Қотили Муҳаммадбоқир кӣ буд? Қатли оммӣ Бадахшониҳо кай хотима меёбад?

Ислоҳ нет

Имрӯзҳо замин зери пойи помирӣ дар Тоҷикистон оташ гирифтааст. Помирӣ дар Тоҷикистон ба шароиту вазъияте баргашт, ки баъди дохили Душанбе шудани Фронти халқӣ ва «ҳукумати конститутсионӣ» дар декабри соли 1992 болои сараш омада буд.

Садҳо, шояд ҳам ҳазорҳо нафар аз помириҳоро ба маҳзи помирӣ будан дар кучаву бозор, дар манзили зист, дар дохили автобусу тролейбусҳо, дар фурудгоҳҳову вокзалҳо, дар марзҳо боздошт мекарданд ва то ба имрӯз дақиқ нашудааст, ки чи теъдоде аз онҳоро ҳанӯз ҳамон солҳо «безарар» гардонида буданд. Ин мардуми ҷонсахту сахткуш ва бовиқору боғурур иншабурӯзҳо боз ҳам таҳти таъқибанд, дастгир ва кушта мешаванд, зиндонӣ мешаванд, хонаҳояшонро ба сарашон овор мекунанд. Ватан барои помирӣ ба як СИЗО ва ба як зиндони бузург бадал гаштааст.

  “Раҳмонов ва мақомоти қудратии вай мегӯянд, ки Муҳаммадбоқир, ин қаҳрамони мардумӣ ва шаҳиди роҳи адолат дар «муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ» кушта шуд. Вазорати дохилӣ расман ҳамчунин баёяния содир кард. Аммо ин «муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ» байни Муҳаммадбоқир ва киҳо рух додааст, чизе нагуфт. Онҳое, ки Боқирро куштаанд, киҳо ва ё кӣ аст, Муҳаммадбоқир бо кӣ ва киҳо муноқиша кардааст, дар баёнияи вазорат дар ин бора ҳарфе гуфта нашудааст. Вазорати дохилӣ бидуни асосу мадрак маълумот ва хабар ба нашр намерасонад ва набояд ҳам расонад. Пас, чаро тарафи дигари «муноқиша»-и Муҳаммадбоқирро ошкор намекунад ва накард? Мо ба унвони шаҳрвандони ин кишвар, ба вазорати дохилӣ, ки масъулияти ҳифзи ҳуқуқҳои моро дорад, тартиботу интизомро ҷорӣ мекунад, бояд бовар дошта бошем.”

Аммо инҷо пурсишҳое зиёде пеш меоянд. Вазорати дохилӣ чи тавр фаҳмид, ки Боқир дар «муноқишаи байниҳам дигарии дохилӣ» кушта шудааст? Мадрак ва далел дорад? Онҳое, ки даст ба муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ бо Боқир заданд, киҳоянд ва куҷоянд? Агар дар муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ кушта шуда бошад, вазорати дохилӣ дар ин замина парванда боз кардааст? Медонад, ки қотил, кушандаи Боқир кӣ аст? Вазорат нафари қотили Боқирро метавонад ном барад? Вайро ба ҷавобгарӣ мекашад? Вай аз кадом навъи силоҳ истифода кардааст? Боқир ва тарафдоронаш ба тарафи дигари ин муноқишаи байниҳамдигарӣ тир задаанд, оташ кушодаанд? Инҳо ва даҳҳо суолоте дигар ҳастанд, ки бояд посух дода шаванд, дар сурати ғайр ин амалро ҷуз аз «террори давлатӣ» ба манзури аз байн бурдани рақибони сиёсӣ чизе наметавон гуфт ва ҳиҷ касе ҳам бовар нахоҳад кард, ки Боқир даст ба кадом амали террористӣ зада бошад.

“Ончи мақомоти Тоҷикистон мегуянд, ки монеъи ҳаракати мошинҳои ҳомили «Алфа» шуданд, роҳҳоро дар фалон қитъа бастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ амали террористӣ шинохта намешавад. Ин корҳо ва ё иқдомоте аз рӯи ночор ва ноилоҷӣ аст ки гурӯҳе аз мардуми додхоҳ ва ҷонбарлабрасида ба он даст задаанд. Ҳамин Боқир ва ҳамаи он 200 нафар «террорист»-е,ки мегӯянд, ба ночор ва ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ба ин чораи ночорӣ рӯ оварданд. Чун мақомот на инки талаби гирдиҳамомадагони моҳи ноябрро бепосух гузоштанд, балки яке, яке ҷавонони бадахширо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ дастгир ва ҳатто ба солҳои тулонӣ зиндонӣ карданд. Магар Амриддин Аловатшоев, ин қадар ҷинояти сангин содир карда буд, ки 18 сол ҳукм гирад ва ба ин ҳам дилашон хунук нашуда хонаи ӯро трактор дароварда ба замин яксон карданд.”

