Раиси КДАМи феълии Ғарм Заробов Раҳмоналӣ ҳамсари қумондони толибонро таҷовуз кардааст

Ислоҳ нет

Чанд рӯз пеш  чанд нафарро аз Ғарм  бурданду маҳкам карданд. Бидуни кадом гуноҳ, танҳо ба хотири «резултат».Вақте  сахт қапиданд, ки ку резултат, дигар  инсонҳои бегуноҳро шинониданд.

Яке аз онҳоеро,ки 04.08.2021 маҳкам карданд Самадов Сайфуллоҳ гуноҳаш ин буд,ки ба ҷойи имом дар масҷид пеш даромада ва намоз мехонад.Гап дар ин аст  ки имомхатиб касал шудааст ва нафари ӯро ивазкарда танҳо барои онки пешдаро шудааст, маҳкам шуд.Маҷбур мекунад,ки ҳамон нафари ба ҷойи имомхатиб пешдаромадаро биёваранд, то «резултат» шавад. Аслан бигирем инҷо кадом қонуншиканӣ на аз ҳисоби қонунҳои давлат ва на аз шариат сурат нагирифтааст, чун вақте имомхатиб нест,табъан,ки ҷонишини вай ё ягон нафаре дигар намози ҷамоатро имоматӣ мекунад ва намозро дар масҷид намозгузорон адо мекунанд.Хулоса,он бечораро бурданду маҳкам карданд. Аз оғози шурӯъи кори раиси КДАМи ҷадид 12 нафарро бегуноҳ аз Ғарм зиндонӣ кардаанд.

Заробов Раҳмоналӣ Сайиданварович, сардори КДАМ-и Рашт,нафаре,ки ба ҷойи Нуралӣ Муродов (Нуралии сиёҳ) омад, кист?

Зодаи Фархор. Мутаваллиди 1978. Яке аз одамони наздики СС Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон аст. Лақаби ӯ дар доираҳои муайяни амният «Скарпион» аст. Вай тақрибан се моҳ пештар ба ин мақом омад.Ташкили консерт дар яке аз масҷидҳо, ки расонаҳо дар бораи он навиштанду наворашро ҳам гузоштанд, дақиқан кори дасти ҳамин нафар аст. Масҷиду муллову исломро бисёр ҳам бад мебинад, нафрати беандоза зиёд дорад. Агар бигӯем,ки Нуралии сиёҳ назар ба ин ҷавонмард ва мусулмонтар буд, бовар кунед. Бисёр ҳам «коварний» аст. Хуни инсонӣ дар шарёнаш як қатра ҳам нест. Ваҳшӣ ва дарандаи бадзабон аст.

Заробов Раҳмоналӣ дар Раёсати оперативиии ҷумҳурӣ чанд сол кор кардааст. Ӯро беҳуда «скарпион» лақаб надодаанд. Мисли ақраб аз зери қум поятро неш мезанад, заҳролуд мекунад вале худашро нишон намедиҳад. Ҳеҷ вақт худашро ошкор намекунад ва ончунон «ход» мекунад, ки бояд ӯро касе набинад.

Вай ба Ғарм бо ин ваъда, ки Ғармро ба интригаҳои аҷибу ғарибе мерасонад, омадааст. Пеш аз омадан ба ин мақом ӯ роҳбари инспексияи КДАМ буд. Инспексияи амният ин як ниҳоде аст ки тамоми сохтору ҷузъу томи амниятро назорат мекунад ва ахборро ба боло мерасонад. Ду ё се сол дар ҳамин вазифа кор кард. Пеш аз ин  муовини сардори Раёсати разведкаи КДАМ буд. Ҷанги Фаттоҳ Сайиду Шоҳрухи писараш ва Рустами Эмомалиро бо амният ва ҳамин тавр торумор кардани Оҷонсии фасод дар соли 2016-17 (боздошти 17 нафар ба шумули ҷонишини Оҷонсӣ Хайров)-ро  ҳамин ташкил карда буда аст. Сардори Раёсате, ки дар онҷо кор мекард, ӯро «подставит» кард, бо ин ҳадаф, ки ҷойи ӯро бигирад. Роҳбари ин Раёсат Исматуллоев ном дошт. Ӯро Оҷонсии коррупсия дастгир карда буд. (Он вақт Оҷонсии мубориза бо коррупсия  ду нафар сардори  Управленияи КДАМ-ро барои виза ба афғон  дастгир карда буд).

