Раҳмонов боз мехоҳад Кулобиро бо Померӣ биҷангонаду ҳукумат кунад

Ислоҳ нет

Навори «шербачаҳои кулобӣ»,ки имрӯзҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар ҳоли даврзанӣ қарор дорад як бори дигар нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонов ва нукарону навчаҳои вай барои ҳифзу ҳимояти ҳокимияти маҳаллӣ-оилавии худ омода ва қодир барои иҷрои ҳама гуна амали пасту палид ҳастанд, агарчи ин аъмол миллати тоҷикро боз ҳам тика-пора карда ва маҳалҳоро ба ҷони ҳам биандозад. Маълум аст ки ин навор ва муҳтавои он бо дастур ва маслиҳати СС.Ятимов омода ва нашр шудааст. Вай тамоми васила ва имконоти будаву нобудаашро ба кор бурд ва бурда истодааст, ки помириҳоро бизанад, ба зону дароварад.

   “На танҳо помириҳо, халқи олам, то намояндаи Парлумони Урупо фаҳмиданд, ки Раҳмонов ва СС. Ятимов Бадахшонро дар муҳосира қарор додааст. Ва, ин ҷангу хунрезӣ дар Бадахшон на фақат соли гузашта, аз солҳои пеш, аз соли 2012 идома дорад ва садҳо тан аз помириҳоро Раҳмонов ба қатл расонд.”

Аммо хусумат ва душмании Раҳмонов бо помириҳо аз замони ҷанги дохилӣ, аз соли 1992 сар шудааст, чун Раҳмонов ба унвони яке аз қумандонҳои Ҷабҳаи халқӣ дар ҳамон иҷлосияи сарнавиштсӯзи миллат дар Хуҷанд тарафи муқобили Ҷумъа Буйдоқов, яке аз фармондеҳони саҳроии он солҳо нишаста буд. Хусумат ва кинаи Раҳмонов бо мардуми Бадахшон боз аз он маншаъ мегирад, ки ин мардум дар замони ҷанги дохилӣ якҷо бо Нерӯҳои оппозитсионӣ, аз ҷумла Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон бар муқобили Раҳмонов ҷангиданд ва оқибат ӯро маҷбур карданд, ки 30% ҳукуматро барои онҳо вогузорад. Воқеият ин аст ки Раҳмонов он 30% на барои сулҳу оштӣ, балки халоси ҷони худаш дода буд. Вай дар ҳолати ҷонканӣ қарор дошт.

ВМКБ ва сокинони бовиқору боғурури он то ҳамин имрӯз, ки аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов 30 сол мегузарад ва имрӯз, ки Раҳмонов замони ғуруб ва заволи диктатураи бунёдкардаашро бо чашмонаш дида истодааст, ӯро эътироф накарданд. Бале, зоҳиран эътироф карданд, аммо амалан ӯро касеву чизе нашумориданд. Чунки Раҳмонов баробари ғасби Душанбе ба тухми помириҳо қирон овард. Бадахшониҳое, ки даҳсолаҳо сокини пойтахт буданд, дар ободии Душанбе саҳми зиёд доштанд, ночор шуданд, ки ба зодгоҳашон бозгарданд ва ё ҷалои ватан намоянд. Аммо помириҳо ба тафовут аз ғармиҳо, ҳамчуноне гуфтам ба Раҳмонов даст надоданд, сар хам накарданд ва агар нафаре мисли Раҳими ғармӣ ҳам серпул дошта буданд, наомад, ки кункуни Раҳмонов ва авлоди вай бигардад. Хуллас, ин ҳама лашкаркашиданҳои Раҳмонов болои помириҳо аз ҳамон кинаву хусумати дерина сарчашма мегирад ва ба болои ин ҳоло Раҳмонов қасд дорад Рустами писарашро ба ҷойи худ оварад. Тамоми талоши Раҳмонов ин аст, ки Бадахшонро ҳам ба мисли манотиқи дигар мутеъ ва дамбадарун созад, то Рустам орому роҳат ҳокимияти маҳаллӣ-оилавии сохтаи ӯро идора намояд.