Дар ин ҳолат, посухи ин мардум мебоист чи тавр мебуд?

Вазорати дохилӣ дар хабари дигаре эълон кард, ки панҷ нафари дигар ба шумули Ёдгор Ғуломҳайдаров, яке аз лидерони мардумӣ дар Бадахшон дар пайи як амалиёт дар яккилометрии марз бо Афғонистон кушта шуданд. Навори ин ваҳшониятро гаштаву баргашта тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш гузошта ва дигарбора аз хунрезиву хушунат тазаккур карданд. Манзур маълум аст.

Аммо ин тарафи масъаларо фикр намекунанд, ки агар онҳо террорист буданду агар онҳо ин ҳама силоҳҳоро доштанд, чаро ҳатто як нафар аз кормандони мақомот кушта нашуд ва фақат ҳамин панҷ нафар «безарар» гардонида шуданд. Ҳамчуноне, ки Абдураҳмон Аламшозода гуфт, ки тамоми раванди воқеоти 18-май, ки бар асари он беш аз 40 нафарро мақомот кушт тавассути дурбинҳои дронҳо наворбардорӣ шудааст. Акнун, ки болои аҷсоди ин ҳама шуҳадо анвои мухталифи силоҳҳои ҷангӣ ба намоиш мегузоред ва онҳоро мусаллаҳ ҷилва медиҳед, чаро як лаҳзае, як кадре, як манзарае кучаку хурдро, ки он «террорист»-ҳо дар дасташон силоҳ доранд, нишон намедиҳед? Мегӯед, ки дрон «съемка» кардааст. Айни фурсат аст ки нишон бидиҳед ва исбот намоед, ки он 200 террорист мусаллаҳ буданд.

  “Воқеият ин аст ки онҳо мусаллаҳ набуданд ва ҳатто як тир ҳам напарониданд. Ин шумо, мақомоти хунхор будед, ки ҳуҷуму ҳамла карда даҳҳо нафар аз помириро дар ватани худашон куштед.”

Манбаъи «Ислоҳ» гуфт: нафаре, ки Муҳаммадбоқирро аз дур бо снайпер нишон гирифта аз пой даровард ва ё ҳадафи тири ӯ қарор гирифту ҷонашро гирифт Алишер ном дошта муйҳои зарди тарафи боло шона карда дошт ва ҳайратовар ин буд, ки бо лаҳни помирӣ суҳбат мекардааст. Ҷузъиёти дигаре ҳам дорем,ки дар фурсати муносиб онҳоро расонаӣ хоҳем кард.

Дар ҳуҷум ва ҳамла болои мардуми осоишта дар Рушон ва Хоруғ ин бор чанд гурӯҳ аз мақомоти қудратӣ, бахусус дастаҳои вижа вориди кор шуда ва бархеаш ҳадафмандона муътаризинро куштаанд ва бархеашон онҳоро дастгир карда ва ба шуъбаи амнияту пулис ва коммендатураи ҳарбӣ бурдаанд. Дар дасти мо маълумотҳои зиёде ҳаст, ки даҳҳо нафар аз кушташудаҳоро дар дохили шуъба баъди зарбу лат ва азияту озори ҷонкоҳ ҷобаҷо парронида ва сипас дар ҳар гуша, аз ҷумла дар назди «мусорка» бурда партофтаанд. Аз ҷумла ҳамин Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳони вайро зинда дастгир ва чанд рӯз ҳам бандӣ карда ва сипас куштаву дар сари куҳ бароварда ва ин «ривоят»-и бардурӯғро аз шабакаҳо нашр карданд. Боз ҳам саволи асосӣ ва тардиди бузург ин аст ки агар ин нафарон мусаллаҳ буданд ва агар ин нафарон террорист буданд, имкон надошт, ки ба ин роҳатӣ «безарар» гардонида шаванд. Онҳо ҳам ҳатмани ҳатман чандин нафар аз ин тарафро «безарар» мегардониданд.

