Қубодиён зери зулми “Пешво” ва наздикони ӯ аз 1992 то 2020

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Ин нома ба мо аз ноҳияи Қубодиён расидааст. Дар ин нома ҳам мардум аз зулм ва истибдоди мақомот ва наздикони баландпояҳои ҳукумати Раҳмонов шикоят мекунанд. Дар инҷо аз наздикони Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, собиқ раиси вилояти Хатлон ва ҳоло муовини Сарвазир. Яке аз онҳое, ки асардуздиашро “Диссернет” ошкор карда буд. Ҳоло биёд бубинем, ки қубодиёниҳо аз чи дарду ранҷашон гуфтаанд?

Ман дар гузашта корманди ҳукумати ноҳияи Қубодиён будам. Вақте Эмомалӣ Раҳмонов ба сари ҳокимият омад, дар ноҳияи Қубодиён Хӯҷамурод Хаспалаевро раиси ноҳияи Қубодиён таъин кард. Хаспаллаев яке аз хунхортарин одамкушҳои Фронти халқӣ дар Қубодиён ва Шаҳритуз буд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳамроҳии Бахтиёр- командир ва Шоҳзамон -командир қири мардуми  ғармиро  баровард. Мардуми тоҷики куҳистон дар давраи ӯ рӯз надоштанд. Дар солҳои 1997–98 дар ҷойи вай  Равшан Султоновро, ки ҳамсараш  хешу табори Раҳмонов ва  Азизмои зани Раҳмонов буд, оварданд. Ӯ, тақрибан 5сол ноҳияро  дуздиву ғорат кард. Баъди вай Абдураҳим Исмоилов,як нафар аз мардуми Кӯлобро  раиси ноҳия таъин намуданд, ки аз соли 2003 то 2008 дар сари вазифа истод. Кори ӯ фақат заминфурушӣ буд. Дар ноҳия на шипанг монду на яслӣ, на хирман ва на боғчаи бачагона, на клубу на магазин монд. Баъд нафаре бо номи  Улфатов, боз ҳам аз мардуми Кӯлоб, раиси ноҳия  таъин шуд. Ӯ ҳам ба заминфурӯшӣ машғул шуд. Дар кабинети кориаш нашъа мекашид. Сахт бангӣ буд.

Сипас  раиси ноҳия Бекназаров таъин шуд. Ёвонӣ. Ӯ ҳам заминфурӯширо ба авҷи аъло расонд. Ҳатто ба парвандаву қарор аҳамият намедод. Пулро мегирифту имзо мекард. Дар як ҷаласа мардуми ғармиро рӯирост таҳқиру таҳдид карда гуфт шуморо аз дарё пеш кардем  Афғонистон рафтед, боз инҷо омада гап зан шудаед. Дар он маҷлис як хонум бо номи Гулзира, раиси маҳаллаи деҳаи Ваҳдат (собиқ Қизилиттифоқ) ҷамоати деҳоти Тахти Сангин бо Бекназаров хело сахт баҳс кард. Ӯ ҳатто аз болои Бекназаров ба президент нома нависту ӯро аз вазифа Хурушовгир карданд. Ин хонуми қаҳрамон се соли пеш дар моҳи шарифи Рамазон бемор шуд ва даргузашт. Ҷояш дар ҷаннат бошад.

Баъди Бекназаров Абдураҳмонзода  Имрон (аз ноҳияи Бохтар), як марди тундмиҷози сагдаҳан дар ноҳия раиси таъин шуд. Вай яке аз қумандонҳои сафи пеши Раҳмон буд.  Аз ӯ танҳо ин гапаш, ки ҳамеша мегуфт: “ма язнаатон ҳастам” ва ин ки  сотихи заминро 300$доллар нарх монда буд, дар ёдҳо мондааст. Пулҳои пораро  тавассути  Гулҳусайнов Исҳоқ бо тахалуси Ҳоҷӣ Исҳоқ, муовини аввалаш ва  сармеъмори ноҳия Амонов Дилшод мегирифт.  Ба ҷои Абдураҳмонзода Зафар Файзуллозода,  собиқ истиқоматкунандаи ҳамин ноҳияро оварданд. Аз он сабаб, ки аз мардумони  куҳистон буд ва босавод буд, ӯро гӯш намекарданд. Аз ҷумла Прокурори собиқи ноҳия Раҳмонзода Аҳмадҷони Футур  Файзуллозодаро дар ҳичи ҳисоб намекард ва ҳатто ба маҷлисҳо намеомад. Ин прокурор  ба мисли як дарандаи ваҳшӣ рафтор мекард,  аз мардум пул меситонид, мегирифт вале барнамегардонд.