Тамоми корҳои ҳаромро, аз паша фил сохтан, хабарро ба манфиати худаш тоб додан, сенария сохтанро, хулоса ончунон маҳорати иғвову дасисаву фитна эҷод карданро дорад, ки кам касон чунин малака ва маҳоратро доранд.

Исматуллоев одами бообрӯ буд, одами бад набуд, як умр дар амният кор карда ва то гирифтани рутбаи генералӣ барояш як моҳи дигар монда буд, ҳамон одамро «подстава» кард. Ятимов ҳам баъдан дарак ёфт, ки ин кори ҳамин будааст вале дигар сирро фош накард. Вале гирифту ба Идораи инспексия гузаронд. Ин одам на як бору ду бор вазъияти амниятро муташанниҷ кардагӣ аст. Вай бо дигарон камтар мешинад, парҳез мекунад аз нишастҳову маҳфилҳо. Вале боз «узкий круг»-и худро дорад. Ва дар ҳамин «круг»-ашон гуфтааст, ки ман « ягона оператсияро иҷро кардам,ки бояд переворот власт мешуд».Манзураш ҷанги амният бо Оаҷнсии мубориза бо коррупсияи замони Фаттоҳ Сайид буд.

Қазияи таҷовузи ҳамсари қумондони Толибон мавлави Вадудхон

Заробов Раҳмоналӣ  чанд муддат (камтар аз як сол) ба ҳайси ҷонишини аввали сардори КДАМ-и вилояти Хатлон ҳам кор кардааст. Вай ҳамзамон куратори сарҳадоти вилояти Хатлон буд, чун Неруҳои марзбонӣ ҷузъе аз КДАМ мебошанд. Барои ӯ ваколатдорони фаврии амният ҳамвора аз вазъи сарҳадот гузориш медоданд. Яке аз ваколатдорон як бор хабар медиҳад, ки ду нафар афғон марзро гузашта истодаанд аз тариқи Панҷи поён вале  дар шиносномаашон мушкил доранд. Дастур медиҳад, ки онҳоро Раёсат оваранд. Он ду афғон, ки ҳарду зан будаанд, тавассути кормандони амният Қурғонтеппа оварда мешаванд ба назди Заробов Раҳмоналӣ. Аз ин ду зан   яке 45-50 сола вале дуввуми ҷавон ва ҳамроҳаш  як кудаки 6-сола. Ин ду нафар бо қасди табобат  ба Душанбе омадаанд. Заробов ба зердастонаш супориш  медиҳад,ки зани калонсолро баранду ҳамроҳаш суҳбат -саволу ҷавоб кунанд. Вале хонуми ҷавони афғонро,ки муҳаҷҷаба буда ва хеле ҳам зебо будааст ба назди худаш медарорад. Айбе, ки ёфтаанд дар шиносномаи ин хонум ин буда,ки ранги муҳр хира ва нимравшан будааст. Ин камбуд аст вале ҷиддӣ нест,ки барои он ду хонумро аз Панҷи поён бигириву ба Управленияи КГБ оварӣ. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо барои муолиҷа Душанбе омадаанд. Хуллас  ин хонуми ҷавони афғонро як соат, ду соат, се соат….шаш соат манъ мекунад дар утоқи кориаш. Дар ин миён зани дигари афғонро ҷавоб медиҳанд ва ӯ ҳамроҳ бо духтари шашсолаи ин хонуми ҷавон дар назди бинои амнияти шаҳри Қурғонтеппа дар беруни раёсат шаш соат мунтазир мешинад. Заробов Раҳмоналӣ бо таҳдиду иръобу шантажу тарсдодан, ки ҳабсат мекунам ба номуси ин хонуми ҷавони афғон дастдарозӣ мекунад. Таҷовуз мекунад як нафареро,ки ба хотири табобат аз як давлати ҷангзада гӯиё ба як давлати обод омада буд. Як масъули давлат як нафар муштипарро таҳқиру таҷовуз мекунад. Боз таҳдид карда мегӯяд,ки «агар ба ягон ҷо шикоят кардӣ туро ҳабс мекунам ва дигар ватанатро намебинӣ»!

Ин хонуми афғон Суҳайло бинти Гулалам ном дораду нафаре, ки ҳамроҳаш буд Наҷибахон. Наҷибахон хоҳари шавҳари Суҳайло аст. Ин кор тахминан соли 2016 рух дода буд.

Хонуми ҷавон аз утоқи кори Заробов Раҳмоналӣ берун мешавад, ки рангу рӯяш кандагӣ ва як ҳолати бад дорад. Ӯро як ҳолати бад фаро гирифта буд.

