Раҳмонов бӯйи хун мекунад

Барои бори аввал нест, ки Раҳмонов талош мекунад дар раванди сулҳу сулҳофаринӣ ва бахусус дар натиҷаи он ҳузури ҲНИТ-ро инкор кунад. Ин бор низ такрор кард, ки бо ҲНИТ ягон созишнома ба имзо нарасонидааст. Гуфт бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин сулҳ кард. Забонаш пеш нарафт,ки исми Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро комил ба забон оварад. Калимаи “тоҷик”-ро ҳазф кард.

Раҳмонов бӯйи хун мекунад

Барои бори аввал нест, ки Раҳмонов талош мекунад дар раванди сулҳу сулҳофаринӣ ва бахусус дар натиҷаи он ҳузури ҲНИТ-ро инкор кунад. Ин бор низ такрор кард, ки бо ҲНИТ ягон созишнома ба имзо нарасонидааст. Гуфт бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин сулҳ кард. Забонаш пеш нарафт,ки исми Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро комил ба забон оварад. Калимаи “тоҷик”-ро ҳазф кард.

Раҳмонов на танҳо намехоҳад аз ҲНИТ ёдоварӣ кунад, ҳамчуноне мебинем, ҳатто аз “тоҷик” будани оппозитсиюни тоҷик ҳам “фаромуш” кардааст. Ҳар қадар ки аз ҲНИТ бо танаффур зикр мекунад, аз “тоҷик” будани онҳо ҳам бадаш меояд. Ҳамон андоза, ки аз “ислому исломӣ” будан ғашаш меояд, ба ҳамон андоза аз “тоҷик” нохуш ва нороҳат аст.

Вале наметавон офтобро зери домон кард. Раҳмонов наметавонад Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро фаромӯш созад. Чунки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон на фақат сулҳ кард, балки давлату давлатдор шуд. Аз пушти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон давлаташро машруият бахшид. Соҳиби давлат ва сарвати ҳангуфт шуд. Магар Раҳмонов фаромӯш кард,ки дар интихоботи соли 1999 ба пойи устод Нурӣ ғалтиду бӯсид,ки Давлат Усмонро рақиби интихоботии ӯ бисозад. Чаро он вақт ин ҳарфҳоро нагуфт ? Чаро он вақт нагуфт, ки ҲНИТ террористу экстремисту миллаткуш аст ?

Ин гурзи гарони разманда ва муҷоҳидини Артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки Раҳмоновро водор кард “қаҳрамонона”, “ҷонашро ба гарав гузошта” декабри соли 1996 Хусдеҳи Афғонистон ба побӯси домуллои наҳзатӣ биравад. Рафт дар пеши пойи домулло ғелид. Гуфт домулло агар мову шумо ҷангро идома диҳем, русҳо мову шуморо аз ҳокимият мегиранду мепартоянд ва ба ҷои мову шумо боз ленинободиҳоро меоваранд. Инки мегӯяд бо домулло гуфтам, ки миллат нест мешавад, давлат пароканда мешавад, дурӯғи дурӯғ аст. Вай на он замон ва на имрӯз заррае дар фикри миллат набуд. Ҳамин ҳоло ҳам, ки агар дар фикри миллат буд, чаро бар фарзи мисол бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав вохӯрӣ накард ? Аз ҳолу аҳволашон напурсид ? Нагуфт, ки чи мушкил доред ? Аммо чаро Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон мошинро дошту бо мардуми муҳоҷираш дар Маскав аҳволпурсӣ ва сӯҳбат кард ?

Агар Раҳмонов дар фикри халқу миллату давлат аст чаро 28 сол аст ки аз сари қудрат рафтанӣ нест ? Раҳмонов дар фикри мардум ва миллат нест, Раҳмонов дар фикри курсиву ҳокимият ва дуздиву ғорати мардум ва дар фикр аз ин ҳам бештар бойшавӣ аст. Инро ҳамаи халқи тоҷик медонад.