Дастаи қотилони зархариди Рустам дар Варзоб мутақар буда

«Ислоҳ», дар яке аз матолиби қаблиаш аз мавҷудияти як дастаи 90 нафарӣ дар Варзоб навишта буд, ки онҳо асосан барои анҷоми амалиёти махсусан хатарнок истифода мешаванд. Барои чӣ 90 нафара мегӯем ? Чун дар гузашта буданд ин адад вале феълан адади ин “аҷир” ва  зархаридонии Рустами Эмомалӣ 60 нафар аст. Барои онҳо инструкторҳоро аз хориҷа овардаанд. Ва ҳамин гурӯҳ буд,ки дар зиндони Ваҳдат маҳбусонро кушта буд. Ҳамин гурӯҳ дар Бадахшон ҳам оварда шуданд. Ин як гурӯҳи махсус аст ки кори асосиаш куштани одам аст. Дар оғоз маълумот ба мо танҳо аз ду нафар расида буд, ки иштирок доштанд. Аммо бо маълумоти баъди ин гурӯҳ чанд нафарашон иштирок доштаанд ва вазифаҳои муҳиммеро анҷом додаанд. Ин гурӯҳ ба ҳеҷ касе итоат намекунанд, танҳо ба Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидов. Ҷиноятҳои содир намудаи ин гурӯҳро муфассал дар ҳодисоти Хоруғ хоҳем навишт.

   “Манобеъи мо мегуянд, ки дастури қатли Боқир ба ҳар қиммате аз худи боло содир шуда будааст ва Бузмаков дар шурӯъи амалиёти куштори бадахшониҳо дар рӯзи 18 таъкид ва дастур дода будааст,ҳатто агар имкон шуд ва ҳатто агар таслим ҳам шуд ,Боқирро зинда нагиранд.”

Чаро он дронҳои Бузмаков, ки ҷараёнотро сабт кард мошини мавриди ҳамла қарор гирифтаи  «Алфа»-ро нишон намедиҳад?

Маълум аст ки ҳамчунин кадреву ҳамчунин наворе вуҷуд надорад,чун кадом силоҳеву кадом ҳамлаи мусаллаҳонае ба корвони мошинҳои «Алфа» ҳаргиз  сурат нагирифтааст. “Ислоҳ”  қаблан парда аз рӯи ин нақшаашон бардошта буд, ки мехостанд ба бачаҳои боздоштшуда сару либоси афғонӣ пушонида, сипас онҳоро наздикии марз бурда ва ҳамчун марзшикан кушта ва аҷсоди онҳоро ҳамлавар ва ё тарафдорону ёригарони Боқир ва ҳамин тавр ҲНИТ, муаррифӣ бикунанд, ки тавассути Ансоруллоҳ мусаллаҳ шудаанд ва ин ҳолатро намоиш диҳанд. Ҳоло, фақат либоси афғонӣ напушониданд, дигар дурусту дақиқ ончи мо гуфтем таъйид шуд. Фермаи ҷавоб ва сомонаҳои наздик ба КДАМ-и Тоҷикистон ҳамин гуна фарзияҳои дурӯғиро ҳам ба нашр расониданд, ки дар ҳаводиси Хоруғ Ансоруллоҳ даст доштааст. Аммо ин як дурӯғе аст, ки ба манзури гулу гумроҳ кардани мардуми тоҷик гуфта шудааст. Ҳеҷ касе дар сатҳи дунё ба он бовар накард ва нахоҳад кард, чун инҷо кадом даргирӣ набуд, инҷо мақомоти қудратӣ мардуми осоиштаро тирборон кард.

   “Мо, маълумот доштем, ки Ёдгор Ғуломҳайдаров ва панҷ нафари ҳамроҳонаш зинда дастгир шудаанд, ба хотири таҳлука, ваҳму воҳима, ваҳшату даҳшатандозӣ ва тарсу ҳарос додани мардуми Бадахшон онҳоро куштанду бурданду саҳнасозӣ карданду чанд рӯз аст ки аз шабакаҳо ба намоиш гузоштанд.”

Сухтор дар бозори Хоруғро барои он ташкил карданд, ки ҳамин сиёсати ҳарос ва ваҳшатафканиро бештар ва жарфтар кунанд.

