Раҳмонов барқро ба “Толиб” бе пул вале ба “Қирғиз” мефурӯшад, шумо дар торики “шукрона”и ӯ кунед!

Ислоҳ нет

Бо оғози фурӯши  қувваи барқ ба Қирғизистон  Эмомалӣ Раҳмонов бори дигар исбот кард, ки барои вай  ҳеҷ чизе ба ҷуз аз  «бизнес» ва ҳукумати “оилашумул”и худаш барояш арзиш ва аҳамият  надорад ва вай барои доллар шуда омодааст, ки шаъну шараф, номус, ватан, халқ ва давлаташро ҳам бифурӯшад.

Ҳама таънаву мазаммату таҳқиру дашноми қирғизҳоро бигзорем канор аммо Қирғизистон дар сатҳи мақомоти давлатиаш Раҳмонов ва давлати Тоҷикистонро мутаҷовиз хонда ва эълон кард, ки Раҳмонов бо ҳамла ба хоки ин кишвар  даҳҳо муқаррароти байналмилалиро нақз кардааст ва аз ин ҷиҳат ҷиҳати муҳокимаи ин кишвари мутаҷовиз аснод ба ниҳодҳои байналмилалӣ пешниҳод кардааст.

Ҳоло ранги қалами додраси қирғиз , ки ду исфарагиро барои ҳимояти ватанаш ҳукми абад дод, нахушкидааст, ҳоло, ки қирғизҳо ба дархости мукаррари Раҳмонов ҷиҳати ифтитоҳи роҳ посухи рад додаанд, Эмомалӣ Раҳмонов содироти нерӯи барқ ба Қирғизистонро  шурӯъ кардааст. Хабаргузориҳои  хориҷиву дохилии Қирғизистон аз қавли Азиз Аалиев, ноиби аввали нахуствазири ин кишвар навиштаанд, ки  ин худи тоҷикҳо буданд, ки  бо пешниҳоди фурӯши барқ ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки қирғизҳо, бо ин вуҷуд ки шадидан бар нерӯи барқ эҳтиёҷ  доранд, аз Тоҷикистон нахостаанд, ки барояшон электроэнергия диҳад, ин тоҷикҳо ва ин Раҳмонов аст, ки муҳтоҷона пешкаш кардааст, мисли онки нерӯи барқ дар Тоҷикистон як моли зиёдатисту ҷойи партофтан надорад ва «утилизатсия» шудааст.

Аз Тоҷикистон ба мо занг зада хоҳиши хариди барқро карданд…

Ноиби аввали  нахуствазири Қирғизистон, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат кардааст, мегӯяд ҳамтоёни тоҷикашон  бо илтимосу   илтиҷо пешниҳод кардаанд, ки нерӯи барқи онҳоро бихарем. Ин занг  гуфтааст Азиз Аалиев дирӯз (30 сентябр) буд ва имрӯз (1 октябр) аллакай ду соат пештар дар манотиқи ҷанубии кишвар  интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон сар шудааст.

Ба гуфтаи ноиби аввали сарвазири Қирғизистон  «дар як шабонарӯз мо 1.000.000 кВт/соат электроэнергия мегирем. Имкон дорад тӯли моҳ ин рақам аз 30 то 50 млн кВт/соат афзоиш ёбад».

“Аммо Азиз Аалиев ба кадом қиммат харидорӣ кардани нерӯи барқи Тоҷикистонро пинҳон доштааст. Гуфта мешавад ин шарти ҷониби Тоҷикистон будааст, ки дар бораи нархи нерӯи барқи содиротӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар чизе гуфта нашавад. Ҳамчунин дар бораи наҳваи пардохт ва инки маблағи он ба кадом ҳисоб хоҳад рафт низ набояд чизе гуфта мешудааст. Беш аз ин гуфтугӯи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи содироти нерӯи барқ на дар сатҳи ширкати «Барқи тоҷик» ва ширкати миллии Қирғизистон, балки дар сатҳи ҳукумати ин кишварҳо сурат гирифтааст ва фаврияти содироти барқ то ба ҳадде будааст, ки баъди ду соати сӯҳбати телефонӣ ва дастёбӣ ба тавофуқи муқаддамотӣ содироти он аз қисмати шимолии кишвар -вилояти Суғд шурӯъ шудааст.”

