Қубодиёниҳо ғуломони оилаи “пешво”янд? Магар ғуломдорӣ, то имрӯз вуҷуд дорад?

Ислоҳ нет

(бахши панҷум)

Вазъу ҳоли мардуми ноҳияи Қубодиён, муносибати масъулини бо мардум, ришвату фасод ва дигар мушкилоте, ки дар ин навишта мехонед, ба як дарди иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Агарчи ин матлаб аз вазъияти ин ноҳия мегуяд, аммо воқеият ин аст, ки он дар тамоми Тоҷикистон ҳукмфармост. Вақте дар сари қудрат ва ҳукумат нафаре мисли Раҳмонов мешинад, ҳолу аҳвол ҳамин аст:

Тоҷинисо Шарипова, муовини раиси ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Гузари болои Ҷамоати Носири Хусрав зиндагӣ мекунад. Шавҳараш Шодимурод Оғматов пештар дар суди ноҳия кор мекард. Вай хатмкунандаи техникуми сохтмонии давраи шуравӣ мебошад. Бо ҳамин маълумот дар суди ноҳия чанд сол кор кард. Бо пули хазинаи идораи суд чи амалиёте кард, ки ба даст афтод. Одамоне, ки бо қарори суд ҷарима мешуданд, пули нишондодаро мегирифту дар рӯйи коғаз кам нишон медод. Хостанд аз кор бо «статя» биронанд, аммо раиса шавҳарашро дар омӯзишгоҳи педагогии ноҳия ҳамчун директор оварда ба кор монд. Омӯзишгоҳро ба фасодхона табдил дод. Дар ин вазифа ҳамсояи раиса- Азимов Абдураҳмон кор мекард. Ҳамсояашро бо ин туҳмат, ки пули омӯзишгоҳро хурдааст, ба муҳлати 5 сол шинонд Абдурраҳмон панҷ сол бо туҳмат нишасту баромад ва аз дунё гузашт. Аз пули омӯзишгоҳ дар Душанбе  дар мик 64 соҳиби манзили 3 утоқа шуд. Ниҳоят баъди чанд сол аз кор сураш карданд, аммо раиса бурда боз дар шаҳри Душанбе дар кадом омӯзишгоҳ ба кор монд, алабтта ин даврони Абдуҷаббор Раҳмонов буд,ки ҳоло сафири Тоҷикистон дар Узбекистон аст. Муаллима бинои идораи байтории ноҳияро аз худ кард. Замини идораи байторӣ қариб 30 сотих мебошад.

Ин раиса дар деҳаи Ситора ( Равшанобод) дар ҷамоати Носири Хусрав хоҷагии деҳқонӣ низ дорад. Дар назди мактаби №16 дар деҳаи Гузари боло 16 сотих замин ҳам дорад. Бо баҳонаи ҳар як ҷамъомаде, ки дар ноҳия доир мешуд, аз мардум пул ҷамъ мекард. Дар вақти бемории коронавирус аз ҳамаи омӯзгорони ноҳия 400 сомонӣ ҷамъ кард, аммо маълум нашуд, ки ин пулҳоро ба куҷо сарф кард. Дар вакти дар идораи суд кор кардани шавҳараш Шодимурод Оғматов аз дехаи Гузари боло 16 сотих замин аз назди мактаби №16 гирифт. Он заминро чанд сол пеш фурӯхт. Бинои идораи байтории ноҳияро Шарипова Тоҷинисо аввал таъмир кунонд. Пас коркунони ин идораро бо қафои ҳукумат ба ду утоқча кучониду он биноро муфтакак азони худ кард. Дар даромадгохи деҳаи Чорбоғ бари беморхонаи марказӣ заминҳои беморхона воқеъ буд. Аз ин ҷо низ ду участка гирифт, ки дар ҳар як сотихи он ба ҳисоби 4000$ харидор ҳаст. Дар маркази ноҳия яслӣ амал мекунад. Мудири боғча ҳар ҳафта спискаро мегираду як моторолик харид карда роҳӣ мекунад хонаи муаллима Тоҷиносо . Аз боғча талаб мекунанд, ки пека барои пахта биёрад, ё ки пулашро диҳад. Аз масҷидҳо, аз ҳама идораву корхонахо пахтаи набударо талаб мекунад. Онҳо маҷбуранд, ки пул супоранд ба ҷойи пахта.