Соли 1997 дар баробари санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ санади дигаре бо номи Санади ҳамдигарбахшӣ қабул шуда буд, ки зери он устод Нурӣ ва Раҳмонов имзо кардаанд. Моҳияти он аз ба гузашта салавот гуфтан иборат буд. Гузаштаро, ба хотири онки ҳарду ҷониб сулҳ кард ва ҳарду ҷониб масъулияти ҷангу оштӣ ва хисороту зиёни онро бар уҳда гирифт, накофтан ва аз он барои муборизаҳои сиёсӣ истифода накардан иборат буд. Ва таъкид шуда буд, ки агар касе ва ё ҷонибе ҳам ки ин аҳду паймонро шикаст, бар ӯ лаънати Худо ва халқи Худо бод ва ӯ душмани миллату давлат аст. Ҳоло мо метавонем бидуни кадом истиҳола бигӯем,ки Раҳмонов лаънаткардаи Худо ва душмани халқи тоҷик аст.Чун шарти асосии ин санадро вайрон карда тарафи дигари сулҳро бӯҳтон ва тӯҳмат баста истодааст.

Мард бояд сари қавл ва аҳди кардааш биистад. Аммо, мо дида истодааем, ки Раҳмонов номардӣ ва заифмиҷозӣ ва занфеълӣ карда истодааст. Даст ба таҳриф ва тағйири таърих зада истодааст. Чунки то ҳамин имрӯз зарбаҳои ҷонкоҳи ҲНИТро фаромӯш карда наметавонад, чунки медонад, оқибати кор Наҳзати исломӣ тахту тоҷи вай ва ҳокимияти хонаводагии ӯро ввожгун хоҳад кард. Инки пайваста аз ҲНИТзикри бад мекунад ба ин маъност, ки як рӯз, не як рӯз маҳз ин ҳизб дигарбора дар оғози қофилаи тӯдаҳо қарор мегирад ва ҳокимияти мардумро дар Тоҷикистон мустақар месозад.

Ҳоло, ки тайи ин ду ‑се сол ба такрор зикр карда истодааст, ки бо ҲНИТ сулҳ накард, ба ҳамин хотир аст. Эҳсоси бим ва хатар аз ҳизб ва ғояву мафкураи он ки мафкура, андеша ва усулу асли ҳаёту зиндагии ҳамарӯзаи мардуми мусалмони тоҷик аст, ӯро ба ҳадди васвос ва ҷунун расонидааст. Вагарна ҳамчунин ҷумлаи берабту бемаъние “Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран бар сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд” дар ин паём ҷой намеёфт.

Ҳеҷ гоҳ, на дар ҷараёни муқовимат ва муборизаҳои мусаллаҳона ва на баъди бозгашту мушорикат дар маъракаҳои муҳимми сиёсӣ роҳбарияти ҲНИТ аз бунёди давлати исломӣ сӯҳбат ва сухан накардааст ва ин тӯҳмати азимро наметавонӣ ба пойи Наҳзат бубандӣ. Наҳзат шаклу сохту идораи низоми давлатдориро бар уҳда ва ихтиёри мардум гузоштааст. Аммо ин шумоҳо будед,ки бо шиори “Нест бод,ислом” вориди Душанбе шудед ва он ҳам дар даст пулемёт ва дар иҳотаи танку тӯпи кишварҳои бегона.

Магар зери санади сулҳ имзои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нест ? Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва бунёнгузори нахустин ва танҳо ҳизби сиёсии исломӣ дар тамоми қаламрави собиқи шӯравӣ ! Худо бигирад, турову мушовирину маслиҳатдиҳандаҳои аблаҳу кавданатро ! Ҳоло чанд сол аз он замон гузаштааст, ки мехоҳӣ инкор кунӣ?Дар тамоми асноди сулҳ, ки имзои поягузори Ҳизби наҳзат исломӣ истодааст,имзои СММ ҳам ҳаст.

