Раҳмонов “Пешвои миллат” чаро розӣ нашуд ҳамсараш “Модари миллат” эълон шавад?

Ин дарди диламро ба “Ислоҳ” менависам ва умеди онро дорам, ки чӣ гӯнае онро навиштаам нашр намоед. Дигар аз сонсури ВАО дохилӣ хаста шудаем ва мехоҳам ончи ҳаст бинависам ва шумо онро нашр намоед.

Ман наметавонам муллоҳоро санги маломат занам, чунки ҳар касе, ки бевосита бо намояндагони ин ҳукумат ҳамкорӣ накардааст ва даст ба гиребон нашудааст аз разолат ва палидиҳои онҳо хабар надорад. Ин тоифа ба қаҳрамонҳои масали “Маймун дар ҳаммом”– и Лоҳутӣ монанд ҳастанд.

Аз ҳаёти шахсии худ мисоле оварданиям. Соли 2005 маро даъват ва пешниҳод карданд, вазифаи сармуҳосибии як идораи бонуфузи ҷумҳуриро ба уҳда  гирам. Ман гуфтам, ки мехоҳам бо корфармои асосӣ ҳамсҳҳбат шавам ва шарту шароитро дар миён гузорам. Як ҳафта пас дар хонаи як дӯсти қадрдони мо,дар як деҳаи хушбоду ҳаво маро ба гуфтушунид даъват намуданд

Ба ҳамаи Шумо маълум, ки дар мардуми мо меҳмонҳоро муаррифи кардан одат нест. Баъди таъом шуруъ кардем ба гуфтушунид. Ба ман пешниҳод карданд, мо Шуморо ба фалон вазифа таъин менамоем, мошина ва хонаи хизматӣ медиҳем, маъош 1000 доллари амрикоӣ, дар як ҳафта фақат рӯзи якшанбе истироҳат. Аз ман талабот ҳамин, ки ҳуҷҷатгузорӣ бояд ба таври қонунӣ сурат гирад, вале ҳар чи мо гуфтем бояд иҷро шавад.

Ман гуфтам, ки ин хел шуданаш ғайриимкон аст. Мегуфтагиҳои Шумо дар чорчӯбаи қонун намеғунҷад, коғаз ҳама гуна дурӯғро тоқат менамояд, вале тафтишоти молиявӣ сирро фош мекунад, онгоҳ, кӣ ҷавоб мегӯяд?Суханҳои Шуморо ман ба ҳайси далел дар ҳисобот дӯхта наметавонам. Гуфтанд: Ин мушкилии Шумост, роҳашро ёфта ҳал менамоед.

Пас, ман барояшон масали  “Маймун дар ҳаммом”– ро нақл кардам. Вақте ман ин масалро нақл кардам ва бо меҳмонҳо бо садои балантар ҳақталошӣ кардам, соҳибхона вазъиятро дид, ки ранги дигар гирифт, гуфт, ки маъзарат мехоҳам, ман Шуморо шинос накардам, Меҳмони муҳтарами мо хусурбачаи президент, Муҳибулло Саъдуллоев ҳастанд. Ман гуфтам, домулло ман шахсияти касеро кор надорам, агар худи президент мебуд ман гапамро мегуфтам ва чун бачаи маймун барои чор танга маоши медодаашон ҷони худро ба гарав монданӣ нестам. Ин тоифа вақте барояшон лозим ҳастӣ болои дасташон мебардоранд, вақте корашон буд шуд, ё аз хати кашидаашон баромадӣ ҳамон замон тамоми ғазабашонро ба сарат мерезанд. Ва бо ҳамин ман маъракаро тарк кардам. Домулло маро гусел карда ҳушдор дод, битарс аз касе,,ки натарсад аз Худо.

Барои касоне, ки масали “Маймун дар ҳаммом” ро намедонанд мағзи қиссаро мегуям;

    “Маймун бо бачааш ба ҳаммом медароянд. Дари ҳаммомро аз берун мебанданд, Азбаски фарши сангини ҳаммом бисёр гарм буд, маймун бачаашро ба рӯи дастонаш мебардорад, вале вақте пойҳояш месӯзад ва дигар тоқаташ намемонад, бачаашро рӯи фарш гузошта болояш мебарояд.”

Аз таҷрибаи шахсии худ гуфтаниям, ҳар касе, ки як бор ба доми ин разилон гирифтор шуд, дигар илоҷ надорад, то нафаси охирин бояд дар хизматашон бошад. Алҳамдулиллоҳ ман сари вақт инро дарк карда будам ва ба домашон гирифтор нашудам.