Муҳаммадбоқир ва афроде мисли вай барои иҷрои ин барномаи Раҳмонов монеа ва мушкилофаринанд ва бояд онҳоро маҳву нобуд созад.

  “Дар кадом кишвари дунё дидаед, ки мардуми одӣ ҳукуматро ба куштану нобуд кардани   як нафари ҳатто бигзор ҷинояткор даъват ва ташвиқ кунад ва боз ин даъват аз тариқи расонаҳои оммавӣ ба роҳ монда шавад? Дар телевизион афроде аз мақомоти қудратӣ даъват карда истодаанд, ки Муҳаммадбоқири ҷинояткорро бикушад!!!”

Ин даҳшатафканиву ин таҳлукаандозӣ ва ин даъват ба анҷоми аъмоли террористӣ кори давлат ва ҳукумат буда метавонад? Магар давлат ҳамчунин коре мекунад?

Корро ба ҳадде кашониданд, ки Муҳаммадбоқир сабру шикебоиро аз даст бидиҳад ва аз сиру асроре парда бардорад, ки ҳамаро шокӣ кард. Ва, агар Раҳмонов роҳбари гурӯҳи дуздону ғоратгарон, ҳамон гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ набошаду роҳбари ҳақиқии давлат бошад, бояд аз пайи тафтишу таҳқиқ бишавад.

   “Муҳаммадбоқир гуфт, вақте сардори воҳиди низомӣ дар дидбонгоҳи марзӣ буд,наздик ба 736 кило ҳероини раиси собиқи вилоят Алимамад Ниёзмамадов ,ки  намояндаи Эмомалӣ Раҳмонов дар ВМКБ ба ҳисоб меравад дастгир кард. Бо тамоми сароҳат метавонем бигӯем,ки ин маводи мухаддир аз худи Раҳмонов ва оилаи ӯ буданд,ки тавассути ин раиси вилоят ирсол мегаштанд ба ин ва он минтақа. Акнун хулосаи худро бароред,ки наркобарони асосӣ ва наркомафия кӣ аст дар кишвар.”

Ва,ба таъйиди Муҳаммадбоқир асли ихтилоф бо вай аз ҳаминҷо маншаъ мегирад. Вай гуфт, ки Алишер Мирзонабот,раиси феъли ВМКБ,намояндаи Эмомалӣ Раҳмонов як мутаҷовиз аст ва як сарбози ин қисми ҳарбиро таҷовуз кардааст, мутаҷовизе, ки бояд барои содир кардани ин ҷинояти сангин дар кунҷи зиндон бошад. Тибқи маълумотҳои расида ба “Ислоҳ” пас аз ин амали нангин ин сарбоз худкушӣ мекунад. Аммо Алишер Мирзонабот бо дастгирии СС.Ятимов ба болотар роҳхат мегирад.

“Ин чунин дар мавриди дар дидбонгоҳи Москвоский кор кардани Алишер Мирзонабот бо наркомафияҳои минтақа сару кори зич дошта аст. Ҳама сармоя ва рутбаҳои ҳарбиро аз ин пул харида ва болотар рафта будааст. Пас аз ин, ки каме худашро мегирад гурӯҳи қочоқбарон ва наркобаронҳои минтақаро кидат мекуанд. Онҳо  мебинанд зурашон намерасад писари Алишер Мирзонаботро гаравгон мегиранд ва пас аз додани ҳаққи он гурӯҳ писарашро озод мекунад. Пас аз он боз дақиқан бо он гурӯҳи муташаккили ҷиноии ҳамкориро идома медиҳад ва дар ваъдаҳояш дуруст амал мекунад. Номҳои ин афрод пеши мо ҳаст вале ҳоло онҳоро ифшо намекунем.”

Айни замон Хоруғ-маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, қалъаи нангу номус ва сангари муқовимату мубориза ба қурбонӣ ва шаҳид додан, пӯшонидани кафан, ба хондани салоти ҷанозаи боз даҳҳо ва шояд ҳам садҳо нафар аз зану кудаку пиру барнои худ, барои юришу хунрезии навбатии Эмомалӣ Раҳмонов лаҳзашуморӣ мекунад.

