Иди нону иди модар

Ислоҳ нет

Ман қадру қимати нонро он қадар хуб намедонистам, чунки ҳамеша дар хонаамон  сабади нон пур буд. Ақалан намедонистам, кӣ орд меоварду кай тамом мешуд?! Шаш нафар писарбача  будем дар оила, ки шикамамон ҳам сер буду чашмамон ҳам.

 

Як зимистон дар айни мавсими чилла ҳаво гарм шуда рафт. Маълум, ки бемории зуком паҳн мешавад. Ҳамаи мо як-як бемор шуда, ду рӯз, се рӯз хобида  боз шифо ёфтем. Зуком даврашро меронад , аммо навбати бемории модар тӯл кашида рафт. Модар, ки бемор шавад, зиндагӣ душвор мешудааст. Ҳама кори хона бар дӯши мани 12 -сола монд. Аввал хешовандон ба аёдат меомаданду нону хӯрок ҳам меоварданд, рӯзамон мегузашт. Баъдтар тамоман намеомадагӣ шуданд, магар ба дилашон задем. Худамон мондему боло сар Худоямон.

 

Як саҳар кӯрпаамро модар ҷунбонду ишора кард, ки бедор шавам ва барои ноништои додарчаҳоям дастурхон омода созам. Зуд бархостаму ҳар чи доштем, ба  дастурхон гузоштам. Ҳама дасту рӯй шуста омаданд. Ман ба нӯки пой рост шуда, дастамро ба сабади нон дароз кардам, ҳамагӣ як дона мондааст. Ҳаргиз ба хаёлам ҳам наомада буд, ки рӯзе нонамон тамом мешавад.  Ҳамон як нонро шаш қисм тақсим карда гузоштам. Додарчаи хурдӣ дусола буд. Тақсимро дида ваҳмаш омад магар, ки буридаи нони назди маро ҳам гирифт. Модар ин ҳолатро дида, оҳиста имо кард, ки талош накунам, ӯ хурд аст. Маҷбур мондам, то тоқат кунам.

 

 Ҳар чи бодо бод гуфтаму як чойники дигар об гарм кардам, сурфаи ордро густурдам, элаку сатилу тағора овардам, яъне тараддуди хамиркунӣ доштам. Вақто ордро бехтам, аз нӯки пой то тори сарам сафед шуд. Аҷабо, модар чи хел мебехт, ки ягон ҷояш гард намегирифт?!  Ба гарди орд олуда шудан дарди бахайр буд, аммо то хамир карда шудан ҳама ҷоям хамир ҳам шуд, сурфаю элаку сатилу чойник ҳам хамиролуд гашт. Сонӣ болояш дастурхон пӯшидаму кӯрпача гузоштам. То расида варамидани хамир, рӯбучинҳам шуд, танӯр ҳам омода шуд.

 

Дастурхони калон густурда ҳама дар атрофаш ҷамъ шуда , ба зуволасозӣ шурӯ кардем. Хурду калон, каҷу килеб , яке дар пушти табақ, дигаре дар тахтача, сеюми дар токчаи тиреза,ҳама андармони нонросткунӣ. Ба танӯр оташ гирондам. То тайёр шуданаш хостам ягон ҳамсояро ба ёрӣ даъват кунам, зеро модарам наметавонист то сари танӯр омада.

 

Аввал ба хонаи ҳамсояи девордармиёнамон рафтам, Бибӣ-Марям гуфта ҷеғ задам. Бибӣ ҳанӯз гапамро то охир нашунида, наберааш гириста баромад ва домонашро гирифта гиристан оғоз кард. Ба хона даро мегуфт. Хуллас бибӣ холӣ набуд. Хона ҳамсояи дигарро  дар кӯфтам. Аз тиреза маро дид, аммо набаромад ҳам. Ба қафо гаштам, ки мӯйсафеде қадди ҷӯйбор роҳ кушода, ба хонааш яхоб дуруст карда мерафт. Маро дидан замон гуфт: “ Ҷони бобо, ту акнун калон шудӣ. Ҳамсоя як бор, ду бор мепазад, акнун худат ёд гир-дия”

 

 Омадам, ки танӯр сафед шудааст. Ҳатто наздик шуда натавонистам, зеро беҳад гарм буд. Аз тиреза нигоҳ кунам, додарчаҳоям аз домони модар гирифта, бархез, нонро паз мегуфтанд. То аз дар даромада омадан, аллакай модар нимхез шуд, аммо тамоми вуҷудаш дарақ-дарақ меларзид. Давида рафта, аз дасташ гирифтам. Аввал деворро, баъд тирезаро, токчаҳоро, баъд оҳиста-оҳиста дарахтҳои рӯйи ҳавлиро низ қапида , ба сари танӯр омад модар. Бо як дасташ аз ҷойи косамонаки танӯр сахт дошта, бо дасти дигар рӯйи лахчаҳоро тунука пӯшид. Як нафаси чуқур гирифт. Дар давоми як моҳ хобиданаш, бори аввал рост истода буд.  Сонӣ амр кард, ки нонҳоро биёрем. Кӣ, чи хеле тавонад, нони росткардаашро кашондан гирифт. Яке дар табақ, дигаре дар тахтача, савумӣ дар доман кашонданд. Нонҳое, ки худ доирашакл набуданд,боз ҳам шаклу намуди аҷиб гирифтанд. Модар нонҳоро дар танӯр часпонид. Танӯр худи осмони пурситора барин шуд. Гармии танӯр аз ҳар тори мӯйи модарам арақ мечаконид. Баъд ба рӯйи нонҳои каме мағз гирифта об пошид. Гӯё ба рӯйи худаш ҳам пошида бошад, тамоман тар шуда буд модар. Агар зимистон набошад, гумон мекардам, ки зери борон мондааст модар.

 

Оҳиста-оҳиста нонҳо сурх мешуданд, модарам ҳам сурх мешуд. Модар баъзе нонҳои дохили танӯрро дида хандааш меомад ва аз мо руст мекард. Ман гоҳо ҷилои рӯйи нон, гоҳо ҷилои рӯйи модарро дида хеле хурсанд будам. Якум нонро аз танӯр канда ба сатили об андохт, зеро гуруснаҳояш сахт бетоқат буданд. Фавран гирифтаму шикастам ва тақсим карда хӯрдем. Якум бор фаҳмидам, ки нон чизи бомазза будааст. Шояд аз он сабаб, ки гурусна будем, ё шояд меҳнат кардем.

 

Модар нонҳоро канда шуду ба хона озодона роҳ рафта аз мо пештар  омад. Либоси гармтар пӯшид. Ман нонҳоро ҷамъ карда овардам ва бинам, ҷойхоби бемориашро ғундоштааст.

 

Он рӯз дар хонаи мо ид буд. Иди нону иди модар.

 

Share This Article