад…

Ps: Мардуми Ҳоит хомӯш набошед,ҳар зулму ситаме аз ин оилаи Қорун бароятон мерасад ба “Ислоҳ” фиристед,то дарди шуморо расонаӣ кунем. Ҳеҷ золиме бе ҷазо нахоҳад монд.

Share This Article