Раҳмони Рашнагӣ дар Панҷакент намояндаи Раҳмонов ё Рустам  ва ё Шоҳиён аст ?    

Ислоҳ нет

  (бахши аввал) 

«Буз»-и Панҷакент

Раҳмони рашнагӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён ва Раҷаббой Аҳмадзодаро чи ба ҳам мепайвандад

Ба маълумоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода мерасонем.

27-марти соли ҷорӣ дар як мусобиқаи бузкашӣ дар Панҷакент Раҳмони рашнагӣ, ки дар минбар нишаста солим тақсим мекард дар ҳузури беш аз 15.000 як корманди милисаро ошкоро ва аз тариқи микрофон дашном ва ҳақоратҳои қабеҳ кард, на зан монду на модару на духтар, ки ба гуфтани онҳо забони кас намегардад. Яксара ҳамаро ҳақорат дод. Вай, ҳамчунин касби ӯро  таҳқир кард. Фарзандони Раҳмони рашнагӣ дар ҳавои дашномҳои падарашон рафтанду ин корманди милисаро дар ҳузури ин ҳама мардум ба замин афтониданд. Дар онҷо на каматр аз 25-30 корманди дигари милиса ҳузур доштанд. Албатта, маълум аст ки ин кор дар шаъну эътибори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар бар либоси милиса ва дар китф рутбаҳо доштанд як доғ ва лаккаи нангин мебошад. Раҳмони рашнагӣ аз болои минбари майдони бузкашӣ ва бо овози пурғулғула ва бидуни онки як зарра ба корманди давлат, ба муҳофизи тартибот ва  ҳифзи ҳуқуқ будани милисаҳо эътибор диҳад, эҳтиром бигузорад боз «мурғако руст нашаветон, тартибота нигоҳ кунед, ман ба ҳар яки ту 500 сомонӣ пул метиям»  гуфта боқии милисаҳоро ҳам ҳақоратҳо кард, вале касе ба ҷонибаш нигоҳ карда натавонист.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар паҳлуи Раҳмони рашнагӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд нишаста буданд ва шоҳиди ин ҳама дуғу дағдаға ва ҳақоратҳову дашномҳои вай буданд.

  “Магар обрӯву эътибору эҳтироми корманду кормандони як вазорати муҳимми кишвар-масъули назорату риояти тартибот ҳамин қадар аст, ки як ҷинояткору фосиқ таҳқиру таҳдид намояд дар назди халқ? Ин номаи шикоятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ҳанӯзам давр мезанад.”

Раҳмонқул Каримов (Раҳмони рашнагӣ) собиқ вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари ҶС «Даврон» вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд, раиси федератсияи бузкашии водии Зарафшон кист?

 То чанд соли пеш Раҳмони рашнагӣ ҳамчун одами Президент дар Панҷакент шинохта мешудааст. Ҳоло вай ҳамчун одами Рустами Эмомалӣ шинохта мешавад. Хабарҳое, ки ба «Ислоҳ» расидааст, ҳокӣ аз он аст ки айни замон барои ин бадрафторӣ бо милисаҳо кори Раҳмон ба прокуратура афтодаасту гӯиё дар побег асту пинҳон шуда бошад. Аммо манобеи дигар мегуянд, ки ба Раҳмон чизе нашудааст. Пайи кору бори худ аст. Ин овозаҳо ба гуши худаш ҳам расидааст ва гӯиё гуфтааст, ки дар Панҷакент касе ҳад надорад, ки ба ман сарбасар шавад. Аммо ин ҳама  моҷаро дар мусобиқаи бузкашӣ рух дода буд. Зеро дар баргузории тамоми маъракаҳои бузкашӣ дар Панҷакент маҳз Раҳмони рашнагӣ роли асосиро мебозад.