Шавҳари Суҳайло дар он сол қумандони як гурӯҳе аз Толибон будааст. Вай қумандони қитъаоти Вулусволии Аргуи вилояти Бадахшон ва номаш ҳам Мавлавӣ Вадудхон  будааст. Ҳоло ин қумандон барои сари Заробов Раҳмоналӣ ҷоиза таъин кардааст. Мавлавӣ Вадудхон дар Ҷузҷон таваллуд шудааст.Айни замон Мавлавӣ Вадудхон  қумандони бахши нерӯҳои Толибон буда яке аз нафарони таъсиргузори Толибон дониста мешавад. Вай бо чи роҳе алоқа барқарор карда ва шахсияти Заробов Раҳмоналиро барои худ маълум намудааст. Инҷо моҷаро хело пур фарозу нишеб аст ва дар фурсати муносиб он ҳамаро тақдими хонандагон хоҳем кард. (акси шиносномаҳои хонум Суҳайло ва Наҷибахон дар Ислоҳ маҳфӯз аст)

Гап дар инҷо аст ки ин занҳо баъди 20 руз ё як моҳ бармегарданду мераванд ва Наҷибахон хоҳари Мавлавӣ Вадудхон қазияро нақл мекунад. Ҳамон ҳодисаи 6 соат дар утоқи Заробов Раҳмоналӣ  руст мондани Суҳайлоро ҳам мегӯяд, чунки қумандон чизеро пай мебарад ва маҷбур мекунад, ки тамоми моҷарои рафту баргаштро барояш мӯбамӯ нақл кунанд. Наҷибахон ҳам  намедонистааст, ки дар утоқи Заробов бо янгааш чи гузашт вале инки 6 соат ӯро нигоҳ доштани Заробовро  ба бародараш мегуяд. Мавлавӣ Вадудхон, ки дигар сармояву алоқаҳои зиёд дорад тафаҳҳус мекунад ва аз моҷаро ва аз киву чи кора будани Заробов маълумотро мушаххас ба даст меорад ва ҳоло барои сари ӯ инъом муқаррар кардааст.

Инро ҳам бояд гуфт, ки Заробов Раҳмоналӣ се сол зиёдтар атташеи низомӣ, намояндаи амният дар сафорати Тоҷикистон дар Хитой буд. Ҳатто дар интихоботи порлумонии соли 2015 номашро дар ахборҳои он солҳо метавонед пайдо кунед (Рахмонали Заробов, член участковой комиссии в Пекин,) Вақте ӯ дар сафорати Тоҷикистон дар Хитой кор мекард, роҳбарии Раёсати онҳоро генерал Саидов Саидасрор бар ӯҳда дошт. Саидов Саидасрор солҳои дароз дар Эрон кор кардааст. Ҳамсояи наздиктарини Ятимов аст. Хонаи ӯ дар Фархор аз хонаи Саймумин Ятимов 100 метр фосила дораду аз хонаи Заробов Раҳмоналӣ 500 метр. Инҳо ҳарсеяшон аз Фархоранд. Саидов Саидасрор таваллудаш 1967 аст ё 1968. Вақте Ятимов мегӯяд, ки  ягон одам  ёбед,ки мо Хитой  фиристем, ҳамин Саидов  Саидасрор Заробовро пешниҳод мекунад. Мегӯяд,ки бачаи худӣ, бачаи қишлоқ аст. Оянда кор кунад. Он вақт ҳоло ин Заробови скарпион вазифаи баландро дидагӣ набуд, сардори амнияти ноҳияи Хуросон  кор кардагӣ буд тамом. Он вақт СС. Ятимов  Саидов Саидасрорро ҳурмат мекард ва ҳамин тавр гапи ӯро ба замин намонд.