Аммо содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон дар ҳоле оғоз мешавад, ки дар навоҳии шимоли кишвар, тибқи иттиллои расида ба мо ҳатто дар тобистони имсол мушкили таъмини барқ  вуҷуд дошт ва айни замон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд лимити эълоннашуда амал мекунад. Рӯзона ҳатмани ҳатман барои чанд соат нерӯи барқ қатъ карда мешавад.

  “Ҳоло саволи асосӣ ин аст, ки чаро Раҳмонов ба Қирғизистон, ки  ҳама робитаҳоро қатъ кардааст, барқ мефурӯшад? Қирғизистон, чуноне гуфтем, роҳҳояшро бастааст, ҳатто донишҷӯҳои тоҷикро, ки дар донишгоҳҳояш таҳсил мекарданд, иҷзоати идомаи таҳсил надод, Ҳам замину сарҳаду қаламрави қонунии Тоҷикистонро ишғол кардааст ва ҳам аз болои Тоҷикистон дар тамоми дунё шикоят карда истодааст.”

Хуллас, қирғизҳо моро ба тамоми имконияти доштаву надоштаашон як миллати таҷовузгар ва як миллати барбар тасвир карданд.

Тибқи маълумоте, ки ба «Ислоҳ.нет» расидааст, қувваи барқро тавассути як зеристгоҳ,ки 10 соли пеш сохта шуда буд, аз қаламрави  вилояти Суғд фурӯхта истодаанд. Қирғизҳо шиква доранд, ки сатҳи Тохтагул-обанбори асосии ин кишвар ба ҳадди буҳронӣ расидааст. Ҳоло «Баҳри тоҷик»-и Қайроққум ҳам камоб аст. Чунки тобистони дароз обро ба ҷойи онки захира намоянд ба Қазоқистон фурӯхтанд. Ба вилояти Суғд аз тарафи ҷанбуби кишвар тавассути зеристгоҳҳо интиқол медиҳанд, ки қисме аз онро ба қирғизҳо мефурӯшанд. Ба ин ҳисоб барқкушӣ дар вилояти Суғд дар муқоиса бо соли гузашта бештар мешавад, чун аз ҳисоб ва ё саҳми ин вилоят ба Қирғизистон содир мешавад

Аммо Эмомалӣ Раҳмонов ҷойи онки интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони Толибонро ҳам қатъ мекард, ба як кишвари дигаре фурӯши барқро ба роҳ монд,ки муносибат ва ҳамкориҳояшро бо мо қатъ карда ва дар мавқеи ғайридӯстона қарор гирифтааст.

Дар миёни ин муомилаҳо бо Афғонистони Толибон ва Қирғизистон, ду кишвар дар ҳоли ҷанг бо Тоҷикистон  ба ҷуз аз доллар, ба ҷуз аз бизнес, ба ҷуз аз даромад чи чизи дигар буда метавонад?

“Ҳам қирғизҳо ва ҳам Толибон дар баробари Тоҷикистон ва тоҷикон сангар ва ҷабҳа дуруст кардаанд, аммо бубинед, ки барои Раҳмонов чӣ чиз боаҳамият аст? Бале, тиҷорат. Тиҷорат бар ивази ҳама чиз, ҳатто номус, ҳатто шараф ва ҳатто ватану миллату давлат? Пас, кӣ хоину ватанфурӯш аст? Раҳмонов ё ҲНИТ?”

Хуб, бигзор, ки бо Афғонистон қабл аз омадани Толибон қарордод баста шуда буд ва давлатҳо бояд тааҳҳудашонро риоят кунанд. Аммо, вақте худро падару пешвои тоҷикони дунё меҳисобад, чи тавр барои душманони тоҷикон нерӯи барқ содир мекунад. Чи тавр барои ҳукумате,ки худаш эътироф накардааст, муомили тиҷоратӣ дорад? Вақте Раҳмонов аз ҷомиаи ҷаҳонӣ даъват дорад, ки Толибонро, то онки ҳукумати ҳамашумул ташкил накунад, набишносанд,бо чи рӯе нерӯи барқ мефурӯшад?