Раҳмонову Ятимов дигар аз говзӯрӣ ба хукзӯрӣ гузаштаанд. Таҳаммул, тобоварӣ, истиқомат ва муқовимати сокиту ороми Хоруғ, риояти таодул ва тавозуни онҳо бахусус СС. Ятимовро, ки мебоист «яксараву якбара» мекард, то пойи ҷон ошуфтаву хашмгин кардааст, сабраш сар рафтааст ва ҳоло хона ба хонаи хоруғиҳо гашта онҳоро огоҳонида истодааст, ки ба иҷрои «оператсия»-боздошту безараргардонии Мамадбоқир мониа эҷод накунанд, дар сурати ғайр онҳоро ҳам мекушанд ва агар зинда монданд ба зиндон кашонида мешаванд.

“Бубинед, ин генерали аз худобаргаштаро, ки хун пеши чашмони муғулиашро ба ҳадде гирифтааст, ки барояш тафовут надорад сад, дусад, ҳазор ва ё дусадҳазор помирӣ ба ҳимояти Муҳаммадбоқир бармехезад. Вай барои маҳви Муҳаммадбоқир омодааст, ки тамоми сокинони ин вилоятро аз дами тир бигзаронад.”

Нашри навори «шербачаҳои Кулоб», «аскарҳои Ҷаноби олӣ»,ки «Тоҷикистонро орому тенҷ» кардаанд, низ ба ҳамин ҳадаф аст ва ин ошкоро ба даъвати як ҷанги дигари дохилӣ, ҷанги бародаркушӣ ва ҷанги шаҳрвандии дигар аст. Дуруст аст, ки нашри ин навор ҳам як «психатака»-и дигар, як таҳлука ва ҳаросафканӣ аст. Аммо баёнгари он аст, ки ҳавсала ва сабру қарори Эмомалӣ Раҳмонов тамом шуда истодааст. Вақтро бохта истодааст.

“Бояд амалиёти нобудсозӣ, куштани Муҳаммадбоқир ба анҷом бирасад, то вай битавонад ба ҳадафи палиди худ, ҷойнишин кардани Рустам ба роҳатӣ бирасад.  Ягон зарра дар андешаи мурувват, мудоро ва созиш нест. Хоруғро ба хун оғушта карданӣ аст ва барои иҷрои ин амр аз ҳеҷ кори зишту нангине, аз ҳеҷ амали шанеъ ва ғайриинсоние рӯ гардонидан намехоҳад. Дид ва фаҳмид, ки сокинони Бадахшон Муҳаммадбоқирро доданӣ нестанд, ҷонашонро ҷавшан ва ҷисмашонро сипар мекунанд, вале ҳамоно фишору таҳдидро бештар карда истодааст.”

Мегӯӣ, ки вай роҳбари давлат нест, мегӯӣ, ки вай кафили риояти Қонуни асосӣ, нест, мегӯӣ, ки вай ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонаш, нест, барои вай ҳаёти инсонҳо арзиши олӣ маҳсуб намеёбад, мегӯӣ, ки вай як қумандон, як фармондеҳи саҳроӣ, як ҷангсолор асту Хоруғ майдони ҷанг ва помириҳо атбои Тоҷикистон нестанд, душмананд.

Аз ин ҷо аст ки Раҳмонов боз ба қартаи маҳал, дурусттараш ба қартаи кулобиҳо рӯ овардааст. Ҳамон кулобиҳое, ки дар соли 1992 Раҳмоновро ба сари қудрат оварданд, аммо имрӯз ё кушта шуданд ва ё дар зиндонанд ва ё гуреза.

Раҳмонов бо Сангак Сафаров чи кор кард?

 Раҳмонов бо Ёқуб Салимов чи кор кард?

 Раҳмонов бо Ғаффор седой чи кор кард?

 Раҳмонов бо Султон Қувватов чи кор кард?

 Раҳмонов бо мусафеди Салмон Лангирию бо бачааш чи кор кард?

  Раҳмонов бо Маҳмадназар Солеҳов чи кор кард?

