Рӯзи душанбе 19 ӯми март аввали моҳи Раҷаб мебошад

Рӯзи якшанбе 18 ӯми март 30 ӯми моҳи Ҷимодулохир аст.

 

Ба иттилоъи ҳамагон мерасонам,ки тибқи хабари дорулифтои давлати миср ва саъудӣ,қатар ва баъзе давлатҳои дигари арабӣ.Шоми шанбе ҳилоли ҷадиди моҳи раҷаб дида нашуд.Рӯзи якшанбе 18 ӯми март 30 ӯми моҳи Ҷимодулохир буда ва рӯзи душанбе 19 ӯми март 1 ӯми Раҷаб аст.Аммо аксари тақвимҳоеки нашрашон аз пеш сурат гирифтааст,ҳатто тақвими уммулқурои давлати саъудиҳам дар сомонааш рӯзи якшанбе оғози моҳи раҷаб нишон дода шудааст.Аммо расадхонаҳо шоми имшаб шанбе чунин хабареро нашр намуданд,ки моҳи ҷадид дида нашудааст.Муҳим рӯзи душанбе оғози яке аз моҳҳои ҳаром раҷаб аст.Умед дорам ин моҳи ҳаромро бо амалҳои накӯ оғоз ва ҳар ончӣ бад ва ҳаром аст дӯрӣ меҷӯем ва ба қудуми моҳи мубораки рамазон, омодагӣ мегирем.
 
 
Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Ман як маликаам!!!

Шаш сол қабл ин қиссаро хонда будам ва то он ҳад бароям таъсир гузошт, ки нақше дар хотираам баст ва дар ин рӯзҳои ҳассоси ҳиҷобкашӣ дар кишварам ё худ манъи сатру ҳиҷоби зани мусалмони тоҷик аз ҷониби худкомагон ин хотира дубора дар зеҳнам тоза гардид. Ин қиссаи хитобӣ, ки аз оғоз то анҷом аз «ифтихор», «итминон» ва «имон»-и комил ба ислом, нақл мекунад, қиссаи як бону, як зан, як маликаи ғарбии тозамусулмон мебошад.
Read More

Изҳороти Ҷамъияти Тоҷикон “НУР” дар Олмон дар бораи манъи сатру ҳиҷоб

Яке аз меъёрҳои муҳимме, ки як ҷомеаи мардумсолор, озод ва бо фарҳангро аз як ҷомеаи ғуломдори, бе ҳайсият ва бе дин тафкик менамояд ин эҳтиром ва арҷгузори ба инсоният ва ончи, ки шаҳрванд онро арҷ мегузорад мебошад.