Латифи Пидром,яке аз сиёсатмадорони маъруфи Афғонистон дар як сӯҳбати видеоияш фурӯши нерӯи барқи Тоҷикистон аз сӯи Раҳмонов ба Толибонро «камоли инсонӣ»-иРаҳмонов талаққӣ кардааст. Вай дар ин навор айнан чунин мегӯяд:

«Ҳамин акнун,ки Толибон дар канораҳои рӯдхонаи Ому,дар шимоли Афғонистон мусаллат ҳастанд, дар воқеъ дар марзҳои Афғонистон, дар марзҳои  Бадахшон бо Бадахшони Тоҷикистон «Помирэнержӣ»  аз Тоҷикистон барои шаҳрвандҳо ё улусволиҳои Бадахшон барқ тавлид мекунад. Иттилооте, ки ман дорам, бо вуҷуди мушкилоте, ки вуҷуд дорад ва таҳарруки Толибон дар ин марзҳо, давлати Тоҷикистон гуфтааст, ки чун ҳаво сард мешавад ва зимистон аст, мавҷудияти Толибон дар шимоли Афғонистон набояд боиси он бишавад, ки мо барқро барои  мардуми Бадахшон ва куллан  мардуми шимоли Афғонистон қатъ бикунем. Ҳадди ниҳоии як бархурди инсониву масъулона нисбати як кишвари ҳамсоя аст, ки Афғонистон бошад. Варна метавонистанд, «Помирэнержӣ»-ро бигӯянд, ки барқро қатъ кунад. Ин дар ҳоле ҳаст, ки қарори иттилооте,к и ман дорам ҳанӯз пули барқи Бадахшониҳоҳам пардохта нашудааст».

Албатта, на танҳо оқои Пидром, хеле аз шахсиятҳои дигари тоҷиктабори Афғонистон ҳам боварашон ҳамин тавр аст, ки  Раҳмонов «бархурди инсониву масъулона» мекунад, аммо боз ҳам такрор бишавад, мегӯем, ки Раҳмонов барои пул шуда метавонад тамоми миллат ва давлатро бифурӯшад.

Қирғизистон роҳҳояшро бар рӯи Тоҷикистон баст, ки ба Тоҷикистон ва тоҷикҳо зарар ва осеб бирасонад. Қамчибек Ташиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон ошкоро эълон кард, ки марзҳоямонро бубастем, ку бинем як қатра бензин ба Тоҷикистон мегузарад ё хайр? Нархи маводди сӯзишворӣ ба таъйиди Оҷонси омори Тоҷикистон ба маҳзи ҳамин иллат, баста будани марзи Қирғизистон боло рафт.

“Аммо Раҳмонов ба ин кишвар дуздвор барқ мефурӯшад ва барои худаш муносиб намедонад, ки ба соҳиби ин қувваи барқ-халқи Тоҷикистон аз ин муомилааш хабар диҳад. Чун вай ҳеҷ гоҳ бо халқи тоҷик ҳисоб накардааст. Ингор  нерӯи барқ аз они модараш бошад. Вале ҳукумати қирғизҳо нишасти хабарӣ доир мекунад. Ва, шаффофу рӯирост аст бо мардумаш.” 

Қирғизистон аз Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон нерӯи барқ мехарад ва ҳоло музокира бо Русия ҳам барои воридоти нерӯи барқ ба Қирғизистон идома дорад, то аҳолии ин кишвар дар зимистон душворӣ накашад.

Оё Шумо бовар доред, ки Раҳмонов низ ҳамин корро мекунад? Бо кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо барқ музокира мекунад? Мутмаин бошед, ки ин корро намекунад, баракс  соати лимитро боз ҳам тамдид мекунаду барқи будагиро ҳам мефурӯшад.

“Маълум аст ки пули барқи содиротӣ ба бюҷет намеояд ва мардуми тоҷик аз он баҳравар намешавад. Ин пулҳо мустақим ба суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов меравад. Ин муомилаи машкук  ва тиҷорати бар ивази хуни исфарагиҳо ба даст овардаи Раҳмонов  танҳо ва танҳо барои ҷайби худаш аст.”