“Онҳое, ки падари миллат, пешвои миллат  будани Эмомалиро қабул доред! Яқин донед, ки бо худро падари миллат эълон кардан – модарони Шуморо дашном дода буд, чунки ин махлуқи зараррсон бори дигар аз минбари баланд гуфт, ки ман модари шуморо фалон кардагӣ. Барои тавқияти даъвоям ба Шумо далел меорам. “

Агар ёд дошта бошед, як нафар аъзои фаъоли фермаи ҷавоб буд бо номи Абдуллоҳи Муҳаққиқ, лесакиро аз ҳад гузаронда, пешниҳод кард, ки Азизамоҳ- модари миллат эълон карда шавад. Баъди ин мақолааш аз ҳама ҷой номаш гум шуд. Соли гузашта мурд, касе номашро аз минбаре ба ёд наовард. Азбаски мафкураи Эмомалӣ фосид аст, барояш Азизамоҳро модари миллат унвон додан, маънии ба ҳама мардони миллат пешкаш кардани Азизамоҳро дорад. Аллоҳ аз ин гумроҳиҳо паноҳ диҳад.

Давоми 29 соли ҳукуматаш Эмомалии ҳайвон ҳамин амалро нисбати ҳама лагандбардоронаш такрор менамояд, вале боз ҳам ба дигарон дарси ибрат намешавад.

Душманони худро шиносед, ҳамсӯҳбаташон нашавед, пора надиҳед, ҳамсояҳои худро барои ғаразҳои кучаки худ нафурушед.

 “Миллати азизам! Шумо бубинед, аксарияти мансабдорони ин ҳукумат вақте вазифаашон иҷро мешавад ба таври номаълум мемиранд, ё ба иттиҳоме ба кунҷи зиндон мераванд. Кам касоне ҳастанд, ки ба нафақа мераванд. Онҳое, ки ба нафақа мераванд, ҳамон замон фаромуш мешавад. Акнун худ қазоват намоед, минбари Расули Акрам(с.а.в.) ҷоест, ки дар он аз “кунлесиҳои”чунин бадбахте чун Борода.ТҶ  сухан ронда шавад. “

Аммо ман Шуморо аз дигар чиз ҳушдор доданиям!!! Аз сафарҳои каждуми таги бурё – Ятимов ба Афғонистон маънии тарҳрезии ягон амалиёти хоинонаи гушношуниде дар ҳаққи миллатро мунтазир бошед. Фирефтаи он нашавед, ки Афғонистон Ҷумҳурии Исломӣ ном дорад. Дар Афғонистон дар курсиҳои мансаб душманони миллати Ислом кам нестанд.

Аз мардуми кишвар даъват намоед, ки ҳарҷо ба  фасод, фаҳшо, амалҳои ғайриқонунии ходимони давлати рӯ ба рӯ мешаванд, бо далелу санадҳояшон, ба идораҳои назорати иҷроияи қонун  муроҷиат намоянд, муттаҳид шуда дар зидди зулм пофишорӣ намоянд. Ҳамакаса марду зан ба по хеста масҷидҳоро дифоъ намоянд, ҳуқуқи ҳамсояҳояшонро дифоъ намоянд, Дигар қатъиян ба ягон сабабе, на барои омадани Эмомалии фиръавнманиш, таъмири роҳ,  мактабу, бунгоҳи тиббӣ пул напардозанд.  Вақти он расидааст, имони мардумро бедор кард!

Дар омад -омади баҳор ҳама мавҷудот бедор мешаванд.Умедворам, ин баҳор имони мусалмонони Тоҷикистонро садои Шумо бедор менамояд ва миллати азизи мо аз ин палидҳо наҷот меёбанд. Мардум, ки бедор шаванд ва садо баланд намоянд, Эмомалиро аҳли оилаи худаш сарнагун мекунад, чунки вай дар дасти онҳо гаравгон аст.  Гаравгони нафси палидашон, беимониашон.

Ба Шумо як ҳодисаероо мехоҳам нақл намоям, ки сарчашмааш 100% боэътимод аст. Соли 2008 Эмомалӣ назди Эшони Абдухалилҷони қумсангирӣ  рафта шикоят менамояд, ки ҳоли баде дорам, касе гӯшам намекунад, роҳи наҷотро ба ман нишон деҳ. Эшон мегӯяд,ки агар воқеъан беҳбудӣ мехоҳи ва мехоҳӣ, ки ман росташро ба ту гуям кисаҳои духтарону домодҳо ва хусурбачаҳоятро бидӯз, мардум ба дод омадааст аз нафси бади оилаат. Баъди ин ҳодиса, Эмомали қаҳр карда меравад ва мефармояд, ки масҷиди сохтаи Эшонро дар Ҳисор иҷозаи кушодан надиҳанд.  Ва баъд рӯ овард ба сӯи домуллои тоҷикободӣ ва ӯ ҳам оғози моҳи мубораки рамазон реҳлат намуданд.

Total
13
Shares
Related Posts