Раҳмонов Асад мешавад ё Қаззофӣ?

Ислоҳ нет

Фарҷоми зишт ва фирори шармандавори Башор Асад, раиси ҷумҳури худкомаи Сурия аз шумори диктаторони башумори ҷаҳон як тани дигарро кам кард. Вақте баҳори арабӣ чанде аз ин ситампешагони солҳо дар қудрат часпидаро сарнагун кард, Башор Асад, курсии ирсбурда аз падари хабистар аз худашро ба рағми халқи сурӣ ва пуштибонии аҷнабиҳо бо чангу дандон ҳифз кард. Пуштро ба мардум ва пешро ба ҳамин аҷониб кушода буд. Гумонаш ҳам, хиёлаш ҳам, барномаву бовараш ҳам ҳамин буд, ки мисли падараш то асфалассофилин қудратро дар қабза хоҳад дошт.

Эмомалӣ Раҳмонов, ин диктатори гандапир, ин зоғи бадмур, ки аз соли 1992 то ҳоло, сивусе сол аст халқи тоҷикро саворӣ кардаву зин задааст, дар ин чанд рӯзи ахир аз банди тарсу таҳлука раҳо намешавад. Наворҳои мунташира аз саҳнаҳои риққатангези Димишқ, ки тавассути ҷиҳодиёни тоҷик фазои маҷозиро гарму пурбинанда кардааст ин гандапирро дар руи тобае афгандааст, болояш табака мепухт. Сухта истодааст.

Вай ба вузуҳ дид, ки Русия, агар даркор шуд, дукаратду, дар як турфатулъайн мефурӯшадаш.

  29 сол падар-Ҳофиз ва 24 сол писар-Башшор қудрати Сурияро дар қабза доштанд. Агар аз оғози то расидан ба ҳукми Ҳофиз Асадро баршуморем мешавад ҳамон 55 соли тамом. Аммо ҳамчун расман раисҷумҳур падару писар 53 сол дар ҳукм қарор доштанд. Дар камтар аз ду ҳафта, яъне 11 рӯз ин ҳукумати нимасра суқут ва сарнагун карда шуд. Ва Башшор, ончунон осемасар дум хода карду дингуз зад, ки ҳатто фурсат барои хабар ба наздиконаш, минҷумла бародаронашро наёфт.

Кадом рӯзе ҳаст Раҳмонов ҳамин роҳро ин шҳо Аллоҳ тай хоҳад кард ва садҳо, балки миллиардҳо доллари амборкардааш дар бонкҳои урупоӣ спасаташ нахоҳад кард. Яқинан нохурда мемурад. Ин шо Аллоҳ ба буҷаи кишвар ва давлати навини Тоҷикистон ворез хоҳанд шуд.

Ҳоло бар фарзе Иморати Исломии Афғонистон ва ё «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ба Русия ин шартро пеш бикашад, ки пойгоҳи ҳарбии 201 бар ивази сарнагунии Раҳмонов, ин тоғути зиддиислом дар Тоҷикистон меистад, фикр мекунед, ки Русия дар пушти Раҳмонов мехезад ва аз инқилобу хезишҳои мардумии омода ва дар роҳи Тоҷикистонро пешгирӣ мекунад?

Муҷоҳидони тоҷики дар Сурия ташобуҳоти зиёди миёни Башшор Асад ва Эмомалӣ Раҳмоновро дар ин чанд рӯзи ахир навор кардаву бо далелу мадрак пешкаши мардум карда истодаанд.

Раҳмонов то нуки нохун ва тори муи сар ва то банду мағзи устухон дар тарсу ҳарос афтодааст.

 Дар ин беш аз се даҳа вай шоҳиди сарнагунӣ, суқут, фирор, ба маҳкама кашӣ, ва ҳатто куштори даҳҳо нафар аз диктаторҳои мустабиде амсоли худаш шуд. Ҳалқаи дори гардани Саддом Ҳусайн, ранги ҳайвон хуншору хунчаконшавии ҷасади Муъаммар Қаззофӣ, ҳайкали дар гарданаш расани оҳании Нуруслтон Назарбоев ва ғайраҳоро дид, аммо ин аҳмақ сабақ нагирифт.

  Вақте Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури фирории Қирғизистон бо писараш «обнаглет» карда Максим писарашро дар мақоми давлатӣ овард, халқи қирғиз таҳаммул накард. Аз лингаш гирифту дар шотилингаш зад, ки ҳоло дар паноҳи Лукашенко, яке дигар аз диктаторҳои аблаҳ қарор дорад ва ин ҳам то он вақт ки худи ин диктатор то кай дошт, дода битавонад.