Дар давоми як солу ду моҳи кор дар Хитой ҳамчунон нақша мекашад барномарезӣ мекунад ва ӯро ба янга сиёҳ карда нишон медиҳад. Янга мегӯяд, ки Саидов ин хел одам нест. Вале Заробов Раҳмоналӣ  баракс мегуяд. Янга -зани СС Ятимов аст. Барои чӣ Заробов Саидовро сиёҳ кард? Ба хотири онки Саидов Саидасрор , сардори контрразведка аст ва сардори бевоситаи Заробов мебошад. Ҳамаи  кормандони амният, ки дар сафоратҳо масъулият дорандро низ ҳамин Раёсат назорат мекунад ва Заробов намехост, ки аз даромадҳояш ба Саидов Саидасрор бидиҳад. Яъне аз «бозӣ» барораду «доля» надиҳад. Хитой ҷойи пулҷамъкунӣ барои сафорат аст. Аз Хитой тоҷирон бор меоваранд ва онҳо кам нестанд. Ва барои визаву документатсияи онҳо Заробов пули зиёд мегирифт. Хуллас дар тӯли се соли кораш бар муқобили Саидов Саидасрор фақат «компромат» ҷамъ мекунад. Ҳатто беваҳои бадгаштро пул дода онҳоро бо генерал навор мегирад дар Варзобу дар дигарҷоҳо. Ба дараҷае сияҳ месозад, ки СС. Ятимов генералии Саидов Саидасрорро бекор, аз вазифа барканор ва аз мақомот  тамоман хориҷ мекунад. Як корманди ҳирфаии амният,ки 30 сол кор карда ба генералӣ расида буд, аз дасти Заробов Раҳмоналӣ аз система дур партофта шуд. Танҳо як хона дода буданд барояш  халос. Ҳоло ин  нафар дар вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар як шуъбаи назарногир  кор мекунад. Занаш садҳо бор гириста-гириста назди СС. Ятимов омад,то шавҳарашро дубора дар КДАМ барқарор кунад ба хотири хизмати си солааш, аммо дигар СС.Ятимов қабул накард.

    Дар Маскав миёни Путин ва СС.Ятимов чӣ гузашт?

Ноябри  соли 2018 дар Маскав нишасти сарони КДАМ-и ПААД(ОДКБ) доир шуд, ки дар кори он СС. Ятимов иштирок кард. Заробов Раҳмоналӣ- скарпион , сардори Раёсати инспексияи КДАМ нав корро сар карда буд

Дар ин ҷаласа Путин ширкат ва суханронӣ мекунад.Ҷаласа ду рӯз идома меёбад ва баъди хатм СС.Ятимов бармегардад ба Ватан.

СС.Ятимов баъди омадан ба Эмомалӣ Раҳмонов тафсилоти онро гузориш медиҳад. Аз ҷумла муҳтавои суҳбати  якбаяки худ бо Владимир  Путинро ҳам мегӯяд. Путин бо ҳама руасои КДАМ-и ОДКБ дар алоҳидагӣ мулоқот карда буд ва дар ин миён бо Ятимов ҳам суҳбат мекунад. Аммо суҳбати Ятимов бо Путин назар ба вақти муайяншуда  чанд соат бештар тул мекашад.

Дар ҳаминҷо бояд зикр намоем, ки  Сардори Управленияи  инспексияи КДАМ  як вазифае ҳаст, ки тамоми ахбору маълумотро мустақим ба раиси Кумита мерасонад. Дигар ягон нафар чунин ваколатро надорад. Ҳатто ҷонишини якум наметавонад сардори инспексияро бигӯяд,ки он коғазҳоро пеши ман дарор. Инспексия фақат роҳбари аввалро итоат мекунад..

Аммо Заробов Раҳмоналӣ  ҳар чизеро, ки аз даҳони раис  мешунавад,( раис ҳам яке илоҳомаш омадаасту завқаш ҷӯшидааст,ки бовар карда баъзе гапҳоро ба инспектораш нақл кардааст,дар асл лақидааст)

1 ҳафта  ё10 рӯз мегузарад,ки   дар куҷое аз даҳони «скарпион» ҳамин гапҳо мебарояд.  Хеле гапҳои нозук ва ҳатто сархӯр. Аз он чизе, ки дар ОДКБ гузашту бояд Ятимов ба Раҳмонов мегуфт Заробов ҳам бохабар шуда буд ва аз ин гапҳо ва дар куҷое мелақад.

Албатта дар сӯҳбати  якбаяке,ки СС. Ятимов ҳамроҳи Путин дошт касе ҳузур надошт вале Ятимов ин гапҳоро ба Заробов мегӯяд. Ҳамон пораи суҳбатро ҳам Заробов ифшо мекунад. Ва баъди он байни аъзои оила ва Ятимов муносибат муносибати сагу пишак мешавад. Сабабаш ҳамин Заробови «скарпион»  шудагӣ аст. Ҳоло маълум нест, ки ин ахборро  амдан ва дониста «утечка» карда ба гӯши аъзои оилаи Калон расонида бошад ва ё инки тибқи тақозои табиташ карда бошад. Вале мегӯянд  ин гапҳоро «скарпион» бо фахр нақл мекард: «мақсад мо то инҷоҳо огоҳ ҳастему таҳлил мекунему наздикем».