Русия, Эрон, Қазоқистон ва боз чандин кишвари дигари дунё дар пеши азамат ва шаҳомати ҲНИТ дастҳоро боло карданду туро водор, ки чорае надорӣ, магар ин ки ҳокимиятро бо Нурӣ тақсим намоӣ, имрӯз мехезиву мегӯӣ, ки бо ҲНИТ оштӣ накардаӣ ? Худро масхараву хандахариши тамоми дунё чаро мекунӣ ? Мақолаву матолиби онзамон навиштаатонро мурур кунед, ки мегуфтед, кадом ИНОТ‑е нест,онҷо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Аммо имрӯз, дуруст баракс мегӯӣ, ки ҲНИТ набуд ? Фикр мекунӣ, чи дорӣ мегӯӣ?!

Ончиро ки “фарҳанги бегона” унвон медиҳӣ он чӣ аст ? “Фарҳанги бегона” гуфта чиро дар назар дорӣ ? Аркону низоми шароити муҳаммадӣ ? Магар барои тоҷик шариати муҳаммадӣ фарҳанги бегона аст ? Қоидаву қонуни исломӣ барои тоҷику тоҷикистонӣ “фарҳанги бегона” аст ? Як бор хам шаву ба агрегати фарсудаат нигар ? Ё нобуридӣ ? Шояд шариати муҳаммадӣ ба туву чанде мисли ту, ки Азизмои поҷомабапоро получу миниюбкапӯш ва Фирузаву Таҳминаи рӯмолдору чаканпӯшро сарлучу кунлуч кардӣ, бегона бошад ? Ҳамин чанд рӯз аст ки шабакаҳои телевизионӣ гаштаву баргашта Майрам-холаро нишон медиҳад, мебинем,ки ӯ ҳам рӯймоли калон баставу аъзои баданаш мастур аст. Ду даст ба дуо мекушояд ва “бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир ‑раҳим” мегӯяд ва аз хоҷаи Хизр зикр мекунад. Мисли бақия модарони мусалмони тоҷик. Магар ҳамин фарҳанги бегона аст ва ё ронҳои лучу урёни Таҳмина ва пешобағали бараҳнаву сандуқи синаҳои кушодаи Озода ?

Агар “фарҳанги бегона” буда бошад, чаро ҳаҷ рафтӣ ? Фарҳанги бегона агар буд чаро духтаронатро никоҳ кардӣ, беникоҳ шӯ надодӣ ? Фарҳанги бегона яъне чӣ ? Модаратро чаро ҷаноза кардӣ ? Пеш аз ба қабр дафн кардан, турбати падаратро шустӣ ? Агар ислом ва аркони исломӣ фарҳанги бегона буд, чаро Қуръонро тарҷима кардӣ ? Чаро масҷиди бузургтарин сохтӣ ? Чаро аз Имоми аъзам таҷлил ба амал овардӣ ? Мисли Ленину Сталину Брежнев шиму костюму галстук пӯшонида гӯрат кунанд ва болои қабрат садта садта зада пуст земля будет пухом гӯянд ва ё инки шӯянду кафан печонанду мисли як бачаи мусалмон маросими дафнатро баргузор карда сари қабрат оят бихонанд ?

Ҳоло ҲНИТро “ҳизби миллаткуш” гуфта истодаӣ. Магар ин ту набудӣ дар интихоботи соли 1994 рӯирост гуфтӣ,ки “бо хун омадем бо хун меравем”. Кай ҲНИТ чунин гуфт ? Инки мегӯӣ бо ҲНИТ оштӣ накардаам, бӯи дурӯғат Тоҷикистонро фаро мегирад, балки фаротар аз Тоҷикистон меравад. На танҳо Хусдеҳ рафтӣ, хонаи устод ҳам рафтӣ ва ингор барои тадовӣ ва муолиҷааш дар Олмон сафоратро мутасаддӣ карда будӣ.