Метавонем листи номҳои  ҳазорҳо шермардони Кулобиро инҷо зикр намоем вале барои ҳар Кулобӣ мисли оина маълум аст ва ниёз ба зикри он ҳама қурбониёни амбицияҳои нопоки Раҳмонови ҷинояткор нест.

Инҷо матни навори «шербачаҳои кулобӣ»-ро,ки ҳоло дар Фейсбук дар чархиш аст айнан меоварам:

«Ҳамин як, як суханайда. Мардуми Бадахшонда як ай номи шербачаҳои Кулоб гуфтаниюмда. Ҳамин мисол чорта буздили ҳамин як чорта ҷинояткор, ҳамин одаме, ки ҳамин рӯз як ҷомеаи тинҷу ороми мора имрӯз ба ин дараҷа оварда расонда бояд мардуми Бадахшон бояд пушти увора нагиран. Дар волоияти қонун бошанд, бояд, ки и одамо назди қонунда ҷавоб бутан. Неки як гапай, ин мардум бояд фромӯш накунан. Мисол, мо халқи Кулоб ҳиҷчи надоштем, мо Тоҷикистона ором кардем. Мо, мисол гап мезанем, мо тарсонданӣ нестем. Барои волоияти қонун, барое ки бояд ҳамин қонун тинҷӣ бошад, оромӣ бошад. Аскарои пиёдагарди Ҷаноби олӣ дар Кулоб шаҳр, дар Тоҷикистон, дар шаҳри Кулоб моем, ина роҳбарии устод Рустам Набиев қатӣ. Мо ҳамавақт таёрем, ки кадом вақте ки давлату ҳукумат мора даъват мекуна, мо таёрем».

«Шербачаҳои Кулоб» муроҷиати ман ба шумост. Бигзор, шумо ба ҷанги помириҳо меравед. Аммо пеши худ як бор суол мекунед, ки онҳо чи кори баде кардаанд? Агар Муҳаммадбоқир ҷинояткор буд, ба дифоъи вай тамоми мардуми Бадахшон барои чӣ хобу хурро фаромӯш кардаасту шабзиндадорӣ мекунад? Шумо, ба ҷанги мардуми Помир меравед? Барои чӣ? Барои онки помириҳоро бикушеду дар итоати Эмомалӣ Раҳмонов дароваред?

“Чаро Рустами Эмомалӣ, Шоҳрух Сайид, Исмоили набераи Ҷаноби олӣ, Сомонҷону Шамсуллову Рамзу Ашрафи писарашу домодҳояш намераванд? Чаро шумо намегӯед, ки мо меравем, аммо дар сафи пеш бояд ҳаминҳо бошанд, сарфармондеҳ бояд Рустами Эмомалӣ бошад! Чаро инро намегӯед?”

Рустаму Озодаву Таҳминаву Рухшонаву Заринаву Ҷамолиддину Зоиру Шамсуллову Ашрафу Рамзу Ҳасану….номи ҳамаи онҳоро овардан душвор аст, дар айшу ишрат машғул бошанд, миллиард-миллиарди халқу ватанро тасоҳуб карда бошанд ,аммо шумо Помир ҷанг меравед? Шумо падару модар надоред, зану кудак надоред?

“Инҳо, ки барои ҳафт не, ҳафтод пушташон ҷамъ карданду захира намуданд, шумо, ки рӯзе ба рӯзе гаштаед, рӯған ёбед биринҷ намеёбед, макарон ёбед, намак намеёбед, чой мехаред, шакар харида наметавонед, чи зӯратон омадааст, ки мехезеду ҷанг меравед ва «таёред». Як бор суиистифода шудед, бас нест? Бачаи Сангак Сафаров ва бачаи Салмон Лангариро ҳабси абад дод Эммалӣ Раҳмонов ва зани Сангакро намегузорад, ки биравад дар маҳбас бачаашро бинад.”

Раҳмонов Данғараро вилоят мекунад, Раҳмонов вилояти Кулобро аз харита маҳв кард, балки Кулобро дар ихтиёру итоати Данғара карданист.

Шумо меҷангеду «оромиву тенҷӣ» мекунед, барои кӣ? Барои онки як каме баъд шуморо ҳам ғаффорвор, ёқубвор зиндон кунад? Мисли бобои Сангак кушад, мисли Бобои Салмон хонаатонро бо тратил тарконад.