Бародарони раиса қассоб-гуштфрӯшанд. Ба онҳо ягон кас гап зада наметавонад. Қасобхонаи бародараш Мунаввар Шарипов дар дохили бозори Қабодиён аст. Раиса дар муддати кориаш ҳамаҷоро аз худ кардааст. Дар вақти ҷашни наврӯзӣ ва ё ягон маърака ба раиса Худо медиҳад. Ҳамаи масрафотро аз ҳисоби худи онҳо вале маблағи ҷудошуда аз бюҷет ба кисаи раиса меравад, мактабҳо, боғчаҳо, ҷамоатҳо, ҳамаро аз худ кардагӣ, ҳатто раиси ноҳия чун ин раиса имконият ва салоҳият надошт дар вақти корияш.

Тоҷиев Алӣ муовини дигар раиси ноҳия , бародари ин муовин Сафар Тоҷиев мебошад. Ин одам чандин сол дар ноҳияи Қубодиён ва Шаҳритус сардори идораи андоз буд. Инҳо тамоми ҷойҳои даркориро аз худ карданд. Дар совхози зотпарварии Қубодиён ягон ҷо намонд. Тоҷиев Алӣ чанд зан дорад. Яке аз онҳо директори мактаби №48-и ноҳия Дилфуза мебошад. Ягон собиқаи корӣ надошт, директори мактаб монданд. Чунон дағалгап аст ки ҳамаи муаллимон аз дасти вай ба дод омадаанд. Ба талабагони мактаб рӯирост мегуяд:- «рав додатро ба кӣ хоҳӣ кун ва расон»ظ

Шикояти Узбекони Чорбоғ аз эшонҳои ҲХДТ

 Писари эшони Саиднеъмон Муҳаммадаюб, раиси феълии ҲХДТ дар ноҳия мебошад, ки ҳатто фамилияи худро навишта наметавонад. Дар ҷамоати Чорбоғ раис буд. Тамоми замину замон ва иншооти ҷамоатро фурӯхт. Ягон маълумоти олӣ надорад, нахондааст. Дипломро харидагӣ аст. Бародараш Маҳмадисо дар совхози зотпарварии Қубодиён раис аст. Ин хоҷагӣ аз идораи андози ноҳия чандин миллион сомонӣ қарздор аст. Ҳеҷ кас дилёб намешавад, ки рафта бипурсад.Чунки «криша» дорад.

  “Дар ин совхоз узбекҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз дасти ин бародарҳо ба дод омадаанд.”

Раиси ҳизб фақат имзо монда метавонаду халос. Муовинаш як бачаи камбағал- Абдуллоев Ваҳҳоб аз кучаи Восифӣ Қубодиён  мебошад, ки шахси босавод аст. Ҳамаи кори ҳизбиро ҳамин шахс иҷро мекунад. Ин раиси ҳизб мехост раиси ноҳия бишавад. Пулашро ҳам тайёр карда буд. АммоТалбаков Садриддинро раис монданд.Талбаков депутат буд. Ин Муҳаммадаюб пештар қаровули тюрма буд. Як бародараш Рустам Шарипов ном дошт,  раиси колхоз буд аз олам гузашт. Якеи дигараш дар милитсия кор мекунад бо рутбаи майор.

Дар идораи МБТИ-и ноҳия Холов ном як бесавод аст. Аз шаҳри Бохтар. Вақте омад дар поҳояш як сланси кандагӣ дошт. Ҳозир карру фарри ӯро бинед. Бо биниаш осмонро мехарошад. Шарики ин одам Ҷураев Алиакбар аз деҳаи Арабхонаи Қубодиён аст.

Падараш Равшан Ҷураев дар идораи молия ба ҳайси ревизор чандин сол шуд, ки кор мекунад. Хуни раисҳову бухгалтерҳоро хурда истодааст. Рӯи рост мегуяд, ки ана ҳамин қадар пул медиҳӣ кори идораат ё мактабат ҳал. Набошад корат ба прокуратура гуфта ҳамаро ба дод овардааст. Писараш Алиакбар Ҷураев пули хоҷагиҳо ва одамонро гирифта имрӯз биё, пагоҳ биё гуфта онҳоро соли дароз медавонад. Ин раис як посбон дошт -Муродов Гулмурод, ки пул ҷамъкунаки раис аст. Ин одам бояд ба нафақа равад. Аммо то ҳол кор карда истодааст. Ин шахс зодаи ҳамин ноҳия, ки ҳаст ҳамаро мешиносад ва бо кӣ чихел гап заданро медонад. Тамоми мардуми ноҳия вой дод аз дасти инҳо гуфтан гаштаанд. Ҳоло раиси МБТИ шахсе бо номи Фаридун таъин шудааст,ки ҳеҷ аз пешина фарқе намекунад.