Диктаторҳои дар замони риёсати Раҳмонов сарнагун, куштаву зиндонишуда ва фирорӣ кам нестанд. Ва, табиист, ки замони русвоии онҳо, ва то чанд муддати баъди он, Э.Раҳмонов борбор мемураду борбор зинда мешавад. Аммо, ягон бор ин фикрро намекунад, ки хуб, дигар бас аст. Мардум аз ман, аз сурати ман, аз ҳарфи ман, аз афту андоми ман, хулоса аз ҳама кору бори ман хаста шуд, ман дилбазан шудам, бояд биравам.

   Раҳмонов фикраш ин аст, ки ин халқро то мурдан метавонад идора ва тохтутоз кунад. Вай фикраш ин аст, ки ҳамин диктаторҳо ғалат карданд ва вай ғалат нахоҳад кард. Гумонаш ин аст, ки ҳукумати Толибонро бо барқ, бар ивази бебарқии мардуми худаш хоҳад харид. Он қадар пофигист шудаасту тарсашро аз мардум дур кардааст,ки дар замистони қаҳротум ҳатто пойтахти кишвар дар шабонарӯз камтар аз 10 соат бо барқ таъмин аст. Аммо ба Толиб барқ медиҳад.

 Садҳо шояд ҳам ҳазорҳо аз тоҷикистонӣ, ки дар сарнагунии Башшор Асад сарбозу афсари гурӯҳҳои ҷиҳодӣ буданд, масалан дар ҳақиқат Раҳмоновро барои онки масоҷидро баст, барои онки сатру ҳиҷобро кашид, барои онки таълиму тадриси исломиро мамнуъ кард, рафтани то 18-солаҳо ба хонаи Худоро қатаған кард нахоҳанд бахшид. Ҷамоати Ансоруллоҳ аз Афғонистон  пирузии муҳоҷидин дар Сурияро табрик кард.

Раҳмонов хуб медонад, ки агар ин тоҷикҳо тавонистанд Идлибу Ҳалаб ва то ба Димишқ бираванд, чаро  дар Кобул ҷамъ нашаванд. На фақат Ансоруллоҳ аст ки суроғи Раҳмонов меоянд. Онгоҳ Раҳмонов хоҳад фаҳмид ки ҲНИТ-ро бастанаш чи паёмаде доштааст. Инки СС.Ятимовро ба пеши муллоҳои пурришу фаши Иморати Исломӣ мефиристад ва вай дузону даступойҳои онҳоро буса мезанад, судаш нахоҳад кард. Ҳазорҳо бор тоҷикро террорист бихонад ва хурсанд бишавад, ки тоҷикҳоро дар ҷаҳон ба унвони террорист бишносанд ва вай аз ин ҳолат бар суди худаш истифода кунад, як фиреби назар ва сробе беш нахоҳад буд. Чун, инро мехоҳад ё хайр, инро мепазирад ё хайр, дар Димишқ таҳти парчами «Лоилоҳа иллалоҳ» ворид шуданд ва неруҳое, ки Башшор Асадро сарнагун ва ба хоки сияҳаш кашониданд, исломианд. Неруҳои исломӣ, ки ҳоло Амрикову Аврупо ва ҳатто ҳамин Русия истиқболашон карданд. Чаро? Чунки Башшор Асад, беш аз ҳадду андоза ҳукуматро дар қабзааш гирифт ва дар қудрат истод. Бар муқобили тамоми меъёру қоидаву қонуни имрӯза. Вай ба демократия, вай ба қонуният пузханд зад. Вай мазоҳу масхара кард. Қонуни асосиро бар зери пойи худаш, мутобиқ кард.

  Ҳар коре кард, масалан, аҳзобро пароканда, шахсиятҳоро зиндонӣ, исломро кунҷакнишин, матбуотро баст, хуллас, Раҳмонов ҳам карда истодааст. Қонун ва Қонуни асосиро бароихудаш он тараф истад, барои писараш «туғрӣ» кард. Духтару домоду ҷияну келину ..хулоса, олу авлоди яъҷуҷу маъҷуҷашро оварда дар болои халқ савор кардааст.

Дуруст коре, ки Башшор Асад ҳам кард. Раҳмонову Асад монанди ва ташобуҳоти зиёд доранд, ки асоситарин он ҳамин солҳои тулонӣ худро дар сари қудрат нигоҳ доштан аст.