Ҳоло акнун аз ин ҳама инкор мекунӣ ? Чаро ? Ба хотири чӣ ? Ин фикру барномаи аблаҳонаву аҳмақонаро дар каллаи пукат кӣ фурӯ кард ? Туро ҳатто дар пеши чашми Достиеву Убайдуллоеву Талбак Назарову дигару дигарҳо,ҳамонҳое, ки дар музокирот буданд, хандасор кардааст. Туро дигар ба арӯсак табдил кардааст. Вай, ки дар ботин зидди ислому мусалмонҳост. Ҳамин тавр аблаҳу аҳмақат кард,ки худат нафаҳмида истодаӣ, ки худатро инкор мекунӣ. Фикр накарда истодаӣ, ки бар мусалмонҳо ҳокимият дорӣ, аммо фарҳанги онҳоро “бегона” хонда истодаӣ.

Вале,аз тарафи дигар, бо ин ҳама сияҳсозиву бадномкарданҳои ҲНИТ, мутмаин бош, худат бо даҳони худат, ин фикру андешаро, ки воқеан ҳам ҲНИТ ҳаст, амал мекунад ва оянда аз ӯст, беш аз пеш дар зеҳну афкори мардум ҷо карда истодаӣ. Худат бо даҳони худат барои ҲНИТ таблиғ ва ташвиқ карда истодаӣ. Ва,шукри Худо, мардумро умедвор ва мунтазир карда истодаӣ, ки дер ё зуд ҲНИТ меояд.

Гуфтан гир дар бораи мо ! Ором нагир. Бепул ва ройгон реклама ва таблиғотамон кун. Чун, мо воқеан ҳам бармегардем. Чун барои мардуми тоҷик бадтар ва даҳшатноктар ва ноинсофтар ва дуздтар аз ту ва ҳукумати ту ҳукумате ва гурӯҳи дигаре буда наметавонад. Мардуми тоҷик тайи ин 28 сол аз ту безор шудааст ва на танҳо бо ҲНИТ, ҳар ӯва қувваи дигар,ки бар зидди ту ҳаст, ҳатто агар ки пайваставу мудовим “террористу экстремист” мехонӣ, ҳамроҳ мешавад. Танҳо инки аз ту халос шавад. Офарин,ки моро хеле реклама мекунӣ ! Нерӯеро,ки хокатро бод мекунад, реклама карда гард. Нагузор,ки дар зеҳни мардум хотира бишавад. Ҳамин тавр зинда ва пӯё нигоҳ бидор !

Ва, дар охир. Ба назар мерасад забти ин паёми Раҳмон, хеле ҳам ғайрикасбӣ ва дар ҷову маҳалли ғайримуқаррарӣ анҷом дода шудааст.Нуқси техникӣ ва акустикии он ошкору ҳувайдост. Инро чун ҳоло бо наворҳо кор мекунем хуб мефаҳмем. Нуктаи дигари ғайримаъмулии ин паём он аст ки он ҳамзамон ва баробар дар ҳама шабакаҳои телевизионӣ нашр нашуд. Дар ҳоле ки солҳои гузашта паёму суханрониҳои ӯро ҳама баробар интишор медоданд. Бало ба пасаш !

Аммо огаҳони умур бар ин назаранд, ки ин бебандуборӣ дар заминаи он сурат гирифтааст, ки Путин он қадар “гармӣ” нишон надодааст. Ва ҳарчанд забони русиро ҳамчун забони дуввум ҳифз кардем, макотиби русӣ сохтему кафедраву факултаву донишгоҳҳо ба забони русӣ боз кардему боз кардан дорем гуфтанҳои Раҳмонов калла ҷунбонидааст, аммо натавонистааст, ризоият ва пуштибонии Путин барои номзадии Рустам ва худаш ва ҳамин тавр истиқрори нахустин диктотураи оилавӣ дар қаламрави таҳти нуфузи Русияро ҳосил кунад. Аммо ин мавзӯи навиштаи дигар аст.…

Total
0
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

Номаи додхоҳона аз зиндони ЯС 3/​7

Ба раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Ба раиси…
Идома

“Ислоҳ” ислоҳатон мекунад

“Ислоҳ” ислоҳатон мекунад Дар пайи нашри як матлаби “Ислоҳ.нет” Сулаймонов Ҳабибулло Раҳматуллоевич, корманди Хадамоти Гумрук посгоҳи марзии Пахтаобод дар…