Эшонбача Муҳаммадаюб дар маркази ноҳия заправка-нуқтаи фурӯши маводди сухт ва мойка-мошиншуӣ ва боз чанд иншооти дигар дорад. Як бародари дигараш раиси ДОСААФ аст ва дар ҳамон заправка як кабинет дорад. Пулро аз одамон гирифта барои права номнавис мекунад. Баъд аз се моҳ ҳуҷҷати ронандагӣ омода карда медиҳад. Бархе аз бачаҳо аз Русия истода ҳуҷҷати ронандагӣ мегиранд, албатта бар ивази пул. Назар ба шахс маблағ талаб мекунад аз 2000 сомон то 5000 сомон мегирад.  Инҳо раиси ноҳияро бо мошин ва бо ронанда таъмин кардагианд. Мегуянд, ки дар ноҳия мо раисем ва мо интихоб мекунем, ки кӣ раис бояд шавад. Ҳамаро бо ҷаноб ва фарзандонаш тарсонида гирифтаанд. Инҳо номи хусурбачаи Раҳмоновро намегиранд , номи Эмомалӣ Раҳмоновро мегиранду таҳдид мекунанд. Ба худашон удостворени рост кардагиянд ва касеро нишон тиянд оромак меравад аз наздашон. На амният,прокуратура, ВКД , коррупсия ҳеҷ кас зураш ба инҳо намерасад. Намедонем он чихели удостворение бошад. Деҳае, ки ин эшонҳо зиндагӣ мекунанд Комсомол ном дорад. Тамоми деҳа аз дасти ин авлод ба дод омадагӣ аст. Бо кӣ чи коре хоҳанд мекунанд. Ин эшонҳо панҷ писаранд яктояшон мурд чортояшон ҳастанду корашон ҳамин аст.

Ғуломдорон

Дар идораи андози ноҳия ҳама, бидуни истистно, ба коррупсия машғул аст. Онҳо чи хеле бихоҳанд, ҳамон хел аз мардум пул меситонанд. Амволи мардуми бечораро аз соли 2005 – 2006 ҳисоб мекунанд. Ҳоло онки қонун дар бораи амвол дар охири 2016 қабул ва аз 2017 ҷорӣ шуд. Касе камтар саркашӣ кард, даррав ба прокуратура даъват карда бо дӯғу пуписа метарсонанд. Мардум чи кор карданашро дар ноҳия дигар намедонад, маҷбур месупорад. Дар идораи андоз аз соли 2006 инҷониб Маллаев Абдушукур ном шахсе кор мекунад. Ин шахс аз Чапаеви Колхозобод мебошад. Дигар маълум аст,ки аз Чапаев шуди тамом аз наздикони Азизмо ва первоя леди ҳасти дигар.  Ҳозир бахши патент ва ба ҳисобгириро ба уҳда дорад. Ин одам «акула»-и калон мебошад. Ба даҳонаш чанде гунҷад ҳамонро мегуяд. Акнун пас аз чанде гуфтани ӯ ту мурда мурда бояд он маблағро диҳи. Дар ноҳияҳои Носири Хусрав (Бешкент собиқ) , Шаҳритус, Қубодиён, Колхозобод, Панҷ, Қумсангир  хусурбачаи ҷаноб ширкати «Исмоили Сомонӣ Асри 21» дорад. Ин ноҳияҳо мутааллиқ ба ин фирма ҳастанд. Тамоми хоҷагиҳои деҳқониро қарздор кардагиаст. Чунки вақте маҳсулотро медиҳанд, ягонтааш нархнома надорад. Танҳо вақти ҷамъоварии пахта ҳисобу китоб мекунад ва нарх мемонад. Кадом нархро хоҳанд монда ҳисоб мекунанд. Бо ин усул тамоми хоҷагиҳоро қарздор ва мутаҳҳам кардагианд Хоҷагиҳоро фақат бо нархи кунҷорае, ки аз пахта ҳосил мешавад ҳисобӣ мекунанд. Масалан пахтаро мегиранд ва аз он чигиташро гирифта равғани онро мегиранд ва бо кунҷораи он ҳисоб мекунанд, на равғанро мебинад касе ва на пахтаро ҳатто, ин аст вазъи ғуломони Қубодиён.  Дақиқан мисли ғуломдорӣ ва асрҳои гузашта бо деҳқонон муносибат доранд ва инро ҳеҷ касе инкор карда наметавонад.