 “Дар бораи ишқу алоқаи Раҳмони рашнагӣ бо асп ва махсусан бозии бузкашӣ қиссаву ҳикоёт зиёд аст. Мегӯянд вақте Хусрав Абдуназар, раиси пешини шаҳри Панҷакент ба ин шаҳр раис шуда меояд, як рӯз Раҳмон ба қабулаш медарояду мегӯяд, ки бузкашӣ ташкил карданист, хуб мешавад раис ширкат кунанд. Аммо Хусрав Абдуназар, ки аз Душанбе омада буд, мегуяд, ки барои бузкашӣ дар Панҷакент иҷозат нест. Вале Раҳмони рашнагӣ алорағми раиси шаҳр бузкашӣ баргузор мекунад ва човандозонро аз Узбакистон низ фаро мехонад. Зимнан, аксари наворҳо бо ширкати Раҳмон дар шабакаҳои маҷозӣ ҳатман дар маъракаҳои бузкашӣ аст. Онҷо мебинед, ки чи тавр Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ва Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон ҳамроҳ ва дар канори Раҳмони рашнагӣ дар минбари саҳнаҳои бузкашиянду ҷоизаҳову солимҳоро тақсим мекунанд.”

Аз солҳои 2018-2019, яъне пайи ҳам чаҳор-панҷ сол аст ки солим ва ё шоҳҷоизаи бузкашиҳои Панҷакентро аспҳои Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон ба даст меоварад. Мо, албатта, ба онки аспи Шоҳиён аспи бодпову болдору неруманду аз ҳамаи аспҳо зӯр аст, тардид надорем. Аммо инки чаро тамомии шоҳҷоизаҳоро маҳз аспи ӯ соҳиб мешавад, ин тарафи масъала суолбарангзез ва шаковар аст. Мегӯянд, ки ин як навъи дигари додани ришват ба раиси Суди олии Тоҷикистон аст. Маблағи мошинҳои ҷоизагириафтаи аспи Шоҳиён дар ин чаҳор соли ахир аз 150.000 доллар бештар ва аз он ҳам гузаштааст. Ҷолиб инҷост ки ҳамаи ин шоҳҷоизаҳо мошинҳои сабукрави сохти хориҷианд ва ҷолибтар ҳам он аст, ки ҳамаи ин мошинаҳои сабукрав дар ин маъракаҳоро фақат Қофлонбой -Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси Миллӣ солим монда ва дар расми тақдими онҳо ба паҳлавонҳои аспҳои Шоҳиён шахсан ҳузур пайдо мекунад. Ва, Раҳмони рашнагӣ эълон мекунад, ки шоҳҷоиза мошини сабукрави «Лассети» аз тарафи раиси вилоят таъйин шудааст, яъне раиси вилоят шоҳҷоизаро додааст. Ҳеҷ гапе нест, балки ин хуб аст ки руасову фуқаро дар як маърака канори ҳам қарор мегиранд. Аммо фақиру фуқаро саволашон ин аст, ки ин мошинҳо аз кадом пул аст? Аз буҷҷаи вилоят ва ё аз ҷайби худи Раҷаббойи Қофлонбой? Ва, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хабарҳо чоп мешаванд, бад-ин шаклу бад-ин зайл:

6 апреля 2019    ·

ПИРӮЗИИ АСПИ РАИСИ СУДИ ОЛӢ ДАР БУЗКАШИИ ПАНҶАКЕНТ

Дар мусобиқаи бузкашӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси вилояти Суғд” дар деҳаи Чинори Панҷакент ҷоизаи аввал – мошини сабукрави тамғаи “Рено-Флюенз” човандоз аз Панҷакент Фармон-Полвон бо «Дракон», аспи раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ба даст овард. Шоҳиён соҳиби як аспхонаи номдор буда, раҳбарии Федератсияи пойгаву бузкашии Тоҷикистонр низ бар ӯҳда дорад. Фармон паҳлавон, ки дастпарвари Ҳоҷӣ Раҳмонқул Каримов ташкилкунанддаи бузкаши мебошад бо аспи раиси Федератсияи «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён (ӯ ҳамзамон раиси Суди олӣ ҳам мебошад) бо лақаби “Дракон” солимро баровард. Дар мусобиқа паҳлавонон аз гӯшаву канори гунонгуни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Шоҳҷоизаро худи раиси вилояти Суғд ба паҳлавон тақдим намуд. Дар мусобиқа барои ғолибон 6-сар шутур,10- сар асп,20 -сар гов,10- то телевизион,10-то яхдон,20-то қолинҳои Қайроқум, 10-то тафдони замонавӣ гузошта шудааст.