Онҳо худро дар сари қудрат на ба итихобот, бо зури силоҳу бо кумаки аҷнабиҳову бо хидмат ба онҳо нигоҳ доштанд. Дар ягон интихобот Раҳмонов овози мардумро нагирифтааст ва Асад ҳам ҳамин тавр.

 Шабоҳати дигари ин ду ин аст ки ҳардуяшон лухтак ва бозича ва сохтаи Русияанд.

Инки рақибони сиёсиашонро куштанду зиндонӣ карданд, инки аксу ҳайкалу суртаҳояшонро дар тамоми кишвар нашру пахш каранд, инки авлоду оилашон дар зарқу барқ аст, инки қонунҳоро дар таги пойи худу оилаи худ қарор доданд, инки мардумонашонро гуреза карданду саркубу зулум зургуиро аз ин рӯз то он рӯз бештар муравваҷ карданд, монандиҳо ва ваҷҳҳои ташобуҳи дигари Раҳмонов ва Асад аст.

 Башшор вақте панҷсола буд, ки падараш қудратро гирифт. Раҳмонов ҳам Рустам вақте панҷсола буд, сари ҳукумат омад.

Раҳмонов, агарчи ягон бор зоҳир накардааст, изҳор надоштааст, аммо яке аз улгуҳояш ҳамин Башшор Асад буд.

  Яке аз дигар ташобуҳоти миёни Асад ва Раҳмонов ин аст, ки тамоми сарвату дороии миллат ва давлатро ба хонаводаҳояшон доданд. Гузшата аз ин даст ба тиҷорату тавлидоте заданд, ки ҳатто хилофи қонунҳо аст. Дар як хабаре ин маълумот ҳам мунташир шуд:  

 Пас аз суқути режими Асад, шӯришгарон захираҳои бузурги маводи мухаддири Captagon-ро ошкор карданд, ки яке аз манбаъҳои асосии даромади режими Асад ба шумор мерафт. Captagon, ки соли 1961 барои табобати бемориҳо ба монанди нарколепсия ва ADHD ҳамчун дору истеҳсол шуда буд, дар минтақаҳои арабӣ ва Аврупо ба маводи таҳрикдиҳанда ва воситаи баланд бардоштани нерӯи ҷисмонӣ табдил ёфта, ба як тиҷорати миллиарддуллорӣ табдил ёфтааст. Тибқи ҳисобҳо, соли гузашта тиҷорати ҷаҳонии Captagon тақрибан 55 миллиард евро арзиш дошт, ки 80 фоизи он дар Сурия истеҳсол мешуд. Истеҳсол ва паҳнкунии ин мавод зери назорати бародари Башар Асад, Моҳир Асад, буд, ки нақши калидӣ дар ин саноат дошт.

Captagon дар ҷаҳони араб васеъ маъмул аст ва нисбат ба дигар маводи мухаддир, ба монанди спирт, каннабис ва кокаин, камтар маҳкум мешавад. Маъруфияти он бо қобилияти баланд бардоштани нерӯ ва тавоноии ҷисмонӣ вобаста аст, ки ҳатто гоҳо барои омодагӣ ба имтиҳонҳо ҳам истифода меёбад.

Ҳоло, бо таҳти назорати шӯришгарон гузаштани иншооти истеҳсолӣ ва роҳҳои паҳнкунӣ, интизор меравад, ки паҳно ва таъсири воқеии ин «тиҷорат» дар рӯзҳои наздик равшантар гардад».

Айни замон корхонаи фарматсевтии «Сифат –фарма»-и духтари  Раҳмонов ба ҳамин кор машғул аст ва ҷолиб инҷост метамфитамин, трамадол ва чанде дигар аз таблеткаҳои дорои маводди мухаддир, ки дар ин корхона тавлид мешавад ба Афғонистон мунтақил ва аз онҷо тавассути шабака ва гузаргоҳҳои марзии Эрон, Покистон ва Туркия ба Аврупову Амрикову Чин ва Русия мунтақил мешавад. Маблағи даромади ин бизнеси Раҳмонов аз миллионҳо доллар ҳам болотар аст.  Наркобизнес ба як бизнеси асосии оилаи худи Раҳмонов мубаддал шудааст. Ашраф Гулов, шавҳари Парвина Раҳмонова, раиси «Сифат- фарма» дар Дубай ҳоло барои ёфтани бозори нав барои ин доруҳои психотропӣ сахт машғул асту бозорёбӣ дорад. Вай дар вақти сафирӣ дар Туркия барои машғул шудан ба қочоққи духтарҳои тоҷик ва интиқоли метафитамин аз Туркия ба Тоҷикистон ба дасти мақомоти амниятии Туркия афтода буд. Аммо чи муомилае миёни Раҳмонов ва Урдуғон сурат гирифт ва Ашрафро раҳо карданд.