Дар деҳаи Ахчаи хоҷагии деҳқонии Ҳамадонии ноҳияи Қубодиён, Сиёҳаков Хушвақт, ки пештар тракторист буду саводи кофӣ надорад, раис мебошад. Аз вай истифода бурда барои ҳар коре доверност гирифта чизе хоҳанд менависанд ва ин хоҷагӣ ба қарзи калон печид. Аз ғаму ғусса Сиёҳаков Хушвақт касалии фалаҷ шуду хоб аст.

Ин гуна хоҷагиҳо ҳазор –ҳазор аст ки аз ширкати “Исмоили Сомонии Асри 21” хусурбачаи “пешво”и миллат  қарздор аст. Идораи ин фирма дар Сарбанд Леваканти имрӯза ва дар нефтебаза ҷойгир аст. Ин ширкатро Ҳоҷӣ Раҳматулло Асадуллозода бародари Азизмои ҳамсари пешво роҳбарӣ ва идора мекунад.

 Вазъи андоз ва барқи ғуломон

Дар бораи вазъи андозу идораи оби ноҳия аз ин бадтар. Барқ тамоман монополияи «бачаҳакои боло». Меоянд бо гурӯҳи кории худашон, шаш моҳ, як сол кор мекунанд ва чи маблағе ҷамъ мекунанд, аз они худашон аст, дар киса мезананд мераванд. Аз аҳолӣ пулро мегиранду квитансия медиҳанд. Баъди аз кор рафтан дигараш меояд, ки шумо қарздор. Идораи барқ меравед, дар ҳоле, ки як қисми квитансия дар дасти шумо аст, дигараш умуман вуҷуд надорад, нест мешавад. Миллионҳо сомонии мардумро ҳаминхел мехуранд ва бо номи оилаи “Пешво” мардумро тороҷ карданду тороҷ доранд. Ана қарзи “Барқи Тоҷик” аз куҷо аст.

  Вазъи бади маориф ва илм

Дар соҳаи маориф ҳам авзоъ чунин аст, фақат пул ҷамъкунӣ, пули свет, пули газет барои полшуйҳо, барои сатил, барои латаи полшуӣ, барои китоб ва ҳоказо. Талаба мехонад, намехонад ягон кас кордор несту аҳамият намедиҳанд, фақат пулро биёр тамом.

Хоҷагиҳоро маҷбур мекунанд, ки ғаладонаро бо ҳамин фоиз биёрӣ ҳисоботат қабул, вагарна ба прокуратура даъват мешавӣ. Заминҳо ҳама фарсуда шудааст. Ягон кас 20 сентнер ҳосил намегирад. Маҷбур мекунанд, ки 35-40 навишта мебиёӣ.

Боз пеш аз омадани Эмомалӣ Раҳмонов хона ба хона мегаштанду маводи хурокаи мардуми оддиро ба ҳисоб мегирифтанду аз пеши худашон менавиштанд. Шоҳиди ҳодиса будам ба хонаи як зани бева даромаданд ва се кг картошка ёфтанд яктош мегуфт навис 3 линча картошка дорад ва се гов дорад. Зани бева дод зад вой  карда гуфт: “куҷост се линча картошка , ин 3 кг картошкаро холаи фалонӣ оварда дод барои кудаком намуранд аз гуруснагӣ. Аз кадом гов гап мезанед, ман чизе барои кудаконам надорам се гов дар куҷо дидед?” Яктош боз бо ханда мегӯяд хола доду вой накун мо гӯем дори доранда мешави, доду вой накун бо ба статияи мухолифон назанемат зиндонат кунем дигар кудакои гуруснаатро ҳам набинӣ.