Гӯё СС. Ятимов  бо Путин дар бораи ояндаи ҳукумати Тоҷикистон суҳбат карда будааст.

Гап дар инҷо аст ки вақте суҳбати протоколӣ хатм мешавад Путин аз сари лутф ба СС. Ятимов мегӯяд, ки оё ягон хоҳише ва ё коре дорад, ки битавонад барояш анҷом диҳад. СС. Ятимов мегӯяд, ки бале, хоҳишам аз Шумо ин аст ки иҷоза бидиҳед, ки аз кабинетҳои кории Сталин, Берия ,Андропов Хрушев дидан кунам. Путин ин иҷозатро медиҳад ва СС. Ятимов ҳамроҳ бо фсбешникҳо аз он кабинетҳо тамошо мекунад. Аммо вақте СС. Ятимов  тамошои кабинетҳоро хоҳиш мекунад Путин  аз ӯ мепурсад,ки

«ояндаи ҳукумат дар Тоҷикистонро чи гуна диданиед, шумо ҳукуматро ба кӣ доданиед?

СС .Ятимов гӯё ҷавоб дода бошад, ки чизе Калон гӯяд гап-гапи ҳамон аст.

Путин пурсидааст, ки ба фикри ту Калон киро мегӯяд?

СС.Ятимов посух дода бошад,ки намедонам,шояд ҳамон бачаашро мегӯяд.

Путин гуфта бошад, ки худат медонӣ, мутахассис ҳастӣ, мову ту кор карда истодаем ва медонем, ки аз дасташ намеояд.

СС.Ятимов гуфта бошад, ки «намедонам,ин масъала қатӣ гап намезанем»

Путин гуфта бошад, ки «чи хел аст ки худатро дар ҷои Раҳмонов  бубинем?  Худатро монем? Агар ту хоҳиш дошта бошӣ, инҷомаш дар дасти ман аст. Онҷо мо 1500км сарҳад дорем. (мо моденем марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 1400 км аст. Аммо чуноне ба мо расидааст онро бе тағйир нашр дорем) Вай сарҳади мост, сарҳади шумо нест. Инро, ки хуб медонед. Он сарҳад сарҳади мо аст. Агар ту розӣ бошӣ он тарафашро мо ҳал мекунем».

Маълум нест, ки СС. Ятимов ба Путин чӣ  ҷавоб дода бошад. Аммо вақте меояд ҳама тафсилоти суҳбат бо Путинро ба Ҷаноб мерасонад аммо ин қисматашро пинҳон медорад. Вале аз ин гапҳо “скарпион” огоҳ буд  чун Ятимов  сари ваҷду илҳом  ба ӯ гуфта буд. Ин қисмати гап ҳам дастбадасту  даҳонбадаҳон мераваду ба боло ба Калон ва аъзои оилааш мерасад. Агар СС. Ятимов посухи худашро ба Путин дар назди “Скарпион” мегуфт ҳатман огоҳ мегаштем. Аммо ин хаффош нукоти муҳимашро мисле,ки нагуфтааст. Албатта инро Озода ва ё Рустам метавонанд рафта бо услуби худашон аз ӯ фаҳманд. Шоҳрух ҳам огоҳ шуд аз душмани падараш ва касе,ки обурӯй сиёҳи падарашро боз сиёҳтар кард ки будааст.

Скарпион борҳо лоф зада будааст,ки «се моҳ хоб накарда Фаттоҳ Сайидро чаппа кардам».

Ба як гуфте, СС. Ятимов  ҳамин ба наздикиҳо чеҳраи воқеии Заробов Раҳмоналӣ-скарпионро шинохта ва барои ҳамин ӯро ба Ғарм фиристодаст. Фиристодан ба Рашт ин як навъи бадарға аст,тем  более аз вазифаи инспектори КДАМ.

Дар Рашт сардори  милиса обруи бештар дорад, чун сардори минтақаи шаш ноҳия аст. Аммо ин мақоми феълии Заробов Раҳмоналӣ сардори амният, танҳо  роҳбари гурӯҳи кориӣ амният дар минтақаи Рашт асту тамом.

Рашт барои мақомот чуноне гуфтем  як навъ бадарға аст. То ҳамин ҳоло бовар надоранд ва то ҳамин ҳоло эҳсоси ваҳшат ва бим доранд аз ин марудм.