Пеш аз онки чунин иддиоҳои баландпарвозона мекунед ва дар банди макру ҳиллаи СС.Ятимов меафтед, як бор андеша намекунед, ки бадахшонӣ ҳам ҳақу ҳуқуқ дорад, соҳиби ин сарзамин ва ин ватанаст, ҳақ дорад, ки ҳадди ақал дар зодгоҳи худаш ба сар барад.

Инро ҳам фикр кардед, ки дар Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ чанд бадахшонӣ кор мекунад? Дар дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ, ки раиси он Рустами Эмомалӣ аст чанд бадахшонӣ кор мекунад? Инро ҳам фикр кардед, ки ҳамон Абирзодаи прокурор аз куҷо аст? Аз Восеъ мебошад. Ва, на танҳо вай, балки тамоми кормандони КДАМ, Прокуратура, ВКД, коррупсия ва суд дар Бадахшон аз куҷои Тоҷикистонанд? Магар худи помириҳо мутахассис надоранд?

“Раҳмонов барои ҳифзу бақои курсиву мансабу пулҳои дуздидааш ҳамаи мову шуморо ба ҷони ҳам меандозад. Шумо гӯлу макри ин хоини давлату миллатро нахуред, фирефта нашавед!”

Помириҳо барои мудофиа ва муҳофизати худ ва ватани худ баромадаанд.

«Шербачаҳои кулобӣ» Шумо бояд бираведу помириҳоро дар хонаву дари худашон, дар деҳаву диёри худашон бикушед? Барои чӣ? Аз ин чи фоида мегиред? Ҳамон соли 1992,ки силоҳҳои додаи Ислом Каримовро гирифтеду бадахшиву ғармиро, бародарони худатонро, ҳатто ҳамин кулобиҳои худатонро куштед, чи фоида кардед? Ҳамаи ин аъмол фардо дар пеши Парвардигор ҷавоб дорад!

Ҳеҷ мебинед, ки кӣ фоида кардааст? Ҳеҷ мебинед, ки Раҳмонови имрӯза Раҳмонови соли 1992 аст?

Раҳмонов дар фикри шумо нест, Раҳмонов шуморо истифода карданӣ аст. Тамом.

Ҳоло на танҳо сокинони Хоруғу мардуми Бадахшон, тамоми аҳолии Тоҷикистон дар ташвишу изтироб, таҳти фишори равониву ҷисмонӣ қарор доранд. Мардум роҳи ҳалли мусолиматомез, осоишта, бидуни хусумату хушунати фоҷеаи Хоруғро мунтазиранд ва аз Худо талаб доранд, ки Раҳмонов ва СС.Ятимову Р.Раҳимзода сари ақл оянд. Ҳамон падару модарони сарбозону афсарони эъзомшуда, зану фарзандони «Алфа»-ву ОМОНу дигару дигараш ҳам дар ҳолати изтиробу ҳаяҷон ва ташвишу нигаронӣ қарор доранд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо намехоҳад, ки фарзандаш, писараш, шавҳараш айни замон дар Бадахшон бошад, чун аз онҷо ҳамарӯза бӯи ҷангу хун меояд.

«Шербачаҳои кулобӣ» беҳтар ин аст ва шояд ҳам ин корро анҷом хоҳед дод, ки аз Раҳмонов ва Ятимов талаб кунед, ки роҳи мусолиҳа ва муфоҳимаро пеш гирад ва бо Муҳаммадбоқир ва тамоми сокинони Бадахшон оштӣ бишавад, аз баҳри ҷангу хунрезӣ бигзарад. Вагарна на худаш Президент боқӣ хоҳад монд ва на Рустам ба ҷояш меояд.

Шумо барои Раҳмонов бифаҳмонед, ки помириҳо инсонҳои бофаҳм ва босаводанд. Бо говигариву хӯкзӯрӣ намешавад болои онҳо тасаллут кард ва онҳоро тарсонд. Бо онҳо бояд мудоро ва муросо кард…  

Share This Article