Бародараш генерал Раҳмонзода Лолахон  аст. Дар замони раиси ноҳия будани Файзуллозода  тамоми мақомотҳо ба замин фурӯшӣ машғул буданд. Аз дасти  Ҳоҷӣ Исҳоқ, муовини якуми раис замин  намонд. Нафари дуввуми заминфурӯш Абдуалимзода Салим, раиси кумитаи замини ноҳия, сеюм сармеъмори ноҳия Давлатзода Муминшо, нафари чорум Эмомализода Тӯрахон, шогирди Қуфлонбой (Раҷаббой Аҳмадзода) раиси МБТИ, ки ҳамаашон  ба фурӯхтани замин   машғул буданд. Имзои Файзуллозодаро бо роҳи фиребу зуроварӣ мегирифтанд. Баъди аз раиси ноҳия  рафтани Зафар Файзуллозода ба ҷояш  Садриддинзода Бадриддин Талбак ба Қубодиён омад. Садриддинзода  дар оилаи серу пур ба воя расидааст. Падараш Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ буд.

   ” Қурбонзода Бахтиёри  ёвонӣ, сардори ЗАГС аст. Барои  як шаҳодатномаи таваллуд, ки 50с то 60с арзиш дорад, даҳ баробар аз 400с то 500с мегирад. Мардуми аз деҳоти дурдастро ду, се маротиба саргардон мекунад,  гапҳои қабеҳ мезанад. Ин кори як зан аст. “

Дар тамоми кишвар ин вазифаро занҳо пеш мебаранд. Дар як маҷлис  вазири  адлия ё кадом корманди баландпоя барояш гуфта буд: “Қурбонзода ту дар байни занҳо чи кор мекуни? “

Ман қавмпарастӣ  намекунам. Вале дар се ноҳияи мо: Қубодиён, Шаҳритуз ва  Носири Хусрав  мардуми Вилояти собиқи Кулоб тамоми вазифаҳои равғаниро  гирифтаанд. Аллоҳ шоҳид аст,ҳеҷ бадбини ва нафрат нисбати мардуми Кулоб надорам. Инҷо танҳо айбро дар ҳукуматдори ноуҳдабаро ва кадрношинос мебинам,на чизи дигаре. Вақте ки аз ноҳияҳои мо ба Кулоб мерафтаанд, кӯдакҳои онҳо тарафи хонаи он одам медавидаанд ва мегуфтаанд,ки фалонӣ аз Русия баргашт. Ин 3 ноҳияи пурбаракати  мо барои онҳо  Русия будааст.

Хоҷагии деҳқонии Авесто дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён  дар 4 ё 5 соли охир  дар дасти бародари Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ муовини сарвазир Чилла Гулмаҳмадзода  мебошад. Роҳбари ин хоҷагӣ Абдуллоев Раҳматулло, муйсафеди 78 сола буд. Заминҳои ин хоҷагиро, ки 4 -5.000 га буд, бо роҳи фиребу зӯроварӣ ва суиистифода аз вазифаҳои баланди  бародараш, ки он вақтҳо Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ раиси вилояти Хатлон буд, кашида гирифт. Ин мӯсафеди куҳистонӣ аз ғаму ғусса барои заҳматҳои 25солааш дардманд шуд ва ба Эрон барои табобат рафт. Дар ҳамон ҷо ҷон ба ҳақ супорид. Моҳи феврали 2020   ба зодгоҳаш оварданд ва ба хок супориданд. Дар рӯзи ҷанозаи бобои Раҳматулло  Чилла Гулмаҳмадзода муовинаш Раҳматов Хурсандшоҳро супориш дод, ки дар назди хонаи марҳум тракторҳои  калони ЭСТО заминҳоро ҷуфт кунанд.

“Чилла дар деҳай Тешиктоши  ҳамин ҷамоат як хонаи баҳашаматро иҷора гирифта ба харидуфурӯши маводи мухаддир машғул буд. Ба духтарҳои мардум борҳо дастдарозӣ кадааст. Мардумро ба мисли ғулом кор фармуда пул намедиҳад. Аз хеле одамҳо барои замин пул гирифта на замин додааст ва на пулро.