Алишер Қимматшоеви 47-сола, ронандаи мошини борбарро, ки рӯзи 17 май аз Душанбе Хоруғ омад 18 май аз хонааш дар ҳузури зану фарзандаш дастгир карданду бурданд. Рӯзи пас ҷасади абгору сиёҳу кабуд гашта ва бидуни дандони ӯро дар гаражи куҳнаи назди беморхона пайдо мекунанд. Дар ҳамин гаражи куҳна аҷсоди даҳҳо тани аз сокинони Вамарро хешовандонашон пайдо мекунанд, ки бо тир аммо баъди ҳатто азобу азият, шикастани сару дасту дандону кандани чашмону гушҳо ва дар бадани бараҳнаи онҳо куштани «окурка»-и сигарет кушта шудаанд.

Ҳоло савол ин аст ки чаро Раҳмонов ин қадар помириҳоро кушта истодааст? Чаро ин қадар аз помириҳо мутанаффир аст?

“Ҳолати дигар мудҳиш ин аст ки ин бор низ тамоми амалиёти куштори помириҳо айни соли 1992 бо дастони собиқ фронтовикҳои аз як маҳалли муайян сурат гирифт. Яқин аст ки ниқор гирифтанд, ки ин мардум тули 30 сол ба онҳо даста надод.”

Сайфулло Сафаров мегуяд, ки қатъи таҳқиқи ҳодисаи куштори Гулбиддин Зиёбеков ҳисобшуда ва махсус буд, то ки мардум ба хашм ояду даст ба ҳамин гуна амалҳо бизанад ва сипас ошкор бишавад, ки дар пушти Боқир кӣ меистад? Инҷо геополитика, созмонҳои байналмилаӣ ва давлатҳои хориҷӣ ва ҳизби террористии наҳзати исломӣ даст доранд

 “Пас, ин  худи ҳукумат будааст, ки дидаву дониста таҳрик ва ангеза додааст, «спровотсироват» кардааст, ки мардум норизоӣ ва эътироз кунад? Ҳама ҳарфу ҳама гапҳо ин бор ҳам як дурӯғи дигар аст? Айни дуруӯғи сохтаашон дар бораи «кудато»-и Ҳоҷӣ Ҳалим? Гулбиддини ба дастуфтода ва дар гарданаш ресмонандохта ва кушташуда ин нақша ва сенария будааст,  барои саркуб ва қатли оми помириҳо!”

 Дастбанд ва завлона назаданду ресмон бастанд, Чунки ҳадаф куштан будааст ва дастгир кардан ва ҳадаф мардумро шуронидан будааст. Ин чи гуна давлат аст? Ҳоло куштани помириҳову арақхурии Раҳмонов айни як чиз шуданд.

Фаромуз Иргашев танҳо нафаре дар Тоҷикистон, ки баланд шуду гуфт, ки омода аст номзади президентӣ бишавад ва рақиби асосии номзади хонаводаи Раҳмонов мешуд, низ боздошт гардид. Ҳоло маълум нест, ки вай зинда мемонад ва ё сол мегирад? Аммо яке дигар аз авомиле, ки Раҳмоновро дар баробари помириҳо ба душмани сарсахт ва оштинопазир бадал кард, ҳамин даъвои ҳақ ва ростин ва қонунии Фаромуз ҳам буд.

 “Паймони миллии Тоҷикистон бо интишори як баёния роҷеъ ба авзоъи ВМКБ ба бадахшониҳо ҳушдор додааст, ки айни замон аз хориҷа ба ватан барнагарданд, чун имкон дорад, ки дастгир ва ҳабс бишаванд. Воқиан ҳам имрӯз ҳолу вазъи сокинони Бадахшон, помириҳои сарбаланду мағрур бисёр ҳам вахим аст. Аммо, савол ин аст ки бо ин ҳама Раҳмонов метавонад ин мардумро мутеъ кунад? Мардуме, ки ҳиҷ гоҳ таҳти иродаи ҳиҷ ғосибе нарафтааст….”

Таҳқиқоти мо дар мавриди ҷиноятҳо ва қатли омми Раҳмонов ва мақомоташ дар Бадахшон идома дорад. Ҳар маълумоти ҷиддие расид ва он тасдиқ шуд аз манобеъи дохил ниҳодҳои қудрати “ИСЛОҲ” онро тақдими шумо хоҳем кард.

 

Share This Article