Раҳмонов солҳои ахир, бахусус пас аз мамнуъ эълон кардани ҲНИТ сиёсати зиддиниашро умдатан дар пайравӣ аз Асад ва аз Ҳуснӣ Муборак, яке дигар аз диктаторон вожгуншудаи Миср роҳандозӣ кард. Аммо ин ду ба кайфари аъмолашон расиданд.

Ин як воқеъияти ғайриқобли баҳс аст, ин аксиома аст, ки  ҳеҷ худкомае пуштибонии халқӣ надорад. Хоҳ худро пешвои муаззам эълон мекунад, хоҳ ҷаноби олӣ ё Фахомат-ур-раис аммо вай дар байни халқ эътибору эҳтироми як фарди одии ходим барои мардум, масалан, даҳмарда, ё осиёбонро надорад. Мардум аз онҳо мутанаффиранд. Имкон надорад, Раҳмонов надонад, ки мардум худи ӯро намехоҳанд, чи расад ба онки писарашро оварад. Аммо тавре вонамуд мекунад, ки гуё намедонад, балки бадтар аз ин тавре вонамуд мекунад, ки мардум ӯ ва бачаи ӯро мехоҳанд. Аммо, ба яқин хуб медонад, ки халқ аз вай ва аз олу авлоди вай ва аз афту башари хунуки вай кайҳо хаста ва безор шудааст.

 Акнун диққат диҳед ин ҳолати барқосои ҳатто , қабл аз фирори Башшор Асад ба назди Путинро дар Ноҳияи Айнӣ чи иттифоқе рух дод:

Пас аз инкилобеки дар Сурия гузашт хукумати Тоҷикистон бе сару сомонии худро дониставу он нафароне, ки дар қайди военкомат хастанд ë худ сарбозони эхтиëтиву шикорчиëнеки бо ҳуҷҷат милтиқи шикорӣ доранд даъват карда дарси ватандӯстиву (зиракии сиëсӣ) – ба кавли пешво гузарониданд.

«Рӯзи  3-уми декабри соли  2024 дар нохияи Айни  кариб  6-ҳазор нафарро ҷамъ карда дарс гузаронданд, ки дар ҳама ҳолат ҷонибдори «пешвои муаззам»и миллат бошанд.»

Мақсад аз ин кор ин буд,ки дар ҳолатҳои нохуши ë инки ягон инқилоб аз Эмомалӣ Раҳмонов тарафдори кунанд. Аммо ин ҳама ҷамъовардашудаҳо дар сангинтарин ҳолатҳои зиндагонӣ рӯз мегузаронанд. Барқ надоранд, хонаҳояшон сард, фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, бе корӣ, қашоқӣ, гаронӣ ва… Бо кадом майл ва хоҳиши комил аз чунин «Пешво» ҳимоят мекунанд? Бовар кунед ин ҳама дар он рӯзи бузург милҳои силҳҳояшонро ҳаргиз тарафи озодкунандагонашон нахоҳанд гардонд.

Худкомаҳо, ки хушбахтона шуморашон дар рӯи замин камтару камтар мешавад, аз ин ҷиҳат ба давлатҳои хориҷӣ такя мекунанд. Башор Асад Эрону Русияро дар пушт дошт. Аммо ин хориҷиҳо вақту соати лозим ин худкомаҳоро муомила ва савдо мекунанд. Башор Асад ва Сурия истисно нестанд. Ҳоло дар пардаи ибҳому таваҳҳумот аст вале яқинан Украин, Сурия, Фаластин колои мавриди муомила шудаанд.

Раҳмонов, ки аслан дастгирии халқӣ ҳеҷ гоҳ надошт ва руи тонку тупи хориҷиҳо қудратро гирифта буд, агар худо карам кунад, аз паси Башшор Асад меравад. Вале агар саривақт натавонист ба самолёти 92 миллиондоллрӣ  бишинад, яқинан Саддом ё Қаззофӣ мешавад.

Русия барои Раҳмонов шуда бо Толибон, ки гуфтем масъалаи пойгоҳи 201-ро дар миён бигзорад, ҷангу даъво намекунад.