  “Ҳисоботи пахта низ ҳамин хел аст. Хоҷагидор намедонад вале ба номаш пекаи ( санаде,ки ҳангоми супоридани пахта ба супоранда медиҳанд ва ба шумо онро тибқи сифати пахтаи супоридаатон  медиҳад) дуруғин аз заводи пахта медиҳанд. Ҳоло инки пахта худаш нест.”

Раисони ҷамоатҳо кор мекунанд. Омада маҷбурӣ ба ҳар тонаи пахта 200-300 сомонӣ пул мегиранд, ки мо плани шуморо пур кардем.

Ҳолу вазъи бемористонҳо ба ҳама маълум аст ва ба ҳеҷ кас пӯшида ҳам нест. Як консултасияи духтур 30-40 сомонӣ   Духтурҳо рӯйирост мегуянд, ки аз ин пул барои мо 5 сомонӣ мемонад, дигар ҳамааш ба боло яъне ба Парвина Раҳмонова ва “Фароз”. Як ГАИ бо номи Авлиё рутбааш старшина аз Бохтар омадагӣ. Чанд сол шуд кор мекунад. Ду маротиба аз тарафи коррупсия барои порахурӣ боздошт шуд. Аммо то ҳол кор мекунад. Кадом хешаш дар боло кор мекардааст. Протокол навишта наметавонад вале ба пулгирӣ маҳорати хело баланд дорад. Рӯйирост мегуяд «фалони мара ҳиҷки хурда наметона,пула биёр».  Гуноҳ дорӣ -надорӣ нотарсида гуфтагиашро мегирад.

Ду арабӣ ғуломдор

Ин нуктаро ҳам бояд тазаккур бидиҳем, ки мардуми Қубодиён аз дасти ду араб ба дод омадаанд. Яке аз онҳо додари Шоҳзамон Абдураҳимов командири Фронти халқӣ номаш ҳоҷӣ Равшан Ҷураев( Равшан бародари Шоҳзамон аст,  аммо насабшро Ҷураев кардааст)  аст. Ин ҳоҷӣ се зан дорад. Дар молияи ноҳия зиёда аз 20 сол аст ревизор шуда кор мекунад. Як писараш дар идораи ҳифзи муҳити зист бо номи Муҳаммад Ҷураев  кор мекунад. Писари дигариаш дар комитети замини ноҳия кор мекунад Алиакбар Ҷураев , пулро мегирад вале соҳибони хоҷагиҳо солҳои дароз ӯро мекобанд. Нафаронеро медонам, ки 4-5 сол шуд сертификати заминашонро наметавонанд бигиранд.

Эргашев Фахриддин араби дигарӣ аст. Вақте Абдураҳимови додари Шоҳзамон мудири маориф буд ин шахс ба ҳайси муҳосиби калон кор мекард. Пули маорифро дуздӣ кард, 5 сол шинонданаш. Ду зан дорад, якеаш дар қишлоқи Арабхона дигараш дар марказ зиндагӣ мекунад. Юсупова дар мактаби №3-и ноҳияи Қубодиён завуч шуда кор мекард. Хушдомани Эргашев Фахриддин  Муборак Кенҷаевна корманди андоз дар бахши нафақа буд. Инҳо хело кор карданд. Ҳоло нафақа баромад Муборак Кенҷаевна .Хоҳари занаш дар мактаби №3 директор мебошад. Ин ҳарду араб бо корманди Прокуратура гапро як карда тамоми муҳосибони мактабҳоро ба прокуратура мефӯрушанд. Боз миёндаро шуда гуё бо прокурор шинос ҳастанд хуни одамонро хурда истодаанд. Гуё Фахриддин Эргашев ба прокурори пешина 15000 доллар дода бошад. Барои ҳамин прокурорҳо вайро пуштигири мекунанд.

“Дар ноҳияи Қубодиён, дар ҷамоати Носир Хусрав, Ҷураев Маҳмадраҳим, бародари  ҳоҷӣ Равшан кор мекард. Дар деҳаи Равшанобод, яъне Ситораи ҳозира дар таги куҳ участкаҳои наздиҳавлигӣ тақсим карданд. Онҷо умуман об нест. Вале як заминро ба 3-4 нафар фурӯхт. Аз ҳар шахс аз 300 то 500$  гирифт,ки ҳуҷҷат карда медиҳам. Ҳамаро то ҳозир аҳмақ карда гаштааст ба ҳеҷ кас ҳуҷҷат дуруст накардааст.”