4 апрели соли 2020

АСПИ РАИСИ ДОДГОҲИ ОЛӢ ШОҲИЁН ШОҲҶОИЗАИ БУЗКАШӢ ДАР ПАНҶАКЕНТРО БА ДАСТ ОВАРД

Рӯзи 4 апрел дар шаҳри Панҷакент бо ширкати раиси Сули олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ва дигар роҳбарон мусобиқаи бузкашӣ доир гардид. Бино ба маълумоти ширкатдорон, мусобиқаи бузкашӣ бо ташаббуси раиси федератсияи пойга ва бузкашии шаҳри Панҷакент Раҳмонқул Каримов доир шуда, дар ин мусобиқа, тӯҳфа ё солими асосиро,ки мошини сабукрав буд,аспи раиси Суди олии мамлакат Шермуҳаммади Шоҳиён соҳиб гардид. Дар Тоҷикистон бештар аҳли элита ба аспбозиву асппарварӣ машғуланд.

31 марти соли 2022

15 АКС АЗ БУЗКАШӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ: ШОҲҶОИЗАРО ИМСОЛ НИЗ АСПИ ШОҲИЁН БА ДАСТ ОВАРД

Рӯзи 27 март ба муносибати иди Наврӯз дар мавзеи Чанор дар канори шаҳри Панҷакент бо иштироки човандозон аз саросари Тоҷикистон ва ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон мусобиқаи бузкашӣ доир шуд. Ҷоизаи асосии ин мусобиқа автомобили тамғаи “Ласетти” буд, ки аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гузошта шуд. Чанд нафар аз иштирокдорони бузкашӣ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки шоҳҷоизаро чун ҳарвақта аспи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён соҳиб шудааст. Худи Шоҳиён, ки ҳамзамон раиси Федератсияи пойга ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст, дар минбар ҳузур дошт ва ҷоизаҳоро ба човандозони ғолиб тақдим мекард.

Дар ин матлаби «Бомдод» аз ғиромбозиву ҳаромкориҳои тарзи баргузории бузкашиҳо дар Панҷакент ёдоварӣ мешавад. Шаке нест, ки ин ғиромбозӣ дастур ва бо мусоидати бевоситаи Раҳмони рашнагӣ сурат мегирад:

«бисёре аз човандозон аз беадолатӣ дар ҷараёни ин бузкашӣ шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, ронандаи мошине, ки солимро дар байн мепартофт, ба тақаллуб роҳ медод ва солимро ба дасти одамони худ медод, то ки онҳо солимро бидуни рақобат ба даст оварда, рост ба марра баранд».

“Зимнан, хабарҳое ба мо мерасанд, Раҳмони рашнагӣ ин бузкашиҳоро ба манбаи даромад ва бизнеси худ табдил додааст. Раҳмони рашнагӣ дар бузкашиҳои Панҷакент аз барандаҳои солим, паҳлавонон «доля» меситонидааст. Масалан эълон мешавад, ки солими  навбатӣ 1000 сомонӣ. Аммо Раҳмон ҳатман сесад сомонии онро медорад, 700 сомонӣ ба паҳлавоне, ки бузро ба марра овард, медиҳад.500 сомонӣ бошад ҳатман 100-150 сомонӣ кам медиҳад. Агар бузу барраву гусола асп уштур телевизор, яхдону мошинаи ҷомашӯӣ бошад човандози солимро бурида аввал 200-300 сомонӣ медиҳад ва сипас ҷоизаро медиҳанд. Мегуянд, ки Раҳмон дар ҳар бузкашӣ ҳадди ақал 30-40 ҳазор даромад дорад.”