Чилла Гулмаҳмадзода, бародари Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, муовини сарвазири Тоҷикистон тамоми  саҳми  заминҳои  мардуми хоҷагии деҳқонии  “Авесто”-и ҷамоати Тахти Сангинро ба зӯр кашида гирифт. Мардумро бо зӯрӣ ва маҷбурӣ кор фармуда пулашонро бо як маблағи ночиз ҳисобӣ кард. Ҳамроҳ бо муовинаш Раҳматов Хурсандшоҳ мардумро фанду фиреб дода пул мегирад, ки замин ба иҷора медиҳад вале замин намедиҳад ва пулро ҳам барнамегардонад.

Солҳои пеш дар марзи бо Афғонистон дар як қумзамин кӯлеро бобои Чорӣ ба ҳашари мардум сохта буд. Ин кор соли 1980 буд ва аслан онҷо як ғори калон буд ва бобои Чорӣ чанд рӯз онҷоро бел мекунад, ки об мебарояд. Ҳамин тариқ он Чорикӯл ном дошт. Баъди марги ин бобо дар авоили солҳои навадум Раҳматуллои Абдулло ин кӯлро калон кард ва онҷо обод шуд ва ҳатто минтақаи истироҳативу сайёҳӣ шуд ва дар як тарафи он барои Эмомалӣ Раҳмон як ҷойи дамгирӣ-бӯстонсарое ҳам сохт. Он кӯлро кӯли бобои Раҳматулло ном доданд. Дар як тарафи ин кӯл заминҳои Муродалӣ Алимардонов, раиси “Агроивестбонк”,тақрибан 50 гектар ҷой дошт.

Дар онҷо 12 г боғи анор, 12 га боғи гелос, 12 г зардолуву олуву ва биҳӣ, пистаи   эронӣ, ки ҳамай онҳоро  талабагони  мактабҳо хоҷагии деҳқонии  “Авесто”  дар хунукиву сардӣ бо дастони нозукашон шинонда буданд ва Алимардонов онҳоро  бо зур оварда кор мефармуд, ҳамчунин кӯли сохтаи бобои Раҳматуллоро Чилла Гулмаҳмадзода кашида гирифту аз они худ кард. Ҳоло нафарони Чилла дӯғ мезананд, ки  ҳар касе  бе рухсати мо тарафи боғу кӯл меояд мо фалон мекунем ва ӯро зуд таслими милисаи участковий мекунанд. Тамоми дору мадор ва молу мулке, ки Абдуллоев  Раҳматулло дошт, ҳамаашро Чилла бо зурӣ кашида гирифт. Як солҳо ӯ депутат буд ва бо Эмомалӣ Раҳмон  муносибати хуб дошт. Заводи пахтатозакуниашон, ки бо номи “Ориёно”  ва ба номи писари Абдуллоев -Зайдулло  буд, ӯро ҳам  гирифтанд. Писарони Абдуллоев дарбадар шуданд, падарашон дар Эрон ҷон супориду ҳамин чанд рӯзи пеш 06.12.2020  модарашон ҳам аз ҷабру зулми болои хонаводаашон омада тоб наовард ва даргузашт. Ҳама замину замону боғу кӯл ҳоло ба моли Гулмаҳмадзодаҳо табдил шуд. Инҳо аслан на шарм доштаанду на ҳаё. Молу мулки дигарҳоро беягон азоби виҷдон, мисли як нафар аз қавми чингизу муғул забт карда гирифтанд.

Раиси собиқи ҷамоати Деҳоти Тахти Сангин  Ғаюров Мирзокарим ва заминсози ҷамоати деҳоти Тахти Сангин Чориев Асрор  заминҳое, ки ба эҳтиёҷмандон  ба миқдори 0,15г  ҷудо карда шуда буд, фурӯхтанд. Инҳо ҳам як заминро ҳатто ба ду кас ва се кас санади қалбакӣ карда пулҳояшонро гирифтанд.

Чанд рӯз пеш раиси ҷамоат Сафолзода Маҳрамро бо ҷурми ришвахорӣ  дастгир  ва аз вазифа озод карданд,ҳоло тафтишот идома дорад. Аз дасти ин се раис дар ҷамоати Тахти сангин  на замини кишоварзӣ ва  на ғайри кишоварзӣ монд. Ҳамаро чапу рост фурӯхту пул карду хӯрд.