Раҳмонов аз сукути мардум ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи Тоҷикистон суистифода дорад. Тӯли тамоми ин муддате, ки дар сари қудрат ҳаст  халқро дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ дошта вале бизнеси худро дар ягон ҳолат фаромӯш намекунад. Ман бовар дорам, ки то «светкушӣ»-и навбатӣ рӯзҳои башумор мондааст. Ва, баҳонааш ҳам омода-оби обанборҳо кам аст, хушксолӣ омад.

“Дар ҳақиқат ин аст ҷойи аҷобат, ки як ҳукуматро ба расмият набишносӣ вале барои вай нерӯи барқ бифрӯшӣ, як ҳукуматро дар саросари олам бад созӣ вале бо он тиҷорат кунӣ!”

Содироти  барқи Тоҷикистон ба Афғонистон  наздики 12 миллион  долларо  ташкил додааст. Раҳмонов ба ҳамин миқдори маблағ  идораву  казармаву қул-урдуву  васоити техникии Толибонро нерӯи барқ доду равшанӣ бахшид , то онҳо битавоанд тоҷикони Панҷшерро бикушанд ва қатли омм намоянд.

Инчунин муҳаллиони дигар бар ин назаранд, ки ҳукумати Раҳмонов ба Толибон барқро медиҳад ва пули онро аз кишварҳои ҳомии онҳо мегирад. Он ҳукуматҳои пуштивонаи Толибон, ки ба ҳама номҳояшон маълум аст барои тақвияти ҳукумати Толибон ва норозӣ нашудани мардум аз ҳукумати онҳо ба ҷойи толибон пули барқро ба Раҳмонов пардохт мекунанд. Агар ин таҳлил дуруст бошад пас куҷо шуд дар синазаниҳои Раҳмонов ва ултиматум мониҳои ӯ, ки ҳукумати Толибонро намешиносад, то он “Ҳамашумул” набошад? Пас барои Раҳмонов пул муҳимтарин маҳакки асосии ҳукуматронияш аст ба ӯ пули “ҳамашумур” муҳим аст, на ҳимоят аз тоҷикони Панҷшер ва он сӯйи Омӯ.

Нозирҷон Ёдгорӣ намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» вақте аз ӯ пурсида мешавад, ки бовар доред, ки пули фурӯшатонро Толибон мепардозанд чунин гуфтааст: “Вақте маҳсулотро гирифтанд, албатта, пули онро бояд диҳанд. Қарордодҳое, ки бо ширкати “Брешно”-и Афғонистон доштем, иҷро карда истодаем. Умед дорем, ки онҳо низ масъулиятҳои худро иҷро мекунанд”.

Ба навиштаи хабаргузориҳо қарор аст Тоҷикистон ба афғонистон дар давоми соли ҷорӣ  1,5 миллиард киловатт-соат барқро  содир кунад. Ба Афғонистоне, ки дигар  Аморати Исломии Афғонистон ном дорад ва ҳукуматаш ҳам ба дасти Толибон аст.Толибоне, ки дар феҳристи созмонҳои террористии Тоҷикистон таҳти №13 қарор дорад. Аз инҷо бармеояд,ки Тоҷикистон ба як созмони террористӣ доду ситад дорад.

Дар охир мардуми кишвар интизори “лимит” ё реҷаи барқ бошед. Барқи моро “Пешвои миллат” ба Толиб ва Қирғиз мефурӯшад вале шумо бо кунда алов ва кумур алови конҳои дар ихтиёри домоду қудоҳои ӯ  хонаҳои сарди худро гарм кунед. Муҳим “Пешвои миллат” бо оилааш гарму серу пур ва дар рӯшноӣ бошанд. Шумо сарнавиштатон ҳамин аст, сабр кунед ва шукрона кунед, ки ҳаминхел “пешво” ва “Асосгузори барқфурӯш,муҳоҷиркунандаю зиндонкунанда ва ҳукумати оилашумул” доред!

Share This Article