Бачаи акааш Алиакбар Ҷураев дар кумитаи замини ноҳия кор мекунад. Ин раис Ҷураиев Маҳмадраҳимро аз кор гирифтанд ва дар идораи об ба кор монданд. Ҳоли идораи обро аз ин бадтар карда аст. Дар идораи об бачаи калонии ҳоҷӣ Усмон Додарбеков -Баҳодур кор мекунад. Ин бузи мақомот аст. Бисёр одамонро мефурушад. Падару бародараш одамони хубанд, аммо ин як бачаи беақласт. Чандин бор шунидам мегуяд, ки «ҳозир давр даври манай, гапзанта якчи мекунам». Ӯ заводи пахта дорад дар қишлоқи Гузари боло аст. Дар ин завод 20 нафар бачаҳои маҳаллӣ кор мекунанд. Ногуфта намонад,ки ин завод зери ҳимояти додарарусони Раҳмонованд. Мо ба заводаш кордор нестем. Бовар кунед, ки дар идораи ҷамоати Носири Хусрав Ҳусайнова ҳамсари Туймурод Ҳусайнов собиқ корманди андози Қубодиён аст, як имзо аз 50 то 100 сомонӣ нарх дорад, барои он имзоро гирифтан боз чанд рӯз медавонанд.

Дар идораи Санэпидемстансияи ноҳия милисаи собиқ боевики Фронти халқӣ Саидов Зафар ном шахс кор мекунад. Солҳои бетартиби қумандон буд. Сипас дар милисаи хоҷагии 50 солагӣ сардор шуда кор кард. Аз онҷо гирифта дар марказ участковый монданд. 7 зан дорад. Чандин занҳои ноҳияро гирифту боз ҷавоб дод Ҳозир дар паси бинои ҳукумат хона рост кард. Аз чандин ҷамоат замини назди ҳавлигӣ гирифта фурӯхт. Як маротиба аз хонааш бо 2 кг героин қапида бурданд. Аз бачаҳакои боло, ки буд ҷавобаш доданд. Чандин одами бе гуноҳ рафт паси панҷара. Ҳозир дар ноҳия касе, ки ба кор медарояд бояд допуск барои кор гирад. Ҳама ба пеши ин ҳаромхур Зафар Саидов  мераванд. То маблағи гуфтаашро нагирад, чанд рӯзе бошад медавонад. Ягон коргари ин идора бе иҷозати вай ягон кор карда наметавонад. Ҳатто сардухтур, сарбухгалтер. Мегуяд, ки инҷо «ма хуҷаинум,чизе ма мегум ҳаму меша, фаҳмидӣ, гап зан бошӣ, гапза чихеле фора, ҳаминхел гап мезанм.»

Ҳоло сухан дар бораи ду литсейи дар маркази ноҳияи Қубодиён буда меравад. Литсейи хусусии ба номи Носири Хусрав, директораш муаллима Муродалиева Барфигул мебошад. Ин гимназияи хусусӣ, ки ҳар сол талабааш зиёд мешавад, пулаш ҳам зиёд мешавад, лекин ягон беҳбуд нест. Муаллима баъди нафақа писари хурдии худ Афзалшо Алимардоновро ба ҷойи худаш директор монд. Аммо ҳама корро худаш ҳал мекунад. Қариб 200 талаба мехонад. Ҳар сола пули як талаба 2000 сомонӣ, лекин чи хеле гуфтам ягон навигарӣ нест ва гумон аст, ки бишавад. Барои онки муаллима 5 писар ва 2 духтар дорад. Ҳар яктои онҳо 2-3 хонагӣ доранд. Ба номашон мошинҳои қиматбаҳо. Қариб, ки ҳама келину набераҳо дар ҳамон мактаб зиндагӣ мекунанд, гуё, ки ҷои зист надоранд. Гимназияи дигариаш давлатӣ мебошад, ки дар мактаби №3 ҷогир шудааст. Аввал Зиёдалиев Ҳилол кор мекард. Оилаи Ҳилол Муҳиба Зиёдалиева директори мактаби №3 буд. Аввал ба ҳайси мудири маориф кор кард бо Эргашев Фахриддин. Баъд аз ба даст афтидан дар коррупсия мудир монд халос шуда аз кори мудирӣ гирифтанду ба мактаби №1 директор монданд, Абдураҳимов аз дунё гузашт. Ҳилолро баъд ба ҷои ин марҳум директор таъин карданд. Баъди корҳои ношоистае, ки ин муаллим дар мактаб соли 2021 ба муаллимаҳо амалҳои маҳрамона кард ва  аз кор сураш карданд. Гимназияро ба муаллима Алиматова Зулфия бо тахаллуси Зоя  гуфтанӣ зан супорид.  Муаллима соли таваллудаш 1968 муаллимаи касбӣ аст забони русӣ тамом кардааст аввалҳо корро нағз сар кард вале якбора ӯ ҳам наҳанг шуда рафт.