  “Хол Раҳматуллои Асадуллозода писари ҳоҷӣ Раҳматуллои хусурбачаи Эмомалӣ   Раҳмонов дар ноҳияи Қубодиён заводи пахтаро ба тасаруфи худ даровард. То мардум хоҷагиҳои деҳқонииро озор доранд. Тухмӣ, кишту кори замин, маводди сӯзишворӣ, дору барои замин ва зироат, селитра, карбамит аз ҳисоби худашон аст. Аммо вақте ҳосилро меғундоранд Хол маҷбурӣ онро кашида мегирад. Хол ҳатто бо силоҳ дар роҳ баромада  мошинҳо пахтаро   ба хлоппункти  ноҳия бурда маҳкам мекунад ва пахтаро (конфисковат) мекунад.”

Сипас мошии холиро баъди чанд рӯз ҷавоб медиҳад. Як рӯз дар пости даромадгоҳи ноҳия як марде тарафаш мегӯяд, мо аз шумо қарздор нестем, чаро намемонед савдои озод кунем? Туфангчаро аз мошин бароварда ба даҳони он мард монда мегӯяд агар садо баланд кунӣ мепаронамат. Медонам,ки ту қарздор  нестӣ, аммо замин замини ман аст, гуфта дод мезанад.

Хол  боз як рӯзи дигар Сулаймонро бо камази пахтааш медорад ва фармон медиҳад, ки мошинро тарафи заводи пахта барад. Сулаймон, ки аз мардум ва  аз банк қарз дошт ба ғазаб меояду мегуяд:

“Эй, акай Хол агар хоҳӣ меистам маро фалон куну  аммо мошинро сар деҳ, ки ман ҳам аз мардум ва ҳам аз бонк қарздорам. Ба ин гап Хол ханда  карда мошини ӯро сар медиҳад. ”  

Чун теғ ба даст ори, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд,бади нест фаромӯшт.

Тоҷиев Алӣ муовини раиси ноҳия аст.  Барои иҷозати тамоми намуди сохтмон то пул нагирад имзо намегузорад. Ҳама вақт ба арақхуриву духтарбозӣ машғул аст. Ҳатто мардум лақабашро Алӣ -секс гузоштаанд. Аз давраи раиси ноҳияи  будани Абдураҳмонзода то давраи   Файзуллозода муовини дуюм буд. Охири соли 2019 муовини аввали раиси ноҳияи   Қубодиён таъин шуд.

Ноҳияи Қубодиён  дорои 6 (шаш) ҷамоат аст:

1  Навобод

2 Тахти Сангин

 3  Носири Хусрав  

 4   Эшмурод Ниёзов   

5  20солагии Истиқлол                               

6  Утақара Назар   

Мехостам каме  дар бораи мактаби таҳсилоти ҳамагонии №44 ва мудири он Ятимова Гулноза бигӯям. Ин мактаби деҳаи Палвонтуғай (собиқ Шикорчӣ) мебошад.  6,7 сол аст директори мактаб ҳамин зан аст. 4 маротиба мактабро сел зад, барои таъмири ин мактаб пул ҷудо шуд аммо мактаб онро надид.  Бовар кунед талабаҳо дар хонаҳои омузгорон дарс мехонанд.  Дар замони директории пешина мактаб 12 компютер дошт, ҳоло 4 дона мондааст, ки кор намекунанд. Боқиашро директори мактаб фурӯхт. Ҳатто як компютере, ки дар кабинеташ буд онро низ куҷое бурдааст. Талабаҳо барои хондан вақт намеёбанд. Мактаб мераванд пули фалонро чаро наовардӣ  гуфта ҷанг мекунад, баъзан аз дарсҳо  пеш  мекунад. Баъзе аз талабаҳо   барои пул ёфтан ба коргоҳҳои сементблогбарорӣ, корҳои сохтмонӣ, подабонӣ машғул мешаванд. Инҳо талабаҳои синфҳо 8 то 11анд,ки маҷбур кор мекунанд. Баъзеҳо аз бепулӣ мактаб намераванд. Талабаҳои хурдсол муҳтоҷи падару модаранд, барои ҳамин  хар рӯз аз директор мактаб гап мешунаванд. Дар хона аз модари танҳое, ки шавҳараш дар Русия бечора ба зӯр пули хурданашонро мефиристад гап мешунаванд,