Раҳмони рашнагӣ аз тарафи бархе маддоҳону ҷирахорони давру бараш ҳамчун шахси саховатманду дастбахайр муаррифӣ мешавад. Онҳо пайваста аз он менависанд, ки Раҳмон, ҷавонмарди дасткушоду дастбахайр аст, фалон кг орд, шакар, равған, биринҷ ба камбағалон кумак кард. Ва ҳатто дар як матлабе навиштанд, ки Раҳмон дар маросими ҳаҷ дар водии Арафот ба беш аз 6000 зоири тоҷик оши палав пухта бепул дод. Ин муаллифи чоплус навиштааст, ки Раҳмон барои пайгирии «иқдомҳои неки Раиси Маҷлиси Миллӣ, шаҳрдори ҷавони шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасмим гирифтааст,ки хӯроки якрӯзаи табибон ва беморони беморхонаҳои шаҳри Душанберо низ таъмин кунад.

Инчунин ӯ ният дорад, ки барои дастгирии иқдомҳои хуши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ки роҳбари ситод эшонанд, кӯмаки худро расонад.

Офарин, ба ҳиммати волоят ва ватандӯстии беҳамтоят,Ҳоҷӣ Раҳмон Каримов!».

Оё дар воқеъ чунин аст?

Ҳоло инҷо ҳикоятеро аз забони як нафаре меоварем, ки Раҳмони рашнагиро хуб мешиносад.

Моҳи июни соли 2016 дар кули Марғзор кули 6уми Ҳафткул шах канда ва болои роҳи мошингузар чапа ва роҳ баста мешавад. Раҳмони рашнагӣ трактор оварда роҳҳоро тоза ва тахту ҳамвор кард. Ислом Зиёзода нав раиси шаҳр таъин шуда буд. Раҳмон ба ҳама мегуфт, ки роҳро бо дастури раиси нав соз кардааст. Раҳмон роҳро соз кардан соз карду аммо мардум ба доми бало заданд. Сари ҳар хона 400 сомонӣ андоз баст. Ҳар касе гуфт, ки пул надорад, ҷои пул мол медиҳӣ гуфт. Хуллас, аз ҳама ҷамъ карду гирифт.

Худи ҳамон сол, худам шоҳид будам дар моҳи рамазон ифтор ташкил кард. Баъдан ман бо чанд нафар бачаҳои ҷавон ҳамсуҳбат шуда гуфтам, ки ҳоҷӣ ба шумо-рашнагиҳо бисёр хизмат мекардааст. Дар чарогоҳҳову овулҳо (айлоқ) бемалол молу говҳоятонро чаронида мегардед, аз лесхоз( Идораи хоҷагии ҷангал) ҳеҷ кас наздатон омада ғам намедиҳад.

Он ҷавонҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки «э,ако, зани ин ҳоҷия хар…кунад. Шумо фикр кардед, ки ин ифтор аз ҳисоби ҳоҷӣ аст? Пагоҳи баъди ифтор аз сари ҳар хонавор ҳоҷӣ ҳатман як мол мегирад.”

Тибқи хабарҳои ба мо расида дар поинтари автобазаи шаҳри Панҷакент «автомойка», «фитнес-клуб» ва як корхонаи қаннодии «777» ҳаст, ки инҳо ҳамагӣ аз они ҳамин Раҳмони рашнагӣ мебошанд.