Бухгалтери ин гимназия Абдураҳимова Лола мебошад, саводи бухгалтерӣ надорад. Лекин аз замони кушодашавии гимназия бухгалтер кор мекунад. Баъдан маълум шуд, ки Алиматова Зоя қудои Эргашев Фахриддин будааст. Духтари Зояро писари Фахриддин Эргашев гирифта будааст.Ҳозир хоҳари зани дуюми Фахриддин, директори мактаби №3. Оилааш мудири қисми таълимии мактаби №3, қудояш Зоя Алиматова директори гимназия. Акнун боз план доранд баъди 2-3 сол Алиматова Зоя ба нафақа меравад ва ба ҷояш аз ҳозир духтари муаллима- келини Фахриддин Зокирова Дилшода  Муминовна завучи калони мактаб кор карда истодааст, омодагӣ ба ҷои модарашро дида истодааст. Дилшода Зокирова таваллудаш 1997 ё 98 аст хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории ш.Душанбе соли 2018 аст.  Дар ҳамин сардиҳо мачбур мекунанд, ки духтарҳо формаи мактабӣ- тоқича пушанд. Синфҳо хунук, ҳама касал шудагиянд. Дар як сол 800 сомонӣ пул мегиранд. Боз ҳар рӯз пул барои лата, барои журнал, қисса кутоҳ ягон рӯз талабаҳо бе пул намераванд мактаб. Ин духтари директор бо номи Дилшода Зокирова мегуфтааст, ки «ҳоло истед, ман худам директор шавам чашми ҳамата мековам». Акнун боз мунтазири ин чашкоб мемонем, то чашмҳоямонро кобад.

Аз Қубодиён дар мавриди сохтмони мактаб ва интернатҳо хело зиёд аст ва мо ҳама шикоятҳои омадаро наметавонем дар як барнома ҷой диҳем. Масалан аз хоҷагии Навбаҳори Д/Ч 20 солагии Истиқлол аз солҳои 2016 ва 2017 як мактабро бо маблағгузории арабҳо  сар карданд,то соли 2021 номукамал онро бо пасттарин сифат ба итмом расониданд. Ҳарчи тавонистанд пули ҷудошударо дуздиданду хурданд. Дар назди арабҳои сармоягузор шармандаамон карданд. Ба ҷои 3 ошиёна ду ошиёна сохтанд ва толори хурокхурӣ ва толори варзишӣ насохтанд. Ошхонааш ҳамон ошхонаи солҳои 1990 то ҳоло ҳаст. Боз яксол зиёд барои лентабурии “пешво” истодаанд,ки кай меояд ҷаноби ғулмдори калон ва лента мебурад. Фикр кунед кудакон беш аз як сол дар мактаб надаромаданду дарсҳо дар чи ҳолат гузашт. Магар ин аз ҳолати ғуломдории асрҳои сангину миёна фарқ мекунад ?

Чунин ҳолатҳо хело аз Қубодиён ва Шаҳритус ва Носири Хусрав ба мо расидаанд. Вазорати маориф ва ҳукуматҳои ноҳия ба чикор машғуланд мо дар ҳайратем. Аммо мо вазъиятро дар ҳама бахшҳо назорат мебарем ва навоқис ва ҷиноятҳои ҷой доштаро ҳатман дар бахшҳои дигар хоҳем гуфт, то ислоҳ шаванд.

Поёни бахши панҷуми Қубодиён….

Share This Article