Мардуми қишлок чанд маротиба хост аз ин вазъият ба роҳбарият шикоят кунанд. Ятимова Гулноза бо забони дурушт гуфтааст, ки  ба куҷое хоҳед шикоят кунед. Аммо хуб донед, ки пас аз шикояти шумо ҳолатон аз ин ҳам бад мешавад. Беҳтараш хап ва хомӯш истед. Беш аз се моҳ аст муаллимон маошашонро надидаанд. Маоши падарам 1200 сомонӣ аст. Ба дасташ 700, 800 сомонӣ мерасад, қариб 40%ашро Ятимова Гулноза мегирад. Моҳонаи худашро 3000  сомонӣ муқаррар кардааст. Вақте аз ӯ пурсида шавад, ки чаро аз нӯки маош медорӣ дар ғазаб мешавад ва мегӯяд, ки комиссия омад, обуна кардам, барои фалон кор ҷамъ карда ба ноҳия додам ва ғайраву ҳоказо.

Навори меҳмонхонаи “Марҳабо” ро томошо кунед ин Холназар Достиеве,ки   соҳибкор нест,  ин иншоот аз Муҳибулло Саъдуллоев аст  дар чой ин меҳмонхонай нав   столвый “2700 солаги Кулоб” буд бо як маблағи ночиз ва фишор ва зур овари аз дасти  соҳибаш Мухибулло  Саъдулло додар  аруси Рахмонов гирифт. Соҳиби он як узбеки маҳаллӣ буд. Аз дасти ӯ ин ошхонаро ба хотири ҷояш шуда муҳиб кашида гирифт. Як рӯз мӯҳлат дод, ки чизу чораашро барорад. Ин бечора узбек, марди 60сола, ки тамоми умр ва тамоми авлодаш дар инҷо буд бо дегу косаву чумчаву табақу косаву вилкааш надонист,ки чи кор кунад ва зиндагониашро чихел пеш барад. Ашк дар чашмонаш ҷорӣ, дар қади кӯча ҳайрону сарсон мисли беморони рӯҳӣ роҳ мерафт. Хеле гиря кард вале ягонҷо шикоят ва арз накард,чун медонист,ки фоида надорад.  Дар ин ҷо Холназар Достиев як маникен лухтак аст  ин Холназар Достиев  чанд сол пеш мардумро беандоза озору азят  медод  як писар дошт писарашро  дар деҳай Полигон  корхонай аз даврай собиқ Шурави ЭМРЕЭМ   мондаги ба дор овехтанд, пас аз ин ҳолат    каме боло париданаш кам шуд.

Ин Холназар Достиев худашам зодай ин ноҳияи Шаҳритуз нест  мардуми омад аз нохияи Ёвон аст ӯро Муҳибулло Саъдулло оварда ба ноҳияи Шаҳритуз.  Холназар Достиев  боз  дирекори Пахта заводи калони ноҳияи Кубодиён аст  нафари  Холи Рахматулло  Амонулло аст Ҳоҷи Раҳматулло додар аруси Приздент Раҳмонов  аст,  хулас ин  Холназар Достиев  як лухтак ва чоплусе беш нест.

Ба мо баъзе маълумот аз Раиси Ҳизби демоктратии  ноҳияи Кубодиён Шарифзода Маҳмадаюб  писари Эшони Сайднеъмон чоплуси режими худкомаи Раҳмонов фиристодаанд. Инчунин аз муовини сеюми  раиси ноҳияи Кубодиён  Шарипова Тоҷинисо Ҳошимовна ҳам маълумотҳо фиристодаанд,ки дар фурсати муносиб аз ин ду хоҳем навишт.

Дар мавриди мумфарш кардани роҳ бошад дурӯғи маҳз мегӯянд .Чуноне,ки дар наворе нашраш намуданд фаҳмида мешавад  ин ҳама дурӯғ будаанд.  Дар навор омадааст “мо оилаи Шарифзодаҳо тасмим гирифтем роҳро  мумфарш мекунем”  Дар ҳоле ин роҳ бо пули мардум мумфарш гаштааст, ин як худнамоие беш набуд.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps:  Ниҳоятан  нахустин номаҳо аз манотиқи доғи кишвар Қубодиён, Шаҳритус ба “Ислоҳ” расида истодаанд. Ин далолат аз бедории миллат ва мардуми ин манотиқ мекунад,ки ниҳоятан аз дарду ранҷҳояшон навиштанд. Мо боз ҳам интизори дарду ранҷҳое мекашед аз мақомоти ин режим ва наздикони оилаи Раҳмонов ба шумо мерасад. Ислоҳ дар хидмати шумост ва барои дарҷ ва нашри онҳо таъсис ёфта аст.

Share This Article