“Зани Раҳмони рашнагӣ аммаи Нигина Амонқулова дар ҳамин сехи қаннодии «777» сардорӣ ва савдо мекунад. Боз дар наздикии ҳудуди деҳаи Водопад дар шафати воҳиди низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар 3 гектар як боғи калон дорад. Инро бояд махсус зикр кунам, ки ҳамаи ин корхонаву замину ҳатто автобаза, ки хусусӣ кардааст аз пардохти андози давлатӣ, пули барқ озод аст. Дар дохили автобаза чанд корхонаи челонгариву харротии боқимонда аз шуравиро ҳам бо як пули ночиз харидорӣ кардааст. Барои харидорӣ ва хусусӣ кардани ин ҳама ба ӯ Бобоҷон Бобохонов, собиқ Додситони кулли Тоҷикистон ёрӣ карда будааст. Раҳмони рашнагӣ он солҳо дар ҳамаҷо худро «писархонди» Бобохонов муаррифӣ мекардааст. Аммо вақте писари Бобоҷон Бобохонов, ки прокурори Ҳисор буду ба даст афтод, Раҳмони рашнагӣ ба муқобили вай дар додгоҳ шоҳидӣ медиҳад.”

Соли пеш раиси шаҳр Панҷакент иваз мешавад. Раҳмон дилаш ба ин мансаб сахт кашол будааст. Овозаҳо ҳам будааст, ки Раҳмони рашнагӣ раиси шаҳри Панҷакент мешавад. Аммо Абдухолиқ Холиқзода раиси шаҳр мешавад. Раҳмон раисони пешинаи ин шаҳр Хусрав Абдуназар ва Ислом Зиёзодаро аслан «признават» намекардааст. Аммо Абдухолиқ Холиқзода омад, Раҳмонро тамоман писанд намекунад. Як нафар аз хешони ман дар ҳукумати шаҳри Панҷакент кор мекунад. Гуфт, ки як рӯз раҳмони рашнагӣ омад ва назди раис даромад. Чизе гуфт, нагуфт, ки дуғу пуписа карда гуфт, ки ҳозир ба «боло» занг мезанам, аз кор холӣ мешавӣ. Абдухолиқ Холиқзода мегӯяд, ки ман худам ба боло занг мезанам ба ҳамон одами гуфтагиат гап зан. Раҳмони рашнагӣ чун мебинад, ки гапи Абдухолиқ Холиқзода аз гапи вай болотар аст дигар сарашро хам карда ҳарчи маҷлису ҷамъомаде дар ҳукумати ноҳия шавад дар қатори пеш рафта мешинад ва аз ҳама пеш ҳозир мешавад. Аммо савол инҷост,ки агар ҷаноби Абдухолиқ Холиқзода ин қадар бо салобат ва зур бошад зулми Раҳмонқул Каримовро намедида ва намешунида бошанд? Боз ҳам мунтазир мемонем,ки чи мешавад.

   “Аммо Раҳмони рашнагӣ дар порахӯриву порадиҳӣ ва «посредникӣ» устухон надорад. «Одами даркорӣ»-и мақомоти милиса, амният, прокуратура ва суд аст. «Кришават» мекунад. ГАИҳои Панҷакент ба вай «чест» медиҳанд. Минибусҳо-тангемҳову дамазҳо(мошинҳои хурди сохти Узбекистон), ки дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ, дар линияҳо 1,2,4,5,6 мегарданд бо иҷозати Раҳмон мегарданд. Агар ронандае беиҷозат ба ин хатсайрҳо баромад капааш сӯхт. ГАИҳои шаҳр ҳатман манъ карда «путевка» мепурсанд. Права дорӣ-надорӣ фарқ надорад, «путевка» мепурсанд.”

Мошини Раҳмон Прадои сафед, рақами қайди давлатиаш 55 00,01 TJ.

“Инҳо се бародаранд. Ҳоҷӣ Раҳмат, ҳоҷӣ Аҳмад ва худи Раҳмони рашнагӣ. Ҳоҷӣ Раҳмати бародараш як шайтон, мошеники гузаро аст. Дар поёни кули 6ум боғи калон ва дар дохили он як меҳмонхона барои сайёҳон дорад. Бародари дигариаш ҳоҷӣ Аҳмад чанд сол ба ҳайси раис ҷамоати Шинг кор кардааст. Ин қадар муносибати хуб бо ин бародаронаш надорад. Феълан дар Русия зиндагӣ мекунад.”