Ин худкомаи хундаҳан, ки чархи осиё дар нуги панҷааш мечархад, ҳоло мурғаки болканда дар пеши пойҳои Путин аст. Вале, Путин дигар бо Башшор дидори содиқона ва партнёрона нахоҳад кард. Чун Путин ӯро фурӯхт, чун дигар манофеи гаронтаре, боарзиштаре дар миён буд. Вай акнун дар Маскав, то поёни умр хоҳад истод ва ё инки Путин ӯро таслими Ҷулонӣ хоҳад кард, вақт ва идомаи муомилаҳои манофеи Русия дар Сурия онро нишон хоҳад дод.

  Ним аср меистӣ,меравӣ,беш аз ним аср меистӣ,меравӣ ва ё кам аз ним аср меистӣ,меравӣ,писаратро меовариву дар ҷоят мемонӣ ва ё то рузи мурдан аввал худат ва сипас бачаатро мемонӣ,меравӣ фоидаат надорад.Чунки ту на шоҳи ва монарх! Чунки инҷо ҷумҳурият аст,чунки инҷо интихобот аст,чунки ту инр дигар карда наметавонӣ.

Сарнавишти Асад,мисли соири диктаторҳои олам тамом шуд,Бояд сабақ бигирӣ.Тавре кунӣ,ки ҷамъкардаҳоятро бихурӣ,ақалн бачаҳоят ва дуухтарҳову домодҳои расмивву ғайрирасмият бихуранд.

Қабл аз Асад ҳам,баъди вай ҳам ҳамин минвол хоҳад буд.Диктатор ҳатман ба хуни худаш ғарқ мешавад.Тамоми хурдаҳояш аз почаҳои биниаш мебарояд.

Беҳтар ин аст ки ранги бачаи одам,мисли урфи пазируфта панҷ сол,ду панҷ сол,ду ҳафт сол,биистӣ ва биравӣ.Фиреб накунӣ.Қонуҳоро аспак уребча-подгузник ва памперс накунӣ.

Марду мардвор биравӣ,мисли занҳои қаҳба ва ҳарҷоӣ тоб надиҳӣ,тоб нахурӣ.

Қонун пешбинӣ ва таъйин карда буд:панҷ сол ё ҳафт сол.Иваз накун.Бирав.

Ҷаҳон аз рафтани Асад истиқбол кард.Инҷо чанд иқтибос меоварам.Бихон:

  Глава МИД ЕС Кая Каллас: «Позитивное и долгожданное событие. Наш приоритет — обеспечение безопасности в регионе. Я буду работать со всеми конструктивными партнерами в Сирии и в регионе».

Канцлер Германии Олаф Шольц: «Хорошие новости. Сейчас важно быстро восстановить в Сирии законность и порядок. Все религиозные общины, все меньшинства сейчас и в будущем должны быть под защитой».

Президент Франции Эмманюэль Макрон: «Наконец-то рухнуло варварское государство… Франция привержена всеобщей безопасности на Ближнем Востоке».

 Манзараи шинос.Сари ҳайкали Ҳофиз Асад зери пойи сарбозону халқ. Ҳайкали чапагардон,ҳайкали дар гарданаш расан андохтаи Нурсултон Назарбоев.Ҳеҷ мефаҳмӣ?

Ин гапҳо дуруғ,ки Раҳмонов сулҳ овард.Раҳмонов соли 1992 омад,чаро сулҳ наовард? Ҷанги шаҳрвандӣ баъди омадани Раҳмонов шуълавр шуд ва панҷ соли тамом идома кард.

 Раҳмонов гумонаш ин буд,ки исломиҳоро сиёҳ кунад, пуштибонӣ мебинад.Аммо дид ва рид,ки Амрико исломиҳоро сари кор овард.Русия Толибҳоро сафед мекунад.

Раҳмонов ба хотири давлату сарват дину исломашро фурухт вале ислом меояд.

Амрикову Русияву Чин Толибонро аз листи террористӣ берун оварданд.Амрико ба сари Ҷулонӣ 10 миллион доллар ҷоиза таъин карда буд,ҳоло ҳукумати Сурия дар дасти ҳамин Ҷулонӣ аст ва «Ҳайат-таҳрири Шом»-и вай аз ин феҳрист бароварда мешавад.

Раҳмонов мебинад,ин тавр нест,ки намебинад,вале мисли дарозгуш дар ҳузури шер чашмонашро бастааст,ингор шер набошад.Чашмонатро бикшо ва воқеиятҳоро бипазир.

  Мо,омада истодаем.Асад мешавӣ ё Қаззофӣ?

Share This Article