Сохтори инспексия дар КГБро дар вақташ Юрий Андропов сохта  буд. Инспексия 16 сохтору ҷузъу томи КДАМро зери контрол дорад ва тафтиш мекунад. Шуъбаҳо, раёсатҳои вилоятиву минтақаӣ, Раёсатҳои дохилии худи КДАМ, ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадӣ, хулоса ҳамаро контрол мекунад. Заробов ҳамаашро тафтиш мекард, ҳисобот мегирифт, пули калон кор мекард.  Сардорони раёсатҳо меомаданд пул медоданд, ки «ака моро назди раис дастгирӣ кун.  Ӯ мехост сиёҳ мекард ва ё  сафед. Пул мегирифт сафед, намегирифт сиёҳ мекард.

Чӣ гӯна шиносоии Заробов Раҳмоналӣ бо СС.Ятимов ва баъзе маълумоти шахсии дигари ӯ

Заробов Раҳмоналӣ Сайданварович соли таваллудаш 1978 падараш Сайиданвар устои хонасоз буд. Чун аз Фархор ва ҳамсоягони СС.Ятимов аст барои СС.Ятиимов солҳои пеш аз 1995 хона месохт ва он солҳо  Заробов Раҳмоналӣ мактаби миёнаро хатм мекард. Вақте Саймумин Ятимов  Раҳмоналиро мебинад ва мегуяд саводи Раҳмоналӣ чихел аст ? Падараш Сайданвар мегуяд хуб аст саводаш вале ман пул надорам ӯро дар донишгоҳ дохил кунам. СС мегуяд ман чизе мегуям шумо кунед он тарафшро ман худам ташкил мекунам ва дар зери назорати шахсии худам ӯро тарбият мекунам ва чекисти хубаш таёр мекунам. Муҳим ба динишгоҳи миллӣ ҳуқуқшинос дохил мешавад ва онро хатм менамояд. Чекисти хубе ҳам шуда омода ба “хидмат”и СС. Ятимов ва интригаҳои СС. Омода шуд. Раҳмоналӣ Заробов “Скарпиен”и имрӯз кариерааш шурӯъ мешавад. Маълумот аз даврони донишҷӯии Раҳмоналӣ дар Ислоҳ мавҷуд аст,то  ҳамин андоза барои феълан кофӣ аст.

Бародари Раҳмоналӣ Заробов Файзалӣ дар ВКД ш Душанбе кор мекунад.

Ҷияни Раҳмоналӣ Заробов Фирдавс писари апааш дар амнияти Душанбе кор мекунад. Яъне аммаи Фирдавс хоҳари падараш  Озода ҳамсари Ҷамшед Ятимов бародари СС.Ятимов мебошад. Озода духтари Фаизуллои раис мебошад ва Файзулло ба Фирдавс бобояш падари падараш аст.  Ҷамшед Ятимов аз Озода 4 духтару ду писар дорад. Тибқи маълумотҳои расида гаражҳои ин қишлоқ,ки аз даврони иттиҳоди шуравӣ буданд феълан дар дасти ҳамин Файзулло хусури Ҷамшед қарор доранд. Инчунин як қисмати замини идораи ҷамоъат ҳам дар ихтиёри ӯ мебошанд. Хусури додари СС.Ятимов шудан имедж ва қудрат мебошад дар Тоҷикистон имрӯзҳо.

Як хоҳари Зробов Раҳмоналӣ дар Туғул шавҳар карда аст. Номи шавҳари хоҳараш дар гузашта Бахтиёр буд номашро иваз кардааст ба Яҳё ва феълан дар кумитаи дини назди ҳукумат кор мекунад.

Ҳоло акнун ҳамин гуна инсонро ба навоҳии минтақаи Рашт фиристоданд…..Войи ба мардуми ғармӣ…Аз борон гурехтаву зери новадон монданд.

Аммо пеш аз омаданаш ба Рашт сахт норозӣ будааст…Ҳоло акнун ниқору интиқомро аз ин мардум мегирад…

Ps:  Аз мардуми шарифи Ғарм ин тақозоро дорем,ки ҳар ҷинояте аз ин “Скарпиен” мебинед онҳоро нависед. Фаромӯш накунед ин золим ба шумо раҳм ва инсоф надорад. Дидед,ки онҳое ӯро ба мақому вазифа расонидаанд раҳм накардааст. Акнун ба шумо аслан ҳеҷ раҳме нахоҳад кард. Инчунин аксҳои ин ҷонварро ба Ислоҳ фиристед,то чеҳраи касифу манфури ӯро ҳама миллат бубинанду шиносанд.

Share This Article