Раҳмони рашнагӣ як «шестерка»-и тамаллуқкори ку..бардори мақомот дорад бо номи Бурҳон паҳлавон аз деҳаи Артуч. Барои онки писари ҳамин Бурҳон, ки Афросиёб ном дорад дар бузкашиҳо аспҳои Раҳмон ва аз Душанбе меомадагиҳо аспҳои Рустаму Шермуҳаммади Шоҳиёнро метозад.  Фақат номи ҳаминҳоро гирифта тамаллуқу чоплусӣ мекунад. Ҳамин Бурҳон ҳоло якҷо бо Раҳмони рашнагӣ тамоми бузкашиҳо дар Панҷакентро баргузор мекунад.

Раҳмони рашнагӣ дар соли гузашта як  кашокаш бо сокинони деҳае бо номи Дашти қозӣ кардааст. Бинобар навиштаи расонаҳо вай хоста, ки наздик ба 200 гектар замини навбунёди   ин деҳаро як бало карда гирад ва ё дар фурӯши он шарик шавад. Ҳатто дар як бузкашӣ эълон кард, ки барои паҳлавоне, ки бузро ба марра мерасонад, ҷоиза чанд сотих замин аз деҳаи Дашти қозӣ аст. Аммо натавонист. Соли ҷорӣ ин замин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмонов аз тарафи сокинони худи Дашти қозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аммо савол ин аст ки пушти Раҳмони рашнагӣ ба кӣ гарм аст ки ҳатто заминҳои деҳаи дигарро хӯҷаинӣ мекунад? Ва ба ин шакли зишту қабеҳ ва дар ҳузури 15.000 нафар  милисаҳоро дашному ҳақорат медиҳад?

ЗАЙД САЙД БО ТУҲМАТИ МАН ЗИНДОНӢ ШУД ВА “ПЕШВО” ҚАРЗДОР АСТ

  “Раҳмони рашнагӣ гуфтааст, ки вай барои Эмомалӣ Раҳмонов хизмате карда аст, ки каси дигар накардааст. Ин хизмат чӣ аст? Маҳз Раҳмони рашнагӣ сабаб шуд, ки Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон мавриди туҳмати ногаҳонӣ қарор бигирад. Ҳамин Раҳмони рашнагӣ бо туҳмати маҳз хеши занаш ва духтари ноболиғи вайро ҳамчун нафароне, ки Зайд онҳоро таҷовуз кардааст ба тафтишот бурд ва сабаби ба давраи тулонӣ нишастани Зайд шуд. Ҳоло дар ҳар куҷо лоф зада мегаштааст, ки барои ин хизмати вай Раҳмонов ба ӯ то охири умр масуният аз зиндон додааст ӯ дахлнопазир аст. Ва иллати дигари иммунитет доштани Раҳмони рашнагӣ ин нест, ки вай вакили маҷлиси вилоятӣ аст. Вай бо Қодир Качалаев, ронандаи Эмомалӣ Раҳмон боҷа мебошад. Зани дуюм ё сеюми Раҳмон хоҳари зани Қодир Качалаев будааст ва Раҳмон ҳамчунин дар обу лой кардани героини Қодир саҳми асосӣ дорад.”

Ҳоло мебинем, ки Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ба арзи кормандони худ гӯш карда шарафу номуси онҳоро ҳимоят мекунад ё не? Чун ҳақорату дашноми оммавии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ин шаклу шева дар ягон гушаи Тоҷикистон рух надодааст….

Умедворем ҷаноби ВКД Рамазон Раҳимзода ин қазияро ҷиддӣ дунбол мекунанд. Агар аз Шоҳиён ва Раҷаббой Аҳмадзода натарсанду ба ин масала расидагии ҷиддӣ намоянд.

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед….

Share This Article